Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002, № 853 "Дар бораи системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 13.01.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмил ва танзими системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, инчунин таъмини фаъолияти самараноки он фармон медиҳам:

1. Системаи замимагардидаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки:

мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаҳои муайяни фаъолият амали менамоянд. Ба мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан сардор, директор роҳбари менамояд;

вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки татбиқи сиёсати давлати ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият амали намуда, тибқи қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад. Ба вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари менамояд;

кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки ҳамоҳангсозии байнисоҳавиро оид ба масъалаҳои ба доираи салоҳияташ дахлдошта анҷом медиҳад, ҳамчунин батанзимдарории вазифавиро дар соҳаи муайяни фаъолият амали менамояд. Ба кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари менамояд;

идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (кумитаҳо, агентиҳо, саридораҳо ва ғайра) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки вазифаҳои махсус (иҷроияви, назорати, иҷозатдиҳи ва дигарҳо)-ро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳанд. Ба идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан раис, сардор,директор роҳбари менамояд;

мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроии мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқи ваколатҳои вазифавии худро дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлати амали менамоянд. Ба мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раис роҳбари менамояд.

3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994, № 7 "Дар бораи тасдиқ намудани сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2002 № 853

ш. Душанбе

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2002 № 853

тасдиқ шудааст

Системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони ПҶТ аз 18.01.2003с. № 963, аз 1.09.2003с. № 1134, аз 19.01.2004с. № 1249, аз 13.01.2006 с. № 1668)

1. Мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони ПҶТ аз 1.09.03с. № 1134).

Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони ПҶТ аз 1.09.03с.№ 1134).

Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Банди 3 хориҷ карда шуд (Фармони ПҶТ аз 19.01.04с.№ 1249).

Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии сохмон ва меъмори Ҷумҳурии Тоҷикистон(Фармони ПҶТ аз 18.01.03с. № 963).

Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Фармони ПҶТ аз 19.01.04 с. № 1249).

Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони ПҶТ аз 13.01.06 с. № 1668).

5. Идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи оид ба корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи тарбияи ҷисмони ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик"

Саридораи геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Харитасоз"

Сархати даҳум хориҷ карда шуд. (Фармони ПҶТ аз 1.09.03с.№ 1134).

Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони ПҶТ аз 1.09.03с.№ 1134).

Агентии давлатии сиёсати зиддимонополи ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии миллии кайҳони, геодези ва картографии назди Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" (Фармони ПҶТ аз 1.09.03с.№ 1134).

Агентии иттилоотии "Ховар" -и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони ПҶТ аз 1.09.03с.№ 1134).

Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони ПҶТ аз 1.09.03с.№ 1134).

6. Мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон