×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003, № 51 "Дар бораи занбӯрпарварӣ"

Санаи амалкуни: 31.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 820 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЗАНБӯРПАРВАРӢ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, муҳофизат, истифода ва афзоишдиҳии оилаҳои занбӯри асал, самаранок истифода бурдани онҳо барои гардолуд кардани набототи энтомофилӣ, фароҳам овардани шароитҳо барои афзун гардонидани маҳсулоти соҳаи занбӯриасалпарварӣ, инчунин зироаткорӣ, таъмини кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

занбӯриаслпарварӣ - соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ, ки асоси кори он парвариш, нигаҳдорӣ ва истифодаи занбӯри асал барои гардолуд кардани набототи энтомофилӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, ба даст овардани маҳсулотҳои занбӯриасалпарварӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

занбӯрпарвар - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғул аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

оилаи занбӯри асал - воҳиди томи биологӣ, ки аз занбӯрҳои коргар, нарзанбӯр ва модарзанбӯр иборат буда, дар хоначаҳои занбӯрқуттӣ ё лонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд;

қуттиҳои занбӯри асал - қуттиҳое, ки барои нигоҳдории оилаи занбӯри асал сохта шудаанд;

занбӯрҷой - ҷойи муайяне, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал бо таҷҳизоти зарурӣ барои нигоҳубин ва парвариши занбӯри асал гузошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

занбӯрҷойи доимӣ - ҷойи доимие, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар давоми сол нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

занбӯрҷои сайёр - қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал, ки тавассути кӯчонидан ба манбаъҳои ҷамъоварии асал ё майдонҳои набототи энтомофилӣ гузошта мешаванд;

хоҷагии зотпарварӣ ва минтақаҳои зотпарварӣ - субъектҳои хоҷагидорӣ, ки аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аттестатсия шудаанд ва ба парваришу фурӯши оилаҳои занбӯри асали зотӣ, модарзанбӯрҳои зоти муайян машғуланд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

оилаи занбӯри асали зотӣ - оилаи сермаҳсули занбӯрҳои асали зоти асил, ки ба насли худ аломатҳои зотии худро комилан мегузаронад;

модарзанбӯр - занбӯри модае, ки афзоишёбии оилаҳои занбӯри асалро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

зоти занбӯри асал - гурӯҳи оилаҳои занбӯри асал, ки дар шароитҳои муайяни хоҷагӣ ва табиӣ бо таъсири интихоби табиӣ ва сунъӣ ташаккул ёфта, хусусиятҳои зотӣ ва хоҷагиашро аз насл ба насл пурра мегузаронад;

маводи занбӯриасалпарварӣ - маводҳое, ки тариқи ҷамъоварии занбӯри асал ва хусусиятҳои физиологии онҳо гирифта мешавад (асал, мум, гарди гул, ширеш, шири занбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра), инчунин худи занбӯри асал ва кирминаи он (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

мумварақ - варақчаҳои тунуки ба тарзи сунъӣ аз мум сохташуда, ки андоза ва қолаби муайяни чашмакҳоро дорад;

шиносномаи байтории занбӯрҷой- ҳуҷҷате, ки маҳалли муваққатӣ ё доимии занбӯрҷой, миқдори оилаҳои занбӯри асал, зоти он, мӯҳлат ва амалиётҳои байториро бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи амрози онҳо дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

набототи энтомофилӣ - набототе, ки дар табиат мерӯянд ва дар соҳаи кишоварзӣ кишт гардида, бо ёрии ҳашарот гардолуд мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

мақомоти махсуси ваколатдор - мақомоти давлатие, ки фаъолиятро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ назорат менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

БОБИ 2. АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБӯРПАРВАРӢ

Моддаи 3. ҳуқуқ барои машғул шудан ба занбӯрпарварӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба занбӯрпарварӣ ҳуқуқ доранд.

Машғул шудан ба фаъолияти занбӯриасалпарварӣ бе гирифтани иҷозатнома сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Занбӯрпарварон метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятиро доир ба занбӯриасалпарварӣ ташкил намоянд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии занбӯрпарварон ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ахборот талаб намоянд ва гиранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Моддаи 4. Тартиби додани қитъаи замин барои ҷойгиронии қуттиҳои занбӯри асал

Ҷудо кардани қитъаи замин барои ҷойгиронии қуттиҳои занбӯри асал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиб ва шартҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин танзим мегардад.

Ҷойгиронии қуттиҳои занбӯри асал дар заминҳои фонди ҷангал бидуни расонидани зарар ба ҳолати ҷангал бо тартиб ва шартҳои муқарраркардаи қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 5. Истифодаи оилаҳои занбӯри асал барои гардолуд кардани набототи энтомофилии кишоварзӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки набототи энтомофилии кишоварзӣ парвариш мекунанд, бо мақсади гардолудкунӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо дар асоси шартнома мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пардохти хизмат оилаҳои занбӯри асали дар моликияти шахсони дигар бударо истифода бурда метавонанд.

Моддаи 6. Ташкили занбӯрҷой ва истифодаи замин дар он

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба занбӯриасалпарварӣ аз оилаҳои занбӯри асал занбӯрҷой ташкил менамоянд, ки он дорои бинои ёрирасон, таҷҳизот буда, дар қитъаи замини истифодабарандаи ӯ воқеъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, метавонанд бо мувофиқат бо истифодабарандагони замин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қитъаҳои заминро истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Шумораи оилаҳои занбӯри асале, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд нигоҳ доранд, маҳдуд карда намешавад.

Дар занбӯрҷойҳо бояд танҳо ҳамон зоти занбӯри асали дар ин ё он маҳал мутобиқгардида мувофиқи нақшаи ноҳиябандӣ, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ тасдиқ намудааст, нигоҳ дошта шавад.

Моддаи 7. Ҷойгиронии қуттиҳои занбӯри асал

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қуттиҳои занбӯри асалро дар маҳалҳое ҷойгир менамоянд, ки амнияти одамон таъмин карда шавад.

Тартиби танзими ҷойгиронии бехавфи қуттиҳои занбӯри асалро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Занбӯрҷои сайёр бояд дар манбаи ҷамъоварии асал дар масофаи на камтар аз якуним километр яке аз дигараш ва се километр аз занбӯрҷои доимӣ воқеъ гардида бошад. Ба ҷойгиронии занбӯрҷойҳои доимӣ ва сайёр дар роҳи парвози занбӯрҳои асали пештар дар манбаъҳои ҷамъоварии асал ҷойгиршуда роҳ дода намешавад.

Моддаи 8. Андозбандии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Андозбандии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо занбӯриасалпарварӣ машғуланд, мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

БОБИ 3. МУҲОФИЗАТИ ЗАНБӯРИ АСАЛ

Моддаи 9. Муҳофизат ва афзоишдиҳии занбӯри асал

Муҳофизат ва афзоишдиҳии занбӯри асал аз ҷониби соҳибонашон тавассути чораҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- муҳофизати муҳити зист, шароити афзоишёбӣ, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва роҳҳои ҷойивазкунии занбӯри асал;

- хизматрасонии байторию санитарии занбӯрҷойҳо;

- хизматрасонии илман асосноки зоотехникӣ;

- таъмини теъдоди кофии оилаҳои занбӯри асал дар маҳалли ҷойгир кардани онҳо (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- истифодаи илман асоснок ва дурусти занбӯри асал;

- муҳофизати оилаҳои занбӯри асал дар маҳалҳои зисти мавсимӣ аз паррандаҳо ва дигар ҳашаротҳои занбӯрхӯр;

- андешидани чораҳои пешгирии харобкунӣ ва қасдан нобуд сохтани оилаҳои занбӯри асал ((Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- муҳофизати оилаҳои занбӯри асал ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви ва дигар доруҳо (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- мусоидат барои бемамониат кашонидани оилаҳои занбӯри асал;

- ташкили татқиқоти илмӣ оид ба муҳофизат ва афзоишдиҳии занбӯри асал (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Моддаи 10. Муҳофизати муҳити зист, шароитҳои афзоишдиҳӣ, маҳалли кӯчонидан ва роҳҳои ҷойивазкунии занбӯри асал

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо боиси кам шудани шумораи занбӯри асал мегардад, ӯҳдадоранд барои муҳофизати онҳо, маҳфуздории муҳити зисташон, дахлнопазирии қитъаҳо ва набототе, ки барои фаъолияти занбӯри асал арзиши махсус доранд, гузаронидани чораҳои заруриро таъмин намоянд.

Моддаи 11. Муҳофизати занбӯри асал ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Истифодаи воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви барои коркарди наботот маводҳои бояд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Номгӯи воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви, ки барои коркарди наботот маводҳои истифода мешаванд, мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои коркарди наботот маводҳои воситаҳои муҳофизати наботот, маводҳои агрокимиёви истифода мебаранд, ӯҳдадоранд панҷ рӯз пеш аз оғози корҳо дар ин бора занбӯрпарваронро, ки дар ҳудуди то ҳафт километр аз қитъаҳои коркардашаванда занбӯрҷой доранд, дар бораи доруи истифодашаванда ва дараҷаи заҳрнокии он ба таври хаттӣ огоҳ намоянд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Моддаи 12. Муҳофизати занбӯри асал ҳангоми гузаронидани корҳои хоҷагӣ дар ҷангал

Буридани дарахтон ва буттаҳо - манбаъҳои ҷамъоварии асал, ба истиснои мавридҳои беҳсозии ҳолати санитарии ҷангалҳо ва шароитҳои барқарорсозии онҳо (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Моддаи 13. Муҳофизати занбӯри асал дар шароити муҳити зисти онҳо

