ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2024, № 1420 қабул шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 ноябри соли 2024,
№ 542ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод. 167; с. 2007, №6, мод. 441; с. 2011, №12, мод. 850; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 418; с. 2016, №7, мод. 623) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «шахсони ҳуқуқию воқеӣ», «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие», «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони воқеию ҳуқуқӣ», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати панҷум калимаи «яхшиносӣ» ба калима ва аломати «глятсиологӣ,» иваз карда шавад.
3. Матни моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
4. Дар сархати шашуми моддаи 3 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
5. Дар сархати чоруми моддаи 6 калимаҳои «мушоҳидакунии» ва «мушоҳидакунӣ)» мувофиқан ба калимаҳои «мушоҳидавӣ» ва «мушоҳидавӣ)-и» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати дуюми моддаи 8 калимаҳои «мушоҳидакунӣ ба» ва «мушоҳидакунӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мушоҳидаи» ва «мушоҳида» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 10:
- дар сархати дуюм калимаи «мушоҳидакунӣ» ба калимаи «мушоҳидавӣ» иваз карда шавад;
- аз сархати сеюм аломат ва калимаи «(литсензия)» хориҷ карда шаванд.
8. Дар ном ва матни моддаи 101 калимаи «ӯҳдадориҳои» мувофиқан ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 11 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми якуми моддаи 12:
- дар сархати сеюм калимаи «яхшиносӣ» ба калимаи «глятсиологӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати нуҳум калимаҳои «қабати барф» ба калимаҳои «пиряхҳо ва қабатҳои барф» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми якуми моддаи 15 пас аз калимаи «наботот» аломат ва калимаи «, пиряхҳо» илова карда шаванд.
12. Дар моддаи 18:
- дар ном ва матни модда калимаи «мушоҳидакунӣ» мувофиқан ба калимаи «мушоҳидавӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми шашум калимаи «ӯҳдадоранд» ба калимаи «уҳдадоранд» иваз карда шавад.
13. Дар сархати сеюми қисми якум ва қисми сеюми моддаи 19 калимаи «манбаҳои» ба калимаи «манбаъҳои» иваз карда шавад.
14. Моддаҳои 25 ва 26 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти обуҳавошиносӣ
Баҳсҳо дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, № 2098
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ГИДРОМЕТЕОРОЛОГИЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 1 октября 2024 года,
№1420
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 5 ноября 2024 года,
№542
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О гидрометеорологической деятельности» от 2 декабря 2002 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 г., №11, ст. 741; 2006 г., №3, ст. 167; 2007 г., №6, ст. 441; 2011 г., №12, ст. 850; 2014 г., №7, ч. 2, ст. 418; 2016 г., №7, ст. 623) следующие изменения:
1. Текст статьи 2 изложить в следующей редакции:
«Законодательство Республики Таджикистан о гидрометеорологической деятельности основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.».
2. В статье 11 слова «Законом Республики Таджикистан «О лицензировании отдельных видов деятельности» заменить словами «Законом Республики Таджикистан «О разрешительной системе».
3. В абзаце девятом статьи 12 слова «снежного покрова» заменить словами «ледников, снежных покровов».
4. В части первой статьи 15 слова «снежного покрова» заменить словами «ледников, снежных покровов».
5. Статьи 25 и 26 изложить в следующей редакции:
«Статья 25. Решение споров при осуществлении гидрометеорологической деятельности
Споры в области гидрометеорологической деятельности решаются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
Статья 26. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона
Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 13 ноября 2024 года №2098