ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 467; с. 2005, №12, мод. 650; с. 2007, №7, мод. 687; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1006; с. 2011, №6, мод. 437; с. 2018, №5, мод. 277)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- бекорӣ - зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад
- шаҳрвандони бекор - шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ё дигар ташкилотҳо тавассути истифода ва ҷойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроҷиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба ҷустуҷӯи кор машғул буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шурӯъ намоянд ;
Муқаррароти сархати сеюми қисми 1 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2020 мавриди амал қарор дода шавад
- дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор - хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ; пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ва стипендия ҳангоми тарбия ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бекор; расонидани ёрии моддӣ ба аъзои оилаи синнашон то 15 - солаи шахси бекор, ки дар таъминоти ӯ мебошанд; расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд ;
- кӯмакпулӣ барои бекорӣ - ёрии моддии муваққатии аз тарафи давлат кафолатдодашудае, ки ба шаҳрвандони бекори расман ба қайдгирифташудаи барои гирифтани он ҳуқуқдошта пардохта мешавад;
- шуғл - ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меоварад;
- шуғли (кори) муваққатӣ - кори муздноки муваққатие, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар давраи маҳдуди вақт иҷро карда мешавад;
- кори мувофиқ - коре, ки онро шахс иҷро карда метавонад, ба ҷинс, таҳсилот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ, шароитҳои ҷойи кори охирин (ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок), вазъи саломатии ӯ мувофиқ буда, аз маҳалли зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар роҳ) ҷойгир шудааст ва музди меҳнат барои он дар сатҳи на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақалли расман муқарраршуда кафолат дода мешавад;
- кори фосилавӣ - шакли махсуси амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор
- бозори меҳнат - соҳаи ташаккули талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;
- корҳои ҷамъиятӣ - намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум, ки чун қоида, тарбияи пешакии касбии кормандонро, ки самти иҷтимоии фоиданок дошта, ҳамчун дастгирии иловагии иҷтимоӣ ва шуғли муваққатии шахсони корҷӯянда ташкил карда мешаванд, талаб намекунанд. Ба корҳои ҷамъиятӣ фаъолияте, ки бо зарурияти таъҷилан бартараф намудани оқибати садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, дигар ҳолатҳои фавқулодда вобаста аст ва омодагии махсуси кормандон, инчунин амалҳои маҳоратнок ва масъулиятноки онҳоро дар муддати кӯтоҳтарин талаб мекунад, дахл надорад;
- миёнаравии меҳнатӣ - мусоидат намудан ба аҳолӣ ҳангоми бо кор таъмин кардан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар ташкилотҳо ;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ - мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнатбуда, ки сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои давлатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд
- хориҷ карда шуд
- вакансия - ҷои кории холӣ дар ташкилотҳо;
- аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) - қисми аҳолие, ки пешниҳоди қувваи кориро барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ таъмин менамояд. Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, бекорон ва шахсони машғули кор бударо дарбар мегирад;
- аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол - қисми аҳолии синну соли қобили меҳнат, ки ба ҳайати аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) дохил намешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (.
Моддаи 3. Шуғли аҳолӣ ва фаъолияти ба шуғл баробаркардашуда
Шаҳрвандон ҳуқуқи истисноии ихтиёрдорӣ намудани қобилияти худро ба меҳнати истеҳсолӣ ва эҷодӣ дошта, метавонанд ҳар гуна фаъолияти аз ҷониби қонунгузорӣ манънашударо иҷро намоянд. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбури ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст (Қонунм ҶТ аз 28.12.2005 № 137).
Давлат амалӣ гардонидани сиёсати мусоидат ба шуғли пурраю самаранок ва озодона интихобшударо, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат нигаронида шудааст, кафолат медиҳад.
Бешуғл будани шаҳрвандон барои ба ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноӣ ва дигар намуди ҷавобгарӣ кашидани онҳо асос шуда наметавонад.
Ба аҳолии шуғлнок (ё ба он баробар кардашуда) шаҳрвандони синнашон 15-сола ва аз он калонсоле мансубанд, ки дар давраи баррасишаванда:
- кори кирояро бо подош аз рӯи шарти вақти кории пурра ё нопурра иҷро менамоянд, инчунин соҳиби дигар намуди кори (хизмати) даромаднок мебошанд;
- мустақилона худро бо кор таъмин менамоянд, аз ҷумла шахсони ба соҳибкории хурд ва миёна, шахсони ба фаъолияти соҳибкории инфиродии меҳнатӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ машғулбуда, аъзои кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва аъзои оилаҳои онҳо, ки қитъаҳои замин гирифтаанд, хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд ва маҳсулоташонро дар асоси шартномаи тибқи қонунгузорӣ басташуда ба фурӯш мебароранд, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иштирок менамоянд, инчунин аъзои оилаи ба онҳо ёрирасонро бо кор таъмин менамоянд ;
- ба кори фосилавӣ машғуланд ва хусусиятҳои танзими меҳнати ин гурӯҳи кормандонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян менамояд;
- дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшунҳои воҳидҳои низомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд;
- дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар бахши рӯзона таҳсил ва ҳамзамон кори кирояро иҷро менамоянд, аз ҷумла бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ таълим мегиранд ;
- дар ташкилотҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ ва муассисаҳои диние, ки фаъолияташон ба қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад, машғули коранд;
- соҳиби кор мебошанд, лекин дар ҷои кор бо сабаби корношоямӣ, рухсатӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, бозистодани истеҳсолот, аз он ҷумла бо сабаби корпартоӣ бавуҷудомада, даъват ба ҷамъомади ҳарбӣ ё дигар сабабҳо муваққатан ҳозир нестанд;
- ба вазифаи музднок дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ интихоб, таъин ва тасдиқ шудаанд;
- муассиси (иштирокчии) ташкилот мебошанд, ба истиснои муассисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ,фондҳои хайрия ва ғайра, ҷамъиятҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсия ва иттиҳодияҳо), ки нисбати ин ташкилотҳо ҳуқуқи молӣ надоранд;
- шаҳрвандони хориҷи, ки муваққатан дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба кор машғул буда, вазифаҳои новобаста ба таъмини фаъолияти сафоратхонаҳо, намояндаҳои дипломатӣ ва консулгариҳоро иҷро менамоянд ;
- дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд;
- ба дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул мебошанд.
Шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ машғуланд, бо ҳамаи кафолатҳои ҳимояи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд, ба шарте ки ҳатман аз даромади бадастовардашуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағи суғуртавиро пардохт намоянд .
Тартиби баҳисобгирии собиқаи кор ва додани дафтарчаҳои меҳнатиро ба ин шаҳрвандон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 4. Шаҳрвандони бекор
Бақайдгирии шаҳрвандоне, ки дар ҷои истиқомати доимиашон ҳамчун шахсони бекор ва корҷӯянда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат менамоянд, ҳангоми муроҷиати бевоситаашон бо пешниҳод кардани шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро иваз мекунанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ, маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ду моҳи охир аз ҷои кори охирин, анҷом дода мешавад .
Шаҳрвандоне бекор дониста намешаванд, ки:
- ба синни 15-солагӣ нарасида бошанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақа ба синни нафақа расидаанд, ғайр аз шаҳрвандоне, ки аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд ;
- аз иҷора додани моликият, қитъаи замин, воситаҳои нақлиёт ва молу мулки ғайриманқул дар ҳаҷми на камтар аз 12 маоши ҳадди ақал дар як сол даромад доранд ;
- дар муддати 10 рӯзи баъди ба қайд гирифтани онҳо дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ду намуди ҷои кори мувофиқро рад кардаанд, шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянду касб (ихтисос) надоранд, дар сурати ду маротиба рад намудани гирифтани тайёрии касбӣ ё таклиф ба кори музднок, аз ҷумла коре, ки хусусияти муваққатӣ дорад. Шаҳрванди корҷӯянда ду бор ба ҳамон як ҷои кор (ё як ҷои таълим) пешниҳод карда намешавад ;
- дар давоми 10 рӯзи баъди ба қайд гирифтан барои ёфтани кори мувофиқ, бе сабабҳои узрнок, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ба онҳо пешниҳод намудани кори мувофиқ наомадаанд ;
- ҳуҷҷатҳои маълумоти ошкоро дурӯғ доштаро дар бораи набудани кор, музд ва машғулияти даромаднок, инчунин дигар маълумоти нодурустро барои бекор донистани онҳо пешниҳод намудаанд.
Ёрдампулии ҳангоми аз кор озодшавӣ пардохташаванда ва музди миёнаи меҳнати нигоҳдошташавандаи шаҳрвандони аз ташкилотҳо, аз кор (аз хизмати ҳарбӣ) бинобар барҳамдиҳӣ, ихтисори шумора ё воҳиди корӣ озодшуда ҳамчун музд ба ҳисоб гирифта намешавад .
Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 5. Кори мувофиқ
Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди кор ба шаҳрванд аз рӯи ихтисос, коре, ки иваз намудани ихтисосро бо назардошти қобилияти шаҳрванд, таҷрибаи пешина ва барои ӯ дастрас будани воситаҳои таълимиро талаб менамояд, мувофиқ дониста мешавад .
Кори музднок, аз он ҷумла кори хусусияти муваққатӣ дошта ва корҳои ҷамъиятӣ, ки тайёрии пешакиро талаб мекунад ё намекунад (бо дарназардошти хусусиятҳои синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон) ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҷавобгӯ мебошад, барои шаҳрвандони зерине мувофиқ дониста мешавад, ки
- бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор намекарданд, ихтисос надоранд, дар давоми як соли пеш аз саршавии бекорӣ зиёда аз як бор барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва дигар амалҳои гунаҳкорона, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз кор озод карда шудаанд, пештар бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, баъди танаффуси тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кӯшиши барқарор намудани фаъолияти меҳнатиро доранд, инчунин бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба таҳсил фиристода, барои амали гунаҳкорона хориҷ карда шудаанд ;
- баланд бардоштани (барқарор намудани) дараҷаи ихтисос аз рӯи касби (ихтисоси) мавҷуда, гирифтани ихтисоси ба ҳам наздик ё аз бозомӯзӣ гузаштанро рад кардаанд;
- дар қайди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ зиёда аз 12 моҳ буда, инчунин зиёда аз ду сол кор накардаанд ;
- ба мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ баъди ба анҷом расидани корҳои мавсимӣ муроҷиат намудаанд .
Кор мувофиқ дониста намешавад, агар:
- он бо иваз намудани ҷои истиқомат бе розигии шаҳрванд вобаста бошад;
- он дар маҳале дода шавад, ки дар он ҷо шароити манзилӣ ва дигар шароити зист назар ба оне ки корманд то муроҷиат кардан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дошт, номусоидтар бошад ;
- шароити меҳнат ба қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат мувофиқат накунад;
- рад кардани ин кор бо сабабҳои узрнок, вазъияти шахсӣ ё оилавӣ асоснок шуда бошад.
Бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дигар дараҷаҳои кори мувофиқ муқаррар шуданаш мумкин аст, ки ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро пурзӯр менамояд.
Моддаи 6 Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Давлат сиёсати мусоидат намудан ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба шуғли пурра, самаранок ва интихоби озоди шуғл пеш мебарад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:
- меҳнати ихтиёрӣ, ки мувофиқи он шуғл ба изҳори озодонаи иродаи шаҳрвандон асос меёбад;
- таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар интихоби озодонаи машғулият;
- фароҳам овардани шароите, ки ҳаёти сазовор ва инкишофи озодонаи инсонро таъмин менамояд;
- дастгирӣ намудани ташаббуси меҳнатӣ ва соҳибкории шаҳрвандон, мусоидат намудан ба инкишофи қобилияти онҳо нисбат ба меҳнати самаранок ва эҷодӣ, ки дар доираи қонуният амалӣ мегардад;
- тамоюли системаи маориф ба тайёр намудани кадрҳо мувофиқи талаботи бозори меҳнат;
- таъмини ҳифзи иҷтимоӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои ба машғулият фаро гирифтани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан мӯҳтоҷ ва дар ҷустуҷӯи кор душворикашанда мусоидат менамоянд;
- ҳатмӣ будани пардохтҳои иҷтимоӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади амалӣ намудани суғуртаи иҷтимоии кормандони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ ;
- пешгирии бекории оммавӣ ва кам намудани бекории тӯлонӣ;
- ба бекорон додани кафолатҳо ва ҷубронҳои иҷтимоӣ;
- ҳамбастагии мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар масъалаҳои шуғли аҳолӣ бо мувофиқати фаъолияти онҳо ҳангоми татбиқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ;
- муқаррар кардани имтиёзҳо ба корфармоёне, ки ҷойҳои кории амалкунандаро нигоҳ дошта, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, аз он ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷманданд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи шуғли аҳолӣ бо дигар самтҳои сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бо назардошти фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намудани меъёрҳои байналмилалии меҳнат;
- иштироки иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон, иттиҳодияҳои корфармоён, аз он ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи давлатӣ дар таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои таъмини шуғли аҳолӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ дар соҳаи шуғл аз рӯи зарурияти таъмини инкишофи устуворонаи иқтисодиёти худ, оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ амал мекунад.
Моддаи 7. Кафолатҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро медиҳад:
- мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъминкунӣ тавассути миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ;
- тамоюли ройгони касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ;
- таъмини дастгирии иҷтимоӣ;
- ҷуброни хароҷоти моддӣ бо сабаби дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳали дигар бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор (омӯзиш) равон намудан ;
- имконияти бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок, ки бо назардошти синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.
Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл
Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷӯянда ҳуқуқ доранд:
- ба интихоби озодонаи намуди шуғл ва кор;
- ба интихоби озодонаи ҷои кор бо роҳи муроҷиати бевосита ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён ё ба воситаи миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҷойҳои холии кории аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда;
- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи курсҳои таълимӣ дар доираи тайёрӣ ва бозомӯзии касбии аҳолии бешуғл;
- ба мустақилона таъмин шудан бо кор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои ба онҳо додани кӯмаки миёнаравӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷӯянда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣҳуқуқ доранд :
- ба хизмати миёнаравии ройгон дар бозори меҳнат;
- ба гирифтани маслиҳати ройгон доир ба фаъолияти касбӣ ва масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ.
Шаҳрвандони бекор ва шахсони корҷӯяндаи дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бақайдгирифташуда, ҳуқуқ доранд :
- ба омӯзиш дар курсҳои тайёрии касбӣ ва бозомӯзии касбӣ ва гирифтани стипендия дар давраи омӯзиш;
- ба гирифтани хизмати маслиҳатӣ ва дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурд;
- ба гирифтани имконияти иштирок дар барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятӣ;
- ба дастгирии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат. Шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд, ба сабаби бекорӣ ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро доранд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд нисбат ба амал ё беамалии кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба мақомоти болоии он, инчунин ба суд, бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, арзу шикоят намоянд .
Моддаи 9. Кафолатҳои иловагии шуғл барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ
Давлат ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, бо роҳи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғл, ташкил намудани ҷойҳои иловагии корӣ дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва тараққӣ додани корхонаҳои махсусгардонидашуда (аз он ҷумла ташкилотҳо барои ҷалби меҳнати маъюбон), муқаррар намудани квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, расонидани хизмати самтгирии касбӣ, инчунин бо роҳи ташкил намудани омӯзиш аз рӯи барномаҳои махсус ва дигар чораҳо кафолатҳои иловагиро таъмин менамояд .
Квота барои ба кор қабул намудани маъюбон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" муқаррар карда мешавад .
Тартиби ворид намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бинобар сабаби гузаронидани тадбирҳои беҳтар намудани вазъи экологии дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва муфлисшавӣ баамаломада бояд барҳам дода (ё аз нав ташкил карда) шаванд, машғули коранд, кафолатҳои иловагӣ муқаррар менамояд.
БОБИ II. ҲАМКОРИИ ИҶТИМОӢ ДАР СОҲАИ МУСОИДАТ БА ШУГҚЛИ АҲОЛӢ
Моддаи 10. Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ муносибатҳои байни давлат, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро, ки ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ тааллуқ дорад, танзим менамояд.
Бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқа кардашуда ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асосҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд. Намояндагии мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён ба ҳайати кумитаҳо бо шумораҳои баробар муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Вазифаҳои кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ:
- оид ба масъалаҳои рушди шуғли аҳолӣ ва сиёсат дар бозори меҳнат машварат доир менамояд;
- маълумотро доир ба вазъ ва тамоюлҳо дар бозори меҳнат таҳлил менамояд;
- амалиёти мувофиқашударо оид ба масъалаҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон таҳия менамояд;
- барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро ба мувофиқа мерасонад;
- доир ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба шуғл дахлдошта ба мақомоти дахлдор бо тартиби муқарраргардида пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- ташаббусҳоро дар омода намудани чорабиниҳои ба таъмини шуғли пурра, озодона интихобшуда ва самаранок равонагашта амалӣ менамояд;
- ташхиси лоиҳаҳои барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодиро мегузаронад.
- масъалаҳои марбут ба шуғли аҳолиро ҳар сол на камтар аз як маротиба ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд .
Ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар маҳалҳо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва тарафҳои дар кумитаҳо пешниҳодшуда амалӣ менамояд.
Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ III. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАҲОИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Моддаи 12. Танзими шуғл
Бо мақсади мусоидат ба шуғли пурра, самаранок ва озодона интихобнамудаи аҳолӣ давлат тадбирҳои зайлро амалӣ менамояд:
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои молиявию қарзӣ, сиёсати инвеститсионӣ ва андоз, ки ба самаранок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ, рушди машғулияти мустақилона, ташвиқ намудани истифодаи низоми ӯҳдабароёнаи меҳнатӣ, ҳавасманд намудани корфармоён ва дигар тадбирҳо, ки ба нигоҳдории ҷойҳои кории самаранок амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд, равона карда шудаанд;
- танзими ҳуқуқӣ, ки ба нигоҳдорӣ ва мусоидат кардан ба шуғли аҳолӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва кафолатҳои дахлдори давлатӣ, такмили қонунгузории шуғли аҳолӣ ва оид ба меҳнат нигаронида шудааст;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамоҳангсозии он бо барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;
- рушд ва такмили фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ .
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳал масъул мебошанд .
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои гузаронидани чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо мусоидат намоянд, аз ҷумла ба:
а) пешгирии ҳолатҳои ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон;
б) таъсис додани ҷойҳои кории нав ва нигоҳ доштани ҷойҳои кории мавҷудбуда;
в) ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ:
г) квотакунии ҷойҳои корӣ барои бо ҷои кор таъмин намудани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ буда, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд .
Моддаи 13. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Бо мақсади танзим ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба кор қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шаҳрвандон барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия мешаванд.
Самтҳои мушаххаси таҳияи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мӯҳлати амали онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо назардошти зарурияти ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳими мусоидат ба шуғли аҳолӣ муайян менамоянд.
Барномаҳои минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо қарори Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ тасдиқ карда мешаванд .
Асос барои таҳияи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро нишондиҳандаҳои пешгӯии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.
Моддаи 14. Муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо
Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо бо ҷудо намудани воситаҳои дахлдори моддӣ, молиявӣ ва ташкили шароити зарурии иҷтимоию маишӣ ва коммуналӣ мусоидат карда мешавад.
Тартиби таҳия ва амалӣ гардонидани ин тадбирҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 15. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣаз ҷиҳати ташкилӣ мустақил мебошад, ки фаъолияти он ба самтҳои зерин равона карда шудааст :
- баҳодиҳии ҳолат ва пешгӯии рушди шуғли аҳолӣ, маълумот додан дар бораи вазъи бозори меҳнат;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз он ҷумла барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷ дошта, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;
- мусоидат ба шаҳрвандон дар ҷустуҷӯи кори мувофиқ ва ба корфармоён дар интихоби кормандони лозимӣ;
- ҳангоми зарурат ташкил намудани самтгирии касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ ва такмили тахассуси шаҳрвандони бекор;
- дастгирии иҷтимоии бекорон дар шакли пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, стипендия дар давраи омӯзиш бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғл .
- хизматрасонии машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба бекорон барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ .
Фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро мақомоти давлатии аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардашуда роҳбарӣ ва ташкил менамояд, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои худ мақомоти минтақавиро таъсис медиҳад .
Мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия ва амалӣ менамоянд .
Тартиби ташкили мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 16. Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси принсипҳои бисёрсамтӣ ва ҳамкории иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд :
- маблағҳои аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳои системаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ воридшаванда;
- маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби пардохтҳои иҷтимоии аз фонди музди меҳнат вориднамудаи корфармоён ташаккул меёбанд, ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ;
- маблағҳое, ки ҳамчун қарзи бебозгашт (грант), инвеститсияҳо, кӯмаки хайрия ва сарпарастиҳо аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои мақсадҳои мусоидат ба шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ворид мешаванд;
- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ
- маблағҳои баргардонидашуда, қарзҳои бефоизе, ки аз ҳисоби маблағҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба шаҳрвандони бекор дода шудаанд .
Маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ташкил меёбанд, хусусияти мақсаднок дошта, танҳо барои самтҳои зерин истифода бурда мешаванд :
- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, ба истиснои шахсони дар қисмҳои сеюм ва шашуми моддаи 27 Қонуни мазкур зикргардида ;
- маблағгузории хароҷот барои тамоюли касбӣ, тарбияи касбӣ, такмили ихтисос ва бозо мӯзонии шахсони бекор, аз он ҷумла пардохти стипендия барои онҳо
- додани кӯмаки молиявии беподош барои хароҷоти корҳои ҷамъиятии музднок;
- таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ тавассути расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекори ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда ;
- хориҷ карда шуд ;
- таъмини фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат;
- хориҷ карда шуд ;
- маблағгузории чорабиниҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ.
Маблағҳои ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ воридшуда, ки дар соли ҳисоботӣ истифода нашудаанд, кашида гирифта намешаванд (ба истиснои маблағҳои буҷетӣ) ва ба соли ояндаи молиявӣ мегузаранд .
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳуқуқ дорад хароҷоти мақсадноки маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷудо карда мешаванд, назорат карда, оид ба истифодаи онҳо ҳисобот талаб намояд .
Моддаи 17. Ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи шуғли аҳолӣ
Барои баҳои воқеӣ додан ба вазъи бозори меҳнат ва вазъи кор дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.
Шахсони ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, ки бо миёнаравии меҳнатӣ машғуланд, шахсони бекорро сабти ном карда ба қайд мегиранд, вазифадоранд мувофиқи тартиб ва мӯҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи оморӣ пешниҳод намоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣбо мақомоти омори давлатӣ, мақомоти андоз, мақомоти хадамоти муҳоҷират ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва маълумотҳои барои иҷрои вазифаҳои тарафҳо заруриро ба таври ройгон мубодила менамоянд .
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ нашри маълумоти оморӣ ва маводи иттилоотиро дар бораи вазъи бозори меҳнат, талабот ва пешниҳодот ба қувваи корӣ, имкониятҳои бо кор таъминкунӣ, тамоюли касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос, инчунин офиятбахшии иҷтимоию меҳнатиро таъмин менамояд .
Моддаи 18. Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият оиди мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Фаъолияти ба шаҳрвандон расонидани хизмат ҷиҳати мусоидат барои бо кор таъмин намудан, тамоюли касбӣ, кӯмаки психологӣ ва бозомӯзонидани шаҳрвандони бекор ва аҳолии бе шуғл аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатнома (литсензия) ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 19. Мусоидати корфармоён ба таъмини шуғли аҳолӣ
Корфармоёне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ба татбиқи сиёсати давлатии шуғл дар асосҳои зерин мусоидат мекунанд, аз ҷумла:
- риоя кардани шартномаҳое (қарордодҳое), ки муносибатҳои меҳнатиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд;
- амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳои ҳифзи меҳнаткашон дар мавриди боздоштани истеҳсолот ё аз кор хориҷ намудани кормандон пешбинӣ шудаанд
- расонидани кӯмак барои бо кор таъмин намудан, тарбияи касбӣ ва пешниҳод намудани кӯмаки иловагии молиявӣ барои кормандони аз кор хориҷшаванда аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳо;
- фароҳам овардани шароит барои тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисоси кормандон;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаи иҷтимоии ташкилот, ки нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани иқтидори касбии кормандон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнатро пешбинӣ менамояд;
- риояи квотаҳои муайяншуда барои бо кор таъмин намудани маъюбон ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ;
- бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда ё захира намудани намудҳои алоҳидаи ҷойҳои корӣ барои бо кор таъмин намудани чунин шаҳрвандон, ки аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян карда мешаванд .
Корфармоён вазифадоранд саривақт, на камтар аз ду моҳ пеш ва дар ҳаҷми пурра ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон дар бораи аз кор озодкунии оммавии меҳнаткашон, аз ҷумла бо сабаби барҳам додани ташкилот, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ, шумора ва гурӯҳҳои кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ ба онҳо дахл дорад, бо нишон додани касб, ихтисос, дараҷаи ихтисос ва андозаи музди меҳнати корманди аз кор хориҷшаванда, инчунин оид ба мӯҳлате, ки аз кор озодкунии онҳо пешбинӣ шудааст, маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд. Барои пинҳон намудан ва пешниҳод накардани чунин маълумот тибқи тартиби муқарраргардида корфармоён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд .
Корфармоён бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумоти зеринро пешниҳод намоянд :
- маълумот дар бораи нисбат ба ташкилоти мазкур истифода бурдани тартиби муфлисшавӣ, инчунин маълумоти барои иҷрои фаъолият оид ба офиятбахшии касбӣ ва мусоидат ба шуғли маъюбон зарурбуда;
- дар мӯҳлати то даҳ рӯз аз рӯзи пайдо шудани маълумот дар бораи ҳамаи ҷойҳои кории холии (вакансияҳои) бавуҷудомада мувофиқи талаботи касбии дар ташкилотҳо муайянкардашуда, инчунин маълумот дар бораи вазъи кадрҳо ва шумораи воқеии кормандон. Тартиби аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Дар мавриди иҷро накардани квота барои ба кор қабул намудан корфармоён мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ равон шудааст, корфармо дар давоми панҷ рӯз ба хадамоти шуғл варақаи роҳхатро бо нишон додани рӯзи ба кор қабул намудани шаҳрванд бозмегардонад. Дар сурати ба кор қабул накардани шаҳрванд корфармо дар варақаи роҳхат рӯзи омадани шаҳрванд ва сабаби ба кор қабул накарданро қайд карда, роҳхатро ба шаҳрванд бармегардонад .
Корфармо ҳуқуқ дорад:
- шаҳрвандони бевосита ба ӯ муроҷиатнамударо дар асосҳои баробар бо шаҳрвандони роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ доштаро ба кор қабул намояд ;
- аз мақомоти хадамоти шуғл дар бораи бозори меҳнат маълумоти ройгон гирад;
- оид ба амали мақомоти хадамоти шуғл ба мақомоти болоии он ва инчунин ба суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
Ҷойҳои корӣ барои маъюбон танҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ барҳам дода мешаванд .
Моддаи 20. Иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ҳуқуқ доранд дар таҳияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ иштирок намоянд.
Мақомоти идораи давлатӣ, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои шуғл мунтазам машваратҳои муштарак мегузаронанд. Аз рӯи натиҷаи онҳо метавонанд созишномаҳои (шартномаҳои) коллективӣ банданд, ки онҳо тадбирҳои нигоҳдорӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳимояи кормандони аз кор озодгардида, инчунин меҳнаткашоне, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманданд, ӯҳдадориҳои дигар мақомоти идораи давлатиро оид ба пешниҳод намудани иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ ва молиявии гузаронидани сиёсати шуғли аҳолӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба манфиатҳои меҳнаткашонро дар соҳаи шуғл дарбар мегиранд.
Моддаи 21. Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мавридҳое сурат мегиранд, ки агар :
- онҳо барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мусоидат намоянд;
- аз сабаби надоштани ихтисоси зарурии касбӣ ба шаҳрванд интихоб намудани кори мувофиқ имконнопазир бошад;
- бо сабаби набудани коре, ки ба талаботи малакаи касбии шаҳрванд ҷавобгӯ бошад, тағйир додани касб (ихтисос, намуди машғулият) зарур аст;
- аз рӯи ихтисоси пешина қобилияти иҷрои корро гум карда бошад.
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии чунин шаҳрвандон дар асоси роҳхати Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии касбӣ ва иловагӣ, марказҳои таълимии мақомоти хадамоти шуғл ва ё дар дигар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи шартномаҳои аз тарафи макомоти хадамоти шуғл басташуда ба роҳ монда мешавад .
Ҳуқуқи бо тартиби афзалиятнок аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанро маъюбони бекор, шаҳрвандони бекор баъди гузаштани зиёда аз шаш моҳи бекорӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор накардаанд) ва ихтисос надоранд, доро мебошанд .
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм дар асоси дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣба онҳо дар бораи сохтори касбию тахассусӣ ва шумораи хатмкунандагоне, ки барои бо кор таъмин кардан эҳтиёҷ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд .
Тартиби ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 22. Ташкили корҳои ҷамъиятӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият бо иштироки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣдар асоси шартнома гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднокро ташкил менамоянд .
Бо шахсоне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок кардан мехоҳанд, ба мӯҳлати то як моҳ бо ҳуқуқи минбаъд дароз намудани он то се моҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок баста мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки барои бекорӣ кӯмакпулӣ намегиранд, бекорони зиёда аз шаш моҳ дар қайди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ буда ҳуқуқи афзалиятноки иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднокро доранд. Шаҳрвандони барои ҷустуҷӯи кор дар қайди макомоти хадамоти шуғл буда низ ҳуқуқи иштирокро дар корҳои ҷамъиятии музднок доранд .
Иштироки шаҳрвандон дар корҳои ҷамъиятии музднок танҳо бо розигии онҳо мумкин аст. ҳангоми ба корҳои ҷамъиятии музднок равон намудан вазъи саломатӣ, синну сол, касб ва дигар хусусиятҳои инфиродӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок дар бораи иштироки шаҳрванд дар корҳои ҷамъиятӣ метавонад аз тарафи шаҳрванд дар мавриди соҳиби кори доимӣ ё муваққатӣ шуданаш пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад.
Музди меҳнати шаҳрвандони дар корҳои ҷамъиятӣ машғулбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Ба шаҳрвандони машғули корҳои ҷамъиятии музднок қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ татбиқ мегардад
Маблағгузории корҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳое, ки ин корҳо дар он ҷо ташкил карда мешаванд ва ҳангоми зарурат бо ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кӯмаки молиявии беподоши мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ мегардад .
Тартиби ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 23. Тартиби расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд
Ба шаҳрвандоне, ки ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ мерасонанд .
БОБИ IV. КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОӢ ҲАНГОМИ БЕКОР МОНДАН
Моддаи 24. Кафолатҳои дастгирии иҷтимоии шахсони бекор
Давлат ҳангоми бекор мондан кафолатҳои зеринро медиҳад:
- додани имтиёз ва ҷубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;
- пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ;
- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- имконияти иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок.
Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат дода мешавад .
Даврае, ки дар давоми он шаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бекорӣ кӯмакпулӣ, стипендия мегирад, дар корҳои муздноки ҷамъиятӣ иштирок мекунад, собиқаи меҳнатии ӯ қатъ намегардад ва ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил мешавад .
Моддаи 25. Шартҳо ва мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне пардохта мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд.
Қарор дар бораи таъини кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ на дертар аз ёздаҳ рӯз аз лаҳзаи бекор дониста шудани шаҳрванд қабул карда мешавад .
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ, тағйир ёфтани шароити меҳнат, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамхӯрии корхона, муассиса ва ташкилот аз кор озод шудаанд ва дар ин давра музди миёнаи меҳнаташон дар ҷои кори охирин нигоҳ дошта шудааст, аз рӯзи якуми баъди гузаштани давраи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад .
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давоми сол ба мӯҳлати на бештар аз се моҳи тақвимӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, пардохта мешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ моҳе як маротиба пардохта мешавад, ба шарте, ки шаҳрвандони бекор бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав аз қайд гузаранд .
Моддаи 26. Тартиби тамдиди мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандони дорои собиқаи меҳнатие, ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ доранд
Барои шаҳрвандоне, ки собиқаи умумии меҳнатии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баромадан ба нафақаро медиҳад, лекин синнашон аз синни муқарраркардаи қонунгузорӣ барои таъини нафақа аз рӯи синну сол (аз ҷумла нафақа бо шартҳои имтиёзнок) як сол камтар аст, давомнокии давраи додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ то дувоздаҳ моҳи тақвимӣ тамдид карда мешавад
Моддаи 27. Тартиби муайян намудани андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Барои гирифтани кӯмакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бояд дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохта бошанд (
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар моҳи аввал ба андозаи 50 фоиз, дар моҳи дуюм ба андозаи 40 фоиз ва дар моҳи сеюм ба андозаи 30 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷойи кори охирин (бо назардошти коэффитсиентҳо), ки дар шаш моҳи охири корӣ ҳисоб карда шудааст, вале на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида таъин карда мешавад .
Ба шаҳрвандоне, ки пеш аз муроҷиат намудан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимӣ камтар соҳиби кори музднок буда, ҳамчун бекор дониста шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад .
Дар сурати хӯрандаи корношоями то синни 15-сола доштани шаҳрвандони бекор, дар ҳолати барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷет ва вуҷуд надоштани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо қарори худ метавонанд ба кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба ҳар як хӯранда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ иловапулӣ дар ҳаҷми 10 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ муқарраргардида таъин намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 137).
Шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, муддати тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кор накардаанд, тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба итмом расонида, дар корҳои ҷамъиятии музднок иштирок кардаанд, ба гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ надоранд .
Ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ ва аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад .
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар кор кардаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ мувофиқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур ба шарте таъин карда мешавад, ки масъалаҳои ба ҳисоб гирифтани пардохтҳо ба фондҳои суғуртавии иҷтимоии давлатӣ бо кор таъминкарда, бо шартномаҳои дахлдори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда бошанд.
Нигоҳдории маблағ аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ҳаҷми умумии нигоҳдории маблағ аз 50 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ гирифташаванда зиёд буда наметавонад.
Моддаи 28. Боздоштан ва қатъ намудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шахси бекор қатъ гардад, боздошта шавад, ё андозаи он кам карда шавад.
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- дар асоси талаботи пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд;
- ҳангоми бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо пардохти стипендия гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ;
- муддати тӯлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ;
- ҳангоми кӯчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар;
- ба охир расидани мӯҳлати таъиншудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- бо роҳи фиреб гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ ҷазо гирифтани шахси бекоре, ки кӯмакпулӣ мегирад (Қонун аз 28.12.2005 № 137);
- мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани нафақа аз рӯи синну сол ва барои хизмати дарозмуддат;
- ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятӣ ;
- дар давраи бекорӣ аз ду пешниҳоди ҷойи кори ба ихтисос мувофиқ даст кашидан .
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба мӯҳлати то се моҳ дар мавридҳои зерин боздошта шавад:
- хориҷ карда шуд ;
- ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ба вуҷуд омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст ;
- ба кори муваққатӣ ё ба кори рӯзи ҳафтаи (кориаш) кӯтоҳ бе огоҳкунии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ машғул шудани шахси бекор ;
- аз ҷониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор. Боздоштани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз рӯзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои аз нав бақайдгирӣ омадани шахси бекор амалӣ мегардад.
Давраи боздошта шудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба давраи умумии додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давраҳои зерин дода намешавад:
- дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти муқаррарнамудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ зиёд давом ёбад;
- аз ҷои истиқомати доимӣ баромада рафтани шахси бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии рӯзона;
- даъвати шахси бекор ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҷалб намудан ба чорабиниҳои бо хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобастабуда.
Давраҳои дар қисми 5 ҳамин модда зикршуда ба давраи умумии пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дохил намешавад ва онро дароз менамоянд.
Дар мавридҳои зерин андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст дар ҳаҷми 25 фоиз ба мӯҳлати то як моҳ кам карда шавад:
- бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо дар бораи ба кор таъмин шудан дар мӯҳлати 2 ҳафта аз рӯзи бо роҳхати мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ фиристода (даъват) шудан ;
- бе сабаби узрнок барои гирифтани роҳхат ба кор (ба хондан) ба мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳозир нашудан .
Моддаи 29. Андозаи стипендияе, ки ба шаҳрвандони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дода мешавад
Дар давраи тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони бекор дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар давоми шаш моҳ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар моҳ стипендия пардохт карда мешавад .
Моддаи 30. Суғурта ҳангоми бекор мондан
Шаҳрвандон дар ҳолати бекор мондан метавонанд бо ташкилотҳои суғуртавӣ шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ банданд. Тартиб, марҳила ва шартҳои суғуртаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Мақомоте, ки назорати давлатиро ба амал мебароранд
Назорати давлатии риоя шудани қонунгузорӣ дар бораи шуғли аҳолиро маҷлисҳои вакилони халқ, мақомоти дахлдори давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва мақоми ваколатдорнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Моддаи 32. Ҳалли баҳсҳо ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Баҳси корхона, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл, аз ҷумла баҳсҳо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад .
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ"
Бо сабаби қабули Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 "Дар бораи шуғли аҳолӣ" (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №15, моддаи 268; соли 1994, №2, моддаи 40; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1998, №10, моддаи 119) беэътибор дониста шавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
1 августи соли 2003 № 44
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АҲОЛӢ
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 137)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
Бекорӣ - падидаи иҷтимоию иқтисодиест, ки ба қисми муайяни қувваи корӣ мавҷуд набудани талабот дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад.
Шаҳрвандони бекор - шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроҷиат ба хадамоти давлатӣ ё хадамоти дигари шуғли аҳолӣ тавассути истифода ва ҷойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроҷиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба ҷустуҷӯи кор машғул буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шурӯъ намояндс
Чораҳои фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ - чораҳое, ки барои аз нав оғоз гардидани шуғли шаҳрвандони бекор мусоидат намуда, ба васеъшавии имконияти бо кор таъмин кардани онҳо равона гардидаанд. Ба қатори чунин чораҳо ёрӣ расонидан дар ҷустуҷӯи кор, тайёрӣ ва бозомӯзонии касбии аҳолии бекор, мусоидат ба шуғли инфиродӣ, корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёна, дигар намуди чораҳо ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ дохил мешаванд.
Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор - хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ; пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ва идрор ҳангоми тарбия ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бекор; расонидани ёрии моддӣ ба аъзои оилаи синнашон то 15 - солаи шахси бекор, ки дар таъминоти ӯ мебошанд; расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд .
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ - ёрии моддии муваққатии аз тарафи давлат кафолатдодашудае, ки ба шаҳрвандони бекори расман ба қайдгирифташудаи барои гирифтани он ҳуқуқдошта пардохта мешавад.
Шуғл - ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меоварад.
Шуғли (кори) муваққатӣ - кори муздноки муваққатие, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар давраи маҳдуди вақт иҷро карда мешавад.
Кори мувофиқ - коре, ки онро шаҳрванд иҷро карда метавонад, ба ҷинс, маълумот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ шароитҳои ҷои кори охирин (ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок), вазъи саломатии ӯ мувофиқ буда, аз маҳали зисташ начандон дур ҷойгир (на зиёда аз як соат дар роҳ) бошад ва музди меҳнаташро дар сатҳи на пасттар аз ҳадди ақали музди меҳнати расман муқарраршуда кафолат диҳад.
Бозори меҳнат - соҳаи ташаккули талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ.
Корҳои ҷамъиятӣ - намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум, ки чун қоида, тарбияи пешакии касбии кормандонро, ки самти иҷтимоии фоиданок дошта, ҳамчун дастгирии иловагии иҷтимоӣ ва шуғли муваққатии шахсони корҷӯянда ташкил карда мешаванд, талаб намекунанд. Ба корҳои ҷамъиятӣ фаъолияте, ки бо зарурияти таъҷилан бартараф намудани оқибати садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, дигар ҳолатҳои фавқулодда вобаста аст ва омодагии махсуси кормандон, инчунин амалҳои маҳоратнок ва масъулиятноки онҳоро дар муддати кӯтоҳтарин талаб мекунад, дахл надорад.
Миёнаравии меҳнатӣ - мусоидат намудан ба аҳолӣ ҳангоми бо кор таъмин кардан аз ҷониби мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дигар ташкилотҳо .
Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ - мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнат буда, сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои дахлдорро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Хадамоти шуғл - ин мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва ё ташкилотҳо мебошанд (Конун аз 30.07.2007 № 325).
Вакансия - ҷои кории холӣ дар ташкилотҳо.
Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) - қисми аҳолие, ки пешниҳоди қувваи кориро барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ таъмин менамояд. Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, бекорон ва шахсони машғули кор бударо дарбар мегирад.
Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол - қисми аҳолии синну соли қобили меҳнат, ки ба ҳайати аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) дохил намешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад
Моддаи 3. Шуғли аҳолӣ ва фаъолияти ба шуғл баробаркардашуда
Шаҳрвандон ҳуқуқи истисноии ихтиёрдорӣ намудани қобилияти худро ба меҳнати истеҳсолӣ ва эҷодӣ дошта, метавонанд ҳар гуна фаъолияти аз ҷониби қонунгузорӣ манънашударо иҷро намоянд. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбури ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст .
Давлат амалӣ гардонидани сиёсати мусоидат ба шуғли пурраю самаранок ва озодона интихобшударо, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат нигаронида шудааст, кафолат медиҳад.
Бешуғл будани шаҳрвандон барои ба ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноӣ ва дигар намуди ҷавобгарӣ кашидани онҳо асос шуда наметавонад.
Ба аҳолии шуғлнок (ё ба он баробар кардашуда) шаҳрвандони синнашон 15-сола ва аз он калонсоле мансубанд, ки дар давраи баррасишаванда:
- кори кирояро бо подош аз рӯи шарти вақти кории пурра ё нопурра иҷро менамоянд, инчунин соҳиби дигар намуди кори (хизмати) даромаднок мебошанд;
- мустақилона худро бо кор таъмин менамоянд, аз ҷумла шахсони ба соҳибкории хурд ва миёна, шахсони ба фаъолияти соҳибкории инфиродии меҳнатӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ машғулбуда, аъзои кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва аъзои оилаҳои онҳо, ки қитъаҳои замин гирифтаанд, хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд ва маҳсулоташонро дар асоси шартномаи тибқи қонунгузорӣ басташуда ба фурӯш мебароранд, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иштирок менамоянд, инчунин аъзои оилаи ба онҳо ёрирасонандаро бо кор таъмин намудаанд;
- дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшунҳои воҳидҳои низомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд;
- дар муассисаҳои таҳсилоти умуми, таҳсилоти касби ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар бахши рӯзона таҳсил ва ҳамзамон кори кирояро иҷро менамоянд, аз ҷумла бо роҳхати хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ таълим мегиранд ;
- дар ташкилотҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ ва муассисаҳои диние, ки фаъолияташон ба қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад, машғули коранд;
- соҳиби кор мебошанд, лекин дар ҷои кор бо сабаби корношоямӣ, рухсатӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, бозистодани истеҳсолот, аз он ҷумла бо сабаби корпартоӣ бавуҷудомада, даъват ба ҷамъомади ҳарбӣ ё дигар сабабҳо муваққатан ҳозир нестанд;
- ба вазифаи музднок дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ интихоб, таъин ва тасдиқ шудаанд;
- муассиси (иштирокчии) ташкилот мебошанд, ба истиснои муассисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ,фондҳои хайрия ва ғайра, ҷамъиятҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсия ва иттиҳодияҳо), ки нисбати ин ташкилотҳо ҳуқуқи молӣ надоранд;
- шаҳрвандони хориҷи, ки муваққатан дар қаламрави ҷумҳурӣ ба кор машғул буда, вазифаҳои новобаста ба таъмини фаъолияти сафоратхонаҳо, намояндаҳои дипломатӣ ва консулгариҳоро иҷро менамоянд ;
- дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд;
- ба дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул мебошанд.
Шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ машғуланд, бо ҳамаи кафолатҳои ҳимояи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд, ба шарте ки ҳатман аз даромади бадастовардашуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи суғуртавиро пардохт намоянд.
Тартиби баҳисобгирии собиқаи кор ва додани дафтарчаҳои меҳнатиро ба ин шаҳрвандон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 4. Шаҳрвандони бекор
Бақайдгирии шаҳрвандоне, ки дар ҷои истиқомати доимиашон ҳамчун шахсони бекор ва корҷӯянда ба хадамоти шуғл муроҷиат менамоянд, ҳангоми муроҷиати бевоситаашон бо пешниҳод кардани шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро иваз мекунанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ, маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ду моҳи охир аз ҷои кори охирин, анҷом дода мешавад.
Шаҳрвандоне бекор дониста намешаванд, ки:
- ба синни 15-солагӣ нарасида бошанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақа ба онҳо нафақа таъин шудааст, ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи маъюбии гурӯҳи III нафақа мегиранд;
- аз иҷора додани моликият, қитъаи замин, воситаҳои нақлиёт ва амволи ғайриманқул дар ҳаҷми на камтар аз 12 маоши ҳадди ақал дар як сол даромад доранд;
- дар муддати 10 рӯзи баъди ба қайд гирифтани онҳо дар хадамоти шуғли аҳолӣ ду намуди ҷои кори мувофиқро рад кардаанд, шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянду касб (ихтисос) надоранд, дар сурати ду маротиба рад намудани гирифтани тайёрии касбӣ ё таклиф ба кори музднок, аз ҷумла коре, ки хусусияти муваққатӣ дорад. Шаҳрванди корҷӯянда ду бор ба ҳамон як ҷои кор (ё як ҷои таълим) пешниҳод карда намешавад;
- дар давоми 10 рӯзи баъди ба қайд гирифтан барои ёфтани кори мувофиқ, бе сабабҳои узрнок, ба мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ барои ба онҳо пешниҳод намудани кори мувофиқ наомадаанд;
- ҳуҷҷатҳои маълумоти ошкоро дурӯғ доштаро дар бораи набудани кор, музд ва машғулияти даромаднок, инчунин дигар маълумоти нодурустро барои бекор донистани онҳо пешниҳод намудаанд.
Ёрдампулии ҳангоми аз кор озодшавӣ пардохташаванда ва музди миёнаи меҳнати нигоҳдошташавандаи шаҳрвандони аз ташкилотҳо, аз кор (аз хизмати ҳарбӣ) бинобар барҳамдиҳӣ, ихтисори шумора ё штатҳо озодшуда ҳамчун музд ба ҳисоб гирифта намешавад.
Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 5. Кори мувофиқ
Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди кор ба шаҳрванд аз рӯи касб (ихтисос), коре, ки иваз намудани касб (ихтисос)-ро бо назардошти қобилияти шаҳрванд, таҷрибаи пешина ва барои ӯ дастрас будани воситаҳои таълимиро талаб менамояд, мувофиқ дониста мешавад.
Кори музднок, аз он ҷумла кори хусусияти муваққатӣ дошта ва корҳои ҷамъиятӣ, ки тайёрии пешакиро талаб мекунад ё намекунад (бо дарназардошти хусусиятҳои синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон) ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ҷавобгӯ мебошад, барои шаҳрвандони зерине мувофиқ дониста мешавад, ки:
- бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор намекарданд, касб (ихтисос) надоранд, дар давоми як соли пеш аз саршавии бекорӣ зиёда аз як бор барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва дигар амалҳои гунаҳкорона, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз кор озод карда шудаанд, пештар бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, баъди танаффуси тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кӯшиши барқарор намудани фаъолияти меҳнатиро доранд, инчунин бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғл ба таҳсил фиристода, барои амали гунаҳкорона хориҷ карда шудаанд;
- баланд бардоштани (барқарор намудани) дараҷаи ихтисос аз рӯи касби (ихтисоси) мавҷуда, гирифтани ихтисоси ба ҳам наздик ё аз бозомӯзӣ гузаштанро рад кардаанд;
- дар қайди мақомоти хадамоти шуғл зиёда аз 12 моҳ буда, инчунин зиёда аз ду сол кор накардаанд;
- ба мақомоти хадамоти шуғл баъди ба анҷом расидани корҳои мавсимӣ муроҷиат намудаанд.
Кор мувофиқ дониста намешавад, агар:
- он бо иваз намудани ҷои истиқомат бе розигии шаҳрванд вобаста бошад;
- он дар маҳале дода шавад, ки дар он ҷо шароити манзилӣ ва дигар шароити зист назар ба оне ки корманд то муроҷиат кардан ба хадамоти шуғл дошт, номусоидтар бошад:
- шароити меҳнат ба қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат мувофиқат накунад;
- рад кардани ин кор бо сабабҳои узрнок, вазъияти шахсӣ ё оилавӣ асоснок шуда бошад.
Бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дигар дараҷаҳои кори мувофиқ муқаррар шуданаш мумкин аст, ки ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро пурзӯр менамояд.
Моддаи 6 Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Давлат сиёсати мусоидат намудан ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба шуғли пурра, самаранок ва интихоби озоди шуғл пеш мебарад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:
- меҳнати ихтиёрӣ, ки мувофиқи он шуғл ба изҳори озодонаи иродаи шаҳрвандон асос меёбад;
- таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар интихоби озодонаи машғулият;
- фароҳам овардани шароите, ки ҳаёти сазовор ва инкишофи озодонаи инсонро таъмин менамояд;
- дастгирӣ намудани ташаббуси меҳнатӣ ва соҳибкории шаҳрвандон, мусоидат намудан ба инкишофи қобилияти онҳо нисбат ба меҳнати самаранок ва эҷодӣ, ки дар доираи қонуният амалӣ мегардад;
- тамоюли системаи маориф ба тайёр намудани кадрҳо мувофиқи талаботи бозори меҳнат;
- таъмини ҳифзи иҷтимоӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои ба машғулият фаро гирифтани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан мӯҳтоҷ ва дар ҷустуҷӯи кор душворикашанда мусоидат менамоянд;
- ҳатмӣ будани пардохтҳои иҷтимоӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани суғуртаи иҷтимоии кормандони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ;
- пешгирии бекории оммавӣ ва кам намудани бекории тӯлонӣ;
- ба бекорон додани кафолатҳо ва ҷубронҳои иҷтимоӣ;
- ҳамбастагии мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар масъалаҳои шуғли аҳолӣ бо мувофиқати фаъолияти онҳо ҳангоми татбиқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ;
- муқаррар кардани имтиёзҳо ба корфармоёне, ки ҷойҳои кории амалкунандаро нигоҳ дошта, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, аз он ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷманданд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи шуғли аҳолӣ бо дигар самтҳои сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бо назардошти фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намудани меъёрҳои байналмилалии меҳнат;
- иштироки иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон, иттиҳодияҳои корфармоён, аз он ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи давлатӣ дар таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои таъмини шуғли аҳолӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ дар соҳаи шуғл аз рӯи зарурияти таъмини инкишофи устуворонаи иқтисодиёти худ, оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ амал мекунад.
Моддаи 7. Кафолатҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро медиҳад:
- мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъминкунӣ тавассути миёнаравии мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ;
- тамоюли ройгони касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти давлатии шуғл;
- таъмини дастгирии иҷтимоӣ;
- ҷуброни хароҷоти моддӣ бо сабаби ба маҳали дигар бо роҳхати хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор (омӯзиш) равон намудан;
- имконияти бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок, ки бо назардошти синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.
Моддаи 8. ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл
Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷӯянда, ҳуқуқ доранд:
- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҷойҳои холии кории аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда;
- ба интихоби озодонаи ҷои кор бо роҳи муроҷиати бевосита ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён ё ба воситаи миёнаравии хадамоти шуғли аҳолӣ;
- интихоби озодонаи навъи шуғл ва кор;
- ба гирифтани хизмати миёнаравии ройгон;
- ба маълумоти ройгон дар бораи курсҳои таълимӣ дар доираи тайёрӣ ва бозомӯзонии касбии аҳолии бешуғл;
- берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона бо кор таъмин шаванд. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои додани кӯмаки миёнаравӣ ба онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- ба маслиҳати ройгон доир ба фаъолияти касбӣ ва масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ.
Шаҳрвандони бекори дар мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ бақайдгирифташуда, аз он ҷумла шахсони корҷӯянда, ҳуқуқ доранд:
- ба омӯзиш дар курсҳои тарбия ва бозомӯзии касбӣ ва гирифтани стипендия дар давраи омӯзиш;
- ба гирифтани хизмати маслиҳатӣ ва дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурд;
- ба гирифтани имконияти иштирок дар барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятӣ;
- ба дастгирии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат. Шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд, барои бекорӣ ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро доранд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд оид ба амал ё беамалии кормандони мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ба мақомоти болоии хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, инчунин ба суд, бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, арзу шикоят намоянд.
Моддаи 9. Кафолатҳои иловагии шуғл барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ
Давлат ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, бо роҳи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғл, ташкил намудани ҷойҳои иловагии корӣ ва тараққӣ додани корхонаҳои махсусгардонидашуда (аз он ҷумла ташкилотҳо барои ҷалби меҳнати маъюбон), муқаррар намудани квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон, расонидани хизмати самтгирии касбӣ, инчунин бо роҳи ташкил намудани омӯзиш аз рӯи барномаҳои махсус ва дигар чораҳо кафолатҳои иловагиро таъмин менамояд.
Квота барои ба кор қабул намудани маъюбон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешавад.
Тартиби ворид намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бинобар сабаби гузаронидани тадбирҳои беҳтар намудани вазъи экологии дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва муфлисшавӣ баамаломада бояд барҳам дода (ё аз нав ташкил карда) шаванд, машғули коранд, кафолатҳои иловагӣ муқаррар менамояд.
БОБИ II. ҲАМКОРИИ ИҶТИМОӢ ДАР СОҲАИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АҲОЛӢ
Моддаи 10. Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ муносибатҳои байни давлат, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро, ки ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ тааллуқ дорад, танзим менамояд.
Бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқа кардашуда ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асосҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд. Намояндагии мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён ба ҳайати кумитаҳо бо шумораҳои баробар муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Вазифаҳои кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ:
- оид ба масъалаҳои рушди шуғли аҳолӣ ва сиёсат дар бозори меҳнат машварат доир менамояд;
- маълумотро доир ба вазъ ва тамоюлҳо дар бозори меҳнат таҳлил менамояд;
- амалиёти мувофиқашударо оид ба масъалаҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон таҳия менамояд;
- барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро ба мувофиқа мерасонад;
- доир ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба шуғл дахлдошта ба мақомоти дахлдор бо тартиби муқарраргардида пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- ташаббусҳоро дар омода намудани чорабиниҳои ба таъмини шуғли пурра, озодона интихобшуда ва самаранок равонагашта амалӣ менамояд;
- ташхиси лоиҳаҳои барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодиро мегузаронад.
Ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар маҳалҳо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва тарафҳои дар кумитаҳо пешниҳодшуда амалӣ менамояд.
Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ III. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАҲОИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АҲОЛӢ
Моддаи 12. Танзими шуғл
Бо мақсади мусоидат ба шуғли пурра, самаранок ва озодона интихобнамудаи аҳолӣ давлат тадбирҳои зайлро амалӣ менамояд:
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои молиявию қарзӣ, сиёсати инвеститсионӣ ва андоз, ки ба самаранок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ, рушди машғулияти мустақилона, ташвиқ намудани истифодаи низоми ӯҳдабароёнаи меҳнатӣ, ҳавасманд намудани корфармоён ва дигар тадбирҳо, ки ба нигоҳдории ҷойҳои кории самаранок амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд, равона карда шудаанд;
- танзими ҳуқуқӣ, ки ба нигоҳдорӣ ва мусоидат кардан ба шуғли аҳолӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва кафолатҳои дахлдори давлатӣ, такмили қонунгузории шуғли аҳолӣ ва меҳнат нигаронида шудааст;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамоҳангсозии он бо барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;
- рушд ва такмили фаъолияти хадамоти давлатии шуғл.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати барои амалӣ намудани сиёсати шуғл дар сатҳи минтақавӣ масъул мебошанд .
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати бо сабаби мураккаб гардидани вазъияте, ки ба шуғли аҳолӣ дар минтақаҳои алоҳида марбут аст, чораҳои устувор намудани вазъи бозори меҳнат, инчунин пешгирӣ намудани ба таври оммавӣ аз кор озод намудани кормандон, нигоҳдории ҷойҳои кории мавҷуда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили корҳои муваққатӣ, ҷамъиятӣ ва дигар чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ менамоянд. Тартиби аз ҷиҳати вазъ мураккаб мансуб донистани минтақаҳоро, ки дар бозори меҳнат ба вуҷуд омадааст, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 13. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Бо мақсади танзим ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба кор қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шаҳрвандон барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия мешаванд.
Самтҳои мушаххаси таҳияи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мӯҳлати амали онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо назардошти зарурияти ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳими мусоидат ба шуғли аҳолӣ муайян менамоянд.
Барномаҳои минтақавии шуғли аҳолӣ бо қарори Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ тасдиқ карда мешаванд.
Асос барои таҳияи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро нишондиҳандаҳои пешгӯии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.
Моддаи 14. Муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо
Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо бо ҷудо намудани воситаҳои дахлдори моддӣ, молиявӣ ва ташкили шароити зарурии иҷтимоию маишӣ ва коммуналӣ мусоидат карда мешавад.
Тартиби таҳия ва амалӣ гардонидани ин тадбирҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 15. Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ
Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ аз ҷиҳати ташкилӣ мустақил мебошад, ки фаъолияти он ба самтҳои зерин равона карда шудааст:
- баҳодиҳии ҳолат ва пешгӯии рушди шуғли аҳолӣ, маълумот додан дар бораи вазъи бозори меҳнат;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз он ҷумла барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷ дошта, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;
- мусоидат ба шаҳрвандон дар ҷустуҷӯи кори мувофиқ ва ба корфармоён дар интихоби кормандони лозимӣ;
- ҳангоми зарурат ташкил намудани самтгирии касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ ва такмили тахассуси шаҳрвандони бекор;
- дастгирии иҷтимоии бекорон дар шакли пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, идрор дар давраи омӯзиш бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғл.
Фаъолияти хадамоти давлатии шуғли аҳолиро мақомоти давлатии аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардашуда роҳбарӣ ва ташкил менамояд, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои худ мақомоти минтақавиро таъсис медиҳад.
Мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия ва амалӣ менамоянд.
Тартиби ташкили хадамоти давлатии шуғли аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 16. Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси принсипҳои бисёрсамтӣ ва ҳамкории иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.
Маблағҳои хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
- маблағҳои аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳои системаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ воридшаванда;
- маблағҳои буҷети давлатӣ, аз он ҷумла маблағҳое, ки Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҳисоби пардохтҳои иҷтимоии корфармоён, аз фонди музди меҳнат ҷамъ меоваранд, ба андозае ки онро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- маблағҳое, ки ҳамчун қарзи бебозгашт (грант), инвеститсияҳо, кӯмаки хайрия ва сарпарастиҳо аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои мақсадҳои мусоидат ба шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ворид мешаванд
Маблағҳои хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбанд, хусусияти мақсаднок дошта, танҳо барои самтҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- маблағгузории хароҷот барои тамоюли касбӣ, тарбияи касбӣ, такмили ихтисос ва бозо мӯзонии шахсони бекор, аз он ҷумла пардохти идрор барои онҳо;
- додани кӯмаки молиявии беподош барои хароҷоти корҳои ҷамъиятии музднок;
- таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекори ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда;
- таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ;
- таъмини фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат;
- нигоҳдории хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, тараққиёти базаи моддию техникии он;
- маблағгузории чорабиниҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ.
Маблағҳои ба хадамоти давлатии шуғл воридшуда, ки дар соли ҳисоботӣ истифода нашудаанд, кашида гирифта намешаванд (ба истиснои маблағҳои буҷетӣ) ва ба соли ояндаи молиявӣ мегузаранд.
Моддаи 17. Ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи шуғли аҳолӣ
Барои баҳои воқеӣ додан ба вазъи бозори меҳнат ва вазъи кор дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.
Шахсони ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, ки бо миёнаравии меҳнатӣ машғуланд, шахсони бекорро сабти ном карда ба қайд мегиранд, вазифадоранд мувофиқи тартиб ва мӯҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи оморӣ пешниҳод намоянд.
Мақомоти хадамоти шуғл бо мақомоти омори давлатӣ, мақомоти андоз, мақомоти хадамоти муҳоҷират ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва маълумотҳои барои иҷрои вазифаҳои тарафҳо заруриро ба таври ройгон мубодила менамоянд.
Мақомоти хадамоти шуғл нашри маълумоти оморӣ ва маводи иттилоотиро дар бораи вазъи бозори меҳнат, талабот ва пешниҳодот ба қувваи корӣ, имкониятҳои бо кор таъминкунӣ, тамоюли касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос, инчунин офиятбахшии иҷтимоию меҳнатиро таъмин менамояд.
Моддаи 18. Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият оиди мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Фаъолияти ба шаҳрвандон расонидани хизмат ҷиҳати мусоидат барои бо кор таъмин намудан, тамоюли касбӣ, кӯмаки психологӣ ва бозомӯзонидани шаҳрвандони бекор ва аҳолии бе шуғл аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатнома (литсензия) ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 19. Мусоидати корфармоён ба таъмини шуғли аҳолӣ
Корфармоёне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ба татбиқи сиёсати давлатии шуғл дар асосҳои зерин мусоидат мекунанд, аз ҷумла:
- риоя кардани шартномаҳое (қарордодҳое), ки муносибатҳои меҳнатиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд;
- амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳои ҳифзи меҳнаткашон дар мавриди боздоштани истеҳсолот ё аз кор хориҷ намудани кормандон пешбинӣ шудаанд;
- расонидани кӯмак барои бо кор таъмин намудан, тарбияи касбӣ ва пешниҳод намудани кӯмаки иловагии молиявӣ барои кормандони аз кор хориҷшаванда аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳо;
- фароҳам овардани шароит барои тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисоси кормандон;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаи иҷтимоии ташкилот, ки нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани иқтидори касбии кормандон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнатро пешбинӣ менамояд;
- риояи квотаҳои муайяншуда барои бо кор таъмин намудани маъюбон;
- бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда ё захира намудани намудҳои алоҳидаи кор (касб) барои бо кор таъмин намудани чунин шаҳрвандон, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ муайян карда мешаванд.
Корфармоён вазифадоранд саривақт, на камтар аз ду моҳ пеш ва дар ҳаҷми пурра ба мақомоти хадамоти шуғл ва мақомоти иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон дар бораи аз кор озодкунии оммавии меҳнаткашон, аз ҷумла бо сабаби барҳам додани ташкилот, ихтисор намудани шумора ё штат, шумора ва гурӯҳҳои кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ ба онҳо дахл дорад, бо нишон додани касб, ихтисос, дараҷаи ихтисос ва андозаи музди меҳнати корманди аз кор хориҷшаванда, инчунин оид ба мӯҳлате, ки аз кор озодкунии онҳо пешбинӣ шудааст, маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд. Барои пинҳон намудан ва пешниҳод накардани чунин маълумот тибқи тартиби муқарраргардида корфармоён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд
Корфармоён бояд ба мақомоти хадамоти шуғл маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
- маълумот дар бораи нисбат ба ташкилоти мазкур истифода бурдани тартиби муфлисшавӣ, инчунин маълумоти барои иҷрои фаъолият оид ба офиятбахшии касбӣ ва мусоидат ба шуғли маъюбон зарурбуда;
- дар мӯҳлати то даҳ рӯз аз рӯзи пайдо шудани маълумот дар бораи ҳамаи ҷойҳои кории холии (вакансияҳои) бавуҷудомада мувофиқи талаботи касбии дар ташкилотҳо муайянкардашуда, инчунин маълумот дар бораи вазъи кадрҳо ва шумораи воқеии кормандон.
Дар мавриди иҷро накардани квота барои ба кор қабул намудан корфармоён мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти хадамоти шуғли аҳолӣ равон шудааст, корфармо дар давоми панҷ рӯз ба хадамоти шуғл варақаи роҳхатро бо нишон додани рӯзи ба кор қабул намудани шаҳрванд бозмегардонад. Дар сурати ба кор қабул накардани шаҳрванд корфармо дар варақаи роҳхат рӯзи омадани шаҳрванд ва сабаби ба кор қабул накарданро қайд карда, роҳхатро ба шаҳрванд бармегардонад.
Корфармо ҳуқуқ дорад:
- шаҳрвандони бевосита ба ӯ муроҷиатнамударо дар асосҳои баробар бо шаҳрвандони роҳхати мақомоти хадамоти шуғлдошта ба кор қабул намояд;
- аз мақомоти хадамоти шуғл дар бораи бозори меҳнат маълумоти ройгон гирад;
- оид ба амали мақомоти хадамоти шуғл ба мақомоти болоии он ва инчунин ба суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
Ҷойҳои корӣ барои маъюбон танҳо бо мувофиқаи мақомоти хадамоти шуғл барҳам дода мешаванд.
Моддаи 20. Иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ҳуқуқ доранд дар таҳияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ иштирок намоянд.
Мақомоти идораи давлатӣ, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои шуғл мунтазам машваратҳои муштарак мегузаронанд. Аз рӯи натиҷаи онҳо метавонанд созишномаҳои (шартномаҳои) коллективӣ банданд, ки онҳо тадбирҳои нигоҳдорӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳимояи кормандони аз кор озодгардида, инчунин меҳнаткашоне, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманданд, ӯҳдадориҳои дигар мақомоти идораи давлатиро оид ба пешниҳод намудани иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ ва молиявии гузаронидани сиёсати шуғли аҳолӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба манфиатҳои меҳнаткашонро дар соҳаи шуғл дарбар мегиранд.
Моддаи 21. Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғл дар мавридҳое сурат мегиранд, ки агар:
- онҳо барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мусоидат намоянд;
- аз сабаби надоштани ихтисоси зарурии касбӣ ба шаҳрванд интихоб намудани кори мувофиқ имконнопазир бошад;
- бо сабаби набудани коре, ки ба талаботи малакаи касбии шаҳрванд ҷавобгӯ бошад, тағйир додани касб (ихтисос, намуди машғулият) зарур аст;
- аз рӯи ихтисоси пешина қобилияти иҷрои корро гум карда бошад.
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии чунин шаҳрвандон дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти шуғл дар муассисаҳои таълимии касбӣ ва иловагӣ, марказҳои таълимии мақомоти хадамоти шуғл ва ё дар дигар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи шартномаҳои аз тарафи макомоти хадамоти шуғл басташуда ба роҳ монда мешавад.
Ҳуқуқи бо тартиби афзалиятнок аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанро маъюбони бекор, шаҳрвандони бекор баъди гузаштани зиёда аз шаш моҳи бекорӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, хатмкунандагони муассисаҳои таълими умумӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор накардаанд) ва касб (ихтисос) надоранд, доро мебошанд.
Мақомоти соҳаи маориф дар асоси дархости мақомоти хадамоти шуғл ба онҳо дар бораи сохтори касбию тахассусӣ ва шумораи хатмкунандагоне, ки барои бо кор таъмин кардан эҳтиёҷ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд.
Тартиби ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 22. Ташкили корҳои ҷамъиятӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият бо иштироки мақомоти хадамоти давлатии шуғл дар асоси шартнома гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднокро ташкил менамоянд.
Бо шахсоне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок кардан мехоҳанд, ба мӯҳлати то се моҳ бо ҳуқуқи минбаъд дароз намудани он то шаш моҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок баста мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки барои бекорӣ кӯмакпулӣ намегиранд, бекорони зиёда аз шаш моҳ дар қайди мақомоти хадамоти шуғл буда ҳуқуқи афзалиятноки иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднокро доранд. Шаҳрвандони барои ҷустуҷӯи кор дар қайди макомоти хадамоти шуғл буда низ ҳуқуқи иштирокро дар корҳои ҷамъиятии музднок доранд.
Иштироки шаҳрвандон дар корҳои ҷамъиятии музднок танҳо бо розигии онҳо мумкин аст. ҳангоми ба корҳои ҷамъиятии музднок равон намудан вазъи саломатӣ, синну сол, касб ва дигар хусусиятҳои инфиродӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок дар бораи иштироки шаҳрванд дар корҳои ҷамъиятӣ метавонад аз тарафи шаҳрванд дар мавриди соҳиби кори доимӣ ё муваққатӣ шуданаш пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад.
Музди меҳнати шаҳрвандони дар корҳои ҷамъиятӣ машғулбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Ба шаҳрвандони машғули корҳои ҷамъиятии музднок қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ татбиқ мегардад.
Маблағгузории корҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳое, ки ин корҳо дар он ҷо ташкил карда мешаванд ва ҳангоми зарурат бо ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кӯмаки молиявии беподоши хадамоти шуғл амалӣ мегардад.
Тартиби ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 23. Тартиби аз ҷониби мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд
Ба шаҳрвандоне, ки ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд, мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ мувофиқи тартибе, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ мерасонанд.
БОБИ IV. КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОӢ ҲАНГОМИ БЕКОР МОНДАН
Моддаи 24. Кафолатҳои дастгирии иҷтимоии шахсони бекор
Давлат ҳангоми бекор мондан кафолатҳои зеринро медиҳад:
- додани имтиёз ва ҷубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;
- пардохти идрор ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти давлатии шуғл;
- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- имконияти иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок.
Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё штат аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат дода мешавад.
Даврае, ки дар давоми он шаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бекорӣ кӯмакпулӣ, идрор мегирад, дар корҳои муздноки ҷамъиятӣ иштирок мекунад, собиқаи меҳнатии ӯ қатъ намегардад ва ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил мешавад.
Моддаи 25. Шартҳо ва мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда бекор дониста шудаанд.
Қарор дар бораи таъини кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз ҷониби мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ дар рӯзи 11 аз лаҳзаи бақайдгирии онҳо дар баробари қарор дар бораи бекор донистани шаҳрванд қабул карда мешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давоми сол 6 моҳи тақвимӣ, вале на зиёда аз давраи 12-моҳа, дода мешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ моҳе як маротиба пардохта мешавад, ба шарте ки шахси бекор мувофиқи мӯҳлати аз ҷониби мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ муайянгардида аз нав аз қайд гузарад.
Моддаи 26. Тартиби дароз кардани мӯҳлатҳои пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандони дорои собиқаи корие, ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад
Барои шаҳрвандоне, ки собиқаи умумии меҳнатии онҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқ буда, ҳуқуқи нафақаро медиҳад (аз ҷумла нафақа бо шартҳои имтиёзнок), давомнокии давраи додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ бар замми 6 моҳи тақвимии муқарраршуда барои ҳар як соли кории аз собиқа зиёд, ки барои таъини нафақа аз рӯи пиронсолӣ зарур аст, ба 1 ҳафтаи тақвимӣ зиёд карда мешавад.
Давраи умумии пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ умуман аз 12 моҳи тақвимӣ дар давоми 18 моҳи тақвимӣ зиёд буда наметавонад.
Моддаи 27. Тартиби муайян намудани андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Барои гирифтани кӯмакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба хадамоти шуғли аҳолӣ бояд дар давоми 12 моҳи охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 12 ҳафтаи тақвимӣ кори музднок дошта, ҳатман аз музди меҳнат ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пардохти суғуртавӣ карда бошад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми 50 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷои кори охирин (бо назардошти коэффисиентҳо), ки дар ду моҳи охири корӣ ҳисоб карда шудааст, вале на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад.
Ба шаҳрвандоне, ки пеш аз муроҷиат намудан ба мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ дар давоми 12 моҳи охир аз 12 ҳафтаи тақвимӣ камтар соҳиби кори музднок буда, ҳамчун бекор дониста шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад.
Дар сурати хӯрандаи корношоями то синни 15-сола доштани шаҳрвандони бекор, дар ҳолати барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷет ва вуҷуд надоштани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо қарори худ метавонанд ба кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба ҳар як хӯранда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ иловапулӣ дар ҳаҷми 10 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ муқарраргардида таъин намоянд .
Шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, муддати тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кор накардаанд, тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ба итмом расонида, дар корҳои ҷамъиятии музднок иштирок кардаанд, ҳамчунин бо сабаби вайрон намудани қонунгузории меҳнат ва интизоми меҳнатӣ аз кор озод шудаанд, ба гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ надоранд.
Ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ озод шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар кор кардаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ мувофиқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур ба шарте таъин карда мешавад, ки масъалаҳои ба ҳисоб гирифтани пардохтҳо ба фондҳои суғуртавии иҷтимоии давлатӣ бо кор таъминкарда, бо шартномаҳои дахлдори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда бошанд.
Нигоҳдории маблағ аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. ҳаҷми умумии нигоҳдории маблағ аз 50 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ гирифташаванда зиёд буда наметавонад.
Моддаи 28. Боздоштан ва қатъ намудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шахси бекор қатъ гардад, боздошта шавад, ё андозаи он кам карда шавад.
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- дар асоси талаботи пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд;
- ҳангоми бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғли аҳолӣ бо пардохти идрор гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
- муддати тӯлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти хадамоти шуғл;
- ҳангоми кӯчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар;
- ба охир расидани мӯҳлати таъиншудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- бо роҳи фиреб гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ ҷазо гирифтани шахси бекоре, ки кӯмакпулӣ мегирад
- мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани нафақа аз рӯи синну сол ва барои хизмати дарозмуддат.
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба мӯҳлати то се моҳ дар мавридҳои зерин боздошта шавад:
- дар давраи бекорӣ аз ду пешниҳоди ҷои кори мувофиқ даст кашидан;
- ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи нашъадор ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда ба вуҷуд омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст. Тартиби муқаррар намудани ҳодисаи дар ҳолати мастӣ будани шахси бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- ба кори муваққатӣ ё ба кори рӯзи ҳафтаи (кориаш) кӯтоҳ бе огоҳкунии хадамоти шуғл машғул шудани шахси бекор;
- аз ҷониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор. Боздоштани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз рӯзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои аз нав бақайдгирӣ омадани шахси бекор амалӣ мегардад.
Давраи боздошта шудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба давраи умумии додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давраҳои зерин дода намешавад:
- дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти муқаррарнамудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ зиёд давом ёбад;
- аз ҷои истиқомати доимӣ баромада рафтани шахси бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии рӯзона;
- даъвати шахси бекор ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҷалб намудан ба чорабиниҳои бо хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобастабуда.
Давраҳои дар қисми 5 ҳамин модда зикршуда ба давраи умумии пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дохил намешавад ва онро дароз менамоянд.
Дар мавридҳои зерин андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст дар ҳаҷми 25 фоиз ба мӯҳлати то як моҳ кам карда шавад:
- бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо дар бораи ба кор таъмин шудан дар мӯҳлати 2 ҳафта аз рӯзи бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғл фиристода (даъват) шудан;
- бе сабаби узрнок барои гирифтани роҳхат ба кор (ба хондан) ба мақомоти хадамоти шуғл ҳозир нашудан.
Моддаи 29. Андозаҳои идрорҳое, ки ба шаҳрвандон дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дода мешавад
Дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзии шаҳрвандони бекор дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти шуғли аҳолӣ, ки дар давоми 12 моҳи охир на камтар аз 12 ҳафтаи тақвимӣ соҳиби кори музднок буданд, идрор дар ҳаҷми кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба онҳо бояд пардохта шавад.
Ба шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, муддати тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кор накардаанд, инчунин дар давоми 12 моҳи охир камтар аз 12 ҳафтаи тақвимӣ соҳиби кори музднок буданд ва ба тарбияи касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ эҳтиёҷ доранд, идрор дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали (бо назардошти коэффисиентҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад.
Ба шаҳрвандоне, ки хӯрандаи корношоями то синни 15-сола доранд, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо қарори худ ба идрори ҳар як хӯранда метавонад иловапулӣ таъин намояд. Андозаи идрор дар сурати аз худ накардани дарсҳо ё ба дарсҳо мунтазам бе сабаб наомадан кам карда ё пардохти он боздошта мешавад .
Моддаи 30. Суғурта ҳангоми бекор мондан
Шаҳрвандон дар ҳолати бекор мондан метавонанд бо ташкилотҳои суғуртавӣ шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ банданд. Тартиб, марҳила ва шартҳои суғуртаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Мақомоте, ки назорати давлатиро ба амал мебароранд
Назорати давлатии риоя шудани қонунгузорӣ дар бораи шуғли аҳолиро маҷлисҳои вакилони халқ, мақомоти дахлдори давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва мақоми ваколатдорнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Моддаи 32. Ҳалли баҳсҳо ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Баҳси корхона, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл, аз ҷумла баҳсҳо бо мақомоти хадамоти шуғли аҳолӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ"
Бо сабаби қабули Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 "Дар бораи шуғли аҳолӣ" (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №15, моддаи 268; соли 1994, №2, моддаи 40; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1998, №10, моддаи 119) беэътибор дониста шавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 августи соли 2003 № 44
ш. Душанбе