×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 34 "Дар бораи маориф"

Санаи амалкуни: 25.03.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1004 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАОРИФ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 143, аз 22.12.2006 № 222, аз 18.06.2008 № 407, аз 26.03.2009 № 488, аз 19.05.2009 № 529, аз 5.08.2009 № 545, аз 21.07.2010 № 634, аз 25.03.2011 № 709)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, ташкили, иҷтимоию иқтисодии инкишофи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, сохтори системаи маориф, принсипҳои танзим, идоракуни, ваколату самтҳои фаъолияти мақомоти онро муқаррар менамояд ва барои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф заминаи ҳуқуқи мебошад.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1 Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

маориф - раванди бомароми таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки дар он соҳиби меъёри муайяни таҳсилот гардидани шаҳрвандро давлат муқаррар кардааст;

соҳиби таҳсилот - ба меъёри муайяни таҳсилот соҳиб шудани шаҳрванд мебошад, ки бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда мешавад;

системаи маориф - маҷмӯи барномаҳои таълими ва стандартҳои давлатии таҳсилот, шабакаи муассисаҳои таълимии амалкунанда, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мақомоти идораи маориф, муассисаю ташкилотҳои он, хонандагон ва тарбиягирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълими, воҳидҳои зерсохтори ва дигар унсуре мебошанд. ки барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона муттаҳид гардида, ба татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва зиёд кардани саҳми соҳаи мазкур дар инкишофи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ равона карда мешаванд;

муассисаи таълими - шахси ҳуқуқие, ки раванди таълимро ба роҳ мемонад, яъне як ё якчанд барномаҳои таълимро амали мегардонад ва (ё) тарбияи хонандагон, тарбиягирандагонро таъмин мекунад;

муассисаи таълимии махсус - муассисае мебошад. ки дорои шароити алоҳидаи таълиму тарбия, муҳити махсуси омӯзгори буда, офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимои, таҳсилу касбомӯзии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлони эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмони, рӯҳи мебошанд ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок ҳисобида мешавад, таъмин менамояд;

таҳсилоти муттасил - имконоти таҳсил ва баланд бардоштани ихтисос дар давоми тамоми ҳаёти инсон;

- таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии ҷараёни таълим бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе мулоқоти шахсӣ ва бевоситаи муаллим бо хонанда имконпазир мегардонад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529);

машғулияти инфироди - машғулияти омӯзгор бо хонанда ё донишҷӯ бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим;

саводнокӣ - маҳорати кор кардан бо маълумот, аз ҷумла маҳорати иҷрои амалҳои зарурии риёзи, дарки иттилооти маводи чопи, адабиёти илми, инчунин маҳорату малакаи навиштан барои дониш омӯхтан аз матни шифоҳию хатти (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529);

омӯзгори инфироди - омӯзгоре, ки ба хонандагон ва ё донишҷуён ба таври инфироди, берун аз вақти кори дар мактаб ва ё донишгоҳ таълим медиҳад;

натиҷаи таълим - дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбини ва арзишҳои маънавие, ки хонанда дар давоми таҳсил дар муассисаи таълими ҳосил кардааст;

шакли таҳсил - тартиби ташкили таълим буда, таҳсили рӯзона, шабона, ғоибона, оилави, фосилави ва экстернатро дар бар мегирад:

таҳсилоти иловаги - ҷалб намудани шаҳрвандон ба омӯзиши илми муосир, техника ва технологияи нав, эҷодкори, дарёфти ихтисоси нав, бозомӯзи, такмили ихтисос ва ғайра, ки онро шахс ҳангоми таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва баъди дарёфти диплом низ метавонад касб намояд;

- аккредитатсияи давлатӣ - тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълим (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529);

аттестатсия - тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълими ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529);

- экстернат - омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи ниҳоӣ дар муассисаи таълимӣ (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529);

нострификатсия - муайян кардани баробарарзишии (эквивалентии) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки дардавлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали таҳсил кардаанд;

корманди соҳаи омӯзгори - шахсе, ки ба тарбияю таълими хонандагон дар асоси касби машғул аст, аз ҷумла шахси соҳаи хизматрасони, ки ба раванди таълим бевосита ворид мешавад:

ординатор - табибе, ки курси такмили ихтисосро таҳти роҳбарии профессор дар аспирантураи тибби (ординатура) мегузарад;

интернатура - шакли баъди дипломии таҷрибаомӯзи ва такмили ихтисоси табибон дар муассисаи табобати.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.

Моддаи 3. Сиёсати давлати дар соҳаи маориф

Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро яке аз соҳаҳои бартариятнок эълон менамояд.

Давлат барои амали гардидани сиёсати таҳсилот системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, фаъолияти онро барои таъмини ҳуқуқи таҳсили шаҳрвандон равона мекунад.

Асоси ташкилии сиёсати давлат дар соҳаи маориф барномаи рушди маориф мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дастовардҳои ҷаҳони таҳия гардида, ҷиҳати барраси ва тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади рушди маориф ҳамоҳангии фаъолияти вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, шахсони воқеи ва ҳуқуқи таъмин карда мешавад.

Дар мақомоти идораи маориф, дар муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) онҳо таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёси, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъияти ва дини манъ аст.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи маориф

Сиёсати давлати дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:

бартарии маориф дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлати;

ҳатми будани таълими умумии асоси;

дастраси умум будани таълими миёнаи умуми, ибтидоии касби ва мувофиқи қобилият дар асоси озмун гирифтани меъёрҳои минбаъдаи таҳсил;

моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, бартарии арзишҳои миллию умумибашари, рушди озодонаи шахс;

эҳтироми қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;

ҷанбаи илми, дуняви ва башардустонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими;

ягонагии фазои маърифатию фарҳанги, ҳимоя ва рушди фарҳанги милли, анъанаҳои милли дар заминаи маориф;

ҷанбаи демократи ва давлатию ҷамъияти доштани идораи соҳаи маориф;

соҳибихтиёрии муассисаҳои таълими;

муттасил будани таҳсилот, муносибати ҳамгуни давлат ба муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ки системаи ягонаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд;

мувофиқати маориф ба талабот ва вазифаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тамоюли рушди системаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таъмини иттилоотии маориф.

Моддаи 5. Вазифаҳои қонунгузори дар соҳаи маориф

Вазифаҳои асосии қонунгузори дар соҳаи маориф аз инҳо иборатанд:

ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил;

таъмини кафолати ҳуқуқи барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълими ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъияти (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709);

муқаррар намудани салоҳият, ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти мақомоти идоракунии давлати, шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар соҳаи маориф, танзими ҳуқуқии масъалаҳои инкишофи он ва муносибатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия.

Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимои ва молу мулк, ҳуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.

Маҳдуд намудани ҳуқуқи таҳсили касбии шаҳрванд аз рӯи нишонаҳои ҷинси, синну сол, вазъи саломати, мавҷудияти доғи суди ва дигар нишонаҳо танҳо дар асоси талаботи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлати кафолат медиҳад.

Шахс инчунин метавонад ба таври ройгон дар муассисаҳои таълимии давлати, дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касби, олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии касби гирад, агар шаҳрванд таҳсилоти меъёри мазкурро бори аввал соҳиб бошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилот, интихоби муассисаи таълими ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, оилави, фосилави ва экстернат) ҳуқуқ доранд.

Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро махсусан дастгири намуда, ба онҳо ҷиҳати гирифтани таҳсилот кӯмак мерасонад, аз ҷумла барояшон стипендияҳои махсуси давлати муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.

Давлат таъминоти кӯдакону наврасони ятиму бепарасторро дар муассисаҳои таълимии давлати аз ҳисоби маблағҳои буҷети кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти умумии асоси, миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд.

Хатмкардагони муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 7. Забони таҳсил

Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони давлати ва дар маҳалҳои сукунати сернуфуси миллатҳои дигар, дар доираи имконоти мавҷудаи системаи маориф, ба забони модари гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд.

Интихоби озоди забони таҳсил дар муассисаҳои таълими бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, омӯзиши забони давлати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон ва стандартҳои давлатии таҳсилот танзим мегардад.

Таълими забони руси ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва яке аз забонҳои хориҷи ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техникаи муосир, таъмини серҳаракатии касби дар ҳамаи муассисаҳои таълими таъмин карда мешавад.

Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва бариомаҳои таълими

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълими стандартҳои давлатии таҳсилот ҷори карда мешаванд, ки онҳо нишондодҳои зеринро дар бар мегиранд:

ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои марбутаи таълими ва шарту шароити иҷрои онҳо;

ҳадди ақал ва ниҳоии ҳаҷми соатҳои таълимии хонандагон;

талаботи асоси ба дараҷаи тайёрии хатмкунандагон;

мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълими;

ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёри марбутаи таҳсилот.

Иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълими барои ҳамаи муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли гирифтани таҳсилот, ҳатми мебошад.

Барои талабагоне, ки дар муассисаҳои махсус таълим мегиранд, мумкин аст стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот ва барномаҳои махсуси таълими муқаррар карда шаванд.

Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷори кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи, моликият ва мансубияти соҳави, мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф анҷом медиҳад.

Барномаҳои таълими мазмуни меъёри марбутаи таҳсилотро муайян мекунанд. Ба барномаҳои таълими барномаҳои зерин тааллуқ доранд:

таҳсилоти томактаби;

таҳсилоти ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми;

таҳсилоти ибтидоии касби ва миёнаи касби;

таҳсилоти олии касби;

таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби;

таҳсилоти иловаги;

таҳсилоти махсус.

Мӯҳлати меъёрии омӯзиши барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси Қонуни мазкур ва стандарти дахлдори давлатии таҳсилот муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709).

БОБИ 2. СИСТЕМАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 9. Сохтори системаи маориф

Системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи зерин иборат аст:

стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълими;

шакл ва дараҷаи меъёри гирифтани таҳсилот;

шабакаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқи ва моликият (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709);

мақомоти идораи маориф ва муассисаю ташкилотҳои соҳаи маориф;

хонандагон ва тарбиягирандагон (намояндагони қонунии онҳо);

омӯзгорон ва дигар кормандон.

Дар системаи маориф имкон дорад сохторҳои дигаре, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста мебошад, таъсис дода шаванд.

Моддаи 10. Сохтори муассисаҳои таълими

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълими намудҳои муассисаҳои зерин тааллуқ доранд:

томактаби;

таҳсилоти умуми (ибтидои, умумии асоси, миёнаи умуми);

таҳсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби; таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби;

таҳсилоти иловаги;

таҳсилоти махсус;

муассисаҳои таълими барои кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор;

муассисаҳои дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амали мегардонанд.

Муассисаҳои таълими метавонанд вобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият ройгон ва пулаки бошанд.

Андозаи маблағи таҳсилро, аз ҷумла пулакиро, муассисаҳои таълими дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва идораҳои марбута муайян мекунанд.

Моддаи 11. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълими

Муассисаҳои таълимии давлати бо қарори мақомоти ҳокимияти давлати (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати) таъсис меёбанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлати мегузаранд.

Муассисаҳои таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳурияви доранд, танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлати мегузаранд.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, бо қарори шӯрои муассисон (шӯрои сарпарастон), бо ташаббуси шахси (шахсони) алоҳида ё дигар мақомоти соҳибҳуқуқ таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлати мегузаранд.

Азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаи таълими тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ба сохтори мақомоти маҳаллии идораи маориф гузаронидани муассисаи таълимии давлати танҳо бо ризоияти мақомоти мазкур сурат мегирад.

Муассисаҳои давлатии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш барҳам дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709)

Моддаи 12. Тартиби бақайдгирии муассисаҳои таълими

Барои бақайдгирии муассисаҳои таълими муассис ба мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф аризаи бақайдгири, қарори муассис (муассисон) ё шартномаи марбутаи муассисонро дар бораи таъсиси муассисаи таълими, оинномаи муассисаи таълими ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд.

Ҳуқуқи муассисаи таълими дар қисмати идораи фаъолияти молиявию хоҷагидори, ки оинномаи он пешбини намудааст, аз рӯзи бақайдгирии муассисаи марбута ба ҳукми амал медарояд.

Моддаи 13. Тартиби фаъолияти муассисаҳои таълимӣ

Ба муассисаҳои таълимие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатномаро пешбинӣ намудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иҷозатнома дода мешавад.

Муассисаҳои таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ сохтани фаъолияти таълимӣ ва истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузориро пайдо менамоянд.

Тартиби гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529).

Моддаи 14. Муассиси (муассисони) муассисаи таълими

Муассиси (муассисони) муассисаи таълими инҳо шуда метавонанд:

мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии идораи маориф;

иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълими;

фондҳои ҷамъияти ва хусуси, аз ҷумла хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи;

дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи.

Муассисон метавонанд муассисаҳои таълимии муштарак таъсис диҳанд.

Муассиси ҳама навъҳои муассисаҳои таълимии ҳарби танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.

Моддаи 15. Оинномаи муассисаи таълими

Оинномаи муассисаи таълими инҳоро дар бар мегирад:

ном, маҳалли ҷойгиршави ва мақоми муассиса;

муассис (муассисон);

шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият;

маълумот оид ба филиалу намояндагиҳо (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709);

мақсади раванди таълим, навъ ва шакли барномаҳои татбиқшавандаи таълими;

тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла: забони таълим, тартиби қабул ва хориҷ намудани хонандагону донишчӯён, аспирантҳо, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳонҳо, реҷаи кори муассисаи таълими, хизматрасонии пулакии таълим ва тартиби пешниҳоди он;

тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълими ва талабагон ё падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо;

сохтори фаъолияти молияви ва хоҷагии муассисаи таълими, аз ҷумла: тартиби истифодаи объектҳои моликият, ки аз ҷониби муассис (муассисон) ба муассисаи таълими вобаста карда шудаанд, манбаъҳои маблағгузори ва таъминоти моддию техникии муассиса, тартиби ташаккули моликияти муассисаи таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, навъҳои фаъолияти соҳибкории муассис ва фаъолияти пулакии муассисаи таълими;

тартиби идоракунии муассисаи таълими, аз ҷумла: салоҳияти муассис, тартиби ташкили мақомоти идоракунии муассисаи таълими, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандони муассиса ва шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаи таълими;

ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни раванди таълим;

феҳристи санадҳои дохили (фармонҳо, амрҳо ва ғайра), ки фаъолияти муассисаи таълимро ба танзим медароранд.

Оинномаи муассисаи таълимии давлати бояд мақомоти идораи дастаҷамъи, тартиби ташкил ва ваколатҳои онро пешбини намояд.

Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, онро муассис тасдиқ менамояд.

Моддаи 16. Таълиму тарбияи томактабӣ

Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар тарбияи фарзандони худ масъуланд ва таъмини инкишофи ҷисмони, маънави ва зеҳнии давраи аввали кӯдаки ва минбаъд барои ба мактаб омода намудани онҳо вазифадоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёри ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоиди тарбияи фарзандон дар даврони кӯдаки ва синни томактаби бо назардошти майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон (барои кӯдакони ятиму бепарастор) ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзи, оилави ва муассисаҳои ба инҳо баробари давлатию ғайридавлати, аз ҷумла хусуси ташкил карда мешаванд.

Муносибатҳои байни муассисаҳои таълимии томактаби ва падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо шартномаи байни онҳо танзим карда мешаванд.

Омода намудани кӯдакон ба мактаб дар оила ва муассисаҳои томактабӣ ҳатми мебошад.

Мураббиёни муассисаҳои томактабӣ аз рӯи мақом ва музди меҳнат ба муаллимони синфҳои ибтидои баробар мебошанд.

Давлат муассисаҳои томактабиро аз нигоҳи модди ва молияви дастгири карда, дастрас будани хизматрасони, тарбия ва таҳсилоти томактабиро барои оилаҳои камбизоат таъмин менамояд.

Моддаи 17. Таҳсилоти умумӣ

Таҳсилоти умуми аз се зина (ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми) иборат буда, тавассути мактабҳои ибтидои, мактабҳои умумии асоси, мактабҳои миёнаи умуми, гимназияҳо ва литсейҳо амали мегардад. Зинаҳои мазкур мустақилона ё мувофиқан дар таркиби мактабҳои умумии асоси, миёнаи умуми, гимназияҳо ва литсейҳо ташкил дода мешаванд.

Синну сол ва мӯҳлати таҳсилро дар ҳар зинаи таълим Қонуни мазкур ва низомномаи муассисаи таҳсилоти умуми муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634).

Гимназия ва литсей муассисаҳои таҳсилоти умуми ба ҳисоб рафта, фаъолияти онҳо аз рӯи Низомномае, ки мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тасдиқ мекунад, амали мегардад.

Ба синфи якуми мактаби ибтидои ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни шашсола расидаанд, ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634);

Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо тарзи рӯзона, шабона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои рӯзонаи таълими умуми ба таҳсилоти умумии асоси (даҳсола) ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634).

Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии умуми мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи наврасон сурат мегирад. Ҳангоми ба зинаи сеюм гузаронидани хонандагон бо қарори мақомоти идораи муассисаи таълими имкон дорад имтиҳон ҷори карда шавад.

Таҳсил дар мактабҳои миёнаи умумии муассисаҳои таълимии давлати имкон дорад дар баробари таҳсили ройгон бо хоҳиши падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагон дар асоси шартномаи тарафайн пулаки сурат гирад.

Таълими миёнаи умуми бо гирифтани имтиҳон ба анҷом мерасад. Тартиб ва шакли имтиҳонро мақоми давлатии идораи маориф муқаррар мекунад.

Бо қарори мақоми идораи муассисаи таълими ва дар мувофиқа бо мақомоти шаҳри, ноҳиявии идораи маориф барои мунтазам содир намудани амалиёти ғайриқонуни ва вайрон намудани оинномаи муассисаи таълими имкон дорад хонандагони синну солашон ба 17 расида аз мактаб хориҷ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709).

Қарори мазкур нисбати кӯдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти васояту парастори қабул карда мешавад.

Мақомоти маҳаллии идораи маориф бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба мактаби дигар гузаронидани чунин хонандагонро ҳал менамояд.

Тарбия ва таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор дар мактабҳои таҳсилоти умумии муқаррари ё дар хонаи бачагон, мактаб - интернатҳо ташкил карда мешавад.

Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии модди дар муассисаи таълимии миёнаи умуми таҳсилоти ибтидоии касбиро низ ташкил кардан мумкин аст.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомӯзи иҷозатнома (литсензия) доранд, метавонанд дар асоси шартнома бо ташкилотҳо тайёрии ибтидоии касбии хонандагонро ҳамчун хизматрасонии таълимии иловаги, аз ҷумла пулаки, ба роҳ монанд.

Тайёрии ибтидоии касби дар муассисаҳои таълимии миёнаи умуми дар ҳар ҳолат танҳо бо розигии хонандагон ва падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо ташкил карда мешавад.

Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо хонандагони ҷинси мард дар давоми ду соли охири таҳсил ва як маротиба гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ аз рӯи барномаи таълимие, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 05.08.2009 № 545).

Моддаи 18. Таҳсилоти ибтидоии касби

Таҳсилоти ибтидоии касби ба шаҳрвандон мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар заминаи таҳсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми тавассути литсейҳои касби, омӯзишгоҳҳои касби, омӯзишгоҳҳои махсуси касби, комбинатҳои таълими, марказҳо ё дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар дода мешавад.

Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асоси надоранд, ба курсҳои таълими барои гирифтани касб қабул карда мешаванд.

Таҳсилоти ибтидоии касби аз рӯи ихтисосҳои алоҳида имкон дорад дар заминаи таҳсилоти миёнаи умуми амали гардонда шавад.

Таҳсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар мактабҳои таълимии назди ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидори, кооперативҳои истеҳсоли, корхонаҳои воҳид, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, гирифтан мумкин аст.

Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии давлати мувофиқи фармоиши давлати ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлати таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касби шаҳрвандон метавонанд барномаҳои таълими миёнаи умумиро низ омӯзанд.

Моддаи 19. Таҳсилоти миёнаи касби

Шаҳрвандон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби (техникумҳо, омӯзишгоҳҳо, коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар) дар заминаи таҳсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми, ибтидоии касби ихтисос гиранд. Хатмкардагони чунин муассисаҳои таълими таҳсилоти миёнаи касби мегиранд.

Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асоси доранд, баробари таҳсилоти миёнаи касби метавонанд таҳсилоти миёнаи умуми низ гиранд.

Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асоси то 4 сол ва барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умуми то 2 сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709).

Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлати мувофиқи фармоиши давлати дар асоси озмун ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлати таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд.

Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касби доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои олии касби мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд. Мӯҳлати таҳсили чунин шаҳрвандонро дар муассисаи олии касби мақомоти идораи муассисаи мазкур дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.

Моддаи 20. Таҳсилоти олии касбӣ

Таҳсилоти олии касби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таҳсилоти миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва коллеҷҳои мактабҳои олии касби дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, амали гардонда мешавад.

Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати мувофиқи фармоиши давлати дар асоси озмун ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлати таҳсил мекунанд, дар асоси озмун ва шартнома пулаки таълим мегиранд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати дар асоси шартнома пулаки таҳсилоти дуюми оли гиранд.

Таҳсилоти олии касби тавассути донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои олии касбии ба инҳо баробар гирифта мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳо дар баробари филиалҳо метавонанд воҳидҳои дигари сохторӣ - донишкадаҳо ва академияҳои таълимӣ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 407).

Муассисаҳои олии касби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли комплексҳои таълимию илми ё таълимии илмию истеҳсоли вуҷуд дошта метавонанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати бо мақсади аз ҳисоби донишҷуён тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарби ташкил кардан мумкин аст. Кафедраҳои ҳарби ба сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати дохил мебошанд.

Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати мувофиқи низомномаи махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

Моддаи 21. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529)

Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олии касби инкишоф диҳанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529).

Барои тайёр кардани кадрҳои илми ва илмию омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии касби ва муассисаҳои илмие, ки дорои манбаи илми, заминаи лозимии моддию техники мебошанд ва аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, метавонанд магистратура, аспирантура (ординатура), докторантура ва вазифаи ходимони илмиро ҷори намоянд.

Тавассути сохторҳои мазкур таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дарёфт кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529).

Фаъолияти илми дар сохторҳои мазкури муассисаҳои таҳсилоти олии касби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 22. Таҳсилоти иловагӣ

Таҳсилоти иловагиро шахс ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълими, баъд аз хатми муассиса ва ё баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулаки соҷиб шуда метавонад.

Таҳсилоти иловаги дар мактабҳои таҳсилоти умуми ва касбии муқаррари берун аз барномаҳои асосии таълими ё дар муассисаҳои таҳсилоти иловаги амали мегардад.

Ба муассисаҳои таҳсилоти иловаги тааллуқ доранд:

академияҳои хурди илми, қасрҳо, стансияҳо, клубҳо ва марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон;

мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон;

мактабҳои ҳунари, бадеи, мусиқи ва рассоми;

курсҳои дӯзандаги, наққоши, ронандаги;

муассисаҳои солимгардони ва дигар муассисаҳо.

Таҳсилоти иловаги ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъи муассисаҳои иловаги ва таҳсилот, майлу хоҳиши хонандагон, донишҷӯён асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шаҳрвандон пешниҳод мегардад.

Таҳсилоти иловаги, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии давлати ройгон аст.

Таҳсилоти иловаги, ки хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касби дар курсҳои кӯтоҳмуддат мегиранд, тибқи шартнома пулаки ташкил карда мешавад.

Мазмун ва шакли фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловаги дар асоси Оинномаи муассисаҳои таҳсилоти иловаги муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709).

Моддаи 23. Таҳсилоти махсус

Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии системаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия, таҳсил ва офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлони зҳтиёҷ доранд ва гирифтори иллати ҷисмони, рӯҳи мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок ҳисобида мешавад, таъмин менамояд.

Барои кӯдакон ва наврасоне, ки ба табобати тӯлони эҳтиёҷ доранд, мактабҳои таълими умумии солимгардонии санатори, мактаб-интернатҳои санатори, хонаҳои санатории бачагона ташкил карда мешавад.

Барои кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмони, рӯҳи, ки дар мактабҳои таълими умумии муқаррари имкони таҳсил надоранд, мактабҳои махсуси таълими умуми, мактаб-интернатҳо ва сннфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Мактабҳои мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии ҳамин гуна кӯдакону наврасонро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъияти омода месозанд.

Ташхиси кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмони, рӯҳиро дар ҳузури падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо комиссияҳои тиббию омӯзгори, ки бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати таъсис дода мешаванд, мегузаронанд.

Барои наврасони аз 10 - сола боло, ки ахлоқу рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия мӯҳтоҷанд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб мекунанд. муассисаҳои мухталифи махсуси таълиму тарбия, ки офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии онҳоро таъмин мекунанд, таъсис дода мешавад. Ба муассисаҳои мазкур наврасон бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва ё бо қарори суд равон карда мешаванд.

Таҳсилоти махсус дар асоси нақша, барнома ва технологияи муосири таълим, ки вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмони, рӯҳии кӯдакону наврасон таҳия мегарданд, ҷараён мегирад.

Мӯҳлати таълими махсуси умумии ҳатмиро мақомоти давлатии идораи маориф вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмони, рӯҳии кӯдакону наврасон муайян мекунанд.

Таҳсилоти касбии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти махсус дар асоси феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбт, ки ба ҳамин гурӯҳи хатмкардагон мувофиқ, мебошанд, дар мактабҳои махсус ё дар мактабҳои муқаррарии системаи таҳсилоти ибтидоии касби ва миёнаи касби ташкил карда мешавад.

Тарбия ва таҳсили кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти махсус ройгон аст.

Моддаи 24. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот

Муассисаҳои таълимие, ки (ба истиснои муассисаҳои томактабӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи ниҳоӣ мегузаранд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529).

Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон намудҳои зерини ҳуҷҷатҳоро медиҳанд:

шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асоси - барои хатмкунандагони мактабҳои умумии асоси (синфи 10) (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634);

шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умуми - барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умуми (синфҳои 12 (13) (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634);

шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) ба шахсоне, ки аз рӯи муқаррароти пешбинишуда касб омӯхтаанд;

диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касби - барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касби;

диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касби - барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи касби;

диплом дар бораи таҳсилоти олии касби (бакалавр, мутахассис, магистр).

Аз рӯи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассуси (рисолаи илми, маҷмӯи корҳои илми) бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм ё дипломи доктори илм дода мешавад.

Аз рӯи натиҷаи фаъолияти илмию педагоги дар муассисаҳои таҳсилоти олии касби бо тартиби муқарраршуда шаҳодатномаи профессори кафедра ё профессор аз рӯи ихтисос, дотсенти кафедра ё дотсент аз рӯи ихтисос ва шаҳодатномаи ходими калони илми дода мешавад.

Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилотро (ба истиснои таҳсилоти умумии асоси) пурра ба охир нарасонидаанд, гувоҳнома (справка) ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловаги мегиранд, сертификат дода мешавад.

Хонандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умуми, ки синфи 10ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 11, 12 (13) бо баҳои аъло таҳсил намуда, имтиҳоноти хатмкуниро бо баҳои аъло супорида ва дорои рафтори намунавианд, бо медали тилло мукофотонида, ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634).

Ба хатмкунандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умуми, ки синфи 9 - ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 12 (13) бо баҳои аъло хонда, дорои рафтори намунавианд, лекин на бештар аз ду фан баҳои солонаи 4 (хуб) дошта, аммо аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии 5 (аъло) доранд ва имтиҳонҳои хатми синфи 11 (12) - ро бо баҳои 5 (аъло) супоридаанд, бо медали нуқра мукофотонида, ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634).

Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии асоси (синфҳои 1-10) -ро бо баҳои аъло хатм мекунанд, шаҳодатномаи аъло дода мешавад. Ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои миёнаи касби ва олии касбиро бо баҳои аъло хатм мекунанд, дипломи аъло дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634).

Тартиби пешниҳоди шаҳодатномаи аъло ва дипломи аъло, бо медали тилло, нуқра мукофотонидани хонандагон, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Ба хатмкардагони муассисаҳои олии касби дар баробари диплом нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда супурда мешавад.

Ҳуҷҷати намунаи давлати дар бораи дараҷаи таҳсилот, ки бо мӯҳри муассисаи таълимии дахлдор тасдиқ шудааст, яке аз шартҳои асосии давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар ҳуҷҷатҳои намунаи давлати оид ба таҳсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби нишондодашуда, инчунин дараҷаи илмии дар ҳуҷҷатҳои намунаи давлати оид ба таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби нишондодашуда ҳуқуқ доранд ба фаъолияти касби, аз ҷумла дар вазифаҳое, ки барои онҳо талаботи тахассуси ба дараҷаи таҳсилот муқаррар гардидааст, машғул шаванд.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии аз аккредитатсияи давлати гузашта, аз ҷумла хусуси, ба хатмкунандагони худ дар бораи хатм кардани ин муассиса намудҳои ҳуҷҷатҳоеро месупоранд, ки дар ҳамин модда номбар шудаанд ва онҳо баробари ҳуҷҷатҳои намунаи давлати эътибор доранд.

Муассисаҳои ғайридавлати то замони аз аккредитатсияи давлати гузаштан ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро бо мӯҳр тасдиқ мекунанд ва ин ҳуҷҷат барои идомаи таҳсил ё барои бо кор таъмин шудан дар соҳаҳои ғайридавлати, аз ҷумла хусусии муносибатҳои ҷамъияти баробари ҳуҷҷатҳои намунаҳои давлати эътибор дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дахлдор дошта бошанд.

Ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти давлатҳоеро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарэътирофии ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома надоранд, комиссияи нострификатсионии мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф санҷида, баробарарзишии (эквивалентнокии) онҳоро муайян менамояд.

Моддаи 25. Бо кор таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касби

Хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти касби мутобиқи санадҳои меъёрии, ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии давлатиро хатм кардаанд, мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор ва шартномаи тарафайн на камтар аз се сол аз рӯи ихтисос бояд кор кунанд.

Моддаи 26. Ташкили раванди таълиму тарбия

Муассисаҳои таълими раванди таълиму тарбияро мустақилона ташкил карда, онро ба воситаи нақшаи таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо, ки мутобиқи нақшаи намунавии таълимии аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тартибдодашуда тасдиқ карда мешаванд, танзим менамоянд.

Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, мақомоти маҳаллии идораи маориф наметавонанд нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълими тасдиқ кардааст, тағйир диҳанд.

Дар муассисаи таълими интизом дар асоси эҳтироми шаъну эътибори хонандагон, тарбиягирандагон, донишчӯён, омӯзгорон ба роҳ монда мешавад. Истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонию рӯҳи нисбати онҳо норавост.

Дар муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, аз иҷрои вазифаи асоси дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгори, ҷалби хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, аспирантҳо ба корҳои кишоварзи ва дигар корҳои ба таълиму тарбия вобаста набуда, манъ аст.

Дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) овардан ва истифода бурдани телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ аз ҷониби донишҷӯ, докторант, аспирант, унвонҷӯ ва омӯзгор истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим манъ аст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 488).

Падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагон, тарбиягирандагон метавонанд бо рафти таълиму тарбия, инчунин бо баҳои хониши фарзандон шинос шаванд.

Дар системаи маориф имкон дорад хадамоти давлатии психологи, тиббию омӯзгори амал кунад.

БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 27. Мақомоти идоракунии системаи маориф

Идоракунии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти давлатию ҷамъияти дошта, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаҳои таълими амали гардонда мешавад.

Мақомоти идоракунии системаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф;

вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимию тарбияви доранд:

мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии маҳалли;

мақомоти маҳаллии идораи маориф.

Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассис (муассисон) ё бо супориши ӯ Шӯрои сарпарастон тибқи Низомномаи намунавии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи махсус амали менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709).

Моддаи 28. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

роҳбарии самараноки соҳаи маорифро таъмин мекунад;

бо пешниҳоди вазорату идораҳо оид ба таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилотн умуми, миёнаи касби ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳурияви, муассисаҳои махсуси таълиму тарбия. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва сохторҳои он қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709);

барномаҳои давлати, байнидавлати ва байналмилалии инкишофи соҳаи маорифро таҳия, барраси ва тасдиқ намуда, татбиқи ин барномаҳоро аз чиҳати моддию техники ва молияви таъмин менамояд:

тартиби додани иҷозатнома (литсензия). гузаронидани аттестатсия, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълими, тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгори ва илмии муассисаҳои таълимиро муайян мекунад;

феҳристи касбу ихтисосҳоеро, ки бо тарзи экстернат гирифтани онҳо манъ аст, тасдиқ менамояд;

тартиби таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии дигар муассисаҳои таълимии давлатиро муқаррар менамояд:

феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбиро муайян мекунад;

меъёри маблағгузории системаи маориф, тартиби маблағгузории буҷетии муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлатиро муайян мекунад;

ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатиро бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусусиро тасдиқ мекунад:

ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилот муайян намуда, Низомномаи пешниҳоди шаҳодатномаи аъло ва дипломи аъло, бо медали тилло, нуқра мукофотонидани хатмкунандагони муассисаҳои таълими, имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро тасдиқ мекунад;

андозаи ҳадди ақали меъёри (ставкаи) музди кор ва маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таълими, меъёр ва тартиби пешниҳоди имтиёзҳо ва стипендияро барои кормандони илмию омӯзгори, хонандагон, донишҷуён, аспирантҳо, докторантҳо ва муҳаққиқони ба вазифаи ходимони илми гузаронидашуда, андозаи маблағҳои таълими иловагиро муайян менамояд;системаи ягонаи маълумоти омории соҳаи маорифро ташкил медиҳад.

