ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар системаи идораи давлатӣ
Бо мақсади такмили системаи идораи давлати ва мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Масъалаи барҳамдиҳии Ширкати давлатии холдингии "Ғалла", Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳкимиё", Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз", Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт", Ширкати давлатии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқарраргардида барраси намояд.
2. Функсия ва вазифаҳои идораи Ширкати давлатии холдингии "Ғалла" ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳкимиё"-ро ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт"-ро ба зиммаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зиммаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд.
3. Ҷиҳати иҷрои ин Фармон тадбирҳо андешида, қарорҳои худро бо он мутобиқ гардонад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 18 январи соли 2003 № 964
ш. Душанбе
ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
УКАЗ
О некоторых изменениях в системе государственного управления
В целях совершенствования системы государственного управления и в соответствий со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
Правительству Республики Таджикистан:
1. В установленном порядке рассмотреть вопрос о ликвидации Государственной холдинговой компании "Галла", Акционерного общества - открытого типа "Точикдехкимиё", Государственного унитарного предприятия "Таджикнефтегаз", Государственного унитарного предприятия "Тоҷикангишт", Таджикской республиканской государственной производственно-коммерческой компании "Таджиклес".
2. Возложить управленческие функции и задачи Государственной холдинговой компании "Ғалла" и Акционерного общество открытого типа "Тоҷикдеҳкимиё" на Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственного унитарного предприятия "Таджикнефтегаз" и Государственного унитарного предприятия "Тоҷикангишт" на Министерство энергетики Республики Таджикистан, Таджикской республиканской государственной производственно-коммерческой компании "Таджиклес" на Министерство промышленности Республики Таджикистан.
3. Принять меры во исполнения настоящего Указа и привести свои решения в соответствии с ним.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г.Душанбе
18 января 2003 года №964