Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 1998 № 275
тасдиқ шудааст
Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2007 № 546)
ФАСЛИ I МУАССИСАҲОИ КОНСУЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОБИ I Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1
Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳуқуқу манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷиқистон ва шаҳрвандони онро дар доираи Конвенцияи Вена ҷиҳати муносибатҳои консули ҳимоя мекунанд ва пайваста ба рушди ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо мусоидат менамоянд.
Моддаи 2
Муассисаҳои консулӣ иборатанд аз шӯъбахои консулии намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои генералӣ, консулгариҳо, ноиб-консулгариҳо ва агентиҳои консулии Чумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ.
Моддаи 3
Муассисаҳои консули дар фаъолияти худ қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенцияи Вена ҷиҳати муносибатҳои консули ва дигар асноди шартномавию ҳуқуқиро, ки Чумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад ва ҳамчунин Оинномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳанд.
Моддаи 4
Муассисаҳои консули ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ буда, таҳти роҳбарии умумии сарони намояндагиҳои дипломати ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари будубош амал мекунанд.
Моддаи 5
Шӯъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудирони шӯъбаҳои консулӣ роҳбари мекунанд, ки онҳоро консулҳои генералӣ ё консулҳо меноманд.
Консулгариҳои генералӣ, консулгариҳо, ноиби-консулгариҳо ва агентиҳои консулиро мутобиқан консулҳои генералӣ, консулҳо ноиби-консулҳо ваагентҳои консули роҳбари мекунанд.
Моддаи 6
Консул вазифаҳоеро, ки ҳамин Оиннома пешбини менамояд, иҷро мекунад. Консул метавонад вазифаҳои дигареро, ки ҳамин Оиннома пешбинӣ накардааст, иҷро намояд, агар онҳо хилофи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузориҳои кишвари будубош набошанд.
Моддаи 7
Дар кишварҳое, ки намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надоранд, бо розигии кишвари будубош ба зиммаи консул инчунин вазифаҳои дипломатиро вогузор кардан мумкин аст.
Моддаи 8
Маҳалли муассисаи консулӣ, дараҷаи он ва минтақаи консули бо мувофиқаи кишвари будубош муайян мегардад.
Моддаи 9
Муассисаи консули бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тасвири номи муассисаи консули ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони давлатии кишвари будубош дорои, мӯҳр мебошад.
Моддаи 10
Муассисаи консули ҳуқуқ дорад, ки дар даромадгоҳи бинои ишғолкарда лавҳаро бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сабти номи муассисаи консули бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони давлатии кишвари будубош насб намояд.
Моддаи 11
Муассисаи консули ҳуқуқ дорад, дар болои бинои муассисаи консули байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрозад.
Консул ҳуқуқ дорад байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қароргоҳи худ, инчунин дар воситаи нақлиёти хеш барафрозад.
Моддаи 12
Дар ҳамин Оиннома истилоҳоте, ки истифода шудаанд, маъниҳои зеринро доранд:
"Консул"- консули генералӣ, консул, ноиби консул ё агентҳои консулиро, ки сарвари муассисаи консулб мебошад, меноманд.
"Шахси мансабдори консулб" - ҳар шахсро, аз ҷумла сарвари муассисаи консулиро меноманд,ки ба ӯ иҷрои вазифаҳои консулӣ (консули генералӣ, консул, агенти консулӣ) супорида шудааст.
"Корманди муассисаи консулӣ"- ҳар шахсеро -меноманд, ки дар муассисаҳои консулӣ бо иҷрои вазифаҳои маъмурӣ ё техникӣ ва ё хадамоти муассисаи консулӣ машғул аст.
БОБИ II КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ КОНСУЛИ ВА ТАРТИБИ ТАЪИН НАМУДАНИ КОНСУЛ
Моддаи 13
Ашхоси мансабдори консули ва ходимони муассисаҳои консули дар хидмати давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Моддаи 14
Танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад шахси мансабдори консули бошад.
Моддаи 15
Консул ҳангоми таъин шудан ба вазифа аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати хатти-патенти консули мегирад.
Моддаи 16
Консул баъди гирифтани ризоияти (экзекватура) кишвари будубош ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯь мекунад.
