ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзиро муқаррар менамояд.
БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
заминистифодабарандагон-шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ), ки дар истифодааашон қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ доранд;
ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ-қобилияти ба моддаҳои ғизоӣ, обу ҳаво, гармӣ, ба муҳити биологӣ ва физикию кимиёвӣ талабдоштаи зироатро қонеъ гардонидани хок ва таъмин намудани ҳосилнокии зироатҳо;
бамеъёргирии давлатии ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ-муқаррар намудани стандарт, меъёру мизон, қоидаву муқаррарот дар соҳаи ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ - нигоҳ доштан ва баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо роҳи мунтазам гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ мелиоративӣ, фитосанитарӣ, зиддиэрозиявӣ ва дигар чораҳо;
деградатсияи заминҳои таъиноти кишоварзӣ-бадшавии хусусиятҳои заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ва таъсири антропогенӣ;
олуда шудани хок - дар таркиби хок мавҷуд будани пайвастагиҳои кимиёвӣ, моддаҳои радиоактивӣ, организмҳои касалиовар ба миқдоре, ки ба саломатии инсон, муҳити зист, ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонанд;
чорабиниҳои агротехникӣ-маҷмӯи тарзу усулҳои илман асосноки коркарди хок, киштгардон ва дигар амалҳо бо мақсади барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
чорабиниҳои агрокимиёвӣ-маҷмӯи тарзу усулҳои илман асосноки истифодаи моддаҳои агрокимиёвӣ ва пестисидҳо оид ба барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати муносибати эҳтиёткорона ба онҳо бо мақсади ҳифзи муҳити зист;
чорабиниҳои мелиоративӣ-тарҳрезӣ, сохтмон, истифода ва таҷдиди системаҳои мелиоративӣ ва иншоотҳои алоҳидаи гидротехникӣ, обшор кардани чарогоҳҳо, барпо намудани системаҳои дарахтзорҳои ҷангалӣ барои муҳофизати заминҳои таъиноти кишоварзӣ, гузаронидани корҳо оиди киштбоб намудани замин, беҳтар гардонидани хусусияти кимиёвӣ ва физикии хок, таъмини илмӣ ва истеҳсолию техникии корҳои мазкур;
чорабиниҳои фитосанитарӣ-маҷмӯи тарзу усулҳои илман асосноки ошкор кардан ва аз алафҳои бегона тоза намудани хок, заҳролудшавии хок аз касаливу ҳашароти зараррасони зироатҳо;
чорабиниҳои зиддиэрозиявӣ-маҷмӯи тарзу усулҳои илман асосноки ҳифз намудани замин аз эрозияҳои обшӯӣ, бодлесӣ ва механикӣ;
хизматрасонии агрокимиёвӣ-фаъолият оид ба таъмин намудани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо моддаҳои агрокимиёвӣ, пеститсидҳо, нуриҳои органикӣ, технология, техника, ҳамчунин фаъолият оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ, зиддиэрозиявӣ бо мақсади гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
мониторинги замин - мушоҳидаи мунтазами ҳолати замин, муайян кардани тағйироти воқеъшаванда ва арзёбии онҳо.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба Конуститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
БОБИ 2
САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҳОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 3. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансубанд:
муайян ва амалӣ гардонидани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва назорати иҷрои онҳо;
гузаронидани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
тартиби таҳти назорати давлатӣ гирифтани ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
салоҳияти дигаре, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
Моддаи 4. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои алоҳида бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ намудани салоҳияташ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо воситаҳои моддӣ ва молиявӣ таъмин карда мешаванд.
БОБИ 3 ҲУҚУҚУ ӯҲДАДОРИҲОИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН ДАР СОҲАИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 5. Ҳуқуқи заминистифодабарандагон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминистифодабарандагон ҳуқуқ доранд:
барои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ чораҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ андешанд;
бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати ҳосилхезии қитъаи замини дар истифодаашон буда ва тағйири ҳолати он маълумот гиранд.
