×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 32 "Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён"

Санаи амалкуни: 25.06.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 343; с. 2011, №3, мод. 163)

(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 696, аз 25.06.2021 № 1793)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии иттиҳодияҳои корфармоёнро танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793) .

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793)

Мавзӯи танзими Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқи корфармоён барои таъсиси иттиҳодияҳо ба мақсади муаррифи ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои худ дар рафти танзими шартномавии муносибатҳои иҷтимоию меҳнати пайдо мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- корфармо - шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои он, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахси воқеӣ, ки ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатиро дорад;

- иттиҳодияи корфармоён - ташкилоти ғайритиҷоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзои худ дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъсис медиҳанд;

- созишнома - санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва соҳавӣ баста шудааст (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Моддаи 4. Ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод

Корфармоён ҳуқуқ доранд бидуни ризоияти пешакии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси ихтиёри иттиҳодияҳои корфармоёнро бо мақсади муаррифии манфиатҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар муносибати байниҳамдигари бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дигари намояндагии кормандон, мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти ҳокимияти маҳалли таъсис диҳанд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Давлат бо мақсади рушди шарикии иҷтимои, таъмини иштироки корфармоён бо тартиби муқарраршуда дар ташаккулу татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва таъмини ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнати ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут мусоидат менамояд.

Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён

Фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси принсипи аъзогиву хориҷшавии ихтиёрии корфармоён ва (ё) иттиходияҳои онҳо сурат мегирад.

Иттиҳодияҳои корфармоён мақсад, намуд ва самтҳои фаъолияташонро мустақилона муайян менамоянд.

Иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнати ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут дар асоси принсипҳои шарикии иҷтимои ҳамкори мекунанд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Моддаи 6. Мустақилияти иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён фаъолияти худро новобаста ба мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ҳизбу харакатҳои сиёси ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти ба амал мебароранд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Дахолати мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, ки ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоёнро маҳдуд месозад ё барои амали қонунии фаъолияти оинномавии онҳо мамониат мекунад, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Тартиби ҳамкории иттиҳодияҳои корфармо он аз ҷониби худи онҳо мувофиқи оиннома ва қарорҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён муайян карда мешавад.

Моддаи 7. Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён

Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён инҳоянд:

- иштирок дар гузаронидани музокирот, таҳия кардан ва бастани созишномаҳои дуҷониба, сеҷониба доир ба масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнати;

- иштирок дар мақомоти доимоамалкунандаи низоми шарикии иҷтимои тавассути намояндагони ваколатдори худ. аз ҷумла дар кори комиссияҳои ҷумҳурияви, вилояти, шаҳри, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнати;

- таъмини ташкили иҷрои ӯҳдадориҳое, ки корфармоён-аъзои иттиҳодияҳо аз рӯи созишномаҳо қабул кардаанд;

- иштирок дар ҳалли баҳсҳои коллективии меҳнати;

- иштирок дар таҳия ва экспертизаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин нақшаву барномаҳо доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисоди доранд;

- таъмини иттилооти ва методии аъзои иттиҳодияҳо;

- таъмини фаъолияти ҳамоҳангшудаи аъзои иттиҳодияҳо бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои иқтисоди, истеҳсоли ва иҷтимои.

Моддаи 8. Намудҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд аз рӯи нишонаҳои ҳудуди, соҳави, байнисоҳави, ҳудудиву соҳави таъсис дода шаванд.

Иттиҳодияи ҷумҳуриявии корфармоён -иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи иттиҳодияҳои соҳавии ҷумҳурияви (байнисоҳави) ва ҳудудии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар  беш аз нисфи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Иттиҳодияи соҳавии (байнисоҳавии) ҷумҳуриявии корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият таъсис дода шудааст, дар маҷмӯъ дар беш аз нисфи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва (ё) бо онҳо на кам аз нисфи кормандони соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият муносибати меҳнати доранд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Иттиҳодияи вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияи соҳавии вилояти ва шаҳру ноҳиявии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Иттиҳодияи соҳавии вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Иттиҳодияи шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои соҳавии шаҳри (ноҳияви) таъсис шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.

Иттиҳодияи соҳавии шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсиси дода шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.

БОБИ 2. ТАШКИЛДИҲӢ, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН

Моддаи 9. Ташкили иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси қарори муассисон ташкил карда мешаванд.

