Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1119 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод. 463; с.2007, №7, мод. 689) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис (-) ишора карда шаванд.

2. Боби 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ

Моддаи 3. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансубанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- тасдиқ намудани барномаҳои давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- тасдиқ намудани стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дастурҳои гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- муайян намудани тартиби амалӣ гардонидани назорати давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва тасдиқи низомномаи он;

- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.

Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансубанд:

- гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва чорабиниҳои агрокимиёвӣ доир ба хокшиносӣ ва агрокимиё;

- назорати иҷрои стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дастурҳои гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ;

- аз заминистифодабарандагон гирифтани маълумот оид ба истифодабарии моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳо;

- баҳисобгирии натиҷаҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва мониторинги ҳосилхезии онҳо;

- муайян намудани тартиби таъмини ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- таҳия ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ;

- таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба киштбоб намудани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки бо радионуклидҳо, металлҳои вазнин ва бо моддаҳои дигар олуда гардидаанд;

- назорати сифати моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳое, ки барои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ истифода мешаванд ва муносибати эҳтиёткорона бо онҳо;

- назорати давлатии барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо, бо мақсади таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин аз тарафи заминистифодабарандагон;

- баҳисобгирии қитъаҳои намунавии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- ташкил кардани махзани маълумот дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.

Моддаи 4(1). Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансубанд:

- мусоидат намудан дар ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ барои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- ҳамкорӣ дар гузаронидани мониторинги ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.".

3. Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 8 хориҷ карда шаванд.

4. Ба моддаи 21 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- гузаронидани таҳқиқоти маҷмӯии хок ва агрокимиёвии заминҳо бо тартиб додани харитаҳои тавсифи хусусиятҳои хокҳои кишвар;

- гузаронидани ташхиси хусусиятҳои агрокимиёвии хокҳо, шӯрнокии заминҳо ва муайян кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 июли соли 2014 № 1119

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 12 феврали соли 2014, № 1431

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 № 706

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ РЕГУЛИРОВАНИИ ОБЕСПЕЧЕНИЯ ПЛОДОРОДИЯ ЗЕМЕЛЬ СЕЛЬСКОХОЗЯСТВЕННОГО НАЗНАЧЕНИЯ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 15 июля 2004 года "О государственном регулировании обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №7, ст. 463; 2007 г., №7, ст. 689) следующие изменения и дополнения:

1. Главу 2 изложить в следующей редакции:

"ГЛАВА 2. КОМПЕТЕНЦИЯ ИСПОЛНИТЕЛЬНЫХ ОРГАНОВ ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ В ОБЛАСТИ ОБЕСПЕЧЕНИЯ ПЛОДОРОДИЯ ЗЕМЕЛЬ СЕЛЬСКОХОЗЯСТВЕННОГО НАЗНАЧЕНИЯ

Статья 3. Компетенция Правительства Республики Таджикистан в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения

К компетенции Правительства Республики Таджикистан в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения отнесено:

- осуществление государственной политики в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения;

- утверждение государственных программ обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения;

- утверждение стандартов, норм, правил и регламентов проведения агротехнических, агрохимических, мелиоративных, фитосанитарных и противоэрозионных мероприятий;

- координация деятельности соответствующих республиканских органов и местных исполнительных органов государственной власти в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения;

- определение порядка осуществления государственного контроля обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения;

- определение уполномоченного государственного органа Республики Таджикистан в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения и утверждение его положения;

- осуществление иной компетенции, предусмотренной законодательством Республики Таджикистан в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения.

Статья 4. Полномочия уполномоченного государственного органа Республики Таджикистан в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения

В полномочия уполномоченного государственного органа Республики Таджикистан в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения входит:

- проведение научно-исследовательских, производственных работ и агрохимических мероприятий по почвоведению и агрохимии;

- контроль исполнения стандартов, норм, правил и регламентов проведения агротехнических, агрохимических, мелиоративных, фитосанитарных и противоэрозионных мероприятий;

- получение от землепользователей сведений об использовании агрохимических веществ и пестицидов;

- учёт результатов обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения и мониторинг их плодородия;

- определение порядка обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения;

- разработка и обеспечение выполнения плана агротехнических,  агрохимических, мелиоративных, фитосанитарных и противоэрозионных мероприятий;

- разработка плана мероприятий по реабилитации земель сельскохозяйственного назначения, загрязненных радионуклидами, тяжелыми металлами и другими веществами;

- контроль над качеством агрохимических веществ и пестицидов, используемых в целях обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения, и безопасным обращением с ними;

- государственный контроль над воспроизводством земель сельскохозяйственного назначения и их рациональным использованием с целью обеспечения соблюдения землепользователями требований законодательства Республики Таджикистан о земле;

- учёт эталонных участков земель сельскохозяйственного назначения;

- создание банка данных в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения;

- осуществление иных полномочий предусмотренных законодательством Республики Таджикистан в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения.

Статья 4(1). Полномочия местных исполнительных органов государственной власти в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения

В полномочия местных исполнительных органов государственной власти в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения входит:

- содействие в привлечении внешних и внутренних инвестиций для обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения;

- сотрудничество в проведении мониторинга плодородия земель сельскохозяйственного назначения;

- осуществление иных полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, в области обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения.".

2. Части вторую и третью статьи 8 исключить.

3. Статью 21 дополнить абзацами седьмым и восьмым следующего содержания:

"- проведение комплексных исследований почв и агрохимии земель с разработкой карт описания особенностей почв страны;

- проведение диагностики агрохимических свойств почв, засоления земель и определение уровня грунтовых вод;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 26 июля 2014 года, № 1119

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                 Ш. ЗУХУРОВ

г. Душанбе, 12 февраля 2014 года, №1431

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании обеспечения плодородия земель сельскохозяйственного назначения".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе, от 17 июля 2014 года, №706