Низомномаи вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997, № 38

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с.№ 595 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 январи соли 1997 № 38

тасдиқ шудааст

Низомномаи вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

1. Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати хоҷагии об) мақоми ҷумҳуриявии идораи давлатӣ дар соҳаи хоҷагии об, мелиорацияи замин, обрасонии кишоварзӣ ва объёрии чарогоҳҳо мебошад.

2. Вазорати хоҷагии об ҳуқуқи идораи оперативии амволи дар ихтиёраш бударо, ки аз захираҳои асоси, маблағҳои гардон ва дигар арзишҳои модди иборат аст, амали менамояд.

3. Вазорати хоҷагии об тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои рушди хоҷагии об, мелиорацияи замин, обрасонии кишоварзи, объёрии заминҳои нав, сохтмони иншооти хоҷагии об дар ҷумҳури пешбурди сиёсати ягонаи техники ва пешрафти илмию техники дар соҳаҳои мазкур масъулият дорад.

4. Вазорати хоҷагии об Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома ва дигар асноди меъёриро ба роҳбари мегирад ва истифодаи дурусти қонунҳои ҷориро таъмин менамояд.

5. Вазорати хоҷагии об таҷрибаи истифодаи қонунҳоро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти худаш ҷамъбаст менамояд, доир ба такмили онҳо пешниҳодҳо таҳия мекунад ва онҳоро бо тартиби муқарраршуда ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур месозад.

6. Вазорати хоҷагии об корхонаҳо, иттиҳодияҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашуда, истифодабари, сохтмон, нақлиёт, илмию истеҳсоли, лоиҳакашию ҷустуҷӯи, илмию таҳқиқоти, саноати ва ғайраро, ки дар тобеияташ қарор доранд ва системаи ягонаи Вазоратро ташкил медиҳанд, идора мекунад.

7. Ташкилоту корхонаҳои системаи Вазорати хоҷагии об мустақилияти пурраи молиявию хоҷагиро ҳифз менамоянд ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар қонунҳои ҷори фаъолият мекунанд.

8. Вазорати хоҷагии об тақсимкунандаи маблағҳое, ки ба вай ҷиҳати инкишофи ирригация, мелиорация, сохтмони иншооти хоҷагии об ва дигар иншоот ҷудо карда мешаванд, мебошад.

9. Вазорати хоҷагии об баланси мустақил ва дар муассисаҳои бонки суратҳисоби асъори ва дигар суратҳисобҳо дорад.

10. Вазорати хоҷагии об барои ӯҳдадориҳои ташкилоту корхонаҳои тобеи худ масъулият надорад ва ташкилоту корхонаҳои мазкур барои ӯҳдадориҳои Вазорат масъулият надоранд.

11. Вазорати хоҷагии об фонди рушди соҳа, фонди суғурта, аз ҷумла бо асъор дорад, ки якҷоя бо ташкилоту корхонаҳои тобеи он таъсис дода мешаванд.

12. Вазорати хоҷагии об метавонад бо тартиби муқарраршуда узви пайвастаи созмонҳои байнидавлати ва байналхалқии хоҷагии об, экология ва дигар ташкилотҳои мутобиқ бо соҳаи фаъолияти худ бошад.

13. Вазорати хоҷагии об шахси ҳуқуқи буда, дорои мӯҳр бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.

II. ВАЗИФАҲОИ ВАЗОРАТИ ХОҶАГИИ ОБ

14. Вазорати хоҷагии об мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда:

истифодабарии шабакаҳои давлатии байнихоҷаги, дохилихоҷагии объёри ва коллектору заҳбурҳо, иншооти хоҷагии об, системаҳои обрасонии кишоварзи, объёрии чарогоҳҳо, истгоҳҳои насоси ва чоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ истгоҳҳои трансформатори, ҳамчунин иншооти таҳти хизматрасонии техникии Вазорати хоҷагии об қарордоштаро амали мегардонад;

мутобиқи тарифҳои тасдиқшуда барои хизматҳои обрасони маблағ меситонад;

лоиҳакаши ва корҳоро доир ба обшор намудани заминҳои нав, ҳифз кардани иншооти хоҷагии об ва заминҳои объёришаванда аз обхези ва сел анҷом медиҳад;

тақсимоти об ва обрасонии бетаваққуфро ба истеъмолгарон мувофиқи аҳдномаҳои басташуда бо дарназардошти меъёрҳои тасдиқшуда ва дурнамои истифодаи об таъмин менамояд;

сохтмони иншооти хоҷагии об ва ҳифзи табиатро амали мегардонад, корҳоро дар мавриди рафъи оқибатҳои фалокатҳои табиат ба иҷро мерасонад, дар татбиқи барномаҳои азнавсозии иҷтимоии деҳот, ки ободгардонии хоҷаги обро дар бар мегирад, ширкат менамояд;

усулҳои идораи иқтисоди, муносибатҳои молиявию қарз, боҳисобгири, бозори корҳои пудрати, тараққии корхонаҳои иҷорави ва дигар шаклҳои моликиятро такмил медиҳад;

базаи истеҳсолии ташкилотҳои тобеи худ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, мошинҳо, таҷҳизот, қисмҳои эҳтиёти, молҳои истеъмоли мардумро инкишоф медиҳад, ба аҳоли хизматҳои пулаки мерасонад;

расонидани маҳсулоти саноати, молҳо ва хизматрасониҳоро дар системаи Вазорати хоҷагии об муттаҳид месозад;

корҳоро оид ба фароҳамоварии шароити иқтисоди, ҳуқуқи ва ташкили ҷиҳати рушди сохторҳои бозоргони ва дар ҳамин асос баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилоту корхонаҳо ва муассисаю иттиҳодияҳои тобеи Вазорати хоҷагии об пеш мебарад;

хоҷагиҳои ёрирасон, хӯроки умумии тобеи худ ва шабакаи савдо ва таъмини онҳоро бо молҳои саноати ва озуқа тараққи медиҳад;

якҷоя бо мақомоти манфиатдори давлати истифодаи комплексии захираҳои обро дар хоҷагии халқ дар асоси тақсимоти оқилонаи онҳо бо дарназардошти эҳтиёҷи истифодабарандагони об ва аз назари иқтисоди мувофиқи мақсад будани он ташкил менамояд;

сиёсати ягонаи техникиро пеш мебарад, дастовардҳои навтарини илму техника ва таҷрибаи пешқадамро ба амал ҷори менамояд ва нишондиҳандаҳои баланди техникию иқтисодиро дар соҳаи фаъолияти худ таъмин мекунад;

мувофиқи созишномаҳои дахлдор дар давлатҳои дигар корҳои илми, лоиҳакашию ҷустуҷӯи, сохтмону монтаж ва ғайраро, ки бо азхудкуни ва мелиорация заминҳо вобастаанд, ба иҷро мерасонад;

ҷиҳати пешрафти иҷтимоии коллективҳои системаи Вазорати хоҷагии об шароити мусоид фароҳам меорад;

тарбия, бозомӯзи ва такмили ихтисоси кадрҳоро ташкил мекунад;

баррасии саривақти ва бодиққати пешниҳодҳо, арзу шикоятҳои шаҳрвандонро таъин намуда, масъалаҳои дар онҳо гузошташударо ба таври дуруст ҳаллу фасл мекунад, ҳамчунин доир ба ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои Вазорати хоҷагии об ҷойдошта, ки аз ҷониби шаҳрвандон хабар дода мешаванд, тадбирҳо меандешад.

III. СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ ХОҶАГИИ ОБ

15. Ба соҳаи фаъолияти Вазорати хоҷагии об инҳо дохил мешаванд:

ташкили истифодабарии техникии системаҳои давлатии объёри, ҳамчунин системаҳои обрасонии кишоварзи бо иншооти дар онҳо буда;

иҷрои чорабиниҳои оид ба кам кардани талафи захираҳои об ва хизматрасонии техникии системаҳои дохилихоҷагии объёри ва коллектору заҳбурҳо бо иншооти дар онҳо буда, мувофиқи аҳдномаҳо бо истифодабарандагони об;

назорат аз болои истифодаи оқилонаи об, муқаррар камудани меъёрҳо ва лимитҳои истифодаи об барои истифодабарандагони об сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва ба Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани маълумоти ҷамъбасти дар бораи:

истифодаи об дар соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамчунин маълумоти дигари зарури оид ба захираҳои об мувофиқи дархостҳои вазорати мазкур;

таҳияи маводи дахлдор дар бораи тибқи қонунҳои ҷори ба ҷавобгари кашидани вайронкунандагони қонуни об;

такмили доимии баҳисобгирии об ва бо воситаҳои андозагирии об таъмин намудани системаҳои давлатии объёри ва обрасонии кишоварзи, ҳамчунин системаҳои обгузарони истифодабарандагони об мувофиқи аҳдномаҳо бо онҳо;

таъмини метрологии ташкилоту корхонаҳои тобеъ, ҳамчунин истифодабарандагони об мувофиқи аҳдномаҳои бо онҳо басташаванда;

пешбурди кадастри мелиоративи, паспортноккунии системаҳои объёри, заҳбур ва иншоот, ҳамчунин системаҳои обрасонии кишоварзи, таҳлили маълумоти кадастри мелиоративи, натиҷаҳои паспортноккуни ва баҳисобгирии онҳо ҳангоми таҳия ва татбиқи чорабиниҳои мелиоративи ва тадбирҳои оид ба хоҷагии об;

таҳияи балансҳои хоҷагии об, нақшаҳои дурнамои истифодаи комплексии захираҳои об мувофиқи ҳавзаи даръёҳо, минтақаҳо ва ҷумҳури дар маҷмӯъ;

додани хулосаҳо доир ба ҳаҷми захираи об дар манбаъҳо ва бамувофиқа расонидани шароити лоиҳакашии сохтмони корхонаҳои нав ва азнавсозии корхонаҳои амалкунанда, ки аз захираҳои об истифода мебаранд;

ширкат дар кори комиссияҳо оид ба интихоби майдончаҳо барои лоиҳакашии сохтмони иншооте, ки ба ҳолати захираҳои об таъсир мерасонанд;

таҳия ва татбиқи тадбирҳо доир ба беҳтарсозии ҳолати иншооти об ва пешгирии харобшавии онҳо аз байн бурдани таъсири зараровари об ба ҳосилхезии заминҳо якҷоя бо мақомоти манфиатдор;

ташкили корҳо оид ба беҳтарсозии низоми оби даръёчаҳо ва обанборҳо;

таъмини назорат аз болои иҷрои тадбирҳо доир ба ҳифзи табиат дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои тобеи Вазорати хоҷаги об;

гузаронидани сиёсати пурсамари сармоягузори ва таъмини ба таври муносиб бо ҳам мувофиқ гардонидани маблағгузории марказонидашудаи давлати ва маблағҳои худии корхонаҳо бо мақсади тараққии соҳаҳои истеҳсоли ва иҷтимоии онҳо;

таҳияи дастурҳои илмию таҳқиқоти, лоиҳавию тарроҳи ва технологи дар соҳаи баҳисобгири ва истифодаи комплексии захираҳои об;

муқаррар намудани лимитҳои истифодаи об дар ҳудуди ҳаҷмҳои ба Вазорати хоҷагии об ҷудошуда барои истифодабарандагони об, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, додани иҷозат барои истифодаи махсуси об ҷиҳати объёри, ба Вазорати ҳифзи табиат расонидани маълумоти ҷамъбасти дар бораи истифодаи об ва ҷудо намудани он мувофиқи соҳаҳои хоҷагии халқ;

ширкат дар кори комиссияҳо оид ба гузаронидани баҳисобгири ва мавҷудии (инвентаризацияи) заминҳои объёришаванда;

назорат аз болои риояи меъёрҳо ва қоидаҳо аз ҷониби истифодабарандагони об, низоми муқарраршудаи истифодаи об, дурустии пешбурди баҳисобгирии аввалияи захираҳои об аз тарафи онҳо;

таҳияи лоиҳаҳои нақша - пешгӯиҳои солона ва дурнамои истифодаи оқилонаи захираҳои об;

пешбурди баҳисобгирии давлатии миқдор ва сифати обҳои рӯизамини ва зеризамини, тартиб додан ва нашри кадастри давлатии oб;

бақайдгирии истифодабарандагони об, баҳисобгирии аввалияи истифодаи захираҳои об дар системаҳои давлатии объёри ва системаҳои обрасонии кишоварзи;

муқаррар намудани шароити обрасони ҳангоми муайян кардани маҳалли ҷойгиршавии ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият;

тақсимоти захираҳои об ба соҳаҳои хоҷагии халқ якҷоя бо дигар мақомоти ваколатдори давлати гузаронидани мониторинги иншооти об;

ташкили истифодаи оқилонаи заминҳои марбут ба фонди давлатии об;

ҷобаҷокунии ҳудудии истифодабарандагоне, ки ба ҳаҷми зиёди об зарурат доранд;

таҳия ва тасдиқи номгӯи мавзуъҳои таҳқиқоти илмии идори, ки бо истифодаи комплексии захираҳои об вобаста мебошанд;

иҷрои корҳо оид ба азнавсозии комплекси ва бо таҷҳизоти нав таъмин намудани системаҳои объёри ва системаҳои обрасонии кишоварзи, беҳтарсозии ҳолати заминҳои кӯҳнаи кишт ва азхудкунии заминҳои нав дар асоси ҷори намудани технологияҳои нав, масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва талаботи нав оид ба ҳифзи муҳити зист;

гузаронидаии корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯи ва илмию таҳқиқотии вобаста бо сохтмон, бо таҷҳизоти нав таъмин намудан, азнавсози ва истифодабарии иншооти таъиноти хоҷагии об, саноатию граждани, иҷтимоию фарҳанги ва таъиноти дигар дар асоси ба даст овардани нишондиҳандаҳои самараноки техникию иқтисоди;

иҷрои экспертизаи асноди лоиҳавию баровардии (сметавии) иншооти хоҷагии об, сарфи назар аз манбаъҳои маблағгузории онҳо;

иҷрои корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯи ва илмию таҳқиқоти барои дигар вазорату идораҳо мутобиқи дурнамоҳои рушди иқтисоди ва иҷтимои ва мувофиқи аҳдномаҳо барои ташкилоту корхонаҳои манфиатдор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо;

пешгӯи ва ташкили сохтмон, истифодаи оқилонаи маблағгузориҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, кам кардани арзиши сохтмон, сари вақт ба кор андохтани иншоот, азхудкунии иқтидорҳои истеҳсоли ва фондҳои асоси;

тараққи додан ва ба талаботи замона мувофиқ сохтани базаи истеҳсолии соҳави, таъсиси саноати пешқадами сохтмон ва корхонаҳои таъмир;

барқарор намудани робита бо ташкилоту муассисаҳо ва ширкатҳои хориҷи ва байналхалқи, ҳамчунин намояндагони онҳо ва шаҳрвандони хориҷи оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорати хоҷагии об;

ташкили симпозиумҳо, конференцияҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар ҷумҳури дар доираи созишномаҳо ва барномаҳои ҳамкори дар соҳаи мелиорация ва хоҷагии об;

ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои сохторҳои тобеъ, ташкили кӯмаки методи дар таҳияи асноди ҳуқуқие, ки дар шароити инкишофи нақлҳои нави хоҷагидори самтҳои асосии фаъолияти онҳоро муайян менамоянд;

пешбурди фаъолияти иқтисодии хориҷие, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад;

расонидани кӯмак ба кормандони камбизоати дастгоҳи идори аз ҳисоби даромадҳо аз фаъолияти тиҷорати ва дигар фаъолияти хоҷагидори;

ташкили таҳияи тадбирҳои якҷоя, ки ба пайдо намудани захираҳои болоравии истеҳсолот, истифодаи оқилонаи захираҳои модди, молияви ва меҳнати дар системаи Вазорати хоҷагии об равона карда шудаанд.

