ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қисми якуми моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 2, моддаи 32; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 3, моддаи 48) дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ба шахсоне, ки мувофиқи ҳамин Қонун - мардон камаш бист литр ва занон камаш понздаҳ литр хун ё плазма супоридаанд, қатъи назар аз собиқаи донори, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо унвони фахрии "Донори ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон" дода мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
13 ноябри соли 1998 № 710
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ДОНОРСТВЕ КРОВИ И ЕЕ КОМПОНЕНТОВ"
Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Часть первую статьи 13 Закона Республики Таджикистан от 27 декабря 1993 года "О донорстве крови и ее компонентов" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994 г., № 2, ст. 32; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., № 3, ст. 48) изложить в следующей редакции:
"Лицам, сдавшим в соответствии с настоящим законом кровь или плазму, мужчинам не менее двадцати литров и женщинам не менее пятнадцати литров, независимо от донорского стажа, Президентом Республики Таджикистан присваивается почетное звание "Почетный донор Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Э.РАХМОНОВ
г. Душанбе,
13 ноября 1998 года, №710