ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур
Қонуни мазкур мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, тартиби умумии таҳия, нашр, амал, тафсир, танзими таносуби онҳо ва ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқиро муқаррар мекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосии зерин дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
-санади меъёрии ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати расмие мебошад, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори ваколатдор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардида, хусусияти нишондоди умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар, тағйир ё бекор мекунад;
-қонунгузорӣ - маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақоми қонунгузор ё бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидаанд;
-санадҳои қонунгузорӣ - Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳое, ки бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидаанд, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-санадҳои зерқонунӣ - санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ қабул мегарданд;
-ташаббуси қонунгузорӣ - аз тарафи субъекти муайяннамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми қонунгузорӣ расман пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ихтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - бо ҳам зид будани (номувофиқатии) меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳамон як муносибати ҷамъиятиро ба танзим медароранд;
-қиёси қонун - бо сабаби набудани меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати онҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузорие, ки муносибатҳои шабеҳи ҷамъиятиро танзим мекунанд;
-қиёси ҳуқуқ - бо сабаби набудани меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва меъёрҳои шабеҳ нисбати муносибатҳои ҷамъиятӣ татбиқ намудани асосҳои умумӣ, мазмуни қонун, талаботи бовиҷдонӣ, хирад ва адолат;
-ҳуқуқэҷодкунӣ - фаъолияти мақоми ҳуқуқэҷодкунанда (шахси мансабдор) оид ба таҳия, қабул ва интишор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин мавриди амал қарор додани онҳо;
-субъекти ҳуқуқэҷодкунанда - мақоми давлатӣ (шахси мансабдор) ва шаҳрвандон, ки ҳуқуқи қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доранд;
-техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ - маҷмӯи қоидаҳои тартиб додан, қабул, нашр, мураттабсозӣ ва амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
-нуқсони қонунгузорӣ - набудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамоянд ва зарурати танзим намудани онҳо аз шарти моҳияту мазмуни системаи ҷории ҳуқуқии давлат, принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеояд;
-маҷмӯи қонунҳо - маҷмӯи пурраи мураттабест, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирд оварда, аҳамияти расмӣ дорад;
-мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - фаъолияти ба тартиб овардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба низоми ягонаи дохилӣ мувофиқакунонидашуда мутобиқ сохтани онҳо;
-эътибори ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ - хусусияти санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба муносибатҳои дахлдори ҷамъиятӣ ҳатман татбиқ мешавад, инчунин бо ҳам тобеъ буданро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуният, афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ, ошкорбаёнӣ, илмият ва касбият, ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (шахсони мансабдор)
Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (шахсони мансабдор) бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
-воқиф гардонидани шаҳрвандон аз фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (шахсони мансабдор) ва аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда;
-интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар нашрияҳои расмӣ, воситаҳои дигари ахбори омма ё бо тарзу воситаҳои дигар расонидани ин санадҳо ба маълумоти ҳамагон.
Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда (шахси мансабдор) метавонад бо қарори худ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии тайёркардаашро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 5. Талаботи умумӣ нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Талаботи умумӣ нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инҳо мебошанд:
-мутобиқат ба принсипҳои фаъолият ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, ки Қонуни мазкур муайян кардааст;
-мувофиқати санади меъёрии ҳуқуқӣ ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
-қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, шахси мансабдори босалоҳият;
-қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиб ва аз рӯи намуди муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-интишор ва ба маълумоти ҳамагон расонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 6. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дараҷаи эътибори ҳуқуқиашон дохил мешаванд:
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидаанд;
- қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ;
- санадҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- санадҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- санадҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- санадҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- санадҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки нисбат ба онҳо дараҷаи баланди эътибори ҳуқуқӣ доранд, мувофиқ бошанд.
Моддаи 7. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда бевосита амал мекунанд. Тартиби эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ин санадҳо ё қонун муайян менамоянд.
Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар қисмати ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, зид набуданашон амал мекунанд.
Моддаи 8. Қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агар барои амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани (имплементатсияи) меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи дохили давлат зарур бошад, мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи (шахсони мансабдори) Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
Моддаи 9. Асосҳои қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақсади амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин қабул карда мешаванд, агар:
-мавзӯи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, масъалаҳои мансуби соҳаи танзими қонунгузорӣ (меъёрӣ) бошанд, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда нашудаанд ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошанд;
-иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бе қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ғайри имкон бошанд;
-иштироккунандагони санадҳои байналмилалӣ дар бораи қабули санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии миллӣ аҳду паймон карда бошанд.
Моддаи 10. Мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоте мебошанд, ки салоҳияти қабули санади меъёрии ҳуқуқиро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
Мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, ҳокимияти маҳаллӣ ва мақоми худидоракунии шаҳраку деҳот дар доираи ваколатҳое, ки ба онҳо Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул менамоянд.
Моддаи 11. Вогузории ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд қисме аз ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии худро, агар ин мухолифи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, ба мақомоти тобеи худ вогузор намоянд.
Дар санади вогузорӣ муайян карда мешавад, ки ба кадом мақом ва ба кадом мӯҳлат ваколати мушаххас вогузор мешавад, ҳамчунон доирае, ки дар он мақом ваколати ба он вогузоршударо амалӣ мегардонад.
Мақоме, ки ба он ваколат вогузор гардидааст, ҳуқуқ надорад онро ба мақоми дигар вогузор намояд.
Мақоме, ки дар асоси ваколати вогузоршуда санади меъёрии ҳуқуқиро қабул менамояд, ба қонун ва дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки мувофиқи он ваколати дахлдор вогузор гардидааст, ишора менамояд.
Моддаи 12. Вориси ҳуқуқӣ нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда
Дар сурати азнавташкилдиҳӣ салоҳиятҳои мақоми давлатие, ки ҳуқуқ дорад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул кунад, якҷоя бо ҳуқуқи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, салоҳияти тағйир додан ва қатъ намудани амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда ба ворисони ҳуқуқӣ мегузарад.
Агар мақоми давлатӣ барҳам хӯрад (мансаби дахлдор ихтисор шавад) ва ё аз нав ташкил карда шавад, ки дар ин ҳолат вориси ҳуқуқӣ барои қабули санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқ надошта бошад, салоҳияти тағйир додан ё қатъ кардани амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда ба мақоми болотар ё худ ба мақоми дигари салоҳиятдори давлатӣ ё ин ки ба шахси мансабдор мегузарад.
Аз тағйир ёфтани вазъи (статуси) мақоми давлатӣ (шахси мансабдор), ки санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад, амали санадҳои қаблан қабулшудаи меъёрии ҳуқуқӣ қатъ намеёбад.
Дар мавриди дигар шудани номи мақоми давлатӣ ва ё азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттаҳид, ҳамроҳ кардан, табдил додан, ки дар натиҷа номи ин мақом тағйир меёбад, бояд ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои номи пешина дар қисмати дигар шудани номашон тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. То ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо амали санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки номи пешинаро доранд, пурра ба мақоме паҳн мегардад, ки номаш дигар шудааст.
Агар мақоми давлатӣ тақсим ё ҷудо шавад, дар қарори азнавташкилдиҳии он бояд тақсими аниқи салоҳият пешбинӣ шуда бошад, то он имконият диҳад муайян карда шавад, ки кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кадом ҳаҷм ба мақомоти навташкилёфтаи давлатӣ амал мекунад. Дар баробари ин мақоми давлатие, ки дар бораи тақсим ё алоҳида шудани ин мақом қарор қабул кардааст, вазифадор аст дар давоми се моҳ тамоми тағйиру иловаҳои заруриро ба санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ дохил намояд.
Моддаи 13. Тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Тартиби қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо роҳи раъйпурсӣ қабул мегарданд, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни конститутсионӣ муайян мекунанд.
Тартиби таҳия ва қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун муайян мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебарорад.
Тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дастури ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун муайян мекунанд.
Тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва низомномаҳои ин мақомот, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, муайян мекунанд.
Тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ ва мақоми худидоракунии шаҳраку деҳотро ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Моддаи 14. Амали бевоситаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Агар дар худи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади мавриди амал қарор додани онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бевосита амал мекунанд.
Барои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардаанд, ягон дастури иловагӣ талаб карда намешавад.
Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ таъкид шуда бошад, ки ягон меъёри ҳуқуқии он дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ татбиқ карда мешавад, пас ин меъёр мутобиқи санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ ва иловагӣ татбиқ карда мешавад. То қабул кардани санади меъёрии иловагӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои дахлдорро қаблан танзим мегардониданд, амал мекунанд.
БОБИ 2. НАМУДҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 15. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷрояи ва судӣ, шакли идоракунии давлати Тоҷикистонро муайян мекунад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳои бо роҳи раъйпурсӣ қабулгардида, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсия хилоф будани ин санадҳо ё қисми он онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва дар ин ҳолат меъёрҳои Конститутсия амал мекунанд ва татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 16. Қонуни бо роҳи раъйпурсӣ қабулгардида ва қонуни конститутсионӣ
Қонуни бо роҳи раъйпурсӣ қабулгардида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки аз ҷониби шаҳрвандон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардида, масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳуриро танзим мекунад.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё бекор кардани қонунҳое, ки бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидаанд, танҳо бо роҳи раъйпурсӣ сурат мегирад.
Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қабули он дар Конститутсия пешбинӣ шуда, мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул карда мешавад ва муносибатҳои махсусан муҳими ҷамъиятиро танзим менамояд.
Моддаи 17. Қонун
Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
Моддаи 18. Кодекс
Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаи дорои сатҳи баланди муайянияти мантиқӣ аст, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.
Моддаи 19. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки мутобиқи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо оиди масъалаҳои ба салоҳияташон гузошташуда қабул гардидаанд.
Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санадҳои меъёрӣ ҳисоб намешаванд.
Моддаи 20. Фармон ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад.
Санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон бароварда мешавад.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ намебошанд.
Моддаи 21. Қарор ва фармоиши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асос ва барои иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва фармоиш қабул мекунад.
Санади меъёрии ҳуқуқии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул карда мешавад.
Қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд ва фармоишҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ намебошанд.
Моддаи 22. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ дар асос ва барои иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
Вазорат ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ дар шакли қарор қабул мекунанд.
Аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ қабулгардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дигар номҳо (дастур, низомнома, оиннома, қоида ва ғайра) бо тасдиқи фармоиш ё қарор ба расмият дароварда мешавад. Барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ фармоиш, қарор ва амрҳои хусусияти меъёрӣ надошта қабул мекунанд.
Ҳангоми аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ қабул гардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ нишон дода мешавад, ки он барои иҷрои кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ (модда ё банди он) қабул карда мешавад.
Воҳидҳои сохтории вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, агар онҳо мақоми мустақил надошта бошанд, ҳуқуқи қабули санади меъёрии ҳуқуқиро надоранд.
Моддаи 23. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони онҳо
Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони онҳо дар асос ва барои иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунанд.
Ҳангоми аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони онҳо қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон дода мешавад, ки он барои иҷрои кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ (модда ё банди он) қабул карда мешавад.
Қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони онҳо, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санади меъёрӣ намебошанд.
Моддаи 24. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони онҳо
Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони онҳо дар асос ва барои иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони онҳо дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва раисони онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунанд.
Ҳангоми аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва раисони онҳо қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон дода мешавад, ки он барои иҷрои кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ (модда ё банди он) қабул карда мешавад.
Қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони онҳо, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санадҳои меъёрӣ намебошанд.
Моддаи 25. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳаллӣ дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад.
Мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунад.
Ҳангоми аз ҷониби мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон дода мешавад, ки он барои иҷрои кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ (модда ё банди он) қабул карда мешавад.
Қарорҳои мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санадҳои меъёрӣ намебошанд.
Моддаи 26. Дастур ва Низомнома
Дастур санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби фаъолияти ягон мақоми давлатӣ ва ё воҳиди сохтории онро танзим менамояд.
Низомнома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки ба таври дақиқ вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҳамчунин муносибати мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
Моддаи 27. Қоида, оиннома, дастурамал ва фармоиш
Қоида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби ташкили ин ва ё он намуди фаъолиятро дақиқ муайян менамояд.
Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқии ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро дақиқ муқаррар намуда, тартиби фаъолият ва муносибати мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва аъзои худ муайян менамояд.
Дастурамал санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби иҷрои самтҳои алоҳидаи фаъолиятро муқаррар менамояд.
Фармоиш санади меъёрии ҳуқуқиест, ки хусусияти функсионалии дохилисоҳавӣ дошта, аз тарафи роҳбари мақоми идораи давлатӣ дар доираи салоҳияташ дар соҳаи дахлдори идораи давлатӣ содир карда мешавад.
