ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 253)
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 май соли 1997 № 727 "Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сохтори замимагардидаи дастгоҳи маркази ва нақшаи идораи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Шумораи кормандони дастгоҳи маркази ва нақшаи идораи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 41 воҳид (бо дарназардошти ҳайати хизматрасони) дар ҳудуди миқдори умумии кормандони Кумита, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 май соли 1997 № 240 "Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба теъдоди 300 воҳид муайян шудааст, муқаррар карда шавад.
2. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мақомоти дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 6 воҳид, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мақомоти худ 294 воҳид бо хароҷоти дахлдор ҷиҳати таъсиси идора ва шӯъбаҳои кор бо ҷавонон дар маҳаллот ҷудо намояд.
3. Ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Раиси Кумита, аз ҷумла як муовини аввал ва дар ҳайати 7 нафар коллегия дошта бошад.
4. Шумораи кормандони дастгоҳи идораҳои кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилоятҳо ба миқдори 32 воҳид ба шӯъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии кор бо ҷавонон ба миқдори 227 воҳид тасдиқ карда шавад.
5. Ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминот ҳафт автомашинаи хизмати бо ронандагон ва як микроавтобус, аз ҷумла чор мошини сабукрави хизмати барои идораҳои кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилоятҳо муқаррар шавад.
6. Муқаррар гардад, ки нигоҳдошти идараҳои кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, шӯъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии кор бо ҷавонон, тавассути Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.
7. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои, телефони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идора ва шӯъбаҳои маҳаллии онро аз рӯи тартиботи муқарраршуда таъмин намояд.
8. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо раисони вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо ба манзури таъсиси идораҳо ва шӯъбаҳои кор бо ҷавонон корҳои ташкилиро таъмин намоянд.
9. Бандҳои 3, 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 май соли 1997 № 240 "Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 сентябри соли 1997 № 414
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 1997 № 414
тасдиқ шудааст
СОХТОРИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Роҳбарият
Идораи кор бо ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагон
Идораи сиёсати иҷтимои
Идораи тарбияи ҳарбию ватандӯсти ва фарҳангии ҷавонон
Идораи робитаҳои хориҷӣ
Идораи робитаҳо бо иттиҳодияҳои ҷамъияти ва муносибатҳои байнимиллӣ
Идораи хоҷагӣ
Сектори тадқиқоти аналитики
Шӯъбаи умумӣ
Шӯъбаи муҳосиба
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 1997 № 414
тасдиқ шудааст
НАҚШАИ ИДОРАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дастгоҳи маркази
Идораҳои вилоятии кор бо ҷавонон
Идораи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе
Шӯъбаҳои шаҳри ва ноҳиявии кор бо ҷавонон