Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҷорӣ намудани Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2001 № 370)
Мутобиқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар қабул гардидани Қонуни конститусиони Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табаият" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 сентябри соли 2001 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.
2. Паспортҳои шаҳрванди ИҶШС нусҳаи соли 1974 дар давоми ҳафт сол ба Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз ва 31 декабри соли 2003 ба анҷом расонда шавад .
Муқаррар карда шавад, ки то 31 декабри соли 2003 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Паспорти шаҳрванди ИҶШС эътибори худро нигоҳ медорад .
3. Додани паспортҳои нусхаи нав ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
4. Вазорати корҳои доҳилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шумораи хадамоти паспортиро дар доираи шумораи умумии мақомоти корҳои доҳилӣ ба таври илова такмил диҳад;
- Низомномаи низоми паспорти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро таҳия намуда, ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.
5. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукумаҳои) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар ташкили кори додани паспортҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат намуда, ба хадамоти паспортӣ барои хозматрасонии муносиб ва шаҳрвандон, нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ҷой ҷудо кунанд, инчунин онҳоро ба воситаҳои моддию техникӣ ва таҷҳизот таъмин намоянд.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи чопи паспортҳоро дар мӯҳлатҳое, ки тибқи қарордоди байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпорацияи Америкен Бэнкноут Корпорэйшн аз 8 феврали соли 1994 баимзорасида ва инчунин ҷадвали пардохти ҳар сол тасдиқшаванда муқаррар гардидаанд, пардозад .
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуров С. гузошта шавад .
8. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 сентябри соли 1996 № 414
ш. Душанбе