БОБИ 3. ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ ЛОИҲАИ ҚОНУНҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ, ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 28. Мақсади таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Таҳияи лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин сурат мегирад:
- ташкили низоми аз ҷиҳати илмӣ асосноки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини ошкорбаёнӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- таъмини ҳалли комплексӣ ва тадқиқотии вазифаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ;
- такмили корҳои ташкилӣ - тайёрии ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили илмии лоиҳаҳо, пешгӯии самараноки тадбирҳои нави ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими назорат ба мӯҳлати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 29. Таҳияи барномаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои қонунгузории худро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи барномаи лоиҳаи қонунҳоеро, ки ба баррасии мақоми қонунгузорӣ пешниҳод карданианд, инчунин барномаи таҳияи лоиҳаи фармонҳои Президентро тасдиқ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи барномаи лоиҳаи қонунҳоеро, ки ба баррасии мақоми қонунгузор пешниҳод карданӣ аст, инчунин таҳияи барномаи лоиҳаи қарорҳои ҳукуматро тасдиқ менамояд.
Вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ таҳияи барномаи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳияи онҳо ба ин вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ супорида шудааст ё санадҳое, ки онҳо бо ташаббуси худ таҳия карданианд, инчунин барномаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро таҳия ва тасдиқ мекунанд.
Моддаи 30. Мӯҳлати амали барномаҳо
Барномаҳои ҷории тайёр кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чун қоида, ба мӯҳлати як сол таҳия карда мешаванд.
Дар сурати зарурат барномаҳои дарозмӯҳлати тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мӯҳлати панҷ сол ва бештар аз он таҳия мегарданд, ки онҳо дар барномаҳои ҷории корҳои тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба эътибор гирифта, мушаххас гардонида мешаванд.
Моддаи 31. Сохти барномаҳо
Дар мавриди таҳияи барномаҳои мақсадноки комплексии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи онҳо таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ мегардад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи барномаҳои корҳои тайёр намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳодҳои мақомоти манфиатдор, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузор, муассисаҳои илмӣ, инчунин пешниҳодоти шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо ба инобат гирифта мешаванд.
Барномаҳои тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии берун аз барномаро, ки бо супориши мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузор ва ё бо ташаббуси худи мақоми таҳиякунандаи санад сурат мегирад, инкор намекунад.
БОБИ 4. ТЕХНИКАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ
Моддаи 32. Талаботи умумӣ нисбати техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд мутобиқати дохилӣ дошта ва аз рӯи мантиқ тартиб дода шуда, ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯ бошанд.
Ҳангоми навиштани матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аввал қоидаҳои умумӣ ва сипас қоидаҳои ҷузъӣ ҷо ба ҷо гузошта мешаванд.
Мафҳум ва истилоҳоти дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифодашаванда бояд фаҳмову ҳаммаъно бошанд.
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва қисмҳои таркибии он бояд возеҳу мухтасар ва фаҳмо бошанд, мазмуну моҳияти асосии онҳоро аниқ ифода намоянд.
Меъёрҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд мухтасар баён ёфта, бештар ба оҳанги тасдиқ ва дар замони ҳозира ифода шуда бошанд.
Тартиби эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли қоидаҳои хотимавӣ баён мешавад.
Моддаи 33. Нишонаҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ
Санади меъёрии ҳуқуқӣ дорои нишонаҳои зерин мебошад:
-намуди санад (қонун, қарор, фармон ва ғайра);
-мақоме, ки санадро қабул кардааст;
-сарлавҳа, ки мавзӯи танзими онро ифода мекунад;
-имзои шахсе (шахсоне), ки расман ваколатдори имзо намудани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад;
-ҷои қабули санад, сана ва рақами қайди он;
-мӯҳри мақоме, ки санадро қабул кардааст.
Моддаи 34. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ
Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, ки он дар сарлавҳа нишон дода шуда, аз мазмун ва мавзӯи танзими он бармеояд.
Моддаи 35. Қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ
Қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд аз муқаддима, фаслҳо, зерфаслҳо, бобҳо, параграфҳо, моддаҳо, қисмҳо, бандҳо, зербандҳо ва сархатҳо иборат бошанд.
Санади меъёрии ҳуқуқӣ метавонад муқаддима дошта бошад. Муқаддима қисме мебошад, ки дар он аз мақсади қабул кардан, мавзӯъ ва аз тарзи танзими ҳуқуқии он сухан меравад. Ба муқаддима дохил кардани амру дастурҳои меъёрӣ норавост.
Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ метавонад вобаста ба намуди он ба моддаҳо ё бандҳо тақсим шавад, ки онҳоро қисмҳо, фаслу бобҳо дар бар мегиранд. Қонунҳо, кодексҳо ба моддаҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба бандҳо тақсим мешаванд. Кодексҳо ба қисмҳо ҷудо шуда, бояд мундариҷа дошта бошанд. Баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии калонҳаҷм низ мундариҷа дошта метавонанд.
Моддаю бандҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии асосии санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, дорои қоидаҳои мукаммали меъёрианд. Моддаҳо бояд ном дошта бошанд, ки мазмуну моҳияти онҳоро ифода намоянд, ғайр аз моддаҳои қонунҳое, ки ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид менамоянд.
Моддаҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, дар охирашон нуқта гузошта мешавад. Номи модда аз паси рақам навишта мешавад.
Моддаҳои қонунҳо метавонанд ба қисмҳо тақсим карда шаванд. Дар навбати худ қисмҳо метавонанд ба бандҳо ё сархатҳо; бандҳо ба зербандҳо тақсим шаванд. Қисмҳо мумкин аст бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, сархатҳо бо аломати тире ва зербандҳо бо ҳарф ҷудо карда шаванд.
Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз бандҳо иборатанд. Бандҳо бо рақамҳои арабӣ ишора шуда, пас аз онҳо нуқта гузошта мешавад ва номгузорӣ карда намешаванд. Бандҳо метавонанд ба зербандҳо, дар навбати худ зербандҳо ба сархатҳо тақсим шаванд. Зербандҳо бо ҳарф ва сархатҳо бо аломати тире ҷудо карда мешаванд.
Бобҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, моддаҳои (бандҳои) ин санадро дар бар мегиранд. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, бояд ном дошта бошанд ва он бо ҳарфҳои калон навишта, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Бобҳои санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҳаҷмашон калон мебошанд, мумкин аст ба параграфҳо тақсим карда шаванд. Параграфҳо бо рақами арабӣ ишора гардида, бояд ном дошта бошанд ва ном пас аз рақам навишта мешавад.
Фаслҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, бобҳо ва параграфҳои ин санадро дар бар мегиранд. Фаслҳо бо рақамҳои римӣ ишора карда шуда, бояд ном дошта бошанд, ки онҳо бо ҳарфҳои калон навишта, дар маркази сатр ҷой дода мешаванд. Фаслҳо вобаста ба ҳаҷмашон мумкин аст ба зерфаслҳо тақсим карда шаванд. Зерфаслҳо бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, бояд ном дошта бошанд ва онҳо пас аз рақам бо ҳарфҳои калон дар маркази сатр навишта мешаванд.
Рақамгузории тамоми фаслу бобҳо, моддаю бандҳои (ғайр аз қисмҳои моддаҳо, параграфҳо ва зерфаслҳо) санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд пайдарҳам бошанд.
Рақамгузории қисмҳои таркибии сохторӣ бояд барои тамоми санади меъёрии ҳуқуқӣ якхела бошад.
Моддаи 36. Хусусиятҳои қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсия кардашуда
Санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсия кардашуда метавонад аз қисми умумӣ ва махсус иборат бошад.
Қисми умумии санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсия кардашуда бояд ин қоидаҳоро дар бар гирад:
-қоидаҳои асосӣ (принсипҳо, муайян кардани мафҳумҳо, институтҳои асосӣ);
-муқаррароти махсуси меъёрӣ (фарзияҳо, далелу бурҳон (преюдитсия);
-дигар қоидаҳои ибтидоии меъёрӣ, ки ба онҳо умумияти том ва субот хос буда, барои истифодаи (татбиқи) меъёрҳои қисми махсус заминаи ҳуқуқӣ мегузоранд.
Қисми махсуси санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсия кардашуда меъёрҳоеро доро буда метавонад, ки чунин ҷиҳатҳоро ифода намояд:
-намуд ва меъёри (қоидаи) рафтори имконпазир ва ҳатмӣ (ҳуқуқу ӯҳдадориҳои қонунӣ):
-намуд ва меъёри оқибати имконпазири вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ (масъулияти ҳуқуқӣ).
Моддаи 37. Эзоҳот ва замима
Дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолати зарурӣ барои аниқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона мумкин аст эзоҳот истифода бурда шавад.
Эзоҳот дар охири меъёр ё меъёрҳои ҷудогонае, ки нисбати онҳо эзоҳот дода мешавад, дар сархати алоҳида навишта, дар он аниқ қайд карда мешавад, ки эзоҳот мафҳуми меъёри кадом қисмҳои таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад.
Агар дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷадвал, сурат, харита, нақша, феҳрист оварда шаванд, пас онҳоро ҳамчун замима бояд нишон дод. Дар айни замон моддаҳои (бандҳои) дахлдори он бояд ба ин замимаҳо ишора намоянд.
Замимаҳои шарҳдиҳанда ва ё иловакунандаи мазмуни санади меъёрии ҳуқуқӣ аслан қисми таркибии он мебошанд, ки барои осон шудан дар варақҳои алоҳида омадааст. Дар ин ҳолат истинод ба замима тавассути истилоҳи "мутобиқи" сурат мегирад.
Замима бояд сарлавҳа ва рақами тартибӣ дошта бошад, ки алоқаи онро бо матни асосии санади меъёрии ҳуқуқӣ нишон медиҳад. Реквизитҳои номбурда дар гӯшаи болои тарафи рости замима навишта мешаванд.
Саҳифаҳои санад ва замимаҳои он бояд дорои рақамҳои пайдарҳам бошанд.
Моддаи 38. Забони санади меъёрии ҳуқуқӣ
Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ навишта шуда, ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо тарҷума мешавад.
Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд мухтасар, бо забони содда ва равону фаҳмое баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд ва зимни ин услуби расмии забони адабӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ риоя гардад.
Моддаи 39. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ
Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шавад.
Ҳамон як истилоҳи санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд як маъниро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад.
Агар истилоҳот ва мафҳумҳоеро, ки дар санади меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешаванд, аниқ кардан зарур бошад, дар санад моддае (банде)-ро меоваранд, ки дар он моҳияти ин истилоҳоту мафҳумҳо шарҳ дода мешавад.
Моддаи 40. Талабот ба сабку услуби санади меъёрии ҳуқуқӣ
Дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи чунин калимаву ибораҳо норавост:
-забони гуфтугӯи халқӣ ва ифодаҳои пуробуранг;
-мафҳумҳои (истилоҳоти) гуногуни ҳаммаъно;
-истифодаи калима ва истилоҳоти бегона дар сурати дар забони давлатӣ мавҷуд будани чунин калима ва истилоҳот;
-ибораҳои номуайян (муғлақ), мулоҳизот, хитобу даъватҳои умумӣ;
-калимаҳои мураккаби мухтасаршуда (аббревиатура);
-луғати ғайриқоидавӣ.
Моддаи 41. Мафҳумҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешаванд
Номи мақомоти (ташкилотҳои) давлатие, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зикр меёбанд, аниқ ва пурра мутобиқи номи расмиашон, ки дар оиннома ва низомномаҳояшон, дар қарори таъсис ёфтан, дар дигар санадҳо, ки номгузорӣ ва тағйири ном кардани онҳо пешбинӣ шудааст, навишта мешавад.
Мафҳумҳои умумӣ (калимаву ибораҳо), ки мақомоти (ташкилотҳои) давлатиро ифода менамоянд, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки ҳар кадом мақомоти (ташкилоти) давлатиро ин мафҳуми дахлдори умумӣ дар назар дошта бошад.
Агар дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ чандин бор зикр кардани мақоми (ташкилоти) давлатӣ ва ҳамчунин агар ин ё он мафҳуми бо чанд калима ифодашавандаро чандин карат такрор кардан зарур бошад, он гоҳ номи ин мақоми (ташкилоти) давлатӣ ё мафҳум дар низомномаи (муқаррароти) меъёрӣ, ки он бори аввал истифода шудааст, пурра зикр меёбад, зимни ин дар қавсайн ихтисораш (ифодаи шартиаш), ки дар муқаррароти минбаъда ишора мегардад, навишта мешавад.ҳамин қоида нисбати номи санади меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад, агар пурра зикр кардани номи он мақсаднок набошад.
Моддаи 42. Татбиқи истинод дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Истинод дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қисмҳои таркибии сохтории он ва ҳамчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба қисмҳои таркибии сохтори онҳо дар ҳолатҳое татбиқ карда мешавад, ки агар алоқаю робитаи ҳамдигарии амру дастурҳои меъёриро нишон додан ё худ такрори онҳоро пешгирӣ кардан зарур бошад.
ҳангоми истинод кардан ба санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии сохтори он) дар мавриди ба он ворид намудани тағйироту иловаҳо, тафсир, боздоштани амали он, бекор кардан ё аз эътибор соқит донистан ин талабҳо зикр карда мешаванд:
-меъёри аниқ (то сархат), ки ба он истинод мекунанд (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи сохтории санади меъёрии ҳуқуқӣ);
-намуди санад;
-таърихи қабул шудани санад;
-рақами қайд (ғайр аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
-номи санад;
-манбаи нашри расмӣ, аз ҷумла тағйиру иловаҳое, ки ба ин қисми таркибии сохтор ва ё ба ин масъала дахл доранд.
Дар ҳолати истинод ба санади тасдиқгардида дар мавридҳои пешбининамудаи сархати аввали қисми дуюми ҳамин модда талаботи зайл зикр карда мешавад:
-меъёри аниқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод ба қисми таркибии алоҳидаи сохтории санади тасдиқшуда);
-намуд ва номи санади тасдиқшуда;
-намуд, таърихи қабул ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо он ин санад тасдиқ карда шудааст;

Ҳангоми бори аввал истинод кардан ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ба санади тасдиқшуда (қисми таркибии сохтори онҳо), ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои дуюм, сеюм ва панҷуми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, маълумотҳое, ки мувофиқан дар сархатҳои дуюм - шашуми қисми дуюм ва сархатҳои дуюм - чоруми қисми сеюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд ва ҳамчунин манбаи нашри расмии таҳрири якуми санад зикр карда мешаванд.
Дар мавриди истинод намудан ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар сархати якуми қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, инҳо зикр карда мешаванд:
- меъёри аниқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (дар сурати татбиқи истинод (ишора) ба қисми таркибии алоҳидаи сохтор);
- ном.
Дар ҳолати чандин бор (ғайр аз истиноди аввал) истинод кардан ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо номи он зикр меёбад. Агар ба санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ чандин бор истинод карда шавад, намуд, таърихи қабул ва рақами қайд зикр карда мешавад. Дар сурати якчанд бор истинод кардан ба санади тасдиқшуда намуд ва номи он, ҳамчунин таърихи қабул шудан ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо он ҳамин санад тасдиқ гардидааст, зикр карда мешавад.
Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё худ ба қисми таркибии сохтори он дар ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо истифодаи калимаҳои "мазкур", "ҳамин" истинод карда мешавад.
Моддаи 43. Техникаи ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид кардани тағйиру иловаҳо
Агар тағйиру иловаҳое, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда мешаванд, аз нисфи матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ( аз қисми таркибии он) зиёд бошанд ва ё онро душворфаҳм гардонанд, пас ин тағйиру иловаҳо ҳамчун таҳрири нави санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) тартиб дода мешаванд.
Агар тағйири меъёрҳоро дар таҳрири нав пурра баён кардан зарур набошад, матни онҳо бо роҳи хориҷ, илова ва иваз намудани баъзе калима, ибора, ҷумла, рақамҳо ислоҳ карда мешавад.
Дар сурати аз қонунҳои конститутсионӣ, кодекс, қонунҳо хориҷ намудани фасл, боб, модда ва аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фасл, боб, банд, рақами тартибии онҳо мутаносибан тағйир дода намешавад. Агар қисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии ҳуқуқӣ хориҷ карда шавад, дар ин сурат қисмҳои боқимондаи таркибии модда ва ё банд ба тартиб оварда мешаванд.
Дар сурати ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ илова намудани фасл, боб, модда ва ё банд ба онҳо рақамҳои тартибӣ, фасл, боб, модда ва банди пешинаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузошта, дар тарафи рости қисми болои ин рақамҳо бо рақамҳои арабӣ аз воҳиди як сар карда рақамгузорӣ карда мешавад.
Агар ба қисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии нав илова карда шавад, қисмҳои боқимондаи таркибии модда ва ё банд ба тартиб оварда мешаванд.
Даровардани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми онро қабулкардаи ҳуқуқэҷодкунанда (шахси мансабдор) бо роҳи қабул намудани ҳамон намуд санади меъёрии ҳуқуқие, ки ин тағйиру иловаҳо ба он ворид карда мешаванд, ба амал бароварда мешавад.
Тағйиру иловаҳоро ба санади тасдиқшуда мақоми ҳуқуқэҷодкунанда (шахси мансабдор), ки онро тасдиқ намудааст, бо роҳи қабул кардани ҳамон намуд санади меъёрии ҳуқуқие, ки ин санад бо чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, ворид менамояд.
БОБИ 5. ТАҲИЯ ВА БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ЛОИҲАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 44. Таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи мақоми ҳуқуқэҷодкунанда ё бо супориши он аз ҷониби мақомот, муассисаҳо ва ташкилотҳои ба он тобеъ ё бо ташаббуси худи онҳо таҳия карда мешавад.
Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад дар асоси шартнома бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, олимони ҷудогона ё коллективҳои онҳо таҳияи ибтидоии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба онҳо супорад.
Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад таҳияи алтернативии лоиҳаҳоро ба якчанд мақомот, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсон супорад ё бо онҳо шартнома бандад, ҳамчунон барои лоиҳаи беҳтарин озмун эълон намояд.
Моддаи 45. Ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бевосита ба манфиатҳои шаҳрвандон дахл доранд, инчунин лоиҳаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим бо қарори мақоми ҳуқуқэҷодкунанда мумкин аст дар воситаи ахбори омма барои муҳокимаи умумихалқӣ интишор гарданд. Пешниҳоду эродҳои воридшуда мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда ва ҳангоми такмили лоиҳа кадоме аз онҳо агар қобили қабул бошад, ба эътибор гирифта мешаванд.
Лоиҳаи қонунҳоро мақоми қонунгузор бо қарори худ ва ба тартиби муқарраргардида метавонад ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 46. Тарзи мукаммал ва мушаххас намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ
Агар барои мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ қабули дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур бошад, дар лоиҳаи асосӣ ё дар лоиҳаи санади оиди мавриди амал қарор додани он ба мақомоти дахлдор дар мӯҳлати муқарраркардаи мақоми ҳуқуқэҷодкунанда ба таҳия ва қабули чунин санад супориш дода мешавад.
Моддаи 47. Ҷалб намудани мақомоти давлатӣ дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Барои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои идораи давлатӣ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, ки ба ҳолат ва рушди ин соҳаҳо масъуланд, ҷалб карда мешаванд.
Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пеш аз ба мақоми ҳуқуқэҷодкунанда ирсол намудан бо мақомоту муассисаҳои манфиатдор мувофиқа карда мешавад.