Моддаи 17
Агар консул бо ягон сабаб вазифаи худрр иҷро карда натавонад ё муваққатан вазифаи консул холи бошад, иҷрои вазифаи консул ба ӯҳдаи дигар шахси мансабдори консули ё дигар муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари будубош ё ба зиммаи яке аз аъзои ҳайати дипломатии намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар гузошта мешавад.
БОБИ III ТАРТИБИ ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛӢ
Моддаи 18
Консул вазифаҳои ба зиммаи худ доштаро шахсан иҷро мекунад ё иҷрои онҳоро ба дигар шахси мансабдори консули месупорад..
Моддаи 19
Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз рӯи дастури махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ризоияти кишвари будубош метавонад вазифаҳои консулии давлати дигарро иҷро намояд.
Моддаи 20
Консул метавонад дар ҳудуди минтақаи консулии худ аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба фаъолияти муассисаи консулӣ мансуббуда, ба ҳокимияти кишвари будубош муроҷиат намояд.
Моддаи 21
Консул вазифадор аст ҳар сол, ҳадди ақал як маротиба минтақаи консулии худро давр занад.
Моддаи 22
Шикоятҳо аз фаъолияти ашхоси мансабдори консули ва кормандони муассисаҳои консули тибқи тобеият баррасӣ мешаванд.
ФАСЛИ II ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА АШХОСИ ҲУҚУҚИ ВА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОБИ IV Муқаррароти умумӣ
Моддаи 23
Консул вазифадор аст тадбирҳоеро андешад, ки ашхоси воқеи ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз ҳамаи ҳуқуқҳои ба онҳо додаи қонунгузориҳои кишвари будубош, меъёрҳо ва анъанаҳои байналхалқӣ, инчунин аз ҳуқуқҳои дар асноди байналхалқӣ муқарраршуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати будубош аъзои онҳо мебошанд, истифода баранд.
Моддаи 24
Консул истиқоматкунандагони доими ва мувакқатан дар минтақаи консулии ӯ будаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад.
Моддаи 25
Консул дар иҷрои вазифаҳои хидмати ба намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди минтақаи консули ҷой гирифтаанд инчунин ба дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба минтақаи консулии ӯ омадаанд, ёрӣ мерасонад.
Моддаи 26
Консул шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муваққатан ба минтақаи, консулии ӯ меоянд бо қонунҳо ва дигар асноди меъёрии кишвари будубош, инчунин бо урфу одатҳои маҳаллӣ шинос менамояд.
Моддаи 27
Консул барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи консулии ӯ иқомат доранд, ёри мерасонад.
Моддаи 28
Консул ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои кишвари будубош шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳузур надоранд ва пешбурди корҳояшонро ба ягон шахс насупурдаанд ё бо сабабҳои дигар манфиатҳои худро ҳимоя карда наметавонанд, намояндагӣ кунад. Ин намояндаги то он даме, ки намояндагон ашхоси салоҳиятдори худро таъин накунанд ё ба зиммаи худ ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои худро нагиранд, идома меёбад.
БОБИ V ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ МАҚОМОТИ ТАФТИШОТ Е СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 29
Консул супоришҳои мақомоти тафтишот ё судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин бар хилофи қонунҳои кишвари будубош набошад, иҷро менамояд. Супоришҳои мазкур бо риояи қонунгузориҳои мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.
БОБИ VI ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ПИСАРХОНДИ (ДУХТАРХОНДИ). ВАСОЯТ ВА ПАРАСТОРӢ
Моддаи 30
Консул ҳуқуқ дорад аснодро дар хусуси писархондии (духтархондии) кудак, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамояд, ба қайд гирад.
Агар писархондкунанда (духтаркунанда) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, барои писархондӣ (духтархондӣ) гирифтани иҷозати мақоми салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
Моддаи 31
Консул ҷиҳати муқарррар намудани васоят ва парастори ба шаҳрванде, ки ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи консулии ӯ мебошад ва онҳо бе парастор мондаанд, тадбирҳо меандешад.
