ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2004 № 300, аз 06.06.2005с. № 210, аз 02.06.2006с. № 221, аз 07.09.2006с. № 422)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249 "Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи маркази, нақшаи идораи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйхати муассиса ва корхонаҳое, ки тавассути бастани шартномаҳои дуҷониба бо Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд тасдиқ карда шавад (замима намегардад)
2. Шумораи умумии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳайати хизматрасон ба миқдори 60 вохид муқаррар карда шавад
3. Ба Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Раис, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.
4. Ба Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомобилҳои сабукрави хизмати ва дигар автомашинаҳо ба миқдори 6 воҳид муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурияви анҷом дода шавад.
6. Қарорҳои зерин беэътибор дониста шаванд:
қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1989 № 42 "Дар бораи такмили идораи хоҷагии ҷангали РСС Тоҷикистон";
қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1992 № 128 "Дар бораи схемаи идораи Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Точикистон аз 25 сентябри соли 1992 №362 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 1993 № 313 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Идтиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 1996 № 79 "Дар бораи ворид намудани тагйирот ба Низомномаи Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1997 № 401 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи Идтиҳодияи истеҳсолии хочагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 марти соли 2004 № 70
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2004 № 300
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷгагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Идораи мониторинги экологи ва стандартҳо
3. Идораи назорати истифодабарии табиат
4. Идораи робитаҳои байналмилали
5. Идораи маъмуряю хоҷаги
6. Шӯъбаи ҳуқуқ
7. Шӯъбаи кадрхо ва корҳои махсус
8. Шӯъбаи обуҳавошиноси ва зидди ҷола
9. Шӯъбаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
10. Шӯъбаи хоҷагии ҷангал
11. Шӯъбаи таблиғот ва тарбияи экологи
12. Ҳисобдории маркази
13. Шӯъбаи иқтисод.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2004 № 300
тасдиқ шудааст
Нақшаи идораи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи маркази
2. Кумитаҳои ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо
3. Хадамоти назорати таҳлили:
4. Экспертизаи давлатии экологи
5. Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот
6. Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера
7. Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об
8. Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо
9. Маркази сиёсати экологи ва ахборот
10. Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об
11. Лабораторияи илмию тадқиқотии ҳифзи табиат.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2004 № 300
тасдиқ шудааст
Рӯйхати муассиса ва корхонаҳое, ки тавассути бастани шартномаҳои дуҷониба бо Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд
1. Муассисаи давлатии "Агентии обуҳавошиноси"
2. Муассисаи давлатии "Хадамоти ҳарбикунонидашудаи зидди ҷола"
3. Муассисаи давлатии "Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор"
4. Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи "Парки Миллии Тоҷикистон"
5. Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал
6. Корхонаи воҳиди давлатии "Сайду Саёҳат"
7. Маркази ҷумҳуриявии илмию истеҳсолии "Табиат"
8. Идораи рӯзномаи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон.