ОИННОМАИ СОЗМОНИ ШАРТНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИ
Дар шаҳри Кишнёв 7 октябри соли 2002 ба имзо расид.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2003 тасдиқ намуд.
Давлатҳои иштирокчии Шартномаи амнияти дастаҷамъи аз 15 майи соли 1992 (минбаъд - Шартнома),
қатъан мутобиқи ӯҳдадориҳои худ вобаста ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, қарорҳои Шӯрои амнияти СММ амал намуда, принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалиро ба роҳбари гирифта;
бо нияти фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва устувор чиҳати рушди ҳамаҷонибаи давлатҳои иштирокчии Шартнома ва таъмини амният, истиқлолият ва тамомияти арзии онҳо;
ҷонибдории хешро аз мақсад ва принсипҳои Шартнома ва шартномаҳо ва қарорҳои байналмилалии дар доираи он қабулгардида тасдиқнамуда;
бо азми қавии инкишофи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳарбию сиёси ба манфиати таъмин ва таҳкими амнияти милли, минтақави ва байналмилали;
бо мақсади идома додан ва тавсеаи муносибатҳои зичи иттифоқи дар соҳаҳои сиёсати хориҷи, ҳарби ва ҳарбию техники, инчунин дар соҳаи мубориза алайҳи ситезаҳои трансмилли ва таҳдид ба амнияти давлатҳо ва халқҳо;
азму нияти баланд бардоштани самарабахшии фаъолиятро дар доираи Шартнома ба роҳбари гирифта;
ба мувофиқаи зайл расиданд.
БОБИ I. ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ШАРТНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИ
Моддаи 1
Давлатҳои иштирокчии Шартнома Созмони байналмилалии минтақавии Шартномаи амнияти дастаҷамъиро таъсис медиҳанд (САҲА), ки минбаъд Созмон номида мешавад (.).
Моддаи 2
Муқаррароти Шартнома ва шартномаю қарорҳои байналмилалии барои рушди он қабулгардидаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Шартнома барои давлатҳои узви Созмон (минбаъд-давлатҳои узв) ва худи Созмон ҳатми мебошад.
БОБИ II. МАҚСАД ВА ПРИНСИПҲО
Моддаи 3
Мақсадҳои Созмон аз таҳкими сулҳ, амният ва истиқрори байналмилали ва минтақави дар асоси дастаҷамъи ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзи ва соҳибихтиёрии давлатҳои узв, ки барои ноил шудан ба онҳо давлатҳои узв ба воситаҳои сиёси афзалият додаанд.
Моддаи 4
Дар фаъолияти худ Созмон бо давлатҳое, ки узви Созмон нестанд, ҳамкори намуда, бо созмонҳои байналмилалии байниҳукумати, ки дар соҳаи амният амал мекунанд, робита менамояд.
Созмон ба ташаккули тартиботи одилонаю демократи, ки ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқҳои байналмилали асос ёфтааст, мусоидат менамояд.
Моддаи 5
Созмон дар асоси эҳтироми бечунучарои истиқлолият, иштироки ихтиёри, баробарии ҳуқуқва ӯҳдадориҳои давлатҳои узв, дахолат нанамудан ба корҳое, ки таҳти юрисдиксияи миллии давлатҳои узв қарор доранд, фаъолият менамояд.
Моддаи 6
Оинномаи мазкур ба ҳуқуқва ӯҳдадориҳои давлатҳои узв вобаста ба дигар шартномаҳои байналмилали, ки онҳо иштирокчии он мебошанд, дахолат намекунад.
БОБИ III. САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ
Моддаи 7
Барои расидан ба мақсадхои Созмон давлатҳои аъзо чораҳои муштаракро барои таъсис додан дар доираи низоми амалкунандаи амнияти дастаҷамъӣ меандешанд, ки мудофиаи муштаракро дар ҳолати ба вуқӯъ омадани таҳдидҳо ба амният, устуворӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолият ва амалӣ гардидани ҳуқуқи мудофиаи муштарак бо таъсис додани қувваҳои муштараки (дастаҷамъии) Созмон, гурӯҳи қӯшунҳои (қувваҳои) минтақавӣ (муттаҳида), қувваҳои сулҳҷӯ, низоми муттаҳида ва мақомоти идоракунии онҳо, иншооти ҳарбӣ таъмин менамоянд. Давлатҳои аъзо инчунин дар соҳаҳои ҳарбӣ - техникӣ (ҳарбӣ - иқтисодӣ), таъмини қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус бо аслиҳаи зарурӣ, техника ва воситаҳои махсус, тайёр намудани кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисон барои кувваҳои мусаллаҳи миллӣ ҳамкорӣ менамоянд(.).
Давлатҳои узв дар бораи ҷойгиронии гурӯҳҳои кӯшунҳо (қувваҳо), иншооти инфраструктураи ҳарбии давлатҳо, ки узви Созмон намебошанд баъди гузаронидани машваратҳои бетаъхир (ба мувофиқа расонидан) бо дигар давлатҳои узв қарор қабул мекунанд.
Моддаи 8
Давлатҳои узв нерӯи худро дар мубориза бо терроризм ва экстермизми байналмилали, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропи, яроқ, ҷинояткории муташакили трансмилли, муҳоҷирати ғайриқонуни ва дигар таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои узв ҳамоҳанг ва мутаҳид месозанд.
Давлатҳои аъзо чораҳоро барои таъсис додан ва амал намудан дар доираи Созмон низоми эътино намудан ба ҳолатҳои бӯҳрон, таҳдидҳо ба амният, устуворӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзоро меандешанд (.).
Давлатҳои аъзо дар соҳаи ҳифзи марзи давлатӣ, мубодилаи ахборот, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи аҳолӣ ва каламрав аз ҳолатҳои фавкулодда, ки хусусияти табиӣ ва техногенӣ доранд, инчунин аз хатарҳое, ки дар рафт ё натиҷаи амалиёти ҷанг ба вуқӯъ меоянд, хамкорӣ менамоянд (.).
Давлатҳои узв фаъолияти худро дар ин самтҳо, аз ҷӯмла дар ҳамкории зич бо тамоми давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ, бо назардошти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид, анҷом медиҳанд (.).
Моддаи 9
Давлатҳои узв мавқеъи сиёсати хориҷии хешро вобаста ба масъалаҳои амнияти байналмилали ва минтақави ба мувофиқа мерасонанд ва ҳамоҳанг месозанд, аз ҷумла барои ин механизмҳои машварат ва расмиёти Созмонро истифода мебаранд.
Моддаи 10
Давлатҳои узв ҷиҳати рушди заминаи шартномавию ҳуқуқи, ки фаъолияти системаи амнияти дастаҷамъиро танзим менамояд, инчунин мутаносибгардонии конунгузории милли оид ба масъалаҳои мудофиа, сохтори ҳарби ва амният тадбирҳо меандешанд.
БОБИ IV. МАҚОМОТИ СОЗМОН
Моддаи 11
Мақомоти Созмон инҳоянд:
а) Шӯрои амнияти дастаҷамъи (минбаъд - Шӯро);
б) Шӯроия Вазирони корҳои хориҷи (ШВКХ);
в) Шурои Вазирони мудофиа (ШВМ);
г) Кумитаи котибони Шӯрои амният (ККША).
д) шӯрои Доимӣ (.).
Мақомоти доимоамалкунандаи кории Созмон, Котиботи Созмон (минбаъд-Котибот) ва Ситоди муттаҳидаи Созмон (минбаъд - Ситоди муттаҳида) мебошад (.).
Мақомоти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, Ассамблеяи парламентии Созмон мебошад (.).
Вазифа ва тартиби кори мақомоти дар боло зикргардида бо Оинномаи мазкур, инчунин бо дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Созмон ба тартиб дароварда мешавад (.).
