Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003 № 963 "Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003 № 963 "Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бо тартиби муқаррагардида Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикстрой", Консерни давлатӣ-кооперативии "Тоҷикдеҳсохтмон", Консерни давлатии "Фурузон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии корҳои васлкунӣ ва махсуси бинокории "Тоҷикмонтажспецстрой"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шаванд.
2. Комиссияи барҳамдиҳӣ мувофиқи замима ташкил карда шавад.
Комиссияи барҳамдиҳӣ бо тартиби муқарраргардида арзиши асосӣ, маблағҳои гардон ва дигар амволи шахсони ҳуқуқии барҳамдодашавандаро анҷом диҳанд баланси фосилавӣ ё барҳамдиҳӣ, пешниҳодҳои истифодабарии минбаъдаи биною иншоотро таҳия кунад ва дар мӯҳлати ду моҳ маводҳои мазкур ва маводи дигари заруриро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд.
3. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 1995 № 396 "Масаъалаҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 1994 № 8 "Дар бораи ташкили Ширкати давлатии сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикстрой";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994 № 154 "Дар бораи таъсиси Консерни давлатӣ-кооперативии "Тоҷиксельстрой";
- қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 маи соли 1991 № 129 "Дар бораи Консерни давлатии "Тоҷикгазстрой"-и Тоҷикистон";
- қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 маи соли 1994 № 215 " Дар бораи таъсиси Корпоратсияи давлатии корҳои васлкунӣ ва махсуси бинокории "Тоҷикмонтажспецстрой"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 1994 № 321 "Оид ба Низомномаи Корпоратсияи давлатии корҳои васлкунӣ ва махсуси бинокории "Тоҷикмонтажспецстрой"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 феврали соли 2003 № 53
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 феврали соли 2003 № 53
Комиссияи барҳамдиҳӣ барои барҳамдиҳии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикстрой", Консерни давлатӣ-кооперативии "Тоҷикдеҳсохтмон", Консерни давлатии "Фурӯзон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии корҳои васлкунӣ ва махсуси бинокории "Тоҷикмонтажспецстрой"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
Азимов Қ.Х. - муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси комиссия)
Носиров И.Б. - муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини Раиси комиссия)
Аъзои комиссия:
Халифаев М.Ҷ. - Раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Болтов В.В. - муовини аввали Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Азизова Т.О. - муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рабиев Т.Ҳ. - муовини Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имонқулов Т.Т. - муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон
Асоев А. - муовини Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қурбонов С. X. - Раиси ҶСК "Ориёнбонк"