Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон
ҚАРОР
Дар бораи баъзе тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи бозоргирии молҳои дар анборҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ҷамъшуда
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с.№ 47)
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бозоргирии молҳои дар анборҳои корхонаҳои саноатии кишвар ҷамъшуда, мӯътадил сохтани фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаҳо ва фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани робитаҳои мустақими пештараи хоҷагӣ бо корхонаҳои дигар кишварҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба таври истисно, ба корхонаҳои саноатӣ содироти маҳсулоти дар анборҳояшон ҷамъшуда тибқи номгӯи дар замимаи № 1 овардашуда ва воридоти ҷавобии ашёи хом, масолеҳ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоте, ки бевосита дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти асосии корхонаҳои анҷомдиҳандаи амалиёти зикргардида истифода мешавад, ба шарти пардохти андозу боҷҳои гумрукии ҷорӣ, иҷозат дода шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳсулоти мутобиқи банди 1 ҳамин қарор содиршаванда тибқи замимаи № 2 паспорти муомилот тартиб медиҳад
3. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти назорати асъор хоҳиш карда шавад, ки дар сурати аз ҷониби корхонаҳо дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 1999 № 1249 ба роҳ монда шудани таҳвилоти мутақобила маблағи маҳсулоти вориднамуда ва ҳаҷми маблағҳои асъории барои маҳсулоти содирнамуда ба ҳисобҳои асъории корхонаҳо воридшударо, дар сурати ба маблағи содирот баробар будан, ҳамчун баргашти маблағҳои асъорӣ ҳисоб кунанд.
Нисбати корхонаҳое, ки мӯҳлатҳо ва баробарии содироту воридотро вайрон мекунанд, табдирҳои таъсиррасонии тибқи қонун муқарраргардида андешида шаванд.
4. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро зери назорат қарор диҳад
- ҳачмҳои маҳсулоти содиршаванда мутобиқи номгӯи замимагардида;
- баробарарзиш будани маҳсулоти тибқи таҳвилоти мутақобила ворид ва содиршаванда мутобиқи нархҳои биржавии дар давлатҳои таҳвилгар ташаккулёфта. Ҳар моҳ Ҳукумати ҷумҳурӣ бо пешниҳод намудани маълумоти оморӣ аз камбудиҳои роҳдодашуда огоҳ карда шавад.
5. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа дар хусуси ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷет аз рӯи пардохтҳои ҷорӣ иҷро намудани корхонаҳои содиркунандаи маҳсулоти дар ин қарор зикргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод кунанд
6. Ба маълумот гирифта шавад, ки амалиёти савдои хориҷии ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти дигар мутобиқи тартиби ҷорӣ анҷом дода мешавад.
7. Назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои саноатро роҳбарӣ мекунад, гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 19 апрели соли 2000 № 172
ш. Душанбе