ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №1, моддаи 1) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонуни мазкур калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", калимаҳои "шахсони юридикӣ" ба калимаҳои "шахсони ҳуқуқӣ", калимаҳои "Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор" ва калимаҳои "додгоҳ", "додгоҳҳои" мувофиқан ба калимаҳои "суд", "судҳои" иваз карда шаванд.
2. Моддаҳои 5 ва 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 5. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалие бошанд, ки дар қаламрави ҷумҳури ва берун аз он баъди ба қайдгирии давлатии онҳо ба сифати шахси ҳуқуқи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
Моддаи 6. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад".
3. Дар қисми дуюми моддаи 9 калимаҳои "суратҳисобҳои сӯм ва арзӣ" ба калимаҳои "суратҳисобҳо бо арзи миллӣ ва хориҷӣ" иваз карда шаванд.
4. Аз моддаи 13 калимаҳои "-ба қайдгирии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;" хориҷ карда шаванд.
5. Қисми якуми моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Фаъолияти субъектҳои иқтисодии хориҷӣ дар сурати ҷой доштани рақобати бевиҷдонона ё ҳангоме, ки фаъолияти онҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён мерасонад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 феврали соли 2004 № 3