Консул дар сатҳи баробар ҷиҳати муқаррар намудани васоят ва парастори ба шаҳрвандони болиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо бинобр вазъи саломати мустақилона ҳуқуқи худро амали ва вазифаҳои худро иҷро карда наметавонанд, тадбирҳо меандешад.
БОБИ VII ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА АМВОЛИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 32
Консул ҷиҳати муҳофизати амволе, ки баъд аз марги шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқи мондааст тадбирҳо меандешад.
Агар амволи боқимонда пурра ё қисман ашьёи вайронмешуда буда, ҳачунин ҳифзи он хеле гарон бошад, консул ҳуқуқ дорад ин амволро фурушад ва маблағи ба дастомадаро ба соҳибаш тибқи мансубият фиристад.
Моддаи 33
Консул ҳуқуқ дорад доир ба фиристонидани амволи мероси ба ворисон ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, тадбирҳо андешад.
Моддаи 34
Консул метавонад ҷиҳати нигоҳдори пул, ашьёи гаронбаҳо, коғазҳои арзишнок ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, қабул намояд.
Дар ҳолати фавтидани шахс, ки амволи ба нигоҳдори супоридашуда ба ӯ тааллуқ дорад, нисбат ба он амвол муқаррароти моддаи 32 ҳамин Оиннома истифода мегардад.
БОБИ VII ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ҲАБС ҚАРОР ДОРАНД, ДАСТГИР ШУДААНД Ё БО ТАРЗИ ДИГАР АЗ ОЗОДИ МАҲРУМ ГАРДИДААНД, Ё МУҲЛАТИ ҶАЗОРО МЕГУЗАРОНАНД
Моддаи 35
Консул вазифадор аст, нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳабс мебошад, ё чун гумонбар дар содир кардани ҷиноят дастгир шудааст ё ба тадбирҳои дигари маҳдудкунандаи озоди гирифтор шудааст, инчунин таҳти таъсири суди ё маъмурӣ қарор дорад, риояи қонунҳои кишвари будубош ва асноди аҳдномавию ҳуқуқи ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин давлат ба имзо расидаанд, назорат кунад.
Консул вазифадор аст бо хоҳиши ашхоси манфиатдор ва бо ташаббуси худ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҳабсхонаҳо қарор доранд, хабар гирад ва бо шароити нигоҳ доштани онҳо шинос шавад.
Консул вазифадор аст назорат намояд, то ин ки чунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ба талаботи гигиени ва санитари ҷавобгу нигоҳ дошта шаванд ва ба муомилаи бераҳмонаю таҳқиромез, ки фи инсониро паст мезананд дучор нагарданд.
БОБИ IX ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШИНСНОМАҲО ВА ВИЗА
Моддаи 36
Консул ҳуқуқ дорад, дар ҳолати истисно ва бо мувофиқаи хизмати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳо диҳад, муҳлати эътибори шиносномаҳоро тамдид намояд ва дар онҳо қайдҳои зарури ворид намояд.
Моддаи 37
Консул ҳуқуқ дорад ба шаҳрвандони хориҷи барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои рафту-омади транзити тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон виза диҳад, ба визаи додашуда тағьирот ворид намояд, инчунин визаи қаблан додаро бекор кунад.
БОБИ X ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДӢ
Моддаи 38
Консул ҳуқуқ дорад аризаи шаҳрвандони хориҷиро, ки дар минтақаи консулии вай истиқомат мекунанд, дар хусуси қабули онҳо ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намояд ва онро барои баррасии минбаъда ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристад.
Моддаи 39
Консул бо розигии сарвари намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари будубош метавонад дар бораи аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳум намудани ашхосе, ки бо амали худ унвони баланди шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доғдор намудаанд ва ба эътибор ё амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонидаанд, ба Вазорати корҳои хориҷи пешниҳодот манзур намояд.
БОБИ XI ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БА ҚАӢД ГИРИФТАНИ САНАДҲОИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
Моддаи 40
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон консул санадҳои ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад.
Консул аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари будубош доими истиқомат доранд дар бораи ворид намудани тағьирот, ислоҳот ва иловаҳо ба қайди санадҳои ҳолати шаҳрванди дар бораи барқарор намудани қайдҳои беэътибор, инчунин дар хусуси тағьир додани насаб, ном ва номи падар дархост қабул мекунад ва онҳоро ба баррасии мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад.
Моддаи 41
Бинобар гирифтани маълумот дар бораи таваллуд ё вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавопаймо ва дигар воситаҳои нақлиет ё дар минтақаи консулии худ, консул мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади таваллуд ё фавтро ба қайд мегирад.
Моддаи 42
Дастуруламали оид ба тартиби аз ҷониби консул ба қайд гирифтани санадҳои ҳолати шаҳрвандиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.
ФАСЛИ III АМАЛҲОИ НОТАРИАЛӢ, ТАЪЙИДИ КОНСУЛӢ. БОҶҲОИ КОНСУЛӢ
БОБИ XII АМАЛҲОИ НОТАРИАЛӢ
Моддаи 43
Консул амалҳои нотариалии зеринро иҷро мекунад:
1) гайр аз аҳдномаҳо дар бораи мусодира ва замонати хонаҳои истиқомати ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъанд, муомилот (аҳдномаҳо, васия номаҳо,эътимодномаҳо ва ғайраро) тасдиқ менамояд;
2) барои муҳофизати амволи мероси тадбирҳо меандешад;
3) дар бораи ҳуқуқ ба мерос шаҳодатнома медиҳад;
4) дар бораи ҳуқуқ ба моликият аз ҳиссаи амволи умумии зану шавҳар шаҳодатнома медиҳад;
5) ба ҳаққонияти нусхаи ҳуҷҷатҳо ва нусхабардории онҳо гувоҳи медиҳад;
6) дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ менамояд;
7) асли будани имзоҳои ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунад;
8) зинда будани шаҳрвандро тасдиқ менамояд;
9) дар ҷои муайян будани шаҳрвандро тасдиқ менамояд;
10) айнияти шаҳрвандро бо акси у дар ҳуҷҷат тасдиқ мекунад;
11) вақти пешниҳоди ҳуҷҷатро тасдиқ мекунад;
12) маблағҳои пули ва коғазҳои киматнокро ба депозит (ҳифз) қабул мекунад;
13) сабтҳои иҷроияро ба амал мебарорад;
14) ҳуҷҷатҳоро барои нигоҳдори қабул мекунад;
15) амали исботро таъмин менамояд;
16) эътирозномаи баҳри мебарорад;
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин амалҳои дигари нотариалиро, ки аз ҷониби консул иҷро карда мешаванд, таъйид менамояд.
Тартиби иҷрои амалҳои нотариали аз ҷониби консул бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлати, ҳамин Оиннома ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Дастуруамалро оид ба тартиби амалҳои нотариали, ки консул иҷро мекунад, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.
Моддаи 44
Амалҳои нотариали дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд. Дар ҳолатҳои алоҳида, амалҳои нотариалиро берун аз муаосисаи мазкур анҷом додан мумкин аст.
Моддаи 45
Консуле, ки амалҳои нотариалиро иҷро мекунад, вазифадор аст сирри амалҳои нотариалии анҷомдодаро махфи нигоҳ дорад.
Маълумот дар бораи иҷрои амалҳои нотариали ва ҳуҷҷатҳо мутобиқи, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлати дода мешаванд.
Моддаи 46
Амалҳои нотариали дар рузи пешниҳод намудани тамоми пардохтҳои боҷи консули, пушонидани хароҷоти воқеии зарури барои ин ҳуҷҷатҳо анҷом дода мешаванд.
Моддаи 47
Муомилоти бо роҳи нотариали тасдиқшуда, ҳамчунин аризаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо дар ҳузури консуле, ки амалҳои нотариалиро иҷро мекунад, имзо карда мешаванд. Агар муомилот, ариза ё дигар ҳуҷҷат дар набудани консул имзо шавад имзокунанда бояд шахсан тасдиқ намояд, ки ҳуҷҷатро имзо кардааст.
Консуле, ки амалҳои нотариалиро анҷом медиҳад, вазифадор аст, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро фаҳмонад, оқибатҳои амалҳои нотариалии анҷомдодашуда огоҳ намояд, то ин ки беҳбари аз ҳуқуқ ва дигар ҳолатҳои ба ин монанд бар зарари онҳо истифода нашавад.