Моддаи 12
Қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъи, Шӯрои Вазирони корҳои хориҷи, Шӯрои Вазирони мудофиа, Кумитаи котибони Шӯрои амният оид ба ҳамаи масъалаҳо, ба истиснои масъалаҳои расмиёти, бо розигии тарафайн (консенсус) қабул карда мешаванд.
Ҳар як давлати узв ҳангоми овоздиҳи дорои як овоз мебошад.
Тартиби овоздиҳи, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои расмиёти, тибқи Қоидаҳои расмиёти мақомоти Созмон, ки Шӯро тасдиқменамояд, танзим мегардад.
Қарори Шӯро ва қарорҳое, ки ҷиҳати иҷрои он Шӯрои Вазирони корҳои хориҷи, Шӯрои Вазирони мудофиа, Кумитаи котибони Шӯрои амният қабул мекунанд, барои давлатҳои узв ҳатми буда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории милли иҷро карда мешаванд.
Шӯро дар шакли маҳдуд ҳуқуқи қарор қабул намуданро дорад ба шарте, ки ягон давлати аъзо зидди чунин тартиби қабул намудани қарор намебарояд (.).
Давлати аъзое, ки дар қабули қарор дар шакли маҳдуд овоз надодааст ба оқибатҳои қарори қабулгардида ҷавобгӯ нест (.).
Моддаи 13
Шӯро мақоми олии Созмон мебошад.
Шӯрои масъалаҳои усулии (принсипиалии)фаъолияти Созмонро барраси намуда, қарорҳое қабул менамояд, ки барои татбиқи мақсад ва вазифаҳои он нигаронида шудаанд, ҳамчунин ҳамоҳангсози ва фаъолияти муштараки давлатҳои узвро барои татбиқи ин мақсадҳо таъмин менамояд.
Ба ҳайати Шӯро сарони давлатҳои узв шомил мебошанд.
Дар ҷаласаи Шӯро метавонад Вазирони корҳои хориҷи, Вазирони мудофиа, Котибони Шӯрои амнияти давлатҳои узв, Котиби генералии Созмон, Намояндагони доимӣ ва Ваколатдори давлатҳои аъзо дар назди Созмон (минбаъд-намояндагони доимӣ) ва шахсони даъватшуда иштирок намоянд (.).
Шӯрои ҳуқуқдорад дар асоси доими ё муваққати мақомоти кори ва ёрирасони Созмонро таъсис диҳад.
Раиси Шӯро (минбаъд - Раис) сардори давлате мебошад, ки дар ҳудуди он ҷаласаи навбатии Шӯро доир мегардад, агаря Шӯро қарори дигаре қабул нанамояд.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ дар давраи то ҷаласаи навбатии ояндаи Шӯро нигоҳ дошта мешавад.
Хориҷ карда шуд (.).
Хориҷ карда шуд (.).
Шӯрои доими аз Намояндагони ваколатдор иборат аст, ки аз ҷониби давлатҳои узв мутобиқи расмиёти дохилидавлатии онҳо таъин мегардад ва тибқи муқаррароти тасдиқнамудаи Шӯро амал мекунад.
Моддаи 14
Шӯрои Вазирони корҳои хориҷи (ШВКХ ) мақоми машварати ва иҷроияи Созмон оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки давлатҳои узв дар соҳаи сиёсати беруни мебошад.
Моддаи 15
Шӯрои Вазирони мудофиа (ШВМ) мақоми машварати ва иҷрои Созмон вобаста ба масъалаҳои ҳамонҳангсозии фаъолияти муштараки давлатҳои узв доир ба масъалаҳои сиёсати ҳарби, сохтмони ҳарби ва ҳамкориҳои ҳарбию техники мебошад.
Моддаи 16
Шӯрои доимӣ мақомоти мутобикаткунии Созмон мебошад, ки дар давраи байни ҷаласаҳои Шӯро ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмон машғул буда, дар якҷоягӣ бо мақомоти кории доимоамалкунандаи Созмон иҷрои қарорҳоеро, ки аз ҷониби Шӯро, ШВКХ, ШВМ ва ККША қабул мегарданд, таъмин менамояд.
Шӯрои доимиро намояндагони доимие, ки сарони давлатҳои аъзо мутобиқи расмиёти дохилидавлатӣ таъин менамоянд, ташкил медиҳад ва мутобиқи Низомномаи аз ҷониби Шӯро тасдиқшуда амал менамояд(.).
Боби V. Котиби генералӣ. Мақомоти доимоамалкунандаи кории Созмон
Моддаи 17
Котиби генералии Созмон (минбаъд - Котиби генералӣ) шахси мансабдори олии маъмурии Созмон мебошад. Котиби генералӣ роҳбарии Котиботро, инчунин мутобиқаткунии фаъолияти мақомоти кории доимоамалкунандаи Созмонро амалӣ менамояд.
Котиби генералӣ бо қарори Шӯро ба мӯҳлати се сол бо пешниҳоди ШВКХ аз ҳисоби шаҳрвандони давлатҳои аъзо, таъин карда мешавад.
Котиби генералӣ ба Шӯро ҳисоботдиҳанда буда, дар ҷаласаҳои Шӯро, ШВКХ, ШВМ, ККША ва Шӯрои доимӣ иштирок менамояд.
Котиби генералӣ таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳоеро, ки барои баррасӣ ба мақомоти Созмон пешниҳод мегарданд, мувофиқа намуда, Созмонро дар муносибатҳо бо дигар давлатҳо, ки аъзои он нестанд, ташкилотҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори умум намояндагӣ мекунад ва алоқаи кориро ба онҳо ба роҳ мемонад.
Котиби генералӣ нисбат ба Оинномаи мазкур, дигар шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои дар доираи Созмон қабулгардида маҳфуздоранда мебошад (.).
Моддаи 18
Котибот таъминоти ташкилӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва машваратии фаъолияти мақомоти Созмонро амалӣ менамояд.
Котибот дар якҷоягӣ бо Шӯрои доимӣ омодагии лоиҳаҳои қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои мақомоти Созмонро амалӣ менамояд.
Котибот аз ҳисоби шаҳрвандони давлатҳои аъзо бо тарзи квота (шахсони мансабдор) мутаносибан бо саҳми аъзогии давлатҳои аъзо ба буҷети Созмон ва дигар шаҳрвандони давлатҳои аъзо, ки бо тарзи озмун дар асоси қарордод (ҳамкорон) ҷалб карда шудаанд, таъсис дода мешавад.
Макони ҷойгиршавии Котибот шаҳри Москваи Федератсияи Россия мебошад. Шартҳои будубоши Котибот дар қаламрави Федератсияи Россия дар асоси шартномаи байналмилалии дахлдор ба танзим дароварда мешавад (.).
Моддаи 18-1
Ситоди муттаҳида таъмини ташкилӣ, иттилоотию таҳлилии фаъолияти ВАО-ро амалӣ намуда, барои омода намудани пешниҳодҳои хусусияти Созмон, ташкил ва мутобиқаткунӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти идоракунандаи ҳарбии давлатҳои аъзо иҷрои амалии қарорҳои мақомоти Созмон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ, ки ба салоҳияти он дохил мешаванд, ҷавобгӯй мебошад.
Ситоди муттаҳида аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии давлатҳои аъзо бо тарзи квота, мутаносибаи бо саҳми аъзогии давлатҳои аъзо ба буҷети Созмон ва дигар шаҳрвандони давлатҳои аъзо, ки бо тарзи озмун дар асоси шартнома кироя карда шуданд, пурра карда мешавад.
Вазифа, функсия, сохтор, ҳайат ва асосҳои ташкилии Ситоди муттаҳида мутобиқи низомномаи аз ҷониби Шӯро тасдиқнамуда муайян карда мешаванд.
Макони ҷойгиршавии Котибот шаҳри Москваи Федератсияи Россия мебошад. Шароити мавқеи Котибот дар қаламрави Федератсияи Россия дар асоси шартномаи байналмилалии дахлдор ба танзим дароварда мешавад (.).
БОБИ VI. УЗВИЯТ
Моддаи 19
Узви Созмон метавонад ҳама гуна давлате бошад, ки мақсад ва принсипҳои онро эътироф менамояд ва омода аст уҳдадориҳои дар ҳамин Оиннома ва дигар шартномаю қарорҳои дар доираи Созмон амалкунанда мавҷударо ба зимма гирад.
Қарор дар мавриди қабул ба Созмон аз ҷониби Шӯро қабул карда мешавад.
Ҳама гуна давлати узв ҳуқуқдорад аз Созмон хориҷ шавад. Баъди танзими ӯҳдадориҳои худ дар доираи Созмон чунин давлат ба маҳфуздорандаи Оиннома дар мӯҳлати на камтар аз 6 моҳ то санаи хориҷшави дар маврид огоҳиномаи расмиро ирсол медорад.
Тартиби қабул ва хориҷ шудан аз Созмон тибқи Муқаррароти дахлдори тасдиқнамудаи Шӯро муайян мегардад.
Моддаи 20
Дар сурати аз ҷониби давлати узв иҷро намудани Муқаррароти ҳамин Оиннома, қарорҳои Шӯро ва дигар қарорҳои ҷиҳати иҷрои онҳо қабулнамудаи мақомоти Созмон Шӯро метавонад иштироки онро дар фаъолияти мақомоти Созмон боздорад.
Ҳангоми аз ҷониби давлати узв минбаъд низ иҷро накардани ӯҳдадориҳои зикршуда Шӯро метавонад дар мавриди хориҷ намудани он аз Созмон қарор қабул кунад.
Қарорҳо оид ба ҳамин масъала нисбати чунин давлати узв бе дарназардошти овози он қабул карда мешавад.
Тартиби боздоштани иштироки давлати узв дар фаъолияти мақомоти Созмон ё хориҷ намудани он аз Созмон тибқи муқаррароти дахлдор, ки Шӯро тасдиқменамояд, муайян карда мешавад.
БОБИ VII. НОЗИРОН
Моддаи 21
Мақоми нозир дар назди Созмон метавонад ба давлате, ки узви Созмон намебошад, инчунин ба Созмони байналмилали мутобиқи муроҷиати расмии хатти унвонии котиби генерали фароҳам оварда шавад. Қарор дар мавриди фароҳам овардан, боздоштан ё бекор кардани мақоми нозир аз Ҷониби Шӯро қабул карда мешавад.
Иштироки нозирон дар ҷаласаҳои мақомоти Созмон тибқи Қоидаҳои расмиёти мақомоти Созмон танзим мегардад.
БОБИ VIII. ҚОБИЛИЯТИ ҲУҚУҚИ, ИМТИЁЗОТ ВА МАСУНИЯТ
Моддаи 22
Созмон дар ҳудуди ҳар кадом давлати узв аз қобилияти ҳуқуқие, ки барои татбиқи мақсад ва вазифаҳои он зарур аст, истифода мебарад.
Созмон метавонад бо давлатҳое, ки узв намебошанд, ҳамкори намояд, бо Созмонҳои байналмилалии байнидавлати, ки дар соҳаи амният фаъолият мекунанд, робита дошта, бо онҳо шартномаҳои байналмилали бандад, ки онҳо барои истиқрор ва рушди чунин ҳамкори нигаронида шудаанд.
Созмон аз ҳуқуқи шахси ҳуқуқи истифода мебарад.
Моддаи 23
Имтиёзот ва масунияти Созмон тибқи шартномаҳои дахлдори байналмилали муайян мегардад.
БОБИ IХ. МАБЛАГГУЗОРИ
Моддаи 24
Маблағгузории фаъолияти мақомоти кории доимоамалкунанда аз ҳисоби маблағҳои буҷети Созмон сурат мегиранд. Барои таъмини фаъолияти Созмон маблағҳои ғайрибуҷетӣ (ғайр аз маблағҳои қарзӣ) ҷалб карда мешаванд, тартиби таъсисдиҳӣ ва истифодабарии онҳо мутобиқи низомномаи аз ҷониби Шӯро тасдиқнамуда, муайян карда мешавад (.).
Буҷети Созмон аз ҳисоби саҳми ҳиссавии давлатҳои узв, ки Шӯро тасдиқменамояд, ташаккул меёбад.
Буҷети Созмон набояд дорои каср бошад.
Лоиҳаи буҷети Созмон барои ҳар як соли буҷети аз ҷониби Котибот, бо мувофиқаи давлатҳои узв, мутобиқи Низомнома дар бораи Тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмон таҳия мегардад.
Буҷети Созмонро Шӯро тасдиқменамояд.
Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмонро Шӯро тасдиқменамояд.
Давлатҳои узв хароҷоти вобаста ба ишитроки намояндагон ва экспертҳояшонро дар ҷаласаҳо, маҷлисҳои мақомоти Созмон ва дигар чорабиниҳое, ки дар доираи Созмон сурат мегирад, инчунин хароҷоти вобаста ба фаъолияти намояндагони доимиро мустақилона пардохт менамоянд.
Моддаи 25
Дар сурати аз ҷониби давлатҳои узв иҷро нанамудани ӯҳдадориҳо вобаста ба пӯшонидани қарз дар назди буҷети Созмон дар ҷараёни ду сол Шӯро дар мавриди то пурра пардохтани қарз боздоштани ҳуқуқи пешниҳоди шаҳрвандони ин давлат ба мансабҳои квотави дар доираи Созмон, инчунин дар мавриди маҳрум сохтан аз ҳуқуқи овоз дар мақомоти Созмон қарор қабул мекунад.
БОБИ Х. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 26
Ҳамин Оиннома бояд тасдиқ карда шавад ва аз санаи ба маҳфуздоранда ирсол намудани огоҳиномаи ниҳоии хаттӣ дар мавриди тасдиқ, ки давлатҳо ба он имзо намудаанд, эътибор пайдо мекунад.
Маҳфуздоранда давлатҳоеро, ки ҳамин Оинномаро имзо намудаанд, дар мавриди гирифтани ҳар яке аз огоҳинома дар бораи тасдиқогоҳ менамояд.
Моддаи 27
Дар Оинномаи мазкур бо розигии умумии давлатҳои узв метавонад тағиироту иловаҳо ворид карда шавад, ки онҳо бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд.
Протоколҳо дар бораи тағийроту иловаҳо ба Оиннома қисми ҷудонашавандаи он буда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 26 ҳамин Оиннома эътибор пайдо мекунанд.
Қайду шарт нисбат ба Оиннома иҷозат дода намешавад.
Ҳама гуна баҳсҳо дар мавриди тавзеҳ ва татбиқи муқаррароти ҳамин Оиннома бо роҳи машварат ва гуфтушуниди байни давлатҳои узви манфиатдор ҳал карда мешаванд. Дар сурати ба мувофиқа нарасидан баҳс ба баррасии Шӯро пешниҳод мегардад.
Моддаи 28
Забони расми ва кории Созмон забони рӯси мебошад.
Моддаи 29
Ҳамин Оиннома дар Котиботи Созмони Милали Муттаҳид мутобиқи муқаррароти моддаи 102 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта мешавад.
Оиннома дар шаҳри Кишинёв 7 октябри соли 2002 дар як нусхаи асл ба забони руси таҳия шудааст. Нусхаи асли Созишнома дар назди маҳфуздоранда нигоҳ дошта мешавад, ки он ба ҳар давлати ҳамин Оинномаро имзонамуда нусхаи тасдиқгардидаро ирсол медорад.
Аз номи Ҷумҳурии Арманистон
Аз номи Ҷумҳурии Қирғизистон
Аз номи Ҷумҳурии Белорус
Аз номи Федератсияи Россия
Аз номи Ҷумҳурии Қазоқистон
Аз номи Ҷумҳурии тоҷикистон |
Р.Кочерян
А.Акаев
А.Лукашенко
В.Путин
Н.Назарбоев
Э.Раҳмонов |