Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1996, № 414 "Дар бораи ҷори намудани Паспорти шаҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 06.08.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.06.2014 № 406 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷорӣ намудани Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2001 № 370)

Мутобиқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар қабул гардидани Қонуни конститусиони Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табаият" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 сентябри соли 2001 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.

2. Паспортҳои шаҳрванди ИҶШС нусҳаи соли 1974 дар давоми ҳафт сол ба Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз ва 31 декабри соли 2003 ба анҷом расонда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2001 № 370).

Муқаррар карда шавад, ки то 31 декабри соли 2003 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Паспорти шаҳрванди ИҶШС эътибори худро нигоҳ медорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2001 № 370).

3. Додани паспортҳои нусхаи нав ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

4. Вазорати корҳои доҳилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шумораи хадамоти паспортиро дар доираи шумораи умумии мақомоти корҳои доҳилӣ ба таври илова такмил диҳад;

- Низомномаи низоми паспорти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро таҳия намуда, ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

5. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукумаҳои) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар ташкили кори додани паспортҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат намуда, ба хадамоти паспортӣ барои хозматрасонии муносиб ва шаҳрвандон, нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ҷой ҷудо кунанд, инчунин онҳоро ба воситаҳои моддию техникӣ ва таҷҳизот таъмин намоянд.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи чопи паспортҳоро дар мӯҳлатҳое, ки тибқи қарордоди байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпорацияи Америкен Бэнкноут Корпорэйшн аз 8 феврали соли 1994 баимзорасида ва инчунин ҷадвали пардохти ҳар сол тасдиқшаванда муқаррар гардидаанд, пардозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2001 № 370).

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуров С. гузошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2001 № 370).

8. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2001 № 370).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 5 сентябри соли 1996 № 414

ш. Душанбе

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                          от 13.06.2014г. № 406       
  

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О введении в действие Паспорта гражданина Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 06.08.2001г.№370)

В соответствии с Конституцией Республики Таджикистан и в связи с принятием Конституционного Закона Республики Таджикистан "О гражданстве", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Ввести на территории Республики Таджикистан с 1 сентября 1996 года Паспорт гражданина Республики Таджикистан.

2. Произвести замену паспортов гражданина СССР образца 1974 года на Паспорт гражданина Республики Таджикистан в течение семи лет и закончить 31 декабря 2003 года. (ППРТ от 6.08.2001г., №370)

Установить, что до 31 декабря 2003 года на территории Республики Таджикистан наряду с Паспортом гражданина Республики Таджикистан сохраняет свое действие паспорт гражданина СССР. (ППРТ от 6.08.2001г., №370)

3. Выдачу паспортов нового образца возложить на Министерство внутренних дел Республики Таджикистан.

4. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан:

- укрепить паспортные службы дополнительной численностью в пределах установленной общей численности органов внутренних дел;

- разработать и представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан Положение "О паспортной системе в Республике Таджикистан".

5. Органам исполнительной власти на местах (хукуматам) Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов оказывать содействие органам внутренних дел в организации работы по выдаче паспортов гражданам Республики Таджикистан и выделить паспортным службам помещение, удобное для обслуживания граждан, хранения документации, а также обеспечить соответствующими материально-техническими и специальными средствами и оборудованием.

6. Министерству финансов Республики Таджикистан оплату за производство паспортов осуществлять в сроки, установленные в соответствии с контрактом, подписанным между Правительством Республики Таджикистан и корпорацией Американ Бэнкноут Корпорейшн от 8 февраля 1994 года, а также ежегодно утверждаемыми графиками оплаты. (ППРТ от 6.08.2001г., №370)

7. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан Зухурова С. (ППРТ от 6.08.2001г., №370)

8. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить государства-участников Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления. (ППРТ от 6.08.2001г., №370)

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Э.Рахмонов

от 5 сентября 1996 года № 414

 г.Душанбе