Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 155 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ"
Дар асоси моддаи 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади истифодаи самараноки нерӯи барқ аз тарафи аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сархати ҳафтуми ҷадвали Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 155 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
+------------------------------------------------+-------------------ҷ
| Қувваи барқ | дирам барои як |
| | кВт. соат |
+---------------------------Т--------------------+-------------------+
|Аз 1 апрели соли 2006 тарифҳои қувваи барқ | |
|барои аҳолӣ (бо назардошти андоз аз арзиши | |
|изофашуда) ҳангоми истифодаи меъёри 250 кВт.соат| |
|дар як моҳ; | 1,6 |
+------Т-----------------------------------------+-------------------+
|барои ҳар як кВт.соат зиёда аз меъёри | |
|муайянгардида | 2,7 |
+------------------------------------------------+-----------------Т-+
2. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нархномаи № 09-01-2003 "Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" тағйироти дахлдор ворид намоянд.
3. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи моҳият ва зарурияти ҷорӣ намудани тарифҳои мазкур ба аҳолии ҷумҳурӣ иттилоот диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2006 № 143
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2002 года №155 "О тарифах на электрическую и тепловую энергию"
В соответствии со статьёй 52 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях рационального использования электрической энергии населением Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Седьмой абзац таблицы Тарифов на электрическую и тепловую энергию, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2002 года №155 "О тарифах на электрическую и тепловую энергию", изложить в следующей редакции:
+--------------------------------------------------------------------+
¦ Электрическая энергия ¦ дирам за один ¦
¦ ¦ кВт.час. ¦
+------------------------------------------------+-------------------¦
¦Ввести с 1 апреля 2006 года следующий тариф на ¦ ¦
¦электрическую энергию для населения (с учётом ¦ ¦
¦налога на добавленную стоимость) при норме ¦ ¦
¦250 к Вт. час. в месяц; ¦ 1,6 ¦
+--------------------------------------------------------------------¦
¦за каждый сверхнормативный к Вт. час. 2,7 ¦
+--------------------------------------------------------------------+
2. Государственному агентству по антимонопольной политике и поддержке предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Министерством энергетики Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в Прейскурант № 09-01-2003 "Тарифы на электрическую и тепловую энергию".
3. Министерству энергетики Республики Таджикистан и Государственному агентству но антимонопольной политике и поддержке предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан через средства массовой информации информировать потребителей о содержании и необходимости введения установленных тарифов.
от 3 апреля 2006 года № 143
ш. Душанбе