ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод.148)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии танзими фаъолияти эҳсонкориро бо мақсади ривоҷ додани он муқаррар намуда, дастгирии давлатиро дар ин самт пешбинӣ менамояд ().
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
Фаъолияти эҳсонкорӣ - фаъолияти ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиест, ки бо расонидани кӯмаки (дастгирии) моддӣ ё дигар намуди кӯмак, аз ҷумла ба тарзи беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) ба шахсони воқеии мӯҳтоҷи чунин ёрӣ ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита машғули чунин ёрирасонианд, аз ҷумла ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ додани молу мулк ва маблағҳои пулӣ, беғаразона иҷро намудани корҳо ва расонидани хизмат, ё фаъолияти илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати ҷамъият ба амал бароварда мешавад, алоқаманд мебошад
хориҷ карда шуд
...