IV. ҲУҚУҚИ ВАЗОРАТИ ХОҶАГИИ ОБ

16. Вазорати хоҷагии об ҳуқуқ дорад, ки аз корхонаҳои тобеи худ ҳама гуна маълумоте, ки барои таҳияи лоиҳаҳои дурнамои рушди иқтисоди ва иҷтимоии соҳа заруранд, талаб намояд; ташкилоту корхонаҳои тобеъ ташкил намояд, аз нав таъсис ё барҳам диҳад;

аз ашхоси мансабдор ва шаҳрвандони алоҳида ба таври ройгон доир ба истифодаи об маълумот гирад, ҳолати истифодаи обро аз ҷониби истифодабарандагон бемамониат тафтиш намояд;

дар таҳияи лоиҳаҳои аҳдномаҳои байналхалқи ва дигар асноди байналхалқии ҳуқуқи оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорати хоҷагии об ширкат намояд.

V. СОХТОРИ ВАЗОРАТИ ХОҶАГИИ ОБ

17. Вазорати хоҷагии обро Вазир, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, роҳбари мекунад.

18. Вазир:

- барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи Вазорати хоҷагии об гузошташуда масъулияти шахси дорад, ӯҳдадориҳои вазифавии муовинони Вазир, сардорони идораҳо ва роҳбарони дигар воҳидҳоро муайян менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ амру дастуруламалҳо мебарорад, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои ҳатмии воҳидҳои тобеъ ва дигар бахшҳо амрҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад.

Дар ҳолатҳои зарури бо роҳбарони дигар вазорату идораҳо амру дастуруламалҳои якҷоя мебарорад.

Амру дастуруламалҳои Вазорати хоҷагии об оид ба масъалаҳои истифодаи об барои тамоми корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз тобеияти идори ва шакли моликият, ҳатмист.

- амвол ва маблағҳои дар баланси Вазорати хоҷагии об бударо идора мекунад, манфиатҳои Вазорати хоҷагии обро аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти вазорати мазкур дохиланд, дар назди созмонҳои хориҷи ва байналхалқи, ашхоси ҳуқуқи ва воқеи ҳимоя менамояд, муомилаҳоро анҷом медиҳад ва барои анҷом додани муомилаҳо ваколатнома медиҳад;

- ҷадвали штатҳои дастгоҳи марказии Вазорати хоҷагии об ва низомномаҳои воҳидҳои сохтории онро тасдиқ мекунад;

- тибқи қонуни амалкунандаи меҳнат қарордод мебандад ва кормандони дастгоҳи марказиро ба вазифа таъин менамояд, ба онҳо мукофот ва муҷозот медиҳад;

- роҳбарони ташкилоту корхона ва муассисаҳои тобеи вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- асноди молияви, ҳисобот ва дигар санадҳоро имзо мекунад.

19. Муовинони Вазир (аз ҷумла муовини аввал), бо пешниҳоди Вазир, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд.

20. Дар Вазорати хоҷагии об коллегия дар ҳайати Вазир (Раиси коллегия), мурвинони ӯ (аз рӯи вазифа) дигар кормандони роҳбарикунандаи вазорат таъсис дода мешавад ва аъзои коллегия бо пешниҳоди Вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Қарорҳои коллегия бо амри Вазир ба амал ҷори карда мешаванд. Дар сурати ба миён омадани мухолифат байни Вазир ва коллегия, вазир қарори худро ба амал ҷори карда, оид ба мухолифати бамиёномада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, аъзои коллегия низ метавонанд дар бораи ақидаи худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд.

21. Дар вазорат шурои илмию техники таъсис дода мешавад, ки ҳайати шахси ва Низомномаи онро коллегияи Вазорати хоҷагии об тасдиқ менамояд.

IV. ҲИСОБ, ҲИСОБОТ ВА НАЗОРАТ

22. Вазорати хоҷагии об мувофиқи намунаҳои тасдиқшуда ҳисоби оперативи, бухгалтери ва омориро пеш мебарад, аз болои истифодаи дурусти амвол, захираҳои кредити, молияви ва дигар захираҳои мавҷуда назорат мекунад, ба мақомоти дахлдор оид ба тамоми навъҳои фаъолияти истеҳсолию хоҷаги бо тартиби муқарраршуда ҳисобот медиҳад.

23. Вазорати хоҷагии об мутобиқи қонунҳои амалкунанда истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда, дурустии ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳоеро, ки аз ҷониби корхонаҳои тобеи он анҷом дода мешаванд, тафтиш менамояд.

