ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқи, иҷтимои ва иқтисодиро дар марҳалаҳои маҳсулоттайёркуни, истеҳсолот, боркашони, нигоҳдори, муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, маводу маснуот ва қисмҳои онҳо, инчунин маводи борбанди ва ёрирасон дар байни истеҳсолкунанда, фурӯшанда ва истеъмолкунанда бо мақсади таъмини ҳатмии амалигардонии ҳуқуқҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи, барои харидани маҳсулоти хуроквори, мавод ва маснуоти аз ҷиҳати экологи тоза, босифат ва барои ҳаёт ва саломати бехатар, инчунин маҳсулоти хӯроки парҳези, маҳсулоти хӯроки кӯдакон ва иловаҳои фаъоли биологӣ муайян менамояд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
Маҳсулоти хӯрокворӣ - маҳсулоте, ки дар шакли тайёр ё коркардашуда (консервшуда) аз тарафи инсон дар хӯроквори истифода мешавад, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки кӯдакон, маҳсулоти хӯроки парҳези, оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойкардашуда, машруботи спиртӣ, пиво, нӯшокии ғайриспиртӣ, сақич, ҳамчунин ашёи хоми хӯроквори, иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ;
маҳсулоти хӯроки кӯдакон - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои кӯдакони то синни 14-сола пешбини шудааст ва ҷавобгӯи талаботи физиологии организми кӯдакон аст;
маҳсулоти хӯроки парҳези - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои хӯроки муолиҷави ва тадбирҳои пешгири аз бемориҳо муқаррар шудааст;
маҳсулоти хӯроквории хом - ашёи хоми аз растанӣ, ҳайвонот, инчунин бо усули микробиологи, минералию сунъи тайёршаванда ва об, ки барои тайёр кардани маҳсулоти хӯроквори истифода бурда мешаванд;
иловаҳои хӯроквори - моддаҳои табии ё сунъи ва пайвастагиҳои онҳо, ки бо мақсади тағйир додани хусусиятҳои маҳсулоти хӯроквори ва нигоҳ доштани сифати онҳо махсус ворид карда мешаванд;
иловаҳои фаъоли биологи - моддаҳои аз ҷиҳати биологи фаъоли табии, ки барои ҳамроҳи хӯрок истеъмол кардан ё омехта намудан ба таркиби маҳсулоти хӯроквори пешбини шудаанд;
мавод ва маснуоте, ки ба маҳсулоти хӯроквори вобастаги доранд баъдан мавод ва маснуот) - мавод ва маснуоте, ки барои тайёр кардан, борбанди, нигоҳдори, боркашони, хариду фурӯш ва истифодаи маҳсулоти хӯроквори истифода мешаванд, аз ҷумла таҷҳизоти технологи, асбобу дастгоҳ, борҷома, зарф, асбобу анҷоми ошхона;
сифати маҳсулоти хӯроквори - маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулоти хӯроквори, ки қобилияти талаботи инсонро ба хӯрока дар сурати мувофиқати ҳатмии онҳо ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техники таъмин кардан доранд;
бехатарии маҳсулоти хӯроквори - ҳолати доштани боварии асоснок ба маҳсулоти хӯроквори, ки истифодаи он дар шароити муқаррари барои саломати зарарнок нест ва ба cаломатии наслҳои ҳозираву оянда хатар надорад;
арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквори - маҷмӯи сифатҳои маҳсулоти хӯрокворие, ки ба воситаи онҳо талаботи физиологии инсон ба моддаҳои зарури ва энергия қонеъ гардонида мешавад;
шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот - ҳуҷҷате, ки дар он истеҳсолкунанда мутобиқати сифат ва бехатарии ҳар як миқдори маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро бо санадҳои меъёри ва техники тасдиқ мекунад;
сертификатсия - фаъолиятест, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд;
сертификати мутобиқат - ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои системаи сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи санадҳои меъёри тасдиқ менамояд;
сертификати миқдори нитрат ва пестисидҳо - ҳуҷҷате, ки дар он миқдори нитрат ва боқимондаи пестисидҳои дар таркиби меваю сабзавот, картошка, ангур ва зироатҳои полизи мавҷуда инъикос меёбад;
санадҳои техники - ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи онҳо тайёркуни, нигоҳдори, боркашони ва фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, (талаботи техники, дастурҳои технологи, дастурамалҳои тайёркуни ва ғайра) амали мегарданд;
муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот - хариду фурӯш (аз ҷумла содирот ва воридот) ва воситаҳои дигари мубодилаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот (баъдан -муомилот), нигоҳдори ва кашонидани он;
маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти қалбаки - маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки дидаю дониста ба маҳсулоти истеҳсолкунандаи воқеи монанд сохтакори карда шудааст;
мутобиқ кардани (идентификатсия) маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот - фаъолияти муқаррар кардани мутобиқати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти муайян ба талаботи санадҳои меъёри, техники ва маълумот оиди маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагашта ва тамғакоғазҳо;
истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотистифодаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти пастсифат ва зарарнок барои аз нав коркардабарои ва ба даст овардани маҳсулоте, ки барои таом истифода бурда намешаванд;
мӯҳлати корои - марҳилае, ки аз рӯзи истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори то рӯзе, ки барои истеъмол коршоям аст, ҳисоб карда мешавад;
мониторинг - мушоҳидаи мунтазами сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори бо мақсади ошкор кардани мувофиқати он ба натиҷаи дилхоҳ;
пестиcидҳо - заҳрҳои кимиевии зидди ҳашароти зараррасон;
нишондиҳандаҳои органолептики - нишондиҳандаҳои маҳсулоти хӯроквори, ки ба воситаи узвҳои ҳиcсиёт (маза, бӯй, намуди зоҳири, ранг) муайян карда, баҳо дода мешаванд.
Моддаи 3. Танзими муносибатҳои ҳуқуқии таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Муносибатҳои ҳуқуқии танзим дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, асос гирифта, мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи, санадҳои ҳуқуқии байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зътироф кардааcт, ба амал бароварда мешаванд.
Моддаи 4. Қобилияти муомилотии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба талаботи санадҳои меъёри мувофиқанд ва мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур аз қайди давлати гузаштаанд, дар муомилот буда метавонанд.
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте дар муомилот буда наметавонанд, агар:
ба талаботи санадҳои меъёри мутобиқ набошанд;
дорои аломатҳои ошкорое бошанд, ки аз паст будани сифаташон шаҳодат диҳанд ва дар натиҷаи назорати намояндагони мақомоти давлатие, ки сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквориро назорат мекунанд, бесифат дониста шаванд;
дорои шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунанда ва молрасони маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ки манбаи пайдоиши молро тасдиқ менамоянд, нестанд, оиди қайди давлати маълумот надоранд ва мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёри тасдиқ нагардидаанд;
ба маълумоти пешниҳодшуда мутобиқ набошанд ва нисбати онҳо оиди қалбаки буданашон шубҳаи асоснок мавҷуд бошад;
мӯҳлати истифодаи он зикр нашуда бошад (барои маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки зикр кардани мӯҳлати истифодаашон ҳатми аст) ё мӯҳлати истифодааш гузаштааст;
тамғаеро, ки маълумотҳои мутобиқи Қонуни мазкур, регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ ё дигар санадҳои меъёрии техникӣ пешбинишударо надошта бошанд ё ин гуна маълумот дар борхати онҳо мавҷуд набошад (Конуни ЧТ аз 25.03.2011 № 73).
Моддаи 5. Таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба воситаи чораҳои зерин таъмин карда мешаванд:
истифодаи чораҳои танзими давлати ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот;
аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқии бо фаъолияти тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот машғул гузаронидани чорабиниҳои ташкили, агрокимиёви, байтори, технологи, инженерию техники, санитарию зиддиэпидеми ва фитосанитари, ки ба иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ба маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуот, шароити тайёр кардан, нигоҳдори, боркашони ва фурӯш равона гардидаанд;
гузарондани назорати истеҳсоли оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, шароити тайёр намудан, нигоҳдори, боркашони ва фурӯши онҳо, ҷори намудани системаи идоракунии сифати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот (баъдан - системаи сифат);
андешидани тадбирҳои шаҳрвандию ҳуқуқи, маъмури ва масъулияти ҷинои ба шахсоне, ки дар вайронкунии Қонуни мазкур ва дигар талаботи санадҳои меъёри гунаҳкор дониста мешаванд.
Моддаи 6. Маълумот оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки дар соҳаи тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ва дар соҳаи хӯроки умуми фаъолият менамоянд, вазифадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорат ва тафтиши сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, риояи талаботи санадҳои меъёри ҳангоми тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасони маълумоти эътимоднок пешниҳод намоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия, нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ ва назорати карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлати, шахсони воқеию ҳуқуқи, иттилоотро дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот, дар бораи риояи талаботи санадҳои меъёри ҳангоми истеҳсол ва гардиши маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот, хизматрасони дар соҳаи хӯроки умуми, дар бораи бақайдгирии давлатии маҳcулоти хӯроквори, маводу маснуот, дар бораи тасдиқи онҳо мувофиқи талаботи санадҳои меъёри ва тадбирҳо оид ба пешгирии фурӯши маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва хатарнок, маводу маснуот таъмин менамоянд .
БОБИ II. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН ВА МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРИ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори дохил мешаванд:
татбиқи сиёсати ягонаи давлати;
қабули санадҳои меъёри дар доираи салоҳияти худ;
кор карда баромадан ва амали намудани барномаҳои мақсаднок ва илмию техники оиди таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот;
ба меъёрдарории давлати дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот;
амали сохтани ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон;
амали намудани салоҳиятҳои дигаре, ки дар қонунгузори пешбини шудаанд.
Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон мутобиқи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон бояд дорои ваколатҳо бошанд .
Салоҳияти мақомоте, ки назорати давлатиро дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори ба амал мебароранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян карда мешавад.
БОБИ III. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРИ
Моддаи 9. Ба меъёрдарории давлати дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Талабот оиди сифати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, таъмини бехатарии онҳо, борбанди, тамғазани, назорати истеҳсоли ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, тартиби баҳодиҳи ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёри, тариқи санҷиш ва мутобиқсозии онҳо, ҳамчунин нисбат ба ҳуҷҷатҳои техники ва системаҳои сифат дар асоси регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлати таъин мегардад .
Талабот оиди арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквори, бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, бехатарии шароити коркард ва дар истеҳсолот ҷори кардан, тайёркуни ва муомилоти онҳо, бехатарии хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва соҳаи хӯроки умуми мутобиқи қоидаҳо ва меъёрҳои санитари муайян карда мешавад.
Талаботи бехатари аз нигоҳи байтори барои баъзе маҳсулоти хӯроквори, ҷамъовари, истеҳсол ва муомилоти он мутобиқи қоидаву меъёрҳои дахлдори байтори муайян мегардад.
Регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ, қоида ва меъёрҳои санитарию байторӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ ва байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколати онҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд .
Талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки тибқи регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлати, қоидаҳо ва нормаҳои санитарию байтори муқаррар гардидаанд, барои шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки машғули иcтеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва соҳаи хӯроки умуми мебошанд, ҳатмист .
Моддаи 10. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти наве, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон истеҳсол ва тайёр карда шудаанд, маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки аввалин маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ворид карда мешаванд, бояд аз қайди давлати гузаронида шаванд.
Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот иборат аст аз:
экспертизаи ҳуҷҷатҳои аз тарафи истеҳсолкунанда, молрасонандаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот пешниҳод гардида ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёри, шароити истеҳсол ё расондани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, инчунин натиҷаҳои санҷиши дар вақти зарурат гузаронидашуда;
дохил намудани маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва истеҳсолкунандагону молрасонҳои онҳо ба Феҳристи давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба истеҳсол, ворид кардан ва фурӯхтан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикиcтон иҷозат дода шудааст;
ба дархосткунандагон додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ки ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ё ворид кардан ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуотро муқаррар менамояд.
Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва ҷори намудани Феҳристи давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки истеҳсол, ворид кардан ва муомилоти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати давлатии санитарию эпидемиологи якҷоя бо мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати давлатии байтори мутобиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, сурат мегирад.
Бақайдгирии давлатии якчанд намуди маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот таҳти як номгӯй, инчунин бақайдгирии бисёркаратаи ҳамон як навъи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот таҳти як ва ё номгӯйҳои дигар иҷозат дода намешавад.
Моддаи 11. хориҷ карда шуд
Моддаи 12. Баҳодиҳи ва тасдиқи мутобиқати талаботи санадҳои меъёрии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ва хӯроки умуми, инчунин системаҳои сифат
Навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти барои фурӯш пешбинишуда, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ва хӯроки умуми, инчунин системаҳои сифат бояд баҳогузори шуда, мутобиқи талаботи cанадҳои меъёри тасдиқ карда шаванд.
Мутобиқати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба талаботи санадҳои меъёри аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ва хӯроки умуми, инчунин системаи сифат бояд баҳогузори шуда, ба воситаи сертификатсияи ҳатми мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёри тасдиқ карда шавад.
Ҳангоми интихоби маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ки тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёри ба воситаи сертификатсияи ҳатми сурат мегирад, бояд дараҷаи хатарнокии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба саломатии инсон, шароити истеҳсол ва муомилоти онҳо ба ҳиcоб гирифта шаванд. Феҳристи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасони (кор)-ро, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Ташкил намудан ва тартиби аз сертификатсияи ҳатми гузаронидани навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ва соҳаи хӯроки умуми, инчунин системаҳои сифат аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардонида мешаванд .
Нисбати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки сертификатсияи ҳатми ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёри ҳатми нест, шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсол ва муомилоти чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот машғуланд, ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификатсияи ихтиёри гузаранд.
Дар ҳолатҳое, ки агар истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти сертификатсияшуда, истеҳсолкунандае, ки сертификати мутобиқати системам сифат дорад, иҷрокунандаи хизмати сертификатсияшуда, ки дар cоҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ё дар соҳаи хӯроки умуми фаъолият мекунад, муқаррароти санадҳои меъёриро вайрон кунанд, мақоме, ки сертификати дахлдорро додааст, бояд истеҳсол ё фурӯши маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасониро дар давраи ислоҳи вайронкуниҳои муайянгардида манъ намояд, агар ислоҳи вайронкуниҳо имконнопазир бошанд, бояд фаъолияти сертификатро бекор кунад.
Дар ҳолате, ки агар чунин вайронкуниҳо аз тарафи истеҳсолкунанда ба амал ояд, вай бояд ҳатман истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро боздорад ва ба мақоми назорати давлати, ки дар маҳалли қароргирифтааш ҷойгир аст, хабар диҳад.
Моддаи 13. Назорати давлати дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, хадамоти назорати давлатии байторӣ, хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо, ва назорати тухмӣ ва инчунин мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад , .
Сохторҳои мақомоти давлатӣ оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, амнияти миллӣ дар доираи ваколаташон ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот, инчунин хизматрасонӣ дар соҳаи савдои маҳсулоти хӯрокворӣ, маводу маснуот ва хӯроки умумӣ назоратро амалӣ менамоянд .
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли молликият, бо роҳи гузаронидани санҷиши иҷрои қонунгузории соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад .
Моддаи 14. Мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, саломатии аҳоли
Бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии афзалиятноки сиёсати давлати дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, ҳифзи саломатии аҳоли ва ҳамчунин бо мақсади андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ворид шудани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти пастсифат ва хатарнок ба бозори истеъмоли мақомоти назорати давлати якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикиcтон мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, саломатии аҳолиро ташкил ва иҷро менамоянд.
Мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, саломатии аҳоли мутобиқи тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тасдиқгардида анҷом дода мешавад.
БОБИ IV. ТАЛАБОТИ УМУМИ ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРИ
Моддаи 15. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Маҳсулоти хӯроквории барои фурӯш пешбинишуда бояд зарурати физиологии инсонро ба маводи зарури ва энергия қонеъ гардонад, ба талаботи маъмул нисбати маҳсулоти хӯроквори аз назари нишондиҳандаҳои органолептики ва физикию кимиёви ҷавобгӯ бошад ва ба талаботи санадҳои меъёрии муқарраршуда ҷиҳати мавҷудияти миқдори имконпазири маводи кимиёви (аз ҷумла радиоактиви), биологи ва пайвастагиҳои онҳо, микроорганизму мавҷудоти биологии зинда, ки барои саломати хатар доранд, мутобиқат намояд.
Маҳсулоти хӯроквории парҳези бояд дорои хусусиятҳое, бошад, ки имкони истифодаи он барои истеъмоли муолиҷави ва тадбирҳои пешгири аз касалиҳо мутобиқи талаботи муқарраркардаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи тандурусти оиди ташкили хӯроки парҳези мувофиқат намояд ва барои саломатии инсон безарар бошад.
Моддаи 16. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти нав ҳангоми коркард ва дар истеҳсолот ҷори кардани онҳо
Ҳангоми коркарди маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти нав, проссесҳои нави технологии истеҳсол, борбанди, нигоҳдори, боркашони, тамғазани ва фурӯши онҳо, шахсони воқеи ва ҳуқуқи бояд талаботро оиди сифат ва бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот асоснок намоянд. Маълумотро оиди нигоҳдории сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳангоми истеҳсол ва муомилот таъмин намуда, барномаи назорати истеҳсолиро ба сифат ва бехатари таҳия ва мӯҳлати коршоямии ин гуна маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро муайян намоянд.
Мӯҳлати истифодаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот нисбати он маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте муқаррар мешавад, ки сифати онҳо бо гузаштани мӯҳлати муайян баъди истеҳсолашон бад гардида, хусусиятҳое мегиранд, ки барои саломатии инсон хатарнок шуда, қобилияти истеъмолии муайяншудаашонро гум мекунанд.
Нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти нав, мӯҳлати истифодаи онҳо, талабот нисбати борбанди, тамғагузори, маълумот оиди чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, шароити истеҳсол ва муомилоти ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, барномаҳои назорати истеҳсоли ба сифат ва бехатарии онҳо, усулҳои санҷиш, роҳҳои истифодаи партовҳо ё нест кардани маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуоти бесифат ва хатарнок бояд ба санадҳои техники дохил карда шаванд.
Лоиҳаҳои санадҳои техники ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти нав бояд аз экспертизаи санитарию эпидемиологи гузаронида шаванд.
Лоиҳаҳои санадҳои техники ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нави хӯроквори, ки аз ашёи хоми маҳсулоти ҳайвонот истеҳсол шудаанд, бояд инчунин аз экспертизаи байторию санитари гузаронида шаванд.
Лоиҳаҳои мазкур аз тарафи истеҳсолкунанда танҳо ҳангоми гирифтани хулосаи мақоми давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро ба талаботи қоидаву меъёрҳои санитари ё байтори, инчунин бехатарии онҳоро ба саломатии инсон шаҳодат медиҳанд, тасдиқ карда мешаванд.
То пешкаш намудани маҳсулоти нави хӯрока барои фурӯш ва иcтеъмол истеҳсолкунанда ӯҳдадор аст ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудан ба Феҳристи давлати маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи меъёрию техникиро, ки бо тамоми вазорату идораҳои манфиатдор пешаки мувофиқа гардидаанд, пешниҳод намояд .
