Тартиби Хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72

Санаи амалкуни: 04.03.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 феврали соли 2001 № 72

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 № 105, аз 02.03.2013 № 105)

1. Дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси мансабдоре хизмат расонида мешавад, ки Номгӯи онҳоро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

2. Хизматрасонӣ бақайдгирии билети тайёра, бағоҷи шахсӣ ва бори дастӣ, инчунин дигар хизматрасониҳои пулакӣ дар толор ва назорати гумрукиро дар бар мегирад.

3. Ворид шудани ашхоси дар Номгӯй зикргардида ва ашхоси пешвозгирандаю гуселкунанда ба толори ҳайатҳои расмӣ, даромадани нақлиёти автомобилӣ ба қаламрави ҳамҳудуди он танҳо бо нишон додани шаҳодатномаи шахсӣ ва рухсатномам махсус, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, сурат мегирад.

4. Ҳифзи бинои толори ҳайатҳои расмӣ ва қаламрави ҳамҳудуди он ба ӯҳдаи хадамоти дахлдори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 105).

5. Барои пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмӣ хадамоти истеҳсолию тиҷоратии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" даромадан ва баромадани ҳайатҳоро дар асоси дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 105).

6. Пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмӣ аз ҷониби вазорату идораҳо тавассути толори ҳайатҳои расмии фурудгоҳи Душанбе бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

7. Ҳангоми пешвоз ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавӣ ба ҳудуди фурудгоҳ танҳо ба автомашинаҳои ашхоси расмии дар Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 733 "Дар бораи тасдиқи Муқаррароти асосии амалияи ягонаи протоколӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)" тасдиқ гардидааст ва ба хизматчиёни муҳофиз иҷозат дода мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 105

тасдиқ шудааст

НОМГӯИ мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 105).

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.

Мушовирони давлатӣ, мудири Котибот, котиби матбуот, мушовирони калон ва мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳбари Дастгоҳ, муовинони ӯ, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳбари Дасттоҳ, муовинони ӯ, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сардорони идораҳо, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафирон, намояндагони ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки мутобиқан аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд, бо аъзои оилаашон.

Сафирон ва мушовирон-фиристодагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва аъзои оилаи онҳо дар асоси принсипи мутақобила, намояндаи Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Сарвари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Сарвари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон.

Вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони онҳо, раисони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони (директорони) саридораҳо, идораҳо, агентиҳо ва марказҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ширкатҳо, ассотсиатсияю корпоратсияҳо ва иттиҳодияҳои давлатӣ ва муовинони онҳо, сардори идораи протоколи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, раиси шаҳри Душанбе ва муовинони онҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

Президент ва ноибони Президенти Академияи илмҳом Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайатҳои ҳукуматӣ, меҳмонони Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси онҳоро мушоиаткунанда (бо дархости Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суда Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дигар шахсони мансабдоре, ки мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд (бо пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор).

Эзоҳ:

1. Барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмӣ (ба истиснои Рӯйхати мансабдороне, ки аз онҳо барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ситонида намешавад) маблағе ситонида мешавад, ки андозаи онро, бо дарназардошти хароҷоти воқеӣ барои нигоҳдории толор ва хизматҳои расонидашуда, ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Ба аъзои оилаҳои шахсони дар Номгӯи мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад, дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳо танҳо дар сурати якҷоя бо мансабдорони зикршуда парвоз карданашон хизмат расонида мешавад. Ин қоида ба аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, инчунин Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл надорад ва ба онҳо дар ҳар ҳолат дар толорҳои ҳайатҳои расмӣ бидуна пардохти маблағ хизмат расонида мешавад.

Ба таври ройгон воридшавии воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваққуфгоҳи муваққатии назди толори ҳайатҳои расмии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" бо усули мутақобила иҷозат дода мешавад.

2. Ворид шудан ба перрон ба автомашинаҳои Президент, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

3. Ба толор ва ҳудуди толори ҳайатҳои расмӣ ворид шудани гуселкунандагон ва пешвозгирандагоне, ки рухсатномаи махсус надоранд, манъ аст.

4. Ворид шудани муҳофизони шахсони мансабдор ба толори ҳайатҳои расмӣ ва ба ҳудуди он тибқи пешниҳод намудани шаҳодатномаи шахсияти корманди Раёсати муҳофизони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

5. Ба перрон ва ба ҳудуди майдони нишасти фурудгоҳҳо баромадани шахсони ҳамроҳикунанда ва муҳофизони шахсони мансабдор, ба истиснои муҳофизони шахсии Президент, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъиян манъ аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 105).

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 апрели соли 2001, № 72

тасдиқ шудааст

РӯЙXАТИ мансабдороне, ки аз онҳо барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ситонида намешавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 № 105).

Сафирони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаи онҳо дар асоси принсипи мутақобила, инчунин сафирон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ. Татбиқи принсипи мутақобилаи хизматрасонӣ ба сафирони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаи онҳо дар асоси дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисхон амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 105)

Мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайатҳои ҳукуматӣ, меҳмонони Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони онҳоро ҳамроҳикунанда (бо дархости Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 105)

Дигар шахсони мансабдоре, ки мутобиқи қарорҳои (супоришоти) Президент, Ҳукумат, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд (ҳангоми пешниҳоди ин қарорҳо, супоришот ва шаҳодатномаҳои дахлдор)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 феврали соли 2001 № 72

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси мансабдоре хизмат расонида мешавад, ки Номгӯи онҳоро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

2. Хизматрасонӣ бақайдгирии билети тайёра, бағоҷи шахсӣ ва бори дастӣ, инчунин дигар хизматрасониҳои пулакӣ дар толор ва назорати гумрукиро дар бар мегирад.

3. Ворид шудани ашхоси дар Номгӯй зикргардида ва ашхоси пешвозгирандаю гуселкунанда ба толори ҳайатҳои расмӣ, даромадани нақлиёти автомобилӣ ба қаламрави ҳамҳудуди он танҳо бо нишон додани шаҳодатномаи шахсӣ ва рухсатномам махсус, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, сурат мегирад.

4. Ҳифзи бинои толори ҳайатҳои расмӣ ва қаламрави ҳамҳудуди он ба ӯҳдаи хадамоти дахлдори Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон за Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

5. Бароп пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмӣ хадамоти истеҳсолию тиҷоратии Ширкати давлатии ҳавоии ,Тоҷикистон,-и Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадан ва баромадани ҳайатҳоро дар асоси дархостн Вазоратп корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

6. Пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмӣ аз ҷониби вазорату идораҳо тавассути толори ҳайатҳои расмии фурудгоҳи Душанбе бо мувофиқаи Вазорат корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

7. Ҳангоми пешвоз ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикнстон за Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавӣ ба ҳудуди фурудгоҳ танҳо ба автомашинаҳои ашхоси расмии дар Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни солп 1997 № 733 "Дар бораи тасдиқи Муқаррароти асосии амалияи ягонаи протоколӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)" тасдиқ гардидааст ва ба хизматчиёни муҳофиз иҷозат дода мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 феврали соли 2001 № 72

тасдиқ шудааст

Н О М Г ӯ И мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муовинони ӯ, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ. вакилони халқи Маҷлисн намояндагонн Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Мушовирони давлатӣ, мудири котибот, котиби матбуот, мушовиронн калон ва мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбари дастгоҳ, муовинони ӯ, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбари дастгоҳ, муовинони ӯ, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардорони идораҳо, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафирон, намояндагони ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки мутобиқан аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд

Сафирон ва мушовирон-сафирони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, намояндаи Котиби Генералии СММ дар Тоҷикистон ва Директори Бюрои СММ оид ба ҳамкорӣ ва эъмори сулҳ дар Тоҷикистон, Сарвари намояндагии " Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Сарвари Миссияи ОБСЕ дар Тоҷикистон

Вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони онҳо, раисони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони онҳо, сардорони (директорони) саридораҳо, идораҳо, агентиҳо ва марказҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони консернҳо, ширкатҳо, ассотсиатсияю корпоратсияҳо ва иттиҳодияҳои давлатӣ ва муовинони онҳо, сардори идораи протоколи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раисонн вилоятҳо, Раиси шаҳри Душанбе ва муовинони онҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Президент ва ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармондеҳи гурӯҳи кӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, командири дивизияи 201-УМИ тирандозии Федератсияи Россия ва муовинони ӯ

Ҳайатҳои ҳукуматӣ, меҳмонони Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси онҳоро мушоиаткунанда (бо дархости Роҳбарони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Раисони Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Дигар шахсони мансабдоре, ки мутобиқи қарорҳои (супоришоти) Президент, Ҳукумат, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд (ҳангоми пешниҳоди ин қарорҳо, супоришот ва шаҳодатномаҳои дахлдор)

Эзоҳ:

1. Барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмӣ (ба истиснои Рӯйхати мансабдороне, ки аз онҳо барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ситонида намешавад) маблағе ситонида мешавад, ки андозаи онро бо дарназардошти хароҷоти воқеӣ барои нигоҳдории толор ва хизматҳои расонидашуда Ширкати давлатии ҳавоии ,Тоҷикистон,-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Ба аъзои оилаҳои шахсони дар Номгӯи мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад зикршуда дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳо танҳо дар сурати якҷоя бо мансабдорони зикршуда парвоз карданашон хизмат расонида мешавад. Ин қоида ба аъзои оплаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, Сарвазири Ҷумҷурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, инчунин Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл надорад ва ба онҳо дар ҳар ҳолат дар толорҳои ҳайатҳои расмӣ бидуни пардохти маблағ хизмат расонида мешавад.

2. Ворид шудан ба толор ва даромадани мошинҳо ба майдончаи толори ҳайатҳои расмӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани рухсатномаи махсус иҷозат дода мешавад.

Ворид шудан ба перрон ва автомошинаҳои Президент, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

3. Ба толор ва ҳудуди толори ҳайатҳои расмӣ ворид шудани гуселкунандагон ва пешвозгирандагоне, ки рухсатномаи махсус надоранд, манъаст.

4. Ворид шудан ба толори ҳайатҳои расмӣ ва ба ҳудуди он муҳофизини шахсони мансабдор тибқи пешниҳод намудани шаҳодатномаи шахсияти корманди Раёсати муҳофизатии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

5. Ба перрон ва ба ҳудуди майдони нишасти фурудгоҳҳо баромадани шахсони ҳамроҳикунанда ва муҳофизони шахсони мансабдор катъиян манъ аст, ба истиснои муҳофизони шахсии Президент, Раисонп Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.