24. Ҳисоби бухгалтерии Вазорати хоҷагии об мутобиқи қоидаҳо ва методикаҳои амалкунанда пеш бурда мешавад.

25. Вазорати хоҷагии об ҳисоботу балансҳоро барраси ва тасдиқ мекунад, дар бобати содда кардан, ихтисор намудан ва такмил додани минбаъдаи ҳисоби аввалия бо истифодаи пурсамари техникаи ҳисоббарор тадбирҳо меандешад.

26. Аз баланси Вазорати хоҷагии об баровардани қарзҳое, ки ситонидани онҳо имконнопазир аст, амволи кӯҳна, фарсуда ва ғайри қобили истифодаи минбаъда, агар қонунҳои ҷори тартиби дигарро пешбини накарда бошанд, бо қарори коллегияи Вазорати хоҷагии об анҷом дода мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 январи соли 1997 № 38

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳ марказии вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Идораи истифодаи иншоотҳои объёри

Идораи истгоҳҳои насоси, энергетика ва алоқа

Идораи сохтмони хоҷагии об ва ирригация

Идораи обрасонии кишоварзи ва объёрии чарогоҳҳо

Идораи сохтмони асоси

Идораи илм ва техника

Идораи нақша ва молия

Идораи меҳнат ва рушди иҷтимои

Идораи механизация ва нақлиёт

Идораи ҳисоби бухгалтери

Идораи қарордодҳо ва захираҳои модди

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи маъмурию хоҷаги

Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 15 январи соли 1997 № 38

тасдиқ шудааст

Нақшаи идораҳои вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи маркази

Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Тоҷикселезащита"

Иттиҳодияи илмию истеҳсолии гидротехника ва мелиорация

Идораи шабакаҳои барқи ва станцияҳои фаръи

Иттиҳодияи мелиоративии тиҷоратии истеҳсоли

Иттиҳодияи вилоятии истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии Ленинобод

Иттиҳодияи вилоятии истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии Кӯҳистони Бадахшон

Иттиҳодияи истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии Душанбе

Иттиҳодияи минтақавии истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии Қӯрғонтеппа

Иттиҳодияи минтақавии истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии Кӯлоб

Идораи узели гидротехникии Данғара

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Словакия "ТоҷикСИМА"

Корхонаи хурди давлати оид ба истеҳсоли маснуот ва конструкцияҳои оҳану бетонии ноҳияи Бохтар

Идораи таъминоти коргари

Корхонаи давлатии "Тоҷикводавтоматика"

Қитъаи истифодабарии манзил

Ширкати "Пешрав"

Комбинати таълими

Заводи иҷоравии саноатию истеҳсолии лӯлаҳои ба фишор тобовар ва маснуоти оҳану бетони

Комбинати иҷоравии каркарди чӯб

Заводи иҷоравии таъмири экскаваторҳои Душанбе

Комбинати коллективии масолеҳи сохтмон ва конструкцияҳои Нов

Заводи масолеҳи ғайримаъдани ва маснуоти оҳану бетони

Устохонаҳои таъмиру механикии Қайроққум

Корхонаи хурди давлатии "Роғун"

Идораи истеҳсолии комплектацияи технологии шаҳраки Ваҳдат

Иттиҳодияи истеҳсолию тиҷоратии "Водстройкомплект"

Институти лоиҳакашии "Тоҷикгипроводхоз"

Трести "Оргтехводстрой"

Иттиҳодияи иҷоравии лоиҳакашию сохтмони "Тоҷикирсовхозстрой"-и Ленинобод

Корхонаи иҷоравии "Водстрой"

Трести "Данғараводстрой"

Трести "Вашхводстрой"

Трести "Бешкентводстрой"

Дирекцияи муттаҳидаи сохтмони иншоот ва корхонаҳои мелиоративии Душанбе (ДМСИМД)

Дирекцияи муттаҳидаи сохтмони мелиоративи ва совхозии Ленинобод (ДМСМСЛ)

Совхозҳо:

"Роғун", "Яхак - Юст" - ноҳияи Дарбанд

Ба номи Насим Салимов - ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Ленинобод

"Чилучорчашма" - ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон