ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 490)
Қонуни мазкур сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муайян намуда, ба фароҳам овардани шароит дар таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шахс барои дарёфти таҳсилоти олии касбӣ нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
-таҳсилоти олии касбӣ - дараҷаи таҳсилотест, ки шахс дар муассисаи олии таълимӣ дар натиҷаи раванди пайдарпай, бонизом ва ҳадафманди фарогири мазмуни таълим, ки он ба таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ асос ёфта, бо дарёфти тахассуси муайян аз рӯи ҷамъбасти аттестатсияи давлатӣ ба анҷом мерасад, соҳиб мегардад;
-таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - таҳсилотест, ки ба ҳар шахс имконияти боло бурдани сатҳи таҳсил ва тахассусро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ медиҳад;
-аккредитатсия - тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимии навъи муайян барои фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ;
-аспирант - шахсе, ки дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, мутахассис аст ё дараҷаи магистрро дорад ва дар аспирантураи муассисаи олии таълимӣ ва ё муассисаи илмӣ ба мақсади таҳияи рисола барои дарёфти дараҷаи номзади илм таҳсил мекунад;
-аттестатсия - тартиби муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати омодагии хатмкардагони муассисаи олии таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таълим (ихтисос);
-аттестатсияи ниҳоии давлатии донишомӯзон - тартибест, ки барои муайян кардани дараҷаи фарогирии онҳо ба стандарти ҳатмии давлатии сатҳи марбутаи таълим анҷом дода мешавад ва аз рӯи натиҷаи ҳосилшуда ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута дода мешавад;
-бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси касбӣ- таълиме, ки мутобиқи сатҳи таҳсилоти касбӣ, ба мақсади такмили ихтисос аз ин ё он касб дода мешавад;
-бакалавр - дараҷаи аввали (базавии) таҳсилоти олии касбӣ буда, мутахассиси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд;
-докторант - шахсе, ки дараҷаи илмии номзади илм дошта, ба докторантура барои дарёфти дараҷаи доктори илм қабул шудааст;
-донишҷӯ - шахсе, ки бо тартиби муқарраршуда ба муассисаи олии таълимӣ қабул шуда, дар шӯъбаи рӯзона, шабона, ғоибона ё экстернат бо мақсади дарёфти дараҷаи муайяни таълим ва ихтисос таҳсил мекунад;
-ихтисос - маҷмӯи дониш ва маҳорату малака, ки аз роҳи омодагии ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошад ва бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешавад;
-касб - намуди асосии шуғл ва фаъолияти меҳнатии инсон буда, бо ҳуҷҷати марбут ба таҳсилот тасдиқ мегардад;
-курсант - шахсе, ки бо тартиби муқарраршуда ба муассисаи олии таълимии ҳарбӣ (ва ё махсус) қабул шуда, барои ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил мекунад;
-литсензиякунонӣ - тартиби эътироф кардани имкониятҳои муассисаи олии таълимии навъи муайян барои оғози фаъолияти таълимӣ, ки бо гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисос мутобиқи талаботи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин талаботи давлатӣ нисбат ба таъмин будан бо кадрҳо, таъминоти илмию методӣ ва моддию техникӣ алоқаманд аст;
-магистр - дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ, ки пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои олии касбии таълимӣ медиҳанд. Магистр асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоташ мувофиқанд, кор мекунад;
-мазмуни таълим - сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълимист, ки аз худ намудани он ба шахс имконияти гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси муайянро таъмин менамояд;
-муассисаи олии касбии таълимӣ - муассисаи таълимӣ, таълимии илмӣ, ки барномаи таълимӣ-касбии таҳсилоти олиро аз рӯи стандарт ва самти муайяни таълим ва маърифату тахассус татбиқ менамояд, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шаҳрвандонро вобаста ба майлу хоҳиш, қобилият ва талаботи меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин мекунад, инчунин фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонад;
-муассисаи олии касбии таълимии давлатӣ - муассисаи олии таълимие, ки аз ҷониби давлат таъсис дода шуда, аз буҷети давлатӣ ё дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад ва ба мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад;
-муассисаи олии касбии таълимии ғайридавлатӣ - муассисаи олии таълимие, ки ба моликияти ғайридавлатӣ ва хусусӣ асос ёфта, ба муассис (муассисон) тобеъ аст;
-мутахассис - шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ дошта, қобилияти навиштани кори илмиро дорост;
-озодии академӣ - озодии баёни мазмуни таълим аз рӯи салоҳдиди худ дар доираи барномаҳои таълимӣ, интихоби мавзӯъ барои тадқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо методҳои худ, инчунин озодии омӯзандагон дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таълимӣ;
-стандарти таҳсилоти олии касбӣ - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилоти олии касбӣ, моҳияту мӯҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилоти олиро бо назардошти дастовардҳои умумибашарӣ муайян мекунанд;
-тахассус - намуд ва дараҷаи омодагии касбии хатмкунанда барои иҷрои фаъолияти касбӣ ё давом додани таҳсил, ки дар ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута инъикос мешавад;
-таҳсилот - раванди муттасили таълиму тарбия, ки мақсад аз он ноил шудан ба сатҳи баланди инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии аъзои ҷамъият мебошад;
-таҳсилоти иловагӣ - раванди тарбия ва таълим, ки дар асоси барномаҳои маърифатии иловагии ҳама сатҳҳо бо мақсади қаноатмандгардонии ҳамаҷонибаи талаботи маърифатии шаҳрванд, ҷамъият ва давлат сурат мегирад;
-таълими фосилавӣ (таълим дар масофа) - яке аз шаклҳои таълим, фаъолияти мақсадноки методии таълимӣ-идрокӣ ва инкишофии шахс, ки аз муассисаи таълимӣ дар масофаи дур воқеъ гаштаанд ва тавассути воситаҳои электронӣ ва телекоммуникатсионӣ маълумот мегиранд;
-унвонҷӯ - шахсе, ки таҳсилоти олии касбӣ дошта, ба аспирантура ва ё докторантураи муассисаи олии таълимӣ ё муассисаи илмӣ вобаста шудааст ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм бе таҳсили давраи аспирантура рисолаи илмӣ менависад ва ё шахсе, ки дорои дараҷаи илмии номзади илм буда, барои гирифтани дараҷаи илмии докторӣ бе таҳсили давраи докторантура рисолаи илмӣ менависад;
-фаъолияти таълимӣ - фаъолияте, ки аз роҳи анҷоми хадамот барои дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва додани ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута алоқаманд аст;
-худидораи муассисаи таълимӣ - мустақилият дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, татбиқи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва ғайра мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-экстерн- шахсе,ки омӯзиши мустақили фанҳоро аз рӯи барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи таълим (ихтисос) интихоб намудааст ва минбаъд дар муассисаи олии таълимӣ аз аттестатсияи ҷорӣ ва ниҳоӣ мегузарад;
-экстернат- омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самти интихобнамудаи тайёрӣ (тахассус) бо аттестатсияи ниҳоӣ (ҷорӣ ва ниҳоӣ) дар муассисаи олии таълимӣ.
Моддаи 3. Сиёсат ва кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба чунин усулҳо асос меёбад:
- дастрасии баробари ҳама барои таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти қобилияти ҳар як шахс;
- фароҳам овардани шароити дастрасии таҳсилоти олии касбӣ барои занон;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешрафти илму техника, технология ва ҳамчунин тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон;
- тарбияи шаҳрвандӣ;
- нигоҳ доштан ва рушди дастовардҳо ва анъанаҳои мактаби олии касбӣ;
- ҳамоҳанг сохтани системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои ҷаҳонии таълим;
- пайдарпайӣ ва давомдории раванди таълим;
- пуштибонии давлат дар роҳи тарбияи мутахассисон, самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.
Давлат бартарии рушди таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз роҳҳои зерин таъмин менамояд:
- таъмини маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё грантҳо, ҳамчунин аз роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои худтаъминкунии молиявӣ тайёр намудани мутахассисон ва кормандони илмию омӯзгорӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;
- тибқи дархости иҷтимоӣ дастраси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонидани таҳсилоти олии касбӣ аз роҳи маблағгузории давлатии дорои кафолат;
- таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо ва дигар донишомӯзон дар системаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- фароҳам овардани шароити баробар барои дастрасии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- мусоидат дар таъсис ва фаъолияти муассисаҳои олии таълимии ғайридавлатӣ, аз роҳи ҷудо намудани грантҳо ва қарзҳои дарозмуддати боимтиёз аз буҷаи давлат дар асоси озмун барои довталабони сазовор, ки дар муассисаҳои олии таълимии ғайридавлатӣ таҳсил кардан мехоҳанд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода мешавад, ки тибқи дархости иҷтимоӣ дар муассисаҳои олии таълимии давлатӣ, дар ҳудуди стандартҳои давлатии таълим аз роҳи озмун ва ба таври ройгон таълими олии касбӣ ва таълими касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ гиранд, агар шаҳрвандон дар ин сатҳ бори аввал таълим мегирифта бошанд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад то шакли дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, муассисаи таълимӣ ва соҳаи тахассусро озодона интихоб намоянд.
