Банди 4 бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008с. № 531 аз эътибор соқит дониста шуд
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008с. № 531)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарорҳои зерин тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд:
1. Дар банди 6 "Аломатҳои хизматрасонӣ" замимаи № 1 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1997 № 565 "Дар бораи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудаанд:
-дар аломатҳои хизматрасонии 6.1. "Нуқтаи ёрии аввали тиббӣ" ва
6.2. "Беморхона", нишонаи фарқкунандаи Салиби Сурх ба нишонаи фарқкунандаи Ҳилоли Аҳмар иваз карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 1999 № 344 "Дар бораи додани кредит ба хоҷагиҳо ва кӯчонидани онҳо аз минтақаҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 2000-2004 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор мегиранд":
-дар сархати сеюми банди 1 калимаҳои "5 ҳазор рубл ба сардори оила" ва "3 ҳазор рублӣ ба ҳар як узви оила" мувофиқан ба калимаҳои "20 сомонӣ ба сардори оила" ва "15 сомонӣ ба ҳар як узви оила" иваз карда шаванд;
-дар банди 2 сархати якум калимаҳои "300 (сесад) ҳазор рубл" ба калимаҳои "1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ" иваз карда шаванд;
-сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Пардохти кредити мазкур баъди соли сеюми пас аз гирифтани қарз оғоз гардида, дар муддати 5 сол дар ҳаҷми 50% аз ҳисоби оилаи муҳоҷир ва 50% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба анҷом мерасад".
-сархати чорум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Пардохт дар доираи маблағҳои ба ин мақсад ҷудонамудаи Буҷети давлатӣ барои соли 2003 амалӣ карда мешавад".
3. Аз Нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаҳо дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 515 тасдиқ шудааст, банди 19 "Дар бораи Консепсияи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон", хориҷ карда шавад.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 75 "Дар бораи пардохти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон":
-дар сархати "б" банди 1 баъд аз калимаҳои "Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
-дар банди 4 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- кирояи манзилгоҳ дар шаҳри Душанбе барои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 сомонӣ дар як шабонарӯз;";
-банди 9 ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"9. Дар мавридҳои ҷудогонаи вобаста ба сафарҳои ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои хориҷӣ бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд меъёрҳои дигари пардохти хароҷот муқаррар карда шаванд";
-бандҳои 9 ва 10 мувофиқан бандҳои 10 ва 11 дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 13 майи соли 2003 № 213
ш. Душанбе