ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи таъсис додани стипендияИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ
Ба мақсади ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳавасманд намудани фаъолияти донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдод фармон медиҳам:
1. Аз 1 январи соли 1997 cap карда, барои донишҷуёни мактабҳои оли стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Ҳар сол ба биступанҷ нафар донишҷӯёни мактабҳои оли, ки фақат бахои аъло гирифтаанд ва дар корҳои тадқиқоти илмӣ, техникӣ ва чамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
3. Ҳаҷми ҳар як стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи мактабҳои оли аз 1 ноябри соли 2005 ба андозаи 60 сомони муқаррар карда шавад
4. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан стипендияи Президентро дар вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон мактабҳои олии давлати доранд ва дар асоси буҷети давлати мутахассисон тайёр мекунанд, тақсим намояд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳ "Низомномаи тартиби муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ" тасдиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 ноябри соли 1996 № 609 ш. Душанбе
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ
Ба мақсади ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳавасманд намудани фаъолияти донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдод фармон медиҳам:
1. Аз 1 январи соли 1997 cap карда, барои донишҷуёни мактабҳои олӣ стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Ҳар сол ба биступанҷ нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки фақат баҳои аъло гирифтаанд ва дар корҳои тадқиқоти илмӣ, техникӣ ва чамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
3. Ҳаҷми ҳар як стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи мактабҳои олӣ аз 1 ноябри соли 2005 ба андозаи 60 сомони муқаррар карда шавад
4. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан стипендияи Президентро дар вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон мактабҳои олии давлатӣ доранд ва дар асоси буҷети давлати мутахассисон тайёр мекунанд, тақсим намояд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳ "Низомномаи тартиби муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ" тасдиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 ноябри соли 1996 № 609
ш. Душанбе