Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 майи соли 2003 № 223
тасдиқ шудааст
Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008с. № 160, аз 02.12.2008с. № 610, аз 29.04.2009 № 279, аз 25.01.2017 № 49)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи пахтакории иқтисодиёти миллӣ, беҳтар гардонидани иқлими сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили баҳисобгирӣ, ба низом даровардани бастани шартномаҳо (қарордодҳо) барои истеҳсол ва фурӯши пахта (пахта, нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта-тибит, торак, пати сиклонӣ, чигит), мутобиқ намудани онҳо ба талаботи иқтисоди бозорӣ, ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузоронро танзим менамояд.
Низомнома фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидориро барои баланд бардоштани самаранокӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта, беҳтар кардани сифати онро муайян намуда, механизми фурӯши пахтаро муқаррар менамояд.
II. Ташкили кор оид ба бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ҳангоми истеҳсол ва фурӯши пахта
2. Шартномаҳо ( қарордодҳо) оид ба истеҳсол ва фурӯши пахта байни субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли хоҷагидорӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳо метавонанд бо роҳи ҷалб намудани сармоягузориҳо мутобиқи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шаванд.
3. Ба сармоягузароне, ки барои истеҳсоли пахта маблағгузорӣ менамоянд тавсия дода мешавад, ки мувофиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда маблағгузориҳои пешпардохти воситаҳои пулиро ба ҳисобҳои махсуси депозитии истеҳсолкунандагони пахта гузаронанд ва ё бо пули нақд онҳоро таъмин намоянд.
4. Баҳисобгирии маблағҳои пулии бо асъори миллӣ ба истеҳсолкунандаи пахта пешниҳодшаванда ва захираҳои моддию техникии бо розигии онҳо воридшаванда, баробар ба доллари ШМА аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи гузаронидани муомилот, сурат мегирад. Дар баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ истеҳсолкунандаи пахта арзиши ӯҳдадориҳои бамиёномадаро (маблағҳои пулӣ ва захираҳои моддию техникии гирифташуда) бо асъори миллӣ, бо азнавбаҳодиҳии арзиши ӯҳдадориҳо бо доллари ШМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи ҳисобу китоб ё ба санаи таҳияи ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ, инъикос мекунад.
Барои баҳисобгирии ҳаракати маблағҳои пулӣ ва захираҳои моддию техникӣ, бонкҳои хизматрасон барои истеҳсолкунандагони пахта тибқи тартиби муқарраршуда ҳисобҳои махсуси депозитӣ мекушоянд.
5. Маблағҳои пулии ҷудошуда ва захираҳои моддию техникие, ки мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда ворид мегарданд, истеҳсолкунандагони пахта бояд қатъиян барои истеҳсоли пахта истифода намоянд. Нархҳои захираҳои моддию техникие, ки мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда ворид мегарданд, бояд аз нархҳои дар биржаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада ва ҷаҳонӣ зиёд набошанд. Ба дафтари мадохил даровардани маблағҳои пулӣ ва захираҳои моддию техникие, ки аз сармоягузорон ворид мегардад, ҳатман аз таърихи воридшавии онҳо сурат гирад.
6. Ҳаҷми пахтае, ки ба сармоягузор мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда таҳвил мегардад, бояд ба ҷамъи маблағи истифодашуда бо дарназардошти нархҳои воқеӣ ва фоизҳои ҳисобшуда баробар бошад.
7. Таҳвили миқдори зарурии пахта аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакор мувофиқи шартҳои шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда, то иҷрои пурраи ӯҳдадориҳо аз рӯи шартномаҳои (қарордодҳои) мушаххас ба амал омода сурат мегирад.
8. Ҳама гуна баҳсу муноқишаҳои байни истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузарон ба миён омада, дар ҷараёни татбиқи шартномаҳои (қарордодҳои) байни онҳо басташуда оид ба истеҳсол ва фурӯши пахта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл мегардад.
III. Ташкили кор оид ба захира намудани пахта
9. Ҳамаи ҳаҷми истеҳсол намудаи пахта ва маҳсулоти аз он гирифташуда - нахи пахта, тибит, торак, пати сиклонӣ ва чигит дар ихтиёри хоҷагиҳо мебошанд
Хоҷагиҳо бо заводҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои пахтақабулкунӣ ҷиҳати хизматрасонии корҳои қабул, захира, хушк, тоза, коркард, нигоҳ доштани пахта, нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта метавонанд шартномаҳо банданд.
10. Заводҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои пахтақабулкунӣ сарфи назар аз шакли моликият дар асоси шартномаҳои басташуда қабул, захира, нигоҳ доштани пахта ва маҳсулоти аз он коркард шударо мутобиқи стандартҳои ҷорӣ ва дигар асноди меъёрию техникӣ бо таври алоҳида тибқи хоҷагиҳо, азрӯи навъҳои саноатӣ, селексионӣ анҷом медиҳанд ва бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти омор ҳисобот медиҳанд.
11. Ҳангоми дар хоҷагиҳо мавҷуд будани шароити мусоид истеҳсолкунандагони пахта корҳои захира, нигоҳдории пахта ва маҳсулоти аз он гирифташударо дар хоҷагиҳо анҷом медиҳанд. Дар ин ҳолат истеҳсолкунандаи пахта бо заводи пахтатозакунӣ фақат барои коркарди пахта шартнома мебандад ва бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти омор ҳисобот медиҳад
12. Чигит (техникӣ ва тухмӣ) мутобиқи шартномаҳои басташудаи байни истеҳсолкунандагони пахта ва заводҳои пахтатозакунӣ бо масъулияти шахсии роҳбарони заводҳои пахтатозакунӣ ва хоҷагиҳо дар заводҳои пахтатозакунӣ ё дар хоҷагиҳо нигоҳ дошта мешавад.
IV. Фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта ва барасмиятдории ҳуҷҷатҳои зарурӣ
13. Нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта то ба фурӯш баровардани онҳо дар хоҷагиҳо ё мутобиқи шартномаҳои басташуда дар заводҳои пахтатозакунӣ ва ё дар базаҳои фурӯши яклухт нигоҳ дошта мешавад. Берун аз ҷумҳурӣ ба фурӯш баровардани ин маҳсулот дар асоси асноди тасдиқкунандаи бонкӣ дар бораи пардохти маблағ, асноди тасдиқнома дар хусуси пардохти андоз ва боҷҳои гумрукии муқарраршуда ва бовариномаи соҳибон ё моликони пахта ба ҳар як қисмати маҳсулоте, ки фурӯхта мешавад, амалӣ мегардад. Масъулияти нигоҳдорӣ ва баровардани он аз ҳудуди заводҳои пахтатозакунӣ ва/ё базаҳои фурӯши яклухт дар асоси ин аснод шахсан ба зиммаи роҳбарони ин корхонаҳо гузошта мешаванд
14. Фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта аз рӯи қарордодҳои мустақими хариду фурӯш, бо риояи расмиёти муқарраргардида анҷом дода мешавад
15. Фурӯши нахи пахта, тибит, торак, пати сиклонӣ берун аз қаламрави ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқарраршуда танҳо бо асъори хориҷӣ, аз рӯи нархе, ки дар лаҳзаи пардохт ба сатҳи нархҳои ҷаҳонӣ таъиншуда, бо пардохти ҳатмии андоз ва боҷҳои гумрукии муқарраршуда анҷом медиҳанд
Маблағҳои боҷи содиротӣ мутобиқи шартҳои қарордод аз ҷониби андозсупорандагон бевосита ба Буҷети давлатӣ тибқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози фурӯши ҳосили соли 2008 пардохт мегарданд
16. Истеҳсолкунандагони пахта ҳуқуқ доранд нахи пахтаро аз рӯи нархҳои дар лаҳзаи пардохт ба амал омада ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ,бо асъори миллӣ, бо шарти пешпардохти маблағ ва андоз ва боҷҳои гумрукии муқарраргардида фурӯшанд
Фурӯши тибит, торак, пати сиклонӣ ва чигит (тухмӣ ва техникӣ) дар дохили ҷумҳурӣ тибқи шартномаҳои дуҷониба, бо нархҳои дар рӯзи фурӯши ин маҳсулотҳо ба амал омада, бо шарти ҳатмии пешпардохт амалӣ мегардад.
17. Ситонидани пардохтҳо ва мукофотҳои комиссионӣ барои гузаронидани савдо, экспертизаҳо, баррас ва бақайдгирии қарордодҳо, шартномаҳо, муайян намудани баромади мол ва додани сертификат ҳангоми фурӯши маҳсулот, мутобиқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад
18. Барасмиятдорории гумрукии нахи пахта, тибит, торак ва пати сиклонии содиршаванда дар мавриди ба мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани санадҳои зерин сурат мегирад:
- шартнома (қарордод) барои содироти маҳсулоти пахта;
- тасдиқномаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид гардидани маблағи пешпардохт аз оғози фурӯши ҳосили соли 2008;
хориҷ карда шуд
- сертификати мутобиқати молҳо, ки аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдо дода шудааст;
- сертификати фитосанитарии Бозрасии давлатӣ оид ба карантини растаниҳо;
- сертификат дар бораи баромади мол, ки аз тарафи Палатаи савдои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст
19. Талаботи мақомоти ваколатдор дар мавриди аз ҷониби истеҳсолкунандагони пахта ё харидорон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҷиҳати гирифтани иҷозатнома барои фурӯши маҳсулоти пахта ва барасмиятдорории борҳо роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ гардидааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 майи соли 2003 № 223
тасдиқ шудааст
Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта
(қарор аз 1.04.2008с. № 160)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи пахтакории иқтисодиёти миллӣ, беҳтар гардонидани иқлими сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили баҳисобгирӣ, ба низом даровардани бастани шартномаҳо (қарордодҳо) барои истеҳсол ва фурӯши пахта (пахта, нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта-тибит, торак, пати сиклонӣ, чигит), мутобиқ намудани онҳо ба талаботи иқтисоди бозорӣ, ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузоронро танзим менамояд.
