ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
Моддаи 1. Ба моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи маориф" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод. 345; соли 2005, №12, мод. 655; соли 2006, №12, мод. 546) баъд аз қисми чорум қисми нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳо дар баробари филиалҳо метавонанд воҳидҳои дигари сохторӣ - донишкадаҳо ва академияҳои таълимӣ дошта бошанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 407
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
13 феврали соли 2008 № 894
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 июни соли 2008 № 503
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об образовании"
Статья 1. В статью 20 Закона Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "Об образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 год, №5, ст. 345; 2005 год, №12, ст. 655; 2006 год, №12, ст. 546) после четвертой части дополнить новой частью следующего содержания:
"В Республике Таджикистан университеты наравне с филиалами могут иметь другие структурные подразделение - образовательные институты и академии.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
18 июня 2008 года № 407
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об образовании"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об образовании".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. Хайруллоев
г. Душанбе,13 февраля 2008 года № 894
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об образовании"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об образовании", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об образовании".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси
Оли Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 5 июня 2008 года №503