Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2004 № 98
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо
Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шуда, тартиб, қоида ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатиро (ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ) дар тендерҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ муқаррар менамояд.
I. Истилоҳоти истифодашаванда
1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян мегардад, истилоҳот ва ибораҳои дар поён овардашуда, агар аз матн мазмуни дигаре пайдо нагардад, ба мазмуни зерин истифода бурда мешаванд:
- рӯзи бонкӣ - рӯзи расмии корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пардохти кафолатӣ (кафолатпулӣ) - таъмини пулии ӯҳдадориҳои иштироки бовиҷдононаи иштироккунанда дар тендер ва иҷро намудани вазифаҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда;
- тендери дудавра - тендере, ки ба он комиссия аризадиҳандагони аз интихоби квалификатсионӣ гузаштаро даъват менамояд;
- рӯзи гузаронидани тендер - рӯзи муайян гардидани ғолиб;
- тахтаи эълонҳо - тахтаи дар ҷои кушода ва намоён, вобаста ба суроғаи фурӯшанда, гузошташуда мебошад, ки дар он фурӯшанда ахбороти талабнамудаи Низомномаи мазкурро ҷойгир менамояд;
- аризадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқии резидентӣ ё ғайрирезидентӣ, ё консортсиум, ки барои ба тендер иштирок намудан дархости намунаи муқарраршуда додааст;
- дархост - ҳуҷҷати шакли муқаррардошта, ки дар он аризадиҳанда хоҳиши дар тендер иштирок намудани худро изҳор менамояд;
- тендери сармоягузорӣ - фурӯши объектҳо бо шартҳо, ки дар он иштироккунандаи барои пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ маблағи умумии зиёдтаринро таклиф кардааст, ғолиб дониста мешавад;
- сармоягузорҳо - сармоягузорҳо ба воситаҳои асосӣ, ки ба инкишофи иқтидори истеҳсолии объект равона гардидаанд ;
- ахбори иттилоотӣ - даъвати расмии сармоягузорони эҳтимолӣ барои иштирок ба тендер;
- интихоби квалификатсионӣ - интихоб намудани аризадиҳандагон барои иштирок ба тендер;
- тендери тиҷоратӣ - фурӯши объект (ҳо), ки шарти иштрок гузаштани аризадиҳанда аз интихоби квалификатсионӣ буда, тендер он иштироккунандае шинохта мешавад, ки барои объект арзиши зиёдтаринро пешниҳод намудааст;
- комиссия - комиссияи мутобиқи қарори фурӯшанда барои гузаронидани тендер ташкил додашуда;
- консортсиум - муттаҳид гардидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе ташкил додани шахси ҳуқуқӣ бо мақсади харидани объекти дар тендер гузошташуда;
- лот - объекти моликияти давлатии ба тендер гузошташуда;
- арзиши ҳадди ақал - арзише, ки лоти ба тендер гузошташуда, он камтар фурӯхта нахоҳад шуд;
- резидент (резидентӣ) - шахси воқеӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикитон ҷои зисти муқимӣ дорад, аз он ҷумла муваққатан берун аз марзи он буда ва инчунин шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда ва ба қайд гирифта шудааст;
- ғайрирезидент (ғайрирезидентӣ) - шахси воқеӣ, ки ҷои зисти муқимии он берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон (инчунин шахсони муваққатан дар он буда) мебошад; шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ташкил дода шуда, амал менамояд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, инчунин намояндагии дипломатии хориҷӣ, тиҷоратӣ ва дигари расмӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, филиалҳо ва намояндагии онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд;
- объект - объекти хусусигардонӣ: саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки ба давлат тааллуқ доранд; корхонаҳои давлатӣ; қисматҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ва сохторҳои алоҳидаи корхонаҳои давлатӣ объекти иҷтимоӣ ;
- тендери якдавра - тендере, ки дар он аризадиҳандагон барои дида баромадани комиссия дар як вақт ҳуҷҷатҳоро барои гузаронидани интихоби квалификатсионӣ ва муайян намудани ғолиб пешниҳод менамоянд;
- номгӯи ҳуҷҷатҳо барои аризадиҳандагон - номгӯи ҳуҷҷатҳо, ки Низомномаи мазкур, рӯйхати саҳмиядорони панҷ ва фоизи зиёдтари саҳмияҳои ҷамъияти саҳомиро соҳибанд ва ахбори иттилоотиро дар бар мегирад;
- ғолиб - иштироккунандае, ки бо қарори комиссия чун ғолиби тендер муайян гардидааст;
- харидор - ғолиб, ки бо фурӯшанда шартномаи хариду фурӯши объектро бастааст;
- Низомнома - Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо;
- ӯҳдадориҳои баъдихусусигардонӣ - ӯҳдадориҳои харидор нисӣбати объекти дар тендери сармоягузорӣ харидашаванда, ки дар пешниҳоди молиявӣ ва техникии харидор нишон дода шудаанд ;
- фурӯшанда - мақоме ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва Маҷлисҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо барои фурӯши объектҳои моликияти дахлдор дар музоядаҳо ваколатдор намудааст;
- нақшаҳо, барномаҳо-нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд ;
- тендер - намуди савдо, ки ба он шахсони аз интихоби квалификатсионӣ гузашта роҳ дода шуда, аз тарафи фурӯшанда шартҳои муайян пешбинӣ мегарданд.
- ҳуҷҷатҳои тендерӣ - ҳуҷҷатҳои дар лифофа басташуда, ки аризадиҳандагон барои иштирок ба тендер пешниҳод менамоянд;
- пешниҳоди техникӣ - ҳуҷҷати тартибдодаи иштироккунандаи тендери сармоягузорӣ мутобиқи меъёрҳои муайяннамудаи фурӯшанда;
- савдо - усули тиҷоратӣ ё сармоягузории фурӯши лот дар тендер ;
- шартҳои тендер - шартҳои муайяннамудаи фурӯшанда, ки ғолиби тендери сармоягузорӣ иҷро намудани онҳоро нисбат ба объекти харидашаванда баъд аз пардохти нархи фурӯш ӯҳдадор мегардад ;
- иштироккунанда - шахси ҳуқуқии резидентӣ ё ғайрирезидентӣ ё шахси воқеӣ ё консортсиуми онҳо, ки интихоби квалификатсиониро гузаштаанд;
- пешниҳоди молиявӣ - арзиши барои хариди объект пешниҳоднамудаи иштироккунанда ва ҳангоми тендери сармоягузорӣ инчунин маблағи сармоягузорӣ бо сомонӣ ;
- объекти иҷтимоие, ки ба моликияти давлатӣ мансуб буда, дар баланси ҷамъияти саҳомии хусусигардида қарор дорад (минбаъд -объекти иҷтимоӣ) иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, истироҳатгоҳҳо ва маҷмааҳои варзишии мансуб ба моликияти давлатӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида қарор доранд ва тавассути тендери сармоягузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешаванд ;
II. Муқаррароти умумӣ
2. Тендери якдавра бо шарте гузаронида мешавад, ки агар арзиши объект то як миллион сомониро ташкил диҳад .
3. Тендери дудавра бо шарте гузаронида мешавад, ки агар арзиши объект аз як миллион сомонӣ зиёд бошад .
4. Тендери сармоягузорӣ аз рӯи лот, ҳангоми дар он иштирок намудани як иштироккунанда, ки барои лот арзиши на камтар аз арзиши ақалли онро пешниҳод менамояд ва мувофиқи шартҳои тендер пешниҳодҳои молиявӣ ва техникӣ пешкаш мекунад, гузаронида мешавад .
5. Пешниҳодҳои молиявӣ ва техникии иштироккунандагони тендери сармоягузорӣ дар давоми 30 рӯз, аз рӯзи гузаронидани тендер, эътибор доранд.
Маблағи сармоягузории иштироккунандагони тендери сармоягузорӣ бояд на кам аз нархи ибтидоии объекти ба тендер гузошташударо ташкил диҳад. .
6. Номгӯи объектҳои дар тендер фурӯхташаванда дар воситаҳои ахбори омма ё сомонаи интернетии фурӯшанда умум дар давоми 10 рӯз, аз рӯзи баста шудани шартномаи хариду фурӯш, чоп карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
7. Ҳуҷҷатҳои тендерии иштироккунандагони тендер бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ пешкаш карда мешаванд.
III. Иштирок ба тендер
8. Дар тендер шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии резидентӣ ва ғайрирезидентии бо тартиби муайяннамудаи Низомномаи мазкур ба қайд гирифташуда, ба ғайр аз шахсони дар банди 9 нишон додашуда, иштирок карда метавонанд.
9. Иштироккунандагони тендер шуда наметавонанд:
- аъзоёни комиссия ва кормандони фурӯшанда;
- ғолибони музоядаҳои гузашта, аз он ҷумла ғолибони музоядаҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ, ки ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур ё Низомнома дар бораи фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳоро дар муддати дувоздаҳ моҳ аз вақти гузаронидани музоядаҳо, иҷро накардаанд.
10. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки барои иштирок намудан ба тендер мустақилона ё дар консортсиум бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дархост пешниҳод намоянд. Аъзоёни корсортсиум намояндаро барои иштирок ба тендер таъин мекунанд.
IV. Салоҳияти фурӯшанда
11. Салоҳияти фурӯшанда аз инҳо иборат аст:
- тақсим намудани объектҳо ба тендерҳои ҷудогона, муайян намудани мӯҳлат ва ҷои гузаронидани тендерҳо;
- ҷамъбаст ва таҳлили маълумотҳо дар бораи объект;
- муайян намудани тарзҳои гузаронидани тендер;
- муайян намудани мақсаднокии фурӯши саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар тендери тиҷоратӣ бо як ё якчанд лотҳо;
- дар тендери сармоягузорӣ бо як лот ба савдо баровардани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ:
- муайян намудани арзиши ҳадди ақали объект;
- муайян намудани ҳаҷми пардохти кафолатӣ;
- муайян намудани шартҳои тендер;
- бекор намудани тендер;
- рақамгузорӣ ба тендер ва лотҳо;
- ташкил додани комиссия;
- тайёр намудани номгӯи ҳуҷҷатҳо барои аризадиҳандагон. Аризадиҳанда метавонад номгӯи ҳуҷҷатҳои мазкурро бо қимати набаландтар аз масрафи барои тайёр намудани онҳо сарфшуда харида гирад:
- тартиб додан ва чоп намудани ахбори иттилоотӣ ва дигар интишороти пешбининамудаи Низомномаи мазкур;
- реклама намудани объектҳо ё ба мутахассисони соҳаи маркетинг, реклама ва алоқа бо аҳли ҷамъият супоридани ин вазифаҳо;
- бастани шартномаҳои хариду фурӯш бо ғолиби тендер;
- бурдани назорат аз болои иҷро гардидани шартҳои шартномаи хариду фурӯш;
- гузаронидани ҳисоббаробаркунӣ бо аризадиҳандагон, иштироккунандагон ва харидорон;
- ташкил намудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳо;
- гузаронидани конференсияҳо дар бораи тендерҳои гузарондашаванда.
V. Ташкилшавӣ ва салоҳияти комиссия
12. Барои гузаронидани тендери сармоягузорӣ фурӯшанда дар ҳайати 9 нафар комиссия ташкил медиҳад, ки ба он намояндагони мақомоти зерин дохил карда мешаванд:
- фурӯшанда;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти идоракунии соҳавии объекти иҷтимоии ба фурӯш гузошташуда.
Раис ва котиби комиссия аз ҳисоби намояндагони фурӯшанда муайян карда мешаванд
13. Дар ҳар дувоздаҳ моҳ фурӯшанда на камтар аз се нафар аъзоёни комиссияро иваз менамояд.
14. Тамоми протоколҳои комиссия бо ҳуҷҷатҳои тендерии иштироккунандагон, ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи сархати панҷуми банди 75 ба аризадиҳанда баргардонида мешаванд, аз лаҳзаи эълон намудани ғолиби тендер барои аҳли ҷомеа кушода мебошанд ва дар дасти фурӯшанда нигоҳ дошта мешаванд.
15. Комиссия:
- ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагон ва пешниҳодоти иштироккунандагонро баррасӣ менамояд;
- интихоби квалификатсионии аризадиҳандагонро мегузаронад;
- рӯзу соати гузаронидани маҷлисҳои комиссияро барои баррасии пешниҳодоти иштироккунандагон муайян менамояд.
- ғолиби тендерро муайян менамояд.
16. Раиси комиссия ба фаъолияти комиссия роҳбарӣ менамояд.
17. Муовини раиси комиссия аз ҳисоби аъзоёни комиссия дар маҷлиси комиссия интихоб карда мешавад. Муовини раиси комиссия ҳангоми набудани раиси комиссия ба кори комиссия роҳбарӣ, менамояд.
18. Котиби комиссия:
- бастаи ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагонро қабул намуда, ба қайд мегирад;
- барои пуррагӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои тендерӣ масъул мебошад;
- протоколҳои маҷлисҳои комиссияро мебарад;
- дар фаъолияти комиссия вазифаи коргузорӣ ва мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур дигар вазифаҳоро иҷро менамояд.
19. Агар дар фаъолияти комиссия на камтар аз панҷ нафар аъзоёни вай ширкат дошта бошанд, он салоҳиятнок ҳисоб карда мешавад.
20. Комиссия қарорро бо аксарияти оддии овозҳо, аз ҳисоби аъзоёни ҳозирбуда, қабул менамояд. Аъзоёни комиссия ҳангоми овоздиҳӣ ҳуқуқи бетараф буданро надоранд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раиси комиссия ҳалкунанда ба ҳисоб меравад.
21. Ҳар як аъзои комиссия ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро ба тариқи хаттӣ ба котиби комиссия пешниҳод намояд, ки он ба протокол замима мегардад.
22. Комиссия ҳуқуқ надорад, ки:
- дар давоми тамоми давраи тайёрӣ ба тендер ва гузаронидани он ҳама гуна маълумоте, ки ба иштироккунандагони тендер алоқа дорад ё ба рафти тендер таъсир мерасонад, ошкор кунад;
- барои ба сифати иштироккунандаи тендер ба қайд гирифтан, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боби X Низомномаи мазкур номбаргардида, ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб намояд.
23. Ҳама гуна вайронкуниҳое, ки дар рафти гузаронидани тендер зоҳир мегарданд, аз тарафи комиссия баррасӣ мешаванд ва қарорҳои қабулгардида дар протокол сабт мегарданд.
24. Аъзоёни комиссия ҳуқуқи бо иштироккунандагони тендер гуфтугузор намуданро надоранд.
25. Манъ намудани гуфтугузори дар боло қайдгардида ҳангоми гузаронидани конференсияи фурӯшанда барои сармоягузорон нисбати он аъзоёни комиссия, ки дар конференсия иштирок менамоянд, гирифта мешавад .
VI. Хабардор кардани аҳли ҷомеа дар бораи гузаронидани тендер
26. Ахбори иттилоотӣ оиди гузаронидани тендер бояд маълумоти зерин дошта бошад:
- ном, суроға, телефон ва факси фурӯшанда;
- ном, макони ҷойгиршавӣ, масоҳати умумӣ ва намудҳои асосии фаъолияти объект;
- ҳаҷми лотҳои пешниҳодшаванда бо фоиз аз сармояи оинномавӣ аз ҳар як ҷамъияти саҳомӣ;
- шумораи саҳмиядороне, ки аз 5% зиёдтар саҳмияҳои ҷамъияти саҳомиро соҳибанд;
- рақами тендер ва рақами лотҳо;
- тарзи гузаронидани тендер;
- арзиши хадди ақали лотҳо;
- хаҷми боҷи комиссионӣ;
- ҳаҷми пардохти кафолатӣ ва суратҳисоби фурӯшанда барои гузаронидани пардохти кафолатӣ;
- ҳаҷми истеҳсолоти объект дар соли охирини молиявӣ бо ифодаи пулӣ мувофиқи намунаи (формаи) Ф-1-П (солона);
- шумораи ҳақиқии кормандони объект дар охири соли охирини молиявӣ мувофиқи намунаи (формаи) Ф-1-Т (солона);
- соли оғози истифодабарии корхона;
- бозори фурӯш ва ҳаҷми фурӯш дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он дар 12 моҳи пурраи охирин мувофиқи намунаи (формаи) Ф-8- ВС:
- истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии объект дар соли охирини молиявӣ мувофиқи намунаи (формаи) Ф-БМ ;
- ҷамъи қарзҳои кредиторӣ дар соли охирини молиявӣ мувофиқи маълумоти баланси муҳосибӣ;
- ҷадвали шиносоии озод бо объектҳо аз тарафи сармоягузорони эҳтимолӣ ҳангоми тендери якдавра ;
- шартҳои тендер ва мӯҳлати иҷрои онҳо;
- меъёрҳои муайян намудани ғолиб;
- ҷой (макон) ва мӯҳлати охирини қабули бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ;
- сана, макон ва вақти кушодани пешниҳодҳои иштироккунандагони тендери якдавра;
- макон ва мӯҳлати охирини эълони огоҳинома дар бораи натиҷаҳои интихоби квалификатсионии иштироккунандагон дар тендери дудавра;
- суроға, ки дар он ҷо бастаи ҳуҷҷатҳоро барои аризадиҳандагон гирифтан мумкин аст ва қимати он;
- суроғаи сомонаи интернетии Интернет, ки ба воситаи он бастаи ҳуҷҷатҳои тендериро бо шакли электронӣ бепул гирифтан мумкин аст ;
- рӯз, соат ва макони гузаронидани конференсия барои сармоягузорони эҳтимолӣ оиди тендерҳои гузаронидашаванда;
- фурӯшанда мутобиқи сархатҳои 10 - 15-и банди 26 ахбори иттилоотӣ дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи корхонаҳо ё идораи давлатии омор ахборот тайёр менамояд. Фурӯшанда оиди боэътимодии маълумот дар ахбори иттилоотӣ ҷавобгӯ намебошад.
Маълумоти дар сархатҳои 3,4,10,11,13,14, 15 ва 16 банди 26 дарҷгардида ба объекти иҷтимоӣ, ки тавассути тендери сармоягузорӣ ба фурӯш бароварда мешавад, тааллуқ надорад
27. Номутобиқатии маълумотҳои воқеии корхонаҳо бо маълумотҳои дар сархатҳои 10 - 15-и банди 26 ахбори иттилоотӣ ифодагардида барои беэътибор донистани натиҷаҳои тендер асос шуда наметавонад.
28. Илова ба ахбороти дар банди 26 нишондодашуда, фурӯшанда метавонад дар ахбори иттилоотӣ дигар маълумотро дар бораи ҳолати объект чоп намояд.
29. Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани тендер бо забони давлатӣ ё забони русӣ дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ як маротиба на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ то санаи гузаронидани тендер чоп мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурӯшанда ҷойгир карда мешавад .
30. Нисбати объектҳои моликияти коммуналӣ, ахбори иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми ҳудуди минтақаи мазкур паҳн мегарданд, чоп карда мешавад.
31. Ба ғайр аз нашрияҳои дар банди 30 нишон додашуда, бо салоҳдиди фурӯшанда, ахбори иттилоотӣ дар ҳаҷми пурра ё мухтасар мумкин аст дар дигар воситаҳои ахбори умум, аз он ҷумла, байналмилалӣ, ба чоп расонида шавад.
32. Нусхаҳои ҳамаи ахбори иттилоотӣ дар дасти фурӯшанда нигоҳ дошта мешаванд.
33. Илова ба ахбори иттилоотӣ фурӯшанда метавонад рекламаи тендерро ҷорӣ намояд.
34. Реклама дар шакли озод гузаронида мешавад ва бояд ба ҷалбкунии васеи иштироккунандагон равона карда шавад.
35. Ахбор дар реклама бояд боэътимод (саҳеҳ) буда, ба маълумотҳои дар ахбори иттилоотӣ чопгардида мухолиф набошад.
36. Ҳангоми мавҷудияти ихтилоф дар реклама ва маълумотҳои ахбори иттилоотӣ, маълумотҳои ахбори иттилоотӣ чун асос қабул карда мешаванд. Чунин мухолифат барои бекор кардани тендер ё пас гирифтани объект аз тендер асос шуда наметавонанд.
37. Маълумоти боз ҳам муфассалтар, назар ба маълумоти дар ахбори иттилоотӣ пешниҳодгардида, дар бораи ҳолати молиявӣ ва техникии объектро аз маъмурияти объект ҳангоми шиносоӣ бо он гирифтан мумкин аст.
VII. Бекор кардани тендер ва пас гирифтани объект аз тендер
38. Агар дар ахбори иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои якум, шашум, нуҳум, ҳабдаҳум, хаждаҳум, нуздаҳум, бистум, бисту якум, бисту дуюми банди 26 Низомномаи мазкур нишон додашуда мавҷуд набошанд, ё ин ки байни ахбороти иттилоотии ҷудогона аз рӯи сархатҳои мазкур ихтилоф ба қайд гирифта шуда бошанд, фурӯшанда на дертар аз се рӯз, то ба охир расидани мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ҳуқуқ дорад тендерро бекор кунад ва дар бораи бекор гардидани тендер дар ҳамон воситаҳои ахбори умум, ки ахбори иттилоотӣ ба чоп расида буданд, хабар чоп намоянд.
39. Агар дар ахбори иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои дуюм, ссюм, хафтум, ҳаждаҳуми банди 26 Низомномаи мазкур нишондодашуда мавҷуд набошанд, ё ин ки байни ахбороти итгилоотии ҷудогона, оиди ин сархатҳо зиддият бақайд гирифта щуда бошанд, фурӯшанда на дертар аз 3 рӯз, то ба охир расидани мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ҳуқуқ дорад объектро аз тендер пас гирад ва дар бораи аз тендер пас гирифтани объект дар ҳамон воситаҳои ахбори умум, ки ахбори иттилоотӣ ба чоп расида буд, хабар чоп менамояд.
40. Ҳолатҳои мухолифати байни дафтари бақайдгирии бастаи ҳуҷҷатҳо ва шумораи ҳақиқии онҳо асоси пас гирифтани объект аз тендер мегардад.
41. Дар ҳама ҳолатҳои бекор гардидани тендер ё пас гирифтани объект аз тендер ахбор дар ин бора бо далелҳои боасоси қарори мазкури фурӯшанда дар рӯзи қабул гардидани қарор ба тахтаи эълонҳо ҷойгир карда мешавад.
42. Фурӯшанда дар тӯли 35 рӯзи бонкӣ баъди ба чоп расидани эълон дар бораи бекор гардидани тендер ё пас гирифтани объект аз тендер савдои такрории онҳоро бо шартҳои аввала мегузаронад .