Муассисони иттиҳодияи корфармоён на кам аз се корфармо ё се иттиҳодияи корфармоён шуда метавонанд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Қобилияти ҳуқуқии иттиҳодияи корфармоён ба сифати шахси ҳуқуқи аз лаҳзаи қайди давлатии он бо тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" пешбини намудааст, пайдо мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 696).

Моддаи 9(1). Номи иттиҳодияи корфармоён

(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793)

Номи иттиҳодияи корфармоён бояд ба намуди иттиҳодияи корфармоён, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур омадааст, мутобиқат намояд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793).

Моддаи 10. Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён

Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён оиннома аст.

Оинномаи иттиҳодияи корфармоён бояд масъалаҳои зеринро муайян намояд:

- номи иттиҳодияи корфармоён;

- мақсаду вазифаҳои иттиҳодияи корфармоён;

- маҳалли ҷойгиршавии иттиҳодияи корфармоён:

- тарзи идоракунии иттиҳодияи корфармоён;

- ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияи корфармоён;

- шарту тартиби узвият ба иттиҳодияи корфармоён ва хориҷ шудан аз он;

- манбаъҳои ташаккули молу мулки иттиҳодияи корфармоён;

- тартиби ворид сохтани та(йирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён;

- сохтор, тартиби таъсис ва ваколатҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин тартиби аз ҷониби онҳо қабул намудани қарорҳо;

- тартиби ба намоянда ва (ё) намояндаҳои иттиҳодияи корфармоён додани ваколат барои бурдани музокироти коллективи доир ба таҳия, бастан ва та(йир додани созишномаҳо, инчунин барои ширкат дар раванди созиш ҳангоми сар задани баҳсҳои меҳнатии коллективи;

- муқаррароти дигаре, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надоранд.

Дар оинномаи иттиҳодияи корфармоён ҷавобгарии узви иттиҳодияи корфармоён барои риоя накардани муқаррароти оиннома, қарорҳои мақоми олии идоракунии он метавонад пешбини шавад.

Та(йирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори мақомоти олии идоракунии он ворид карда мешавад.

Моддаи 11. Азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён

Азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори дахлдори мақоми олии идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН ВА АЪЗОИ ОНҲО

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқи баробар доранд. Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:

- дар таъсисн мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён бо тартибе, ки оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муайян намудааст, иштирок кунанд;

- барои баррасии мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён оид ба масъалаҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён таклиф пешниҳод кунанд, дар муҳокима, аз ҷумла дар қабули қарори дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён ширкат варзанд;

- дар муайян намудани мазмуну мундариҷаи созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои корфармоён басташаванда, ки муносибатҳои иҷтимоию меҳнати ва муносибатҳои ба онҳо марбути иқтисодиро ба танзим медароранд, ширкат намоянд;

- оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, созишномаҳои аз ҷониби онҳо басташуда, инчунин дар бораи матни ин созишномаҳо маълумот гиранд;

- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорие, ки муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои дигари ба он бевосита алоқамандро ба танзим медарорад. таҳияи санади меъёрии дохили (локали), ки муқарарроти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективи, инчунин ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективи аз иттиҳодияҳои корфармоён кӯмак гиранд;

- узвияти иттиҳодиҳои корфармоёнро озодона тарк кунанд;

- ба ҳуқуқҳои дигаре, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбини намудааст.

Моддаи 13. ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:

- талаботи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоёнро иҷро намоянд;

- шартҳои созишномаҳоеро, ки иттиҳодияҳои корфармоён бастаанд, риоя кунанд ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ин созишномаҳоро иҷро намоянд.

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:

- дар таҳияи таклифҳо ба лоиҳаи барномаҳо, инчунин дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқи доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисоди доранд, ширкат варзанд;

- намояндагони худро барои иштирок дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи дастури мақомоти дахлдор равон кунанд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793);

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори аз мақомоти дахлдор дар доираи ваколатҳояшон оиди масъалаҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди маълумот гиранд;

- манфиати аъзояшро дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъияти муаррифи ва муҳофизат намоянд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793);

- намояндагони ваколатдори худро дар сатҳи дахлдор ба комиссияҳои вилояти, шаҳри, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба равон кунанд:

- аз номи аъзои худ ҳангоми музокироти коллективи ва бастани созишномаҳо бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди ва муносибатҳои меҳнати баромад намоянд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793);

- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективи мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузори ширкат варзанд;

- барои аз ҷониби корфармоён -аъзои иттиҳодияҳои корфармоён иҷро гардидани ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи созишномаҳо мусоидат намоянд;

- ба корфармоён доир ба масъалаҳои бурдани музокирот, бастани шартномаву созишномаҳои коллективи, ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективи кӯмаки машваратию методи расонанд;

- барои таъмини фаъолияти оинномавии худ аз воситаҳои ахбори омма истифода кунанд ва муассиси онҳо бошанд, фаъолияти табъу нашрро ба роҳ монанд;

- ба иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) иттиҳодияи корфармоён бо нигоҳ доштани мустақилият ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқи муттаҳид шаванд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793);

- қитъаҳои заминро истифода баранд.