Моддаи 29. Салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амали мегардонад;

раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, назорат мекунад:

дар бораи ҳамкори дар соҳаи маориф мутобиқи тартиби муқарраршуда шартнома ва дигар санадҳоро ба имзо мерасонад:

низомномаҳои намунавин муассисаҳои таълимиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълими низомномаҳоеро, ки фаъолияти муассисаҳои мазкурро танзим менамоянд, таҳия ва тасдиқ мекунад;

оид ба таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти умуми, миёнаи касби ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳурияви, муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи сохтори Вазорат, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон са сохторҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709):

барои фаъолияти таълими иҷозатнома (литсензия) медиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 143);

стандартҳои давлатии таҳсилотро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

нақшаҳо ва барномаҳои таълимии намунавиро барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро аз тарафи муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мансубияти соҳави, назорат менамояд;

таҳия, тасдиқ ва нашри китобҳои дарси, васоити таълими ва маводи таълимию методиро ташкил мекунад:

масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории кадрҳоро барраси ва ҳал намуда, мазмун ва тартиби такмили ихтисоси кормандони соҳаи омӯзгориро муайян мекунад ва онҳоро аз аттестатсия мегузаронад;

дар ҳамоҳанги бо вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба таъминоти моддию молиявии муассисаҳои таълими, меъёри (ставкаи) музди кор ва маоши вазифавии кормандони онҳо таҳия намуда, ба мақомоти болои барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

бо мақсади муқаррар намудани мазмун. дараҷа ва сифати тайёр кардани мутахассисон тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилот дар ҳар 5 сол дар асоси Низомномаи муқарраршуда аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро ташкил менамояд;

тибқи натиҷаи аттестатсияи давлати бо мақсади муқаррар намудани мақоми (статуси) муассисаҳои таълими дар ҳар 5 сол дар асоси Низомномаи муқарраршуда аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро амали мегардонад ва ба онҳо варақаи аккредитатсия медиҳад;

бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои олии касби, муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касби, мактаб - интернатҳои дорои мақоми ҷумҳурияви ва дигар муассисаҳои махсуси сохтори вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 634);

роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои сохтории худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

роҳбарони идораҳо ва шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияро бо розигии хаттии раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 22.12.2006 № 222);

ба таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва кушодани вазифаи ходимони илми дар муассисаҳои олии касби, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва донишкадаи такмили ихтисос иҷозат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709);

қоидаҳои умумии қабули хонандагон ва донишҷуёнро дар муассисаҳои таҳсилоти умуми ва касби, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо, таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро таъмин менамояд;

дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ба роҳ мемонад;

бозомӯзи, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони соҳаи маорифро ташкил ва таъмин менамояд:

фаъолияти муассисаҳои таълими ва тарбиявии соҳаи маорифро таъмин ва назорат намуда, аз маблағҳои дар ихтиёраш буда онҳоро маблағгузори мекунад;

ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти идораи маориф, муассисаҳои таълимиро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи, моликият ва мансубияти соҳавии онҳо, таъмин менамояд.

Моддаи 30. Салоҳияти вазорату идораҳои дигар дар соҳаи маориф

Вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф:

оид ба таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти умуми, миёнаи касби, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ дорои мақоми ҷумҳурияви, муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи соҳаи худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529);

бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои олии касби ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ муовинони онҳо, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби ва таҳсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529);

раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии соҳаи марбута таъмин мекунанд;

нақшаю барномаҳои таълими, китобҳои дарсии муассисаҳои таълимии соҳаҳои марбутаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф пешниҳод менамоянд ва нашри онҳоро ба роҳ мемонанд;

бозомӯзи ва такмили ихтисос, аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии сохтори худро ташкил ва таъмин менамоянд;

фаъолияти муассисаҳои таълими ва тарбиявии сохтори худро таъмин ва назорат намуда, аз маблағҳои дар ихтиёрашон буда онҳоро маблағгузори мекунанд.

Моддаи 31. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати:

сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амали менамоянд, барномаҳои минтақавии инкишофи соҳаи маорифро бо назардошти хусусиятҳои милли, иҷтимои, фарҳанги, демографи ва ғайра таҳия намуда, амали мегардонанд;

мақомоти дахлдори давлатии идораи маорифро ташкил ва роҳбари менамоянд;

муассисаҳои таҳсилоти умуми, ибтидоии касби ва иловагии давлатиро, ки мақоми маҳалли доранд. дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва дигар мақомоти марбута таъсис, аз нав ташкил ва барҳам медиҳанд;

буҷети маҳалли, аз ҷумла буҷети маориф ва фондҳои дахлдори инкишофи маорифро ташаккул дода, меъёрҳои маҳаллии маблағгузории системаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамоянд;

шароити мусоиди инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълими ва ташкилотҳои маҳаллии маорифро таъмин менамоянд;

имтиёзҳои иловагиро бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди маориф муқаррар мекунанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529);

аз ҳисоби маблағҳои худ меъёрҳои иловаги ва шаклҳои таъмини моддии хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷуён ва кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимиро муқаррар мекунанд;

бозомӯзи, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони соҳаи омӯзгориро дар робита бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ташкил ва маблағгузори менамоянд;

хонандагони (тарбиягирандагони) муассисаҳои таълимии давлатиро бо хизматрасонии ройгон ва (ё) имтиёзноки тибби таъмин мекунанд.

Моддаи 32. Салоҳияти мақомоти маҳаллии идораи маориф

Мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо:

муассисаҳои таълимиро, ки аз буҷети маҳалли маблағгузори мешаванд, намояндаги мекунанд:

кӯдакони синни томактаби ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, таҳсили онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асоси ташкил мекунанд;

васояту парастории кӯдакони ноболиғро, ки аз парастории падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) маҳрум мондаанд, муқаррар намуда, онҳоро дар хонаҳои кӯдакон ё интернатҳо ҷойгир мекунанд, дигар васи ё парасторро таъин мекунанд ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегиранд;

мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартҳои давлагии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори маҳалли, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд;

бо супориши мақомоти болоии идораи маориф аттестатсияи кормандони соҳаи маорифро гузаронда, ба онҳо дараҷаҳои тахассуси медиҳанд;

супориши давлатии таълимро дар асоси озмун оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисон дар муассисаҳои касбомӯзи, литсей ва коллеҷҳои касбомӯзии маҳалли иҷро мекунанд;

роҳбарони муассисаҳои давлатии таълиму тарбияи томактаби, муассисаҳои таҳсилоти умуми, ибтидоии касби ва иловагиро, ки аз буҷети маҳалли маблағгузори мешаванд, дяр мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;

ба мақомоти болои дар бораи масъалаҳои таҳсилоти томактаби, таҳсилоти умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва иловаги ҳисоботи омори пешниҳод менамоянд;

оинномаҳои муассисаҳои таълнмии давлатиро, ки аз буҷети маҳалли маблағгузори мешаванд, тасдиқ мекунанд;

такмили ихтисоси омӯзгоронро дар зинаи маҳалли тавассути шабакаи кабинетҳои методи ба нақша мегиранд ва ташкил мекунанд;

- дар доираи салоҳияти худ муассисаҳои таълимиро аз аттестатсия мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 529).

Моддаи 33. Салоҳияти муассисаҳои таълими

Ба салоҳияти муассисаҳои таълими дохил мешавад:

таҳияи лоиҳаи Оиннома;

таҳия ва тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохили;

таҳия ва тасдиқи накшаи кории таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо;

ташаккул додани шумораи хонандагон ва тарбиягирандагон мутобиқи иҷозатнома (литсензия) барои ҳуқуқи фаъолияти таълими, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд;

ташкил ва такмили таъмини методии раванди таълиму тарбия;

гузаронидани назорати зарурии сатҳи пешрафт дар таҳсил, аттестатсияи мобайни ва ҷамъбастии хонандагон;

тасдиқи сохтори идораи муассисаи таълими, ҷадвали вазифаю маош, тақсими ӯҳдадориҳои вазифаги:

муқаррар кардани иловаҳо ба маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлати, тарғиб ва андозаи мукофотпули мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

таъмини моддию техники, ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимии давлати мутобиқи талаботи меъёри;

ҷалб намудани манбаъҳои молияви ва воситаҳои моддии иловаги барои иҷрои фаъолияти оинномави бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

фароҳам овардани шароити зарури барои кори ҷузъу нуқтаҳои ташкилотҳои хӯроки умуми ва муассисаҳои тибби, назорат ба кори онҳо бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии хонандагон, тарбиягирандагон ва кормандон;

саривақт ба хонандагону тарбиягирандагоне, ки ба оилаҳои камбизоат тааллуқ доранд, додани имтиёзҳои иловаги ва намудҳои таъминоти модди, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст;

мусоидат ба фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълими, омӯзгорон;

амали намудани дигар фаъолияте, ки Оинномаи муассисаи таълими пешбини кардааст.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ҳамчун қисми таркибии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии давлати салоҳият ва аҳамият доранд.

Моддаи 34. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлати

Идоракунии муассисаҳои таълимии давлати мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таъсиси онҳо амали гардонда мешавад.

Роҳбарии умумии муассисаи таълимии давлатиро шӯрои муассиса, роҳбарии бевоситаро мудир, директор, ректор ё дигар сарвар иҷро мекунад.

Роҳбарони муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактаби, умумии асоси, миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби, касбии баъд аз муассисаи олии касби, иловаги ва махсус мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти марбутаи давлати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Тафриқаи салоҳиятҳои шӯрои муассисаи таълими ва роҳбарии онро Оинномаи муассисаи таълими танзим мекунад.

Ба роҳбарони муассисаҳои таълими ишғоли дигар вазифаҳои роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарин илми, илмию методи дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.

Дахолати мақомоти идораи давлати ба фаъолияти таълими, илми, илмию методи, хоҷагидорию молияви ва дигар фаъолияти муассисаҳои таълимии давлати танҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

Моддаи 35. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлати

Муассисаи таълимии ғайридавлати мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои муассиси он идора карда мешавад.

Идоракунии бевоситаи муассисаи таълимии ғайридавлатиро муассиси он ё бо супориши он шӯрои парасторон, ки муассис ташкил медиҳад, иҷро мекунад.

Салоҳияти шӯрои парасторон, тартиби идоракунии дохилии муассисаи таълимии ғайридавлати, инчуиин қоидаи таъин ё интихоби роҳбари муассисаи марбута, салоҳияти онро муассиси муассисаи мазкур дар мувофиқа бо ҳайати омӯзгорони он муайян мекунад.

Дар муассисаҳои таълимии ғайридавлати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълими омӯзгорон таъсис дода шуда, фаъолият мекунанд.

Моддаи 36. Худидоракунии муассисаҳои таълимии давлати

Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимии давлати (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳои муассисаҳои таълимии давлати, шӯрои муассисаи таълими, шӯроҳои омӯзгорон, илми, илмию методи, директорон, ректорон, донишҷуён, аспирантҳо, созмонҳои талабагон, кумитаҳои парасторон, мушоҳидон, падару модарон ва ғайра) тадбирҳои зеринро амали мегардонанд:

манфиатҳои омилҳои раванди таълиму тарбияро ташаккул ва ифода намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд:

нақшаи фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаи таълимиро муайян менамоянд:

вазъи молиявию хоҷагии муассисаи таълимиро назорат мекунанд.

Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълими чун қоида намояндагони ҳайати профессорону муаллимон, донишҷӯён, аспирантҳо, хонандагон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълими, омӯзгорон дохил шуда метавонанд.

Моддаи 37. Асосҳои илми ва таъминоти илмии соҳаи маориф

Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси комёбиҳои илму техника, фарҳанг ва мутобиқи анъанаҳои милли ва умумибашари инкишоф ва такмил меёбад.

Мақомоти давлатии идораи маориф якҷоя бо Академияи илмҳои ҷумҳури, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои илми - тадқиқоти комёбиҳои илму техника ва фарҳангро дар кори муассисаҳои таълиму тарбия ҷори менамоянд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709).

Таъминоти илмии соҳаи маорифро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касби, институтҳои илми - тадқиқотии соҳави, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар мақомоти илмию методи дар ҳамкори бо иттиҳодияҳои эҷоди ва ширкатҳои комили дахлдор амали мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 709).

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Моддаи 38. Субъектҳои раванди таълиму тарбия

Субъектҳои раванди таълиму тарбия инҳоянд:

тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷуён, коромӯзон, аспирантҳо (ординаторҳо), докторантҳо, довталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълими ва илми, шунавандагони шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касби, системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо:

мураббиён, устоҳои таълими истеҳсоли, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгори;

ходимони илми, кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловаги, аз ҷумла, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон;

падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) тарбиягирандагон ва хонандагон, мураббиёни хонаҳои бачагон:

намояндагони ташкилоту муассисаҳои заминави, дигар ташкилоту муассисаҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъияти, инчунин шаҳрвандони алоҳида, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбия иштирок мекунанд.

Моддаи 39. Ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия

Ҳуқуқ ва ҳимояи субъектҳои раванди таълиму тарбия тавассути Конститутсияи (Сарқонуии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусусии аз аккредитатсияи давлати нагузашта таҳсил мекунанд. ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои хатмкуниро дар муассисаҳои таълимии давлатии аккредитатсия дошта ба таври экстернат супоранд.

Шаҳрвандон метавонанд таҳсилро дар муассисаҳои таълиму тарбия бо сабабҳои асоснок қатъ гардонанд ва таҳсилро мувофиқи касбу ихтисоси гирифтаашон идома диҳанд.

Хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълими ҳуқуқ доранд, аз амали (беамалии) ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандон, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ё қадру эътиборашонро паст мезананд, мутобиқи қонун худро ҳимоя кунанд.

Хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълимии давлатиро муассис бо стипендия, мададпули, хобгоҳ (барои сокинони деҳот ва шаҳрҳои дигар), ёрии тибби ва солимгардони ва дигар ёрии модди, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд.

Аспирантҳо, докторантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илми аз ҳисоби маблағҳои тарафи фиристода таъмин карда мешаванд.

Хонандагон ва донишҷуён ҳангоми таълими истеҳсоли, таҷрибаомӯзи мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ҷои кор, шароити бехатарии меҳнат ва дар асоси шартнома бо музди меҳнат таъмин мегарданд.

Барои шаҳрвандоне, ки дар муассисахои тарбияви ва ислоҳи мебошанд, роҳбарияти чунин муассисаҳо якҷоя бо мақомоти идораи маориф барои гирифтани таҳсилоти умумии асоси ва таҳсилоти ибтидоии касби, тайёрии касби ва ҳамчунин худомӯзии онҳо шароит фароҳам меорад.

Маҷбуран аъзо намудани хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълими ба узвияти ташкилотҳои дини, ҷамъиятию сиёси, харакату ҳизбҳои сиёси, инчунин маҷбуран ҷалб намудани онҳо ба тарғибу ташвиқ дар ҷараёни маъракаҳои сиёси манъ аст.

Дар сурати қатъ гардидани фаъолияти муассисаи таълими, мақомоти идоракунии маориф ва муассис ба муассисаҳои таълимии дигар гузаронидани хонандагону тарбиягирандагон ва донишҷӯёнро таъмин менамоянд.

Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии давлати ба муассисаи дигари таълими, аз ҷумла ғайридавлати, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ҳуқуқи гузаштан доранд.

Хонандагон, донишҷӯён, ки ба оилаҳои камбизоат тааллуқ доранд ва дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касбии давлати дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои 4 (хуб) ва 5 (аъло) супоридаанд, имкон доранд ба гурӯҳҳои марбутаи ройгон гузашта таҳсилро идома диҳанд.

Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои ройгон гузаронидани чунин хонандагон, донишҷӯёнро комиссияи марбутаи мақомоти давлатии идораи маориф муайян мекунад.

Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии ғайридавлати ба муассисаи дигари таълими, аз ҷумла давлати, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ҳуқуқи гузаштан доранд.

Тартиби бо таври истисно аз як муассисаи таҳсилоти касби ба дигар муассисаи таҳсилоти касби гузаштани хонандагону донишҷӯёнро, аз ҷумла ройгон ё пулаки будани таълимро, мақомоти давлатии идораи маориф муайян мекунад.

Муассиси муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ки аккредитатсияи давлати доранд, хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, аспирантҳо ва дигардовталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои хонандагон, тарбиягирандагону донишҷӯён, аспирантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлати пешбини шудаанд, таъмин менамояд.

Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси таҳсил мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсатии иловаги аз ҷои кор, кам кардани рӯз ва ҳафтаи кори ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар ҳолати мавҷуд будани даъватномаи муассисаи таълими ҳуқуқ доранд.

Моддаи 40. Фаъолияти омӯзгори

Ба фаъолияти омӯзгори шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёнаи касби, олии касби буда, малакаи зарурии касби ва сифатҳои баланди ахлоқи дошта бошанд.

Кормандони соҳаи омӯзгори давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Мувофиқи натиҷаи аттестатсия ба вазифаи ишғолкарда сазовор будани корманд, меъёри ихтисос ва дараҷаи он муайян карда мешавад.