VIII. Қоидаҳои шиносоӣ бо корхона
43. Баъди нашр гардидани ахбори иттилоотӣ имконияти шиносоӣ бо объект барои ҷамъ овардани маълумот дар бораи ҳолати молиявӣ, техникӣ ва воқеӣ дода мешаванд :
- ба ҳама хоҳишмандон, бе ягон шарт ва маҳдудият ҳангоми гузаронидани тендери якдавра;
- ба иштироккунандагон, ки ҳангоми тендери дудавра аз интихоби квалификатсионӣ гузаштаанд.
44. Ҳангоми шиносоӣ бо объект шахсони дар банди 44 нишондодашуда ҳуқуқ доранд :
- бо ҳуҷҷатҳои ҳисоботии молиявию муҳосибӣ ва ҳама дигар гуна маълумот, ба ғайр маълумоте, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сирри тиҷоратиро ташкил медиҳад, шинос шаванд. Намояндаи объект ба ин шахсон бояд ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод намояд, ки сирри тиҷоратӣ будани ҳуҷҷати мазкурро тасдиқ намояд ;
- бо активҳои воқеии объект шинос шаванд ;
- бо ҳар кадом роҳбар ва корманди объект сӯҳбат намоянд .
45. Дар ҳолати аз тарафи маъмурияти объект пешниҳод нагардидани маълумоти дар банди 45 ишорагардида, фурӯшанда метавонад нисбат ба роҳбари объект ҷазои интизомӣ истифода барад .
46. Маъмурияти объект ҳуқуқ надорад, ки нисбати шахсони мутобиқи банди 44 бо объект шинос гардида маълумот паҳн намояд.
IX. Пардохти кафолатӣ
47. Пардохти кафолатӣ таъмини ӯҳдадориҳои зерини иштироккунандагон мебошад:
- имзо кардани протоколи натиҷаҳои тендер дар ҳолати ғалабаи онҳо;
- бастани шартномаи хариду фурӯш мувофиқи протоколи натиҷаҳои тендер;
- иҷро намудани шартҳои шартномаи хариду фурӯш;
- пешниҳод намудани маълумоти боэътимод ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар тендер.
48. Пардохти кафолатӣ барои иштирок намудан ба тендер дар ҳаҷми 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мегардад .
49. Пардохти кафолатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ахбори иттилоотӣ дар шакли ғайринақдӣ гузаронида мешавад.
50. Пардохти кафолатиро ҳам бо асъори конвертатсияшаванда ва ҳам бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар рӯзи пардохти он гузарондан мумкин аст.
51. Нусхаи ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронидани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд, дар лифофа бо ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад.
53. Ғолиби тендер ҳуқуқ дорад, ки танҳо баъди дохил гардидани пардохти кафолатӣ ба суратҳисоб ё ҳи2оби асъории дар ахбори иттилоотӣ нишон додашуда шартномаи хариду фурӯшро имзо намояд.
53. Аризадиҳанда метавонад шумораи номаҳдуди пардохти кафолатиро гузаронад. Дар ин ҳолат як пардохти кафолатӣ ҳуқуқи харидани як лотро медиҳад.
54. Пардохти кафолатии аризадиҳандаи ҳангоми тендери дудавра аз интихоби квалификатсионӣ нагузашта дар тӯли се рӯзи бонкӣ, аз рӯзи эълон гардидани натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ, баргардонида мешавад.
55. Пардохти кафолатии ғолиб, ки шартномаи хариду фурӯшро бастааст, мувофиқи шартномаи хариду фурӯш, ба ҳисоби пардохтҳои оянда ҳисобида мешавад.
56. Пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда дар ҳолатҳои зерин баргардонида намешавад:
- дасткашидани аризадиҳанда аз иштирок ба тендер камтар аз 24 соат то мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ;
- дасткашидани иштироккунандаи аз интихоби квалификатсионӣ гузашта аз пешкаши пешниҳодҳои худ ҳангомн тендери дудавра;
- пешкаш гардидани пешниҳодоти имзогардида ё пешниҳоди молиявии аз ҳадди ақал камтар; даст кашидани ғолиб аз имзо кардани протоколи натиҷаҳои тендер ё бастани шартномаи хариду фурӯш;
- дасткашидани иштироккунандагони мувофиқи натиҷаҳои тендер ҷойҳои дуюм ва сеюмро гирифта аз бастани шартномаи хариду фурӯш баъди аз тарафи фурӯшанда даъват гардидани онҳо то ба охир расидани мӯҳлати эътибори пешниҳоди онҳо;
- мутобиқи шартномаи хариду фурӯш иҷро нагардидан ё нокифоя иҷро гардидани ӯҳдадориҳо;
- ошкор гардидани ҳуҷҷатҳои сохта ва қалбакии пешниҳоднамудаи аризадиҳанда барои иштирок ба тендер.
57. Баргардонидани пардохти кафолатии иштироккунандагон, ғайр аз пардохти кафолатии ғолиб ва иштироккунандагони ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғолнамуда, дар давоми 3 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи муайян гардидани ғолиб ё санаи бекор кардани тендер ё пас гирифтани объект аз тендер бо ҳамон арзе, ки пардохти кафолатӣ гузаронида шуда буд, сурат мегирад.
58. Пардохти кафолатии иштироккунандагони аз рӯи натиҷаи тендер ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғолнамуда дар давоми 3 рӯзи бонкӣ баъд аз 30 рӯзи санаи гузаронидани тендер баргардонида мешавад.
59. Дар ҳолати рӯйгардонии фурӯшанда аз имзо намудани шартномаи хариду фурӯш бо ғолиб, вай вазифадор аст пардохти кафолатиро ба ғолиб дар ҳаҷми дукарата баргардонад ва инчунин зарари воқеии бо иштироки ӯ дар тендер вобастабударо пардохт намояд.
X. Талабот нисбати ба қайд гирифтани аризадиҳандагон
60. Ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагон аз рӯзи чоп гардидани ахбори иттилоотӣ оғоз ёфта, дар мӯҳлатҳои дар ахбори иттилоотӣ нишон додашуда ба охир мерасад. Ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва гузаронидани конференсия фурӯшанда ҳуқуқ надорад, ки дар бораи шахсият ва ё шахсоне, ки онҳо намояндагӣ менамоянд, маълумот талаб намояд.
61. Аризадиҳанда ҳуқуқ надорад, ки барои як лот зиёда аз як бастаи ҳуҷҷатҳои тендериро барои иштирок намудан ба тендер пешниҳод намояд.
62. Котиби комиссия, дар мӯҳлатҳо ва суроғаи дар ахбори иттилоотӣ нишон додашуда, ҳуҷҷатҳои тендерии дар лифофа басташудаи аризадиҳандагонро қабул менамояд.
63. Ҳангоми қабул намудани бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ, котиби комиссия онҳоро бо тартиби дохил гардиданашон дар дафтари махсуси дӯхташудаи шуморабандӣ кардашуда ба қайд мегирад (замимаи 1) ба шахси лифофаро супорида забонхат медиҳад (замимаи 2). Рақами ба қайд гирифтани аризадиҳанда ба лифофаи мӯҳркардашуда гузошта мешавад ва он бояд бо рақами бақайдгирии дар дафтар гузошташуда мутобиқ бошад.
64. Бастаи ҳуҷҷатҳои қабулгардида дар сандуқи оҳанини ҷудогонаи котиби комиссия нигоҳ дошта мешаванд. Котиби комиссия барои қабул кардан ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои тендерӣ шахсан ҷавобгар мебошад.
65. Маълумот дар бораи шумораи бастаи ҳуҷҷатҳои қабулкардашуда ошкор карда намешавад.
66. Аризадиҳанда метавонад на дертар аз 24 соат то мӯҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ аз иштирок ба тендер дасткашӣ намояд. Дасткашӣ аз иштирок ба тендер бо тариқи хаттӣ ба котиби комиссия бо нишон додани рақами тендер, рақами лот ва рақами лифофа бо ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо замимаи забонхат дар бораи аз тарафи котиб қабул гардидани ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешниҳод мегардад. Лифофа ба котиб бо қосид расонида мешавад. Дасткашӣ кардан аз иштирок, ки бо тариқи дигар расонида шудааст, ба эътибор гирифта намешавад. Дар асоси дасткашии аризадиҳанда бо забонхати замимагардида, котиб бастаи ҳуҷҷатҳои тендериро бармегардонад.
67. Ҳангоми гузаронидани тендери якдавра барои ба қайд гирифтани шахси воқеӣ ба сифати аризадиҳанда дар лифофаи басташуда бо навиштаҳоти "Ҳуҷҷатҳои тендерии объекти (номи объект)" пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
- барои резидентҳо - нусхаи ҳуҷҷати шахсияти аризадиҳандаро тасдиқкунанда;
- барои ғайрирезидентҳо - нусхаи ҳуҷҷати ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума ва дар идораи нотариалӣ тасдиқгардида, ки шахсияти аризадиҳандаро тасдиқ менамояд;
- як нусха дархост дар шакли муқарраргардида (замимаи 3);
- дар ҳолате, ки харидор ба воситаи шахси мӯътамад иштирок меварзад - ваколатномаи аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқгардида, ки ваколати намояндаи шахси воқеиро дар имзо намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ тасдиқ менамояд;
- нусхаи ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронидани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд;
- иқтибос аз ҳисоби бонкии аризадиҳанда, ё нусхаи ҳисоботи муҳосибӣ, ё ҳуҷҷат дар бораи амвол бо арзиши баҳододашудаи онҳо ё баёния дар бораи даромадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қобилияти адо намудани қарз ва ҳолати устувори молиявии ӯро тасдиқ менамоянд. Ғайрирезидентҳо ҳуҷҷатҳои дар боло номбаргардидаи ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашуда ва дар идораи нотариалӣ тасдиқшударо пешниҳод менамоянд;
- пешниҳоди молиявӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди молиявӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад.
Пешниҳоди молиявии тадиқшуда баррасӣ карда намешавад. Маблағи сармоягузор дар пешниҳоди молиявӣ бо сомонӣ нишон дода мешавад (замимаи 4);
- пешниҳоди техникӣ ба тендери сармоягузорӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди техникӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад (замимаи 5). Пешниҳоди техникии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад.
68. Ҳангоми гузаронидани тендерӣ якдавра барои ба қайд гирифтани шахси ҳуқуқӣ ба сифати аризадиҳанда дар лифофаи басташуда бо навиштаҷоти "Ҳуҷҷатҳои тендерии объекти (номи объект)" ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
- як нусха дархост дар шакли муқарраргардида (замимаи 3):
- нусхаи ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронидани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд;
- ваколатнома, ки ваколати намояндаи шахси ҳуқуқиро дар имзо намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ тасдиқ менамояд ва дар ҳолати роҳбари аввал будани намояндаи шахси ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати таъин гардидани ӯро тасдиқкунанда;
- иқтибос аз ҳисоби бонкии аризадиҳанда, ё нусхаи ҳисоботи муҳосибӣ, ё ҳуҷҷат дар бораи амволи вай бо арзиши баҳододашудаи онҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қобили адо намудани қарз ва ҳолати устувори молиявии ӯро тасдиқ менамоянд. Ғайрирезидентҳо ҳуҷҷатҳои дар боло номбаргардидаи ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума ва дар идораи нотариалӣ тасдиқ гардидаро пешниҳод менамоянд;
- пешниҳоди молиявӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди молиявӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад. Пешниҳоди молиявии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад. Маблағи сармоягузорӣ дар пешниҳоди молиявӣ бо сомонӣ нишон дода мешавад (замимаи 4);
- пешниҳоди техникӣ ба тендери сармоягузорӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди техникӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар лифофаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад (замимаи 5). Пешниҳоди техникии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад;
- барои резидентҳо нусхаҳои бо мӯҳри шахси ҳуқуқии дархосткунанда тасдиқгардидаи оиннома ва шаҳодатнома дар бораи ба қайд гирифта шудани шахси ҳуқуқӣ ;
- барои ғайрирезидентҳо, иқтибоси қонунии аз реестри тиҷоратӣ ё ҳуҷҷати дигари гирифташуда,_ки шахси амалкунандаи ҳуқуқӣ будани иштироккунандаро мувофиқи қонунгузории кишвари вай тасдиқ мекунад, бо тасдиқи нотарналии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
69. Ҳангоми гузаронидани тендери якдавра барои ба қайд гирифтанпи консортсиум ба сифати аризадиҳанда дар лифофаи басташуда бо навиштаҷоти "Ҳуҷҷатҳои тендерии объекти (номи объект)" пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст;
- як нусха дархост дар шакли муқарраргардида (замимаи 3);
- ваколатномаи бо тарзи нотариалӣ тасдиқшуда дар бораи муайян намудани, намояндаи ба сифати аризадиҳанда баромадкунанда, ки аз тарафи ҳамаи аъзоёни консортсиум имзо шудааст;
- нусхаи ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронндани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд;
- иқтибос аз ҳисоби бонкии иштироккунандагони консортсиум, ё нусхаи ҳисоботи муҳосибии онҳо, ё ҳуҷҷат дар бораи амволи онҳо бо арзиши баҳододашуда, ё баёния дар бораи даромадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қобилияти адо намудани қарз ва ҳолати устувори молиявии иштироккунандагони консортсиумро тасдиқ менамоянд. Ғайрирезидентҳо ҳуҷҷатҳои дар боло номбаргардидаи ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума ва дар идораи нотариалӣ тасдиқшударо пешниҳод менамоянд;
- пешниҳоди молиявӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди молиявӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар лифофаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад. Пешниҳоди молиявии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад. Маблағи сармоягузорӣ дар пешниҳоди молиявӣ бо сомонӣ нишон дода мешавад (замимаи 4);
- пешниҳоди техникӣ ба тендери сармоягузорӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди техникӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар лифофаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад (замимаи 5). Пешниҳоди техникии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад;
- нусхаи дар идораи нотариалӣ тасдиқгардидаи шартномаи байни аъзоёни консортсиум, ки қарори дар тендер чун консортсиум иштирок намудани онҳоро тасдиқ ва ҳиссаи саҳмияҳои ҳар як аъзои консортсиумро муайян мекунад.
70. Ҳангоми гузаронидани тендери дудавра барои ба қайд гирифтан ба сифати аризадиҳанда, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва консортсиумҳо барои гузаронидани интихоби квалификатсионӣ лифофаи басташудаи ҳуҷҷатҳои зеринро бо навиштаҷоти "Ҳуҷҷатҳои тендерии объекти (номи объект)" пешниҳод мекунанд:
- ҳуҷҷатҳои мутобиқан барои шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва консортсиумҳо зарурии дар бандҳои 68, 69 ва 70 нишондодашуда, ба ғайр аз пешниҳодҳои молиявӣ ва техникии дар лифофаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳодот - номи объект", баъди гузаронидани интихоби квалификатсионӣ;
- маълумот дар бораи соҳаи кори шахси ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи фаъолият ва ихтисоси шахси ҳуқуқӣ ва маълумот дар бораи фаъолият ё соҳаи аъзоёни консортсиум дар шакли озод;
- рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки зиёд аз даҳ фоизи сармояи аризадиҳандаро соҳибӣ мекунад.
XI. Интихоби квалификатсионӣ
71. Ҳангоми гузаронидани ҳама гуна тендерҳо аризадиҳандагон барои иштирок ба он бояд аз интихоби квалификатсионӣ гузаранд.
72. Интихоби квалификатсионӣ бе иштироки аризадиҳандагон гузаронида мешавад.
73. Аъзоённ комиссия ҳуҷҷатҳои тендерии пешниҳоднамудаи аризадиҳандаро санҷида, аз интихоби квалификатсионӣ гузаштан ё нагузаштани ӯро муайян мекунанд.
74. Ҳангоми интихоби квалификатсионии тендери тиҷоратӣ:
- комиссия интихоби аризадиҳандагонро то кушодани пешниҳоди молиявӣ мегузаронад.
- аризадиҳанда ҳангоми пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои фасли X талабкунанда аз интихоби квалификатсионӣ гузашта ба ҳисоб меравад.
- аз рӯи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ комиссия оид ба натиҷаҳои он мувофиқи шакли дар замимаи 6 нишондодашуда, огоҳинома тартиб медиҳад. Огоҳинома дар рӯзи ба охир расидани интихоби квалификатсионӣ дар тахтаи эълонҳо ҷойгир карда мешавад.
- аризадиҳандагони аз интихоби квалификатсионӣ гузашта, иштироккунандагони тендер мегарданд;
- ба аризадиҳандагоне, ки аз интихоби квалификатсионӣ намегузаранд, пешниҳодҳои молиявӣ ва техникӣ накушода баргардонида мешаванд.
75. Ҳангоми интихоби квалификатсионии тендери сармоягузорӣ:
- баъди ба охир расидани мӯҳлати дар ахбори иттилоотӣ муқарраргардидаи пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои гузаронидани интихоби квалификатсионӣ, комиссия дар давоми 5 рӯзи бонкӣ интихоби квалификатсионии аризадиҳандагонро мегузаронад;
- баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои аризадиҳанда аъзоёни комиссия намунаи дар замимаи 7 нишон додашударо пур мекунанд. Аъзоёни комиссия ҳуқуқ надоранд, ки байни якдигар масъалаҳои ба интихоби аризадиҳанда алоқаманд ва инчунин нияти худро нисбат ба баҳо додани аризадиҳанда чун аз интихоби квалификатсионӣ гузашта ё нагузашта муҳокима намоянд;
- аъзоёни комиссия намунаҳои пур кардашударо ба котиби комиссия мссупоранд;
- аъзоёни комиссия ҳуқуқ надоранд, ки баҳои худро баъди ба котиби комиссия супоридан тағйир диҳанд;
- то ба охир расидани маҷлиси комиссия, котиб намунаи ҷамъбастиро дар юораи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ, ки дар замимаи 8 нишон дода шудааст, якҷоя бо огоҳинома дар бораи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ тайёр карда, барои имзо намудан ба аъзоёни космиссия пешкаш менамояд. Дар ин ҳол котиб то тайёр шудани намунаи ҷамъбастии натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ ҳуқуқи ошкор намудани баҳогузории ягон аъзои комиссияро ба дигар аъзоҳо надорад. Намунаҳои инфиродӣ ва ҷамъбастии баҳодиҳӣ бояд дар бойгонии (архив) фурӯшанда нигоҳ дошта шаванд;
- аризадиҳанда ҳамон вақт аз интихоби квалификатснонӣ гузашта ҳисоб мешавад, ки агар аксарияти аъзоёни ҳозирбудаи комиссия ӯро ҳамчун аз интихоби квалификатсионӣ гузашта муайян намоянд;
- комиссия аз рӯи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ дар бораи он бо намунаи дар замимаи 6 барои тендерҳои якдавра ва замимаи 9 барои тендерҳои дудавра нишон додашуда огоҳинома тартиб медиҳад. Дар огоҳинома рақами лифофаҳои аризадиҳандагони аз интихоби квалификатсионӣ гузашта, мӯҳлати охирин ва ҷои пешкаш намудани пешниҳодоти молиявӣ ва техникии иштироккунандагон, инчунин вақт ва ҷои кушода шудани лифофаҳо бо пешниҳодот нишон дода мешаванд. Мӯҳлати охирини пешкаш намудани пешниҳодоти иштироккунандагон камтар аз 15 рӯз аз рӯзи ҷойгир намудани огоҳинома дар суроғаи фурӯшанда шуда наметавонад ;
- огоҳинома дар тахтаи эълонҳо дар рӯзи ба охир расидани интихоби квалификатсионӣ ҷойгир кунонда мешавад. Ҳама хоҳишмандон метавонанд нусхаи огоҳиномаро аз котиби комиссия ё шӯъбаи умумии фурӯшанда гиранд.
XII. Муқаррароти умумии баррасии пешниҳодоти иштироккунандагон ва эътироф кардани ғолибони тендер
76. Раис ва на камтар аз ду аъзои комиссия, ки яке аз онҳо котиби комиссия мебошад, лифофаҳоро аз сандуқи оҳанин, на барвақттар аз 30 дақиқа то оғози дида баромадани онҳо берун мекунанд.
77. Раис ва аъзоёни комиссияи ҳангоми берун намудани лифофаҳо бо ҳуҷҷатҳо шумораи воқеии лифофаҳоро бо шумораи дар рӯйхати дафтари бақайдгирӣ буда муқоиса менамоянд ва дар ҳолати номувофиқатӣ, мутобиқи намунаи дар замимаи 10 нишондодашуда, санад дар бораи номувофиқатӣ тайёр менамоянд, ки дар асоси он комиссия оид ба бекор кардани тендер протокол тартиб медиҳад.
78. Раис ва аъзоёни комиссия лифофаҳоро то ҷои гузаронидани маҷлиси комиссия мерасонанд.
79. Ҳангоми тендери дудавра, лифофаҳо бо пешниҳодоти иштироккунандагони дар рӯз ва соати дар огоҳинома оид ба натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ нишон додашуда ва ҳангоми тендери якдавра дар рӯз, бино ва соати гузаронидани тендер, ки дар ахбори иттилоотӣ нишон дода шудааст, аз тарафи раиси комиссия дар ҳузури аъзоёни комиссия ва иштироккунандагон ё намояндаҳои эътимодноки онҳо кушода мешавад.
80. Ҳангоми кушодани лифофаҳо бо пешниҳодоти иштироккунандагон, раиси комиссия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нишондиҳандаҳои, пешниҳодоти молиявӣ ва техникии ҳар як иштироккунандаро аз рӯи ҳар як лот эълон менамояд ва онҳоро ба тахта менависад.
81. Комиссия танҳо он пешниҳодоти молиявиро дида мебарояд, ки дар онҳо нархи пешниҳодгардида аз андозаи нархи ҳадди ақали лот баланд бошад.
82. Баъд аз кушодани ҳама лифофаҳои барои як лот додашуда ва дида баромадани пешниҳодоти иштироккунандагон, комиссия дар назди ҳозирбудагон, дар толори гузаронидани тендер, ғолиби тендерро оид ба лоти мазкур эълон менамояд ва мутобиқи замимаи 11 ҳангоми тендери тиҷоратӣ ва замимаи 12 ҳангоми тендери сармоягузорӣ дар бораи эътироф намудани ғолиб протокол тартиб медиҳад .
83. Протокол дар бораи эътирофи ғолиби тендер барои ҳар як лот:
- дар се нусха, яктогӣ барои фурӯшанда, ғолиб ва комиссия тартиб дода мешавад;
- аз тарафи ҳама аъзоёни комиссия ва ғолиб, ҳангоми дар толори тендерӣ ҳозир будани он, имзо мегардад;
- ҳангоми дар толори тендерӣ ҳозир набудани ғолиб аз тарафи ӯ дар давоми 9 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи гузаронидани тендер, имзо карда мешавад;
- қарори комиссия барои ҳама мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, танҳо бо қарори суд бекор карда мешавад.
84. Аз рӯи натиҷаҳои тендер оид ба ҳама лотҳо, бо шакли дар замимаи 13 нишон додашуда, протоколҳои ҷамъбастӣ тартиб дода шуда, дар рӯзи тартиб дода шуданашон ба тахтаи эълонҳо овехта мешаванд.
85. Нусхаи протоколи муайянкунии ғолиб оид ба ҳар як лот ва протоколи ҷамъбастиро ҳамаи иштироккунандагон аз котиби комиссия гирифта метавонанд.
86. Фурӯшанда дар давоми 10 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи гузаронида шудани тендер, бо ғолиб шартномаи хариду фурӯшро мебандад (шакли намунавии замимаи 14).
Ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯши объекти иҷтимоӣ фурӯшанда мазмуни шакли намунавии замимаи 14-ро ба муқаррароти ҳамин Низомнома мутобиқ менамояд
87. Дар ҳолати аз имзо кардани протокол дар бораи эътироф намудани ғолиб саркашӣ кардани ғолиби тендер, комиссия имзо намудани протоколро ба иштирокчии ҷои дуюмро, гирифта ва дар ҳолати дасткашӣ кардани он ба иштирокчии ҷои сеюмро ишғолкарда пешниҳод менамояд.
88. Дар ҳолати аз бастани шартномаи хариду фурӯш саркашӣ кардани ғолиб ва ё аз сабаби иҷро нагардидани шартҳои дар сархати якуми банди 108 нишон додашуда бекор гардидани шартнома, фурӯшанда бастани шартномаи хариду фурӯшро ба иштирокчии ҷои дуюмро ишғолнамуда ва дар ҳолати дасткашӣ кардани он, ба иштирокии ҷои сеюмро ишғолнамуда пешниҳод менамояд.
89. Дар ҳолати аз бастани шартномаи хариду фурӯш саркашӣ кардани ғолиб ва ё аз сабаби иҷро нагардидани шартҳои дар сархати якуми банди 108 нишон додашуда бекор гардидани шартнома, фурӯшанда дар ин бора дар мӯҳлати 3 рӯз, аз лаҳзаи ҷавоби рад гирифтан аз ғолиб, ё гузаштани 30 рӯз аз мӯҳлати дар сархати якуми банди 108, замимаи 15 нишон додашуда дар тахтаи эълонҳо эълон мебарорад. Эълони мазкур ба иштироккунандаи аз рӯи натиҷаҳои тендер ҷои дуюмро ишғолнамуда, даъватномаи расмӣ барои бастани шартномаи хариду фурӯш дар давоми 5 рӯз аз рӯзи ба чоп расидани эълон мебошад.
XIII. Баррасии пешниҳодоти иштироккунандагон ва эътирофи ғолибон ҳангоми тендери тиҷоратӣ
90. Баъд аз кушодани тамоми лифофаҳо бо пешниҳодоти молиявӣ ба лоти мазкур, комиссия пешниҳодотро меомӯзад ва ғолиби тендериштироккунандаеро, ки нархи аз ҳама баланд пешниҳод намудааст, эълон менамояд.
91. Котиби комиссия ба протоколи маҷлиси комиссия нархҳои ба лоти интихобгардида пешниҳоднамудаи ҳар як иштироккунандаро сабт менамояд.
92. Дар ҳолати аз тарафи ду ва ё зиёда иштироккунандагони тендер барои як лот пешниҳод гардидани нархи якхела, комиссия оиди гузаронидани тендери иловагӣ, ки дар он иштироккунандагони мазкур бояд пешниҳодоти молиявии нав пешкаш намоянд, қарор мебарорад.
93. Тендери иловагӣ дар давоми 10 рӯз, аз рӯзи кушодани лифофаҳо бо пешниҳодот, гузаронида мешавад.
94. Комиссия дар тахтаи эълонҳо маълумотро дар бораи сана, ҷой ва вақти гузаронидани тендери иловагӣ ҷойгир менамояд.
95. Ҳангоми гузаронидани тендери иловагӣ иштироккунандагони он ба комиссия лифофаҳоро бо пешниҳодоти молиявии нав, бо шакли дар замимаи 16 нишон додашуда, пешниҳод менамоянд. Дар ин ҳолат нархҳо дар пешниҳодот бояд на камтар аз пештара бошанд. Ба толори гузаронидани тендери иловагӣ иштироккунандагони тендери иловагӣ ё намояндагони ваколатдори онҳо иҷозати даромаданро мегиранд.
96. Агар дар тендери иловагӣ пешниҳодоти молиявии ду ва ё зиёда иштироккунандагон як нарх дошта бошад, голиб иштироккунандае эътироф мегардад, ки барои иштирок дар тендери асосӣ аввал ба қайд гирифта шудааст.
XIV. Баррасии пешниҳодоти иштироккунандагон ва эътирофи ғолибон ҳангоми тендери сармоягузорӣ
97. Комиссия ҳангоми гузаронидани тендери дудавра, пешниҳодоти молиявӣ ва техникии пешкаш гардидаро дар давоми 3 рӯзи бонкӣ, аз лаҳзаи мӯҳлати охирини пешкаш намудани пешниҳодоти иштироккунандагон, ки дар огоҳинома оид ба натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ нишон дода шудааст, баррасӣ менамояд ва баҳо медиҳад.
98. Котиби комиссия дар протоколи маҷлиси комиссия нишондодҳои пешниҳодоти молиявӣ ва техникии лоти интихобгардидаро дохил менамояд.
99. Комиссия пешниҳодоти молиявӣ ва техникии иштироккунандагонро бо услуби зерин баҳо медиҳад:
- маблағи пешниҳоди молиявӣ бо формулаи зерин муайян карда мешавад: А(пм)=Н+Мс, ки дар ин ҷо: А(пм) - арзиши пешниҳоди молиявии иштироккунанда; Н - нархи пешниҳоднамудаи иштироккунанда; Мс - маблағи сармоягузори пешниҳодгардида дар давоми бисту чор моҳ, аз рӯзи имзо гардидани шартномаи хариду фурӯш .
- пешниҳодоти техникӣ бо формулаи зерин баҳогузорӣ мегардад: А(мнк) =12 х Мм х Мкп., ки дар ин ҷо: А(мнк) - зиёдшавии шумораи кормандон нисбат ба шумораи коргарони феълӣ дар давоми як моҳи пеш аз гузаронидани тендер, ки бо ифодаи пулӣ муайян мегардад; Мм - музди меҳнати ҳадди ақал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи гузаронидани тендер; Мкп - зиёдшавии пешниҳодгардидаи шумораи кормандон.
100. Маблағи умумии пешниҳодоти молиявӣ ва техникии иштироккунанда (Му) бо формулаи зерин муайян мегардад: С= А(пм)+ А(мнк)
101. Ғолиб иштироккунандае дониста мешавад, ки маблағи умумии пешниҳодоти молиявӣ ва техникии ӯ аз ҳама зиёд аст.
102. Агар ду ва зиёда иштироккунандагони тендер баҳои умумии баробар дошта бошанд, ғолиб иштироккунандае дониста мешавад, ки барои объект нархи зиёдтар пешниҳод намудааст.
XV. Савдои такрорӣ
103. Савдои такрорӣ оид ба фурӯши объектҳо дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешаванд:
- агар оид ба объектҳои ба тендер гузошташуда бастаи ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд;
- агар аризадиҳандагон интихоби квалификатсиониро нагузаранд;
- агар ғолиб аз имзо кардани протокол дар бораи эътироф намудани ғолиб ё бастани шартномаи хариду фурӯш даст кашад, инчунин дигар иштироккунандагон низ, ки ба онҳо имзо кардани протокол дар бораи эътироф намудани ғолиб ва бастани шартномаи хариду-фурӯш пешниҳод гардида буд, аз он дасткашӣ намоянд.
104. Савдои такрорӣ оид ба корхонаҳое, ки хусусигардонии онҳо мутобиқи барномаҳо ва нақшаҳо амалӣ мешаванд, дар мӯҳлати на дертар аз 35 рӯзи бонкӣ аз рӯзи пайдошавии ҳолатҳои дар банди 103 нишон додашуда, гузаронида мешавад .
105. Фурӯшанда ҳуқуқ дорад шартҳои тендерро ҳангоми такроран гузаронидани он тағйир диҳад.
XVI. Тартиби ҳисобикунӣ
106. Харидор ба суратҳисоби фурӯшанда боҷи комиссиониро ба андозаи 5% аз нархи фурӯши объект, ки ба нархи фурӯш дохил намешавад, мегузаронад.
107. Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи шартномаи хариду фурӯш байни фурӯшанда ва харидор чунин сурат мегирад:
- пешмузд, ба андозаи на камтар аз 15% нархи фурӯши объект, дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи имзо гардидани шартномаи хариду фурӯш пардохта мешавад. Пардохти кафолатӣ ба ҳисоби пардохти оянда ба ҳисоб гирифта мешавад;
- маблағи боқимонда бояд на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи имзо гардидани шартномаи хариду фурӯш, пардохта шавад.
108. Дар ҳолати ба таъхир андохтани мӯҳлати пешпардохт ё пардохти пурра зиёда аз 10 рӯзи бонкӣ фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ки шартномаро яктарафа қатъ кунад ва аз харидор подоши зарарҳои дар қисмати бо пардохти кафолати пешиданашударо талаб намояд.
Дар сурати аз ҷониби харидор пардохт намудани на камтар аз 50 фоизи нархи фурӯши объект мӯҳлати охирини пардохти нархи фурӯш, бо дарназардошти ҷарима, ба 30 рӯзи бонкӣ дароз карда мешавад. Барои ҳар рӯзи дарозшудаи бонкӣ ҷарима ба ҳаҷми 0,2 фоиз аз маблағи пардохтнашудаи нархи фурӯши объект ситонида мешавад .
Агар маблағи нархи фурӯш ба ҳаҷми пуррааш дар мӯҳлати дарозшуда пардохта нашавад, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро яктарафа қатъ карда, харидорро дар мӯҳлати 10 рӯз аз рӯзи ба таъхир андохтани мӯҳлати охирини пардохт дар бораи қатъ кардани шартнома огоҳ намояд. Дар ин ҳолат аз маблағи пардохтаи харидор ҷарима ва маблағи пардохти кафолатӣ ситонида шуда, маблағи боқимонда тибқи тартиби муқарраргардида ба харидор баргардонида мешавад
XVII. Ҳуқуқи соҳибмулкӣ
109. Дар давоми 3 рӯзи бонкӣ аз лаҳзаи пардохти пурраи нархи фурӯши объект, фурӯшанда ва харидор бояд санади супоридану қабули объектро, ки ҷузъи ҷудонашавандаи шартномаи хариду фурӯш мебошад, ба имзо расонанд (замимаи 17). Санади иҷрои уҳдадориҳо асос барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ мебошад .
110. Дар ҳолати бастаи саҳмияҳо будани объект, Санади иҷрои уҳдадориҳо барои дохил намудани тағйирот ба номгӯи, ки бо тартиби муайянанмудаи қонунгузорӣ бурда мешавад, асос мебошад .
111. Ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи соҳибмулкиро тасдиқ менамояд, шаҳодатнома мебошад, ки аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдор дода мешавад.
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба саҳмияҳои фурӯхташуда иқтибос аз феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок мебошад, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад .
112. Фурӯши объекти хусусигардонӣ ба шахсони сеюм дар давраи амал намудани шартномаи хариду фурӯш, мувофиқи моддаи 420 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо бо розигии фурӯшанда имконият дорад.
113. Аз лаҳзаи гирифтани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ, мувофиқи банди 111-и Низомномаи мазкур, харидор ҳуқуқи истифодабарӣ, идоракунӣ ва соҳибикунии моликияти харидашударо пайдо менамояд .
114. Харидори объекти иҷтимоӣ дар муддати то 7 сол наметавонад соҳаи фаъолияти объекти хусусигардидаро тағйир диҳад
XVIII. Назорат аз болои иҷрои ӯҳдадориҳои баъди хусусигардонӣ
115. Фурӯшанда ва харидор дар баробари имзо кардани санади супоридану қабули объект дар асоси китоби ҳисоб кардани музди кор, протоколи шумораи коргарони воқеии корхонаро дар моҳи пеш аз моҳи гузаронидани тендер имзо менамоянд.
116. Назорати иҷрои ӯҳдадориҳоро оид ба зиёд намудани шумораи кормандон фурӯшанда, баъди ба охир расидани бисту чор моҳ аз лаҳзаи баста шудани шартномаи хариду фурӯши объект, дар асоси китоби ҳисоб кардани музди кор дар моҳи пеш аз моҳи назоратӣ, мебарад.
117. То ба охир расидани мӯҳлати иҷроиши ӯҳдадориҳо харидор бояд ҳисоботи ҳисобдории объектро ба стандарти байналмилалии ҳисоботи ҳисобдории мутобиқ намояд.
118. Баъди ба охир расидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба сармоягузорӣ, харидор ба фурӯшанда баланси муҳосибавӣ бо хулосаи аудиторӣ пешниҳод менамояд.
119. Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат иҷро гардидани ӯҳдадориҳои харидор оид ба зиёд намудани шумораи кормандон ва сармоягузориҳо, фурӯшанда баъди ду сол дар бораи иҷро гардидани ӯҳдадориҳои мазкур санад медиҳад .
XIX. Оқибатҳои иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои баъди хусусигардонӣ
120. Ҳангоми ба шумораи зиёда аз 50%, вале камтар аз 100% иҷро гардидани ӯҳдадориҳои баъдихусусигардонии харидор дар мӯҳлатҳои дар шартнома нишон додашуда, фурӯшанда мӯҳлати иҷрои қисми боқимондаи ӯҳдадориҳоро ба мӯҳлати то 24 моҳ дароз менамояд.
121. Ҳангоми камтар аз 50 фоиз иҷро гардидани уҳдадориҳо оид ба сармоягузорӣ ва зиёд намудани шумораи кормандон дар муҳлати то 24 моҳ аз рӯзи баста шудани шартномаи хариду фурӯш ва ҳангоми то ба 100 фоиз иҷро нагардидани уҳдадориҳо баъди ба охир расидани муҳлати тамдидшудаи дар банди 120 нишондодашуда, фурӯшанда дар давоми 1 моҳ баъди ба охир расидани муҳлати тамдидшуда шартномаро яктарафа бекор менамояд ва барои ҳар рӯзи ба таъхир гузошташуда аз санаи ба имзо расидани шартномаи хариду фурӯш аз нархи фурӯши объект ба андозаи 0,1 фоиз ҷарима меситонад .
122. Дар ҳолати харидори объект будани консортсиум, тамоми аъзоёни консортсиум барои пардохти ҷарима оид ба иҷро нагардидани ӯҳдадории мазкур баробар ҷавобгаранд.
123. Дар ҳолатҳои аз пардохти санксияи ҷаримавӣ саркашӣ намудани харидор, фурӯшанда бояд дар мӯҳлатҳо ва тартиби муайяннамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суд муроҷиат намояд .