ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод.167; с. 2007, №7, мод. 441; с. 2011, №12, мод. 850; с. 2014, №7, қ 2, мод. 418)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи обуҳавошиноси муқаррар намуда, ба таъмин намудани талаботи давлат, шахсони ҳуқуқию воқеи ба маълумоти обуҳавошиноси, инчунин иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист равона гардидааст.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- фаъолияти обуҳавошиноси - раванди мушоҳидаи вазъи муҳити зист, ҷамъовари, коркард, таҳлил, нигоҳдори, пешниҳод, баамалбарории маълумот ва пешгӯии тағйиребии вазъи муҳити зист, инчунин корҳои таъсиррасонии фаъолона ба раванди обуҳавошиноси ва дигар равандҳои геофизики;
- мониторинги муҳити табиии зист - мушоҳидаи дарозмӯҳлат ба вазъи муҳити зист, ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодиҳи ва пешгӯии вазъи он;
- нуқтаи статсионарии мушоҳидави ба вазъи муҳити зист, (минбаъд нуқтаи статсионарии мушоҳидави) - маҷмӯе, ки қитъаи замин ё як қисми акваторияи (қитъаи баҳр, дарё ва ғайра) дар он асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои барои муайян кардани хусусияти муҳити зист пешбинишударо дар бар мегирад;
- нуқтаи сайёри мушоҳидави ба вазъи муҳити зист (минбаъд - нуқтаи сайёри мушоҳидави) - маҷмӯе, ки аз платформаи (дастгоҳи парвозкунанда ё дигар воситаҳои ҳаракат) дар он асбобу анҷоми барои муайян кардани хусусияти муҳити зист насбшуда иборат аст;
- шабакаи мушоҳидави - маҷмӯи нуқтаҳои мушоҳидавии статсионари ва сайёр, аз ҷумла ҷойҳои навбатдори, стансияҳо, лабораторияҳо, марказҳо, идораҳои обуҳавошиноси, расадхонаҳо барои мушоҳида ба равандҳои физики ва кимиёвии дар муҳити зист ба амалоянда ва муайян намудани хусусиятҳои ҳавошиноси, иқлими, аэрологи, обшиноси, яхшиноси гелиогеофизикию ҳавошиносии кишоварзии пешбинишуда, инчунин барои муайян кардани дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера, хок ва иншооти оби;
- шабакаи давлатии мушоҳидави - шабакаи мушоҳидавии мақомоти махсуси ваколатдоркардашуда дар соҳаи обуҳавошиноси ва соҳаҳои ба он наздик;
- иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист - маълумоте, ки дар натиҷаи мониторинги муҳити зист ба даст оварда мешавад;
- иттилооти таъҷили - иттилооти таъҷилан интиқол додашаванда оид ба ҳодисаҳои хатарноки табии, тағйироти ногаҳонии амали ва пешбинишавандаи обу ҳаво ва ифлосшавии муҳити зист, ки ба ҳаёту саломатии аҳоли ва муҳити зист зарар расонда метавонанд;
- маводи иттилоотӣ - иттилооти ҷамъбастшудаи дар натиҷаи таҳлили маълумот бадастовардашуда, ки барои паҳнкунӣ ва истифода пешбинӣ шудааст ;
- иттилооти таъиноти умумӣ - иттилооти дастраси коркардшуда оид ба вазъи воқеӣ ва пешгуишавандаи муҳити зист ва сатҳи олудашавии он ;
- иттилооти махсус - иттилоот дар бораи обуҳавошиносӣ, ки дар асоси шартнома пешниҳод мешавад ва барои омодасозии он гузаронидани корҳои иловагӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти мазкур, зарур аст ;
- таъсиррасонии фаъолона - таъсиррасони ба равандҳои ҳавошиноси ва дигар равандҳои геофизики бо мақсади ба танзим даровардани онҳо ва кам кардани зарари эҳтимоли аз ин paвандҳo ба аҳоли ва иқтисодиёт;
- ташкилотҳои махсусгардондашудаи таъсиррасонии фаъолона ба равандаҳои ҳавошиноси - шахсони ҳуқуқие, ки растаниҳои кишоварзиро аз жола ҳимоя карда, боришот, парокандашавии туман ва тармафароиро ба танзим медароранд;
- стансияҳои дурдаст - стансияҳое, ки аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот дар масофаи дур ва шароити мураккаби физикию ҷуғрофи воқеъ гардида, бо онҳо алоқаи мунтазами нақлиёти вуҷуд надорад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиноси
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиноси ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, иборат мебошад.
БОБИ II. ТАНЗИМ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
Моддаи 3. Самтҳои асосии танзим ва идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиноси
Самтҳои асосии танзими давлатии фаъолияти обуҳавошиноси аз инҳо иборатанд:
- ташаккул додан ва таъмин намудани кори шабакаи давлатии мушоҳидави;
- таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлати, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳоли бо иттилоот дар бораи вазъи воқеи ва пешбинишавандаи муҳити зист, аз ҷумла ахбори таъҷили;
- муайян кардани талабот ба маводи иттилооти;
- муайян кардани номгӯи корҳои дорои аҳамияти ҷумҳурияви дар соҳаи обуҳавошиноси, ташкил ва таъмини иҷрои онҳо;
- ташаккул додани захираҳои иттилооти давлати дар соҳаи обуҳавошиноси, таъсис додан ва ба роҳ мондани кори фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи муҳити табиии зист;
- ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба таъсиррасонии фаъолона ба равандҳои ҳавошиноси ва дигар равандҳои геофизики, инчунин назорати давлати ба гузаронидани ин корҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмин намудани муҳофизати шабакаи мушоҳидавии давлати;
- иштирок дар ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиноси;
- додани иҷозатномаи (литсензия) фаъолият дар соҳаи обуҳавошиноси мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 4. Идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиноси
Идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносиро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти обуҳавошиноси
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти обуҳавошиноси аз инҳо иборатанд:
- таъмини гузаронидани сиёсати ягонаи давлати;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки шарту тартиби амали гардонидани фаъолияти обуҳавошиносиро муайян менамоянд;
- ба амал баровардани сиёсати тарифи ва кредитию молияви;
- тасдиқи сохтори мақомоти ваколатдоршудаи идораи давлати оид ба фаъолияти обуҳавошиноси;
- муайян кардани тартибу шартҳои гузаронидани мониторинги муҳити зист;
- ҳифз ва муайян кардани меъерҳои бехатари ҳангоми таҳқиқи ҳолати муҳити зист, инчунин дар раванди иҷрои он дар шароити махсус;
- муқаррар намудани тартиби ҷуброни зарар (зарари воқеи, фоидаи аздастдода) ва зарари расида дар раванди фаъолияти обуҳавошиноси;
Сархати ҳаштуми моддаи 5 хориҷ карда шуд .
- ташкили ҳамкории байналмилали дар фаъолияти обуҳавошиноси ва иштирок дар шабакаи байналмилалии обуҳавошиноси;
- ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти обуҳавошиноси мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6.Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиноси
Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиноси аз инҳо иборатанд :
- тасдиқи самтҳои барномаҳои маҳаллии соҳаи фаъолияти обуҳавошиноси;
- тасдиқи сметаи маблағгузори ба барномаҳои маҳалли, аз ҷумла ба фаъолияти истеҳсолию хоҷаги ва инкишофи инфрасохтори иҷтимои, ки барои иҷрои ин барномаҳои мақомоти ҳудудии мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиноси ҷалб карда шуданд;
- назорат ба фаъолияти шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки ба фаъолияти обуҳавошиноси дар ҳудуди тобеи онҳо машғуланд;
- бо тартиби муқаррари додани қитъаҳои замин ва объектҳои он барои ташкили шабакаҳои мушоҳидакунии (нуқтаҳои алоҳидаи статсионарии мушоҳидакуни) ҳолати муҳити зист;
- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколати мақомоти махсуси ваколатдори давлати оид ба фаъолияти обуҳавошиноси
Ваколати мақомоти махсуси ваколатдори давлати оид ба фаъолияти обуҳавошиноси аз инҳо иборатанд :
- гузаронидани сиёсати ягонаи давлати, таҳия ва ба амал татбиқ намудани барномаҳои давлати, кору чорабиниҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиноси;
- тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъерию ҳуқуқи, таҳия ва қабули методикаи муайян намудани тартиби мушоҳидаи ҳолати муҳити зист;
- ба роҳ мондани фаъолият ва инкишофи соҳаи обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мутобиқ сохтани фаъолияти субъектҳои соҳаи обуҳавошиноси, ки ба мақомоти давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд ;
- ҳамохангсазии пешбурд ва ҳалли масъалаҳои марбут ба таъғйирёбии иқлим ;
- ташкил ва таъмини системаи давлатии мушоҳидави, ҷамъовари, коркард, таҳлил, махфуздори, пешниҳод ва ба амал баровардани маълумотҳо дар бораи ҳолати муҳити табиии зист;
- таъмини истифодабарандагон бо маълумоти воқеи ва пешгӯи дар бораи ҳолати муҳити табиии зист, аз ҷумла маълумоти таъҷили дар ин хусус;
Сархати ҳафтум хориҷ карда шуд .
- додани пешгӯиҳои расми, дигар маводи иттилооти оид ба арзёбии ҳолати муҳити зист;
- ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илми оид ба баҳодиҳи ва пешгӯии ҳолати муҳити зист;
- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ III. ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. ОБЪЕКТҲО ВА СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
Моддаи 8. Принсипҳои фаъолияти обуҳавошиноси
Фаъолияти обуҳавошиноси бо риоя намудани принсипҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
- мушоҳидаи ҳаматарафа ва бефосила ба вазъи муҳити зист;
- ягонаги ва муқоисашавандагии усулҳои мушоҳидакуни ба вазъи муҳити зист, инчунин усулҳои ҷамъкуни, коркард, нигоҳдори ва пахн намудани иттилооте, ки дар натиҷаи мушоҳидакуни ба даст оварда шудааст;
- бехатарии гузаронидани корҳо оиди таъсири фаъолона ба равандҳои ҳавошиноси ва дигар равандҳо;
- якҷоя кардани тартиби дохилидавлати байналмилалии мониторинги муҳити зист;
- самаранокии истифодаии иттиллот дар бораи вазъи воқеи ва пешнбинишавандаи муҳити зист;
- мутобиқи фаъолияти мақомоти обуҳавошиноси бо вазифаҳои ҳифзи саломатии аҳоли, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологи;
- пурра, дуруст ва сари вақт дастрас будани иттилоот дар бораи ҳолати воқеию пешбинишавандаи муҳити зист ва самарабахш истифода бурдани он.
