ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомнома дар бораи Тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёти барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷорати таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади маҳдуд намудани воридоти воситаҳои нақлиётии кӯҳнашуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёти барои фаъолияти истеҳсоли ё фаъолияти дигари тиҷорати таъиннагардида аз чониби шахсони воқеи тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 466 "Дар бораи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёти барои фаъолияти истеҳсоли ё фаъолияти дигари тиҷорати таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеи тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба банди 3 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"автомобилҳои нав" - автомобилҳое, ки аз лаҳзаи истеҳсолашон 5 сол ва камтар гузаштааст, новобаста аз бузургии масофаи тайкардаашон".
2. Ба банди 15 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Дар сурати аз ҷониби шахсони воқеи ворид гардидани автомобилҳое, ки аз лаҳзаи истеҳсолашон бештар аз 5 сол гузаштааст, новобаста ба кишвари истеҳсолашон, мизонҳои ягонаи боҷи гумруки ва андозҳои ҳамин банд муқаррарнамуда ба андозаи панҷкарата истифода мегардард".
3. Аз банди 19 калимаҳои "ҳолати ирсоли автомобилҳо ва инчунин дар" хорич карда шаванд.
4. Банди 23 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Шахсони воқеи метавонанд молҳои аз муросилоти байналмилалии почтави ирсолшударо дар сурати риоя намудани шартҳои дар бандҳои 6 ва 7 ин Низомнома зикрёфта қабул намоянд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2004 № 142
ш. Душанбе