Моддаи 48
Консул наметавонад амалҳои нотариалиро ба номи худ ва аз номи ба номи ва аз номи ҳамсари худ ва хешовандони худ бевосита анҷом диҳад.
Моддаи 49
Коргузории нотариали дар муассисаҳои консули бо забоне пеш бурда мешавад, ки бо он коргузории муассисаи консули сурат мегирад.
Агар шахси барои иҷрои амалҳои нотариали муроҷиаткарда забонеро ки бо он коргузори пеш бурда мешавад, надонад, матнҳои ҳуҷҷатҳо расмият даровардашаванда бояд аз ҷониби консуле, ки амалҳои нотариалиро иҷро менамояд, ё тарҷумони ба консул шинос тарҷума карда шавад.
Моддаи 50
Агар ба консул дар бораи ошкор шудани мерос ба фоидаи шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд маълум гардад, сул фавран ҳамаи маълумоти ба у аенро дар хусуси мерос ва меросхур эхтимоли ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ хад.
Моддаи 51
Агар татбиқи амалҳои нотариали ба қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намоянд, консул аз иҷрои чунин амал даст мекашад.
Агар ҳуҷҷатҳо ба талаботи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накунанд, е аз руи мазмуни худ ба манфиати Тоҷикистон расонда тавонад, е маълумотҳоеро доро бошанд, ки шаъну эътибори шаҳрвандонро доғдор мекунанд, консул онҳоро барои татбиқи амалҳои нотариали қабул намекунад.
Бо хоҳиши шахс, ки ба у иҷрои амалҳои нотариали рад шудааст, ба у бояд сабабҳои рад ва тартиби шикояти он фаҳмонда шавад.
Моддаи 52
Ҳангоми анҷоми амалҳои нотариали мутобиқ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди ҳуқуқии байналхалқи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари будубош иштирокчиени онҳо мебошанд, ҳуқуқи байналхалқи истифода карда мешаванд.
Консул ҳуҷҷатҳоеро, ки мутобиқи талаботи ҳуқуқи хориҷи тартиб дода шудаанд, қабул мекунад ва сабтҳои тасдиқкунандаро дар шакли пешбининамудаи қонунгузории хориҷи агар он хилофи қонунгузории амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон набошад, анҷом медиҳад.
БОБИ ХШ ТАЪӢИДИ КОНСУЛӢ
Моддаи 53
Консул ҳуҷҷатҳо ва санадҳоро, ки бо иштироки ҳокимияти минтақаи консули тартиб дода шудаанд, е аз ин ҳокимиятҳо бармеоянд, таъйид мекунад.
Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷатҳо ва санадҳоеро, ки таъйиди консули доранд ба барраси қабул мекунанд, агар ба шарте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон е шартномаҳои байналмиллали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари будубош иштирокчии онҳо мебошанд, чизи дигареро пешбини накарда бошанд.
Таъйиди консули - ин муайян сохтан ва гувоҳи додани имзоҳои асли дар ин ҳуҷҷатҳо ва санадҳо буда, мутобиқати онҳо бо қонунҳои кишвари будубош мебошад.
Тартиби таъйиди консули аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 54
Ҳуҷҷатҳо ва санадҳое, ки ба конунгугории Чумхурии Точикистон мухолифат мекунанд, е метавонанд бо мазмуни худ ба манфиатхои Чумхурии Точикистон зарар расонанд, е маълумотеро дар бар гиранд, ки шаъну эътибори шахрвандони онро догдор мекунанд, таъйид намешаванд.
БОБИ XIV БОЧХОИ КОНСУЛӢ
Моддаи 55
Хориҷ карда шуд ()
Моддаи 56
Хориҷ карда шуд ()
Моддаи 57
Хориҷ карда шуд ()
Моддаи 58
Хориҷ карда шуд ()
Моддаи 59
Хориҷ карда шуд ()
ФАСЛИ IV ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ҲАВОПАЙМОҲОИ МУЛКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 60
Консул дар доираи вазифаҳои худ ба командир, экипаж ва мусофирони ҳавопаймои мулкии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд "ҳавопаймо"номида мешавад) дар муносибот бо ҳокимиятҳои кишвари будубош мусоидат менамояд, дар ҳолати зарурат барои баргардонидани ҳавопаймо, экипаж ва мусофирони он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои идомаи парвоз ҳамаи тадбирҳоро меандешад.?