Моддаи 9. Объектҳои фаъолияти обуҳавошиноси
Ба объектҳои фаъолияти обуҳавошиноси иқлим, шароити ҳавошиноси ва обшиноси, тағйири муҳити зист дар натиҷаи таъсири омилҳои табии ва антропогени, дохил мешаванд.
Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти обуҳавошиноси
Субъектҳои фаъолияти обуҳавошиноси инҳо мебошанд:
- мақомоти махсуси ваколатдори давлати дар соҳаи обуҳавошиноси ва ташкилотҳои минтақавии он;
- ташкилотҳои шабакаи мушоҳидакуни;
- дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки фаъолияти обуҳавошиносиро дар асоси иҷозатнома (литсензия) ба амал мебароранд.
Моддаи 10(1). Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ
Кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:
- пӯшидани либоси махсус ва доштани нишони фарқкунанда;
- гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи ғайринизомии намуди худмуҳофизатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ;
- ҳуқуқҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд.
Кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ ӯҳдадориҳои зерин доранд:
- риоя намудани интизоми хизматӣ;
- таъмини ҳифзи моликияти давлатӣ;
- баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тахассусӣ;
- ӯҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян кардаанд .
БОБИ IV. АСОСҲО ВА ТАРТИБИ АНҶОМ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
Моддаи 11. Иҷозатномадиҳии фаъолияти обуҳавошиноси
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту равандҳои обуҳавошиносӣ ва геофизикӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад .
Моддаи 12. Намудҳои мушоҳидаи вазъи муҳити зист
Мушоҳидаи вазъи муҳити зист ба навъҳои зерин тақсим мешавад:
- ҳавошиносии назди замини;
- обшиноси;
- яхшиноси;
- ҳавошиносии кишоварзи;
- актинометри ва тавозуни гарми;
- аэрологи;
- ҳавошиносии радиолокатсиони;
- озонсанҷи;
- дараҷаи ифлосшавии атмосфера, обҳо, хок, замин, қабати барф, олами наботот.
Мушоҳида ба вазъи муҳити зист нисбати дигар ҷузъиёти муҳити зист, инчунин дар шароити махсус ва ба мақсадҳои мудофиа низ сурат гирифта метавонад.
Моддаи 13. Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳавошиноси
Фаъолияти мақомоти обуҳавошиноси дар соҳаи ҳавошиноси ба муайян кардани вазъият ва инкишофи ҳодисаҳои ҳавошиноси, равандҳои техногени, физики, кимиёви ва дигар равандҳо дар атмосфера ҳангоми таъсири мутақобила бо дигар объектҳои муҳити зист нигаронида шудааст.
Бо мақсади ба даст овардани маълумотҳои ҳавошиноси дар баландиҳои дараҷаи стандарти ва махсуси атмосфера мушоҳидаи аэрологи гузаронида мешавад.
Барои омӯхтани таъсири шароитҳои ҳавошиноси ба инкишофи зироатҳои кишоварзи ва парвариши ҳосил назорати ҳавошиносии кишоварзи анҷом дода мешавад.
Вазифаҳои асосии фаъолияти обуҳавошиноси дар соҳаи ҳавошиноси аз инҳо иборатанд:
- таъмин намудани ташкилотҳои пешгӯи бо маълумотҳои зарури барои тартиб додани пешгӯии ҳамаи талаботи обуҳавошиноси ва огоҳ намудан аз шароитҳои номусоиди дарназардошта;
- огоҳ кардани мақомоти давлати, шахсони ҳуқуқи ва воқеи аз ҳодисаҳои хавфнок ва табиии атмосфера ё равандҳои иқлими, дигар тағйиротҳои ҳавошиносии муҳити зист;
- ҷамъбасти маълумотҳои боэътимод дар бораи низоми ҳавошиноси ва радиатсиони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 14. Фаъолияти мақомоти обуҳавошиноси дар соҳаи обшиноси
Фаъолияти мақомоти обуҳавошиноси дар соҳаи обшиноси ба мақсади ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳолати дареҳо, кӯлҳо, обанборҳо, каналҳо, дигар объектҳои об ва умуман дар бораи захираи обу рӯи замини, ки ба мақсадҳои зерин зарур аст, анҷом дода мешавад:
- қонеъ гардонидани талаботи аҳоли ва хоҷагии халқ, ба маълумотҳои оид ба тағйиребии низомҳои обшиносии объектҳои об ва ҳодисаҳои хавфноки обшиноси;
- омӯхтани қонуниятҳои фазоию муваққатии низоми обшиноси, бурдани ҳисоботи давлатии обҳо, кадастри об, ҳисоби захираҳои об ва тавозуни оби ҳавзаҳо ва ҳудудҳои оби, баҳодиҳи ба таъсири фаъолияти хоҷаги ба низоми объектҳои об ва захираҳои об.
Моддаи 15. Мушоҳида ва назорати мақомоти обуҳавошиноси ба сатҳи ифлосшавии муҳити зист
Мақомоти обуҳавошиноси ба сатҳи ифлосшавии атмосфера, обҳои рӯизамини, хок, замин, олами наботот ва қабатҳои барф бо мақсади муайян намудани сарбории антропогении ин объектҳои муҳити зист аз ҳисоби партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва аз сарҳад воридшавии онҳо назорат ва мушоҳида мекунад, инчунин ба ифлосшавии радиоактивии атмосфера, об, хок, замин ва таҳшинҳои зери замин мушоҳида ва назорат мебарад.
Номгӯи моддаҳои ифлоскунандаро, ки онҳо мавриди мушоҳида ва назорат қарор мегиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 16. Фаъолияти обуҳавошиноси дар шароити махсус
Фаъолияти обуҳавошиноси дар шароити махсус (офатҳои табии, фалокатҳо, садамаҳо ва дигар вазъиятҳои фавқулодда, барҳам додани оқибатҳои онҳо) қисми таркибии амали системаи давлатии пешгири ва барҳамдиҳии оқибатҳои вазъияти фавқулоддаи табии ва техногени мебошад.
Ҳангоми офатҳои табии, фалокатҳо ё садамаҳо, ки боиси ифлосшавии муҳити зист гардидаанд ё боиси он шуда метавонанд, мушоҳидаҳои иловаги ба тағйироти муҳити зист гузаронида мешавад.
Моддаи 17. Мониторинги ҳолати муҳити зист
Амалӣ намудани мушоҳидаҳо ва фаъолияти дигари пешбининамудаи моддаҳои 12-16 Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти обуҳавошиносӣ асоси мониторинги ҳолати муҳити зист ба ҳисоб меравад .
Моддаи 18. Нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакуни ва ҳифзи онҳо
Воҳиди ибтидоии истеҳсолии системаи миллии обуҳавошиноси ва шабакаи байналмилалии обуҳавошиноси, ки дар бораи ҳолати муҳити зист бевосита маълумот гирифта, онро кор карда, ба марказҳои обуҳавошиноси пешниҳод менамояд, нуқтаи шабакаи мушоҳидакуни мебошад.
Вайрон кардан ё ба ҷои дигар кӯчонидани нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакуни, инчунин кушодани объектҳои нав ё бастани объектҳои амалкунанда, ки ба шабакаи давлатии мушоҳидакуни дохил мешаванд, танҳо бо иҷозати мақомоти махсуси ваколатдори давлати дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиноси бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад .
Бо мақсади ба даст овардани маълумоти боэътимод дар бораи гузариши равандҳои табии дар ҷойҳои гузаронидани мушоҳидаи ҳолати муҳити зист дар атрофи нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакуни, минтақаҳои муҳофизати ҷори намуда, дар онҳо фаъолияти хоҷаги ва дигар фаъолият маҳдуд карда мешавад.
Тартиби муқаррар кардани минтақаҳои муҳофизати ва номгӯи маҳдудиятҳои фаъолияти хоҷаги ва дигар фаъолиятро дар онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Toчикиcтoн муайян менамояд.
Барои ҷойгиркунии шабакаҳои мушоҳидакуни ҷудо кардани қитъаҳои замин ва акваторияи oби мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Соҳибони заминҳо, заминистифодабарандагон ва дигар истифодабарандагони табиат, ки дар қитъаҳои замини онҳо нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакуни ҷойгир шудаанд, ӯҳдадоранд барои ба ин нуқтаҳо омада анҷом додани корҳои мушоҳидави, интихоби намунаҳо, таъмиру барқарорсози ва дигар корҳо имконият фароҳам оваранд.
Моддаи 19. Маблағгузори ба фаъолияти обуҳавошиноси
Таъминоти молиявии фаъолияти давлатии обуҳавошиноси аз ҳисоби маблағҳои зерин cypат мегирад:
- буҷети давлати;
- маблағҳои махсуси ҳифзи муҳити зист ;
- манбаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъолияти обуҳавошиноси мумкин аст дар асоси шартнома аз рӯи фармоишҳои шахсони ҳуқуқи ва воқеъи бидуни расондани зарар ба иҷрои ҳаҷми корҳое, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузори мегардад, низ иҷро карда шавад.
Корҳо дар соҳаи обуҳавошиноси ҳангоми барҳам додани оқибатҳои вазъияти фавкулода аз ҳисоби буҷети давлати ва дигар манбаҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори карда мешаванд.
БОБИ V. ИТТИЛООТ ДАР БОРАИ ВАЗЪИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 20. Категорияҳои дастрасшавии иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист ва маводи иттилооти
Иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист ва маводи иттилооти ошкоро ва ба ҳама дастрас мебошад, ба истиснои иттилоот, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи дастрасшавии маҳдуд мансуб дониста шудааст.
Иттилооти таъиноти умуми ба гурӯҳи захираҳои ҷумҳуриявии иттилоот дар соҳаи обуҳавошиноси мансуб дониста мешавад.
Моддаи 21. Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи вазъи муҳити зист
Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи вазъи муҳити зист, дар асоси ҷамъкуни, коркард, баҳисобгири, нигоҳдори ва паҳн намудани иттилооти барасмиятдаровардашуда дар бораи вазъи муҳити зист ташаккул меёбад.
Таркиб ва сохтори маълумоти барасмиятдаровардашуда дар бораи вазъи муҳити зист, инчунин тартиби ташаккул додан ва ихтиёрдори кардани фонди ягонаи давлатии маълумотро да бораи вазъи муҳити зист Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 22. Тартиби пешниҳод кардани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист аз тарафи шахсони ҳуқуқи ва воқеи
Пешниҳод кардани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист, аз тарафи шахсони ҳуқуқи ва воқеи ба мақомоти махсуси ваколатдори давлати дар соҳаи обуҳавошиноси бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардонида мешавад.
Моддаи 23. Шартҳои ба истифодабарандагон (истеъмолкунандагон) пешниҳод намудани иттилоот ва маводи иттилооти дар бораи вазъи муҳити зист
Иттилоот ва маводи иттилооти дар бораи вазъи муҳити зист ба истифодабарандагон бепул, инчунин дар асоси шартномаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Иттилооти таъиноти умуми ба истифодабарандагон дар шакли матнҳо ба тарзи хатти, таблитсаҳо ва ҷадвалҳо ба воситаи алоқаи почта, тавассути воситаҳои ахбори умум ва алоқаи электрони мувофиқи тартиби иттилооти доими ё аз рӯи дархости истифодабарандагон расонида мешавад.
Иттилооти махсус дар бораи вазъи муҳити зист ба истифодабарандагон дар асоси шартнома расонида мешавад.
Мақомоти махсус ваколатдори давлати дар соҳаи обуҳавошиноси вазифадораст, ки ба истифодабарандагон ба таркиби иттилооти пешниҳодшуда оид ба вазъи муҳити зист, дар бораи шаклҳои расонидани ин иттилоот ба ташкилотҳое, ки ба истифодабарандагон хизмати ахбороти мерасонанд, маълумот диҳад.
Тартиби пешниҳод намудани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист аз тарафи шахсони ҳуқуқи ва воқеи давлатҳои хориҷи бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Боби 5(1) Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ
Моддаи 23(1). Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ
Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккул ва рушди шабакаҳои байналмилалии мушоҳидавӣ ва мубодилаи иттилооти байналмилалӣ дар бораи муҳити зист ва сатҳи олудашавии он мусоидат менамояд.
Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони воқеиро ҳангоми амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, таъмин месозад.
Тартиби иштироки мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ дар ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар мубодилаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист, дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни казкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
БОБИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 24. Назорати давлати ба амали гаштани фаъолияти обуҳавошиноси
Вазифаи назорати давлати ба амали гаштани фаъолияти обуҳавошиноси аз ҷониби ҳамаи иштирокдорони он новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеъият иҷро намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиноси мебошад.
Ба амали гаштани фаъолияти обуҳавошиноси мақомоти махсуси ваколатдори давлати дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиноси ва мақомоти ҳудудии он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлати мебаранд.
Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо байни иштирокдорони фаъолияти обуҳавошиноси
Баҳсҳои байни истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагони маълумот дар бораи ҳолати муҳити зист бо тартиби суди барраси мешаванд.
Моддаи 26. Ҷавобгари барои ваёрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2002 № 86
ш. Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЬОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
(Қонун аз 3.03.2006 № 177)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи обуҳавошиноси муқаррар намуда, ба таъмин намудани талаботи давлат, шахсони ҳуқуқию воқеи ба маълумоти обуҳавошиноси, инчунин иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист равона гардидааст.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
фаъолияти обуҳавошиноси - раванди мушоҳидаи вазъи муҳити зист, ҷамъовари, коркард, таҳлил, нигоҳдори, пешниҳод, баамалбарории маълумот ва пешгӯии тағйиребии вазъи муҳити зист, инчунин корҳои таъсиррасонии фаъолона ба раванди обуҳавошиноси ва дигар равандҳои геофизики;
мониторинги муҳити табиии зист - мушоҳидаи дарозмӯҳлат ба вазъи муҳити зист, ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодиҳи ва пешгӯии вазъи он;
нуқтаи статсионарии мушоҳидави ба вазъи муҳити зист, (минбаъд нуқтаи статсионарии мушоҳидави) - маҷмӯе, ки қитъаи замин ё як қисми акваторияи (қитъаи баҳр, дарё ва ғайра) дар он асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои барои муайян кардани хусусияти муҳити зист пешбинишударо дар бар мегирад;
нуқтаи сайёри мушоҳидави ба вазъи муҳити зист (минбаъд - нуқтаи сайёри мушоҳидави) - маҷмӯе, ки аз платформаи (дастгоҳи парвозкунанда ё дигар воситаҳои ҳаракат) дар он асбобу анҷоми барои муайян кардани хусусияти муҳити зист насбшуда иборат аст;
шабакаи мушоҳидави - маҷмӯи нуқтаҳои мушоҳидавии статсионари ва сайёр, аз ҷумла ҷойҳои навбатдори, стансияҳо, лабораторияҳо, марказҳо, идораҳои обуҳавошиноси, расадхонаҳо барои мушоҳида ба равандҳои физики ва кимиёвии дар муҳити зист ба амалоянда ва муайян намудани хусусиятҳои ҳавошиноси, иқлими, аэрологи, обшиноси, яхшиноси гелиогеофизикию ҳавошиносии кишоварзии пешбинишуда, инчунин барои муайян кардани дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера, хок ва иншооти оби;
шабакаи давлатии мушоҳидави - шабакаи мушоҳидавии мақомоти махсуси ваколатдоркардашуда дар соҳаи обуҳавошиноси ва соҳаҳои ба он наздик;
иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист - маълумоте, ки дар натиҷаи мониторинги муҳити зист ба даст оварда мешавад;
иттилооти таъҷили - иттилооти таъҷилан интиқол додашаванда оид ба ҳодисаҳои хатарноки табии, тағйироти ногаҳонии амали ва пешбинишавандаи обу ҳаво ва ифлосшавии муҳити зист, ки ба ҳаёту саломатии аҳоли ва муҳити зист зарар расонда метавонанд;
таъсиррасонии фаъолона - таъсиррасони ба равандҳои ҳавошиноси ва дигар равандҳои геофизики бо мақсади ба танзим даровардани онҳо ва кам кардани зарари эҳтимоли аз ин paвандҳo ба аҳоли ва иқтисодиёт;
ташкилотҳои махсусгардондашудаи таъсиррасонии фаъолона ба равандаҳои ҳавошиноси - шахсони ҳуқуқие, ки растаниҳои кишоварзиро аз жола ҳимоя карда, боришот, парокандашавии туман ва тармафароиро ба танзим медароранд;
стансияҳои дурдаст - стансияҳое, ки аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот дар масофаи дур ва шароити мураккаби физикию ҷуғрофи воқеъ гардида, бо онҳо алоқаи мунтазами нақлиёти вуҷуд надорад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиноси
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиноси ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, иборат мебошад.
БОБИ II. ТАНЗИМ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
Моддаи 3. Самтҳои асосии танзим ва идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиноси
Самтҳои асосии танзими давлатии фаъолияти обуҳавошиноси аз инҳо иборатанд:
- ташаккул додан ва таъмин намудани кори шабакаи давлатии мушоҳидави;
- таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлати, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳоли бо иттилоот дар бораи вазъи воқеи ва пешбинишавандаи муҳити зист, аз ҷумла ахбори таъҷили;
- муайян кардани талабот ба маводи иттилооти;
- муайян кардани номгӯи корҳои дорои аҳамияти ҷумҳурияви дар соҳаи обуҳавошиноси, ташкил ва таъмини иҷрои онҳо;
- ташаккул додани захираҳои иттилооти давлати дар соҳаи обуҳавошиноси, таъсис додан ва ба роҳ мондани кори фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи муҳити табиии зист;
- ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба таъсиррасонии фаъолона ба равандҳои ҳавошиноси ва дигар равандҳои геофизики, инчунин назорати давлати ба гузаронидани ин корҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмин намудани муҳофизати шабакаи мушоҳидавии давлати;
- иштирок дар ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиноси;
- додани иҷозатномаи (литсензия) фаъолият дар соҳаи обуҳавошиноси мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 4. Идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиноси
Идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносиро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти обуҳавошиноси
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти обуҳавошиноси аз инҳо иборатанд:
- таъмини гузаронидани сиёсати ягонаи давлати;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки шарту тартиби амали гардонидани фаъолияти обуҳавошиносиро муайян менамоянд;
- ба амал баровардани сиёсати тарифи ва кредитию молияви;
- тасдиқи сохтори мақомоти ваколатдоршудаи идораи давлати оид ба фаъолияти обуҳавошиноси;
- муайян кардани тартибу шартҳои гузаронидани мониторинги муҳити зист;
- ҳифз ва муайян кардани меъерҳои бехатари ҳангоми таҳқиқи ҳолати муҳити зист, инчунин дар раванди иҷрои он дар шароити махсус;
- муқаррар намудани тартиби ҷуброни зарар (зарари воқеи, фоидаи аздастдода) ва зарари расида дар раванди фаъолияти обуҳавошиноси;
Сархати ҳаштуми моддаи 5 хориҷ карда шуд (Қонун аз 3.03.2006 № 177).
- ташкили ҳамкории байналмилали дар фаъолияти обуҳавошиноси ва иштирок дар шабакаи байналмилалии обуҳавошиноси;
- ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти обуҳавошиноси мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиноси
Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиноси аз инҳо иборатанд:
- тасдиқи самтҳои барномаҳои маҳаллии соҳаи фаъолияти обуҳавошиноси;
- тасдиқи сметаи маблағгузори ба барномаҳои маҳалли, аз ҷумла ба фаъолияти истеҳсолию хоҷаги ва инкишофи инфрасохтори иҷтимои, ки барои иҷрои ин барномаҳои мақомоти ҳудудии мақоми махсуси ваколатдори давлати дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиноси ҷалб карда шуданд;
- назорат ба фаъолияти шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки ба фаъолияти обуҳавошиноси дар ҳудуди тобеи онҳо машғуланд;
- бо тартиби муқаррари додани қитъаҳои замин ва объектҳои он барои ташкили шабакаҳои мушоҳидакунии (нуқтаҳои алоҳидаи статсионарии мушоҳидакуни) ҳолати муҳити зист;
- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти махсуси ваколатдори давлати оид ба фаъолияти обуҳавошиноси
Салоҳияти мақомоти махсуси ваколатдори давлати оид ба фаъолияти обуҳавошиноси аз инҳо иборатанд:
- гузаронидани сиёсати ягонаи давлати, таҳия ва ба амал татбиқ намудани барномаҳои давлати, кору чорабиниҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиноси;
- тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъерию ҳуқуқи, таҳия ва қабули методикаи муайян намудани тартиби мушоҳидаи ҳолати муҳити зист;
- ба роҳ мондани фаъолият ва инкишофи соҳаи обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мутобиқ сохтани фаъолияти субъектҳои соҳаи обуҳавошиноси, ки ба мақомоти давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд (Қонун аз 3.03.2006 № 177);
- ташкил ва таъмини системаи давлатии мушоҳидави, ҷамъовари, коркард, таҳлил, махфуздори, пешниҳод ва ба амал баровардани маълумотҳо дар бораи ҳолати муҳити табиии зист;
- таъмини истифодабарандагон бо маълумоти воқеи ва пешгӯи дар бораи ҳолати муҳити табиии зист, аз ҷумла маълумоти таъҷили дар ин хусус;
Сархати ҳафтум хориҷ карда шуд (Қонун аз 3.03.2006 № 177).
- додани пешгӯиҳои расми, дигар маводи иттилооти оид ба арзёбии ҳолати муҳити зист;
- ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илми оид ба баҳодиҳи ва пешгӯии ҳолати муҳити зист;
- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ III. ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСИ. ОБЪЕКТҲО ВА СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
Моддаи 8. Принсипҳои фаъолияти обуҳавошиноси
Фаъолияти обуҳавошиноси бо риоя намудани принсипҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
- мушоҳидаи ҳаматарафа ва бефосила ба вазъи муҳити зист;
- ягонаги ва муқоисашавандагии усулҳои мушоҳидакуни ба вазъи муҳити зист, инчунин усулҳои ҷамъкуни, коркард, нигоҳдори ва пахн намудани иттилооте, ки дар натиҷаи мушоҳидакуни ба даст оварда шудааст;
- бехатарии гузаронидани корҳо оиди таъсири фаъолона ба равандҳои ҳавошиноси ва дигар равандҳо;
- якҷоя кардани тартиби дохилидавлати байналмилалии мониторинги муҳити зист;
- самаранокии истифодаии иттиллот дар бораи вазъи воқеи ва пешнбинишавандаи муҳити зист;
- мутобиқи фаъолияти мақомоти обуҳавошиноси бо вазифаҳои ҳифзи саломатии аҳоли, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологи;
- пурра, дуруст ва сари вақт дастрас будани иттилоот дар бораи ҳолати воқеию пешбинишавандаи муҳити зист ва самарабахш истифода бурдани он.
Моддаи 9. Объектҳои фаъолияти обуҳавошиноси
Ба объектҳои фаъолияти обуҳавошиноси иқлим, шароити ҳавошиноси ва обшиноси, тағйири муҳити зист дар натиҷаи таъсири омилҳои табии ва антропогени, дохил мешаванд.
Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти обуҳавошиноси
Субъектҳои фаъолияти обуҳавошиноси инҳо мебошанд:
- мақомоти махсуси ваколатдори давлати дар соҳаи обуҳавошиноси ва ташкилотҳои минтақавии он;
- ташкилотҳои шабакаи мушоҳидакуни;
- дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки фаъолияти обуҳавошиносиро дар асоси иҷозатнома (литсензия) ба амал мебароранд.
БОБИ IV. АСОСҲО ВА ТАРТИБИ АНҶОМ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
Моддаи 11. Иҷозатномадиҳии фаъолияти обуҳавошиноси
Иҷозатномадиҳии фаъолияти обуҳавошиносии субъектҳое, ки ба сохтори давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад (Қонун аз 3.03.2006 № 177).
Моддаи 12. Намудҳои мушоҳидаи вазъи муҳити зист
Мушоҳидаи вазъи муҳити зист ба навъҳои зерин тақсим мешавад:
- ҳавошиносии назди замини;
- обшиноси;
- яхшиноси;
- ҳавошиносии кишоварзи;
- актинометри ва тавозуни гарми;
- аэрологи;
- ҳавошиносии радиолокатсиони;
- озонсанҷи;
- дараҷаи ифлосшавии атмосфера, обҳо, хок, замин, қабати барф, олами наботот.
Мушоҳида ба вазъи муҳити зист нисбати дигар ҷузъиёти муҳити зист, инчунин дар шароити махсус ва ба мақсадҳои мудофиа низ сурат гирифта метавонад.
Моддаи 13. Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳавошиноси
Фаъолияти мақомоти обуҳавошиноси дар соҳаи ҳавошиноси ба муайян кардани вазъият ва инкишофи ҳодисаҳои ҳавошиноси, равандҳои техногени, физики, кимиёви ва дигар равандҳо дар атмосфера ҳангоми таъсири мутақобила бо дигар объектҳои муҳити зист нигаронида шудааст.
Бо мақсади ба даст овардани маълумотҳои ҳавошиноси дар баландиҳои дараҷаи стандарти ва махсуси атмосфера мушоҳидаи аэрологи гузаронида мешавад.
Барои омӯхтани таъсири шароитҳои ҳавошиноси ба инкишофи зироатҳои кишоварзи ва парвариши ҳосил назорати ҳавошиносии кишоварзи анҷом дода мешавад.
Вазифаҳои асосии фаъолияти обуҳавошиноси дар соҳаи ҳавошиноси аз инҳо иборатанд:
- таъмин намудани ташкилотҳои пешгӯи бо маълумотҳои зарури барои тартиб додани пешгӯии ҳамаи талаботи обуҳавошиноси ва огоҳ намудан аз шароитҳои номусоиди дарназардошта;
- огоҳ кардани мақомоти давлати, шахсони ҳуқуқи ва воқеи аз ҳодисаҳои хавфнок ва табиии атмосфера ё равандҳои иқлими, дигар тағйиротҳои ҳавошиносии муҳити зист;
- ҷамъбасти маълумотҳои боэътимод дар бораи низоми ҳавошиноси ва радиатсиони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 14. Фаъолияти мақомоти обуҳавошиноси дар соҳаи обшиноси
Фаъолияти мақомоти обуҳавошиноси дар соҳаи обшиноси ба мақсади ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳолати дареҳо, кӯлҳо, обанборҳо, каналҳо, дигар объектҳои об ва умуман дар бораи захираи обу рӯи замини, ки ба мақсадҳои зерин зарур аст, анҷом дода мешавад:
- қонеъ гардонидани талаботи аҳоли ва хоҷагии халқ, ба маълумотҳои оид ба тағйиребии низомҳои обшиносии объектҳои об ва ҳодисаҳои хавфноки обшиноси;
- омӯхтани қонуниятҳои фазоию муваққатии низоми обшиноси, бурдани ҳисоботи давлатии обҳо, кадастри об, ҳисоби захираҳои об ва тавозуни оби ҳавзаҳо ва ҳудудҳои оби, баҳодиҳи ба таъсири фаъолияти хоҷаги ба низоми объектҳои об ва захираҳои об.
Моддаи 15. Мушоҳида ва назорати мақомоти обуҳавошиноси ба сатҳи ифлосшавии муҳити зист
Мақомоти обуҳавошиноси ба сатҳи ифлосшавии атмосфера, обҳои рӯизамини, хок, замин, олами наботот ва қабатҳои барф бо мақсади муайян намудани сарбории антропогении ин объектҳои муҳити зист аз ҳисоби партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва аз сарҳад воридшавии онҳо назорат ва мушоҳида мекунад, инчунин ба ифлосшавии радиоактивии атмосфера, об, хок, замин ва таҳшинҳои зери замин мушоҳида ва назорат мебарад.
Номгӯи моддаҳои ифлоскунандаро, ки онҳо мавриди мушоҳида ва назорат қарор мегиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 16. Фаъолияти обуҳавошиноси дар шароити махсус
Фаъолияти обуҳавошиноси дар шароити махсус (офатҳои табии, фалокатҳо, садамаҳо ва дигар вазъиятҳои фавқулодда, барҳам додани оқибатҳои онҳо) қисми таркибии амали системаи давлатии пешгири ва барҳамдиҳии оқибатҳои вазъияти фавқулоддаи табии ва техногени мебошад.
Ҳангоми офатҳои табии, фалокатҳо ё садамаҳо, ки боиси ифлосшавии муҳити зист гардидаанд ё боиси он шуда метавонанд, мушоҳидаҳои иловаги ба тағйироти муҳити зист гузаронида мешавад.
Моддаи 17. Мониторинги ҳолати муҳити табиии зист
Аз ҷониби мақомоти обуҳавошиноси ба амал баровардани мушоҳидаҳо, ки моддаҳои ҳамин Қонун пешбини кардааст, аслан мониторинги ҳолати муҳити зист мебошад.
Моддаи 18. Нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакуни ва ҳифзи онҳо
Воҳиди ибтидоии истеҳсолии системаи миллии обуҳавошиноси ва шабакаи байналмилалии обуҳавошиноси, ки дар бораи ҳолати муҳити зист бевосита маълумот гирифта, онро кор карда, ба марказҳои обуҳавошиноси пешниҳод менамояд, нуқтаи шабакаи мушоҳидакуни мебошад.
Вайрон кардан ё ба ҷои дигар кӯчонидани нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакуни, инчунин кушодани объектҳои нав ё бастани объектҳои амалкунанда, ки ба шабакаи давлатии мушоҳидакуни дохил мешаванд, танҳо бо иҷозати мақомоти махсуси ваколатдори давлати дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиноси бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия сурат мегирад.
Бо мақсади ба даст овардани маълумоти боэътимод дар бораи гузариши равандҳои табии дар ҷойҳои гузаронидани мушоҳидаи ҳолати муҳити зист дар атрофи нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакуни, минтақаҳои муҳофизати ҷори намуда, дар онҳо фаъолияти хоҷаги ва дигар фаъолият маҳдуд карда мешавад.
Тартиби муқаррар кардани минтақаҳои муҳофизати ва номгӯи маҳдудиятҳои фаъолияти хоҷаги ва дигар фаъолиятро дар онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Toчикиcтoн муайян менамояд.
Барои ҷойгиркунии шабакаҳои мушоҳидакуни ҷудо кардани қитъаҳои замин ва акваторияи oби мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Соҳибони заминҳо, заминистифодабарандагон ва дигар истифодабарандагони табиат, ки дар қитъаҳои замини онҳо нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакуни ҷойгир шудаанд, ӯҳдадоранд барои ба ин нуқтаҳо омада анҷом додани корҳои мушоҳидави, интихоби намунаҳо, таъмиру барқарорсози ва дигар корҳо имконият фароҳам оваранд.
Моддаи 19. Маблағгузори ба фаъолияти обуҳавошиноси
Таъминоти молиявии фаъолияти давлатии обуҳавошиноси аз ҳисоби маблағҳои зерин cypат мегирад:
- буҷети давлати;
- фондҳои мақсадноки ҳифзи табиат;