Кормандони соҳаи омӯзгорие, ки кирдори содир намудаашон ба минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгори мухолиф аст, ба вазифаашон сазовор дониста намешаванд, ё худ омӯзгороне, ки вазъи саломатиашон садди иҷрои вазифаҳои омӯзгори мегардад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори омӯзгори озод карда мешаванд.

Шахсоне, ки мувофиқи ҳукми суд ё нишондодҳои тиббии рӯйхаташон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, бо фаъолияти омӯзгори машғул шуданашон манъ карда шудааст, ба кори муассисаҳои таълими иҷозат дода намешаванд.

Тартиби пурра кардани ҳайати кормандони муассисаҳои таълими бо оинномаҳои онҳо танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнати бо шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки байни корманд ва муассисаи таълими баста шудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 41. Ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони соҳаи омӯзгори, дигар кормандоии соҳаи маориф

Кормандони соҳаи омӯзгори, ходимони илми, дигар кормандони муассисаҳои таълимию тарбияви, муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин кормандони нашрияҳои маориф ҳуқуқҳои зайл доранд:

ҳимояи шараф ва шаъну эътибори касби, таъмини шароити зарури барои фаъолияти касби, такмили ихтисос аз рӯи тартиби муқарраршуда, ташаббуси омӯзгори ва густариши таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озоди шакл, методу усулҳои самарабахши таълим, рухсатиҳои илми барои такмили ихтисос:

иштирок дар идораи муассисаҳои таълимию тарбияви, таъминоти тибби, табобат дар санаторияю нстироҳатгоҳҳо, истифодаи ройгон ё имтиёзноки хадамоти умуми (коммунали), ба истиснои қувваи барқ ва гази табий дар шаҳру деҳот;

ба андозаи маоши вазифавин якмоҳа гирифтани кӯмакпулии тибби ҳангоми рухсатии меҳнатии навбати;

ба ҳавасмандгардонии маънави барои комёбиҳо дар фаъолияти омӯзгори ва тарбияи насли наврас, мукофотонидан бо ордену медалҳо, гирифтани унвонҳои фахри.

Кормандони омӯзгории соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи пардохти рухсатии бардавом истифода мекунанд.

Кормандони омӯзгорие, ки собиқаи кории бетанаффуси на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълими ё дигар соҳа кор кунанд. Ба омӯзгорони ҷавон шароити зисти зарури таъмин карда мешавад.

Кормандони соҳаи омӯзгори, ки бемории кӯҳна доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгори ба рухсатии дарозмӯҳлати то яксолаи бо пардохт ҳуқуқ доранд. Номгӯи бемори, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмӯҳлат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Аз иҷрои вазифаи касби бе асосҳои муайяннамудаи қонун дур кардани кормандони соҳаи омӯзгори манъ аст.

Омӯзгорон ва дигар кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии ғайридавлати ба имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлати пешбини шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

Кормандони соҳаи омӯзгори вазифадоранд:

азхудкуни ва иҷрои барномаҳои таълимию илмиро дар сатҳи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот аз тарафи хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, коромӯзон, аспирантҳо ва ғайраҳо таъмин намоянд;

ба рушду инкишофи қобилияти тарбиягирандагон, хонандагон ва донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи эҳтиром доштани падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию милли, таърихи ва рамзҳои давлатии Тоҷикистон тарбия кунанд;

хонандагонро дар рӯҳи муносибати эҳтиёткорона ба сохти давлатию иҷтимои, расму оинҳо, муҳити зист тарбия намоянд;

одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд, ҳуқуқ ва қадру эътибори кӯдак, хонанда, донишҷӯро эҳтиром кунанд;

кӯдакону наврасонро аз аъмоли зӯроварии ҷисмонию рӯҳи ҳимоя намоянд, дар бобати пешгирии истеъмоли машрубот ва моддаҳои нашъаовар кор баранд;

сатҳи маърифатии худро такмил дода, ба дараҷаи баланди фаъолияти касби ноил шаванд.

Моддаи 42. Ҳуқуқ ва вазифаҳои падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) дар соҳаи маориф

Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд), ҳуқуқ доранд:

барои кӯдакони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия, шакли таълимро интихоб намоянд;

дар кори мақомоти худидораи муассисаҳои таълимию тарбияви иштирок намоянд;

ба мақомоти давлатии идораи маориф ва худидораи муассисаҳои таълимию тарбияви оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд;

манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлати ва суд ҳимоя кунанд;

барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълими, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълими тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.

Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) вазифадоранд:

барои сиҳатии ҷисмони ва рӯҳии кӯдак пайваста ғамхори кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарури муҳайё созанд;

ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳимоя намоянд;

фарзандонро дар рӯҳи башардӯсти, меҳнатдӯсти, ҳисси накӯкори, раҳмдили, эҳтироми аҳли оила, забони модари, адабиёту таърих ва анъанаҳои миллии фарҳангии халқи худ, эҳтироми арзишҳои милли, таърихи ва фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд;

ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълими мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд:

фарзандонро дар рӯҳи эҳтироми қонун, хукук, озодии инсон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.

Падару модаре (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), ки садди роҳи таълимгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътибори зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

БОБИ 5. ИҚТИСОДИЁТИ СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 43. Принсипҳо ва шароитҳои татбиқи фаъолияти молиявию хоҷаги дар системаи маориф

Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти таълимию истеҳсоли, илми ва хоҷаги, инкишофи иҷтимоию иқтисодии маорифро маблағҳои буҷети ва ғайрибуҷети, аз ҷумла маблағи худи муассисон ва дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳанд.

Давлат ҳар сол барои фаъолияти системаи маориф маблағ ҷудо менамояд.

Ба муассисаҳои таълими дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда ва аз дигар сарчашмаҳо воридшуда мустақилияти молиявию хоҷаги дода мешавад.

Муассисаи таълими метавонад мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои иловаги, аз ҷумла асъориро, бо роҳи хизматрасонии иловагии пулаки ва дигар фаъолият, ки оинномааш пешбини кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкори ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи, ҷалб намояд.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълими инҳо мебошанд:

даромад аз фурӯши маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонии муассисаҳои таълимию истеҳсоли;

воридот аз иҷрои корҳо ва хизматрасониҳое, ки хусусияти илми, илмию методи доранд;

омодасози, такмили ихтисос ва бозомӯзии пулакии кадрҳо дар муассисаҳои таълимии давлати дар асоси шартнома;

фаъолияти тиҷоратию истеҳсоли дар раванди таълим ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории ҷумҳури манъ накардааст ва агар онҳо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълими набошанд;

пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкори ва дигар маблағҳое, ки аз ташкилотҳои давлати ва ғайридавлати, ҷамъияти ва шахсони алоҳида ворид мешаванд;

қарзи бонки ва ташкилотҳои кредити.

Маблағи муассисаҳои таълимии давлати мутобиқи Низомномаҳои намунави, ки Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ва Оинномаи муассисаҳои таълими истифода бурда мешаванд.

Меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии давлати дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимии давлати ба муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, низ тааллуқ доранд.

Раванд ва тартиби истифодаи маблағҳои муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ки аз манбаъҳои манънашудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбанд, мутобиқи Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи дахлдор муайян карда мешаванд.

Давлат ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати метавонанд муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии ғайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, дар доираи хароҷоти таҳсили хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии асосии давлати аз нигоҳи молияви дастгири намоянд.

Моддаи 44. Пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълими

Андозаи музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Музди кори омӯзгорию ташкилие, ки илова ба ӯҳдадориҳои вазифави иҷро карда мешавад, мувофиқи қонунгузории ҷори пардохта мешавад.

Муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, дар доираи маблағҳои барои музди меҳнат ҷудокардашуда метавонанд мустақилона шаклу системаи пардохти музди меҳнат, меъёри (ставкаи) иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии кормандони соҳаи омӯзгориро тибқи Кодекси меҳнат муқаррар намуда, шаклҳои тафриқа (дифференсиатсия) додашудаи пардохти иловапули ва мукофотпулиро истифода баранд.

Меъёри (ставкаи) маоши вазифавии муаллимони синфҳои ибтидои нисбати меъёри (ставкаи) маоши вазифавии муаллимони дигар ба андозаи 10 фоиз зиёд муқаррар карда мешавад.

Ба кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълими ва кормандони нашрияҳои маориф бо мақсади рафъи эҳтиёҷашон ба китоб, маводи таълимию методи ва дигар воситаҳои худомӯзи ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи маоши вазифави дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда музд пардохта мешавад.

Моддаи 45. Андозбанди дар соҳаи маориф

Муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, кормандони соҳаи омӯзгори мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурин Тоҷикистон андоз месупоранд, аз андоз озод мешаванд ваё аз нмтиёзҳои андозбанди истифода мебаранд.

Бо мақсади ҷалби сармояи (инвеститсияи) дохилию хорнҷи ба системаи маориф давлат барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузори мекунанд, андозҳои имтиёзнок пешбини мекунад. Тартиб ва андозаи имтиёзҳои мазкурро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

Моддаи 46. Ҳуқуқи молу мулкии муассисаҳои маориф

Молу мулки муассисаҳои маориф имкон доранд бо қарори муассисон ба ихтиёрдории онҳо супорида шавад.

Муассисаҳои давлатии таълиму тарбия ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молу мулки давлати соҳиби кунанд, онҳоро истифода баранд ва ихтиёрдори намоянд.

Моддаи 47. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълими

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлати бо хоҳиши падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) таълими иловагии пулаки дар асоси шартнома ташкил карда мешавад.

Таълими иловагии пулаки берун аз нақшаи таълими ва аз рӯи самтҳои зерин амали мегардад:

барномаҳои алоҳидаи таълими ва фанҳое, ки дар стандарти давлатии таҳсилот пешбини нашудаанд;

омӯзиши амиқи мавзӯи дарсҳо, агар чунин омӯзишро намуди дахлдори муассисаи таълими муайян накарда бошад;

дигар намудҳои таълим берун аз стандарти давлатии таҳсилот.

Маблағҳои таълими иловагиро падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ба суратҳисоби муассисаи таълими мепардозанд.

Дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумин асоси ва миёнаи умумии давлати падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) метавонанд барои таъмири ҷории синфхонаҳо, биноҳои таълими ва хариди таҷҳизоти таълимии зарури маблағҳои ихтиёри ҷудо кунанд. Маблағҳои ихтиёри бо қарори кумитаи падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунаид) дар асоси сметаи хароҷоте, ки муассисаи таълими пешниҳод мекунад, тавассути кассаи муассисаи таълимии мазкур бо мақсад истифода мешаванд.

Ба кормандони соҳаи омӯзгори, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо, парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълими ҷамъоварии маблағи нақди ва ғайринақди аз хонандагон ва падару модарони онҳо (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) манъ аст.

Ба омӯзгорони ҳамаи шаклҳои муассисаҳои таълими фаъолияти пулакии омӯзгори ва дигар намуди фаъолияти соҳибкори, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар асоси шартнома иҷозат дода мешавад. Андоз аз даромади чунин навъҳои фаъолият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлати ҳақ доранд, ки дар асоси шартнома аз хонандагону тарбиягирандагон барои хизматҳои таълимию тарбияви, аз ҷумла барои таълим дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот маблағ гиранд.

Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии мазкур фаъолияти тиҷорати ҳисобида намешавад, дар сурате, ки агар даромад аз чунин фаъолият пурра барои пардохти хароҷоти раванду такмили таълиму тарбия, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат дар муассисаи таълимии марбута сарф карда шавад.

Муносибати байни муассисаи ғайридавлатии таълими ва хонанда, тарбиягиранда, падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо шартномае, ки дараҷаи таҳсилот, мӯҳлати таълим, андозаи музди меҳнат, пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд, танзим мегардад.

Моддаи 48. Заминаи моддию техникии муассисаи таълими

Ба заминаи моддию техникии муассисаи таълими биноҳо, иншоот, коммуникатсия, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволе, ки таҳти идораи оперативии муассисаҳо мебошанд, дохил мешаванд.

Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълими дар асоси принсипи афзалиятноки ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида рушд меёбад.

Заминаи моддию техники-биноҳо, иншоот ва амволи муассисаҳои таълимиро ба мақсадҳои хилофи вазифаҳои асосии онҳо, раванди таълиму тарбия ва фаъолияте, ки Оинномаи онҳо пешбини накардааст, истифода бурдан манъ аст.

Қитъаи замини мавриди истифодаи муассисаю ташкилотҳои системаи маориф ба онҳо беподош ва бемӯҳлат дода мешавад.

Моддаи 49. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон

Мутахассисон дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таълими ва вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи тайёр карда мешаванд.

Моддаи 50. Фонди таълим

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми имкон дорад фонди таълим таъсис дода шавад.

Фонди таълим ба андозаи на бештар аз 1 фоизи сметаи хароҷоти муассисаҳои таълими, инчунин аз ҳисоби маблағҳои эҳсонкории ташкилотҳои давлати ва ғайридавлати, ҷамъияти, шахсони алоҳида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъсис мегардад.

Фонди таълим барои таъмини талаботи модди ва истеъмолии хонандагони оилаҳои камбизоат, дигар намудҳои ёрии модди, ки қонунгузори муқаррар намудааст, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию маънави, ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон сарф карда мешавад.

Моддаи 51. Эҳсонкори

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълиму тарбия манзилгоҳ ва биноҳои ғайриистиқомати сохта, онҳоро бо таҷҳизот, асбобу анҷоми лозими муҷаҳҳаз намоянд, ба таври хайрия китоб, амвол ва маблағ диҳанд. Муассисаҳои таълиму тарбия метавонанд хайрияро бо мақсади такмил додани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълими, таъсиси фонди таълим ва беҳтар гардонидани раванду такмили таълиму тарбия истифода баранд.

Моддаи 52. Ҳифзи тандурусти, ташкили хӯрок ва хизматрасонии мадани дар системаи маориф

Муассисаи таълими шароити заруриро, ки ба ҳифз ва таҳкими тандурустии хонандагону тарбиягирандагон нигаронида шудааст, муҳайё месозад.

Муассисаҳои таълими ҳақ доранд хӯроки хонандагону муаллимон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгориро мустақилона аз ҳисоби маблағҳои дар ихтиёрашон буда ташкил намоянд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, соҳибкорон, роҳбарони ташкилотҳо метавонанд дар ташкили хӯроки ройгон барон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми ва хӯроки имтиёзнок барои хонандагони муассисаҳои ибтидоии касби ва миёнаи касби кӯмак расонанд.

Мақомоти давлати, ки ба масъалаҳои маориф роҳбари мекунанд, ба муассисаҳои таълиму тарбия барои инкишофи ҷисмонии хонандагон, тарбиягирандагон ва донишҷӯён ёрии зарури мерасонанд.

Барои ташкили хизматрасонии тибби, инкишофи маънави ва бехатарии шароити таълиму тарбияи хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳо, мақомоти давлатии идораи маориф, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии идораи маориф, мақомоти идораи тандурусти ва ташкилотҳои он, роҳбарони бевоситаи муассисаҳои таълиму тарбия масъул мебошанд.

Хизматрасонии тибби барои кӯдакону наврасони ҳамаи намуди муассисаҳои таълими ройгон аст.

БОБИ 6. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 53. Ҳамкории байналмилали

Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи сохторҳои соҳаи маориф, муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф ҳуқуқ доранд бо муассисаю ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали робитаи мустақим барқарор намоянд.

Таълим, бозомӯзи ва такмили ихтисоси шаҳрвандони хориҷи дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои мустақиле, ки муассисаю ташкилотҳо, мақомоти идораи маориф, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои муассисаҳои таълими, дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебанданд, сурат мегирад.

Моддаи 54. Фаъолияти иқтисодии хориҷи

Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи сохторҳои маориф, муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқи фаъолияти иқтисодии хориҷи бошанд, аз номи худ бо тарафи хориҷи созишномаҳо банданд ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.

Муассисаҳои таълимии дорои фаъолияти иқтисодии хориҷи метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби сомони ва асъори кушоянд.

Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷи ба муассисаи таълими ворид мешавад, бо ҳуқуқи соҳибмулк ба ӯ тааллуқ дорад ё дар ҳуқуқи оперативии истифодаи он қарор мегирад ва онро бидуни иҷозати муассисаи мазкур гирифтан мумкин нест. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таълими, инкишофи заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи омӯзгори истифода бурда мешавад.

Муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф якҷоя бо ширкатҳои хориҷи метавонанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд.

