Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003, № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.04.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 588 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.04.2006с. № 144)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои Қарор мекунад:

1.Низомномаи замимашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори Дастгоҳи марказии он, нақшаи идора ва номгӯи ташкилоту муассисаҳое, ки дар бахши молия фаъолияти худро дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд тасдиқ карда шаванд.

2. Шумораи умумии кормандони системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти Ҳайати хизматрасон ба миқдори 1480 воҳид (ба ғайр аз Колеҷи молиявӣ ва иқтисодии шаҳри Душанбе), аз ҷумла шумораи кормандони Дастгоҳи марказӣ бо дарназардошти Ҳайати хизматрасон ба миқдори 249 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Ба системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 85 воҳид, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 10 воҳид муқаррар карда шавад.

4. Дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад:

-Агентии қоғазҳои қиматнок ва инвеститсияи хориҷӣ бо шумораи 15 воҳид;

-Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Молия" бо шумораи 15 воҳид;

-Маркази таълимӣ ва солимгардонӣ бо шумораи 41 воҳид.

5. Дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳисоби хоҷагидорӣ таъсис дода шавад:

-Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасонӣ;

-Матбаа.

6. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дар нақшаи идораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда, ба ғайр аз Раёсати бақайдгирии махсусгардонидашуда, ки фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои махсус таъмин менамояд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Дар мӯҳлати ду моҳ Низомнома (Оиннома) ва сохтори ташкилоту муассисаҳои дар назди вазорат навтаъсисро тартиб дода, бо тартиби муқарраргардида тасдиқ намояд, инчунин низомномаи ташкилотҳои тобеи худро бо қарори мазкур мутобиқ созад.

8. Беэътибор дониста шаванд:

-- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1998 № 548 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

-- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1997 № 187 "Масъалаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

-- банди 7 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 1999 № 229 "Дар бораи баланси барҳамдиҳии Корпоратсияи Ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик";

-- банди 7 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 259 "Дар бораи тасдиқи тартиби гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ ва тартиби додани литсензия барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ".

Раис

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 5 феврали соли 2003 № 46

ш. Душанбе