Моддаи 4. Худмухтории муассисаҳои олии таълимӣ ва озодиҳои академӣ
Худидоракунӣ шакли таъсисотии озодиҳои академӣ ва шарти зарурии кафолати пурраи иҷро кардани ӯҳдадориҳои муассисаҳои олии таълимӣ мебошад.
Худидоракунии дастаҷамъӣ ва роҳбарии муносиби академӣ муҳимтарин қисми таркибии худмухторӣ мебошад. Худмухторӣ шакли олии раванди таълим ва чорабиниҳои академӣ буда, масъулияти давлатӣ дар назди муассис мебошад.
Худмухтории муассисаи олии таълимӣ - мустақилияти муассисаи олии таълимӣ дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, татбиқи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва ғайра мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи олии таълимӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Муассисаи олии таълимӣ метавонад технологияи фосилавии донишомӯзиро барои татбиқи барномаҳои таълимӣ қисман ё дар ҳаҷми пурра (бо истиснои баъзе аз машғулиятҳо) ба тартибе, ки мақоми давлатии идораи маориф муқаррар кардааст, истифода барад.
Назорат барои мувофиқати фаъолияти муассисаи олии таълимӣ бо назардошти маромҳои он, ки дар Оинномааш пешбинӣ шудааст, аз ҷониби муассиси (муассисони) муассисаи олии таълимӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф, ки дар ҳудуди салоҳияти худ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома (литсензия) додаанд, амалӣ мегардад.
Ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ аз ҷумлаи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ, аз ҷумла ба омӯзгори муассисаи олии таълимӣ озодиҳои академӣ дода мешавад, то мавзӯи дарсро (таълимро) бо усули худ дар доираи барномаҳои таълимӣ баён кунад, мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намояд ва бо тарзу усулҳои худ онро гузаронад ва ҳамчунин ба донишҷӯ озодӣ дода мешавад, ки бо майлу талаботи худ дар доираи барномаҳои таълимӣ дониш андӯзад.
Озодиҳои академӣ масъулияти академии муҳайё кардани шароити мусоиди ҷустуҷӯи озодонаи ҳақиқат, баёну интишори озодонаи онро ифода менамоянд.
Моддаи 5. Вазъи ҳуқуқӣ, навъ ва номгӯи муассисаи олии таълимӣ
Вазъи ҳуқуқии муассисаи олии таълимӣ вобаста ба навъи он, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва натиҷаи аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштани он муайян карда мешавад.
Муассисаи олии таълимӣ шахси ҳуқуқӣ буда, ба муассисаи ғайритиҷоратӣ мансуб аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зерини муассисаҳои олии таълимӣ муқаррар карда мешаванд: донишгоҳ, академия, донишкада.
Донишгоҳ муассисаи олии таълимиест, ки:
- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз рӯи доираи васеи соҳаҳо (ихтисосҳо) амалӣ мегардонад;
- кормандони баландихтисос, илмӣ ва илмиву омӯзгориро тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;
- дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ анҷом медиҳад;
- дар соҳаҳои фаъолияташ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.
Академия муассисаи олии таълимиест, ки:
- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ мегардонад;
- кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;
- дар яке аз соҳаҳои илм ё фарҳанг таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиеро анҷом медиҳад;

Донишкада муассисаи олии таълимиест, ки:
- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ҳамчун қоида, барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар як ё якчанд самти ҷудогона амалӣ мегардонад;
- кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти касбӣ тайёр ва донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;
- таҳқиқоти бунёдӣ ва ё амалӣ мебарад;
Мақоми муассисаи олии таълимӣ дар номгӯи он ифода меёбад. Номгӯи муассисаи олии таълимӣ ҳангоми таъсисёбӣ муқаррар гардида, дар сурати тағйири мақоми он ба таври ҳатмӣ тағйир дода мешавад. Дар ҳолате ки дар номгӯи муассисаи олии таълимӣ номи махсус истифода мегардад (консерватория, омӯзишгоҳи олӣ ва дигар номҳо), дар баробари он навъи муассисаи олии таълимӣ нишон дода мешавад.
БОБИ 2. СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 6. Сохтори системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Сохтори системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз маҷмӯи зерин иборат аст:
- стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои таълимие, ки новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон барои таълими таҳсилоти марбутаи иловагии касбӣ литсензия доранд;
- пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, стансияҳои таҷрибавӣ, марказҳои таълимию методӣ ва иттилоотиву таҳлилӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳои илмӣ, лоиҳакашӣ, клиникӣ, муолиҷавию профилактикӣ, фармасевтӣ (дорусозӣ), фарҳангию маърифатӣ, ки бо таҳқиқоти илмӣ машғуланд ва амалу рушди таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро таъмин мекунанд;
- мақомоти идораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва ҳамчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо;
- иттифоқҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (иттифоқҳои эҷодӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ, ҷамъиятӣ, шӯроҳои илмӣ ва методӣ ва дигар иттиҳодияҳо).
Моддаи 7. Стандартҳои давлатии таълимӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ барои таъмини муқаррароти зерин таъин шудаанд:
- сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- ягонагии фазои таълим;
- эътироф ва муқаррар намудани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.
Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборатанд аз:
- талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, вобаста ба шароити амалӣ гардонидани онҳо, аз ҷумла нисбати таҷрибаи таълимию истеҳсолӣ, аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи тайёр намудани онҳо аз рӯи соҳаҳои алоҳидаи таълим (ихтисос);
- мӯҳлати фаро гирифтани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ;
- ҳаҷми ниҳоии сарбории донишҷӯён ва шунавандагон.
Таснифи равияҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 8. Зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мӯҳлат ва шаклҳои аз бар кардани он
Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ метавонанд муттасил ва зина ба зина амалӣ гардонда шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаҳои зерини таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешаванд:
- таҳсилоти олии касбие, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоӣ бомуваффақият гузашта тахассуси (дараҷаи) "бакалавр" дода мешавад;
- таҳсилоти олии касбие, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоӣ бомуваффақият гузашта тахассуси "мутахассис" дода мешавад;
- таҳсилоти олии касбие, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоӣ бомуваффақият гузашта тахассуси (дараҷаи) "магистр" дода мешавад.
Таҳсилоти шахсоне, ки омӯзишро аз рӯи барномаи таълимии асосии таҳсилоти олии касбӣ ба итмом нарасонидаанд, аммо аз аттестатсияи фосилавӣ бомуваффақият гузаштаанд (на камтар аз ду соли таҳсил), таҳсилоти олии касбии нопурра шуморида мешавад ва бо додани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда тасдиқ карда мешавад. Ба шахсоне, ки азхудкунии барномаи таълимии асосии таҳсилоти олии касбиро ба итмом нарасонидаанд, ҳуҷҷати академии шакли муқарраршуда дода мешавад.
Мӯҳлати фарогирии барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ:
- барои дарёфти тахассуси (дараҷаи) "бакалавр" на камтар аз чор сол;
- барои гирифтани тахассуси "мутахассис" на камтар аз панҷ сол, ба истиснои ҳолатҳое, ки стандарти давлатии таълими дахлдор пешбинӣ намудааст;
- барои дарёфти тахассуси (дараҷаи) "магистр" на камтар аз ду сол.
Шахсоне, ки дар бораи таҳсилоти олии касбии зинаи муайян ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро гирифтаанд, мутобиқи ихтисос ҳуқуқ доранд аз рӯи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии зинаи минбаъда таълимро идома диҳанд.
Аз бар намудани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии дараҷаи мувофиқ дар муассисаи олии таълимии аккредитатсияи давлатӣ дошта ба шахс барои ишғоли вазифаи мувофиқ дар муассисаҳои давлатӣ ва гирифтани музди кор ва музди изофа ба он асос мебошад. Барои шахсоне, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии тиббӣ ва таҳсилоти олии фармасевтиро аз бар намудаанд, барои ишғоли вазифаҳои нишондода тайёрии яксолаи баъди муассисаи олии таълимӣ (ординатура), ки он бо шаҳодатномаи шакли муқарраршуда тасдиқ шудааст, асос мебошад.
