Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 "Дар бораи Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо"

Санаи амалкуни: 05.12.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 № 590, аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577)

Бо мақсади таъмин намудани шаффофият ва рақобатнокӣ дар ҷараёни татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577):

1. Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар музоядаҳо ва Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар тендерҳо тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ин низомномаҳоро, барои роҳбарӣ ва иҷро қабул намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 № 590, аз 5.12.2013 № 577).

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 № 513 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардони дар музояда ва тендер" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э. Раҳмонов

аз 1 марти соли 2004 № 98

ш. Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо

Бо мақсади амали гардонидани Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар музоядаҳо ва Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар тендерҳо тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Ба Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусуси гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ шудааст, фасли IV бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"IV. Арзёбии корхонаҳое, ки мувофиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барон солҳои 2003-2007 хусуси гардонида мешаванд.

Корхонаҳое, ки тибқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барон солҳои 2003-2007, ки дар савдои якум хусуси гардонида мешаванд, дар асоси балансҳои бухгалтери дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз эълони фурӯш арзёби карда мешаванд".

3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ин низомномаҳо ва Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусуси гардонида мешаванд, барои роҳбари ва иҷро қабул намоянд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 № 513 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардони дар музояда ва тендер" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 1 марти соли 2004 № 98

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2004 № 98

тасдиқ гардидааст

Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо

Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шуда, тартиб, қоида ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатиро (ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ) дар тендерҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ муқаррар менамояд.

I. Истилоҳоти истифодашаванда

1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян мегардад, истилоҳот ва ибораҳои дар поён овардашуда, агар аз матн мазмуни дигаре пайдо нагардад, ба мазмуни зерин истифода бурда мешаванд:

- рӯзи бонкӣ - рӯзи расмии корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пардохти кафолатӣ (кафолатпулӣ) - таъмини пулии ӯҳдадориҳои иштироки бовиҷдононаи иштироккунанда дар тендер ва иҷро намудани вазифаҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда;

- тендери дудавра - тендере, ки ба он комиссия аризадиҳандагони аз интихоби квалификатсионӣ гузаштаро даъват менамояд;

- рӯзи гузаронидани тендер - рӯзи муайян гардидани ғолиб;

- тахтаи эълонҳо - тахтаи дар ҷои кушода ва намоён, вобаста ба суроғаи фурӯшанда, гузошташуда мебошад, ки дар он фурӯшанда ахбороти талабнамудаи Низомномаи мазкурро ҷойгир менамояд;

- аризадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқии резидентӣ ё ғайрирезидентӣ, ё консортсиум, ки барои ба тендер иштирок намудан дархости намунаи муқарраршуда додааст;

- дархост - ҳуҷҷати шакли муқаррардошта, ки дар он аризадиҳанда хоҳиши дар тендер иштирок намудани худро изҳор менамояд;

- тендери сармоягузорӣ - фурӯши объектҳо бо шартҳо, ки дар он иштироккунандаи барои пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ маблағи умумии зиёдтаринро таклиф кардааст, ғолиб дониста мешавад;

- инвеститсияҳо - инвеститсияҳо ба воситаҳои асосӣ, ки ба инкишофи иқтидори истеҳсолии корхона равона гардидаанд;

- ахбори иттилоотӣ - даъвати расмии сармоягузорони эҳтимолӣ барои иштирок ба тендер;

- интихоби квалификатсионӣ - интихоб намудани аризадиҳандагон барои иштирок ба тендер;

-тендери тиҷоратӣ - фурӯши объект (ҳо), ки шарти иштрок гузаштани аризадиҳанда аз интихоби квалификатсионӣ буда, тендер он иштироккунандае шинохта мешавад, ки барои объект арзиши зиёдтаринро пешниҳод намудааст;

- комиссия - комиссияи мутобиқи қарори фурӯшанда барои гузаронидани тендер ташкил додашуда;

- консортсиум - муттаҳид гардидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе ташкил додани шахси ҳуқуқӣ бо мақсади харидани объекти дар тендер гузошташуда;

- лот - объекти моликияти давлатии ба тендер гузошташуда;

- арзиши ҳадди ақал - арзише, ки лоти ба тендер гузошташуда, он камтар фурӯхта нахоҳад шуд;

- резидент (резидентӣ) - шахси воқеӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикитон ҷои зисти муқимӣ дорад, аз он ҷумла муваққатан берун аз марзи он буда ва инчунин шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда ва ба қайд гирифта шудааст;

- ғайрирезидент (ғайрирезидентӣ) - шахси воқеӣ, ки ҷои зисти муқимии он берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон (инчунин шахсони муваққатан дар он буда) мебошад; шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ташкил дода шуда, амал менамояд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, инчунин намояндагии дипломатии хориҷӣ, тиҷоратӣ ва дигари расмӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, филиалҳо ва намояндагии онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд;

- объект - объекти хусусигардонӣ: саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки ба давлат тааллуқ доранд; корхонаҳои давлатӣ; қисматҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ва сохторҳои алоҳидаи корхонаҳои давлатӣ;

- тендери якдавра - тендере, ки дар он аризадиҳандагон барои дида баромадани комиссия дар як вақт ҳуҷҷатҳоро барои гузаронидани интихоби квалификатсионӣ ва муайян намудани ғолиб пешниҳод менамоянд;

- номгӯи ҳуҷҷатҳо барои аризадиҳандагон - номгӯи ҳуҷҷатҳо, ки Низомномаи мазкур, рӯйхати саҳмиядорони панҷ ва фоизи зиёдтари саҳмияҳои ҷамъияти саҳомиро соҳибанд ва ахбори иттилоотиро дар бар мегирад;

- ғолиб - иштироккунандае, ки бо қарори комиссия чун ғолиби тендер муайян гардидааст;

- харидор - ғолиб, ки бо фурӯшанда шартномаи хариду фурӯши объектро бастааст;

- Низомнома - Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо;

- ӯҳдадориҳои баъдихусусигардонӣ - ӯҳдадориҳои харидор нисӣбати объекти дар тендери инвеститсионӣ харидашаванда, ки дар пешниҳоди молиявӣ ва техникии харидор нишон дода шудаанд;

- фурӯшанда - мақоме ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва Маҷлисҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо барои фурӯши объектҳои моликияти дахлдор дар музоядаҳо ваколатдор намудааст;

- нақшаи стратегӣ - Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри солм 2003 № 486 тасдиқ карда шудааст.

- тендер - намуди савдо, ки ба он шахсони аз интихоби квалификатсионӣ гузашта роҳ дода шуда, аз тарафи фурӯшанда шартҳои муайян пешбинӣ мегарданд.

- ҳуҷҷатҳои тендерӣ - ҳуҷҷатҳои дар лифофа басташуда, ки аризадиҳандагон барои иштирок ба тендер пешниҳод менамоянд;

- пешниҳоди техникӣ - ҳуҷҷати тартибдодаи иштироккунандаи тендери инвеститсионӣ мутобиқи меъёрҳои муайяннамудаи фурӯшанда;

- савдо - усули тиҷоратӣ ё инвеститсионии фурӯши лот дар тендер;

- шартҳои тендер - шартҳои муайяннамудаи фурӯшанда, ки ғолиби тендери сармоягузорӣ иҷро намудани онҳоро нисбат ба корхонаи харидашаванда баъд аз пардохти нархи фурӯш ӯҳдадор мегардад;

- иштироккунанда - шахси ҳуқуқии резидентӣ ё ғайрирезидентӣ ё шахси воқеӣ ё консортсиуми онҳо, ки интихоби квалификатсиониро гузаштаанд;

- пешниҳоди молиявӣ - арзиши барои хариди объект пешниҳоднамудаи иштироккунанда ва ҳангоми тендери инвеститсионӣ инчунин маблағи инвеститсионӣ бо сомонӣ.

II. Муқаррароти умумӣ

2. Тендери якдавра бо шарте гузаронида мешавад, ки агар арзиши корхона то панҷсад ҳазор сомониро ташкил диҳад.

3. Тендери дудавра бо шарте гузаронида мешавад, ки агар арзиши корхона аз панҷсад ҳазор сомонӣ зиёд бошад.

4. Тендери инвеститсионӣ аз рӯи лот, ҳангоми дар он иштирок намудани як иштироккунанда, ки барои лот арзиши на камтар аз арзиши ақалли онро пешниҳод менамояд ва мувофиқи шартҳои тендер пешниҳодҳои молиявӣ ва техникӣ пешкаш мекунад, гузаронида мешавад.

5. Пешниҳодҳои молиявӣ ва техникии иштироккунандагони тендери инвеститсионӣ дар давоми 30 рӯз, аз рӯзи гузаронидани тендер, эътибор доранд.

6. Номгӯи объектҳои дар тендер фурӯхташаванда дар воситаҳои ахбори умум дар давоми 10 рӯз, аз рӯзи баста шудани шартномаи хариду фурӯш, чоп карда мешаванд.

7. Ҳуҷҷатҳои тендерии иштироккунандагони тендер бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ пешкаш карда мешаванд.

III. Иштирок ба тендер

8. Дар тендер шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии резидентӣ ва ғайрирезидентии бо тартиби муайяннамудаи Низомномаи мазкур ба қайд гирифташуда, ба ғайр аз шахсони дар банди 9 нишон додашуда, иштирок карда метавонанд.

9. Иштироккунандагони тендер шуда наметавонанд:

- аъзоёни комиссия ва кормандони фурӯшанда;

- ғолибони музоядаҳои гузашта, аз он ҷумла ғолибони музоядаҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ, ки ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур ё Низомнома дар бораи фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳоро дар муддати дувоздаҳ моҳ аз вақти гузаронидани музоядаҳо, иҷро накардаанд.

10. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки барои иштирок намудан ба тендер мустақилона ё дар консортсиум бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дархост пешниҳод намоянд. Аъзоёни корсортсиум намояндаро барои иштирок ба тендер таъин мекунанд.

IV. Салоҳияти фурӯшанда

11. Салоҳияти фурӯшанда аз инҳо иборат аст:

- тақсим намудани объектҳо ба тендерҳои ҷудогона, муайян намудани мӯҳлат ва ҷои гузаронидани тендерҳо;

- ҷамъбаст ва таҳлили маълумотҳо дар бораи объект;

- муайян намудани тарзҳои гузаронидани тендер;

- муайян намудани мақсаднокии фурӯши саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар тендери тиҷоратӣ бо як ё якчанд лотҳо;

- дар тендери сармоягузорӣ бо як лот ба савдо баровардани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ:

- муайян намудани арзиши ҳадди ақали объект;

- муайян намудани ҳаҷми пардохти кафолатӣ;

- муайян намудани шартҳои тендер;

- бекор намудани тендер;

- рақамгузорӣ ба тендер ва лотҳо;

- ташкил додани комиссия;

- тайёр намудани номгӯи ҳуҷҷатҳо барои аризадиҳандагон. Аризадиҳанда метавонад номгӯи ҳуҷҷатҳои мазкурро бо қимати набаландтар аз масрафи барои тайёр намудани онҳо сарфшуда харида гирад:

- тартиб додан ва чоп намудани ахбори иттилоотӣ ва дигар интишороти пешбининамудаи Низомномаи мазкур;

- реклама намудани объектҳо ё ба мутахассисони соҳаи маркетинг, реклама ва алоқа бо аҳли ҷамъият супоридани ин вазифаҳо;

- бастани шартномаҳои хариду фурӯш бо ғолиби тендер;

- бурдани назорат аз болои иҷро гардидани шартҳои шартномаи хариду фурӯш;

- гузаронидани ҳисоббаробаркунӣ бо аризадиҳандагон, иштироккунандагон ва харидорон;

- ташкил намудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳо;

- гузаронидани конференсияҳо дар бораи тендерҳои гузарондашаванда.

V. Ташкилшавӣ ва салоҳияти комиссия

12. Барои гузаронидани тендер фурӯшанда дар ҳайати 9 нафар комиссия ташкил медиҳад, ки ба он намояндагони зерин дохил мешаванд:

- фурӯшанда, ки яке аз онҳо раиси комиссия дар шахси муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як нафар котиби комиссия мебошанд;

- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13. Дар ҳар дувоздаҳ моҳ фурӯшанда на камтар аз се нафар аъзоёни комиссияро иваз менамояд.

14. Тамоми протоколҳои комиссия бо ҳуҷҷатҳои тендерии иштироккунандагон, ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи сархати панҷуми банди 75 ба аризадиҳанда баргардонида мешаванд, аз лаҳзаи эълон намудани ғолиби тендер барои аҳли ҷомеа кушода мебошанд ва дар дасти фурӯшанда нигоҳ дошта мешаванд.

15. Комиссия:

- ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагон ва пешниҳодоти иштироккунандагонро баррасӣ менамояд;

- интихоби квалификатсионии аризадиҳандагонро мегузаронад;

- рӯзу соати гузаронидани маҷлисҳои комиссияро барои баррасии пешниҳодоти иштироккунандагон муайян менамояд.

