Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003, № 52 "Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003 № 964 "Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар системаи идораи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003 № 964 "Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар системаи идораи давлатӣ"

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003 № 964 "Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар системаи идораи давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бо тартиби муқарраргардида Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз", Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт", Ширкати давлатии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии холдингии "Ғалла" ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳкимиё" барҳам дода шаванд.

2. Комиссияҳои барҳамдиҳӣ дар ҳайати мувофиқи замимаҳои №1, №2 ва №3 таъсис дода шаванд.

Комиссияҳои барҳамдиҳӣ арзиши асосӣ, маблағҳои гардон ва дигар амволи шахсони ҳуқуқии барҳамдодашавандаро анҷом диҳанд, баланси фосилавӣ ё барҳамдиҳӣ, пешниҳодҳои истифодабарии минбаъдаи биною иншоотро таҳия кунанд ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин маводҳои мазкур ва дигари заруриро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд.

3. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тағйир додани сохтор, нақшаҳои идораю низомномаҳои вазоратҳо дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур намоянд.

4. Беэътибор дониста шаванд:

қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 7 маи соли 1991 № 115 "Дар бораи Ассотсиатсияи истеҳсолии ҷумҳурӣ оид ба хизматрасонии агрохимиявӣ ба соҳаи кишоварзии ҶШС Тоҷикистон АИҶ "Тоҷиксельхозхимия";

қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1992 № 87 "Дар бораи таъсиси Ширкати давлатии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,;

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1997 № 347 "Дар бораи таъсиси Ширкати давлатии холдингии "Ғалла";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2001 № 138 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2001 № 140 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2001 № 236 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз";

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 5 феврали соли 2003 № 52

ш. Душанбе

3амимаи № 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 феврали соли 2003 № 52

Ҳайати Комиссияи барҳамдиҳии Ширкати ҷумҳуриявии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"

1. Ҳомидов А. - сардори Раёсати Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссия;

2. Сулаймонов С.М. -муовини сардори Департаменти Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия.

Аъзои комиссия:

3. Бутаев А. муовини сардори идораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Эмомов Б. - муовини сардори шӯъбаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Алимов Б. - Директори генералии Ширкати ҷумҳуриявии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес";

6. Киселёва И.Н. - Директори генералии Ширкати ҷумҳуриявии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес";

Замимаи № 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 феврали соли 2003 № 52

Ҳайати Комиссияи барҳамдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт"

1. Зоиров Ш. - муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссия;

2. Ёров А.Ё. - Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

3. Алиев Ҳ.Х. - муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия.

Аъзои комиссия :

4. Муҳаббатов С.Р. - Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз";

5. Нематов Р. - Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт";

6. Пирматов Н. - сардори идораи Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон;

7. Пайшанбиева К. - сармуҳосиби Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз";

8. Қирғизбеков М. - сармуҳосиби Корхонаи ваҳиди давлатии "Тоҷикангишт".

Замимаи № 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 феврали соли 2003 № 52

Ҳайати Комиссияи барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳкимиё" ва Ширкати давлатии ҳолдингии "Ғалла"

1. Абдуалимов Б.А. - муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссия

Аъзои комиссия:

2. Мустафокулов Ш. Р. - сардори Раёсати сабти шахсони ҳукуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

3.Шодибеков И. Ш.- сардори Раёсати комплекси агросаноатии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Давлатов М. К. - сардори шӯъбаи идоракунии дороии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5.Ҳомидов А. - сардори Идораи моликияти давлатии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6.Мирзоев Р.Д. - раиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳкимиё"

5. Уроқов Б. Ш. - раиси Ширкати давлатии ҳолдингии "Ғалла"

6.Ғаффоров С. - ҷонишини сардори шӯъбаи сиёсати зиддимонополии давлатии Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон