Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 № 55 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ДАВЛАТИИ МУДОФИАВӢ"

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, № 12, мод. 337) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

дар матни Қонун калимаҳои "Кумитаи таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришдиҳандаи давлатӣ" ба калимаҳои "Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишдиҳандаи давлатӣ" иваз карда шаванд.

Дар қисми якуми моддаи 2:

дар сархати сеюм калимаҳои "ва бо иҷрокунандагони фармоиши мудофиавӣ дар бораи тахвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) қарордод мебандад" ба калимаҳои "мебандад ва тартибдиҳандаю таъминкунандаи фармоиши давлатии мудофиавӣ ба ҳисоб меравад" иваз карда шаванд;

дар ҷумлаи якуми сархати чорум баъд аз калимаҳои "қарордод бо" калимаҳои "фармоишдиҳандаи давлатӣ ё" илова карда шуда, дар ҷумлаи дуюм баъд аз калимаҳои "қарордод бо иҷрокунандаи асосӣ" калимаи "ё иҷрокунанда" илова карда шаванд;

дар сархати шашум баъд аз калимаи "ки" калимаҳои "фармоишдиҳандаи давлатӣ ё" илова карда шаванд.

Дар банди 4 қисми дуюми моддаи 4 калимаҳои "ва иҷрокунундагони тахминӣ" ба калимаҳои "ё иҷрокунандагон" иваз карда шаванд.

Дар моддаи 5:

дар сархати якуми қисми якум баъди калимаҳои "истеҳсоли сериявӣ" калимаи "таъмир," илова карда шавад;

дар қисми ҳаштум баъди калимаҳои "иҷрокунандаи асосӣ" калимаи "ё иҷрокунанда" илова карда шавад.

Дар банди 1 қисми якуми моддаи 6 баъди калимаҳои "қарордоди давлатӣ" калимаи "ё қарордод" илова карда шавад.

Моддаи 2.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 15 июли соли 2004 № 55

ш. Душанбе