×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 24 "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 700 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии таъсис, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, масъалаҳои маблағгузорӣ ва фаъолияти соҳибкориро дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим медарорад.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

минтақаи озоди иқтисодӣ - қисми алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳудуди он на фақат низоми махсуси гумрукию андозӣ, балки тартиби соддакардашудаи рафтуомади ғайрирезидентҳо ва меъёрҳои имтиёзноки истифодаи захираҳои табиӣ амал мекунад;

буҷети мустақили минтақаи озоди иқтисодӣ - шакли таъсис ва хароҷоти маблағгузории пулии минтақаи озоди иқтисодӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва барои таъмини молиявии мақсаду вазифаҳои он истифода бурда мешавад;

хазинаи инкишофи минтақаи озоди иқтисодӣ - фонди маблағи пулӣ буда, барои расонидани кӯмаки муваққатии молиявӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла дар шакли қарзи имтиёзнок, истифода бурда мешавад;

тартиби соддакардашудаи воридшавӣ - бо мақсади амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ ба қаламрави кишвар ва минтақаи озоди иқтисодӣ ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 2. Мақсади таъсисдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешаванд:

- ба ҷомеаи иқтисодии ҷаҳонӣ самараноктар ҷалб намудани иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он;

- таъмин намудани шароити мусоид барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, технология ва таҷрибаи идоракунӣ;

- рушди иқтидори иқтисодии минтақа дар заминаи ҳамгироии инвеститсияҳои хориҷӣ бо воситаҳои пулию моддии корхона ва ташкилотҳои ватанӣ, ки ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд;

- ташкил намудани инфраструктураи истеҳсолӣ ва иҷтимоии ҳозиразамон;

- ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулот ва молҳои таъиноти истеъмолӣ ва истеҳсолӣ;

- беҳдошти шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Шаклҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст шаклҳои гуногуни функсионалии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шаванд.

Шакли функсионалии минтақаҳои озоди иқтисодӣ мувофиқи мақсади таъсиси онҳо ва самти фаъолияти инвеститсионӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад фаъолияти истеҳсолӣ, илмию технологӣ, воридотӣ, содиротӣ, савдо, сайёҳию истироҳатӣ, инвеститсионӣ, биржавӣ, суғуртавӣ, бонкӣ ва намудҳои дигари фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, инкишоф ёбад.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд фарогири вазифаҳое бошанд, ки онҳо хоси якчанд шаклҳои функсионалии минтақаҳои озоди иқтисодиянд.

Шакл, мӯҳлат ва шартҳои низоми дахлдори фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо Низомнома оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 5. Сарҳади минтақаҳои озоди иқтисодӣ, тартиби таъсис ва барҳам додани онҳо

Сарҳади ҳудудии минтақаҳои озоди иқтисодиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаи давлатии таъсису инкишофи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур таъсис ва барҳам дода мешавад.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳолатҳои зерин метавонанд барҳам дода шаванд:

- гузаштани мӯҳлати амалиёти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки Низомнома оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар кардааст;

- набудани пешниҳоди асосноки мақомоти воҳиди марзию маъмурӣ, ки дар қаламрави он минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, оид ба дароз кардани мӯҳлати мазкур ҳангоми фаъолияти бобарори минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- ба манфиатҳои амнияти давлат, аз ҷумла амнияти иқтисодию экологӣ номувофиқ будани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- пешниҳоди мақомоти ҳокимияти иҷроия ё мақоми воҳиди марзию маъмурӣ, ки дар қаламрави он минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгир шудааст.

Дар ҳолатҳои дигар барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ манъ аст.

Дар мавриди барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар минтақаҳои мазкур ба қайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, аз ҳуқуқ ва ӯҳдадории худ , ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, маҳрум мегарданд. Барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ягон оқибати ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолият ё барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ ва филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ оварда намерасонад ва онҳо дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии пештара фаъолият мекунанд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд.

Моддаи 6. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ

Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои фаъолияти соҳибкорие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд, инчунин филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие низ мебошанд, ки дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Моддаи 7. Тартиби бақайдгирии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ

Бақайдгирии давлатии субъектҳо дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Бақайдгирии ҳисобии филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ бо тартиби муайяннамудаи Низомнома оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ мегардад.

Моддаи 8. Кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ

Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунанд, кафолат медиҳад.

Низомнома оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад кафолат ва имтиёзҳои иловагиро ба сармоягузороне, ки аз тарафи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд, пешбинӣ намояд.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

Моддаи 9. Мақомоти идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вазифаи идоракуниро маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки онро роҳбар сарварӣ мекунад, иҷро менамояд. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Низомнома оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.

Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Моддаи 10. Ваколатҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ:

- базаи иттилоотию таҳлилии дурнамои инкишофи самараноки минтақаи озоди иқтисодиро ташкил мекунад;

- барномаҳоро оид ба рушди минтақаи озоди иқтисодӣ таҳия ва амалӣ намуда, онҳоро такмил медиҳад;

- манфиатҳои истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагонро ҳимоя мекунад;

- ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари минтақаи озоди иқтисодиро таъмин менамояд;

- барои ҷалб намудани инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ ва дигар захираҳо шароити мусоид фароҳам меоварад;

- риояи низоми ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодиро назорат мекунад ва барои ворид намудани тағйироти зарурӣ ба ин низом ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дигар ваколатҳои аз тарафи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, ки барои тезонидани рушди самараноки муносибатҳои бозоргонӣ равона гардидаанд, амалӣ менамояд.

Иҷрои санадҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар доираи салоҳияти он қабул гардидаанд, дар қаламрави минтақа барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, ҳатмӣ мебошад.

БОБИ 3. НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

Моддаи 11. Хусусиятҳои низоми ҳуқуқӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ низоми махсуси гумрукӣ, молиявию асъорӣ ва андозбандӣ, тартиби соддашудаи воридшавӣ, иқомат ва хориҷшавии резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, ки бо Низомнома оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ муайян шудаанд, инчунин дигар низомҳое, ки ба ҷалб намудани сармоя, ҳавасмандкунии инкишофи соҳибкорӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ нигаронида шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

Барои таъмин намудани низоми зикргардида аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муқарраршуда дар чунин минтақаҳо воҳидҳои сохтории хадамоти гумрукӣ ва андоз таъсис дода мешаванд.

Моддаи 12. Низоми махсуси гумрукӣ

Дар минтақаи озоди иқтисодӣ низоми махсуси гумрукӣ амал мекунад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:

- пурра ё қисман озод намудан аз боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид кардани молҳо ба минтақаи озоди иқтисодӣ;

- тартиби соддакардашудаи интиқоли борҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ;

- бекор намудани тадбирҳои сиёсати ғайритарифӣ.

Моддаи 13. Танзими молиявӣ ва асъорӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ

Барои ҳисоббаробаркуниҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асъори мубодилашавандаи давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода карда мешавад.

Хусусиятҳои махсуси танзими молиявӣ ва асъорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 14. Имтиёзҳои андозбандӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо тартиби муқарраршуда дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи фаъолияташон дар минтақаи озоди иқтисодӣ аз андозҳо қисман ё пурра озод карда мешаванд.

Барои фоида ва даромадҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар ҷараёни фаъолияташон дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба даст овардаанд ва ба соҳаҳои истеҳсолии дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, имтиёзҳои андозбандии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 15. Танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ

Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои инфиродии меҳнатӣ танзим карда мешаванд.

Шартномаҳои меҳнатии коллективию инфиродӣ набояд шароити кормандони корхонаю ташкилотҳои минтақаи озоди иқтисодиро нисбат ба шароитҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, бад созанд.

Моддаи 16. Буҷети мустақили минтақаи озоди иқтисодӣ

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ буҷети мустақили худро доранд. Ин буҷет аз ҳисоби даромадҳои худӣ ва дигар пардохтҳо, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқии дар қаламрави он ба қайд гирифташуда пардохт карда мешаванд, ташкил меёбад.

Буҷети мустақили минтақаи озоди иқтисодӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ мувофиқа карда мешавад.

Моддаи 17. Маблағгузорӣ барои таъсис, нигоҳдорӣ ва рушди минтақаи озоди иқтисодӣ

Маблағгузорӣ барои таъсис, нигоҳдорӣ ва рушди минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла инфраструктураи истеҳсолӣ, нақлиётӣ ва ғайра аз ҳисоби буҷети мустақили минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ карда мешавад.

Дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ Хазинаи инкишофи минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд карда мешавад, ки идоракунии он аз тарафи Шӯрои хазинаи инкишофи минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ гардонида мешавад. Манбаъҳои таъсисдиҳию нигоҳдории Хазинаи инкишофи минтақаи озоди иқтисодӣ ва сохтору ваколатҳои Шӯрои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

ҳаҷми маоши роҳбарони маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 18. Фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ

Бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ фаъолияти худро дар минтақаи озоди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд бонкҳои офшорӣ ташкил ёбанд ва фаъолият кунанд.

Моддаи 19. Суғуртакунӣ

Суғуртакунии сармоя ва таваккали иштирокчиёни минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

ҳимояи суғуртавӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои суғуртавии хориҷӣ таъмин карда мешавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Тартиби баррасии баҳсҳо

Баҳсҳо миёни иштирокчиёни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо аз тарафи судҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 17 майи соли 2004 № 24