Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003, № 71 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №10, моддаи 160; соли 2002, №4 қ.1 моддаи 167) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар қисми дуюми моддаи 6 калимаҳои "мақомоти идораи амволи давлатии" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 9:

дар қисми якум калимаҳои "биноҳо ва иншооти маъмурӣ" ба калимаҳои "биноҳо ва иншооти мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ" иваз карда шаванд;

дар қисми дуюм калимаҳои "энергетикаи электрикӣ" ба калимаҳои "иншооти комплекси сӯзишворию-энергетикӣ иваз карда шаванд.

3. Қисми сеюми моддаи 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Иҷрои татбиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдиқи он Комиссияи ҷумҳуриявии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ аз рӯи лоиҳаҳои инфиродӣ амалӣ мегардонад. Рафти иҷрои талаботи шартномаи хариду фурӯши объектҳои моликияти давлатиро мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад".

4. Ба моддаи 15 қисмҳои дуюм ва сеюм дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маҷмӯи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро идораи нотариати давлатии маҳалли ҷойгиршавии объекти фурӯхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳои фурӯхташуда Шаҳодатнома дар бораи соҳибии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳоми ба ҳисоб меравад, ки онро мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда оид ба пешбурд ва нигоҳдошти феҳристи дорандагони қоғазҳои қиматнок медиҳад".

5. Ба моддаи 16 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шааад:

"Қисме аз маблағҳои аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ ва дивидендҳои пакети давлатаи саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба даст омада бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои функсионалӣ ва беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ метавонанд ба ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шаванд. Ҳаҷм ва тартиби истифодаи ин маблағҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд".

6. Ба Қонун моддаи 16(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 16(1) Иттилоот дар хусуси ҷараёни хусусигардонӣ

Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд".

Моддаи 2.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

8 декабри соли 2003 № 71