Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2003с. № 583)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" баррасӣ намуда, қайд менамояд, ки чораҳои аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) андешидашуда ба талаботи фармони зикршудаи Президент ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд;
Бо мақсади иҷрои пурраи талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии зикршуда ва дар ин самт тақвият бахшидани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Фаъолияти кумитаҳои андоз ва гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайрикофӣ ҳисобида, ба онҳо супориш дода шавад, ки фаъолияти худро ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур тақвият бахшанд.
2. Муқаррар карда шавад, ки аз тарафи соҳибкорон бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сарчашмаи машруботи ба даст овардашуда, (борхат ё дигар ҳуҷҷат) фурӯши онҳо манъ аст. Ҳуқуқи додани чунин ҳуҷҷатҳоро соҳибкорон ва корхонаҳои ворид ва ё истеҳсолкунандаи машрубот доранд. Машруботи бар хилофи талаботи мазкур фурухташаванда аз тарафи мақомоти дахлдор тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта, ба ҳисоби давлат гузаронида мешавад.
3. Корпоратсияи саноати озука ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкороне, ки иҷозат (литсензия) доранд, барои харидорӣ намудани машрубот аз корхонаҳои шаробкашӣ шароити мусоид фароҳам созад.
4. Мақомоти дахлдор машруботи гирифташуда ва ё мусодирашударо ба корхонаҳои шаробкашӣ барои коркард ва фурӯш супоранд. Корхонаҳои шаробкашӣ новобаста аз шакли моликият вазифадоранд ин намуди маҳсулотро қабул ва ба талаботҳои стандарти давлатӣ мувофиқ намуда,ба фурӯш бароранд. Машруботи гирифта ва ё мусодиракардашудае, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ нест, мавриди нобуд сохтан қарор дода мешавад. Маблағ аз фурӯши он пас аз ҷуброни хароҷоти корхонаҳо ба буҷети давлат интиқол дода мешавад.
5. Беэътибор дониста шуд
6. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 1997 № 253 "Дар бораи ҷорӣ намуданн тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти тамоку ва машрубот" беэътибор дониста шавад.
7. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва инспексияи савдои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам барои ошкор кардан ва гирифтани спирти этилӣ ва машрубот аз истеҳсол ва фурӯши ғайриқонунӣ рейдҳои муштарак ва дигар санҷишҳо ба амал бароранд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2001 № 592
ш. Душанбе