- ғолиби тендерро муайян менамояд.

16. Раиси комиссия ба фаъолияти комиссия роҳбарӣ менамояд.

17. Муовини раиси комиссия аз ҳисоби аъзоёни комиссия дар маҷлиси комиссия интихоб карда мешавад. Муовини раиси комиссия ҳангоми набудани раиси комиссия ба кори комиссия роҳбарӣ, менамояд.

18. Котиби комиссия:

- бастаи ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагонро қабул намуда, ба қайд мегирад;

- барои пуррагӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои тендерӣ масъул мебошад;

- протоколҳои маҷлисҳои комиссияро мебарад;

- дар фаъолияти комиссия вазифаи коргузорӣ ва мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур дигар вазифаҳоро иҷро менамояд.

19. Агар дар фаъолияти комиссия на камтар аз панҷ нафар аъзоёни вай ширкат дошта бошанд, он салоҳиятнок ҳисоб карда мешавад.

20. Комиссия қарорро бо аксарияти оддии овозҳо, аз ҳисоби аъзоёни ҳозирбуда, қабул менамояд. Аъзоёни комиссия ҳангоми овоздиҳӣ ҳуқуқи бетараф буданро надоранд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раиси комиссия ҳалкунанда ба ҳисоб меравад.

21. Ҳар як аъзои комиссия ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро ба тариқи хаттӣ ба котиби комиссия пешниҳод намояд, ки он ба протокол замима мегардад.

22. Комиссия ҳуқуқ надорад, ки:

- дар давоми тамоми давраи тайёрӣ ба тендер ва гузаронидани он ҳама гуна маълумоте, ки ба иштироккунандагони тендер алоқа дорад ё ба рафти тендер таъсир мерасонад, ошкор кунад;

- барои ба сифати иштироккунандаи тендер ба қайд гирифтан, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боби X Низомномаи мазкур номбаргардида, ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб намояд.

23. Ҳама гуна вайронкуниҳое, ки дар рафти гузаронидани тендер зоҳир мегарданд, аз тарафи комиссия баррасӣ мешаванд ва қарорҳои қабулгардида дар протокол сабт мегарданд.

24. Аъзоёни комиссия ҳуқуқи бо иштироккунандагони тендер гуфтугузор намуданро надоранд.

25. Манъ намудани гуфтугузори дар боло қайдгардида ҳангоми гузаронидани конференсияи фурӯшанда барои инвесторон нисбати он аъзоёни комиссия, ки дар конференсия иштирок менамоянд, гирифта мешавад.

VI. Хабардор кардани аҳли ҷомеа дар бораи гузаронидани тендер

26. Ахбори иттилоотӣ оиди гузаронидани тендер бояд маълумоти зерин дошта бошад:

- ном, суроға, телефон ва факси фурӯшанда;

- ном, макони ҷойгиршавӣ, масоҳати умумӣ ва намудҳои асосии фаъолияти объект;

- ҳаҷми лотҳои пешниҳодшаванда бо фоиз аз сармояи оинномавӣ аз ҳар як ҷамъияти саҳомӣ;

- шумораи саҳмиядороне, ки аз 5% зиёдтар саҳмияҳои ҷамъияти саҳомиро соҳибанд;

- рақами тендер ва рақами лотҳо;

- тарзи гузаронидани тендер;

- арзиши хадди ақали лотҳо;

- хаҷми боҷи комиссионӣ;

- ҳаҷми пардохти кафолатӣ ва суратҳисоби фурӯшанда барои гузаронидани пардохти кафолатӣ;

- ҳаҷми истеҳсолоти объект дар соли охирини молиявӣ бо ифодаи пулӣ мувофиқи намунаи (формаи) Ф-1-П (солона);

- шумораи ҳақиқии кормандони объект дар охири соли охирини молиявӣ мувофиқи намунаи (формаи) Ф-1-Т (солона);

- соли оғози истифодабарии корхона;

- бозори фурӯш ва ҳаҷми фурӯш дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он дар 12 моҳи пурраи охирин мувофиқи намунаи (формаи) Ф-8- ВС:

- истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхона дар соли охирини молиявӣ мувофиқи намунаи (формаи) Ф-БМ;

- ҷамъи қарзҳои кредиторӣ дар соли охирини молиявӣ мувофиқи маълумоти баланси муҳосибӣ;

- ҷадвали шиносоии озод бо корхонаҳо аз тарафи инвесторони эҳтимолӣ ҳангоми тендери якдавра;

- шартҳои тендер ва мӯҳлати иҷрои онҳо;

- меъёрҳои муайян намудани ғолиб;

- ҷой (макон) ва мӯҳлати охирини қабули бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ;

- сана, макон ва вақти кушодани пешниҳодҳои иштироккунандагони тендери якдавра;

- макон ва мӯҳлати охирини эълони огоҳинома дар бораи натиҷаҳои интихоби квалификатсионии иштироккунандагон дар тендери дудавра;

- суроға, ки дар он ҷо бастаи ҳуҷҷатҳоро барои аризадиҳандагон гирифтан мумкин аст ва қимати он;

- суроғаи сайти Интернет, ки ба воситаи он бастаи ҳуҷҷатҳои тендериро бо шакли электронӣ бепул гирифтан мумкин аст;

- рӯз, соат ва макони гузаронидани конференсия барои сармоягузорони эҳтимолӣ оиди тендерҳои гузаронидашаванда;

- фурӯшанда мутобиқи сархатҳои 10 - 15-и банди 26 ахбори иттилоотӣ дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи корхонаҳо ё идораи давлатии омор ахборот тайёр менамояд. Фурӯшанда оиди боэътимодии маълумот дар ахбори иттилоотӣ ҷавобгӯ намебошад.

27. Номутобиқатии маълумотҳои воқеии корхонаҳо бо маълумотҳои дар сархатҳои 10 - 15-и банди 26 ахбори иттилоотӣ ифодагардида барои беэътибор донистани натиҷаҳои тендер асос шуда наметавонад.

28. Илова ба ахбороти дар банди 26 нишондодашуда, фурӯшанда метавонад дар ахбори иттилоотӣ дигар маълумотро дар бораи ҳолати объект чоп намояд.

29. Ахбори иттилоотӣ дар бораи гузаронидани тендер бояд на камтар аз се маротиба чоп карда шавад. Бори аввал вай бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ на камтар аз сӣ рӯзи тақвимӣ пеш аз мӯҳлати охирини қабули бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ, бори дуюм байни сӣ ва бист рӯз ва бори сеюм байни бист ва даҳ рӯз чоп карда мешавад.

30. Ахбори иттилоотӣ дар як вақт бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар рӯзномаҳои "Садои мардум" ё "Ҷумҳурият" ё "Народная газета" чоп мегардад ва дар саҳифаҳои фурӯшанда ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Интернет дар қисмати объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ чойгир кунонида мешавад.

31. Нисбати объектҳои моликияти коммуналӣ, ахбори иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми ҳудуди минтақаи мазкур паҳн мегарданд, чоп карда мешавад.

32. Ба ғайр аз нашрияҳои дар банди 30 нишон додашуда, бо салоҳдиди фурӯшанда, ахбори иттилоотӣ дар ҳаҷми пурра ё мухтасар мумкин аст дар дигар воситаҳои ахбори умум, аз он ҷумла, байналмилалӣ, ба чоп расонида шавад.

33. Нусхаҳои ҳамаи ахбори иттилоотӣ дар дасти фурӯшанда нигоҳ дошта мешаванд.

34. Илова ба ахбори иттилоотӣ фурӯшанда метавонад рекламаи тендерро ҷорӣ намояд.

35. Реклама дар шакли озод гузаронида мешавад ва бояд ба ҷалбкунии васеи иштироккунандагон равона карда шавад.

36. Ахбор дар реклама бояд боэътимод (саҳеҳ) буда, ба маълумотҳои дар ахбори иттилоотӣ чопгардида мухолиф набошад.

37. Ҳангоми мавҷудияти ихтилоф дар реклама ва маълумотҳои ахбори иттилоотӣ, маълумотҳои ахбори иттилоотӣ чун асос қабул карда мешаванд. Чунин мухолифат барои бекор кардани тендер ё пас гирифтани объект аз тендер асос шуда наметавонанд.

38. Маълумоти боз ҳам муфассалтар, назар ба маълумоти дар ахбори иттилоотӣ пешниҳодгардида, дар бораи ҳолати молиявӣ ва техникии объектро аз маъмурияти объект ҳангоми шиносоӣ бо он гирифтан мумкин аст.

VII. Бекор кардани тендер ва пас гирифтани объект аз тендер

39. Агар дар ахбори иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои якум, шашум, нуҳум, ҳабдаҳум, хаждаҳум, нуздаҳум, бистум, бисту якум, бисту дуюми банди 26 Низомномаи мазкур нишон додашуда мавҷуд набошанд, ё ин ки байни ахбороти иттилоотии ҷудогона аз рӯи сархатҳои мазкур ихтилоф ба қайд гирифта шуда бошанд, фурӯшанда на дертар аз се рӯз, то ба охир расидани мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ҳуқуқ дорад тендерро бекор кунад ва дар бораи бекор гардидани тендер дар ҳамон воситаҳои ахбори умум, ки ахбори иттилоотӣ ба чоп расида буданд, хабар чоп намоянд.

40. Агар дар ахбори иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои дуюм, ссюм, хафтум, ҳаждаҳуми банди 26 Низомномаи мазкур нишондодашуда мавҷуд набошанд, ё ин ки байни ахбороти итгилоотии ҷудогона, оиди ин сархатҳо зиддият бақайд гирифта щуда бошанд, фурӯшанда на дертар аз 3 рӯз, то ба охир расидани мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ҳуқуқ дорад объектро аз тендер пас гирад ва дар бораи аз тендер пас гирифтани объект дар ҳамон воситаҳои ахбори умум, ки ахбори иттилоотӣ ба чоп расида буд, хабар чоп менамояд.

41. Ҳолатҳои мухолифати байни дафтари бақайдгирии бастаи ҳуҷҷатҳо ва шумораи ҳақиқии онҳо асоси пас гирифтани объект аз тендер мегардад.

42. Дар ҳама ҳолатҳои бекор гардидани тендер ё пас гирифтани объект аз тендер ахбор дар ин бора бо далелҳои боасоси қарори мазкури фурӯшанда дар рӯзи қабул гардидани қарор ба тахтаи эълонҳо ҷойгир карда мешавад.

43. Фурӯшанда дар тӯли 35 рӯз баъди ба чоп расидани эълон дар бораи бекор гардидани тендер ё пас гирифтани объект аз тендер савдои такрории онҳоро бо шартҳои аввала мегузаронад.

VIII. Қоидаҳои шиносоӣ бо корхона

44. Баъди нашр гардидани ахбори иттилоотӣ имконияти шиносоӣ бо корхона барои ҷамъ овардани маълумот дар бораи ҳолати молиявӣ, техникӣ ва воқеӣ дода мешаванд:

- ба ҳама хоҳишмандон, бе ягон шарт ва маҳдудият ҳангоми гузаронидани тендери якдавра;

- ба иштироккунандагон, ки ҳангоми тендери дудавра аз интихоби квалификатсионӣ гузаштаанд.

45. Ҳангоми шиносоӣ бо корхона шахсони дар банди 44 нишондодашуда ҳуқуқ доранд:

- бо ҳуҷҷатҳои ҳисоботии молиявию муҳосибӣ ва ҳама дигар гуна маълумот, ба ғайр маълумоте, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сирри тиҷоратиро ташкил медиҳад, шинос шаванд. Намояндаи корхона ба ин шахсон бояд ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод намояд, ки сирри тиҷоратӣ будани ҳуҷҷати мазкурро тасдиқ намояд;

- бо активҳои воқеии корхона шинос шаванд;

- бо ҳар кадом роҳбар ва корманди корхона сӯҳбат намоянд.

46. Дар ҳолати аз тарафи маъмурияти корхона пешниҳод нагардидани маълумоти дар банди 45 ишорагардида, фурӯшанда метавонад нисбат ба роҳбари объект ҷазои интизомӣ истифода барад.

47. Маъмурияти объект ҳуқуқ надорад, ки нисбати шахсони мутобиқи банди 44 бо объект шинос гардида маълумот паҳн намояд.

IX. Пардохти кафолатӣ

48. Пардохти кафолатӣ таъмини ӯҳдадориҳои зерини иштироккунандагон мебошад:

- имзо кардани протоколи натиҷаҳои тендер дар ҳолати ғалабаи онҳо;

- бастани шартномаи хариду фурӯш мувофиқи протоколи натиҷаҳои тендер;

- иҷро намудани шартҳои шартномаи хариду фурӯш;

- пешниҳод намудани маълумоти боэътимод ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар тендер.

49. Пардохти кафолатӣ барои иштирок намудан ба тендер ба маблағи як ҳазор доллари ШМА муқаррар мегардад.