Иттиҳодияҳои корфармоён инчунин метавонанд ҳуқуқҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбининамударо дошта бошанд.

Моддаи 15. ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;

- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузори музокироти коллективи баранд, ҷиҳати шартҳои мувофиқашуда бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо созишнома банданд;

- ба аъзои худ дар хусуси созишномаҳои бастаи иттиҳодияҳои корфармоён ва дар бораи ин созишномаҳо маълумот диҳанд;

- ба иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маълумотро дар хусуси масъалаҳои иҷтимоию меҳнати, ки иттиҳодияҳои корфармоён дар ихтиёр доранд ва барои бурдани музокироти коллективи бо мақсади таҳия ва бастани созишномаҳо, инчунин назорати иҷрои онҳо заруранд, пешниҳод намоянд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1793);

- назорати иҷрои созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияи корфармоён басташударо ба амал бароранд;

- баҳри иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аъзои иттиҳодияи корфармоён дар созишномаҳо пешбини намудаанд, инчунин шартномаҳои коллективии аз ҷониби корфармоён-аъзои иттиҳодияи корфармоён басташуда мусоидат намоянд;

- дар назди аъзои худ аз хусуси фаъолияти иттиҳодияи корфармоён бо тартиб ва дар мӯҳлатҳое, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбини намудааст, ҳисобот диҳанд;

- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузори, ки муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои дигари ба он алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии амалаш маҳдуд, ки муқаррароти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективи, инчунин дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективи ба аъзои худ кӯмак расонанд;

- ӯҳдадориҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён пешбинишударо иҷро намоянд.

Моддаи 16. Моликияти иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқро ба бино, сохтмон, иншоот, фонди манзил, таҷҳизот, асбобу олот, мабла( бо арзи милливу хориҷи, қо(азҳои қиматнок ва ба молу мулки дигар дошта бошанд.

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳангоми хориҷ шудан аз иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқҳояшонро ба молу мулке, ки ба моликияти иттиҳодияи корфармоён додаанд, аз ҷумла ба ҳаққи узвияту ҳаққи дигар аз даст медиҳанд, агар дар оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муқаррароти дигаре пешбини нашуда бошад.

Иттиҳодияҳои корфармоён масъулияти бо молу мулки худ адо кардани ӯҳдадориҳои аъзояшонро надоранд.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Масъулияти иттиҳодияи корфармоён

Иттиҳодияи корфармоён барои риоя ё иҷро накардани созишномаҳои басташуда дар қисмати ӯҳдадориҳои ҳамин иттиҳодия, ки дар созишномаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд, масъул мебошад.

Иттиҳодияи корфармоён аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзояш, аз ҷумла аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо, ки дар созишномаҳои аз ҷониби ҳамин иттиҳодияи корфармоён басташуда пешбини гардидаанд, масъул шуда наметавонад.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

17 майи соли 2004 № 32

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН

(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 696)

Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқи, иқтисоди ва ташкилии фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳоро дар системаи танзими шартномавии муносибатҳои иҷтимоию меҳнати муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Предмети танзими Қонуни мазкур

Предмети танзими Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқи корфармоён барои таъсиси иттиҳодияҳо ба мақсади муаррифи ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои худ дар рафти танзими шартномавии муносибатҳои иҷтимоию меҳнати пайдо мешаванд.

Моддаи 2. Мафҳуми иитиҳодияи корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён шакли ташкилоти (ғайритиҷорати мебошад, ки ба узвияти корфармоён асос ёфтааст.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод

Корфармоён ҳуқуқ доранд бидуни ризоияти пешакии мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти ҳокимияти маҳалли дар асоси ихтиёри иттиҳодияҳои корфармоёнро бо мақсади муаррифии манфиатҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар муносибати байниҳамдигари бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дигари намояндагии кормандон, мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти ҳокимияти маҳалли таъсис диҳанд.

Давлат бо мақсади рушди шарикии иҷтимои, таъмини иштироки корфармоён бо тартиби муқарраршуда дар ташаккулу татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва таъмини ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнати ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут мусоидат менамояд.

Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён

Фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси принсипи аъзогиву хориҷшавии ихтиёрии корфармоён ва (ё) иттиходияҳои онҳо сурат мегирад.

Иттиҳодияҳои корфармоён мақсад, намуд ва самтҳои фаъолияташонро мустақилона муайян менамоянд.

Иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнати ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут дар асоси принсипҳои шарикии иҷтимои ҳамкори мекунанд.

Моддаи 6. Мустақилияти иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён фаъолияти худро новобаста ба мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ҳизбу харакатҳои сиёси ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти ба амал мебароранд.

Дахолати мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, ки ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоёнро маҳдуд месозад ё барои амали қонунии фаъолияти оинномавии онҳо мамониат мекунад, манъ аст.

Тартиби ҳамкории иттиҳодияҳои корфармо он аз ҷониби худи онҳо мувофиқи оиннома ва қарорҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён муайян карда мешавад.

Моддаи 7. Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён

Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён инҳоянд:

- иштирок дар гузаронидани музокирот, таҳия кардан ва бастани созишномаҳои дуҷониба, сеҷониба доир ба масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнати;

- иштирок дар мақомоти доимоамалкунандаи низоми шарикии иҷтимои тавассути намояндагони ваколатдори худ. аз ҷумла дар кори комиссияҳои ҷумҳурияви, вилояти, шаҳри, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнати;

- таъмини ташкили иҷрои ӯҳдадориҳое, ки корфармоён-аъзои иттиҳодияҳо аз рӯи созишномаҳо қабул кардаанд;

- иштирок дар ҳалли баҳсҳои коллективии меҳнати;

- иштирок дар таҳия ва экспертизаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин нақшаву барномаҳо доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисоди доранд;

- таъмини иттилооти ва методии аъзои иттиҳодияҳо;

- таъмини фаъолияти ҳамоҳангшудаи аъзои иттиҳодияҳо бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои иқтисоди, истеҳсоли ва иҷтимои.

Моддаи 8. Намудҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд аз рӯи нишонаҳои ҳудуди, соҳави, байнисоҳави, ҳудудиву соҳави таъсис дода шаванд.

Иттиҳодияи ҷумҳуриявии корфармоён -иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи иттиҳодияҳои соҳавии ҷумҳурияви (байнисоҳави) ва ҳудудии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди беш аз нисфи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Иттиҳодияи соҳавии (байнисоҳавии) ҷумҳуриявии корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият таъсис дода шудааст, дар маҷмӯъ дар ҳудуди беш аз нисфи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва (ё) бо онҳо на кам аз нисфи кормандони соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият муносибати меҳнати доранд.

Иттиҳодияи вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияи соҳавии вилояти ва шаҳру ноҳиявии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Иттиҳодияи соҳавии вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Иттиҳодияи шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои соҳавии шаҳри (ноҳияви) таъсис шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.

Иттиҳодияи соҳавии шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсиси дода шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.

БОБИ 2. ТАШКИЛДИҲӢ, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН

Моддаи 9. Ташкили иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси қарори муассисон ташкил карда мешаванд.

Муассисони иттиҳодияи корфармоён на кам аз ду корфармо ё ду иттиҳодияи корфармоён шуда метавонанд.

Қобилияти ҳуқуқии иттиҳодияи корфармоён ба сифати шахси ҳуқуқи аз лаҳзаи қайди давлатии он бо тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" пешбини намудааст, пайдо мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 696).

Моддаи 10. Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён

Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён оиннома аст.

Оинномаи иттиҳодияи корфармоён бояд масъалаҳои зеринро муайян намояд:

- номи иттиҳодияи корфармоён;

- мақсаду вазифаҳои иттиҳодияи корфармоён;

- маҳалли ҷойгиршавии иттиҳодияи корфармоён:

- тарзи идоракунии иттиҳодияи корфармоён;

- ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияи корфармоён;

- шарту тартиби узвият ба иттиҳодияи корфармоён ва хориҷ шудан аз он;

- манбаъҳои ташаккули молу мулки иттиҳодияи корфармоён;

- тартиби ворид сохтани та(йирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён;

- сохтор, тартиби таъсис ва ваколатҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин тартиби аз ҷониби онҳо қабул намудани қарорҳо;

- тартиби ба намоянда ва (ё) намояндаҳои иттиҳодияи корфармоён додани ваколат барои бурдани музокироти коллективи доир ба таҳия, бастан ва та(йир додани созишномаҳо, инчунин барои ширкат дар раванди созиш ҳангоми сар задани баҳсҳои меҳнатии коллективи;

- муқаррароти дигаре, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надоранд.

Дар оинномаи иттиҳодияи корфармоён ҷавобгарии узви иттиҳодияи корфармоён барои риоя накардани муқаррароти оиннома, қарорҳои мақоми олии идоракунии он метавонад пешбини шавад.

Та(йирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори мақомоти олии идоракунии он ворид карда мешавад.

Моддаи 11. Азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён

Азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори дахлдори мақоми олии идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН ВА АЪЗОИ ОНҲО

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқи баробар доранд. Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:

- дар таъсисн мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён бо тартибе, ки оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муайян намудааст, иштирок кунанд;

- барои баррасии мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён оид ба масъалаҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён таклиф пешниҳод кунанд, дар муҳокима, аз ҷумла дар қабули қарори дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён ширкат варзанд;

- дар муайян намудани мазмуну мундариҷаи созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои корфармоён басташаванда, ки муносибатҳои иҷтимоию меҳнати ва муносибатҳои ба онҳо марбути иқтисодиро ба танзим медароранд, ширкат намоянд;

- оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, созишномаҳои аз ҷониби онҳо басташуда, инчунин дар бораи матни ин созишномаҳо маълумот гиранд;

- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорие, ки муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои дигари ба он бевосита алоқамандро ба танзим медарорад. таҳияи санади меъёрии дохили (локали), ки муқарарроти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективи, инчунин ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективи аз иттиҳодияҳои корфармоён кӯмак гиранд;

- узвияти иттиҳодиҳои корфармоёнро озодона тарк кунанд;

- ба ҳуқуқҳои дигаре, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбини намудааст.

Моддаи 13. ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:

- талаботи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоёнро иҷро намоянд;

- шартҳои созишномаҳоеро, ки иттиҳодияҳои корфармоён бастаанд, риоя кунанд ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ин созишномаҳоро иҷро намоянд.

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:

- дар таҳияи таклифҳо ба лоиҳаи барномаҳо, инчунин дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқи доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисоди доранд, ширкат варзанд;

- намояндагони худро барои иштирок дар ҷаласаи мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи дастури мақомоти дахлдор равон кунанд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори аз мақомоти дахлдор дар доираи ваколатҳояшон оиди масъалаҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди маълумот гиранд;

- манфиати аъзояшро дар мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти ҳокимияти маҳалли, ташкилотҳои ҷамъияти муаррифи ва муҳофизат намоянд;

- намояндагони ваколатдори худро дар сатҳи дахлдор ба комиссияҳои вилояти, шаҳри, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба равон кунанд:

- аз номи аъзои худ ҳангоми музокироти коллективи ва бастани созишномаҳо бо мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти ҳокимияти маҳалли, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди ва муносибатҳои меҳнати баромад намоянд;

- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективи мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузори ширкат варзанд;

- барои аз ҷониби корфармоён -аъзои иттиҳодияҳои корфармоён иҷро гардидани ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи созишномаҳо мусоидат намоянд;

- ба корфармоён доир ба масъалаҳои бурдани музокирот, бастани шартномаву созишномаҳои коллективи, ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективи кӯмаки машваратию методи расонанд;

- барои таъмини фаъолияти оинномавии худ аз воситаҳои ахбори омма истифода кунанд ва муассиси онҳо бошанд, фаъолияти табъу нашрро ба роҳ монанд;

- ба ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) иттиҳодияи корфармоён бо нигоҳ доштани мустақилият ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқи муттаҳид шаванд;

- қитъаҳои заминро истифода баранд.

Иттиҳодияҳои корфармоён инчунин метавонанд ҳуқуқҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбининамударо дошта бошанд.

Моддаи 15. ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;

- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузори музокироти коллективи баранд, ҷиҳати шартҳои мувофиқашуда бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо созишнома банданд;

- ба аъзои худ дар хусуси созишномаҳои бастаи иттиҳодияҳои корфармоён ва дар бораи ин созишномаҳо маълумот диҳанд;

- ба иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли маълумотро дар хусуси масъалаҳои иҷтимоию меҳнати, ки иттиҳодияҳои корфармоён дар ихтиёр доранд ва барои бурдани музокироти коллективи бо мақсади таҳия ва бастани созишномаҳо, инчунин назорати иҷрои онҳо заруранд, пешниҳод намоянд;