Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997, № 261 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали фонди оинномавии пардохташаванда ба ташкилотҳои суғурта ҳангоме, ки онҳо Сарои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ лицензия мегиранд"

Санаи амалкуни: 02.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.06.2011 № 283 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали фонди оинномавии пардохташаванда ба ташкилотҳои суғурта ҳангоме, ки онҳо Сарои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ лицензия мегиранд

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.1998с. № 511, аз 04.11.2002с. № 429, аз 02.12.2008с. № 613)  

Мутобиқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар хусуси ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Фонди пардохтшавандаи ташкилотҳои суғурта, ки барои гирифтани литсензияи анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ зарур аст, ба андозаҳои зайл муқаррар карда шавад:

Ташкилотҳои давлатии суғурта на камтар аз 50 , ҳазор каратаи маоши ҳадди ақал, ташкилотҳои ғайридавлатии суғурта на камтар аз 5 ҳазор каратаи маоши ҳадди ақал, ташкилотҳои давлатии такроран суғуртакунанда на камтар аз 60 , ҳазор каратаи маоши ҳадди ақал, ташкилотҳои ғайридавлатии такроран суғуртакунанда на камтар аз 30 , ҳазор каратаи маоши ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.11.2002с. № 429).

Ҳангоми анҷом додани муомилоти суғуртавӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғурта ва такроран суғуртакунанда фонди онномавӣ аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори дахлдор муқаррар карда мешавад.

2. Андозаи пардохт барои додани ҳар як лицензияи (асосии) анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ ва такрорансуғуртакунӣ барои ташкилотҳои суғуртаи давлатӣ ба андозаи 100 маоши ҳадди ақал ва барои лицензияҳои иловагӣ ба андозаи 50 маоши ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоригардида муқаррар карда шавад (Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.1998с. № 511, аз 04.11.2002с. № 429).

Барои додани ҳар як литсензия (асосӣ) барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ ва такроран суғуртакунонӣ дар ҳаҷми 25 - каратаи маоши ҳадди ақал ва барои литсензияи иловагӣ ба андозаи 15 - каратаи маоши ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт муайян карда шавад (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.11.2002с. № 429).

3. Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.11.2002с. № 429).

4. Назорати давлатии суғуртаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаштани мӯҳлати дар банди 3-и ҳамин қарор муқарраршуда аз ташкилотҳои суғурта (такроран суғуртакунанда), ки андозаи ҳадди ақали фонди оинномавиро таъмин накардаанд, лицензияро барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ баргашта гирад (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.1998с. № 511).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 4 июни соли 1997 № 261

ш. Душанбе