Низомнома фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидориро барои баланд бардоштани самаранокӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта, беҳтар кардани сифати онро муайян намуда, механизми фурӯши пахтаро муқаррар менамояд.
II. Ташкили кор оид ба бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ҳангоми истеҳсол ва фурӯши пахта
2. Шартномаҳо ( қарордодҳо) оид ба истеҳсол ва фурӯши пахта байни субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли хоҷагидорӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳо метавонанд бо роҳи ҷалб намудани сармоягузориҳо мутобиқи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шаванд.
3. Ба сармоягузароне, ки барои истеҳсоли пахта маблағгузорӣ менамоянд тавсия дода мешавад, ки мувофиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда маблағгузориҳои пешпардохти воситаҳои пулиро ба ҳисобҳои махсуси депозитии истеҳсолкунандагони пахта гузаронанд ва ё бо пули нақд онҳоро таъмин намоянд.
4. Баҳисобгирии маблағҳои пулии бо асъори миллӣ ба истеҳсолкунандаи пахта пешниҳодшаванда ва захираҳои моддию техникии бо розигии онҳо воридшаванда, баробар ба доллари ШМА аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи гузаронидани муомилот, сурат мегирад. Дар баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ истеҳсолкунандаи пахта арзиши ӯҳдадориҳои бамиёномадаро (маблағҳои пулӣ ва захираҳои моддию техникии гирифташуда) бо асъори миллӣ, бо азнавбаҳодиҳии арзиши ӯҳдадориҳо бо доллари ШМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи ҳисобу китоб ё ба санаи таҳияи ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ, инъикос мекунад.
Барои баҳисобгирии ҳаракати маблағҳои пулӣ ва захираҳои моддию техникӣ, бонкҳои хизматрасон барои истеҳсолкунандагони пахта тибқи тартиби муқарраршуда ҳисобҳои махсуси депозитӣ мекушоянд.
5. Маблағҳои пулии ҷудошуда ва захираҳои моддию техникие, ки мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда ворид мегарданд, истеҳсолкунандагони пахта бояд қатъиян барои истеҳсоли пахта истифода намоянд. Нархҳои захираҳои моддию техникие, ки мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда ворид мегарданд, бояд аз нархҳои дар биржаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада ва ҷаҳонӣ зиёд набошанд. Ба дафтари мадохил даровардани маблағҳои пулӣ ва захираҳои моддию техникие, ки аз сармоягузорон ворид мегардад, ҳатман аз таърихи воридшавии онҳо сурат гирад.
6. Ҳаҷми пахтае, ки ба сармоягузор мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда таҳвил мегардад, бояд ба ҷамъи маблағи истифодашуда бо дарназардошти нархҳои воқеӣ ва фоизҳои ҳисобшуда баробар бошад.
7. Таҳвили миқдори зарурии пахта аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакор мувофиқи шартҳои шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда, то иҷрои пурраи ӯҳдадориҳо аз рӯи шартномаҳои (қарордодҳои) мушаххас ба амал омода сурат мегирад.
8. Ҳама гуна баҳсу муноқишаҳои байни истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузарон ба миён омада, дар ҷараёни татбиқи шартномаҳои (қарордодҳои) байни онҳо басташуда оид ба истеҳсол ва фурӯши пахта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл мегардад.
III. Ташкили кор оид ба захира намудани пахта
9. Ҳамаи ҳаҷми истеҳсол намудаи пахта ва маҳсулоти аз он гирифташуда - нахи пахта, тибит, торак, пати сиклонӣ ва чигит дар ихтиёри хоҷагиҳо мебошанд
Хоҷагиҳо бо заводҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои пахтақабулкунӣ ҷиҳати хизматрасонии корҳои қабул, захира, хушк, тоза, коркард, нигоҳ доштани пахта, нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта метавонанд шартномаҳо банданд.
10. Заводҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои пахтақабулкунӣ сарфи назар аз шакли моликият дар асоси шартномаҳои басташуда қабул, захира, нигоҳ доштани пахта ва маҳсулоти аз он коркард шударо мутобиқи стандартҳои ҷорӣ ва дигар асноди меъёрию техникӣ бо таври алоҳида тибқи хоҷагиҳо, азрӯи навъҳои саноатӣ, селексионӣ анҷом медиҳанд ва бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти омор ҳисобот медиҳанд.
11. Ҳангоми дар хоҷагиҳо мавҷуд будани шароити мусоид истеҳсолкунандагони пахта корҳои захира, нигоҳдории пахта ва маҳсулоти аз он гирифташударо дар хоҷагиҳо анҷом медиҳанд. Дар ин ҳолат истеҳсолкунандаи пахта бо заводи пахтатозакунӣ фақат барои коркарди пахта шартнома мебандад ва бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти омор ҳисобот медиҳад
12. Чигит (техникӣ ва тухмӣ) мутобиқи шартномаҳои басташудаи байни истеҳсолкунандагони пахта ва заводҳои пахтатозакунӣ бо масъулияти шахсии роҳбарони заводҳои пахтатозакунӣ ва хоҷагиҳо дар заводҳои пахтатозакунӣ ё дар хоҷагиҳо нигоҳ дошта мешавад.
IV. Фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта ва барасмиятдории ҳуҷҷатҳои зарурӣ
13. Нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта то ба фурӯш баровардани онҳо дар хоҷагиҳо ё мутобиқи шартномаҳои басташуда дар заводҳои пахтатозакунӣ ва ё дар базаҳои фурӯши яклухт нигоҳ дошта мешавад. Берун аз ҷумҳурӣ ба фурӯш баровардани ин маҳсулот дар асоси савдои Биржаи универсали молу ашёи Тоҷикистон, асноди тасдиқкунандаи бонкӣ дар бораи пардохти маблағ, асноди тасдиқнома дар хусуси пардохти андозҳои муқарраршуда ва бовариномаи соҳибон ё моликони пахта ба ҳар як қисмати маҳсулоте, ки фурӯхта мешавад, амалӣ мегардад. Масъулияти нигоҳдорӣ ва баровардани он аз ҳудуди заводҳои пахтатозакунӣ ва/ё базаҳои фурӯши яклухт дар асоси ин аснод шахсан ба зиммаи роҳбарони ин корхонаҳо гузошта мешаванд.
14. Фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта аз рӯи қарордодҳои мустақими хариду фурӯш, бо риояи расмиёти муқарраргардида анҷом дода мешавад
15. Фурӯши нахи пахта, тибит, торак, пати сиклонӣ берун аз қаламрави ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқарраршуда танҳо бо асъори хориҷӣ, аз рӯи нархе, ки дар музоядаҳои Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон ба миён омада, дар лаҳзаи пардохт ба сатҳи нархҳои ҷаҳонӣ таъиншуда, бо пардохти ҳатмии андозҳои муқарраршуда анҷом медиҳанд.
16. Истеҳсолкунандагони пахта ҳуқуқ доранд нахи пахтаро аз рӯи нархҳои дар лаҳзаи пардохт ба амал омада ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ,бо асъори миллӣ, бо шарти пешпардохти маблағ ва андозҳои муқарраргардида фурӯшанд
Фурӯши тибит, торак, пати сиклонӣ ва чигит (тухмӣ ва техникӣ) дар дохили ҷумҳурӣ тибқи шартномаҳои дуҷониба, бо нархҳои дар рӯзи фурӯши ин маҳсулотҳо ба амал омада, бо шарти ҳатмии пешпардохт амалӣ мегардад.
17. Ситонидани пардохтҳо ва мукофотҳои комиссионӣ барои гузаронидани савдо, экспертизаҳо, баррас ва бақайдгирии қарордодҳо, шартномаҳо, муайян намудани баромади мол ва додани сертификат ҳангоми фурӯши маҳсулот, мутобиқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад
18. Барасмиятдорории гумрукии нахи пахта, тибит, торак ва пати сиклонии содиршаванда дар мавриди ба мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани санадҳои зерин сурат мегирад:
- шартнома (қарордод) барои содироти маҳсулоти пахта;
- тасдиқномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи пардохт, ки дар мӯҳлати ду рӯзи бонкӣ дода мешавад;
- тасдиқномаи Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пардохти андоз аз фурӯш, ки дар мӯҳлати на зиёдтар аз ду рӯз аз лаҳзаи пешниҳоди хуҷҷатҳои зарурӣ дода мешавад;