Моддаи 48. Ирсоли лоиҳа ба мақоми ҳуқуқэҷодкунанда
Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақоми ҳуқуқэҷодкунанда бо пешниҳодоте, ки дар он зарурати қабули санад, шарҳи мухтасари мазмуни он, номгӯи мақомот ва ташкилоте, ки дар таҳияи лоиҳа иштирок кардаанд ва бо онҳо мувофиқа гардидааст, ирсол карда мешавад.
Ба лоиҳа дар сурати зарурат, хароҷоти молиявию иқтисодӣ, маълумоти оморӣ, дурнамои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар оқибати имконпазири санади қабулшаванда, инчунин дигар маълумоте, ки барои муқаррароти лоиҳа зарур аст, замима мегардад.
Моддаи 49. Экспертизаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо қарори мақоми ҳуқуқэҷодкунанда мавриди экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ, молиявию иқтисодӣ ва ё махсуси илмӣ қарор гирифта метавонад.
Ба сифати эксперт ташкилот ва шахсоне ҷалб карда мешаванд, ки дар таҳияи ҳамин лоиҳа бевосита иштирок накардаанд.
Дар баҳо додан ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ экспертҳо мустақил буда, ба мавқеи мақоми ҳуқуқэҷодкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо супориши он экспертиза гузаронида мешавад, вобаста нестанд.
Дар гузаронидани экспертизаи мустақили илмӣ олимони варзида ва мутахассисон аз дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ метавонанд даъват шаванд. Дар асоси мувофиқа мумкин аст лоиҳа барои экспертиза ба созмонҳои байналмилалӣ ирсол карда шавад.
Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои конститутсионии шаҳрвандон, вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, буҷети давлатӣ, низоми андоз, бехатарии экологӣ, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо, чун қоида, аз экспертизаи ҳуқуқӣ ва махсуси илмӣ (вобаста ба соҳаи лоиҳа) гузаронида мешавад.
Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба баррасии мақоми қонунгузор пешниҳод гардидааст ва ба экспертизаи мустақилонаи илмӣ дода шудааст, дар ҷаласаи мақоми қонунгузор дар мавриди мавҷуд будани хулосаи экспертиза баррасӣ мегардад.
Моддаи 50. Талабот нисбати муқаррар кардани чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ
Дар санади меъёрии ҳуқуқие, ки ӯҳдадории мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, идораҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон муқаррар мегардад, чораҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани он пешбинӣ карда мешаванд, агар чунин чораҳо дар қонунҳои амалкунанда вуҷуд надошта бошанд.
Моддаи 51. Истифодаи муқаррароти ҷудогона
Дар мавридҳои зарурӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррароти ҷудогона аз санади меъёрии ҳуқуқии дорои эътибори баланди ҳуқуқӣ бо истинод ба он санад оварда мешавад.
Моддаи 52. Тартиби тағйир ва аз эътибор соқит донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Бинобар қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ санад ё қисми он (фасл, боб, модда, банд ва ғайра), агар он ба меъёрҳои ба санади нав дохилшуда мухолиф ё худ ба воситаи онҳо бекор шуда бошад, бояд аз эътибор соқит дониста шавад.
Бинобар қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав санади меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулгардида, агар он қисман ба меъёрҳои ба санади нав дохилшуда мухолиф бошад, бояд тағйир ва такмил дода шавад. Матни чунин тағйиру иловаҳо дар шакли таҳрири нави моддаҳои (бандҳои) дахлдор, қисмҳои онҳо, ҳамчунон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин моддаҳо (бандҳо) ва қисмҳои онҳо ифода карда мешавад.
Номгӯи санадҳо ва қисмҳои онҳо, ки аз эътибор соқит дониста мешаванд, ё бинобар қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид мегарданд, дар муқаррароти хотимавии ҳамин санад ва ё дар санади оид ба тартиби мавриди амал қарор додани он нишон дода мешаванд.
Бинобар қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ агар шумораи зиёди санадҳо ё қисмҳои онҳо бояд аз эътибор соқит дониста шаванд ва ё ба онҳо тағйиру иловаҳои зиёд ворид карда шаванд, номгӯи онҳо дар санади алоҳида навишта, якҷоя бо санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ пешниҳод карда мешавад.
Баъди қабули санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ таҳияи лоиҳаи номгӯи санадҳо, ки бояд аз эътибор соқит дониста шаванд, тағйиру такмил ёбанд, ба таври истисно дар мавридҳое, ки таҳияи онҳо мӯҳлати тӯлониро талаб мекунад, иҷозат дода мешавад. Дар ин маврид супориш дар бораи таҳияи лоиҳаи номгӯи дахлдор тайёр карда мешавад, ки дар он мақомоту ташкилоте, ки аз ҷониби онҳо лоиҳаи ин номгӯй таҳия карда мешавад ва мӯҳлати пешниҳоди онҳо ба мақоми ҳуқуқэҷодкунанда нишон дода мешавад.
БОБИ 6. ИНТИШОРИ ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 53. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар нашрияҳои расмии кушода интишор карда мешаванд (ғайр аз санаде, ки сирри давлатӣ ё дигар сирреро, ки қонун ҳифз менамояд, дар бар мегирад) ва дар сурати интишор гардидани онҳо дар ин нашрияҳо эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд дахлдошта, агар барои маълумоти умум ба таври расмӣ интишор наёфта бошанд, татбиқ карда намешаванд.
Муассисаҳои нашриётӣ, нашриётҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, шахсони алоҳида ҳуқуқ надоранд то нашри расмии санади меъёрии ҳуқуқии қабулшуда онҳоро нашр намоянд.
Ҳангоми интишори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар воситаҳои ахбори омма истинод ба манбаи расмии нашр ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 54. Тартиби интишори расмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз имзо шуданашон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ на дертар аз понздаҳ рӯз дар рӯзномаи "Ҷумҳурият", инчунин дар "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор карда мешаванд.
Дар "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо забони давлатӣ ва бо забони муоширати байни миллатҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешаванд, ба забони давлатӣ ба табъ расидани қонунҳо интишори расмӣ ба шумор меравад.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз интишори расмиашон дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" ё "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ё "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" эътибор пайдо мекунанд.
Қонунҳое, ки дар "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор мегарданд, дар моддаҳои дорои рақами дахлдори тартибӣ ҷой мегиранд. Замимаҳои қонунҳо низ дар худи ҳамон моддаҳо ҷой дода мешаванд.