Моддаи 55. Ҷавобгари барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 56. Аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи маориф" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 1994, № 1, мод. 30; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995. № 22, мод. 272; с. 1996, № 23, мод. 360; с. 1997, № 9. мод. 117, фасли III; с. 2003, № 12, мод. 690) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 57. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

17 майи соли 2004 № 34

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАОРИФ

(Қонун аз 28.12.2005с. № 143, аз 22.12.2006с.№ 222)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодии инкишофи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, сохтори системаи маориф, принсипҳои танзим, идоракунӣ, ваколату самтҳои фаъолияти мақомоти онро муқаррар менамояд ва барои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф заминаи ҳуқуқӣ мебошад.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1 Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

маориф - раванди бомароми таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки дар он соҳиби меъёри муайяни таҳсилот гардидани шаҳрвандро давлат муқаррар кардааст;

соҳиби таҳсилот - ба меъёри муайяни таҳсилот соҳиб шудани шаҳрванд мебошад, ки бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда мешавад;

системаи маориф - маҷмӯи барномаҳои таълими ва стандартҳои давлатии таҳсилот, шабакаи муассисаҳои таълимии амалкунанда, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мақомоти идораи маориф, муассисаю ташкилотҳои он, хонандагон ва тарбиягирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълими, воҳидҳои зерсохтори ва дигар унсуре мебошанд. ки барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона муттаҳид гардида, ба татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва зиёд кардани саҳми соҳаи мазкур дар инкишофи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ равона карда мешаванд;

муассисаи таълими - шахси ҳуқуқие, ки раванди таълимро ба роҳ мемонад, яъне як ё якчанд барномаҳои таълимро амали мегардонад ва (ё) тарбияи хонандагон, тарбиягирандагонро таъмин мекунад;

муассисаи таълимии махсус - муассисае мебошад. ки дорои шароити алоҳидаи таълиму тарбия, муҳити махсуси омӯзгори буда, офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимои, таҳсилу касбомӯзии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлони эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмони, рӯҳи мебошанд ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок ҳисобида мешавад, таъмин менамояд;

таҳсилоти муттасил - имконоти таҳсил ва баланд бардоштани ихтисос дар давоми тамоми ҳаёти инсон;

таҳсили фосилави - барномаи махсуси таҳсил буда, шахс тавассути он аз муассисаи таълимии дар масофаи дур воқеъгашта бо роҳи мукотиба, воситаҳои аудиои, бинои ва малакаҳои компютери таълим мегирад;

машғулияти инфироди - машғулияти омӯзгор бо хонанда ё донишҷӯ бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим;

савод - маҳорати кор кардан бо маълумот, аз ҷумла маҳорати иҷрои амалҳои зарурии риёзи, дарки иттилооти маводи чопи, адабиёти илми, инчунин маҳорату малакаи навиштан барои дониш омӯхтан аз матни шифоҳию хатти;

омӯзгори инфироди - омӯзгоре, ки ба хонандагон ва ё донишҷуён ба таври инфироди, берун аз вақти кори дар мактаб ва ё донишгоҳ таълим медиҳад;

натиҷаи таълим - дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбини ва арзишҳои маънавие, ки хонанда дар давоми таҳсил дар муассисаи таълими ҳосил кардааст;

шакли таҳсил - тартиби ташкили таълим буда, таҳсили рӯзона, шабона, ғоибона, оилави, фосилави ва экстернатро дар бар мегирад:

таҳсилоти иловаги - ҷалб намудани шаҳрвандон ба омӯзиши илми муосир, техника ва технологияи нав, эҷодкори, дарёфти ихтисоси нав, бозомӯзи, такмили ихтисос ва ғайра, ки онро шахс ҳангоми таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва баъди дарёфти диплом низ метавонад касб намояд;

аккредититсияи давлати - тартиби эътирофи (тасдиқи навбатии) мақоми давлатии (шакл, намуд ва навъи) муассисаи таълими, ҳуқуқи ба хатмкунандагон додани ҳуҷҷати намунаи давлати дар бораи меъёри марбутаи таҳсилот;

аттестатсия - муқаррар намудани мутобиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълими ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;

экстернат - тартиби супоридани имтиҳон аз ҷониби шаҳрванде, ки барномаҳои марбутаи таълимро мустақилона аз бар кардааст;

нострификатсия - муайян кардани баробарарзишии (эквивалентии) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки дардавлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали таҳсил кардаанд;

корманди соҳаи омӯзгори - шахсе, ки ба тарбияю таълими хонандагон дар асоси касби машғул аст, аз ҷумла шахси соҳаи хизматрасони, ки ба раванди таълим бевосита ворид мешавад:

ординатор - табибе, ки курси такмили ихтисосро таҳти роҳбарии профессор дар аспирантураи тибби (ординатура) мегузарад;

интернатура - шакли баъди дипломии таҷрибаомӯзи ва такмили ихтисоси табибон дар муассисаи табобати.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.

Моддаи 3. Сиёсати давлати дар соҳаи маориф

Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро яке аз соҳаҳои бартариятнок эълон менамояд.

Давлат барои амали гардидани сиёсати таҳсилот системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, фаъолияти онро барои таъмини ҳуқуқи таҳсили шаҳрвандон равона мекунад.

Асоси ташкилии сиёсати давлат дар соҳаи маориф барномаи рушди маориф мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дастовардҳои ҷаҳони таҳия гардида, ҷиҳати барраси ва тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади рушди маориф ҳамоҳангии фаъолияти вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, шахсони воқеи ва ҳуқуқи таъмин карда мешавад.

Дар мақомоти идораи маориф, дар муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) онҳо таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёси, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъияти ва дини манъ аст.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи маориф

Сиёсати давлати дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:

бартарии маориф дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлати;

ҳатми будани таълими умумии асоси;

дастраси умум будани таълими миёнаи умуми, ибтидоии касби ва мувофиқи қобилият дар асоси озмун гирифтани меъёрҳои минбаъдаи таҳсил;

моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, бартарии арзишҳои миллию умумибашари, рушди озодонаи шахс;

эҳтироми қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;

ҷанбаи илми, дуняви ва башардустонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими;

ягонагии фазои маърифатию фарҳанги, ҳимоя ва рушди фарҳанги милли, анъанаҳои милли дар заминаи маориф;

ҷанбаи демократи ва давлатию ҷамъияти доштани идораи соҳаи маориф;

соҳибихтиёрии муассисаҳои таълими;

муттасил будани таҳсилот, муносибати ҳамгуни давлат ба муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ки системаи ягонаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд;

мувофиқати маориф ба талабот ва вазифаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тамоюли рушди системаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таъмини иттилоотии маориф.

Моддаи 5. Вазифаҳои қонунгузори дар соҳаи маориф

Вазифаҳои асосии қонунгузори дар соҳаи маориф аз инҳо иборатанд:

ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил;

муҳайё сохтани кафолати ҳуқуқи барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълими ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъияти;

муқаррар намудани салоҳият, ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти мақомоти идоракунии давлати, шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар соҳаи маориф, танзими ҳуқуқии масъалаҳои инкишофи он ва муносибатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия.

Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимои ва молу мулк, ҳуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.

Маҳдуд намудани ҳуқуқи таҳсили касбии шаҳрванд аз рӯи нишонаҳои ҷинси, синну сол, вазъи саломати, мавҷудияти доғи суди ва дигар нишонаҳо танҳо дар асоси талаботи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлати кафолат медиҳад.

Шахс инчунин метавонад ба таври ройгон дар муассисаҳои таълимии давлати, дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касби, олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии касби гирад, агар шаҳрванд таҳсилоти меъёри мазкурро бори аввал соҳиб бошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилот, интихоби муассисаи таълими ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, оилави, фосилави ва экстернат) ҳуқуқ доранд.

Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро махсусан дастгири намуда, ба онҳо ҷиҳати гирифтани таҳсилот кӯмак мерасонад, аз ҷумла барояшон стипендияҳои махсуси давлати муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.

Давлат таъминоти кӯдакону наврасони ятиму бепарасторро дар муассисаҳои таълимии давлати аз ҳисоби маблағҳои буҷети кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти умумии асоси, миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд.

Хатмкардагони муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 7. Забони таҳсил

Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони давлати ва дар маҳалҳои сукунати сернуфуси миллатҳои дигар, дар доираи имконоти мавҷудаи системаи маориф, ба забони модари гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд.

Интихоби озоди забони таҳсил дар муассисаҳои таълими бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, омӯзиши забони давлати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон ва стандартҳои давлатии таҳсилот танзим мегардад.

Таълими забони руси ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва яке аз забонҳои хориҷи ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техникаи муосир, таъмини серҳаракатии касби дар ҳамаи муассисаҳои таълими таъмин карда мешавад.

Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва бариомаҳои таълими

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълими стандартҳои давлатии таҳсилот ҷори карда мешаванд, ки онҳо нишондодҳои зеринро дар бар мегиранд:

ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои марбутаи таълими ва шарту шароити иҷрои онҳо;

ҳадди ақал ва ниҳоии ҳаҷми соатҳои таълимии хонандагон;

талаботи асоси ба дараҷаи тайёрии хатмкунандагон;

мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълими;

ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёри марбутаи таҳсилот.

Иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълими барои ҳамаи муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли гирифтани таҳсилот, ҳатми мебошад.

Барои талабагоне, ки дар муассисаҳои махсус таълим мегиранд, мумкин аст стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот ва барномаҳои махсуси таълими муқаррар карда шаванд.

Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷори кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи, моликият ва мансубияти соҳави, мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф анҷом медиҳад.

Барномаҳои таълими мазмуни меъёри марбутаи таҳсилотро муайян мекунанд. Ба барномаҳои таълими барномаҳои зерин тааллуқ доранд:

таҳсилоти томактаби;

таҳсилоти ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми;

таҳсилоти ибтидоии касби ва миёнаи касби;

таҳсилоти олии касби;

таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби;

таҳсилоти иловаги;

таҳсилоти махсус.

Мӯҳлати меъёри омӯзиши барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси Қонуни мазкур ва стандарти дахлдори давлатии таҳсилот муайян менамоянд.

БОБИ 2. СИСТЕМАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 9. Сохтори системаи маориф

Системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи зерин иборат аст:

стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълими;

шакл ва дараҷаи меъёри гирифтани таҳсилот;

шабакаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи навъҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқи ва моликият;

мақомоти идораи маориф ва муассисаю ташкилотҳои соҳаи маориф;

хонандагон ва тарбиягирандагон (намояндагони қонунии онҳо);

омӯзгорон ва дигар кормандон.

Дар системаи маориф имкон дорад сохторҳои дигаре, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста мебошад, таъсис дода шаванд.

Моддаи 10. Сохтори муассисаҳои таълими

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълими намудҳои муассисаҳои зерин тааллуқ доранд:

томактаби;

таҳсилоти умуми (ибтидои, умумии асоси, миёнаи умуми);

таҳсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби; таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби;

таҳсилоти иловаги;

таҳсилоти махсус;

муассисаҳои таълими барои кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор;

муассисаҳои дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амали мегардонанд.

Муассисаҳои таълими метавонанд вобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият ройгон ва пулаки бошанд.

Андозаи маблағи таҳсилро, аз ҷумла пулакиро, муассисаҳои таълими дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва идораҳои марбута муайян мекунанд.

Моддаи 11. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълими

Муассисаҳои таълимии давлати бо қарори мақомоти ҳокимияти давлати (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати) таъсис меёбанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлати мегузаранд.

Муассисаҳои таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳурияви доранд, танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлати мегузаранд.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, бо қарори шӯрои муассисон (шӯрои сарпарастон), бо ташаббуси шахси (шахсони) алоҳида ё дигар мақомоти соҳибҳуқуқ таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлати мегузаранд.

Азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаи таълими тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ба сохтори мақомоти маҳаллии идораи маориф гузаронидани муассисаи таълимии давлати танҳо бо ризоияти мақомоти мазкур сурат мегирад.

Муассисаҳои давлатии томактаби ва таҳсилоти умуми дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии ҷамъомади шаҳрвандони мавзеъҳои аҳолинишин, ки ба онҳо муассисаи мазкур хизмат мерасонад, барҳам дода мешавад.

Моддаи 12. Тартиби бақайдгирии муассисаҳои таълими

Барои бақайдгирии муассисаҳои таълими муассис ба мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф аризаи бақайдгири, қарори муассис (муассисон) ё шартномаи марбутаи муассисонро дар бораи таъсиси муассисаи таълими, оинномаи муассисаи таълими ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд.

Ҳуқуқи муассисаи таълими дар қисмати идораи фаъолияти молиявию хоҷагидори, ки оинномаи он пешбини намудааст, аз рӯзи бақайдгирии муассисаи марбута ба ҳукми амал медарояд.

Моддаи 13. Тартиби фаъолияти муассисаҳои таълими

Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолияти таълими мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад (Қонун аз 28.12.05с. № 143).

Қисми дуюм хориҷ карда шуд (Қонун аз 28.12.05с. № 143).

Тартиби гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълими, аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгори ва илмии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонун аз 28.12.05с.) № 143

Моддаи 14. Муассиси (муассисони) муассисаи таълими

Муассиси (муассисони) муассисаи таълими инҳо шуда метавонанд:

мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии идораи маориф;

иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълими;

фондҳои ҷамъияти ва хусуси, аз ҷумла хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи;

дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи.

Муассисон метавонанд муассисаҳои таълимии муштарак таъсис диҳанд.

Муассиси ҳама навъҳои муассисаҳои таълимии ҳарби танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.

Моддаи 15. Оинномаи муассисаи таълими

Оинномаи муассисаи таълими инҳоро дар бар мегирад:

ном, маҳалли ҷойгиршави ва мақоми муассиса;

муассис (муассисон);

шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият;

мақсади раванди таълим, навъ ва шакли барномаҳои татбиқшавандаи таълими;

тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла: забони таълим, тартиби қабул ва хориҷ намудани хонандагону донишчӯён, аспирантҳо, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳонҳо, реҷаи кори муассисаи таълими, хизматрасонии пулакии таълим ва тартиби пешниҳоди он;

тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълими ва талабагон ё падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо;

сохтори фаъолияти молияви ва хоҷагии муассисаи таълими, аз ҷумла: тартиби истифодаи объектҳои моликият, ки аз ҷониби муассис (муассисон) ба муассисаи таълими вобаста карда шудаанд, манбаъҳои маблағгузори ва таъминоти моддию техникии муассиса, тартиби ташаккули моликияти муассисаи таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, навъҳои фаъолияти соҳибкории муассис ва фаъолияти пулакии муассисаи таълими;

тартиби идоракунии муассисаи таълими, аз ҷумла: салоҳияти муассис, тартиби ташкили мақомоти идоракунии муассисаи таълими, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандони муассиса ва шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаи таълими;

ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни раванди таълим;

феҳристи санадҳои дохили (фармонҳо, амрҳо ва ғайра), ки фаъолияти муассисаи таълимро ба танзим медароранд.

Оинномаи муассисаи таълимии давлати бояд мақомоти идораи дастаҷамъи, тартиби ташкил ва ваколатҳои онро пешбини намояд.

Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, онро муассис тасдиқ менамояд.

Моддаи 16. Таълиму тарбияи томактаби

Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар тарбияи фарзандони худ масъуланд ва таъмини инкишофи ҷисмони, маънави ва зеҳнии давраи аввали кӯдаки ва минбаъд барои ба мактаб омода намудани онҳо вазифадоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёри ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоиди тарбияи фарзандон дар даврони кӯдаки ва синни томактаби бо назардошти майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон (барои кӯдакони ятиму бепарастор) ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзи, оилави ва муассисаҳои ба инҳо баробари давлатию ғайридавлати, аз ҷумла хусуси ташкил карда мешаванд.

Муносибатҳои байни муассисаҳои таълимии томактаби ва падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо шартномаи байни онҳо танзим карда мешаванд.

Омода намудани кӯдакон ба мактаб дар оила ва муассисаҳои томактаби ҳатми мебошад.

Мураббиёни муассисаҳои томактаби аз рӯи мақом ва музди меҳнат ба муаллимони синфҳои ибтидои баробар мебошанд.

Давлат муассисаҳои томактабиро аз нигоҳи модди ва молияви дастгири карда, дастрас будани хизматрасони, тарбия ва таҳсилоти томактабиро барои оилаҳои камбизоат таъмин менамояд.

Моддаи 17. Таҳсилоти умуми

Таҳсилоти умуми аз се зина (ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми) иборат буда, тавассути мактабҳои ибтидои, мактабҳои умумии асоси, мактабҳои миёнаи умуми, гимназияҳо ва литсейҳо амали мегардад. Зинаҳои мазкур мустақилона ё мувофиқан дар таркиби мактабҳои умумии асоси, миёнаи умуми, гимназияҳо ва литсейҳо ташкил дода мешаванд.

Синну сол ва мӯҳлати таҳсилро дар ҳар зинаи таълим низомномаи муассисаи таҳсилоти умуми муайян мекунад.

Гимназия ва литсей муассисаҳои таҳсилоти умуми ба ҳисоб рафта, фаъолияти онҳо аз рӯи Низомномае, ки мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тасдиқ мекунад, амали мегардад.

Ба синфи якуми мактаби ибтидои ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни ҳафтсола расидаанд. ҳатмист;

Таҳсили калонсолон дар мактабҳои таҳсилоти умуми бо тарзи шабона, ғоибона, фосилави ва экстернат ташкил карда мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон то синни 16 - солаги дар муассисаҳои рӯзонаи таълими умуми ба таҳсилоти умумии асоси (нӯҳсола) ҳуқуқ доранд.

Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии умуми мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи наврасон сурат мегирад. Ҳангоми ба зинаи сеюм гузаронидани хонандагон бо қарори мақомоти идораи муассисаи таълими имкон дорад имтиҳон ҷори карда шавад.

Таҳсил дар мактабҳои миёнаи умумии муассисаҳои таълимии давлати имкон дорад дар баробари таҳсили ройгон бо хоҳиши падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагон дар асоси шартномаи тарафайн пулаки сурат гирад.

Таълими миёнаи умуми бо гирифтани имтиҳон ба анҷом мерасад. Тартиб ва шакли имтиҳонро мақоми давлатии идораи маориф муқаррар мекунад.

Бо қарори мақоми идораи муассисаи таълими ва дар мувофиқа бо мақомоти шаҳри, ноҳиявии идораи маориф барои мунтазам содир намудани амалиёти ғайриқонуни ва вайрон намудани оинномаи муассисаи таълими имкон дорад хонандагони синну солашон ба 16 расида аз мактаб хориҷ карда шаванд.

Қарори мазкур нисбати кӯдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти васояту парастори қабул карда мешавад.

Мақомоти маҳаллии идораи маориф бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба мактаби дигар гузаронидани чунин хонандагонро ҳал менамояд.

Тарбия ва таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор дар мактабҳои таҳсилоти умумии муқаррари ё дар хонаи бачагон, мактаб - интернатҳо ташкил карда мешавад.

Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии модди дар муассисаи таълимии миёнаи умуми таҳсилоти ибтидоии касбиро низ ташкил кардан мумкин аст.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомӯзи иҷозатнома (литсензия) доранд, метавонанд дар асоси шартнома бо ташкилотҳо тайёрии ибтидоии касбии хонандагонро ҳамчун хизматрасонии таълимии иловаги, аз ҷумла пулаки, ба роҳ монанд.

Тайёрии ибтидоии касби дар муассисаҳои таълимии миёнаи умуми дар ҳар ҳолат танҳо бо розигии хонандагон ва падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо ташкил карда мешавад.

Моддаи 18. Таҳсилоти ибтидоии касби

Таҳсилоти ибтидоии касби ба шаҳрвандон мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар заминаи таҳсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми тавассути литсейҳои касби, омӯзишгоҳҳои касби, омӯзишгоҳҳои махсуси касби, комбинатҳои таълими, марказҳо ё дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар дода мешавад.

Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асоси надоранд, ба курсҳои таълими барои гирифтани касб қабул карда мешаванд.

Таҳсилоти ибтидоии касби аз рӯи ихтисосҳои алоҳида имкон дорад дар заминаи таҳсилоти миёнаи умуми амали гардонда шавад.

Таҳсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар мактабҳои таълимии назди ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидори, кооперативҳои истеҳсоли, корхонаҳои воҳид, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, гирифтан мумкин аст.

Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии давлати мувофиқи фармоиши давлати ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлати таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касби шаҳрвандон метавонанд барномаҳои таълими миёнаи умумиро низ омӯзанд.

Моддаи 19. Таҳсилоти миёнаи касби

Шаҳрвандон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби (техникумҳо, омӯзишгоҳҳо, коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар) дар заминаи таҳсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми, ибтидоии касби ихтисос гиранд. Хатмкардагони чунин муассисаҳои таълими таҳсилоти миёнаи касби мегиранд.

Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асоси доранд, баробари таҳсилоти миёнаи касби метавонанд таҳсилоти миёнаи умуми низ гиранд.

Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асоси - 4 сол ва барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умуми - 2 сол муқаррар карда мешавад.

Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлати мувофиқи фармоиши давлати дар асоси озмун ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлати таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд.

Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касби доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои олии касби мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд. Мӯҳлати таҳсили чунин шаҳрвандонро дар муассисаи олии касби мақомоти идораи муассисаи мазкур дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.

Моддаи 20. Таҳсилоти олии касби

Таҳсилоти олии касби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таҳсилоти миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва коллеҷҳои мактабҳои олии касби дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, амали гардонда мешавад.

Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати мувофиқи фармоиши давлати дар асоси озмун ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлати таҳсил мекунанд, дар асоси озмун ва шартнома пулаки таълим мегиранд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати дар асоси шартнома пулаки таҳсилоти дуюми оли гиранд.

Таҳсилоти олии касби тавассути донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои олии касбии ба инҳо баробар гирифта мешавад.

Муассисаҳои олии касби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли комплексҳои таълимию илми ё таълимии илмию истеҳсоли вуҷуд дошта метавонанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати бо мақсади аз ҳисоби донишҷуён тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарби ташкил кардан мумкин аст. Кафедраҳои ҳарби ба сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати дохил мебошанд.

Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлати мувофиқи низомномаи махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

Моддаи 21. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби

Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олии касби инкишоф диҳанд.

Барои тайёр кардани кадрҳои илми ва илмию омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии касби ва муассисаҳои илмие, ки дорои манбаи илми, заминаи лозимии моддию техники мебошанд ва аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, метавонанд магистратура, аспирантура (ординатура), докторантура ва вазифаи ходимони илмиро ҷори намоянд.

Тавассути сохторҳои мазкур таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбиро дарёфт кардан мумкин аст.

Фаъолияти илми дар сохторҳои мазкури муассисаҳои таҳсилоти олии касби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 22. Таҳсилоти иловаги

Таҳсилоти иловагиро шахс ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълими, баъд аз хатми муассиса ва ё баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулаки соҷиб шуда метавонад.

Таҳсилоти иловаги дар мактабҳои таҳсилоти умуми ва касбии муқаррари берун аз барномаҳои асосии таълими ё дар муассисаҳои таҳсилоти иловаги амали мегардад.

Ба муассисаҳои таҳсилоти иловаги тааллуқ доранд:

академияҳои хурди илми, қасрҳо, стансияҳо, клубҳо ва марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон;

мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон;

мактабҳои ҳунари, бадеи, мусиқи ва рассоми;

курсҳои дӯзандаги, наққоши, ронандаги;

муассисаҳои солимгардони ва дигар муассисаҳо.

Таҳсилоти иловаги ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъи муассисаҳои иловаги ва таҳсилот, майлу хоҳиши хонандагон, донишҷӯён асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шаҳрвандон пешниҳод мегардад.

Таҳсилоти иловаги, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии давлати ройгон аст.

Таҳсилоти иловаги, ки хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касби дар курсҳои кӯтоҳмуддат мегиранд, тибқи шартнома пулаки ташкил карда мешавад.

Мазмун ва шакли фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловаги дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти иловаги муайян карда мешавад.

Моддаи 23. Таҳсилоти махсус

Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии системаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия, таҳсил ва офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлони зҳтиёҷ доранд ва гирифтори иллати ҷисмони, рӯҳи мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок ҳисобида мешавад, таъмин менамояд.

Барои кӯдакон ва наврасоне, ки ба табобати тӯлони эҳтиёҷ доранд, мактабҳои таълими умумии солимгардонии санатори, мактаб-интернатҳои санатори, хонаҳои санатории бачагона ташкил карда мешавад.

Барои кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмони, рӯҳи, ки дар мактабҳои таълими умумии муқаррари имкони таҳсил надоранд, мактабҳои махсуси таълими умуми, мактаб-интернатҳо ва сннфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Мактабҳои мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии ҳамин гуна кӯдакону наврасонро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъияти омода месозанд.

Ташхиси кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмони, рӯҳиро дар ҳузури падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо комиссияҳои тиббию омӯзгори, ки бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати таъсис дода мешаванд, мегузаронанд.

Барои наврасони аз 10 - сола боло, ки ахлоқу рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия мӯҳтоҷанд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб мекунанд. муассисаҳои мухталифи махсуси таълиму тарбия, ки офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии онҳоро таъмин мекунанд, таъсис дода мешавад. Ба муассисаҳои мазкур наврасон бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва ё бо қарори суд равон карда мешаванд.

Таҳсилоти махсус дар асоси нақша, барнома ва технологияи муосири таълим, ки вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмони, рӯҳии кӯдакону наврасон таҳия мегарданд, ҷараён мегирад.

Мӯҳлати таълими махсуси умумии ҳатмиро мақомоти давлатии идораи маориф вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмони, рӯҳии кӯдакону наврасон муайян мекунанд.

Таҳсилоти касбии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти махсус дар асоси феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбт, ки ба ҳамин гурӯҳи хатмкардагон мувофиқ, мебошанд, дар мактабҳои махсус ё дар мактабҳои муқаррарии системаи таҳсилоти ибтидоии касби ва миёнаи касби ташкил карда мешавад.

Тарбия ва таҳсили кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти махсус ройгон аст.

Моддаи 24. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот

Муассисаҳои таълимие, ки (ба истиснои муассисаҳои томактаби) барои пешбурди фаъолияти таълим иҷозатнома (литсензия) доранд ва аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, кн аз аттестатсияи ҷамъбасти мегузаранд, дар бораи таҳсилот ҳуҷҷати намунаи давлати медиҳанд.

Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон намудҳои зерини ҳуҷҷатҳоро медиҳанд:

шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асоси - барои хатмкунандагони мактабҳои умумии асоси (синфи 9);

шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умуми - барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умуми (синфҳои 11 (12));

шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) ба шахсоне, ки аз рӯи муқаррароти пешбинишуда касб омӯхтаанд;

диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касби - барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касби;

диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касби - барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи касби;

диплом дар бораи таҳсилоти олии касби (бакалавр, мутахассис, магистр).

Аз рӯи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассуси (рисолаи илми, маҷмӯи корҳои илми) бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм ё дипломи доктори илм дода мешавад.

Аз рӯи натиҷаи фаъолияти илмию педагоги дар муассисаҳои таҳсилоти олии касби бо тартиби муқарраршуда шаҳодатномаи профессори кафедра ё профессор аз рӯи ихтисос, дотсенти кафедра ё дотсент аз рӯи ихтисос ва шаҳодатномаи ходими калони илми дода мешавад.

Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилотро (ба истиснои таҳсилоти умумии асоси) пурра ба охир нарасонидаанд, гувоҳнома (справка) ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловаги мегиранд, сертификат дода мешавад.

Хонандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умуми, ки синфи 9ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои аъло таҳсил намуда, имтиҳоноти хатмкуниро бо баҳои аъло супорида ва дорои рафтори намунавианд, бо медали тилло мукофотонида, ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад.

Ба хатмкунандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умуми, ки синфи 9 - ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои аъло хонда, дорои рафтори намунавианд, лекин на бештар аз ду фан баҳои солонаи 4 (хуб) дошта, аммо аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии 5 (аъло) доранд ва имтиҳонҳои хатми синфи 11 (12) - ро бо баҳои 5 (аъло) супоридаанд, бо медали нуқра мукофотонида, ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад.

Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии асоси (синфҳои 1-9) -ро бо баҳои аъло хатм мекунанд, шаҳодатномаи аъло дода мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои миёнаи касби ва олии касбиро бо баҳои аъло хатм мекунанд, дипломи аъло дода мешавад.

Тартиби пешниҳоди шаҳодатномаи аъло ва дипломи аъло, бо медали тилло, нуқра мукофотонидани хонандагон, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Ба хатмкардагони муассисаҳои олии касби дар баробари диплом нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда супурда мешавад.

Ҳуҷҷати намунаи давлати дар бораи дараҷаи таҳсилот, ки бо мӯҳри муассисаи таълимии дахлдор тасдиқ шудааст, яке аз шартҳои асосии давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар ҳуҷҷатҳои намунаи давлати оид ба таҳсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби нишондодашуда, инчунин дараҷаи илмии дар ҳуҷҷатҳои намунаи давлати оид ба таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби нишондодашуда ҳуқуқ доранд ба фаъолияти касби, аз ҷумла дар вазифаҳое, ки барои онҳо талаботи тахассуси ба дараҷаи таҳсилот муқаррар гардидааст, машғул шаванд.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии аз аккредитатсияи давлати гузашта, аз ҷумла хусуси, ба хатмкунандагони худ дар бораи хатм кардани ин муассиса намудҳои ҳуҷҷатҳоеро месупоранд, ки дар ҳамин модда номбар шудаанд ва онҳо баробари ҳуҷҷатҳои намунаи давлати эътибор доранд.

Муассисаҳои ғайридавлати то замони аз аккредитатсияи давлати гузаштан ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро бо мӯҳр тасдиқ мекунанд ва ин ҳуҷҷат барои идомаи таҳсил ё барои бо кор таъмин шудан дар соҳаҳои ғайридавлати, аз ҷумла хусусии муносибатҳои ҷамъияти баробари ҳуҷҷатҳои намунаҳои давлати эътибор дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дахлдор дошта бошанд.

Ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти давлатҳоеро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарэътирофии ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома надоранд, комиссияи нострификатсионии мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф санҷида, баробарарзишии (эквивалентнокии) онҳоро муайян менамояд.

Моддаи 25. Бо кор таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касби

Хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти касби мутобиқи санадҳои меъёрии, ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии давлатиро хатм кардаанд, мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор ва шартномаи тарафайн на камтар аз се сол аз рӯи ихтисос бояд кор кунанд.

Моддаи 26. Ташкили раванди таълиму тарбия

Муассисаҳои таълими раванди таълиму тарбияро мустақилона ташкил карда, онро ба воситаи нақшаи таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо, ки мутобиқи нақшаи намунавии таълимии аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тартибдодашуда тасдиқ карда мешаванд, танзим менамоянд.

Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, мақомоти маҳаллии идораи маориф наметавонанд нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълими тасдиқ кардааст, тағйир диҳанд.

Дар муассисаи таълими интизом дар асоси эҳтироми шаъну эътибори хонандагон, тарбиягирандагон, донишчӯён, омӯзгорон ба роҳ монда мешавад. Истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонию рӯҳи нисбати онҳо норавост.

Дар муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, аз иҷрои вазифаи асоси дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгори, ҷалби хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, аспирантҳо ба корҳои кишоварзи ва дигар корҳои ба таълиму тарбия вобаста набуда, манъ аст.

Падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагон, тарбиягирандагон метавонанд бо рафти таълиму тарбия, инчунин бо баҳои хониши фарзандон шинос шаванд.

Дар системаи маориф имкон дорад хадамоти давлатии психологи, тиббию омӯзгори амал кунад.

БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 27. Мақомоти идоракупии системаи маориф

Идоракунии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти давлатию ҷамъияти дошта, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаҳои таълими амали гардонда мешавад.

Мақомоти идоракунии системаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф;

вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимию тарбияви доранд:

мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии маҳалли;

мақомоти маҳаллии идораи маориф.

Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассис (муассисон) ё бо супориши ӯ Шӯрои сарпарастон тибқи Низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд.

Моддаи 28. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

роҳбарии самараноки соҳаи маорифро таъмин мекунад;

бо пешниҳоди вазорату идораҳо оид ба таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилотн умуми, миёнаи касби ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳурияви, муассисаҳои махсуси таълиму тарбия. Академияи илмҳои педагоги ва сохторҳои он қарор қабул мекунад;

барномаҳои давлати, байнидавлати ва байналмилалии инкишофи соҳаи маорифро таҳия, барраси ва тасдиқ намуда, татбиқи ин барномаҳоро аз чиҳати моддию техники ва молияви таъмин менамояд:

тартиби додани иҷозатнома (литсензия). гузаронидани аттестатсия, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълими, тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгори ва илмии муассисаҳои таълимиро муайян мекунад;

феҳристи касбу ихтисосҳоеро, ки бо тарзи экстернат гирифтани онҳо манъ аст, тасдиқ менамояд;

тартиби таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии дигар муассисаҳои таълимии давлатиро муқаррар менамояд:

феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбиро муайян мекунад;

меъёри маблағгузории системаи маориф, тартиби маблағгузории буҷетии муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлатиро муайян мекунад;

ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатиро бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусусиро тасдиқ мекунад:

ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилот муайян намуда, Низомномаи пешниҳоди шаҳодатномаи аъло ва дипломи аъло, бо медали тилло, нуқра мукофотонидани хатмкунандагони муассисаҳои таълими, имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро тасдиқ мекунад;

андозаи ҳадди ақали меъёри (ставкаи) музди кор ва маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таълими, меъёр ва тартиби пешниҳоди имтиёзҳо ва стипендияро барои кормандони илмию омӯзгори, хонандагон, донишҷуён, аспирантҳо, докторантҳо ва муҳаққиқони ба вазифаи ходимони илми гузаронидашуда, андозаи маблағҳои таълими иловагиро муайян менамояд;

системаи ягонаи маълумоти омории соҳаи маорифро ташкил медиҳад.

Моддаи 29. Салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амали мегардонад;

раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, назорат мекунад:

дар бораи ҳамкори дар соҳаи маориф мутобиқи тартиби муқарраршуда шартнома ва дигар санадҳоро ба имзо мерасонад:

низомномаҳои намунавин муассисаҳои таълимиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълими низомномаҳоеро, ки фаъолияти муассисаҳои мазкурро танзим менамоянд, таҳия ва тасдиқ мекунад;

оид ба таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти умуми, миёнаи касби ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳурияви, муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи сохтори Вазорат, Академияи илмҳои педагоги са сохторҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд:

барои фаъолияти таълими иҷозатнома (литсензия) медиҳад (Қонун аз 28.12.05с. № 143);

стандартҳои давлатии таҳсилотро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

нақшаҳо ва барномаҳои таълимии намунавиро барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро аз тарафи муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мансубияти соҳави, назорат менамояд;

таҳия, тасдиқ ва нашри китобҳои дарси, васоити таълими ва маводи таълимию методиро ташкил мекунад:

масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории кадрҳоро барраси ва ҳал намуда, мазмун ва тартиби такмили ихтисоси кормандони соҳаи омӯзгориро муайян мекунад ва онҳоро аз аттестатсия мегузаронад;

дар ҳамоҳанги бо вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба таъминоти моддию молиявии муассисаҳои таълими, меъёри (ставкаи) музди кор ва маоши вазифавии кормандони онҳо таҳия намуда, ба мақомоти болои барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

бо мақсади муқаррар намудани мазмун. дараҷа ва сифати тайёр кардани мутахассисон тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилот дар ҳар 5 сол дар асоси Низомномаи муқарраршуда аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро ташкил менамояд;

тибқи натиҷаи аттестатсияи давлати бо мақсади муқаррар намудани мақоми (статуси) муассисаҳои таълими дар ҳар 5 сол дар асоси Низомномаи муқарраршуда аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро амали мегардонад ва ба онҳо варақаи аккредитатсия медиҳад;

бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои олии касби, муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби, мактабинтернатҳои дорои мақоми ҷумҳурияви ва дигар муассисаҳои махсуси сохтори вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои сохтории худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад:

ба таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва кушодани вазифаи ходимони илми дар муассисаҳои олии касби, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо. Академияи илмҳои педагоги ва донишкадаи такмили ихтисос иҷозат медиҳад;

қоидаҳои умумии қабули хонандагон ва донишҷуёнро дар муассисаҳои таҳсилоти умуми ва касби, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо, таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро таъмин менамояд;

дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ба роҳ мемонад;

бозомӯзи, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони соҳаи маорифро ташкил ва таъмин менамояд:

фаъолияти муассисаҳои таълими ва тарбиявии соҳаи маорифро таъмин ва назорат намуда, аз маблағҳои дар ихтиёраш буда онҳоро маблағгузори мекунад;

ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти идораи маориф, муассисаҳои таълимиро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи, моликият ва мансубияти соҳавии онҳо, таъмин менамояд.

Моддаи 30. Салоҳияти вазорату идораҳои дигар дар соҳаи маориф

Вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф:

оид ба таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти умуми, миёнаи касби ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳурияви, муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи соҳаи худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамоянд;

бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои олии касби, муовинони онҳо, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби ва таҳсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд;

раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии соҳаи марбута таъмин мекунанд;

нақшаю барномаҳои таълими, китобҳои дарсии муассисаҳои таълимии соҳаҳои марбутаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф пешниҳод менамоянд ва нашри онҳоро ба роҳ мемонанд;

бозомӯзи ва такмили ихтисос, аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии сохтори худро ташкил ва таъмин менамоянд;

фаъолияти муассисаҳои таълими ва тарбиявии сохтори худро таъмин ва назорат намуда, аз маблағҳои дар ихтиёрашон буда онҳоро маблағгузори мекунанд.

Моддаи 31. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати:

сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амали менамоянд, барномаҳои минтақавии инкишофи соҳаи маорифро бо назардошти хусусиятҳои милли, иҷтимои, фарҳанги, демографи ва ғайра таҳия намуда, амали мегардонанд;

мақомоти дахлдори давлатии идораи маорифро ташкил ва роҳбари менамоянд;

муассисаҳои таҳсилоти умуми, ибтидоии касби ва иловагии давлатиро, ки мақоми маҳалли доранд. дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва дигар мақомоти марбута таъсис, аз нав ташкил ва барҳам медиҳанд;

буҷети маҳалли, аз ҷумла буҷети маориф ва фондҳои дахлдори инкишофи маорифро ташаккул дода, меъёрҳои маҳаллии маблағгузории системаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамоянд;

шароити мусоиди инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълими ва ташкилотҳои маҳаллии маорифро таъмин менамоянд;

андозҳои маҳалли ва имтиёзҳои иловагиро бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди маориф муқаррар мекунанд;

аз ҳисоби маблағҳои худ меъёрҳои иловаги ва шаклҳои таъмини моддии хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷуён ва кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимиро муқаррар мекунанд;

бозомӯзи, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони соҳаи омӯзгориро дар робита бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ташкил ва маблағгузори менамоянд;

хонандагони (тарбиягирандагони) муассисаҳои таълимии давлатиро бо хизматрасонии ройгон ва (ё) имтиёзноки тибби таъмин мекунанд.

Моддаи 32. Салоҳияти мақомоти маҳаллии идораи маориф

Мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо:

муассисаҳои таълимиро, ки аз буҷети маҳалли маблағгузори мешаванд, намояндаги мекунанд:

кӯдакони синни томактаби ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, таҳсили онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асоси ташкил мекунанд;

васояту парастории кӯдакони ноболиғро, ки аз парастории падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) маҳрум мондаанд, муқаррар намуда, онҳоро дар хонаҳои кӯдакон ё интернатҳо ҷойгир мекунанд, дигар васи ё парасторро таъин мекунанд ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегиранд;

мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартҳои давлагии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори маҳалли, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқи ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд;

бо супориши мақомоти болоии идораи маориф аттестатсияи кормандони соҳаи маорифро гузаронда, ба онҳо дараҷаҳои тахассуси медиҳанд;

супориши давлатии таълимро дар асоси озмун оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисон дар муассисаҳои касбомӯзи, литсей ва коллеҷҳои касбомӯзии маҳалли иҷро мекунанд;

роҳбарони муассисаҳои давлатии таълиму тарбияи томактаби, муассисаҳои таҳсилоти умуми, ибтидоии касби ва иловагиро, ки аз буҷети маҳалли маблағгузори мешаванд, дяр мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;

ба мақомоти болои дар бораи масъалаҳои таҳсилоти томактаби, таҳсилоти умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва иловаги ҳисоботи омори пешниҳод менамоянд;

оинномаҳои муассисаҳои таълнмии давлатиро, ки аз буҷети маҳалли маблағгузори мешаванд, тасдиқ мекунанд;

такмили ихтисоси омӯзгоронро дар зинаи маҳалли тавассути шабакаи кабинетҳои методи ба нақша мегиранд ва ташкил мекунанд;

дар доираи салоҳияти худ ба муассисаҳои таълими иҷозатнома (литсензия) медиҳанд ва онҳоро аз аттестатсия мегузаронанд.

Моддаи 33. Салоҳияти муассисаҳои таълими

Ба салоҳияти муассисаҳои таълими дохил мешавад:

таҳияи лоиҳаи Оиннома;

таҳия ва тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохили;

таҳия ва тасдиқи накшаи кории таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо;

ташаккул додани шумораи хонандагон ва тарбиягирандагон мутобиқи иҷозатнома (литсензия) барои ҳуқуқи фаъолияти таълими, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд;

ташкил ва такмили таъмини методии раванди таълиму тарбия;

гузаронидани назорати зарурии сатҳи пешрафт дар таҳсил, аттестатсияи мобайн и ва ҷамъбастии хонандагон;

тасдиқи сохтори идораи муассисаи таълими, ҷадвали вазифаю маош, тақсими ӯҳдадориҳои вазифаги:

муқаррар кардани иловаҳо ба маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлати, тарғиб ва андозаи мукофотпули мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

таъмини моддию техники, ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимии давлати мутобиқи талаботи меъёри;

ҷалб намудани манбаъҳои молияви ва воситаҳои моддии иловаги барои иҷрои фаъолияти оинномави бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

фароҳам овардани шароити зарури барои кори ҷузъу нуқтаҳои ташкилотҳои хӯроки умуми ва муассисаҳои тибби, назорат ба кори онҳо бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии хонандагон, тарбиягирандагон ва кормандон;

саривақт ба хонандагону тарбиягирандагоне, ки ба оилаҳои камбизоат тааллуқ доранд, додани имтиёзҳои иловаги ва намудҳои таъминоти модди, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст;

мусоидат ба фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълими, омӯзгорон;

амали намудани дигар фаъолияте, ки Оинномаи муассисаи таълими пешбини кардааст.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ҳамчун қисми таркибии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии давлати салоҳият ва аҳамият доранд.

Моддаи 34. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлати

Идоракунии муассисаҳои таълимии давлати мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таъсиси онҳо амали гардонда мешавад.

Роҳбарии умумии муассисаи таълимии давлатиро шӯрои муассиса, роҳбарии бевоситаро мудир, директор, ректор ё дигар сарвар иҷро мекунад.

Роҳбарони муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактаби, умумии асоси, миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби, касбии баъд аз муассисаи олии касби, иловаги ва махсус мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти марбутаи давлати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Тафриқаи салоҳиятҳои шӯрои муассисаи таълими ва роҳбарии онро Оинномаи муассисаи таълими танзим мекунад.

Ба роҳбарони муассисаҳои таълими ишғоли дигар вазифаҳои роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарин илми, илмию методи дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.

Дахолати мақомоти идораи давлати ба фаъолияти таълими, илми, илмию методи, хоҷагидорию молияви ва дигар фаъолияти муассисаҳои таълимии давлати танҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

Моддаи 35. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлати

Муассисаи таълимии ғайридавлати мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои муассиси он идора карда мешавад.

Идоракунии бевоситаи муассисаи таълимии ғайридавлатиро муассиси он ё бо супориши он шӯрои парасторон, ки муассис ташкил медиҳад, иҷро мекунад.

Салоҳияти шӯрои парасторон, тартиби идоракунии дохилии муассисаи таълимии ғайридавлати, инчуиин қоидаи таъин ё интихоби роҳбари муассисаи марбута, салоҳияти онро муассиси муассисаи мазкур дар мувофиқа бо ҳайати омӯзгорони он муайян мекунад.

Дар муассисаҳои таълимии ғайридавлати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълими омӯзгорон таъсис дода шуда, фаъолият мекунанд.

Моддаи 36. Худидоракунии муассисаҳои таълимии давлати

Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимии давлати (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳои муассисаҳои таълимии давлати, шӯрои муассисаи таълими, шӯроҳои омӯзгорон, илми, илмию методи, директорон, ректорон, донишҷуён, аспирантҳо, созмонҳои талабагон, кумитаҳои парасторон, мушоҳидон, падару модарон ва ғайра) тадбирҳои зеринро амали мегардонанд:

манфиатҳои омилҳои раванди таълиму тарбияро ташаккул ва ифода намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд:

нақшаи фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаи таълимиро муайян менамоянд:

вазъи молиявию хоҷагии муассисаи таълимиро назорат мекунанд.

Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълими чун қоида намояндагони ҳайати профессорону муаллимон, донишҷӯён, аспирантҳо, хонандагон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълими, омӯзгорон дохил шуда метавонанд.

Моддаи 37. Асосҳои илми ва таъминоти илмии соҳаи маориф

Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси комёбиҳои илму техника, фарҳанг ва мутобиқи анъанаҳои милли ва умумибашари инкишоф ва такмил меёбад.

Мақомоти давлатии идораи маориф якҷоя бо Академияи илмҳои ҷумҳури, Академияи илмҳои педагоги, муассисаҳои илми - тадқиқоти комёбиҳои илму техника ва фарҳангро дар кори муассисаҳои таълиму тарбия ҷори менамоянд.

Таъминоти илмии соҳаи маорифро Академияи илмҳои педагоги, муассисаҳои таҳсилоти олии касби, институтҳои илми - тадқиқотии соҳави, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар мақомоти илмию методи дар ҳамкори бо иттиҳодияҳои эҷоди ва ширкатҳои комили дахлдор амали мегардонанд.

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Моддаи 38. Субъектҳои раванди таълиму тарбия

Субъектҳои раванди таълиму тарбия инҳоянд:

тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷуён, коромӯзон, аспирантҳо (ординаторҳо), докторантҳо, довталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълими ва илми, шунавандагони шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касби, системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо:

мураббиён, устоҳои таълими истеҳсоли, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгори;

ходимони илми, кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловаги, аз ҷумла, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон;

падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) тарбиягирандагон ва хонандагон, мураббиёни хонаҳои бачагон:

намояндагони ташкилоту муассисаҳои заминави, дигар ташкилоту муассисаҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъияти, инчунин шаҳрвандони алоҳида, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбия иштирок мекунанд.

Моддаи 39. Ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия

Ҳуқуқ ва ҳимояи субъектҳои раванди таълиму тарбия тавассути Конститутсияи (Сарқонуии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусусии аз аккредитатсияи давлати нагузашта таҳсил мекунанд. ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои хатмкуниро дар муассисаҳои таълимии давлатии аккредитатсия дошта ба таври экстернат супоранд.

Шаҳрвандон метавонанд таҳсилро дар муассисаҳои таълиму тарбия бо сабабҳои асоснок қатъ гардонанд ва таҳсилро мувофиқи касбу ихтисоси гирифтаашон идома диҳанд.

Хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълими ҳуқуқ доранд, аз амали (беамалии) ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандон, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ё қадру эътиборашонро паст мезананд, мутобиқи қонун худро ҳимоя кунанд.

Хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълимии давлатиро муассис бо стипендия, мададпули, хобгоҳ (барои сокинони деҳот ва шаҳрҳои дигар), ёрии тибби ва солимгардони ва дигар ёрии модди, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд.

Аспирантҳо, докторантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илми аз ҳисоби маблағҳои тарафи фиристода таъмин карда мешаванд.

Хонандагон ва донишҷуён ҳангоми таълими истеҳсоли, таҷрибаомӯзи мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ҷои кор, шароити бехатарии меҳнат ва дар асоси шартнома бо музди меҳнат таъмин мегарданд.

Барои шаҳрвандоне, ки дар муассисахои тарбияви ва ислоҳи мебошанд, роҳбарияти чунин муассисаҳо якҷоя бо мақомоти идораи маориф барои гирифтани таҳсилоти умумии асоси ва таҳсилоти ибтидоии касби, тайёрии касби ва ҳамчунин худомӯзии онҳо шароит фароҳам меорад.

Маҷбуран аъзо намудани хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълими ба узвияти ташкилотҳои дини, ҷамъиятию сиёси, харакату ҳизбҳои сиёси, инчунин маҷбуран ҷалб намудани онҳо ба тарғибу ташвиқ дар ҷараёни маъракаҳои сиёси манъ аст.

Дар сурати қатъ гардидани фаъолияти муассисаи таълими, мақомоти идоракунии маориф ва муассис ба муассисаҳои таълимии дигар гузаронидани хонандагону тарбиягирандагон ва донишҷӯёнро таъмин менамоянд.

Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии давлати ба муассисаи дигари таълими, аз ҷумла ғайридавлати, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ҳуқуқи гузаштан доранд.

Хонандагон, донишҷӯён, ки ба оилаҳои камбизоат тааллуқ доранд ва дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касбии давлати дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои 4 (хуб) ва 5 (аъло) супоридаанд, имкон доранд ба гурӯҳҳои марбутаи ройгон гузашта таҳсилро идома диҳанд.

Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои ройгон гузаронидани чунин хонандагон, донишҷӯёнро комиссияи марбутаи мақомоти давлатии идораи маориф муайян мекунад.

Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии ғайридавлати ба муассисаи дигари таълими, аз ҷумла давлати, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ҳуқуқи гузаштан доранд.

Тартиби бо таври истисно аз як муассисаи таҳсилоти касби ба дигар муассисаи таҳсилоти касби гузаштани хонандагону донишҷӯёнро, аз ҷумла ройгон ё пулаки будани таълимро, мақомоти давлатии идораи маориф муайян мекунад.

Муассиси муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ки аккредитатсияи давлати доранд, хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, аспирантҳо ва дигардовталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои хонандагон, тарбиягирандагону донишҷӯён, аспирантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлати пешбини шудаанд, таъмин менамояд.

Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои таълимии давлати ва ғайридавлати, аз ҷумла хусуси таҳсил мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсатии иловаги аз ҷои кор, кам кардани рӯз ва ҳафтаи кори ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар ҳолати мавҷуд будани даъватномаи муассисаи таълими ҳуқуқ доранд.

Моддаи 40. Фаъолияти омӯзгори

Ба фаъолияти омӯзгори шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёнаи касби, олии касби буда, малакаи зарурии касби ва сифатҳои баланди ахлоқи дошта бошанд.

Кормандони соҳаи омӯзгори давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Мувофиқи натиҷаи аттестатсия ба вазифаи ишғолкарда сазовор будани корманд, меъёри ихтисос ва дараҷаи он муайян карда мешавад.

Кормандони соҳаи омӯзгорие, ки кирдори содир намудаашон ба минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгори мухолиф аст, ба вазифаашон сазовор дониста намешаванд, ё худ омӯзгороне, ки вазъи саломатиашон садди иҷрои вазифаҳои омӯзгори мегардад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори омӯзгори озод карда мешаванд.

Шахсоне, ки мувофиқи ҳукми суд ё нишондодҳои тиббии рӯйхаташон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, бо фаъолияти омӯзгори машғул шуданашон манъ карда шудааст, ба кори муассисаҳои таълими иҷозат дода намешаванд.

Тартиби пурра кардани ҳайати кормандони муассисаҳои таълими бо оинномаҳои онҳо танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнати бо шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки байни корманд ва муассисаи таълими баста шудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 41. Ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони соҳаи омӯзгори, дигар кормандоии соҳаи маориф

Кормандони соҳаи омӯзгори, ходимони илми, дигар кормандони муассисаҳои таълимию тарбияви, муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин кормандони нашрияҳои маориф ҳуқуқҳои зайл доранд:

ҳимояи шараф ва шаъну эътибори касби, таъмини шароити зарури барои фаъолияти касби, такмили ихтисос аз рӯи тартиби муқарраршуда, ташаббуси омӯзгори ва густариши таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озоди шакл, методу усулҳои самарабахши таълим, рухсатиҳои илми барои такмили ихтисос:

иштирок дар идораи муассисаҳои таълимию тарбияви, таъминоти тибби, табобат дар санаторияю нстироҳатгоҳҳо, истифодаи ройгон ё имтиёзноки хадамоти умуми (коммунали), ба истиснои қувваи барқ ва гази табий дар шаҳру деҳот;

ба андозаи маоши вазифавин якмоҳа гирифтани кӯмакпулии тибби ҳангоми рухсатии меҳнатии навбати;

ба ҳавасмандгардонии маънави барои комёбиҳо дар фаъолияти омӯзгори ва тарбияи насли наврас, мукофотонидан бо ордену медалҳо, гирифтани унвонҳои фахри.

Кормандони омӯзгории соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи пардохти рухсатии бардавом истифода мекунанд.

Кормандони омӯзгорие, ки собиқаи кории бетанаффуси на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълими ё дигар соҳа кор кунанд. Ба омӯзгорони ҷавон шароити зисти зарури таъмин карда мешавад.

Кормандони соҳаи омӯзгори, ки бемории кӯҳна доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгори ба рухсатии дарозмӯҳлати то яксолаи бо пардохт ҳуқуқ доранд. Номгӯи бемори, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмӯҳлат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Аз иҷрои вазифаи касби бе асосҳои муайяннамудаи қонун дур кардани кормандони соҳаи омӯзгори манъ аст.

Омӯзгорон ва дигар кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии ғайридавлати ба имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлати пешбини шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

Кормандони соҳаи омӯзгори вазифадоранд:

азхудкуни ва иҷрои барномаҳои таълимию илмиро дар сатҳи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот аз тарафи хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, коромӯзон, аспирантҳо ва ғайраҳо таъмин намоянд;

ба рушду инкишофи қобилияти тарбиягирандагон, хонандагон ва донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи эҳтиром доштани падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию милли, таърихи ва рамзҳои давлатии Тоҷикистон тарбия кунанд;

хонандагонро дар рӯҳи муносибати эҳтиёткорона ба сохти давлатию иҷтимои, расму оинҳо, муҳити зист тарбия намоянд;

одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд, ҳуқуқ ва қадру эътибори кӯдак, хонанда, донишҷӯро эҳтиром кунанд;

кӯдакону наврасонро аз аъмоли зӯроварии ҷисмонию рӯҳи ҳимоя намоянд, дар бобати пешгирии истеъмоли машрубот ва моддаҳои нашъаовар кор баранд;

сатҳи маърифатии худро такмил дода, ба дараҷаи баланди фаъолияти касби ноил шаванд.

Моддаи 42. Ҳуқуқ ва вазифаҳои падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) дар соҳаи маориф

Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд), ҳуқуқ доранд:

барои кӯдакони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия, шакли таълимро интихоб намоянд;

дар кори мақомоти худидораи муассисаҳои таълимию тарбияви иштирок намоянд;

ба мақомоти давлатии идораи маориф ва худидораи муассисаҳои таълимию тарбияви оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд;

манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлати ва суд ҳимоя кунанд;

барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълими, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълими тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.

Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) вазифадоранд:

барои сиҳатии ҷисмони ва рӯҳии кӯдак пайваста ғамхори кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарури муҳайё созанд;

ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳимоя намоянд;

фарзандонро дар рӯҳи башардӯсти, меҳнатдӯсти, ҳисси накӯкори, раҳмдили, эҳтироми аҳли оила, забони модари, адабиёту таърих ва анъанаҳои миллии фарҳангии халқи худ, эҳтироми арзишҳои милли, таърихи ва фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд;

ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълими мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд:

фарзандонро дар рӯҳи эҳтироми қонун, хукук, озодии инсон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.

Падару модаре (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), ки садди роҳи таълимгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътибори зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

БОБИ 5. ИҚТИСОДИЁТИ СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 43. Принсипҳо ва шароитҳои татбиқи фаъолияти молиявию хоҷаги дар системаи маориф

Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти таълимию истеҳсоли, илми ва хоҷаги, инкишофи иҷтимоию иқтисодии маорифро маблағҳои буҷети ва ғайрибуҷети, аз ҷумла маблағи худи муассисон ва дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳанд.

Давлат ҳар сол барои фаъолияти системаи маориф маблағ ҷудо менамояд.

Ба муассисаҳои таълими дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда ва аз дигар сарчашмаҳо воридшуда мустақилияти молиявию хоҷаги дода мешавад.

Муассисаи таълими метавонад мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои иловаги, аз ҷумла асъориро, бо роҳи хизматрасонии иловагии пулаки ва дигар фаъолият, ки оинномааш пешбини кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкори ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи, ҷалб намояд.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълими инҳо мебошанд:

даромад аз фурӯши маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонии муассисаҳои таълимию истеҳсоли;

воридот аз иҷрои корҳо ва хизматрасониҳое, ки хусусияти илми, илмию методи доранд;

омодасози, такмили ихтисос ва бозомӯзии пулакии кадрҳо дар муассисаҳои таълимии давлати дар асоси шартнома;

фаъолияти тиҷоратию истеҳсоли дар раванди таълим ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории ҷумҳури манъ накардааст ва агар онҳо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълими набошанд;

пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкори ва дигар маблағҳое, ки аз ташкилотҳои давлати ва ғайридавлати, ҷамъияти ва шахсони алоҳида ворид мешаванд;

қарзи бонки ва ташкилотҳои кредити.

Маблағи муассисаҳои таълимии давлати мутобиқи Низомномаҳои намунави, ки Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ва Оинномаи муассисаҳои таълими истифода бурда мешаванд.

Меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии давлати дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимии давлати ба муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, низ тааллуқ доранд.

Раванд ва тартиби истифодаи маблағҳои муассисаҳои таълимии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ки аз манбаъҳои манънашудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбанд, мутобиқи Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи дахлдор муайян карда мешаванд.

Давлат ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати метавонанд муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии ғайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, дар доираи хароҷоти таҳсили хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии асосии давлати аз нигоҳи молияви дастгири намоянд.

Моддаи 44. Пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълими

Андозаи музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Музди кори омӯзгорию ташкилие, ки илова ба ӯҳдадориҳои вазифави иҷро карда мешавад, мувофиқи қонунгузории ҷори пардохта мешавад.

Муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, дар доираи маблағҳои барои музди меҳнат ҷудокардашуда метавонанд мустақилона шаклу системаи пардохти музди меҳнат, меъёри (ставкаи) иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии кормандони соҳаи омӯзгориро тибқи Кодекси меҳнат муқаррар намуда, шаклҳои тафриқа (дифференсиатсия) додашудаи пардохти иловапули ва мукофотпулиро истифода баранд.

Меъёри (ставкаи) маоши вазифавии муаллимони синфҳои ибтидои нисбати меъёри (ставкаи) маоши вазифавии муаллимони дигар ба андозаи 10 фоиз зиёд муқаррар карда мешавад.

Ба кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълими ва кормандони нашрияҳои маориф бо мақсади рафъи эҳтиёҷашон ба китоб, маводи таълимию методи ва дигар воситаҳои худомӯзи ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи маоши вазифави дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда музд пардохта мешавад.

Моддаи 45. Андозбанди дар соҳаи маориф

Муассисаҳои таълими, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, кормандони соҳаи омӯзгори мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурин Тоҷикистон андоз месупоранд, аз андоз озод мешаванд ваё аз нмтиёзҳои андозбанди истифода мебаранд.

Бо мақсади ҷалби сармояи (инвеститсияи) дохилию хорнҷи ба системаи маориф давлат барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузори мекунанд, андозҳои имтиёзнок пешбини мекунад. Тартиб ва андозаи имтиёзҳои мазкурро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

Моддаи 46. Ҳуқуқи молу мулкии муассисаҳои маориф

Молу мулки муассисаҳои маориф имкон доранд бо қарори муассисон ба ихтиёрдории онҳо супорида шавад.

Муассисаҳои давлатии таълиму тарбия ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молу мулки давлати соҳиби кунанд, онҳоро истифода баранд ва ихтиёрдори намоянд.

Моддаи 47. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълими

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлати бо хоҳиши падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) таълими иловагии пулаки дар асоси шартнома ташкил карда мешавад.

Таълими иловагии пулаки берун аз нақшаи таълими ва аз рӯи самтҳои зерин амали мегардад:

барномаҳои алоҳидаи таълими ва фанҳое, ки дар стандарти давлатии таҳсилот пешбини нашудаанд;

омӯзиши амиқи мавзӯи дарсҳо, агар чунин омӯзишро намуди дахлдори муассисаи таълими муайян накарда бошад;

дигар намудҳои таълим берун аз стандарти давлатии таҳсилот.

Маблағҳои таълими иловагиро падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ба суратҳисоби муассисаи таълими мепардозанд.

Дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумин асоси ва миёнаи умумии давлати падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) метавонанд барои таъмири ҷории синфхонаҳо, биноҳои таълими ва хариди таҷҳизоти таълимии зарури маблағҳои ихтиёри ҷудо кунанд. Маблағҳои ихтиёри бо қарори кумитаи падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунаид) дар асоси сметаи хароҷоте, ки муассисаи таълими пешниҳод мекунад, тавассути кассаи муассисаи таълимии мазкур бо мақсад истифода мешаванд.

Ба кормандони соҳаи омӯзгори, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо, парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълими ҷамъоварии маблағи нақди ва ғайринақди аз хонандагон ва падару модарони онҳо (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) манъ аст.

Ба омӯзгорони ҳамаи шаклҳои муассисаҳои таълими фаъолияти пулакии омӯзгори ва дигар намуди фаъолияти соҳибкори, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар асоси шартнома иҷозат дода мешавад. Андоз аз даромади чунин навъҳои фаъолият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлати ҳақ доранд, ки дар асоси шартнома аз хонандагону тарбиягирандагон барои хизматҳои таълимию тарбияви, аз ҷумла барои таълим дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот маблағ гиранд.

Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии мазкур фаъолияти тиҷорати ҳисобида намешавад, дар сурате, ки агар даромад аз чунин фаъолият пурра барои пардохти хароҷоти раванду такмили таълиму тарбия, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат дар муассисаи таълимии марбута сарф карда шавад.

Муносибати байни муассисаи ғайридавлатии таълими ва хонанда, тарбиягиранда, падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо шартномае, ки дараҷаи таҳсилот, мӯҳлати таълим, андозаи музди меҳнат, пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд, танзим мегардад.

Моддаи 48. Заминаи моддию техникии муассисаи таълими

Ба заминаи моддию техникии муассисаи таълими биноҳо, иншоот, коммуникатсия, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволе, ки таҳти идораи оперативии муассисаҳо мебошанд, дохил мешаванд.

Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълими дар асоси принсипи афзалиятноки ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида рушд меёбад.

Заминаи моддию техники-биноҳо, иншоот ва амволи муассисаҳои таълимиро ба мақсадҳои хилофи вазифаҳои асосии онҳо, раванди таълиму тарбия ва фаъолияте, ки Оинномаи онҳо пешбини накардааст, истифода бурдан манъ аст.

Қитъаи замини мавриди истифодаи муассисаю ташкилотҳои системаи маориф ба онҳо беподош ва бемӯҳлат дода мешавад.

Моддаи 49. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон

Мутахассисон дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таълими ва вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи тайёр карда мешаванд.

Моддаи 50. Фонди таълим

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми имкон дорад фонди таълим таъсис дода шавад.

Фонди таълим ба андозаи на бештар аз 1 фоизи сметаи хароҷоти муассисаҳои таълими, инчунин аз ҳисоби маблағҳои эҳсонкории ташкилотҳои давлати ва ғайридавлати, ҷамъияти, шахсони алоҳида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъсис мегардад.

Фонди таълим барои таъмини талаботи модди ва истеъмолии хонандагони оилаҳои камбизоат, дигар намудҳои ёрии модди, ки қонунгузори муқаррар намудааст, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию маънави, ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон сарф карда мешавад.

Моддаи 51. Эҳсонкори

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълиму тарбия манзилгоҳ ва биноҳои ғайриистиқомати сохта, онҳоро бо таҷҳизот, асбобу анҷоми лозими муҷаҳҳаз намоянд, ба таври хайрия китоб, амвол ва маблағ диҳанд. Муассисаҳои таълиму тарбия метавонанд хайрияро бо мақсади такмил додани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълими, таъсиси фонди таълим ва беҳтар гардонидани раванду такмили таълиму тарбия истифода баранд.

Моддаи 52. Ҳифзи тандурусти, ташкили хӯрок ва хизматрасонии мадани дар системаи маориф

Муассисаи таълими шароити заруриро, ки ба ҳифз ва таҳкими тандурустии хонандагону тарбиягирандагон нигаронида шудааст, муҳайё месозад.

Муассисаҳои таълими ҳақ доранд хӯроки хонандагону муаллимон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгориро мустақилона аз ҳисоби маблағҳои дар ихтиёрашон буда ташкил намоянд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, соҳибкорон, роҳбарони ташкилотҳо метавонанд дар ташкили хӯроки ройгон барон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми ва хӯроки имтиёзнок барои хонандагони муассисаҳои ибтидоии касби ва миёнаи касби кӯмак расонанд.

Мақомоти давлати, ки ба масъалаҳои маориф роҳбари мекунанд, ба муассисаҳои таълиму тарбия барои инкишофи ҷисмонии хонандагон, тарбиягирандагон ва донишҷӯён ёрии зарури мерасонанд.

Барои ташкили хизматрасонии тибби, инкишофи маънави ва бехатарии шароити таълиму тарбияи хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳо, мақомоти давлатии идораи маориф, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии идораи маориф, мақомоти идораи тандурусти ва ташкилотҳои он, роҳбарони бевоситаи муассисаҳои таълиму тарбия масъул мебошанд.

Хизматрасонии тибби барои кӯдакону наврасони ҳамаи намуди муассисаҳои таълими ройгон аст.

БОБИ 6. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 53. Ҳамкории байналмилали

Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи сохторҳои соҳаи маориф, муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф ҳуқуқ доранд бо муассисаю ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали робитаи мустақим барқарор намоянд.

Таълим, бозомӯзи ва такмили ихтисоси шаҳрвандони хориҷи дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои мустақиле, ки муассисаю ташкилотҳо, мақомоти идораи маориф, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои муассисаҳои таълими, дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебанданд, сурат мегирад.

Моддаи 54. Фаъолияти иқтисодии хориҷи

Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи сохторҳои маориф, муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқи фаъолияти иқтисодии хориҷи бошанд, аз номи худ бо тарафи хориҷи созишномаҳо банданд ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.

Муассисаҳои таълимии дорои фаъолияти иқтисодии хориҷи метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби сомони ва асъори кушоянд.

Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷи ба муассисаи таълими ворид мешавад, бо ҳуқуқи соҳибмулк ба ӯ тааллуқ дорад ё дар ҳуқуқи оперативии истифодаи он қарор мегирад ва онро бидуни иҷозати муассисаи мазкур гирифтан мумкин нест. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таълими, инкишофи заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи омӯзгори истифода бурда мешавад.

Муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф якҷоя бо ширкатҳои хориҷи метавонанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд.

Моддаи 55. Ҷавобгари барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 56. Аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи маориф" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 1994, № 1, мод. 30; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995. № 22, мод. 272; с. 1996, № 23, мод. 360; с. 1997, № 9. мод. 117, фасли III; с. 2003, № 12, мод. 690) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 57. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 17 майи соли 2004 № 34

ш. Душанбе