Талаботи санадҳои техникии тасдиқшуда барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти навъҳои муайяни маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот фаъолият менамоянд, ҳатми мебошад.
Маҳсулоти нави хӯроквори, мавод ва маснуот танҳо баъди бақайдгирии давлати мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур барои истеҳсол иҷозат дода мешаванд.
Моддаи 17. Талабот нисбати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳангоми истеҳсоли онҳо
Маҳсулоти хӯроковори, мавод ва маснуот бояд мутобиқи санадҳои техники ҳангоми риояи талаботи стандарти, қоида ва меъёрҳои санитарию байтори истеҳсол карда шаванд.
Барои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори бояд маҳсулоти хӯроквории хоме истифода шавад, ки сифат ва бехатарии он ба талаботи санадҳои меъёри мутобиқ бошад.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории хом истифодаи иловаҳои хӯроки чорво, омехтаҳо барои афзоиши ҳайвонот, аз он ҷумла доруҳои гормондор, дорувор, пестисидҳо, маводи агрокимиёви, ки аз экспертизаи санитарию эпидемиологи, экепертизаи байторию санитари ва фитосанитари (ё экспертизаи агрокимиёлаборатори) ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлати гузаронида шудаанд, имконпазир аст.
Барои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори истифодаи ашёи хоми маҳсулоти ҳайвонот танҳо баъди аз экспертизаи байторию санитари гузаронидан ва аз тарафи истеҳсолкунанда гирифтани хулосаи мақоми давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати ашёи хоми аз маҳсулоти ҳайвонот тайёршударо ба талаботи қоидаҳову меъёрҳои байтори тасдиқ менамояд, имконпазир аст.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроки кӯдакон ва маҳсулоти хӯроки парҳези истифодаи маҳсулоти хӯроквории бо иловаҳои хӯроки ҳайвонот, доруҳои гормондор барои афзоиши ҳайвонот, намудҳои ҷудогонаи дорувор, пестисидҳо, маводи агрокимиёви ва дигар маводу пайвастагиҳои барои саломатии инсон зараровар истеҳсолгардида иҷозат дода намешавад.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори, инчунин барои дар хӯрока истифода кардан иловаҳои хӯроквори ва иловаҳои фаъоли биологие истифода мешаванд, ки мутобиқи муқаррароти модцаи 10 Қонуни мазкур аз қайди давлати гузаронида шудаанд.
Маҳсулот ва маснуоте, ки дар рафти истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори истифода мешаванд, бояд ба талаботи санадҳои меъёри оиди сифат ва бехатарии чунин маҳсулот ва маснуот мутобиқат дошта бошанд.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори истифодаи маҳсулот ва маснуоти мувофиқи муқаррароти моддаи 10 Қонуни мазкур аз қайди давлати гузаронидашуда имконпазир аст.
Истеҳсолкунанда вазифадор аст сифат ва бехатарии ҳар як миқдори маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро дар озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи соҳавӣ аз ташхис гузаронида, ба харидор якҷоя бо маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот шаҳодатномаи сифат ва бехатариро диҳад .
Фурӯшандаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот дар вақти аз истеҳсолкунанда қабул намудани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳуқуқ дорад ба сифат ва бехатарии онҳо назорат намояд.
Шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот барои маҳсулоти хӯроки умуми тарғиб дода намешавад.
Мутобиқати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ки ба феҳристи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасони (кор) ворид мешаванд, ба талаботи санадҳои меъёри бо сертификати мутобиқат ва аломати мутобиқат тасдиқ карда мешавад.