Моддаи 55. Тартиби интишори расмии дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи "Садои мардум", "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор карда мешаванд.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи зарурат дигар санадҳои онҳо дар рӯзномаи "Садои мардум" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор карда мешаванд.
Қарорҳо ва хулосаҳои Суди конститутсионӣ дар "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор карда мешаванд.
Тартиби интишори расмии санадҳои Президент, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Тартиби интишори расмии санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 56. Интишори санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқи қисми 4 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар нашрияҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият", "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун нашр мешаванд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аммо на ба забони давлатӣ баста (имзо) шудаанд, баъди тасдиқ шудани матни расмии тарҷумаашон ба забони давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба забони асл ва давлатӣ нашр карда мешаванд.
Моддаи 57. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мақоми нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳар моҳ як маротиба бо забонҳои давлатӣ ва муоширати байни миллатҳо чоп мешавад.
"Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар намуди шумораҳои алоҳида дар ҳаҷми бемаҳдуд (дар мавридҳои алоҳида дар чанд қисм) чоп мешавад ва аз се фасл иборат аст.
Дар фасли аввал қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қабули қонунҳо ва ворид намудани тағйиру иловаҳои ба қонунҳои эътиборпайдокардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, ҷой дода мешаванд.
Дар фасли дуюм санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои тафсирии расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд.
Дар фасли сеюм санадҳои фардии ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маводи иттилоотӣ чоп карда мешаванд.
Интишори расмӣ дар "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тавассути нусхабардории матни пурра ва аниқи санади меъёрии ҳуқуқии нашршаванда бо тартиби хронологӣ бо тамоми реквизитҳои он, ки моддаи 33 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, сурат мегирад. Инчунин замимаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чоп карда мешаванд.
Интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли нопурра ё иқтибос аз онҳо мумкин нест.
Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷой дода ва нашр шудаанд, чун асоси маҷмӯи хронологии қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд.
Моддаи 58. Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" нашрияи расмӣ буда, бо забонҳои давлатӣ ва муоширати байни миллатҳо дар варақҳои ивазшаванда бо мақсади нав кардани маводи он ба қадри вусъатёбию такомули минбаъдаи қонунгузорӣ нашр карда мешавад.
Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷойдодашуда бо тағйироту иловаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии минбаъда дохил кардаанд, дарҷ мегарданд ва аз рӯи мавзӯъ ҷой дода мешаванд.
"Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз фаслҳо, фаслҳо аз бобҳо иборат буда, бобҳо вобаста ба ҳаҷм ва хусусияти мавод ба параграфҳо, бандҳо ва зербандҳо тақсим мешаванд.
Иқтибосҳое, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" дохил кардашуда гирифта шудаанд, дар фаслҳои дигари "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷой дода намешаванд. Дар мавридҳои зарурӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар дигар фаслҳои "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷой дода шудаанд, истинод мешаванд.
Дар фаслҳо, бобҳо ва дигар қисмҳои таркибии "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, одатан, бо тартибе ҷой дода мешаванд, ки он пайдарпаии мавзӯъро таъмин менамояд.
Барои таъмини истифодаи дурусти мавод дар "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" номгӯи санадҳои дохилкардашуда ба таври хронологӣ ҷой дода мешавад.
Моддаи 59. Рӯзи интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Рӯзи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ рӯзи аз чоп баромадани матни пурраи расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ дар нашрияи расмӣ ҳисобида мешавад.
Интишори расмии матни нопурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар нашрияҳои расмӣ мумкин нест.
Моддаи 60. Интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав
Санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар он тағйиру иловаҳои зиёд ворид карда шудаанд, бо қарори мақоми ҳуқуқэҷодкунанда, ки ин санадро қабул кардааст, метавонад матни пурраи онро дар таҳрири нав бо назардошти тағйиру иловаҳо дар нашрияҳои расмӣ интишор намояд.
Моддаи 61. Шартҳои амалӣ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Баъд аз қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мавриди амал қарор додани онҳо бояд тарзи дуруст амалӣ гардонида шуданашон бо риояи талаботи зерин ба роҳ монда шавад:
-сари вақт ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани мазмуну моҳияти санадҳои қабулшуда;
-расман тафсир кардани санадҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ки ин санадҳоро қабул кардаанд ва шарҳу эзоҳ додани мазмуни санадҳо, нашри тафсирот, васоити амалӣ;
-таъмини молиявӣ, моддиву техникӣ, ҳуқуқӣ ва ташкили техникии амалисозии санадҳо;
-таъмини риояи мӯҳлати амалисозии санадҳо.
Моддаи 62. Вазифаҳои мақомот ва шахсони мансабдор оиди иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Мақомот ва шахсони мансабдор, ки барои иҷрои санади меъёрии ҳуқуқӣ масъуланд, вазифадоранд:
-иҷрокунандагонро бо санад шинос кунанд (дар ҳолатҳои зарурӣ имзояшонро гиранд);
-дар сурати зарурат ба иҷрокунандагон нусха ё иқтибос аз санадро диҳанд, санадро дар ҷойҳои намоён овезанд, дигар роҳҳои расонидани санадро ба маълумоти мақомот, ташкилот ва шахсон, ки амали он ба онҳо дахл дорад, таъмин намоянд.
Моддаи 63. Шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Ҳар шаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, ҳуқуқ дорад бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шавад.
Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандонро оиди ба даст овардани иттилоот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин намоянд.
БОБИ 7. АМАЛИ ҚОНУНҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ, ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР ВАҚТ, МАКОН ВА НИСБАТИ ШАХСОН
Моддаи 64. Тартиби мавриди амал қарор гирифтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд, агар дар худи ин санадҳо мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
Тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои Президент, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллӣ ва мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳотро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи меъёрҳои ҳамин Қонун муқаррар менамояд.
Тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро бо назардошти талаботи меъёрҳои ҳамин Қонун ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 65. Қувваи бозгашти санади меъёрии ҳуқуқӣ
Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст қувваи бозгашт дода шавад. Қарор дар бораи додани қувваи бозгашт дар худи санад ё дар санади мавриди амал қарор додани он пешбинӣ мегардад.
Агар санад ҷорӣ намудан ё вазнин кардани ҷавобгарии ҳуқуқиро пешбинӣ намояд, инчунин андозҳои навро муқаррар кунад ё шароити андозсупорандагонро вазнин намояд, ба он додани қувваи бозгашт манъ аст ва он на камтар аз як моҳи пас аз интишор шуданаш эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 66. Мӯҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
Санади меъёрии ҳуқуқӣ амали бемӯҳлат дорад, агар дар худи санад ё санади мавриди амал қарор додани он тартиби дигар нишон дода нашуда бошад.