Моддаи 61
Консул ҳуқуқ дорад:
а) ба фуруди ҳавопаймо ба фурудгоҳ, парвоз аз он ва будубоши ҳавопаймо дар фурудгоҳе, ки дар ҳудуди минтақаи консулӣ воқеъ аст, мусоидат намояд;
б) ҳолатҳои ҳодисаҳои руйдодаро, ки дар ҳавопаймо ҷой дорад муайян намуда, командири ҳавопаймо ва аъзои экипажро пурсад;
в) дар ҳолати зарури ҷиҳати таъмини ёрии тиббии очил ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани аъзои экипаж ва мусофирони ҳавопаймо тадбирҳо андешад;
г) нисбат ба ҳавопаймоҳо ҳаргуна изҳорот ё ҳуҷҷати дигареро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё аҳдномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, муқаррар мекунад, қабул намояд, тартиб диҳад ва тасдиқ кунад.
Моддаи 62
Дар ҳолати садама, фурудоии маҷбурӣ ё ҳодисаҳои дигаре, ки бо ҳавопаймо дар ҳудуди минтақаи консулӣ рух медиҳад, консул ба экипаж ва мусофирон ёрии зарурӣ мерасонад.
Консул инчунин нисбати нигаҳбонии ҳавопаймо, ки дучори садама шудааст, ё маҷбуран фуруд омадааст, бор ва далелҳои шайъи, ки дар бораи хусусияти ҳодиса шаҳодат медиҳанд, ҳамаи тадбирҳои аз ӯ вобастаро меандешад ва ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тафтиши ҳодисаи ҳавоӣ мусоидат мекунад.
Моддаи 63
Дар ҳолати содир шудани ҷиноят дар ҳавопаймо консул ба командири ҳавопаймо дар иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, бармеоянд, кӯмак мерасонад.
Моддаи 64
Консул ҳуқуқ дорад шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муросилот ва борҳоро ба воситаи ҳавопаймо, ки ба фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона ҳастанд, фиристонад.
ФАСЛИ V ВАЗИФАХОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ТАӢЕРАҲО (ЧАРХБОЛҲО)-И ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 65
Консул вазифадор аст, нисбат ба экипажхои тайерахои (чархболхои) Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, ки дар каламрави кишвари буду-бош, дар худуди минтакаи консулии у мебошанд,дар масъалахои муносибатхои мутакобила бо хокимиятхои махалли, таъминоти моддию техники ва ди-гар масъалахо мусоидати хамачониба намояд.
Дар мавриди набудани атташеи харбии Чумхурии Точикистон дар кишвари будубош, консул дар халли хамаи масъалахои вобаста ба парвози тайерахо (чархболхо) иштирок менамояд.
Моддаи 66
Консул дар мавриди ба даст овардани маълумот дар бораи тайерахои (чархболхои) ба майдони хавои меомада, ки дар худуди минтакаи консули чойгир аст якчоя бо макомоти дахлдори кишвари будубош барои таъмини фуруди онхо ба чои таъиншуда,тадбирхо меандешад.
Моддаи 67
Баробари фуруд омадани тайерахо (чархболхо) консул фавран ба ко-мандир маълумотеро, ки дар мавриди алока бо хокимияти махалли зарур аст, аз чумла дар бораи вазъи санитарии махал, коидаву конунхои махалли ва урфу одатхое, ки ичрои онхо ба командир ва аъзои экипаж хатмист, мерасонад.
Моддаи 68
Консул вазифадор аст, дар мавриди аввалин имконият шахсан тайераи (чархболи) омадаро хабар гирад.
Дар хблатхои зарури консул командири экипажро (звеноро) хангоми ба боздидхо омадани шахсони мансабдори кишвари будубош хамрохи мекунад.