50. Пардохти кафолатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ахбори иттилоотӣ дар шакли ғайринақдӣ гузаронида мешавад.

51. Пардохти кафолатиро ҳам бо асъори конвертатсияшаванда ва ҳам бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар рӯзи пардохти он гузарондан мумкин аст.

52. Нусхаи ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронидани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд, дар лифофа бо ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад.

53. Ғолиби тендер ҳуқуқ дорад, ки танҳо баъди дохил гардидани пардохти кафолатӣ ба суратҳисоб ё ҳисоби асъории дар ахбори иттилоотӣ нишон додашуда шартномаи хариду фурӯшро имзо намояд.

54. Аризадиҳанда метавонад шумораи номаҳдуди пардохти кафолатиро гузаронад. Дар ин ҳолат як пардохти кафолатӣ ҳуқуқи харидани як лотро медиҳад.

55. Пардохти кафолатии аризадиҳандаи ҳангоми тендери дудавра аз интихоби квалификатсионӣ нагузашта дар тӯли се рӯзи бонкӣ, аз рӯзи эълон гардидани натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ, баргардонида мешавад.

56. Пардохти кафолатии ғолиб, ки шартномаи хариду фурӯшро бастааст, мувофиқи шартномаи хариду фурӯш, ба ҳисоби пардохтҳои оянда ҳисобида мешавад.

57. Пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда дар ҳолатҳои зерин баргардонида намешавад:

- дасткашидани аризадиҳанда аз иштирок ба тендер камтар аз 24 соат то мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ;

- дасткашидани иштироккунандаи аз интихоби квалификатсионӣ гузашта аз пешкаши пешниҳодҳои худ ҳангомн тендери дудавра;

- пешкаш гардидани пешниҳодоти имзогардида ё пешниҳоди молиявии аз ҳадди ақал камтар; даст кашидани ғолиб аз имзо кардани протоколи натиҷаҳои тендер ё бастани шартномаи хариду фурӯш;

- дасткашидани иштироккунандагони мувофиқи натиҷаҳои тендер ҷойҳои дуюм ва сеюмро гирифта аз бастани шартномаи хариду фурӯш баъди аз тарафи фурӯшанда даъват гардидани онҳо то ба охир расидани мӯҳлати эътибори пешниҳоди онҳо;

- мутобиқи шартномаи хариду фурӯш иҷро нагардидан ё нокифоя иҷро гардидани ӯҳдадориҳо;

- ошкор гардидани ҳуҷҷатҳои сохта ва қалбакии пешниҳоднамудаи аризадиҳанда барои иштирок ба тендер.

58. Баргардонидани пардохти кафолатии иштироккунандагон, ғайр аз пардохти кафолатии ғолиб ва иштироккунандагони ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғолнамуда, дар давоми 3 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи муайян гардидани ғолиб ё санаи бекор кардани тендер ё пас гирифтани объект аз тендер бо ҳамон арзе, ки пардохти кафолатӣ гузаронида шуда буд, сурат мегирад.

59. Пардохти кафолатии иштироккунандагони аз рӯи натиҷаи тендер ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғолнамуда дар давоми 3 рӯзи бонкӣ баъд аз 30 рӯзи санаи гузаронидани тендер баргардонида мешавад.

60. Дар ҳолати рӯйгардонии фурӯшанда аз имзо намудани шартномаи хариду фурӯш бо ғолиб, вай вазифадор аст пардохти кафолатиро ба ғолиб дар ҳаҷми дукарата баргардонад ва инчунин зарари воқеии бо иштироки ӯ дар тендер вобастабударо пардохт намояд.

X. Талабот нисбати ба қайд гирифтани аризадиҳандагон

61. Ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагон аз рӯзи чоп гардидани ахбори иттилоотӣ оғоз ёфта, дар мӯҳлатҳои дар ахбори иттилоотӣ нишон додашуда ба охир мерасад. Ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва гузаронидани конференсия фурӯшанда ҳуқуқ надорад, ки дар бораи шахсият ва ё шахсоне, ки онҳо намояндагӣ менамоянд, маълумот талаб намояд.

62. Аризадиҳанда ҳуқуқ надорад, ки барои як лот зиёда аз як бастаи ҳуҷҷатҳои тендериро барои иштирок намудан ба тендер пешниҳод намояд.

63. Котиби комиссия, дар мӯҳлатҳо ва суроғаи дар ахбори иттилоотӣ нишон додашуда, ҳуҷҷатҳои тендерии дар лифофа басташудаи аризадиҳандагонро қабул менамояд.

64. Ҳангоми қабул намудани бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ, котиби комиссия онҳоро бо тартиби дохил гардиданашон дар дафтари махсуси дӯхташудаи шуморабандӣ кардашуда ба қайд мегирад (замимаи 1) ба шахси лифофаро супорида забонхат медиҳад (замимаи 2). Рақами ба қайд гирифтани аризадиҳанда ба лифофаи мӯҳркардашуда гузошта мешавад ва он бояд бо рақами бақайдгирии дар дафтар гузошташуда мутобиқ бошад.

65. Бастаи ҳуҷҷатҳои қабулгардида дар сандуқи оҳанини ҷудогонаи котиби комиссия нигоҳ дошта мешаванд. Котиби комиссия барои қабул кардан ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои тендерӣ шахсан ҷавобгар мебошад.

66. Маълумот дар бораи шумораи бастаи ҳуҷҷатҳои қабулкардашуда ошкор карда намешавад.

67. Аризадиҳанда метавонад на дертар аз 24 соат то мӯҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ аз иштирок ба тендер дасткашӣ намояд. Дасткашӣ аз иштирок ба тендер бо тариқи хаттӣ ба котиби комиссия бо нишон додани рақами тендер, рақами лот ва рақами лифофа бо ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо замимаи забонхат дар бораи аз тарафи котиб қабул гардидани ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешниҳод мегардад. Лифофа ба котиб бо қосид расонида мешавад. Дасткашӣ кардан аз иштирок, ки бо тариқи дигар расонида шудааст, ба эътибор гирифта намешавад. Дар асоси дасткашии аризадиҳанда бо забонхати замимагардида, котиб бастаи ҳуҷҷатҳои тендериро бармегардонад.

68. Ҳангоми гузаронидани тендери якдавра барои ба қайд гирифтани шахси воқеӣ ба сифати аризадиҳанда дар лифофаи басташуда бо навиштаҳоти "Ҳуҷҷатҳои тендерии объекти (номи объект)" пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

- барои резидентҳо - нусхаи ҳуҷҷати шахсияти аризадиҳандаро тасдиқкунанда;

- барои ғайрирезидентҳо - нусхаи ҳуҷҷати ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума ва дар идораи нотариалӣ тасдиқгардида, ки шахсияти аризадиҳандаро тасдиқ менамояд;

- як нусха дархост дар шакли муқарраргардида (замимаи 3);

- дар ҳолате, ки харидор ба воситаи шахси мӯътамад иштирок меварзад - ваколатномаи аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқгардида, ки ваколати намояндаи шахси воқеиро дар имзо намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ тасдиқ менамояд;

- нусхаи ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронидани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд;

- иқтибос аз ҳисоби бонкии аризадиҳанда, ё нусхаи ҳисоботи муҳосибӣ, ё ҳуҷҷат дар бораи амвол бо арзиши баҳододашудаи онҳо ё баёния дар бораи даромадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қобилияти адо намудани қарз ва ҳолати устувори молиявии ӯро тасдиқ менамоянд. Ғайрирезидентҳо ҳуҷҷатҳои дар боло номбаргардидаи ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашуда ва дар идораи нотариалӣ тасдиқшударо пешниҳод менамоянд;

- пешниҳоди молиявӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди молиявӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад.

Пешниҳоди молиявии тадиқшуда баррасӣ карда намешавад. Маблағи инвеститсия дар пешниҳоди молиявӣ бо сомонӣ нишон дода мешавад (замимаи 4);

- пешниҳоди техникӣ ба тендери сармоягузорӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди техникӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад (замимаи 5). Пешниҳоди техникии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад.

69. Ҳангоми гузаронидани тендерӣ якдавра барои ба қайд гирифтани шахси ҳуқуқӣ ба сифати аризадиҳанда дар лифофаи басташуда бо навиштаҷоти "Ҳуҷҷатҳои тендерии объекти (номи объект)" ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

- як нусха дархост дар шакли муқарраргардида (замимаи 3):

- нусхаи ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронидани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд;

- ваколатнома, ки ваколати намояндаи шахси ҳуқуқиро дар имзо намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ тасдиқ менамояд ва дар ҳолати роҳбари аввал будани намояндаи шахси ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати таъин гардидани ӯро тасдиқкунанда;

- иқтибос аз ҳисоби бонкии аризадиҳанда, ё нусхаи ҳисоботи муҳосибӣ, ё ҳуҷҷат дар бораи амволи вай бо арзиши баҳододашудаи онҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қобили адо намудани қарз ва ҳолати устувори молиявии ӯро тасдиқ менамоянд. Ғайрирезидентҳо ҳуҷҷатҳои дар боло номбаргардидаи ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума ва дар идораи нотариалӣ тасдиқ гардидаро пешниҳод менамоянд;

- пешниҳоди молиявӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди молиявӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар бастаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад. Пешниҳоди молиявии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад. Маблағи сармоягузорӣ дар пешниҳоди молиявӣ бо сомонӣ нишон дода мешавад (замимаи 4);

- пешниҳоди техникӣ ба тендери сармоягузорӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди техникӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар лифофаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад (замимаи 5). Пешниҳоди техникии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад;

- барои резидентҳо нусхаҳои дар идораи нотариалӣ тасдиқгардидаи оиннома ва шаҳодатнома дар бораи ба қайд гирифта шудани шахси ҳуқуқӣ;

- барои ғайрирезидентҳо, иқтибоси қонунии аз реестри тиҷоратӣ ё ҳуҷҷати дигари гирифташуда,_ки шахси амалкунандаи ҳуқуқӣ будани иштироккунандаро мувофиқи қонунгузории кишвари вай тасдиқ мекунад, бо тасдиқи нотарналии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

70. Ҳангоми гузаронидани тендери якдавра барои ба қайд гирифтанпи консортсиум ба сифати аризадиҳанда дар лифофаи басташуда бо навиштаҷоти "Ҳуҷҷатҳои тендерии объекти (номи объект)" пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст;

- як нусха дархост дар шакли муқарраргардида (замимаи 3);

- ваколатномаи бо тарзи нотариалӣ тасдиқшуда дар бораи муайян намудани, намояндаи ба сифати аризадиҳанда баромадкунанда, ки аз тарафи ҳамаи аъзоёни консортсиум имзо шудааст;

- нусхаи ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронндани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд;

- иқтибос аз ҳисоби бонкии иштироккунандагони консортсиум, ё нусхаи ҳисоботи муҳосибии онҳо, ё ҳуҷҷат дар бораи амволи онҳо бо арзиши баҳододашуда, ё баёния дар бораи даромадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қобилияти адо намудани қарз ва ҳолати устувори молиявии иштироккунандагони консортсиумро тасдиқ менамоянд. Ғайрирезидентҳо ҳуҷҷатҳои дар боло номбаргардидаи ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума ва дар идораи нотариалӣ тасдиқшударо пешниҳод менамоянд;

- пешниҳоди молиявӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди молиявӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар лифофаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад. Пешниҳоди молиявии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад. Маблағи сармоягузорӣ дар пешниҳоди молиявӣ бо сомонӣ нишон дода мешавад (замимаи 4);

- пешниҳоди техникӣ ба тендери сармоягузорӣ дар лифофаи алоҳидаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳоди техникӣ - номи объекте, ки ба он пешниҳод дода мешавад", ки дар лифофаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ гузошта мешавад (замимаи 5). Пешниҳоди техникии тасҳеҳшуда баррасӣ карда намешавад;

- нусхаи дар идораи нотариалӣ тасдиқгардидаи шартномаи байни аъзоёни консортсиум, ки қарори дар тендер чун консортсиум иштирок намудани онҳоро тасдиқ ва ҳиссаи саҳмияҳои ҳар як аъзои консортсиумро муайян мекунад.

71. Ҳангоми гузаронидани тендери дудавра барои ба қайд гирифтан ба сифати аризадиҳанда, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва консортсиумҳо барои гузаронидани интихоби квалификатсионӣ лифофаи басташудаи ҳуҷҷатҳои зеринро бо навиштаҷоти "Ҳуҷҷатҳои тендерии объекти (номи объект)" пешниҳод мекунанд:

- ҳуҷҷатҳои мутобиқан барои шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва консортсиумҳо зарурии дар бандҳои 68, 69 ва 70 нишондодашуда, ба ғайр аз пешниҳодҳои молиявӣ ва техникии дар лифофаи баста бо навиштаҷоти "Пешниҳодот - номи объект", баъди гузаронидани интихоби квалификатсионӣ;

- маълумот дар бораи соҳаи кори шахси ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи фаъолият ва ихтисоси шахси ҳуқуқӣ ва маълумот дар бораи фаъолият ё соҳаи аъзоёни консортсиум дар шакли озод;

- рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки зиёд аз даҳ фоизи сармояи аризадиҳандаро соҳибӣ мекунад.

XI. Интихоби квалификатсионӣ

72. Ҳангоми гузаронидани ҳама гуна тендерҳо аризадиҳандагон барои иштирок ба он бояд аз интихоби квалификатсионӣ гузаранд.

73. Интихоби квалификатсионӣ бе иштироки аризадиҳандагон гузаронида мешавад.

74. Аъзоённ комиссия ҳуҷҷатҳои тендерии пешниҳоднамудаи аризадиҳандаро санҷида, аз интихоби квалификатсионӣ гузаштан ё нагузаштани ӯро муайян мекунанд.

75. Ҳангоми интихоби квалификатсионии тендери тиҷоратӣ:

- комиссия интихоби аризадиҳандагонро то кушодани пешниҳоди молиявӣ мегузаронад.

- аризадиҳанда ҳангоми пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои фасли X талабкунанда аз интихоби квалификатсионӣ гузашта ба ҳисоб меравад.

- аз рӯи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ комиссия оид ба натиҷаҳои он мувофиқи шакли дар замимаи 6 нишондодашуда, огоҳинома тартиб медиҳад. Огоҳинома дар рӯзи ба охир расидани интихоби квалификатсионӣ дар тахтаи эълонҳо ҷойгир карда мешавад.

- аризадиҳандагони аз интихоби квалификатсионӣ гузашта, иштироккунандагони тендер мегарданд;

- ба аризадиҳандагоне, ки аз интихоби квалификатсионӣ намегузаранд, пешниҳодҳои молиявӣ ва техникӣ накушода баргардонида мешаванд.

76. Ҳангоми интихоби квалификатсионии тендери сармоягузорӣ:

- баъди ба охир расидани мӯҳлати дар ахбори иттилоотӣ муқарраргардидаи пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои гузаронидани интихоби квалификатсионӣ, комиссия дар давоми 5 рӯзи бонкӣ интихоби квалификатсионии аризадиҳандагонро мегузаронад;

- баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои аризадиҳанда аъзоёни комиссия намунаи дар замимаи 7 нишон додашударо пур мекунанд. Аъзоёни комиссия ҳуқуқ надоранд, ки байни якдигар масъалаҳои ба интихоби аризадиҳанда алоқаманд ва инчунин нияти худро нисбат ба баҳо додани аризадиҳанда чун аз интихоби квалификатсионӣ гузашта ё нагузашта муҳокима намоянд;

- аъзоёни комиссия намунаҳои пур кардашударо ба котиби комиссия мссупоранд;

- аъзоёни комиссия ҳуқуқ надоранд, ки баҳои худро баъди ба котиби комиссия супоридан тағйир диҳанд;

- то ба охир расидани маҷлиси комиссия, котиб намунаи ҷамъбастиро дар юораи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ, ки дар замимаи 8 нишон дода шудааст, якҷоя бо огоҳинома дар бораи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ тайёр карда, барои имзо намудан ба аъзоёни космиссия пешкаш менамояд. Дар ин ҳол котиб то тайёр шудани намунаи ҷамъбастии натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ ҳуқуқи ошкор намудани баҳогузории ягон аъзои комиссияро ба дигар аъзоҳо надорад. Намунаҳои инфиродӣ ва ҷамъбастии баҳодиҳӣ бояд дар бойгонии (архив) фурӯшанда нигоҳ дошта шаванд;

- аризадиҳанда ҳамон вақт аз интихоби квалификатснонӣ гузашта ҳисоб мешавад, ки агар аксарияти аъзоёни ҳозирбудаи комиссия ӯро ҳамчун аз интихоби квалификатсионӣ гузашта муайян намоянд;

- комиссия аз рӯи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ дар бораи он бо намунаи дар замимаи 6 барои тендерҳои якдавра ва замимаи 9 барои тендерҳои дудавра нишон додашуда огоҳинома тартиб медиҳад. Дар огоҳинома рақами лифофаҳои аризадиҳандагони аз интихоби квалификатсионӣ гузашта, мӯҳлати охирин ва ҷои пешкаш намудани пешниҳодоти молиявӣ ва техникии иштироккунандагон, инчунин вақт ва ҷои кушода шудани лифофаҳо бо пешниҳодот нишон дода мешаванд. Мӯҳлати охирини пешкаш намудани пешниҳодоти иштироккунандагон камтар аз 25 рӯз аз рӯзи ҷойгир намудани огоҳинома дар суроғаи фурӯшанда шуда наметавонад;

- огоҳинома дар тахтаи эълонҳо дар рӯзи ба охир расидани интихоби квалификатсионӣ ҷойгир кунонда мешавад. Ҳама хоҳишмандон метавонанд нусхаи огоҳиномаро аз котиби комиссия ё шӯъбаи умумии фурӯшанда гиранд.

XII. Муқаррароти умумии баррасии пешниҳодоти иштироккунандагон ва эътироф кардани ғолибони тендер

77. Раис ва на камтар аз ду аъзои комиссия, ки яке аз онҳо котиби комиссия мебошад, лифофаҳоро аз сандуқи оҳанин, на барвақттар аз 30 дақиқа то оғози дида баромадани онҳо берун мекунанд.

78. Раис ва аъзоёни комиссияи ҳангоми берун намудани лифофаҳо бо ҳуҷҷатҳо шумораи воқеии лифофаҳоро бо шумораи дар рӯйхати дафтари бақайдгирӣ буда муқоиса менамоянд ва дар ҳолати номувофиқатӣ, мутобиқи намунаи дар замимаи 10 нишондодашуда, санад дар бораи номувофиқатӣ тайёр менамоянд, ки дар асоси он комиссия оид ба бекор кардани тендер протокол тартиб медиҳад.

79. Раис ва аъзоёни комиссия лифофаҳоро то ҷои гузаронидани маҷлиси комиссия мерасонанд.

80. Ҳангоми тендери дудавра, лифофаҳо бо пешниҳодоти иштироккунандагони дар рӯз ва соати дар огоҳинома оид ба натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ нишон додашуда ва ҳангоми тендери якдавра дар рӯз, бино ва соати гузаронидани тендер, ки дар ахбори иттилоотӣ нишон дода шудааст, аз тарафи раиси комиссия дар ҳузури аъзоёни комиссия ва иштироккунандагон ё намояндаҳои эътимодноки онҳо кушода мешавад.

81. Ҳангоми кушодани лифофаҳо бо пешниҳодоти иштироккунандагон, раиси комиссия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нишондиҳандаҳои, пешниҳодоти молиявӣ ва техникии ҳар як иштироккунандаро аз рӯи ҳар як лот эълон менамояд ва онҳоро ба тахта менависад.

82. Комиссия танҳо он пешниҳодоти молиявиро дида мебарояд, ки дар онҳо нархи пешниҳодгардида аз андозаи нархи ҳадди ақали лот баланд бошад.

83. Баъд аз кушодани ҳама лифофаҳои барои як лот додашуда ва дида баромадани пешниҳодоти иштироккунандагон, комиссия дар назди ҳозирбудагон, дар толори гузаронидани тендер, ғолиби тендерро оид ба лоти мазкур эълон менамояд ва мутобиқи замимаи 11 ҳангоми тендери тиҷоратӣ ва замимаи 12 ҳангоми тендери инвеститсионӣ дар бораи эътироф намудани ғолиб протокол тартиб медиҳад.

84. Протокол дар бораи эътирофи ғолиби тендер барои ҳар як лот:

- дар се нусха, яктогӣ барои фурӯшанда, ғолиб ва комиссия тартиб дода мешавад;

- аз тарафи ҳама аъзоёни комиссия ва ғолиб, ҳангоми дар толори тендерӣ ҳозир будани он, имзо мегардад;

- ҳангоми дар толори тендерӣ ҳозир набудани ғолиб аз тарафи ӯ дар давоми 9 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи гузаронидани тендер, имзо карда мешавад;

- қарори комиссия барои ҳама мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, танҳо бо қарори суд бекор карда мешавад.

85. Аз рӯи натиҷаҳои тендер оид ба ҳама лотҳо, бо шакли дар замимаи 13 нишон додашуда, протоколҳои ҷамъбастӣ тартиб дода шуда, дар рӯзи тартиб дода шуданашон ба тахтаи эълонҳо овехта мешаванд.

86. Нусхаи протоколи муайянкунии ғолиб оид ба ҳар як лот ва протоколи ҷамъбастиро ҳамаи иштироккунандагон аз котиби комиссия гирифта метавонанд.

87. Фурӯшанда дар давоми 10 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи гузаронида шудани тендер, бо ғолиб шартномаи хариду фурӯшро мебандад (шакли намунавии замимаи 14).

88. Дар ҳолати аз имзо кардани протокол дар бораи эътироф намудани ғолиб саркашӣ кардани ғолиби тендер, комиссия имзо намудани протоколро ба иштирокчии ҷои дуюмро, гирифта ва дар ҳолати дасткашӣ кардани он ба иштирокчии ҷои сеюмро ишғолкарда пешниҳод менамояд.

89. Дар ҳолати аз бастани шартномаи хариду фурӯш саркашӣ кардани ғолиб ва ё аз сабаби иҷро нагардидани шартҳои дар сархати якуми банди 108 нишон додашуда бекор гардидани шартнома, фурӯшанда бастани шартномаи хариду фурӯшро ба иштирокчии ҷои дуюмро ишғолнамуда ва дар ҳолати дасткашӣ кардани он, ба иштирокии ҷои сеюмро ишғолнамуда пешниҳод менамояд.

90. Дар ҳолати аз бастани шартномаи хариду фурӯш саркашӣ кардани ғолиб ва ё аз сабаби иҷро нагардидани шартҳои дар сархати якуми банди 108 нишон додашуда бекор гардидани шартнома, фурӯшанда дар ин бора дар мӯҳлати 3 рӯз, аз лаҳзаи ҷавоби рад гирифтан аз ғолиб, ё гузаштани 30 рӯз аз мӯҳлати дар сархати якуми банди 108, замимаи 15 нишон додашуда дар тахтаи эълонҳо эълон мебарорад. Эълони мазкур ба иштироккунандаи аз рӯи натиҷаҳои тендер ҷои дуюмро ишғолнамуда, даъватномаи расмӣ барои бастани шартномаи хариду фурӯш дар давоми 5 рӯз аз рӯзи ба чоп расидани эълон мебошад.

XIII. Баррасии пешниҳодоти иштироккунандагон ва эътирофи ғолибон ҳангоми тендери тиҷоратӣ

91. Баъд аз кушодани тамоми лифофаҳо бо пешниҳодоти молиявӣ ба лоти мазкур, комиссия пешниҳодотро меомӯзад ва ғолиби тендериштироккунандаеро, ки нархи аз ҳама баланд пешниҳод намудааст, эълон менамояд.

92. Котиби комиссия ба протоколи маҷлиси комиссия нархҳои ба лоти интихобгардида пешниҳоднамудаи ҳар як иштироккунандаро сабт менамояд.

93. Дар ҳолати аз тарафи ду ва ё зиёда иштироккунандагони тендер барои як лот пешниҳод гардидани нархи якхела, комиссия оиди гузаронидани тендери иловагӣ, ки дар он иштироккунандагони мазкур бояд пешниҳодоти молиявии нав пешкаш намоянд, қарор мебарорад.

94. Тендери иловагӣ дар давоми 10 рӯз, аз рӯзи кушодани лифофаҳо бо пешниҳодот, гузаронида мешавад.

95. Комиссия дар тахтаи эълонҳо маълумотро дар бораи сана, ҷой ва вақти гузаронидани тендери иловагӣ ҷойгир менамояд.

96. Ҳангоми гузаронидани тендери иловагӣ иштироккунандагони он ба комиссия лифофаҳоро бо пешниҳодоти молиявии нав, бо шакли дар замимаи 16 нишон додашуда, пешниҳод менамоянд. Дар ин ҳолат нархҳо дар пешниҳодот бояд на камтар аз пештара бошанд. Ба толори гузаронидани тендери иловагӣ иштироккунандагони тендери иловагӣ ё намояндагони ваколатдори онҳо иҷозати даромаданро мегиранд.

97. Агар дар тендери иловагӣ пешниҳодоти молиявии ду ва ё зиёда иштироккунандагон як нарх дошта бошад, голиб иштироккунандае

98. эътироф мегарждад, ки барои иштирок дар тендери асосӣ аввал ба қайд гирифта шудааст.

XIV. Баррасии пешниҳодоти иштироккунандагон ва эътирофи ғолибон ҳангоми тендери инвеститсионӣ

98. Комиссия ҳангоми гузаронидани тендери дудавра, пешниҳодоти молиявӣ ва техникии пешкаш гардидаро дар давоми 3 рӯзи бонкӣ, аз лаҳзаи мӯҳлати охирини пешкаш намудани пешниҳодоти иштироккунандагон, ки дар огоҳинома оид ба натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ нишон дода шудааст, баррасӣ менамояд ва баҳо медиҳад.

99. Котиби комиссия дар протоколи маҷлиси комиссия нишондодҳои пешниҳодоти молиявӣ ва техникии лоти интихобгардидаро дохил менамояд.

100. Комиссия пешниҳодоти молиявӣ ва техникии иштироккунандагонро бо услуби зерин баҳо медиҳад:

- маблағи пешниҳоди молиявӣ бо формулаи зерин муайян карда мешавад: А(пм)=Н+Мс, ки дар ин ҷо: А(пм) - арзиши пешниҳоди молиявии иштироккунанда; Н - нархи пешниҳоднамудаи иштироккунанда; Мс - маблағи инвеститсияи пешниҳодгардида дар давоми бисту чор моҳ, аз рӯзи имзо гардидани шартномаи хариду фурӯш.

- пешниҳодоти техникӣ бо формулаи зерин баҳогузорӣ мегардад: А(мнк) =12 х Мм х Мкп., ки дар ин ҷо: А(мнк) - зиёдшавии шумораи кормандон нисбат ба шумораи коргарони феълӣ дар давоми як моҳи пеш аз гузаронидани тендер, ки бо ифодаи пулӣ муайян мегардад; Мм - музди меҳнати ҳадди ақал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи гузаронидани тендер; Мкп - зиёдшавии пешниҳодгардидаи шумораи кормандон.

101. Маблағи умумии пешниҳодоти молиявӣ ва техникии иштироккунанда (Му) бо формулаи зерин муайян мегардад: С= А(пм)+ А(мнк)

102. Ғолиб иштироккунандае дониста мешавад, ки маблағи умумии пешниҳодоти молиявӣ ва техникии ӯ аз ҳама зиёд аст.

103. Агар ду ва зиёда иштироккунандагони тендер баҳои умумии баробар дошта бошанд, ғолиб иштироккунандае дониста мешавад, ки барои объект нархи зиёдтар пешниҳод намудааст.

XV. Савдои такрорӣ

104. Савдои такрорӣ оид ба фурӯши объектҳо дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешаванд:

- агар оид ба объектҳои ба тендер гузошташуда бастаи ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд;

- агар аризадиҳандагон интихоби квалификатсиониро нагузаранд;

- агар ғолиб аз имзо кардани протокол дар бораи эътироф намудани ғолиб ё бастани шартномаи хариду фурӯш даст кашад, инчунин дигар иштироккунандагон низ, ки ба онҳо имзо кардани протокол дар бораи эътироф намудани ғолиб ва бастани шартномаи хариду-фурӯш пешниҳод гардида буд, аз он дасткашӣ намоянд.

105. Савдои такрорӣ оид ба корхонаҳое, ки хусусигардонии онҳо мутобиқи Нақшаи стратегӣ амалӣ мешаванд, дар мӯҳлати на дертар аз 35 рӯз аз рӯзи пайдошавии ҳолатҳои дар банди 104 нишон додашуда, гузаронида мешавад.

106. Фурӯшанда ҳуқуқ дорад шартҳои тендерро ҳангоми такроран гузаронидани он тағйир диҳад.

XVI. Тартиби ҳисобикунӣ

107. Харидор ба суратҳисоби фурӯшанда боҷи комиссиониро ба андозаи 5% аз нархи фурӯши объект, ки ба нархи фурӯш дохил намешавад, мегузаронад.

108. Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи шартномаи хариду фурӯш байни фурӯшанда ва харидор чунин сурат мегирад:

- пешмузд, ба андозаи на камтар аз 15% нархи фурӯши объект, дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи имзо гардидани шартномаи хариду фурӯш пардохта мешавад. Пардохти кафолатӣ ба ҳисоби пардохти оянда ба ҳисоб гирифта мешавад;

- маблағи боқимонда бояд на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ, аз рӯзи имзо гардидани шартномаи хариду фурӯш, пардохта шавад.

109. Дар ҳолати ба таъхир андохтани мӯҳлати пешпардохт ё пардохти пурра зиёда аз 10 рӯзи бонкӣ фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ки шартномаро яктарафа қатъ кунад ва аз харидор подоши зарарҳои дар қисмати бо пардохти кафолати пешиданашударо талаб намояд.

XVII. Ҳуқуқи соҳибмулкӣ

110. Дар давоми 3 рӯзи бонкӣ аз лаҳзаи пардохти пурраи нархи фурӯши объект, аммо на барвақттар аз 30 рӯзи бонкӣ аз санаи гузаронидани тендер, фурӯшанда ва харидор бояд санади супоридану қабули объектро, ки ҷузъи ҷудонашавандаи шартномаи хариду фурӯш мебошад, ба имзо расонанд (замимаи 17). Санади супоридану қабул асос барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ мебошад.

111. Дар ҳолати бастаи саҳмияҳо будани объект, санади супоридану қабули саҳмияҳо барои дохил намудани тағйирот ба номгӯи, ки бо тартиби муайянанмудаи қонунгузорӣ бурда мешавад, асос мебошад.

112. Ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи соҳибмулкиро тасдиқ менамояд, шаҳодатнома мебошад, ки аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдор дода мешавад.

113. Фурӯши объекти хусусигардонӣ ба шахсони сеюм дар давраи амал намудани шартномаи хариду фурӯш, мувофиқи моддаи 420 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо бо розигии фурӯшанда имконият дорад.

114. Аз лаҳзаи гирифтани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ, мувофиқи банди 112-и Низомномаи мазкур, харидор ҳуқуқи истифодабарӣ, идоракунӣ ва соҳибикунии моликияти харидашударо пайдо менамояд.

XVIII. Назорат аз болои иҷрои ӯҳдадориҳои баъди хусусигардонӣ

115. Фурӯшанда ва харидор дар баробари имзо кардани санади супоридану қабули объект дар асоси китоби ҳисоб кардани музди кор, протоколи шумораи коргарони воқеии корхонаро дар моҳи пеш аз моҳи гузаронидани тендер имзо менамоянд.

116. Назорати иҷрои ӯҳдадориҳоро оид ба зиёд намудани шумораи кормандон фурӯшанда, баъди ба охир расидани бисту чор моҳ аз лаҳзаи баста шудани шартномаи хариду фурӯши объект, дар асоси китоби ҳисоб кардани музди кор дар моҳи пеш аз моҳи назоратӣ, мебарад.

117. То ба охир расидани мӯҳлати иҷроиши ӯҳдадориҳо харидор бояд ҳисоботи ҳисобдории объектро ба стандарти байналмилалии ҳисоботи ҳисобдории мутобиқ намояд.

118. Баъди ба охир расидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба сармоягузорӣ, харидор ба фурӯшанда баланси муҳосибавӣ бо хулосаи аудиторӣ пешниҳод менамояд.

119. Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат иҷро гардидани ӯҳдадориҳои харидор оид ба зиёд намудани шумораи кормандон ва сармоягузориҳо, фурӯшанда дар бораи иҷро гардидани ӯҳдадориҳои мазкур санад медиҳад.

XIX. Оқибатҳои иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои баъди хусусигардонӣ

120. Ҳангоми ба шумораи зиёда аз 50%, вале камтар аз 100% иҷро гардидани ӯҳдадориҳои баъдихусусигардонии харидор дар мӯҳлатҳои дар шартнома нишон додашуда, фурӯшанда мӯҳлати иҷрои қисми боқимондаи ӯҳдадориҳоро ба мӯҳлати то 24 моҳ дароз менамояд.

121. Ҳангоми ба шумораи камтар аз 50% иҷро гардидани ӯҳдадориҳо ба зиёд намудани шумораи кормандон дар мӯҳлати то 24 моҳ аз рӯзи баста шудани шартномаи хариду фурӯш ва ҳангоми то ба сад фоид иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо баъди ба охир расидани мӯҳлати дароз кардашудаи дар банди 120 нишон додашуда, харидор мувофиқи формулаи зерин ҷарима медиҳад: Х=(Мк+Аи) х (Мк+Змк-Мхк), ки дар ин ҷо: Х - ҷарима барои иҷро намгардидани ӯҳдадориҳо оид ба зиёд намудани шумораи кормандон; Мкҳаҷми музди кории миёнаи 24 моҳа ,дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи соҳаи фаъолияти корхона баъди хусусигардонии он, ки бо маълумотҳои идораи давлатии оморӣ муайян карда мешавад; Аи - арзиши 24 моҳаи андози иҷтимоӣ, ки ба музди кории миёнаи моҳона баста мешавад; Мхк - шумораи феълии кормандони корхона баъди ба охир расидани бисту чор моҳ аз лаҳзаи баста шудани шартномаи хариду фурӯши объект дар асоси китоби ҳисоб кардани музди кор; Мк - шумораи коргарони феълии дар протокол мувофиқи банди 115 нишон додашуда; Змк - ӯҳдадории қабулнамудаи харидор оиди зиёд намудани шумораи кормандон, мебошад.

122. Ҷарима аз рӯи натиҷаҳои санҷиши иҷрои ӯҳдадориҳои мазкур, ки дар банди 116 нишон дода шудааст, баста мешавад.

123. Ҳангоми ба шумораи зиёда аз 50% иҷро гардидани ӯҳдадориҳо оид ба сармоягузорӣ дар мӯҳлати то 24 моҳ аз рӯзи баста шудани шартномаи хариду фурӯш ва инчунин ҳангоми то ба 100% иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои қабулгардида баъд аз ба охир расидани мӯҳлати дароз кардашудаи дар банди 120 нишон додашуда, харидор ҷарима мепардозад. Ҷарима аз рӯи ҳисоби арзиши баҳододашуда, мувофиқи Дастуруламал дар бораи муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусуси гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ гардидааст, бо нигоҳ доштани маблағи пештар пардохтнамудаи дар натиҷаи тендер ба даст омадаи харидор баста мешавад.

124. Дар ҳолати харидори объект будани консортсиум, тамоми аъзоёни консортсиум барои пардохти ҷарима оид ба иҷро нагардидани ӯҳдадории мазкур баробар ҷавобгаранд.

125. Дар ҳолатҳои аз пардохти санксияи ҷаримавӣ саркашӣ намудани харидор, фурӯшанда бояд дар мӯҳлатҳо ва тартиби муайяннамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суд муроҷиат намояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2004 № 98

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо

Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003 - 2007", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 тасдиқ гардидааст, таҳия шуда, тартиб, қоидаҳо ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ (ҷумхуриявӣ ва коммунали)-ро дар музояда муқаррар мекунад.

1. Истилоҳоти истифодашаванда

1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян шудааст, истилоҳоти дар поён овардашуда, агар матн мазмуни дигарро талаб накунад, маънои зайлро ифода мекунанд:

- тарзи англисии савдо (музоядаи англисӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот назар ба нархи ибтидоӣ бо қадами эълоншудаи пешакӣ то лаҳзаи мондани як нафар иштирокчии нархи аз ҳама баландро пешниҳоднамуда баланд карда мешавад;

- музояда - намуди фурӯши объектҳои хусусигардонӣ, ки аз харидор иҷрои ягон шартро нисбати объекти харидашаванда баъди хусусигардонии он талаб намекунад;

- музоядачӣ - шахси воқеӣ, ки аз тарафи фурӯшанда ё ташкилотчӣ барои гузаронидани музоядаи фурӯши объектҳо таъин ё киро карда мешавад;

- супориши музоядавӣ - қарори фурӯшанда дар бораи гузоштани объектҳо дар музояда;

- номгӯи музоядавӣ - номгӯи лотҳои дар хабари иттилоотӣ нишон додашуда, ки ба музояда гузошта мешаванд;

- комиссияи музоядавӣ - комиссияи аз тарафи фурӯшанда таъсисёфта, ки ба назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда ваколатдор аст;

- рӯзи бонкӣ - рӯзи кории расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тарзи ҳолландии савдо (музоядаи холландӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот нисбат ба нархи ибтидоии лот бо қадами эълоншуда то лаҳзаи рақами музоядавии худро якумин шуда бардоштани яке аз иштирокчиён паст карда мешавад;

- пардохти кафолатӣ - таъмин намудани ҷиддияти нияти иштирок дар музояда ва дар ҳолати ғолиб баромадан имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда ва бастани шартномаи хариду фурӯш аз тарафи иштироккунанда;

- тахтаи эълонҳо -лавҳаи дар ҷои барои ҷамъият дастрас гузошташуда, ки дар он фурӯшанда бояд иттилооти ба фурӯши объекти ба савдо гузошташуда тааллуқдоштаро ҷой диҳад:

- аризадиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ва воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки барои иштирок дар музояда хоҳиш дорад ва пардохти кафолатиро додааст;

- дархост - ҳуҷҷати намуди муқарраршуда, ки дар он иштироккунанда риоя намудани ҳамаи талаботи Низомномаи мазкурро изҳор мекунад;