Мӯҳлати муваққатии амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст ба тамоми санад ё қисмҳои алоҳидаи он муқаррар гардад. Дар ин ҳолат дар санад мӯҳлати амали он (қисми дахлдори он) нишон дода мешавад. Бо гузаштани мӯҳлати муқарраргардида ин санад (қисми он) аз эътибор соқит мегардад.
То ба охир расидани мӯҳлати амали санади муваққатӣ (қисми он) мақоме, ки санадро қабул намудааст, метавонад амали онро ба мӯҳлати нав дароз намояд ё оид ба амали бемӯҳлати он қарор қабул намояд.
Моддаи 67. Қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми он) дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
-ба охир расидани мӯҳлати амали санад (қисми санад);
-қабул шудани санади меъёрии ҳуқуқии нав, ки муқаррароти санади (қисми он) пеш аз он қабулгардида мухолифи он бошад ё онро (қисми онро) дар бар мегирад;
-бо тартиби муқарраргардида бастани шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаррароти санади (қисми он) қабулгардида мухолифи он мебошад;
-бо тартиби муқаррарнамуда ғайриконститутсионӣ донистани санад (қисми он);
-аз эътибор соқит донистани санад (қисми он) ё боздошти амали санад (қисми он) аз ҷониби мақоме, ки санади мазкурро қабул намудааст ё дигар мақоми барои ин амал ваколатдор.
Моддаи 68. ҳудуди амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, агар дар худи санад ё дар санади оиди мавриди амал қарор додани он тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи ҳокимияти маҳаллӣ ва мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди ба онҳо дахлдошта амал мекунанд.
Моддаи 69. Амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нисбати шахс
Амали қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президент ва қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави он ва берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта (ба истиснои онҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муқаррар кардаанд) паҳн мегардад.
Мувофиқи шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва баъзе дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати намояндаҳои дипломатӣ ва баъзе дигар кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 70. Тафтиши амалӣ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (шахсони мансабдор) ва дигар мақомоти (шахсони) салоҳиятдори махсус дар асоси назорат ва тафтишот амалӣ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳо, сифат ва амали самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян мекунанд.
Агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нуқсон (камбудӣ), ихтилофот бо санади қувваи баланди ҳуқуқидошта ва ҳамчунин ихтилофоти дохилӣ ё худ дигар хел камбудиҳо ошкор карда шаванд, мақоми ҳуқуқэҷодкунанда (шахси мансабдор) вазифадор аст, ки онҳоро бартараф намояд, мақоми (шахси) дигари салоҳияти махсусдошта бояд ба мақомоти салоҳиятдор (шахси мансабдор) доир ба тағйиру иловаҳо ва қатъи амали санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ таклифҳо пешниҳод намояд.
БОБИ 8. ТАФСИРИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 71. Зарурат ва шакли тафсири санади меъёрии ҳуқуқӣ
Дар сурати ноаниқӣ ва гуногунфаҳмии санади меъёрии ҳуқуқӣ, амалияи ихтилофноки истифодаи он мақоми (шахси мансабдори) санади дахлдорро қабулнамуда тафсири зарурии онро дар санади расмии махсус медиҳад.
Санади тафсирӣ метавонад аз тарафи дигар мақомот низ қабул шавад, ки он мувофиқи конунҳои амалкунанда барои тафсири ин ё он намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор карда шудааст.
Моддаи 72. Тартиби тафсири санади меъёрии ҳуқуқӣ
Дар мавриди тафсири санади меъёрии ҳуқуқӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он мумкин нест.
Маънои санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар мавриди тафсир пурра мутобиқи қонун фаҳмонида ва аниқ карда мешавад.
БОБИ 9. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ ИХТИЛОФОТИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 73. Мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат кунанд ва онҳо бояд аз ҷониби субъекти салоҳияти ҳуқуқэҷодкунанда дошта дар доираи ваколати дар қонун муайяншуда бо риояи қоидаҳои таҳия ва қабули ин санадҳо қабул гарданд.
Моддаи 74. Тартиби таъмини қонунӣ будани санади меъёрии ҳуқуқӣ
Қонунӣ будани санади меъёрии ҳуқуқӣ бо чунин тартиб таъмин карда мешавад:
-бо тартиби муқарраргардида ғайриконститутсионӣ ҳисобидани санад;
-бо тартиби тобеиятӣ шикоят намудан аз рӯи санад;
-даъво ва ариза ба суд;
-боздоштани амали санад;
-овардани эътироз нисбати санади қабулгардида;
-аз эътибор соқит донистани санад;
-ба санад ворид намудани тағйиру иловаҳо;
-бақайдгирии давлатии санади умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ.
Моддаи 75. Тартиби ҳалли ихтилофот байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Тартиби ҳалли ихтилофоти байни қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро қонун муайян мекунад.
Дар сурати ба меъёрҳои қонунҳо ихтилофот доштани меъёрҳои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ, мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот меъёрҳои қонунҳо амал мекунанд.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қонунҳо ихтилофот доранд ё оид ба масъалаҳое қабул гардидаанд, ки онҳо ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор тааллуқ доранд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Моддаи 76. Бартараф кардани нуқсони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Дар ҳолати пайдо кардани нуқсони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (шахсони мансабдоре), ки ин санадҳоро қабул кардаанд, вазифадоранд ба онҳо тағйиру иловаҳои дахлдоре ворид намоянд, ки нуқсонро бартараф созанд.
То ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор нуқсонҳо бо роҳи истифодаи институтҳои қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ бартараф карда мешаванд.
Татбиқи институтҳои қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ дар мавриди ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан манъ аст.
БОБИ 10. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА БАҚАЙДГИРИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 77. Баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, санадҳои ҳокимияти маҳаллӣ, мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ фиристода мешаванд.
Моддаи 78. Санҷиш ва бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ, мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад. Чунин санадҳо баъд аз санҷишу бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд.
Дар мавриди аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад шудани бақайдгирии санад вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ, мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки санади мазкурро қабул кардаанд, метавонанд ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд.
Моддаи 79. Муайян кардани тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 80. Дар бораи беэътибор донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо сабаби қабули Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1998, №23-24, моддаи 320; с. 1999, №12, моддаи 346) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби интишори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1999 №12 моддаи 340; с.2002, №4 қ. 1 моддаи 206) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 81. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
8 декабри соли 2003 № 54