Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 43 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 964 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, моддаи 251; с.1997, № 23-24, мод. 333; с. 1998, № 10, мод. 119; с. 1999, № 9, мод. 230) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни Қонун калимаҳои "муассисаҳои кредитӣ" ба калимаҳои "дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ", калимаи "муомилот" (бо истиснои банди 2 моддаи 3) ба калимаи "амалиёт" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 1:

- зербанди "б" банди 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

б) маблағҳо бо сомонӣ, ки дар ҳисобҳо ва пасандозҳо дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавҷуданд".

- бандҳои 11 ва 13 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"11. "Бозори дохилии асъор" - бозорест, ки аз бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор, нуқтаҳои мубодилаи асъори онҳо ва биржаҳои асъор иборат аст.

13. "Нуқтаҳои мубодила (ё бюро) - муассисаҳои мубодилавии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор мебошанд, ки дар онҳо бевосита амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақдинаи хориҷӣ гузаронида мешаванд".

3. Банди 4 моддаи 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"4. Аҳдҳое, ки хилофи талаботи Қонуни мазкур баста шудаанд, беэътибор мебошанд. Шахсоне, ки чунин аҳдҳоро мебанданд, тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд."

4. Сарсатри сеюми банди 1 моддаи 3 хориҷ карда шавад.

5. Дар моддаи 4:

- аз банди 2 калимаҳои "ба воситаи нуқтаҳои мубодилаи шахсони ҳуқуқию воқеӣ" хориҷ карда шаванд;

- банди 3 хориҷ карда шавад.

6. Зербандҳои "б)" ва "г)" банди 1 моддаи 15 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"б) ҳангоми пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар зербанди "а)" ҳамин модда зикрёфта, тибқи тартиби бо Қонун муқарраршуда амалиётҳоро аз рӯи ҳисобҳое, ки дар бонкҳои ваколатдор мавҷуданд, боздоранд;

г) ваколатҳои дигареро, ки бо Қонун пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳанд."

Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

10 майи соли 2002 № 43