ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2002 № 490, аз 31.03.2003 № 132, аз 30.04.2004 № 197, аз 25.08.2005 № 317, аз 03.04.2006 № 143)
Бо мақсади иҷрои барномаи стратегияи ислоҳоти бахши энергетикӣ, ки 27 октябри соли 1998 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва бо мақсади таъмини фаъолияти мӯътадили соҳаи энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 2002 тарифҳои замимашудаи қувваи барқ ва гармӣ, ки Ширкати саҳомии ҳолдингии кушода "Барқи Тоҷик" ба фурӯш мерасонад, тасдиқ карда шаванд.
Аз 1 майи соли 2005 ба тарифҳои қувваи барқ коэффитсиентҳои мавсими барои системаи мелиоратсия ва хоҷагии об, насосҳо ва стансияҳои обкашии обёрии мошини, қубури оби кишоварзи, сарфи назар аз шакли моликият, ба тартиби зерин муқаррар карда шавад:
дар мавсими тобистон (май-сентябр) - 0,5;
дар мавсими зимистон (октябр-апрел) - 1,0 ().
2. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомию ҳолдингии кушода "Барқи Тоҷик" дар асоси қарори мазкур ба Нархномаи №09-01-1096 "Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" тағйироти дахлдор ворид намояд.
3. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид намудани тағйирот ба тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ онҳоро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Санадҳои зайл беэътибор дониста шаванд:
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000 № 153 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2000 № 422 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000 № 153 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 апрели соли 2002 № 155
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2002 № 155
тасдиқ шудааст
Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ
Замима
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2002 № 490)