Тахассуси (дараҷаи) "бакалавр" ҳангоми ба кор қабул намудан ба шаҳрвандон ҳуқуқи ишғоли вазифаеро медиҳад, ки барои он мутобиқи талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Ишғоли вазифаҳои хизмати давлатӣ бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
Таҳсилоти аввалин, ки шахс аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии зинаҳои гуногун гирифтааст, ҳамчун таҳсилоти дуюми олии касбӣ гирифтаи ӯ дониста намешавад.
Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбиро донишҷӯён метавонанд дар шаклҳои зерин вобаста ба ҳаҷми машғулиятҳои ҳатмии корманди соҳаи омӯзгории муассисаи олии таълимӣ бо донишомӯзон аз бар намоянд: рӯзона, шабона, ғоибона, дар шакли экстернат.
Омезиши шаклҳои гуногуни дарёфти таҳсилоти олии касбӣ роҳ дода мешавад. Номгӯи соҳаҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбии шакли таҳсили шабона, ғоибона ва ё экстернат мумкин нест, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Низомнома оид ба экстернат аз ҷониби мақомоти давлатии идораи маориф тасдиқ мегардад.
Шахсоне, ки дар мактабҳои олии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил мекунанд ё ин муассисаи олии таълимиро бомуваффақият хатм кардаанд, ҳуқуқ доранд дар мактабҳои олии дорои аккредитатсияи давлатӣ дар асоси шартҳои экстернат аз аттестатсияи давлатии ҷорӣ ва ниҳоӣ гузаранд.
Моддаи 9. ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Ба шахсоне, ки таҳсилро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи ниҳоӣ гузаштаанд, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти марбута дода мешавад.
Муассисаи олии таълимие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти марбута ҳуҷҷати намунаи давлатии дорои нишонаи расмии давлатӣ ва нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда медиҳад. Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ва нишони сарисинагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Намудҳои зерини ҳуҷҷатҳое муқаррар карда мешаванд, ки хатми зинаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбиро тасдиқ менамоянд:
- дипломи бакалавр;
- дипломи мутахассис;
- дипломи магистр;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти олии касбии нопурра;
- ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таҳсилоти олии касбии нотамом.
Аз рӯи натиҷаи ҳимояи рисолаи илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм ё дипломи доктори илм дода мешавад.
Тартиби додани ҳуҷҷатро дар бораи такмили ихтисос бо роҳи гузаштани курсҳои гуногун мақоми давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Муассисаи олии таълимӣ пас аз гузаштани аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пайдо мекунад.
Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.
Моддаи 10. Вазифаҳо ва сохтори муассисаҳои олии таълимӣ
Вазифаҳои асосии муассисаи олии таълимӣ аз инҳо иборат аст:
- қонеъ гардонидани талаботи шахс дар инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо роҳи ба даст овардани таҳсилоти олии касбӣ ва ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- рушди илму ҳунар ба воситаи таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва таҳсилкунандагон, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;
- омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили тахассуси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони илмию омӯзгории баландихтисос;
- парвариш додани мавқеи шаҳрвандии таҳсилкунандагон, қобилияти кору зиндагӣ дар шароити тамаддуни имрӯза;
- ҳифз ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа;
- густариши дониш дар байни аҳолӣ, боло бурдани савияи таҳсилоту фарҳанги он;
- таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва омӯзгории донишҷӯён.
Муассисаҳои олии таълимӣ дар ташаккул додани сохтори худ, ба истиснои филиалҳояшон, мустақиланд.
Бахшҳои сохтории муассисаи олии таълимӣ метавонанд барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии ҳамагонӣ, асосии ҳамагонӣ миёнаи (пурраи) ҳамагонӣ, ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ, ҳамчунин барномаҳои таълимии омӯзиши иловагиро дар сурати литсензия доштани муассисаи олии таълимӣ амалӣ гардонанд.
Филиалҳои муассисаҳои олии таълимӣ бахшҳои махсуси сохторӣ буда, дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо воқеъ нестанд.
Филиалҳои муассисаҳои олии таълимии давлатӣ бо мувофиқаи мақоми давлатии идораи маориф ва мақоми ҳокимияти маҳаллии макони ҷойгиршавии филиал аз тарафи муассис (муассисон) кушода мешаванд.
Низомномаи намунавӣ (низомномаи) оид ба филиалҳои муассисаҳои олии таълимии давлатӣ ва тартиби ташкили онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии идораи маориф таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Филиалҳои муассисаҳои олии таълимӣ литсензиякунонӣ ва аттестатсияро мустақилона, аккредитатсияи давлатиро бошад, дар ҳайати муассисаи олии таълимӣ мегузаранд.
Моддаи 11. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, литсензиякунонӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои олии таълимӣ
Муассисаи олии таълимӣ бо дархости муассис (муассисон) тибқи қарори он ва ё шартҳои қарордоди таъсисдиҳӣ ташкил, аз нав ташкил ва барҳам дода шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
Муассисаи олии таълимӣ аз замони ба қайди давлатӣ гирифтани он таъсисгардида дониста мешавад. Аз рӯзи гирифтани литсензия ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ гардонад ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ баҳравар гардад.
Литсензияи пешбурди фаъолияти таълимиро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мақоми давлатии идораи маориф дар асоси хулосаи комиссияи экспертӣ медиҳад.
Литсензиякунонии фаъолияти таълимии муассисаи олии таълимӣ дар соҳаҳои нави таълим (ихтисосҳо) новобаста ба литсензия доштан ё надоштани муассисаи олии таълимӣ дар асоси қоидаҳои умумӣ гузаронида мешавад.
Литсензия ба муассисаҳои олии таълимӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, танҳо дар сурате дода мешавад, ки агар онҳо ҳуқуқи моликият, идораи оперативӣ, иҷора ё худ заминаи таълимию моддии зарурӣ дошта бошанд.
Аттестатсияи муассисаи олии таълимӣ бо дархости муассисаи олии таълимӣ ё худ бо ташаббуси мақоми идораи давлатии маориф гузаронида мешавад.
Мақсад ва мӯҳтавои аттестатсия муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва чигунагии сифати таълими хатмкунандагони муассисаи олии таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таълим (ихтисос) мебошад.
Аккредитатсияи давлатии муассисаи олии таълимӣ дар асоси натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, гузаронида мешавад.
Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ вазъи (статуси) муассисаи олии таълимӣ, феҳристи соҳаҳои таълим (ихтисосҳо)-ро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва аз рӯи муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ дорад ба хатмкунандагон ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ диҳад ва ҳамчунин зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисос (дараҷа)-ро муқаррар менамояд.
Муассиси муассисаҳои олии таълимии татбиқкунандаи барномаҳои ҳарбии касбии таълимӣ (муассисаҳои таълимии ҳарбӣ) танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.
Иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи барномаҳои ҳарбии касбӣ танҳо ба муассисаҳои олии таълимии давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Филиалҳои муассисаҳои олии касбии таълимии давлатҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, баъди гирифтани литсензияи мақомоти давлатии идораи маориф фаъолият менамоянд.
Моддаи 12. Қабул ба муассисаи олии таълимӣ ва тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Қабул ба муассисаи олии таълимӣ тибқи аризаи шахсони дорои таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ ё таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси озмун аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Тартиби ягонаи ба муассисаи олии таълимӣ қабул кардани шаҳрвандон дар он қисме, ки дар қонуни мазкур муқаррар нашудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шартҳои озмун бояд риоя шудани ҳуқуқи шаҳрвандонро дар соҳаи маориф кафолат диҳад ва ба он мусоидат намояд, ки шаҳрвандони бештар қобилиятнок ва ба омӯхтани барномаҳои таълимии дараҷа ва ё зинаи дахлдор омода қабул шаванд.
Муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ дорад қабули шаҳрвандонро танҳо дар сурати мавҷуд будани литсензия эълон намояд. Муассисаи олии таълимӣ вазифадор аст дохилшавандаро бо ин литсензия ва ҳамчунин бо шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ доир ба ҳар соҳаи таълим (ихтисос), ки ба муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқи ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ медиҳанд, шинос намояд. Бо шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намудани дохилшаванда оид ба кадом соҳаи таълим (ихтисос)-ро интихоб кардани ӯ ва ё набудани чунин шаҳодатнома дар ҳуҷҷатҳои қабул қайд карда мешавад ва ба он дохилшаванда имзо мегузорад.
Равияи таълим (ихтисос) дар асоси литсензия муайян карда мешавад. Мазмуни ҷараёни таълими ҳар соҳа (ихтисос), мӯҳлати аз худ кардани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи муассисаи олии таълимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандарти марбутаи давлатии таълим муайян карда мешавад.
Барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи касбии риштаи марбута бо қарори Шӯрои илмии муассисаи олии таълимӣ дарёфти таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаи маҳдуд ё суръатноки омӯзиши муассисаи олии касбии таълимӣ иҷозат дода мешавад.
Шумораи умумии донишҷӯён ва тартиби қабули онҳоро, ки барои таҳсил аз ҳисоби маблағи буҷет қабул карда мешаванд, ҳар сол мақомоти марбутаи давлатӣ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун муайян менамояд.
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии миёнаи (пурраи) умумӣ, ё таълими касбии ибтидоии аккредитатсияи давлатӣ доштаро бо медалҳо ва инчунин шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии аккредитатсияи давлатӣ доштаро бо баҳои "аъло" хатм намудаанд, ба муассисаҳои олии таълимӣ аз рӯи натиҷаи сӯҳбат, ба истиснои санҷиши касбӣ аз рӯи равияҳое, ки аз ҷониби муассисаи олии таълимӣ метавонад муқаррар шавад, қабул карда мешаванд.
Шахсони номбаршуда, ки аз сӯҳбат нагузаштаанд, ҳуқуқ доранд, ки имтиҳонҳои қабулро тибқи қоидаҳои умумӣ супоранд.
Барои ба муассисаҳои олии таълимӣ қабул шудан, пас аз бо баҳои мусбат супурдани имтиҳонҳои қабул бачагони ятим ва бачагоне, ки бе парастори падару модарон мондаанд, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки аз рӯи хулосаи комиссияи экспертии тиббии меҳнат дар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсил карда метавонанд ва ҳамчунин дигар гурӯҳҳои шаҳрвандони дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда бартарӣ доранд.
Довталабон ба таълими ғайриройгон танҳо баъди супоридани имтиҳонҳои қабул ва пардохти ҳаққи таълим (мувофиқи шартнома) қабул карда мешаванд. Аз таълими ғайриройгон ба таълими ройгон гузаштан манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба аспирантураи муассисаҳои олии таълимӣ, муассисаи ташкилотҳои илмӣ дар асоси озмун шахсоне, ки таҳсилоти олии касбӣ (мутахассис ё магистр) доранд, мутобиқи ҳамин Қонун қабул карда мешаванд. Таълим дар ин муассисаю ташкилотҳо рӯзона ё худ ғоибона буда метавонад. Таълими рӯзона дар аспирантураи муассисаи олии таълимии давлатӣ аз се сол ва таълими ғоибона аз чор сол беш буда наметавонад.
Ба докторантураи муассисаҳои олии таълимӣ, муассисаю ташкилотҳои илмӣ шахсоне, ки дараҷаи номзади илм доранд, қабул карда мешаванд.
Мӯҳлати таҳсил дар докторантураи ин муассисаю ташкилотҳо то се сол мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ба аспирантура ва докторантураи муассисаҳои олии таълимӣ, муассисаи ташкилотҳои илмӣ тибқи қарордодҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматӣ қабул карда мешаванд.
Моддаи 13. Идоракунии муассисаи олии таълимӣ
Муассисаи олии таълимӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
Мақоми олии идоракунии муассисаи таълимӣ муассис (маҷлиси умумии муассисон)-и он мебошад.
Бо мақсади пеш бурдани корҳои ҷории фаъолияти муассиса дар асоси усулҳои мувофиқати яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ мақоми иҷроияи ба мақоми олии муассиса ҳисоботдиҳанда таъсис дода мешавад, ки онро ректор роҳбарӣ менамояд.
Ректор аз тарафи муассис (маҷлиси умумии муассисон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Тартиби ба вазифа таъин кардан ва аз вазифа озод намудани ректор, ваколатҳои мақомоти иҷроияи муассисаи олии таълимӣ, тартиби қабули қарор аз тарафи онҳо ва баромад намудан аз номи муассисаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи олии касбии таълимии дахлдор муайян мекунад.
Оинномаи муассисаи олии касбии таълимӣ аз тарафи муассис (маҷлиси умумии муассисон) тасдиқ карда мешавад.
Ба ваколатҳои истисноии мақоми олии муассисаи олии касбии таълимӣ инҳо дохил мешаванд:
а) тасдиқ намудан ва тағйир додани Оинномаи муассиса, тағйир додани андозаи сармояи оинномавии он;
б) таъсиси мақоми иҷроия бо таъин намудани роҳбари он ба вазифа ва озод намудани он аз вазифа;
в) тасдиқи ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибавии муассисаи олии таълимӣ;
г) қабули қарор дар бораи азнавтаъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи олии таълимӣ.
Ба Оинномаи муассисаи олии касбии таълимӣ, ба ваколатҳои истисноии мақоми олии он ҳалли масъалаҳои дигар низ вогузор шуда метавонанд. Масъалаҳое, ки ба ваколати истисноии мақоми олии муассисаи олии касбии таълимӣ мансубанд, метавонанд ба ваколати мақоми иҷроияи муассиса вогузошта шаванд.
Моддаи 14. Иттиҳодия (ассотсиатсия, иттифоқ)-ҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташон, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии амволӣ метавонанд дар асоси шартнома иттиҳодияҳои ғайритиҷоратиро дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис диҳанд.
Дар ҳолати бо қарори иштирокчиён ба зиммаи ассотсиатсия гузоштани фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсия бояд бо тартиби пешбининамудаи қонун ба ҷамъият ё ширкати истеҳсолӣ табдил дода шавад. Барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсияҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд.
Ассотсиатсияҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахси ҳуқуқӣ мебошанд.
Аъзои ассотсиатсияҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мустақилият ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқии худро нигоҳ медоранд.
Ассотсиатсияҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надоранд.
Аъзои ассотсиатсияҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсия пешбинишуда масъулияти субсидиарӣ доранд.
Номи фирмавии ассотсиатсияҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои "ассотсиатсия" ё "иттифоқ" дар бар гирифта бошад.
Моддаи 15. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Манфиати донишомӯзони муассисаҳои олии таълимиро иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишомӯзон ҳимоя менамоянд. Муносибатҳои мушаххаси маъмурияти муассисаи олии таълимӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишомӯзон бо Оинномаи муассисаи олии таълимӣ ва шартномаи байни маъмурияти он ва ташкилоти ҷамъиятии донишомӯзон муайян карда мешаванд.
Дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии навъи иттиҳодияҳои таълимию методии муассисаҳои олии таълимӣ, шӯрою комиссияҳои илмию методӣ, илмӣ - техникӣ ва ғайра таъсис дода шуда метавонанд.
Мақоми давлатии идораи маориф, шӯроҳои илмии муассисаҳои олии таълимӣ дар фаъолияти худ тавсияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ баррасӣ менамоянд ва ба назар мегиранд.
Мақоми давлатии идораи маориф ҳуқуқи дастгирӣ намудани иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дорад.
БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ, МЕТОДӢ ВА ИЛМИИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 16. Забони таълим
Забони таълимро дар муассисаҳои олии таълимӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон муайян мекунанд.
Моддаи 17. Мазмуни таълим
Фаъолияти таълим дар муассисаҳои олии таълимӣ мутобиқи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории соҳаи маориф тасдиқ шудааст, амалӣ гардонида мешавад.
Мушаххас сохтани мазмуни таълим дар нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳо, ки шӯроҳои илмии муассисаҳои олии таълимӣ тасдиқ кардаанд, муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Ташкили корҳои таълимӣ ва методӣ
Муассисаи олии таълимӣ донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагон, аспирантҳоро бо васоити таълим таъмин карда, барои таълим, меҳнат ва зиндагӣ шароити мусоиди солим ва безарар муҳайё месозад.
Муассисаи олии таълимӣ дар интихоби системаи баҳогузорӣ, шаклу тартиби гузаронидани машғулиятҳо, аттестатсияи донишҷӯён ва шунавандагон мустақил аст.
Дур намудани донишҷӯён ва шунавандагон аз раванди таълим манъ аст, агар он ба фаъолияти таълим вобаста набошад.
Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, ки онро стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пешбинӣ кардааст, дар асоси шартномаҳои байни муассисаи олии таълимӣ ва корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сурат мегирад, ки мувофиқи онҳо ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии худ ӯҳдадоранд барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаи олии таълимии давлатӣ ва аккредитатсияшудаи ғайридавлатӣ ҷой диҳанд ва шароити мувофиқ муҳайё созанд.
Фарогирии нақшаи таълимии муассисаи олии таълимӣ бо аттестатсияи ҳатмии ниҳоии хатмкунандагон хотима меёбад.
Муассисаи олии таълимӣ кори методиро ташкил мекунад ва мегузаронад. ҳамоҳангсозии кори методӣ дар муассисаи олии таълимии давлатӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои (марказҳои) таълимию методӣ амалӣ мегардад.
Вазифаҳои тарбиявии муассисаи олии таълимӣ дар фаъолияти якҷояи таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, истеҳсолии донишҷӯён ва омӯзгорон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 19. Ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ
Вазифаҳои асосии корҳои илмию таҳқиқотии муассисаи олии касбии таълимӣ аз инҳо иборатанд:
- таҳияи проблемаҳои бунёдӣ (назариявӣ) ва амалӣ;
- таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим;
- иҷрои корҳои таҳқиқотии дорои хусусияти илмию методӣ.
Таҳқиқотҳои илмие, ки дар муассисаҳои олии касбии таълимӣ ба роҳ монда мешаванд, бо назардошти афзалиятнокии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи аз иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ ба дастомада, қарзи бонкҳо, маблағҳои худӣ, хайрияҳо ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешаванд.
Принсипи асосии илм дар муассисаи олии таълимӣ аз ҳамоҳанг сохтани он бо ҷараёни таълим, инчунин бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ иборат аст.
Муассисаи олии таълимӣ таҳқиқоти илмӣ ва корҳои эҷодиро аз рӯи нақшаи мавзӯӣ, ки онро шӯрои илмӣ тасдиқ менамояд, амалӣ сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятҳои илмии худ, сифати корҳои иҷрошаванда ва шароити бехатари меҳнат, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандаҳоро дар иштирок ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ таъмин мекунад.
БОБИ 4. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМӢ ДАР СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ, ҲУҚУҚУ ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯи муассисаи олии таълимӣ
Донишҷӯ-шахсест, ки дар асоси тартиби муқарраршуда ба муассисаи олии таълимӣ қабул гардида, дар шӯъбаи рӯзона, шабона, ғоибона ё экстернат бо мақсади ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил мекунад.
Ба донишҷӯи муассисаи олии таълимӣ шаҳодатномаи донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳоноти намунаи муқарраргардида дода мешавад.
Донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ҳуқуқ доранд:
- дар ташкил намудани мундариҷаи таълими худ ба шарти риояи талаботи стандартҳои давлатии таълими таҳсилоти олии касбӣ иштирок намоянд. Ин ҳуқуқи онҳо бо шартҳои қарордоди байни донишҷӯи муассисаи олии таълимӣ ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба онҳо барои таҳсил ва бо кор таъмин кардан мусоидат мекунад, маҳдуд шуда метавонад;
- хонишҳои факултативӣ (барои самти нишондодашавандаи таълимӣ (ихтисос) ва элективӣ (ба таври ҳатмӣ интихобнамуда), ки аз ҷониби факултет ва кафедраи дахлдор пешниҳод мегарданд, интихоб намоянд;
- ғайр аз фанҳои таълимии (ихтисоси) соҳаи интихобшуда ҳар гуна фанҳои дигареро, ки дар ин муассисаи олии таълимӣ таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи он ва ҳамчунин фанҳои дар муассисаҳои олии таълимии дигар таълимдодашавандаро (бо ризоияти байни роҳбарони ин муассисаҳои олии таълимӣ) аз бар намоянд;
- аз рӯи тахассуси ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим гиранд;
- тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли таълими ғайриройгон ба шакли таълими ройгон гузаранд;
- дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, аз ҷумла ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақоми давлатии идораи маориф ширкат варзанд;
- аз хадамоти китобхонаҳо, фондҳои иттилоотии муассисаҳои олии таълимии давлатӣ, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи олии таълимӣ ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи муассисаи олии таълимӣ истифода намоянд;
- дар ҳама навъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок намоянд;
- асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаи олии таълимӣ пешниҳод кунанд;
- аз амру фармонҳои маъмурияти муассисаи олии таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд.
Донишҷӯёни муассисаи олии таълимии давлатӣ, ки дар шӯъбаҳои рӯзона мехонанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таълим мегиранд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендия мегиранд. Тартиби таъин намудан ва гирифтани стипендия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ҳуқуқ доранд стипендияи таъинкардаи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳо барои таҳсил фиристодаанд ва ҳамчунин стипендияҳои номиро дар асоси Низомномаи дахлдор гиранд.
Ба донишҷӯи муассисаи олии таълимӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ ва дар ҳолатҳои дигари истисноӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф рухсатии академӣ дода мешавад.
Барои донишҷӯёни шакли рӯзонаи таҳсилот, ки дар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсил мекунанд, мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонун дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.
Донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки аз хизмати китобхонаҳои давлатӣ ройгон истифода баранд ва ҳамчунин ройгон вориди осорхонаҳои давлатӣ шаванд.
Барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона ва шабона дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад.
Донишомӯзи мӯҳтоҷи манзил дар хобгоҳ, (ба шарте, ки муассисаи олии таълимӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад. Бо ҳар донишҷӯи сокини хобгоҳ шартнома баста мешавад, ки намунаашро мақоми давлатии идораи маориф тасдиқ менамояд.
Донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ барои комёбиҳои таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мутобиқи Оинномаи муассисаи олии таълимӣ бо мукофотҳои маънавӣ ва ё моддӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Донишҷӯ аз муассисаи олии таълимӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад:
- бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;
- бо сабаби гузаштан ба муассисаи олии таълимии дигар;
- барои давомоти нокифоя;
- барои қарздории академӣ;
- ба таълим шурӯъ накардани донишҷӯ баъд аз рухсатии академӣ;
- дар сурати саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;
- дар ҳолати дар мӯҳлат насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳонҳо;
- барои содир кардани ҷиноят;
- ҳангоми фавтидани донишҷӯ;
- барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи олии таълимӣ.
Барои риоя накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Оинномаи муассисаи олии таълимӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, донишҷӯ метавонад ба танбеҳи интизомӣ кашида шавад ва ҳатто аз муассисаи олии таълимӣ хориҷ гардад.
Ба донишҷӯ, докторант, аспирант ва унвонҷӯ дар раванди таълим истифода бурдани телефони мобилӣ манъ аст .
Донишҷӯи муассисаи олии таълимиро танҳо пас аз он ки аз ӯ баёноти хаттӣ гирифта мешавад, танбеҳи интизомӣ додан ва аз ҷумла аз муассисаи олии таълимӣ хориҷ кардан мумкин аст.
Танбеҳи интизомӣ ба донишҷӯ на дертар пас аз як моҳи ошкор шудани аъмоли ӯ ва на дертар пас аз шаш моҳи содир гардидани чунин аъмол дода мешавад, ки ба ин мӯҳлати бемории донишҷӯ ва (ё) вақти таътили ӯ дохил намешавад.
Донишҷӯ баъди ихтиёран ё худ бо сабабҳои узрнок тарк кардани муассисаи олии таълимӣ зимни боқӣ мондани ҳамон шакли таълим (ройгон ё ғайриройгон), ки мутобиқан қабл аз хориҷ шудан таҳсил мекард, ҳақ дорад тибқи қоида дар мӯҳлати то панҷ соли хориҷ гаштан барои таҳсил ба муассисаи олии таълимӣ барқарор гардад. Донишҷӯёнро дар ҳолати беморӣ, таътил, рухсатии академӣ ё худ рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд хориҷ кардан мумкин нест.
Ба донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ кафолати ба таври озод ба дигар муассисаи олии таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф гузаштан дода мешавад. Дар мавриди гузаштани донишҷӯ аз як муассисаи олии таълимӣ ба муассисаи дигар тамоми ҳуқуқҳое, ки барои донишомӯз бори аввал дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, маҳфуз мемонанд.
Донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ ӯҳдадоранд, ки донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ ва методҳои муосири таҳқиқро аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон аз худ кунанд, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳамаи супоришҳои дар нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодгардидаро иҷро намоянд, арзишҳои миллӣ, умумиинсонӣ ва маънавиро пос доранд ва Оинномаи муассисаи олии таълимӣ, қоидаи хобгоҳҳо ва дигар талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
Дигар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯёнро қонунгузорӣ ва (ё) Оинномаи муассисаи олии таълимӣ метавонад муқаррар намояд.
Мақоми донишҷӯи муассисаи олии таълимии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, нисбати ҳуқуқу озодиҳои академӣ, ба истиснои ҳуқуқи гирифтани стипендияи давлатӣ, баробари статуси донишҷӯи муассисаи олии таълимии давлатӣ мебошад.
Мақоми донишҷӯи муассисаи олии таълимии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ надорад, дар асоси Оинномаи ҳамин муассисаи олии таълимӣ муқаррар карда мешавад.
Донишҷӯёни муассисаи олии таълимие, ки барои ба пуррагӣ амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ технологияи фосилавиро истифода мебаранд, инчунин филиалҳои муассисаи олии таълимии зикршуда, ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани раванди таълим (ба истиснои машғулиятҳои алоҳида) дар филиалҳо ва тамоми намудҳои аттестатсияи донишомӯзии ин филиалҳо, ҳамаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишомӯзони ҳамин шакли мутаносиби дарёфти таҳсилро доранд.
