Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003, № 963 "Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади амали намудани сиёсати ягонаи давлати дар комплекси сохтмони ва мутобиқи моддаи (59 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Ба зиммаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлати дар соҳаҳои сохтмон ва меъмори вогузошта шавад.

3. Ба Системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 № 853 "Дар бораи системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:

ба банди 4 калимаҳои "Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

аз банди 5 калимаҳои "Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мӯҳлати ду моҳ Низомномаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва шумораи дастгоҳи маркази, нақшаи идораи онро тасдиқ ва тартиби маблағгузории онро муайян намояд;

масъалаи ҷойгиркунонии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд;

масъалаи барҳамдиҳии Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикстрой", Консерни давлати-кооперативии "Тоҷикдеҳсохтмон", Консерни давлатии "Фурӯзон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии корҳои васлкуни ва махсуси бинокории "Тоҷикмонтажспецстрой"-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқарраргардида барраси намояд;

Ҷиҳати иҷрои ин Фармон тадбирҳо андешида, қарорҳои худро бо он мутобиқ гардонад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 18 январи соли 2003 № 963

ш. Душанбе

ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

УКАЗ

ОБ ОБРАЗОВАНИИ ГОСУДАРСТВЕННОГО КОМИТЕТА СТРОИТЕЛЬСТВА И АРХИТЕКТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

В целях осуществления единой государственной политики в строительном комплексе и в соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:

1. Образовать Государственный комитет строительства и архитектуры Республики Таджикистан.

2. Возложить на Государственный комитет строительства и архитектуры Республики Таджикистан разработку и реализацию единой государственной политики в областях строительства и архитектуры.

3. Внести в Систему центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан, утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 4 июля 2002 года №853 "О системе центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

пункт 4 дополнить словами "Государственный комитет строительства и архитектуры Республики Таджикистан";

в пункте 5 слова "Комитет по делам архитектуры и строительству при Правительстве Республики Таджикистан" исключить.

4. Правительству Республики Таджикистан:

в двухмесячный срок утвердить Положение Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан, структуру и численность его центрального аппарата, схему управления и определить порядок его финансирования;

решить вопросы размещения Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан;

в установленном порядке рассмотреть вопрос о ликвидации Комитета по делам архитектуры и строительства при Правительстве Республики Таджикистан, Государственной строительной компании Республики Таджикистан "Таджикстрой", Государственно-кооперативного концерна "Таджикдехсохтмон", Таджикского государственного концерна Республики Таджикистан "Фурузон" и Таджикской республиканской государственной корпорации монтажных и специальных строительных работ "Таджикмонтажспецстрой";

принять меры во исполнения настоящего Указа и привести свои решения в соответствии с ним.

Президент

Республики Таджикистан                                    Э. Рахмонов

г.Душанбе

18 января 2003 года №963