Моддаи 69
Дар холати дар кишвари будубош мондани бемори вазнини узви экипаж барои табобат консул бояд ба чараени муолича назорат кунад ва фи ристодани уро ба Точикистон таъмин намояд.
Дар холати вафот кардани узви экипаж консул барои бо расмияти лозими дафн кардан е фиристодани часади мархум ба Чумхурии Точикисл тадбирхо меандешад. Хуччатхо ва амволи шахсии мархум ба Точикистон фь ристода мешаванд.
Моддаи 70
Дар холати садама е дигар ходисахо консул барои расонидани ерии зарури ба тайерахо (чархболхо) ва ба расмияти хукуки даровардани хиссаи чойдошта хамаи тадбирхои ба у вобастаро меандешад.
Моддаи 71
Консул ба командири экипаж (звено) дар баркарор намудани алока фармондехии болои ери мерасонад, инчунин дар фиристодани муроси хадамоти хавои мусоидат менамояд.
ФАСЛИ VI ВАЗИФАХОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА РОХИ ОХАН
Моддаи 72
Хангоми ичро намудани вазифахои консули нисбат ба воситахои нак-лиети автомобили ва рохи охан консул мукаррароти фасли IV хамин Оинномаро дастури амал карор медихад.
ФАСЛИ VII ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ ДОИР БА МУХОФИЗАТИ САНИТАРӢ, ФИТОСАНИТАРӢ ВА ВЕТЕРИНАРӢ
БОБИ XV ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ ОИД БА ХИФЗИ САНИТАРӢ
Моддаи 73
Хангоми пайдо шудани беморихои сирояткунанда дар минтакахои каб-лан аз ин беморихо озод, консул фавран дар ин бобатба Вазорати. корхои хоричии Чумхурии Точикистон бо зикри нохияи сироятдида, шумораи бемо-рон ва тадбирхои зиддисирояти. ки аз чониби хокимияти махалли андешида шудааст, хабар медихад.
Консул шахрвандонеро, ки барои ба Чумхурии Точикистон рафтан ичозат гирифтаанд, аз зарурати пешниходи сертификатхо дар хусуси эмкуни-хо хангоми вурудашон ба Точикистон огох менамояд.
БОБИ XVI ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ ОИД БА МУХОФИЗАТИ ФИТОСАНИТАРӢ ВА ВЕТЕРИНАРӢ
Моддаи 74
Хангоми дар худуди минтакаи консули пайдо шудани беморихои нок е хашароти зараррасони зироатхои кишоварзи, инчунин дар холатхои беморихои саросарии чорво ва паррандахо е хавфи тахдиди пахншавии бе-морихо умуман ба инсону хайвонот, консул фавран дар ин бора ба намоян дагии дипломатии Чумхурии Точикистон дар кишвари будубош е дар маврид: мавчуд набудани он ба Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ха бар медихад.
Моддаи 75
Консул шахрвандонеро, ки барои рафтан ба Чумхурии Точикистон ичс зат гирифтаанд, аз зарурати пешниход намудани сертификатхои ветеринар ба хайвонот, ашьеи хом ва махсулоти чорво, инчунин аз коидахои ба Чум хурии Точикистон бурдани тухмихо, растанихои сабз, нихолхои кучати, ме ваю сабзавоти тару тоза, хангоми ворид шудан ба Чумхурии Точикистс огох мекунад.
ФАСЛИ VIII КОНСУЛХОИ ФАХРӢ (ҒАЙРИШТАТИ)
Моддаи 76
Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон бо мувофикаи кишвари будубош метавонад ичрои вазифахои алохидаи консулиро ба консулхои фаври (гайриштати) супорад.
Хам шахрвандони Чумхурии Точикистон ва хам шахрвандони давлати хоричи консулхои фахри (гайриштати) шуда метавонанд.
Моддаи 77
Консулхои фахри (гайриштати) шомили хидмати давлатии Чумхурии Точикистон намебошанд. .
Консулхои фахри (ғайриштати) мутобики Низомномаи консули фахрии (гайриштати) Чумхурии Точикистон, ки бо карори Шурои Вазирони Чумхурии Точикистон аз 19 апрели соли 1993 N 167 тасдик шудааст,таъин карда ме-шаванд ва вазифахои худро амали мегардонанд.