- музоядаи пӯшида - намуди музоядаи англисӣ, ки ҳангоми он иштироккунандагон пешниҳодҳои нархиро дар лифофаҳои сарпӯшида манзур мекунанд;

- хабари иттилоотӣ - пешниҳоди расмии оммавии фурӯшанда барои гузаронидани музояда, ки дар васоити электронӣ ва даврии ахбори умум интишор ёфтааст;

- лот - объекте, ки ба музояда гузошта мешавад. Дар ҳолати фурӯши саҳмияҳо, теъдоди воқеии саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии мушаххаси ба музояда гузошташаванда лот ҳисоб меёбад;

- нархи ибтидоии лот - нархе, ки бо он музоядаи ҳар як лот шурӯь мешавад;

- нархи фурӯш - нархи охирини фурӯши лот, ки дар ҷараёни гузаронидани музояда ҳосил шудааст;

- нархи ҳадди ақали лот - он нархе, ки объекти дар музоядаи ҳолландӣ гузошташуда аз он пасттар фурӯхта намешавад;

- резидент (резидентӣ) - шахси воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои доимии иқоматдошта, аз ҷумла оне, ки муваққатан берун аз ҳудуди он қарор дорад, инчунин шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта ва аз қайд гузашта;

- ғайрирезидент (ғайрирезидентӣ) - шахси воқеии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои иқомати доимӣ дошта (аз ҷумла онҳое ки мувақкатан дар Тоҷикистон қарор доранд); шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсисёфта ва амалкунандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ҳамчунин намояндагии хориҷии дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагии расмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо;

- объект - объекти хусусигардонӣ, саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқии дар заминаи қисматҳо ва воҳидҳои сохтории аз таркиби ҷамъиятҳои саҳомӣ ҷудо шуда аз нав таъсисёфта; қисматҳои истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ ва воҳидҳои сохторӣ ҳамчун маҷмӯи амволӣ; амволи ҷудогонаи корхонаҳои давлатӣ;

- ташкилотчӣ - фурӯшанда, корхонаҳои воҳид ё давлатие, ки аз тарафи фурӯшанда таъсис ёфтааст, ё шахси ҳуқуқии дигари аз тарафи фурӯшанда интихобшуда, аз ҷумла дар асоси озмун, ки ваколати ташкил ва гузаронидани музоядаро доранд;

- нархи баҳодиҳӣ - нархи объекте, ки мутобиқи Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ шуда, ба ҳисоб гирифта шудааст;

- ҳуҷҷати пардохтӣ - ҳуҷҷате, ки пардохтро тасдиқ менамояд (супориши пардохтӣ, ордери мемориалӣ, забонхати расмӣ).

- ғолиб - иштироккунандае, ки нархи аз ҳама баландро барои лот дар музоядаи англисӣ пешниҳод намудааст ё аввалин шуда рақами музоядавиаш (байрақча)-ро дар музоядаи ҳолландӣ бардоштааст.

- харидор - ғолибе, ки бо фурӯшанда шартномаи хариду фурӯшро бастааст;

- низомнома - Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо;

- фурӯшанда - мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва аз тарафи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои амалӣ сохтани фурӯши объектҳои моликияти ба онҳо дахлдор дар музоядаҳо ваколатдор кардашуда;

- нақшаи стратегӣ - Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003 - 2007, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 тасдиқ гардидааст;

- савдо - ҷараёни фурӯши объект дар музоядаҳои англисӣ ва ҳолландӣ;

- иштироккунанда - шахси воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки бо услуби муқарраршуда барои иштирок дар музояда аз қайд гузаштааст.

II. Муқаррароти умумӣ

2. Ҳангоми фурӯши объектҳо дар музоядаҳо қоидаҳои умумии зерин истифода бурда мешаванд:

- нархи ибтидоии объекти фурушӣ, ки ба музоядаи тарзи англисии савдо гузошта шуда, мутобиқи Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.

3. Ҳангоми фурӯши объект бо тарзи ҳолландии савдо:

- нархи ибтидоӣ бо роҳи зарб задани нарх, ки мутобиқи сархати якуми банди 2 муайян шудааст, бо коэффитсиенти баландкунанда муқаррар карда мешавад. Коэффитсиент аз тарафи фурӯшанда муқаррар мегардад, ки бояд на камтар аз панҷ бошад.

- нархи ҳадди ақал ба андозаи пардохти кафолатӣ муқаррар карда мешавад.

4. Музояда дар сурати иштироки на камтар аз ду нафар гузаронида мешавад.

5. Ба натиҷаҳои музояда дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гузаронида шудани он бо тартиби муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз овардан мумкин аст.

6. Музоядаеро, ки бо вайрон кардани коидаҳои дар ин Низомнома муқарраршуда гузаронида шудааст, суд метавонад бо даъвои шахси манфиатдор, бекор кунад. Эътирофи бекор кардани савдо боиси бекор шудани шартномаи бо ғолиб басташуда мегардад.

7. Нусхаи ин Низомнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳар як шахси хоҳишманд метавонад аз фурӯшанда бо нархи аслии чопи мошинӣ аз ҷое, ки дар тахтаи эълонҳо нишон дода шудааст, дастрас намояд.

8. Ҳангоми фурӯши объектҳои ба замимаҳои 1 ва 2-и Нақшаи стратегӣ дохил кардашуда, ҳамчунин вақти фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис дар давраи то солҳои 2003 - 2007 дар музояда, қоидаҳои зерини фурӯш ба кор бурда мешаванд:

- корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишон додашуда дар музоядаи тарзи англисӣ бо нархи ибтидоӣ ба андозаи 100%"аз нархҳои ба ҳолати 1 январи соли 2003 бо дарназардошти коэффитсиентҳои азнавнархгузории соли 2002 гузошта мешаванд;

- корхонаҳои дар замимаи 1 зикрёфта, ки дар музоядаи англисӣ тарзи англисӣ гузошта шуда ба фурӯш нарафта буданд, дар музоядаи дуюми тарзи англисӣ дар муддати 35 рӯз пас аз рӯзи гузаронидани музоядаи якум бо нархи ибтидоӣ ба андозаи 100% аз нархҳои ба ҳолати 1 январи соли 2003 бе дарназардошти коэффитсиентҳои ззнавнархгузории соли 2002 гузошта мешаванд;.

- корхонаҳои дар замимаи 1 зикршуда, ки дар музоядаи дуюми тарзи англисӣ гузошта шуда _ба фурӯш нарафта буданд, дар музоядаи сеюми тарзи англисӣ дар муддати 35 рӯз пас аз рӯзи гузаронидани музоядаи дуюм бо нархи ибтидоӣ ба андозаи 50% аз нархи ибтидоии дар музоядаи дуюм муайяншуда гузошта мешаванд.

- корхонаҳои дар замимаи 1 зикршуда, ки дар се музояда гузошта шуда, вале ба фурӯш нарафтаанд, дар музоядаи чоруми тарзи англисӣ дар муддати 35 рӯз пас аз рӯзи гузаронидани музоядаи сеюми тарзи англисӣ бо нархи ибтидоии ба пардохти кафолати баробар, ки барои иштирок ба музояда лозим аст, гузошта мешаванд.

III. Вазифаҳои фурӯшанда

9. Вазифаҳо оид ба ташкил ва гузаронидани музоядаҳо:

- тақсими объектҳо ба музоядаҳои ҷудогона;

- муқаррар намудани сана ва ҷои гузаронидани музояда, ҳамзамон музоядаҳои ба фурӯши объекти моликияти ҷумҳуриявӣ, ки дар Нақшаи стратегӣ зикр шудаанд, танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд;

- риояи шартҳои зерин нисбати саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:

дар музоядаи англисӣ саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии алоҳида бо як ё якчанд теъдоди лотҳо ҳангоми яклухт (пурра) будани теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот гузошта мешаванд;

дар музоядаи ҳолландӣ маҷмӯи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар як лот гузошта мешавад.

10. Вазифаҳои дигар:

- муайян намудани нархи ибтидоии лот;

- таҳияи супориши музоядавӣ;

- додани рақами музоядавӣ;

- тайёр кардани хабари иттилоотӣ;

- нашри хабари иттилоотӣ;

- нашри дигар иттилоот, рекламаи объектҳо ва қоидахои гузаронидани музоядавӣ;

- таҳияи корти музоядавӣ;

- тартиб додани комиссияҳои музоядавӣ;

- ташкили шиносоӣ бо объектҳои ба музояда гузошташаванда мувофиқи хоҳиши ҳар як шахс;

- мутобиқи талаботи ин низомнома нав кардани иттилоот дар тахтаи эълонҳо;

- дар ҳолатҳои дар ин низомнома пешбинишуда пас гирифтани объектҳо аз музояда;

- бурдани назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳо аз тарафи ташкилотчӣ;

- бастани шартномаҳои хариду фурӯш бо ғолибони музоядаҳо ва назорати иҷрои онҳо;

- амалӣ кардани ҳисобиҳо бо иштироккунандагон ва харидорон;

- амалӣ кардани ҳисобиҳо бо ташкилотчӣ;

- бурдани ҳисоби қайди музоядаҳо.

11. Фурӯшанда ҳуқуқ дорад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми банди 10 нишон додашударо ба ваколати ташкилотчӣ вогузор кунад.

12. Ташкилотчӣ ҳуқуқи супоридани ваколатҳои ба ӯ вогузоршударо ба каси дигар надорад.

13. Фурӯшанда метавонад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум ва шашуми банди 10 омадаро ба мутахассисҳои соҳаи маркетинг, реклама ва алоқа бо ҷомеа вогузор кунад.

14. Муносибатҳои байни фурӯшанда ва ташкилотчӣ дар ташкил ва гузаронидани як ё зиёда музоядаҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ташкилотчӣ муассисаи давлатии бо ин мақсад таъсисдодаи фурӯшанда бошад, бо шартнома танзим мегардад. Дар чунин ҳолат муносибатҳои байни фурӯшанда ва ташкилотчиро оиннома муайян мекунад.

15. Супориши музоядавӣ бояд аз инҳо иборат бошад:

- номгӯи объектҳое, ки ба музояда гузошта мешаванд;

- суроғаи объектҳо ва намуди асосии фаъолияти онҳо;

- тарзи гузаронидани савдо;

- мӯҳлатҳои ниҳоии гузаронидани музояда ва рақами бақайдгирии музояда;

- андозаи лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ), миқдори лотҳо, теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот, нархи ибтидоии лот ҳангоми музоядаҳои англисӣ ва холландӣ дар ҳар кадом ҷамъияти саҳомӣ.

IV. Тартиби тайёрӣ барои гузаронидани музояда

16. Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби гузаронидани муояда ҳангоми фурӯши корхонаи давлатӣ:

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ; корхонаи давлатӣ;

- нусхаи баланси ҳисобдорӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;

- санади нархгузории объект.

17. Ҳангоми фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти саҳомӣ;

- нусхаҳои эломи эмиссияи саҳмияҳо ва шаҳодатномаи қаёди эмиссия дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаҳои баланси ҳисобдории ҷямъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;

- санади нархгузории объект.

18. Ҳангоми фурӯши воҳиди амволи корхона:

- шиносномаи техникии воҳиди амвол, ки объекти фурӯш ба ҳисоб меравад ё ҳуҷҷати дигари нишондиҳандаи ҳолати техникии объект;

- баланси ҷудо кардашуда;

- санади нархгузории амвол.

19. Ҳангоми фурӯши қисматҳои истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ ва воҳидҳои сохторӣ ҳамчун маҷмӯи амволӣ:

- баланси Ҷудокардашуда;

- санади нархгузории амвол.

20. Ҳангоми ташаккули комиссияи музоядавӣ:

- таҳия намудани лотҳо;

- тартиб додани супориши музоядавӣ;

- муқаррар намудани мӯҳлат ва ҷои гузаронидани музояда;

- муайян намудани нархҳои ибтидоии лотҳо;

- муайян кардани тартиби супоридани пардохти кафолатӣ;

- дар васоити ахбори умум ба чоп расонидани хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музоядаҳо ва гузаронидани фаъолияти дигари ташвиқотӣ;

- тартиб додани корти музоядавӣ;

- шиносоӣ бо объектҳо бо хоҳиши иштирокчиёни эҳтимолии музоядаҳо, ки фурӯшанда ташкил кардааст;

- бақайдгирии иштирокчиён.

V. Ташкилшавӣ ва салоҳияти комиссияи музоядавӣ

21. Барои амалӣ кардани назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда оид ба фурӯши объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ фурӯшанда комиссияро дар ҳайати 7 нафар таъсис медиҳад:

- ба комиссия намояндагони фурӯшанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд;

- ба комиссия намояндаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи на пасттар аз муовини Раиси Кумита, роҳбарӣ мекунад (раиси комиссия);

- муовини раиси комиссия аз ҳисоби аъзон комиссия дар ҷаласаи комиссия интихоб карда мешавад;

- котиби комиссия намояндаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (яке аз аъзоёни комиссияи музоядавӣ);

- фурӯшанда бояд ҳар сол на камтар аз 30 % аъзоёни комиссияро иваз намояд.

22. Барои амалӣ кардани рафти назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурӯши объектҳои моликияти коммуналӣ фурӯшанда як ё якчанд комиссия ташкил мекунад. Ба ҳайати комиссия намояндаҳои ҳукумат, мақомоти минтақавии идоракунии амволи давлатӣ, мақомоти молия ва адлия шомил мешаванд. Ҳайати комиссия бо қарори раисони ВМБК, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

23. Қарорҳои комиссия бо овозҳои аксарияти аъзоҳои ҳузурдоштаи комиссия қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раиси комиссия ҳалкунанда мебошад.

24. Комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисоб мешавад, ки дар кори он на кам аз чор нафар аъзоён иштирок намоянд.

25. Ҳар як аъзои комиссия ҳуқуқи мулоҳизаи махсусро дорад, ки онро вай ба раиси комиссия ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд. Мулоҳизаи махсуси ҳар як аъзои комиссия дар протоколи комиссия музоядавӣ сабт мегардад.

VI. Хабари иттилоотӣ

26. Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда бояд на кам аз се маротиба, бори аввал на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда, бори дуюм байни рӯзҳои 30-20 ва бори сеюм байни рӯзҳои 20-10 то рӯзи гузаронидани музояда нашр шавад.

27. Ахбори иттилоотӣ дар як вақт бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар рӯзномаҳои "Садои мардум" ё "Ҷумҳурият" ё "Народная газета" чоп мегардад ва дар саҳифаҳои фурӯшанда ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Интернет дар қисмати объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ҷойгир кунонида мешавад.

28. Дар бахши объектҳои моликияти коммуналӣ хабари иттиоолотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми қаламрави ҳамин минтақа паҳн мешаванд, интишор карда мешавад.

29. Саҳифаҳои рӯзномаҳо бо хабари иттилоотии дар онҳо нашршуда на дертар аз як рӯзи баъди интишори онҳо дар тахтаи эълонҳо ҷой дода шуда, на барвақттар аз гузаштани як рӯзи баъди гузаронидани музояда аз тахтаи эълонҳо гирифта мешаванд.

30. Хабари иттилоотӣ бояд аз инҳо иборат бошад:

- ном, суроға, телефони фурӯшанда ва ташкилотчӣ;

- сана, ҷой, вақти гузаронидан ва рақами музояда;

- номгӯи, маҳалли ҷойгиршавии объект;

- фаъолияти асосии объект;

- ҳаҷми лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ) дар ҳар як ҷамъияти саҳомӣ;

- тарзи гузаронидани музояда;

- нархҳои ибтидоии лотҳое, ки ба фурӯш гузошта мешаванд;

- нархи пасттарини лотҳо дар музоядаи ҳолландӣ;

- ҳаҷми пардохти кафолатӣ ва тартиби супоридани он;

- хаҷми боҷи комиссионӣ;

- телефонҳо ва суроғаҳо, ки тавассути онҳо хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагӣ бигиранд;

- маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди фурӯшанда.

31. Фурӯшанда ба эътимоднок будани маълумотҳои дар ахбори иттилоотӣ интишор гардида ҷавобгӯ намебошад.

VII. Пардохти кафолатӣ

32. Пардохти кафолатӣ таъмини ӯҳдадориҳои зерини иштироккунанда мебошад:

- имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда дар сурати ғолиб эълон гардидани ӯ;

- бастани шартномаи хариду фурӯш мутобиқи протоколи натиҷаҳои музояда;

- пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва ҳуҷҷатҳо ҳангоми бақайдгирӣ ба сифати иштироккунандаи музояда.

33. Пардохти кафолатӣ барои иштирок дар музояда дар ҳаҷми зерин муқаррар карда мешавад:

- 1000 доллари ШМА барои як лот дар музоядаи англисӣ ҳангоми фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ ва маҷмӯъҳои амволӣ;

- 50 доллари ШМА барои як лот ҳангоми фурӯши мошинҳо, механизмҳо ва дигар воҳиди амвол дар музоядаи англисӣ;

- 500 доллари ИМА барои як лот ҳангоми фурӯши объектҳо дар музоядаи ҳолландӣ;

34. Пардохти кафолатиро ҳам бо асъори конвертатсияшаванда ва ҳам бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар рӯзи пардохти он гузарондан мумкин аст.

35. Иштироккунанда ҳуқуқ дорад бо як ҳуҷҷати пардохти теъдоди номаҳдуди пардохтҳои кафолатиро супорад, ҳамзамон як пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда ҳуқуқи харидани як лотро медиҳад.

36. Пардохти кафолатӣ мумкин аст ба таври нақдӣ ё ғайринақдӣ супорида шавад.

37. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври ғайринақдӣ аз рӯзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз шуда як рӯз пеш аз шурӯъи музояда қатъ мешавад.

38. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври нақд аз рӯзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз шуда як соат пеш аз шурӯъи музояда қатъ мешавад.

39. Пардохти кафолатӣ ба таври ғайринақдӣ, ҳамон вақт супорида ҳисоб мешавад, ки иштироккунанда ҳуҷҷати пардохтии тасдиқкунандаи супоридани пардохти кафолатиро ҳамроҳи худ дошта бошад.

40. Пардохти кафолатии харидор ҳамчун пардохтҳои мутобиқи шартномаи хариду фурӯш анҷомдодашаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.

41. Иштироккунандае, ки ғолиби музояда нашудааст, ҳуқуқ дорад ба тариқи хаттӣ аз баргардонидани пардохти кафолатӣ, бо мақсади истифодаи маблағи мазкур барои иштирок дар музоядаҳои минбаъда, даст кашад.

42. Пардохти кафолати дар ҳолатҳои зерин пас гардонида намешавад:

- даст кашидани ғолиб аз имзои протоколи натиҷаҳои музояда ё аз бастани шартномаи хариду фурӯш;

- иҷро накардан ё иҷрои нокифояи ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯш;

- ҳангоми пешниҳоди нархи ба андозаи аз ҳаҷми панҷкаратаи нархи ибтидоии объект камтар дар музоядаи пӯшида аз тарафи иштироккунанда;

- ҳангоми ошкор намудани номувофиқии иштироккунанда ба талаботе, ки ин Низомнома аз ӯ талаб менамояд.

43. Ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 41 ва 42 нишон додашуда, пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда ё дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаштани пардохти кафолатӣ ба суратҳисоби фурӯшанда дар ҳолате ки он баъди гузаронидани музояда дохил шудааст, баргардонида мешавад.

44. Дар ҳолате, агар пардохти кафолатии иштироккунанда аз андозаи пардохтҳои кафолатии лотҳо, ки дар онҳо вай ғолиб эълон шуда буд, зиёд бошад, ҳаҷми пардохти кафолатии аз талабшаванда зиёд ба ҳисоби пардохтҳои дар пешистода ҳангоми хариди лотҳо гузаронида мешавад, ё бо хоҳиши иштироккунанда бо асъоре, ки пардохти кафолатӣ супорида шуда буд, баргардонида мешавад.

VIII. Рекламаи музояда ва дастраскунии маълумот ҳангоми шиносоӣ бо объект

45. Рекламаи музоядаро метавонад худи фурӯшанда ё ташкилотчӣ бо мувофиқа бо фурӯшанда амалӣ намояд.

46. Реклама ба шакли озод ташкил шуда бояд ба ҷалби махсусан васеи иштироккунандагон нигаронида шавад.

47. Маьлумот дар реклама бояд саҳеҳ бошад ва ба иттилооти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда мухолифат накунад.

48. Дар ҳолати мухолифати маълумоти дар реклама буда ва хабари иттилоотӣ, маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда ҳамчун асос гирифта мешавад. Чунин мухолифат барои бекор кардани музояда ё гирифтани объект аз музояда асос шуда наметавонад.

49. Маълумоти муфассалтарро назар ба маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда, оид ба ҳолати молиявӣ ва техникии корхона, ҳангоми шиносоӣ бо объект аз маъмурияти корхона гирифтан мумкин аст.

50. Нусхаи баланси ҳисобдории ҷамъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст дар ихтиёри фурӯшанда мебошад ва ба ҳамаи хоҳишмандон пешниҳод карда мешавад.

51. Баъди нашри хабари иттилоотӣ фурӯшанда, ташкилотчӣ ва маъмурияти объект вазифадоранд, ки ба ҳамаи хоҳишмандон бе ягон шарт ва маҳдудкунӣ, дастрасӣ ба корхона ва маълумот дар бораи он, аз ҷумла дар ҳолати фурӯши саҳмияҳо нусхаи эъломи эмиссияро низ таъмин намоянд.

52. Дар ҳолати аз тарафи маъмурияти корхона пешниҳод нашудани маълумот, фурӯшанда метавонад ҷазои интизомиро нисбати роҳбари корхона истифода барад.

IX. Бекор кардани музояда ва гирифтани объект аз музояда

53. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои якум, дуюм, панҷум, ҳаштум ва нуҳуми банди 30-и ин Низомнома нишон додашуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ин бандҳо байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурӯшанда на дертар аз 3 рӯз то рӯзи баргузоршавии музояда ин музоядаро метавонад бекор намояд ва хабари бекоршавии онро дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ нашр шуда буд, интишор мекунад.

54. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои сеюм, шашум, ҳафтуми банди 30-и ин Низомнома зикршуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ни сархатҳо дар байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурӯшанда на дертар аз 3 рӯз то рӯзи баргузоршавии музояда метавонад объектро аз музояда пас гирад ва дар хусуси бозпас гирифтани объект дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ чоп шуда буд, маълумот нашр мекунад.

55. Дар ҳолатҳое, ки фурӯшанда музоядаро дар мӯҳлати аз 3 рӯз пештар то рӯзи баргузоршавии он бекор менамояд ӯ вазифадор аст зарари воқеиро барои иштирокчиёни музояда ҷуброн намояд.

56. Дар ҳамаи ҳолатҳои бекоркунии музояда ё бозпас гирифтани иншоот аз музояда фурӯшанда вазифадор аст хабарро дар ин бора дар тахтаи эьлонҳо дар рӯзи қабули чунин қарор ҷой диҳад.

X. Иштироккунандагони музояда

57. Барои иштирок дар музояда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки мувофиқи тартиби дар фасли XI ин Низомнома муайяншуда аз қайд гузаштаанд, роҳ дода мешаванд.

58. Инҳо иштирокчиёни музояда шуда наметавонанд:

- шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст;

- кормандони фурӯшанда ва ташкилотчии музояда, инчунин аъзоёни комиссияи музоядавӣ;

- ғолибони музоядаҳои қаблӣ ё намояндаҳои қонунии онҳо, ки ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ин Низомномаро иҷро накардаанд, онҳое, ки аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳои минбаъда ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз лаҳзаи баргузоршавии музоядаи дар он ғолиб эълон шуда, маҳрум карда шудаанд;

- иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кӯшиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳо маҳрум карда мешаванд.

59. Фурӯшанда, ташкилотчӣ ва комиссияи музоядавӣ ҳуқуқ надоранд, ки:

- аз иштирокчӣ маълумотро оид ба нияти харидани ин ё он лоти дар музояда гузошташуда талаб намоянд;

- пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагиро барои аз қайд гузаштан ба сифати иштирокчӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар ин Низомнома номбаршуда талаб намоянд;

- иттилоотеро, ки ба иштироккунандагони музояда иртибот дорад ё ба рафти музояда ҳангоми гузаронидани он таъсир мерасонад ошкор намоянд.

XI. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда

60. Иштироккунандагон ба толори музояда бо манзур намудани пойгир дар бораи тасдиқи қайди иштироккунанда ва шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият роҳ дода мешаванд.

61. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда аз рӯзи интишори хабари иттилоотӣ дар матбуоти ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ оғоз шуда як соат пеш аз саршавии музояда ба поён мерасад.

62. Бақайдгирӣ дар дафтарҳои махсуси ҳар саҳифааш рақамгузорӣ шуда ва бо ришта дӯхташудаи қайди иштироккунандагони музояда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоҳида аз рӯи шартҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишон додашуда бурда мешавад.

63. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии резидентӣ бояд пешниҳод намояд:

- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3). Аризадиҳанда бланки дархостро аз фурӯшанда ё ташкилотчӣ дар толори баргузории музояда мегирад. Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

- нусхаи асли ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;

- ваколатномаи тавассути нотариус тасдиқшуда, ки салоҳияти намояндаи шахси воқеиро тасдиқ мекунад.

64. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии ғайрирезидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум, сеюм, чоруми банди 63 зикршуда;

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

65. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии резидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3). Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;

- нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқӣ имзо ва бо мӯҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд;

- нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатномаи аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ;

- дар ҳолати иштироки шахси аввал нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шудани ӯ.

66. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии ғайрирезидентӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:

- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 65 зикршуда;

- нусхаи асли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқи имзо ва бо мӯҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ мекунад бо тасдиқи нотариалии тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

- нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатнома оид ба аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

- иқтибоси қонунӣ аз реестри савдо ё ҳуҷҷати дигари ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашудаи бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардидае, ки мутобиқи қонунгузории давлати худаш шахси ҳуқуқии амалкунанда будани иштироккунандаро исбот мекунад;

- дар ҳолати иштироки шахси аввал, нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шуданн ӯ.

67. Фурӯшанда ё ташкилотчӣ ҳуқуқ надоранд, ки шахсони ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 63, 64, 65 ва 66 нишон додашудадоштаро ба қайд нагиранд.

68. Ба шахсе, ки аз қайд гузаштаааст, чунин ҳуҷҷатҳо дода мешавад:

- пойгири дархост - тасдиқи аз қайд гузаштан аз рӯи шакли дар замимаи 4 зикршуда;

- корти музоядавӣ;

- нусхаи ин Низомнома бо тарҷумаи тоҷикӣ ва русӣ мувофиқи интихоби иштироккунанда;

- рақами музоядавӣ (байрақча).

69. Баъди ба поён расидани музояда иштироккунандагон ба ташкилотчӣ нусхаи ин Низомнома ва рақами музоядавӣ (байраҷча)-ро месупоранд.

70. Истифода бурдани рақами музоядавӣ аз тарафи шахси дигар, дар ҷараёни музояда манъ аст.

XII. Гузаронидани музояда

71. Музоядаро музоядачӣ мегузаронад.

72. Музояда аз эълони қоидаҳои гузаронидани музояда оғоз мешавад.

73. Музояда аз рӯи ҳар як лот бо эълони музоядачӣ дар бораи объекти фурӯш, тавсифи кӯтоҳи он, усули гузаронидани музояда, нархи ибтидоӣ ва қадами тағйирёбии нарх оғоз мешавад.

74. Мунтазамии гузоштани лотҳо дар музояда бояд ба тартиби дар хабари иттилоотӣ муқарраршуда мувофиқат кунад.

75. Ду қадами якуми тағйирёбии нархҳо дар ҳаҷми 5% аз нархи ҷории лот муқаррар мешавад. Музоядачӣ ҳуқуқ дорад мустақилона қадамҳои минбаъдаро эълон намуда, нархро дар доираи аз 5% то 10% нархи ҷории лот тағйир диҳад.

76. Иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кушиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда, ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музояда маҳрум карда мешаванд.

77. Натиҷаҳои музояда аз рӯи ҳар як лоти фурӯхташуда бо протоколи аз тарафи комиссияи музоядавӣ, музоядачӣ ва ғолиб имзошуда баъди ба поён расидани музояда аз рӯи ҳар лот таҳия мешавад (замимаи 5). Музоядачӣ ҳуқуқ дорад, ки барои ба имзо расонидани протокол танаффус эълон намояд. Як нусхаи протокол ба харидор дода хоҳад шуд.

78. Протокол дар се нусха таҳия мешавад, яктогӣ барои фурӯшанда, харидор ва комиссияи музоядавӣ.

79. Комиссияи музояданӣ бояд ба фурӯшанда як нусхаи протоколро оид ба натиҷаҳои музояда на дертар аз як рӯзи баъди музояда сипаришуда диҳад.

80. Протоколи натиҷаҳои музояда аз рӯи лоти мазкур ҳуҷҷатест, ки натиҷаҳои музояда, инчунин ӯҳдадории ғолиб ва фурӯшандаро барои аз рӯи нархи фурӯш бастани шартномаи хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ сабт мекунад.

81. Ғолиб ё фурӯшанда вазифадоранд шартномаи хариду фурӯшро дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзошавии протокол, ба имзо расонанд.

82. Дар сурати даст кашидани фурӯшанда аз бастани шартнома харидор ҳақ дорад ба суд дар хусуси маҷбуран бастани шартнома, инчунин ҷуброни зарарҳое, ки бинобар саркашӣ намудани фурӯшанда аз бастани шартнома ҳосил шудаанд, муроҷиат намояд.

83. Дар сурати даст кашидани комиссия аз имзои протокол, ташкилотчӣ вазифадор аст пардохти кафолатиро дар ҳаҷми дукарата баргардонад, инчунин ба шахси дар савдо бурд карда товони зарари аз иштирок дар савдо ба даст омадаро ба маблағи аз пардохти кафолатӣ зиёд ҷуброн намояд ва объекти мазкур ба музояда дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад.

84. Дар сурати даст кашидани ғолиби музояда аз имзои протоколи натиҷаи музояда ё бастани шартномаи хариду фурӯш, объекти фурӯхташуда ба музояда аз нав дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад.

85. Дар музояда ба сифати нозирон ҳуқуқ доранд кормандони васоити ахбори умум ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.

86. Аз рӯи натиҷаи ҳар музояда протоколи ҷамъбастӣ бо шакли дар замимаи 6 омада, тартиб дода мешавад.

87. Нусхаҳои протоколи ҷамъбастӣ:

- дар тахтаи эьлонхо то охири рӯзи баргузории музояда ҷой дода шуда, бояд муддати 10 рӯз он ҷо монанд;

- барои ҳамаи иштироккунадагони хоҳишманд, ки ба шӯъбаи умумии фурӯшанда муроҷиат кардаанд, аз рӯзи аввали кории баъди гузаштани музояда бояд дастрас бошад.

XIII. Музоядаи англисӣ

88. Музоядачӣ нархи ибтидоии лот ва қадами зиёдкунии нархро эълон мекунад.

89. Дар сурате, ки ду ё зиёда иштироккунандагон рақамҳои худро дар як вақт боло мекунанд, музоядачӣ нархи ибтидоии лотро ба қадами эълоншуда баланд мекунад. Музоядачӣ рақамҳои музоядавии иштироккунандагони музоядаро эълон менамояд, нархро устувор намуда баландкунии онро пешниҳод мекунад.

90. Музояда аз рӯи лот то ҳамон лаҳзае давом мекунад, ки як иштироккунандаи нархи баландтаринро пешниҳоднамуда монад. Музоядачӣ рақами музоядавии иштироккунандаеро, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, эълон мекунад.

91. Музоядачӣ се маротиба нархи охирини лотро такрор намуда баъди набудани рақамҳои болошуда бо зарбаи болғача фурӯхта шудани лоти мазкурро эълон мекунад.

92. Ҳангоми 5 маротиба зиёд шудани нархи ибтидоии лот комиссияи музоядавӣ музоядаро боздошта байни иштироккунандагоне, ки ба лот 5 маротибаи нархи ибтидоӣ ва аз он зиёдро пешниҳод намудаанд, музоядаи пӯшида мегузаронад.

93. Музоядаи пӯшида ҳамон рӯз баъди ба поён расидани музояда аз рӯи лотҳои боқимонда гузаронида мешавад.

94. Ҳангоми гузаронидани музоядаи пӯшида иштироккунандагон нархи лоти мазкурро ба таври хаттӣ дар лифофаи сарпӯшида пешниҳод менамоянд (замимаи 7).

95. Комиссия лифофаҳоро бо пешниҳодот дар ҳузури иштироккунандагони лоти мазкур, худи ҳамон рӯз мекушояд.

96. Нархи дар лифофа нишон додашуда бояд аз ҳаҷми панҷ каратаи нархи ибтидоӣ кам набошад.

97. Иштироккунандае, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, ғолиби музояда дар лоти мазкур дониста мешавад.

XIV. Музоядаи ҳолландӣ

98. Музоядачӣ нархи ибтидои лотро эълон намуда харидани онро ба иштироккунандагон пешниҳод мекунад.

99. Агар ҳангоми эълон намудани нархи ибтидоӣ ду ва ё иштироккунандагони зиёдтари хоҳишманди харидории лоти мазкур рақамҳои музоядавии худро боло кунанд, музоядачӣ музоядаро аз рӯи қоидаҳои музоядаи англисӣ шурӯъ менамояд.

100. Агар баъди эълон намудани нархи ибтидоии лот хоҳишмандон барои харидории он пайдо нашаванд, музоядачӣ нархро ба бузургии қадами қайдшуда паст карда нархи навро эълон менамояд.

101. Музоядачӣ рақами шахсеро, ки аввалин шуда рақами музоядавиашро ҳангоми нархи эълоншуда бардоштааст номбар мекунад ва бо зарбаи болғача ӯро ғолиби лоти мазкур эълон мекунад.

102. Дар ҳолате, ки ду ва ё иштироккунандагони зиёдтар рақамҳои худро боло кардаанд, қарор оид ба кӣ рақами худро аввалин шуда боло кардааст, аз тарафи комиссияи музоядавӣ бо овоздиҳии оддӣ қабул карда мешавад ва иштироккунандагон ҳуқуқи муҳокима кардани онро надоранд.

103. Агар, ҳангоми эълон кардани нархи ҳадди ақали лот аз тарафи музоядачӣ ягон нафари иштироккунандагон хоҳиши харидани лоти мазкурро надошта бошанд, лот аз музояда гирифта мешавад.

XV. Тартиби ҳисобкунӣ

104. Дар сурати ғолиб омадани харидор ба суратҳисоби фурӯшанда боҷи комиссиониро дар ҳаҷми 5% аз нархи фурӯш, ки ба нархи фурӯши лот дохил намешавад, мепардозад.

105. Фурӯшанда ва ташкилотчӣ ҳақ надоранд, ки аз харидор пардохтҳои иловагиро ғайр аз нархи фурӯши лот, пардохти комиссионӣ ва боҷ барои хариду фурӯши дар музояда баҷо овардашуда, ҷаримаҳои дар сурати ба таъхир андохтани пардохти объект, ки дар бандҳои 107, 109 нишон дода шудаанд, талаб намоянд.

106. Шартномаи хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ ба таври хаттӣ байни фурӯшанда ё ташкилотчӣ, вақте, ки ин ҳуқуқ мутобиқи банди 10 ба ӯ супорида шуда бошад ва харидор (замимаи 8) дар муддати на кам аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда бо риояи талаботи дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, баста мешавад.

107. Ҳисобкунӣ оид ба шартномаи хариду фурӯш байни фурӯшанда ва харидор сурат мегирад Зимнан харидор бо тартиби зерин ҳисобу китоб мекунад:

- пардохт дар ҳаҷми на кам аз 15% аз нархи фурӯши объект дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзошавии шартномаи хариду фурӯш пардохтамешавад. Пардохти кафолатӣ ба ҳисоби пардохтҳои анҷомдодашаванда дароварда мешавад;

- маблағи боқимонда, бояд на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзои шартномаи хариду фурӯш пардохта шавад.

108 Ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадорин пардохти нархи фурӯши объект аз тарафи харидор, ки дар сархати якуми банди 107 омадааст, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба тарзи яктарафа қатъ карда, харидорро дар муддати 30 рӯзи таъхир кардани пардохт дар бораи қатъ кардани шартнома огоҳ намояд.

109. Ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадории пардохти нархи фурӯши объект аз тарафи харидор, ки дар сархат дуюми банди 107 омадааст, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба таври яктарафа қатъ карда харидорро дар муддати 30 рӯз аз рӯзи таъхир кардани пардохт дар бораи қать намудани шартнома огоҳ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки харидор на камтар аз 50% нархи фурӯши объектро пардохтааст. Дар ин ҳолат мӯҳлати охирини пардохт ба 60 рӯзи бонкӣ дароз карда мешавад ва барои ҳар рӯзи бонкии таъхир, аз 31 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзои шартнома ҷарима ба ҳаҷми 0.2% аз маблағи нопардохтаи нархи объект, ситонида мешавад. Ҷарима аз маблағи қаблан пардохтнамудаи харидор бароварда мешавад.

Агар нархи фурӯш ба ҳаҷми пуррааш дар мӯҳлати дарозкардашуда пардохта нашавад, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба таври яктарафа қатъ карда харидорро дар мӯҳлати 30 рӯз аз рӯзи ба таъхир андохтани пардохт, дар бораи қатъ кардани шартнома огоҳ намояд. Дар ин ҳолат ба харидор маблағи пардохташуда, ки аз он пардохти кафолатӣ ва ҷарима бароварда шудааст, дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаштани мӯҳлати дарозкунӣ, баргардонида мешавад.

XVI. Гузариши ҳуқуқи соҳибмулкӣ

110. Дар муддати се рӯзи бонкӣ аз лаҳзаи пардохти пурраи нархи лот, аммо на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда, фурӯшанда ва харидор бояд санади супурдану қабул кардани объектро имзо кунанд (замимаи 9).

111. Дар ҳолати фурӯши бастаи саҳмияҳо санади супурдану қабул кардани саҳмияҳо, ки бо тартиби дар ин Низомнома пешбинишуда имзо мекунад.