Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, № 511 "Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 261 "Дар бораи муққаррар намудани андозаи ҳадди ақали фонди оинномавии пардохташаванда ва ташкилотҳои суғурта, ҳангоме, ки онҳо барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ лицензия мегиранд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 261 "Дар бораи муққаррар намудани андозаи ҳадди ақали фонди оинномавии пардохташаванда ва ташкилотҳои суғурта, ҳангоме, ки онҳо барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ лицензия мегиранд"

Бо мақсади такмил додани фаъолияти суғуртавӣ ва пурқувват намудани ҳимояи манфиатҳои суғуртакунандагон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 261 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали фонди оинномавии пардохташаванда ба ташкилотҳои суғурта ҳангоме, ки онҳо барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ лицензия мегиранд", тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:

дар банди 1 калимаҳои "Ширкати суғуртаи Тоҷикистон ба андозаи на камтар аз 100 ҳазор маоши ҳадди ақал, дигар ташкилотҳои (ширкатҳои) суғурта - 6 ҳазор маоши ҳадди ақал, такроран суғуртакунандагон 25 ҳазор маоши ҳадди ақали" бо калимаҳои "ташкилотҳои суғурта на камтар аз 50 ҳазор маоши ҳадди ақал ва ташкилотҳои такроран суғуртакунанда на камтар аз 60 ҳазор маоши ҳадди ақали" иваз карда шаванд;

дар банди 2 калимаҳои "300 маоши ҳадди ақал" ва "100 маоши ҳадди ақал" мувофиқан ба калимаҳои "100 маоши ҳадди ақал" ва "50 маоши ҳадди ақал" иваз карда шаванд;

банди 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"3. Ташкилотҳои суғурта ва такроран суғуртакунанда дар мӯҳлати ду моҳ фонди оинномавиро барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ ба андозаи муқаррашудаи дар банди 1 қарори мазкур расонанд.";

ба қарор банди 4 мазмуни зайл илова карда шавад;

"4. Назорати давлатии суғуртаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаштани мӯҳлати дар банди 3-и ҳамин қарор муқарраршуда аз ташкилотҳои суғурта (такроран суғуртакунанда), ки андозаи ҳадди ақали фонди оинномавиро таъмин накардаанд, лицензияро барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ баргашта гирад.".

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1995 № 15 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали фонди оинномавии пардохташаванда ва ташкилотҳои суғурта ҳангоме, Ки онҳо барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ лицензия мегиранд", аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 1998 № 511

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВИТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОТ 4 ИЮНЯ 1997 ГОДА № 261 "ОБ УСТАНОВЛЕНИИ МИНИМАЛЬНОГО РАЗМЕРА ОПЛАЧИВАЕМОГО УСТАВНОГО ФОНДА СТРАХОВЫМ ОРГАНИЗАЦИЯМ ПРИ ПОЛУЧЕНИИ ИМИ ЛИЦЕНЗИИ НА ОСУЩЕСТВЛЕНИЕ СТРАХОВОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

В целях совершенствования страхового дела и усиления защиты интересов страхователей Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление правительства Республики Таджикистан от 4 июня 1997 года № 261 "Об установлении минимального размера оплачиваемого уставного фонда страховым организациям при получении ими лицензии на осуществление страховой деятельности" следующие изменения и дополнения:

в пункте 1 слова "Таджикской страховой компании не менее 100-тысячекратной, другим страховым организациям (компаниям) 6-тысячекратной, перестраховщикам 25-тысячекратной" заменить словами "страховым организациям не менее 50-тысячекратной, перестраховочным организациям 60-тысячекратной";

в пункте 2 слова "300-кратной" и "100-кратной" заменить соответственно словами "100-кратной" и "50-кратной"; пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3. Страховым и перестраховочным организациям в двухмесячный срок довести уставной фонд для осуществления страховой деятельности до размера, установленного в пункте 1 настоящего постановления"; дополнить постановление пунктом 4 следующего содержания:

"4. Государственному страховому надзору при Министерстве финансов Республики Таджикистан по истечении срока, указанного в пункте 3 настоящего постановления, отозвать от страховых (перестраховочных) организаций, не обеспечивших установленный минимальный размер оплачиваемого уставного фонда, лицензии на осуществление страховой деятельности";

2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 6 января 1995 года № 15 "Об установлении минимального размера оплаченного уставного фонда страховым организациям при получении ими лицензии на осуществление страховой деятельности".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов

от 30 декабря 1998 года № 511

 г. Душанбе