Моддаи 6. ӯҳдадориҳои заминистифодабарандагон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминиистифодабарандагон ӯҳдадоранд:
истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро тавре ба роҳ монанд, ки ба барқароршавии ҳосилхезии замин мусоидат намояд, инчунин боиси дучори таъсири номусоид шудани муҳити зист нагардад;
стандарт, меъёр, қоидаву дастури амалӣ гардонидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявиро риоя намоянд;
ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар бораи истифодаи моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд;
ба гузаронидани таҳқиқоти хокӣ, агрокимиёвӣ, фитосанитарӣ, экологию токсикологӣ дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ мусоидат намоянд;
ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия аз омилҳои бадшавии ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва олуда гаштани қитъаҳои замини дар истифодаашон буда хабар диҳанд;
дигар ӯҳдадориҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
БОБИ 4 ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 7. Самтҳои асосии танзими давлатии фаъолият дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Самтҳои асосии танзими давлатии фаъолият дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ инҳоянд:
таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва назорати риояи санадҳои мазкур;
амалӣ намудани сиёсати сармоягузорӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.
Моддаи 8. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ (минбаъд-мақоми ваколатдори давлатӣ) ба амал бароварда мешавад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ ва низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ менамояд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ назорати давлатии барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи онҳоро, ки мақсади он аз тарафи заминистифодабарандагон риоя кардани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин мебошад, амалӣ мегардонад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ аввали ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатии баланд бардоштан ва барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
Моддаи 9. Самтҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз рӯи самтҳои зерин ҳосилхез гардонида мешаванд:
таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатии барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
ба ҳисоб гирифтани натиҷаҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва мониторинги ҳосилхезии онҳо;
таҳия кардани стандартҳо, қоидаҳо, меъёр ва тартиби ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
тартиб додани нақшаи иҷрои чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ;
тарҳрезии нақшаи тадбирҳои киштбоб кардани заминҳое, ки бо радионуклидҳо, металлҳои вазнин ва бо моддаҳои дигар олуда гардидаанд;
маблағгузорӣ оид ба амалӣ гардонидани чораҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
маблағгузорӣ оид ба иҷрои корҳои таҳқиқотӣ-илмӣ;
назорат ба сифати моддаҳои агрокимиёвӣ, пеститсидҳое, ки барои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ истифода мешаванд ва назорат оид ба муносибати эҳтиёткорона бо онҳо;
иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти хизматрасонии агрокимиёвӣ;
назорати давлатӣ оид ба барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
ба ҳисоб гирифтани қитъаҳои намунавии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
барпо кардани бонки маълумотҳо дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.
Моддаи 10. Барномаҳои мақсаднок дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Бо мақсади ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мақсадноки давлатиро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Дар асоси барномаи мақсадноки давлатӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаи мақсадноки минтақавии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзиро таҳия ва тасдиқ намуда, амалӣ мегардонад.
Моддаи 11. Бамеъёрдарории давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Бамеъёрдарории давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад.
Моддаи 12. Баҳисобгирии давлатии маълумотҳо оид ба ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Баҳисобгирии давлатии маълумотҳо оид ба ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба мақсади таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумоти ҳолати ҳосилхезии қитъаҳои замини муайяншуда гузаронида мешавад.
Баҳисобгирии давлатии маълумотҳо оид ба ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз ҷамъ овардан ва ҷамъбаст кардани натиҷаи таҳқиқоти хокӣ, агрокимиёвӣ, фитосанитарӣ ва экологию токсикологӣ ва мониторинги ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ иборат аст.
Тартиби баҳисобгирии давлатии маълумотҳоро оид ба ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 13. Мониторинги ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Мониторинги ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки қисми таркибии мониторинги давлатии замин мебошад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ тибқи салоҳияташон гузаронида мешавад.
Моддаи 14. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти хизматрасонии агрокимиёвӣ
Намудҳои фаъолияти хизматрасонии агрокимиёвиро, ки барояшон бояд иҷозатнома дода шавад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 15. Хизматрасонии агрокимиёвӣ
Хизматрасонии агрокимиёвӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд ва ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандоне, ки дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мустақилона бо соҳибкорӣ машғуланд, ба амал бароварда мешавад.
Ташкилотҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр ёфтаанд, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти худ, ҳифзи манфиатҳои умумӣ метавонанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кооперативҳои истеҳсолӣ, ассотсиатсияҳо ташкил намоянд.
Моддаи 16. Самтҳои асосии хизматрасонии агрокимиёвӣ
Самтҳои асосии хизматрасонии агрокимиёвӣ инҳоянд:
гузаронидани таҳқиқоти хокӣ, агрокимиёвӣ, фитосанитарӣ, экологию токсикологӣ ва мониторинги ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
андешидани чорабиниҳои агрокимиёвӣ, мелиоративӣ ва зиддиэрозиявӣ бо мақсади барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, аз ҷумла муваққатан боздоштани истифодаи замини аз ҳад зиёд ба эрозия гирифторшуда;
таъмини истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ бо моддаҳои агрокимиёвӣ, пеститсидҳо ва нуриҳои органикӣ;
бо техника таъмин кардани заминиистифодабарандагон барои гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ.
Моддаи 17. Талаботи экологӣ нисбати ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ бояд бо риоя намудани талаботи экологии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
БОБИ 5 ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 18. Самтҳои асосии дастгирии давлатии фаъолият дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Самтҳои асосии дастгирии давлатии фаъолият дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ инҳо мебошанд:
ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ барои барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
равнақу ривоҷи инфраструктураи хизматрасонии агрокимиёвӣ;
ташкили таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
тасдиқ намудани супоришдиҳандаҳои давлатии истеҳсоли моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳо, ҳамчунин истеҳсол ва таъмин намудан бо мошину таҷҳизот барои амалӣ гардонидани тадбирҳои агрокимиёвӣ, агротехникӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ;
тайёр кардан, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.
Моддаи 19. Маблағгузории фаъолияти соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Фаъолияти соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар ҳаҷми маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳар сол тасдиқ карда мешаванд ва ҳамчунин аз ҳисоби ҷалб намудани маблағҳои ғайрибуҷетӣ, маблағҳои заминистифодабарандагон ва дигар манбаъҳое, ки қонун манъ накардааст, амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 20. Таъмини моддию техникии хизматрасонии агрокимиёвӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба равнақу ривоҷи соҳаи хизматрасонии агрокимиёвӣ бо роҳи тасдиқ намудани супоришдиҳандаҳои давлатӣ бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ки ба онҳо барои иҷрои корҳои зерин супоришҳо медиҳанд:
истеҳсол ва тайёр карда фиристодани моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳо барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
истеҳсол ва таъмин намудани мошину таҷҳизот барои амалӣ гардонидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ.
Моддаи 21. Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ таҳқиқоти илмии зерин гузаронида мешаванд, оид ба:
таҳияи барномаҳои таҳқиқоти илмии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
ҷамъ намудани маълумот оид ба ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо ба ҳисоб гирифтани ноҳиябандии табиии онҳо;
тарзу усули баҳодиҳии ҳолати заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва ба ҳисоб гирифтани маълумотҳои ҳолати ҳосилхезии онҳо;
муайян намудани меъёрҳои имконпазири ҷамъ шудани моддаю микроорганизмҳои зараровар ва дигар моддаҳои биологӣ, ки хокро олуда месозанд;
муайян намудани меъёрҳои имконпазири истифодаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва ҳамчунин меъёрҳои имконпазири истифодаи моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳо;
технологияҳои гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ;
истеҳсоли моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳои самарабахши аз ҷиҳати экологӣ бехавфу хатар;
таҳияи системаҳои таъмин кардани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо маълумот доир ба ҳолати заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва хизматрасонии агрокимиёвӣ.
Моддаи 22. Тайёр кардан, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи салоҳияташ бо роҳи инкишоф додани системаи муассисаҳои таълимӣ тайёр кардан, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишварзиро ба роҳ мемонад.
БОБИ 6 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 23. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Баҳсҳои вобаста ба соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз ҷониби суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 июли соли 2004 № 56
ш. Душанбе