ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои омаду рафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Европа, ШМА ва Япония
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иқтисодиёт, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, васеь намудани робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои омаду рафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Европа, ШМА ва Япония ба мӯҳлати то як моҳ тасдиқ карда шавад.
2. Номгӯи замимашудаи давлатҳое, ки шаҳрвандонаш ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводидҳои омаду рафти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мӯҳлати то як моҳ доранд, тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳангоми аз шаҳрвандони давлатҳои дар боло зикршуда гирифтани дархост оид ба додани раводид, масъалаи ба расмият даровардан ва ба онҳо додани раводидро дар мӯҳлати се рӯзи корӣ аз рӯзи супоридани ҳуҷҷатҳои зарурӣ баррасӣ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 25 октябри соли 2003 № 460
ш. Душанбе
аз 25 октябри соли 2003 № 460
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2003 № 460
тасдиқ шудааст
...

Номгӯи давлатҳое, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводидҳои омаду рафти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мӯҳлати то як моҳ доранд
1. Ҷумҳурии Австрия
2. Подшоҳии Белгия
3. Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
4. Ҷумҳурии Федеративии Германия
5. Ҷумҳурии Юнон
6. Подшоҳии Дания
7. Ирландия
8. Подшоҳии Испания
9. Ҷумҳурии Италия
10. Гертсогии Бузурги Люксембург
11. Подшоҳии Нидерландия
12. Ҷумҳурии Португалия
13. Ҷумҳурии Финляндия
14. Ҷумҳурии Франсия
15. Подшоҳии Шветсия
16. Штатҳои Муттаҳидаи Америка
17. Япония.