Фаъолият оид ба истифодаи хусусиятҳои муфиди занбӯри асал, инчунин ба даст овардани маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ дар муҳити зисти он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Хароб кардани лона дар табиат ва дигар ҷойҳои сукунати оилаҳои занбӯри асал дар шароити муҳити зисти онҳо, инчунин ҷудо карда гирифтани асал аз лонаҳои оилаҳои занбӯри асал манъ аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Дар ҳолатҳое, ки оилаи занбӯри асал дар муҳити зисташ ба фаъолияти инсон душворӣ орад, кӯчонидан ё нобуд кардани чунин оилаи занбӯри асал ҳангоми имконнопазир будани кӯчонидани он бо иштироки мутахассисони соҳаи занбӯриасалпарварӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Моддаи 14. Кашонидани (кӯчонидани) оилаҳои занбӯри асал ба майдонҳои набототи гарди гул ва шаҳддор

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Кашонидани (кӯчонидани) оилаҳои занбӯри асал бояд бо риояи қоидаҳои байторию санитарӣ мувофиқи чораҳои бехатарӣ анҷом дода шавад.

Боздории воситаҳои нақлиёте, ки қуттиҳои занбӯри асалро мекашонанд (мекӯчонанд), бояд бидуни хавфи нобудшавии оилаҳои занбӯри асал сурат гирад.

БОБИ 4.ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБӯРПАРВАРӢ

Моддаи 15. Салоҳияти мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ салоҳияти зерин дорад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469):

- амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- ташкили таҳияи барномаҳои давлатии тараққии соҳаи занбӯриасалпарварӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- назорати давлатӣ ба тараққиёт ва муҳофизати занбӯриасалпарварӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар доираи салоҳияти додашуда (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- амалӣ гардонидани чораҳо оиди пешгирии заҳролудшавии занбӯри асал аз пестисидҳо ва маводҳои агрокимиёвӣ;

- мутобиқгардонии корҳои селексионӣ - зотпарварӣ ва ташкили дастгирии давлатии корҳои зотпарварӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи зотпарварӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- амалисозии назорати қатъии фаъолияти ҳоҷагиҳо, минтақаҳои зотпарварӣ ва занбӯрҷойҳои селексионӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- мутобиқгардонии фаъолият оид ба тарбияи мутахассисон ва такмилдиҳии ихтисоси онҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469);

- муҳофиза(Қот ва ташкили татқиқоти илмӣ, афзоиш ва истеҳсоли маводҳои селексионии занбӯри асал ((Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469));

- вазифаҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 16. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии оилаҳои занбӯри асал

Ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани оилаҳои занбӯри асал мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 17. Пешгирии касалиҳои занбӯри асал, табобати онҳо, мубориза бо зараррасонҳои оилаҳои занбӯри асал

Бо мақсади ба ҳисоб гирифтани занбӯрҷой ва гузаронидани чорабиниҳои байторӣ ба занбӯрҷой шиносномаи байторӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Шакли шиноснома ва тартиби додани онро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Пешгирии касалиҳои занбӯри асал, муолиҷаи онҳо, мубориза бо зараррасонҳои оилаҳои занбӯри асал, инчунин истеҳсоли мумварақҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ амалӣ мегардад.

Моддаи 18. Экспертизаи байторию санитарӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Маҳсулоти истеҳсолшуда ё тайёркардашудаи занбӯриасалпарварӣ баъди гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ ба фурӯш бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Моддаи 19. Корҳои селексионӣ-зотпарварӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)

Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оиди афзоишдиҳӣ ва истифодаи оилаҳои занбӯри асали зотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ сурат мегирад.

Бо максади маҳфуздорӣ ва мукаммалсозии зотҳо, истеҳсолу фурӯши маводхои селексионӣ ва таъмин намудани шахсони воқеӣ ва хукуқӣ бо ин маводҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ хоҷагиҳои зотпарварӣ ва минтақаҳои зотпарвариро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

Дар атрофи хоҷагиҳо ва минтақаҳои зотпарварӣ дар ҳудуди ҳафт километр қитъаҳои муҳофизатӣ муқаррар карда мешаванд, ки ба ин ҳудуд даровардани оилаҳои занбӯри асал ё модарзанбӯри дигар зотҳо, инчунин оилаҳои занбӯри асал ё модарзанбӯри пайдоишаш номаълум манъ аст.

Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбуриасалпарварӣ дар ин хоҷагиҳо ва минтақаҳои зотпарварӣ тартиби махсуси афзоишдиҳии оилаҳои занбӯри асалро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469).

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Э. РАҲМОНОВ

ш.Душанбе 

8 декабри соли 2003 № 51