Моддаи 21. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои олии таълимӣ
Бо кор таъмин намудани хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои олии таълимӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 22. Имтиёзҳо ба шахсоне, ки дар баробари кор дар муассисаи олии таълимӣ таҳсил мекунанд
Ба шахсоне, ки дар муассисаҳои олии таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият таҳсил менамоянд, новобаста аз шакли таълими ғоибона ва шабона аз ҷои корашон ба мақсадҳои зерин рухсатии иловагӣ дода шуда, музди миёнаи корашон, ки бо тартиби муқарраргардидаи рухсатии ҳарсола ҳисоб карда мешавад (бо имконияти якҷоя кардани рухсатии иловагии таълимӣ ва рухсатии ҳарсола), пардохт мегардад:
- барои супурдани санҷишу имтиҳонот дар курсҳои якум ва дуюм баробар бо 30 рӯзи тақвимӣ, дар курсҳои минбаъда баробар бо 40 рӯзи тақвимӣ;
- барои навиштан ва дифои лоиҳаи (кори) дипломӣ якҷоя бо супоридани имтиҳоноти давлатӣ чор моҳ;
- барои имтиҳоноти давлатӣ як моҳ.
Рухсатии иловагии бе пардохти музд аз ҷои кор ба ашхоси зерин дода мешавад:
- ба шахсоне, ки ба имтиҳоноти қабули муассисаи олии таълимӣ роҳ дода шудаанд - понздаҳ рӯзи тақвимӣ;
- ба донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар баробари таҳсил кор мекунанд, барои супурдани санҷишу имтиҳонотпонздаҳ рӯзи тақвимӣ дар соли таҳсил; барои навиштан ва дифои лоиҳаи (кори) дипломӣ якҷоя бо супурдани имтиҳоноти давлатӣ - чор моҳ; барои супурдани имтиҳоноти давлатӣ - як моҳ;
- ба шунавандагони шӯъбаи тайёрии муассисаҳои олии таълимӣ барои супоридани имтиҳоноти хатмкунӣ - понздаҳ рӯзи тақвимӣ.
Ба донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи муассисаҳои олии таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ ташкилоти кордиҳанда як бор дар соли таҳсил харҷи рафту омадро то маҳалли муассисаи олии таълимӣ барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супурдани санҷишу имтиҳонот ва ҳамчунин барои супурдани имтиҳоноти давлатӣ, навиштан ва дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ мепардозад.
Намунаи маълумотнома-даъватномаро, ки ба донишҷӯ аз ҷои кор ҳуқуқи гирифтани рухсатии иловагиро медиҳад ва аз имтиёзҳои вобаста бо таҳсил дар муассисаи олии таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ бархурдор мегардад, мақоми давлатии идораи маориф тасдиқ мекунад.
Барои кормандони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки дар баробари кор дар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсил мекунанд, дар шартномаи коллективӣ ё шартномаи меҳнатӣ (қарордод) дароз кардани мӯҳлати рухсатиҳои иловагӣ, додани рухсатии бо пардохти маош ба ҷои рухсатии бе пардохти маош ва имтиёзҳои дигар пешбинӣ шуда метавонад.
Агар донишҷӯ дар баробари кор дар як вақт дар ду муассисаи олии таълимӣ таҳсил намояд, имтиёзҳои зикршуда фақат барои яке аз ин муассисаи олии таълимӣ (бо интихоби донишҷӯ) дода мешаванд.
Моддаи 23. Шунавандагони муассисаҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Шунавандагони муассисаҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахсонеанд, ки дар таълимгоҳҳои зерин таҳсил мекунанд:
- дар шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои олии таълимӣ, факултетҳо ва муассисаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон;
- дар муассисаи олии таълимии дигар, агар онҳо дар як вақт ба дарёфти таҳсилоти дуюми олии касбӣ пардозанд;
- дар ординатураи муассисаи олии таълимии тиббӣ.
Вазъи ҳуқуқии шунавандагони муассисаҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар бахши соҳиб гаштан ба таҳсилот ба статуси донишҷӯи муассисаи олии таълимии шакли марбутаи таълим баробар аст.
Шахсоне, ки дар ординатура таҳсил мекунанд ё таҳсили тахассуси баъди дипломиро дар муассисаҳои олии таълимии тиббӣ аз ҳисоби буҷет идома медиҳанд, бо стипендияи давлатӣ таъмин карда мешаванд ва аз таътили ҳарсолаи 24-рӯза истифода мебаранд.
Моддаи 24. Докторантҳо, аспирантҳо, унвонҷӯён
Шаклҳои асосии тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгории баландихтисос аспирантура ва докторантура мебошад.
Аспирантура ва докторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаи илмии номзад ё доктори илм шароит фароҳам меоранд.
Ба шахсоне, ки ба супурдани имтиҳоноти аспирантура роҳ дода шудаанд, ба мӯҳлати сӣ рӯзи тақвимӣ рухсатӣ дода мешавад ва зимни ин корхона музди миёнаи корашонро мепардозад.
Ба шахсоне, ки дар аспирантура аз ҳисоби маблағи буҷет рӯзона таҳсил мекунанд, стипендияи давлатӣ на камтар аз маоши ассистент муайян карда мешавад ва ҳар сол ба муддати ду моҳ ба таътил мебароянд.
Аспирантони бахши ғоибона ҳуқуқ доранд ҳар сол аз ҷои корашон ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ ва зимни ин музди миёнаи корашонро гиранд.
Аспирантони бахши ғоибона ҳар ҳафта ба як рӯзи аз кор озод ҳуқуқ доранд, ки барои он панҷоҳ фоизи музди меҳнат пардохта мешавад. Ташкилоти кордиҳанда ҳуқуқ дорад ба аспирантҳо мувофиқи хоҳишашон дар соли чоруми таҳсил ба таври илова ҳар ҳафта ду рӯзи аз кор озод бе пардохти музд диҳад.
Аспирантони бахши ғоибона дар давраи супурдани имтиҳонот ва навиштани рисолаи илмӣ бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд ( ба шарте, ки муассисаи олии таълимӣ фонди манзил дошта бошад).
Ба докторантҳо стипендияи давлатӣ ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад. ҳуқуқҳои дар ҷои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура доштаи докторантҳо (ҳуқуқи гирифтани манзил, дараҷаи илмӣ ва дигар ҳуқуқҳо) ва ҳамчунин ҳуқуқи баргаштани онҳо ба ҷои кори пешина боқӣ мемонанд.
Ба ҳар аспиранту докторанте, ки аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунад, барои хариди китобҳои илмӣ ҳар сол ба андозаи ду стипендия кӯмакпулӣ дода мешавад.
Унвонҷӯёне, ки барои навиштани рисолаи доктори илм кор мекунанд ва аз рӯи проблемаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои бартариятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ба натиҷаҳои назаррас комёб шудаанд, метавонанд ба вазифаҳои кормандони илмӣ ба мӯҳлати то ду сол барои таҳияи рисолаи дараҷаи илмии доктори илм гузаронида шаванд. Барои унвонҷӯёни ба вазифаи кормандони илмӣ гузаронидашуда маоши вазифавии пештараи онҳо нигоҳ дошта шуда, ҳуқуқи ба ҷои пештараи корашон гузаштан дода мешавад.
Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон ба мӯҳлати баробар бо се ва шаш моҳ бо нигоҳ доштани музди кор рухсатии эҷодӣ дода мешавад.
Низомномаи оид ба докторантҳо, аспирантҳо ва унвонҷӯён аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
Моддаи 25. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони муассисаҳои олии таълимӣ
Дар муассисаҳои олии таълимӣ вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ (ҳайати профессорону муаллимон, кормандони илмӣ), инженериву техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Ба ҳайати профессорону муаллимон вазифаҳои декани факултет, мудири кафедра, профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим, ассистент мансуб аст.
Ишғол намудани ҳамаи вазифаҳои кормандони илмӣ-педагогӣ дар муассисаи олии касбии таълимӣ, ба истиснои вазифаҳои декани факултет ва мудири кафедра мувофиқи шартномаи меҳнатӣ, ки ба мӯҳлати то панҷ сол имзо карда мешавад, сурат мегирад. ҳангоми ишғоли вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ пеш аз имзои шартномаи меҳнатӣ интихоби озмунӣ гузаронида мешавад. Низомнома оид ба тартиби ишғоли вазифаҳои нишондодашуда аз ҷониби мақомоти давлатии идораи маориф сурат мегирад.
Кормандони илмию омӯзгории муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ доранд:
- бо тартиби муқарраргардида ба Шӯрои олимони муассисаи олии таълимӣ интихоб кунанд ва интихоб шаванд;
- дар муҳокима ва ҳаллу фасли масъалаҳои бо фаъолияти муассисаи олии таълимӣ алоқаманд ширкат намоянд;
- аз хадамоти китобхонаҳо, фондҳои иттилоотӣ, шӯъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хадамоти шӯъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шӯъбаҳои дигари сохтории муассисаи олии таълимӣ мувофиқи оинномаи он ва (ё) шарнтомаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;
- мазмуни курсҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муайян кунанд;
- тарзу усул ва воситаҳои таълимиро, ки ба хусусиятҳои ҳар кадоми онҳо бештар ҷавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимро таъмин менамоянд, интихоб намоянд;
- ба амру фармонҳои маъмурияти муассисаи олии таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кунанд.
Кормандони илмию омӯзгории муассисаи олии таълимӣ ӯҳдадоранд:
- самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд;
- Оинномаи муассисаи олии таълимиро риоя намоянд;
- донишомӯзонро дар рӯҳи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;
- арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавиро эҳтиром намоянд;
- барои такмили ихтисоси худ пайваста ҷидду ҷаҳд намоянд.
- дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд .
Кормандони илмии муассисаҳои олии таълимӣ ҳақ доранд усулҳо ва воситаҳои гузаронидани таҳқиқотҳои илмиеро, ки ба талаботҳои бехатарӣ ҷавоб медиҳанд, ба қобилияти инфиродии онҳо бештар мувофиқанд ва сифати баланди ҷараёни илмиро таъмин менамоянд, интихоб намоянд.
ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони маъмурию хоҷагӣ, инженерию техникӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёридиҳанда ва дигар кормандони муассисаи олии таълимиро қонунгузории оид ба меҳнат, Оинномаи муассисаи олии таълимӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи олии таълимӣ ва дастурҳои вазифавӣ муайян мекунанд.
Моддаи 26. Омодагӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмию омӯзгорӣ
Кормандони илмию омӯзгорӣ дар аспирантура ва докторантураи муассисаи олии таълимӣ, муассиса ё ташкилотҳои илмӣ ва ҳамчунин бо роҳи вобаста намудани унвонҷӯён ба ин муассисаю ташкилотҳо барои навиштан ва дифои рисолаи номзади илм ё доктори илм ё бо роҳи ба вазифаи кормандони илмӣ гузаронидани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷиҳати навиштани рисолаи докторӣ тайёр карда мешаванд.
Муассисаи олии таълимӣ шаклҳои зерини такмили ихтисосро низ муқаррар мекунад:
- таҷрибаомӯзии илмӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, аз ҷумла дар корхонаҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, дар муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла дар хориҷа;
- рухсатиҳои эҷодӣ барои хатми рисолаи илмӣ;
- такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар институтҳо, дар факултетҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;
- бозомӯзӣ ва таълим дар факултетҳо ва курсҳои махсуси назди муассисаҳои олии таълимӣ.
Давлат муҳайё кардани шароити заруриро барои на кам як маротиба дар панҷ сол такмил додани ихтисоси кормандони илмию омӯзгории ташкилоту муассисаҳои давлатии системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро кафолат дода, ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлат маблағи зарурӣ ҷудо мекунад.
Ихтисоси кормандони илмию омӯзгориро ҳамчунин аз рӯи шартномае, ки шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои илмӣ мебанданд, аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ метавон такмил дод.
Тартиб, навъу шаклҳои такмили ихтисосро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардонидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 27. Унвонҳои илмӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии профессор ва дотсент муқаррар карда мешавад.
Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки маъмулан дараҷаи илмии доктори илм дошта, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ корҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ мебарад.
Унвони илмии дотсент ба шахсе дода мешавад, ки маъмулан дараҷаи илмии номзади илмро дошта, дар муассисаҳои олии таълимӣ бо омӯзгорӣ, корҳои илмию методӣ машғул аст.
Моддаи 28. Эътироф ва муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва унвонҳои илмӣ
Таҳти мафҳуми эътирофи ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ мувофиқати мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ нисбати эътибори қонунӣ доштани ин ҳуҷҷатҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешавад.
Муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ дар ҳамин Қонун ба он маънист, ки мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ба дорандагони ин ҳуҷҷатҳо, чун ба дорандагони ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои академӣ ва (ё) касбиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ медиҳад.
Эътироф ва муқаррар намудани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дорандагони ин ҳуҷҷатҳоро ӯҳдадор месозад, ки талаботи умумии ба муассисаҳои таълимӣ ё ба кор қабул шуданро, ки бо низомномаҳои дахлдор муқаррар карда шудаанд, риоя намоянд.
Масъалаи эътироф ва муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, дар бораи унвонҳои илмӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мегардад.
Эътироф ва муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ бо шаҳодатнома, ки аз тарафи мақоми давлатии идораи маориф дода мешавад, тасдиқ мегардад.
БОБИ 5. ИДОРАИ СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 29. Мақомоти идоракунии системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Идораи системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба амал бароварда мешавад.
Мақоми давлатии идораи маориф ба муассисаҳои олии таълимӣ, қатъи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон роҳбарии умумии методиро амалӣ мегардонад.
Оинномаи муассисаи олии таълимии ғайридавлатӣ аз тарафи муассисон тасдиқ ва тибқи тартиботи қонунгузорӣ ба қайд гирифта мешавад.
Муассисаҳои олии таълими ҳарбӣ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд.
Моддаи 30. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз инҳо иборат аст:
- муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур;
- ҷудо кардани маблағ аз буҷет барои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- таҳия кардани лоиҳаи қонунҳо, қабул намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки татбиқи системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро муайян мекунанд;
- муқаррар намудани тартиби литсензиякунонӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои олии таълимӣ;
- таъсис, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои олии таълимии давлатӣ;
- ба имзо расондан ва амалӣ гардонидани шартномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки масъалаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро танзим мегардонанд;
- тасдиқ намудани стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- муқаррар намудани номгӯи соҳаҳои таълими (ихтисоси) таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- муайян кардани меъёри талабот ба кадрҳои соҳаҳои гуногун ва дар ин асос ба танзим даровардани тартиби тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.
Моддаи 31. Салоҳияти мақомоти давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Мақомоти давлатии идораи маориф оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ салоҳиятҳои зерин дорад:
- якҷоя бо дигар мақомоти марбутаи соҳавии дорои муассисаҳои олии таълимӣ таҳия кардан ва амалӣ гардонидани фаслҳои марбутаи барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти марбутаи иловагӣ;
- таҳия ва татбиқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- тасдиқи ҷузъҳои давлатии стандартҳои дахлдори давлатии таълимӣ, тасдиқ намудани низомномаҳо дар бораи аттестатсияи ниҳоии давлатии донишҷуён ва дар бораи экстернат дар муассисаҳои олии таълимии давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи нақшаҳои намунавии таълим ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ташкили нашри китобҳои дарсӣ ва тайёр кардани васоити аёнии таълим;
- кӯмак барои ривоҷ додан ва амалӣ гардонидани технологияҳои нави самарбахши таълим дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- литсензиякунонии фаъолияти муассисахои олии таълимӣ новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо ва муассисахои давлатии таълимии таҳсилоти дахлдори иловагӣ ва ҳамчунин ба онҳо додани аккредитатсияи давлатӣ;
- муқаррар намудани шакли хуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, муайян намудани тартиби эътироф ва муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои мазкур;
- иштирок дар кори таҳқиқи талабот ба мутахассисон; дурнамои тайёр намудани мутахассисон; таҳияи пешниҳод доир ба ҳаҷми маблағе, ки аз буҷет барои муассисаҳои олии таълимӣ, дигар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти марбутаи иловагӣ ва ҳамчунин ба ташкилотҳои илмӣ ва бахшҳои сохтории онҳо ҷудо карда мешавад; таҳияи пешниҳод оид ба ҳаҷми сохтмони асосии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои мазкур;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои олии таълимӣ, системаҳои соҳавӣ ва минтақавии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва муайян кардани ҳаҷму сохтори тайёр намудани мутахассисон, ташкили иттиҳодияи (кооператсияи) байнисоҳавӣ ва байниминтақавии соҳа;
- муқаррар намудани тартиби қабули донишҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо ба муассисаи олии таълимӣ ва муассисаҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ;
- кушодани аспирантура ва докторантураҳо дар муассисаҳои олии таълимии давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ новобатса ба тобеияти онҳо (ба истиснои муассисаҳое, ки дар системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияи илмҳои соҳавӣ, ки мақоми давлатӣ доранд), тасдиқ кардани Низомнома дар бораи таълими кормандони илмию омӯзгорӣ, аз ҷумла кормандони илмӣ;
- пешбинӣ кардани инкишофи шабакаи муассисаҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ, мувофиқа кардани таъсиси муассисаҳои нави давлатии системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти дахлдори иловагӣ;
- ташкили иштироки муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилотҳои илмии системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар барномаҳои давлатии илмию техникӣ, тартиб додан ва тасдиқ кардани барномаҳои байни муассисаҳои олии таълимӣ доир ба соҳаҳои афзалиятноки илм, бо маблағу воситаҳо таъмин намудани ин барномаҳо ва назорати иҷрои онҳо;
- якҷоя бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ андешидани тадбирҳо ва амалӣ гардонидани онҳо барои ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо, шунавандагон ва кормандони системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба беҳтар кардани шароити таълим, кор, маишат, истироҳат ва хизматрасонии тиббӣ ба онҳо;
- маблағгузорӣ ба фаъолияти муассисаҳои олии таълимӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо;
- тасдиқ кардани низомнома дар бораи тартиби ишғоли вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ;
- тартиб додан ва тасдиқ, кардани низомномаи намунавӣ дар бораи филиалҳои муассисаи олии таълимии тобеи мақомоти ҳокимияти иҷроия, тартиби ташкили филиалҳои мазкур;
- нашри санадҳои меъёрӣ дар доираи салоҳияти худ;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартномаҳои байналмилалии дорои хусусияти байниидоравӣ.
Моддаи 32. Салоҳияти Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии мақомоти идораи давлатӣ
Салоҳияти Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии мақомоти идораи давлатӣ:
- назорат ба риояи стандартҳои давлатии таълим дар тамоми муассисаҳои олии таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;
- таъмини илмию методии аттестатсияи ниҳоӣ ва назорати сифати таълими дастпарварон пас аз анҷоми сатҳу савияи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- баррасии пешниҳодҳо ва қабул кардани қарори ба муассисаи олии таълимӣ фиристодани арзу шикоят аз сифати таълим ва (ё) номувофиқ будани таълим ба талаботи стандарти дахлдори давлатии таълим;
- ташкили фаъолияти системаи мақомоти минтақавии хадамоти давлатии аттестатсионӣ ва аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ.
Моддаи 33. Назорати давлатӣ ба сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Назорати давлатӣ ба сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба таъмин намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, боло бурдани сифати тайёр намудани мутахассисон, оқилона харҷ кардани маблағи буҷет, ки барои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҷудо карда мешавад, равона шудааст.
Назорати давлатиро ба сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мақоми давлатии идораи маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф амалӣ месозанд.
Муассисаи олии таълимие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ на кам дар панҷ сол як бор аттестатсияи давлатӣ мегузарад.
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 34. Моликият дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Муассис (муассисон) бо мақсади таъмини фаъолияти дар Оиннома пешбинишудааш биною иншоот, комплексҳои амвол, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар амволи зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба муассисаи олии таълимӣ вобаста менамояд.
Муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани маблағу амвол ва дигар намудҳои моликиятеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барояш тӯҳфа намудаанд, ба тариқи хайрия додаанд ё худ мерос монданд, самараи меҳнати зеҳнӣ ва эҷодкориро, ки натиҷаи фаъолияти муассисаи олии таълимӣ мебошад ва ҳамчунин даромади фаъолияти худ ва объектҳои моликияти аз ҳисоби ин даромад харидаашро дорад.
Муассисаҳои олии таълимӣ ҳуқуқ доранд ба сифати иҷорагир ва (ё) иҷорадиҳандаи моликият баромад намоянд. Ба иҷора додани объектҳои моликият ва инчунин қитъаҳои замин аз ҷониби муассисаи олии таълимии давлатӣ бе ҳуқуқи харидорӣ бо розигии Шӯрои олимони муассисаи олии таълимӣ бо нархҳое, ки аз нархҳои дар ин минтақа мавҷудбуда паст нестанд, сурат мегирад.
Маблағҳое, ки муассисаи олии таълимӣ ба сифати ҳаққи иҷора мегирад, барои таъмин ва инкишофи ҷараёни таълим истифода бурда мешаванд.
Ваколатҳои моликон дар бобати ихтиёрдорӣ намудани амволи давлатии системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ нисбати амволи моликияти давлатӣ ба мақоми давлатии идораи маориф вобаста карда мешаванд, ки ин ваколатҳоро ҳамроҳи мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки муассисаҳои олии таълимӣ дар ихтиёраш мебошанд, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 35. Маблағгузории муассисаҳои олии таълимӣ
Маблағро барои фаъолияти таълимии муассисаҳои олии таълимии давлатӣ мақоми давлатии идораи маориф ё худ мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ин муассисаҳо дар ихтиёрашон мебошанд, аз ҳисоби маблағи буҷет мутобиқи супориши давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои идоравии маблағгузорӣ ҷудо мекунанд.
Фаъолияти муассисаҳои олии таълимии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассис (муассисон) мутобиқи шартномаи байни худ маблағгузорӣ карда мешавад. Аз рӯи шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисаи олии таълимӣ ин фаъолият метавонад қисман ё пурра бо худмаблағгузорӣ ба амал бароварда шавад.
Барои таҳқиқотҳои илмие, ки муассисаҳои олии таълимии давлатӣ анҷом медиҳанд, мақоми давлатии идораи маориф ва (ё) мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ин муассисаҳои олии таълимӣ дар ихтиёри онҳо мебошанд, маблағ ҷудо менамоянд.
Муассисаҳои олии таълимии давлатӣ соҳаву тартиби истифодаи маблағеро, ки аз ҳисоби буҷет ва манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузорӣ гирифтаанд, мустақилона муайян мекунанд. Маблағи дар давраи ҷорӣ (сол, семоҳа, моҳ) истифоданакардаи муассисаҳои олии таълимии давлатиро пас гардонида гирифтан ё худ ба ҳаҷми маблағгузории давраи минбаъдаи муассисаи олии таълимӣ ҳисоб кардан мумкин нест.
Муассисаи олии таълимӣ дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарздиҳӣ барои нигоҳ доштани пул ва ҳар навъ ҳисобу китоб, амалиёти қарздиҳӣ ва додугирифт, аз ҷумла додугирифти асъор суратҳисобҳо кушода метавонад.
Моддаи 36. Фаъолияти пулии муассисаи олии таълимӣ
Муассисаи олии таълимӣ мутобиқи Оинномаи худ дар соҳаи таълим ва соҳаҳои дигар, ба шарте ки он бар зиёни фаъолияти асосии он набошад, метавонад фаъолияти пулиро ба роҳ монад.
Фаъолияти пулии таълим дар муассисаи олии таълимӣ ба ивази фаъолияти таълимӣ ва дар доирае, ки барои он аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, амалӣ шуда наметавонад. Дар акси ҳол маблағи дар натиҷаи чунин фаъолият ба дастомада тибқи қонун мусодира карда мешавад.
Муассисаи олии таълимии давлатӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррарнамудаи литсензия аз ҳисоби маблағи ҷудокардаи буҷет илова ба иҷрои супоришоти давлатӣ оид ба қабули донишҷӯён аз рӯи шартномаҳои дахлдор, ба шарти аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохтани хароҷоти таълим дар ҳаҷми бо мақоми ҳокимияти давлатӣ мувофиқашуда мутахассисонро тайёр намояд.
Масъалаҳои бастани шартнома барои фаъолияти пулии таълимии муассисаҳои олии таълимӣ аз ҷониби муассисаҳои олии таълимӣ дар асоси шартномаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи олии таълимӣ мухолиф нестанд, ба амал бароварда мешавад.
БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 37. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалии муассисаҳои олии таълимӣ дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ба шариккории ҳақиқӣ, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ асос меёбад.
Мақомоти идораи маорифи ҳамаи зинаҳо, муассиса, корхонаю ташкилотҳои таълимии системаи маориф ҳуқуқ доранд бо муассиса, корхонаю ташкилотҳои хориҷӣ робитаи бевосита муқаррар намоянд, барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро амалӣ гардонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили иттиҳодияҳои байналмилалии ҷамъиятии таълимӣ ва илмӣ шаванд.
Давлатҳои иштироккунанда дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи маориф дар доираи созишномаю шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сиёсати мувофиқашударо пеш мегиранд.
Моддаи 38. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Мақоми давлатии идораи маориф, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои таълимии системаи маориф ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона амал мекунанд. Онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда (кредитӣ) кушодани суратҳисоби асъорро доранд.
Асъоре, ки муассисаи таълимӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоварад, қонунан моликияти он буда ва ба он ҳуқуқи ихтиёрдории пурра дошта, онро ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун мусодира кардан мумкин нест. Ин маблағ барои инкишофи соҳаи маориф ва пойдор сохтани заминаи моддию техникии он сарф карда мешавад.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур паст аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
8 декабри соли 2003 № 48