Истеҳсолкунанда бояд бетаъхир истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнокро дар мӯҳлате, ки барои бартараф кардани сабабҳои бавуҷудоии ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот зарур аст, қатъ намояд. Дар ҳолатҳое, ки бартараф кардани сабабҳо имконнопазир бошад, истеҳсолкунанда бояд тайёр кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнокро қатъ намуда, онро аз муомилот ва аз харидорону истеъмолкунандагони чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот баргардонида гирад ва мутобиқи тартиби муайянгардида онро аз экспертиза гузаронад, ҳамчун партов истифода барад ё нест намояд.
Вазорати тандурусти ӯҳдадор аст дар муддати на камтар аз ҳар 5 сол меъёр ва дастурамалҳоро оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки парҳези, маҳсулоти хӯроки кӯдакон ва иловаҳои хӯрокворию биологи барои таъмини мувофиқати онҳо бо меъёрҳои байналмилали аз нав дида барояд.
Моддаи 18. Талабот оиди таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори ҳангоми баркашида коғазпечкуни, борбанди ва тамғазани
Маҳсулоти хӯроквори бояд тавре баркашида коғазпеч ва борбанди карда шавад, ки сифат ва бехатарии он ҳангоми нигаҳдори, боркашони ва хариду фурӯш таъмин гардад.
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба баркашида коғазпечкуни, борбанди ва тамғагузории маҳсулоти хӯроквори машғуланд, бояд талаботи санадҳои меъёриро риоя намоянд.
Дар тамғакоғазҳо ё тамғаи бор ва ё тавсиякоғазҳои маҳсулоти хӯроквории борпечшуда ғайр аз маълумоте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян мегардад, бо назардошти навъҳои маҳсулоти хӯроквори бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:
оиди арзиши хӯроквори (калорияноки, миқдори сафедаҳо, чарбноки, ангиштобҳо, витаминҳо, макро - ва микроэлементҳо);
оиди қоида ва шароити истеъмол (барои маҳсулоти хӯроки кӯдакон, маҳсулоти хӯроки парҳези ва иловаҳои фаъоли биологи);
оиди тарз ва шароити тайёр кардани хӯрокҳои тайёр ( нисбати маҳсулоти хӯроквории консентрати ва нимтайёр);
оиди шароити нигоҳдори (нисбати маҳсулоти хӯрокворие, ки барои нигоҳдории онҳо шартҳои зарури муайян гардидаанд);
оиди санаи истеҳсол, санаи корои ва санаи борбандии маҳсулоти хӯроквори.
Моддаи 19. Талабот нисбати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳангоми нигоҳдори ва боркашони
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот бояд дар шароите нигоҳдори ва боркашони карда шаванд, ки сифат ва бехатарии онҳо таъмин гардад.
Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки нигоҳдори ва боркашонии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро амали месозанд, бояд талаботи санадҳои меъёриро оиди шароити нигоҳдори ва боркашонии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот риоя намоянд ва иҷрои талаботро бо роҳи сабт намудан дар ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашаванда тасдиқ кунанд.
Нигоҳдории маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот дар биноҳои махсус таҷҳизонидашуда, иншоотҳое, ки ба талаботи қоидаву меъёрҳои сохтмонию санитари ва байтори мутобиқанд, иҷозат дода мешавад.
Барои кашонидани маҳсулоти хӯроквори бояд воситаҳои нақлиётие, ки махсус ба ҳамин мақсадҳо ҷиҳозонида шудаанд, мутобиқи тартиботи муайяншуда шиносномаҳои санитари доранд, бояд истифода бурда шаванд.
Дар ҳолатҳое, ки агар ҳангоми нигоҳдори ва кашонидани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба вайронкуни роҳ дода шуда бошад, ки боиси халалдор шудани сифати маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хосиятҳои хатарнок пайдо кардани онҳо гаштаанд, шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки нигоҳдори ва кашонидани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро ба амал мебароранд, бояд ба соҳибон ва қабулкунандагони маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуот хабар диҳанд.
Ин гуна маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба фурӯш роҳ дода нашуда, барои экспертиза ба мақомоти назорати давлатии дахлдор фириcтода мешаванд ва мувофиқи натиҷаи он бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов истифода бурда ё нобуд карда мешаванд .
Моддаи 20. Талабот оиди таъмиии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳангоми фурӯши онҳо
Ҳангоми фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот шахсони воқеи ва ҳуқуқи бояд талаботи санадҳои меъёриро риоя намоянд.
Фурӯши маҳсулоти баркашида коғазпечнашуда ва борбандинашуда, ба истиснои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворие, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати мақоми ваколатдор оиди назорати санитарию эпидемиологи муқаррар гардидааст, иҷозат дода намешавад .
Фурӯши маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноати дар бозорҳои хӯроквори танҳо баъди гузаронидани экспертизаи санитарию байтори дар озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи соҳаи байторӣ ва аз тарафи фурӯшандагон гирифтани хулосаи мақоми назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хӯроквориро бо қоидаву меъёрҳои байтори тасдиқ мекунад, имконпазир аст .
Дар ҳолатҳое, ки агар ҳангоми фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба вайронкуни роҳ дода шуда бошад, ки боиcи халал ёфтани сифати маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва пайдо кардани хосиятҳои хатарноки онҳо гардад, шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот машғуланд, бояд ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро аз фурӯш гиранд, бозхоста гирифтани онҳоро аз истеъмолкунандагон таъмин намоянд, маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва хатарнок, мавод ва маснуотро ба экспертиза равон карда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онҳоро таъмин намоянд .
Моддаи 21. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд
Сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, бояд ба талаботи санадҳои меъёрии ҷумҳури мутобиқат намоянд.
ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагон, молрасонҳо оиди риояи талаботи санадҳои меъёри нисбати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, талаботи асосии шартномаҳои раcонидани онҳо мебошанд.
Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти аз қайди давлати мувофиқи тартибе, ки моддаи 10 Қонуни мазкур муайян кардааст, нагузаштаанд, инчунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҷумҳурии истеҳсолкунандаи моли надоранд, манъ аст.
Дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои ба расмиятдарории гумруки маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз тарафи мансабдороне, ки назорати давлати оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати давлатии байтори ва назорати давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амали мегардонанд, дар доираи салоҳияташон чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро аз назар гузаронида, санҷиши ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашавандаро баҷо меоранд ва оиди имконоти ба расмият даровардани воридшавии чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд .
Дар ҳолате, ки шахсони мансабдори мақомоти назорати давлати дар соҳаи стандартизатсия, сертификатсия ва метрология, назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати давлатии байтори ва назорати давлатии карантини растаниро ба зимма дошга, ба бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот шубҳаи асоснок дошта бошанд, оиди муваққатан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ кардани ба расмиятдарории воридкунии чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва масунот қарор қабул мекунанд. Номгӯи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва мӯҳлати муваққатан боздориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар ҳолате, ки маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда хатарнок дониста мешаванд, шахcони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати давлатии байтори ва назорати давлатии карантини растаниро ба зиммадошта ворид кардани чунин маҳсулоти хӯроквориро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ менамоянд ва дар ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашаванда оиди саломатии инсон хатарнок будан ва қобили фурӯш набудани чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот қайд мекунанд.
Соҳиби маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти хатарнок ӯҳдадор аст, ки дар давоми 10 рӯз онро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барорад.
Дар ҳолате, ки маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти хатарнок мутобиқи мӯҳлати нишондодашудаи сарсатри 7 банди мазкур аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертиза карда шуда, дар асоси натиҷаҳои он бо қарори суд мусодира мешаванд ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов истифода ё нобуд карда мешаванд .
Моддаи 22. Талабот ҷиҳати ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсоли ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ҷиҳати истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот фаъолият мекунанд, вазифадоранд назоратро ба сифат ва бехатарии он, риояи талаботи cанадҳои техники ва меъёри нисбати шароити истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ташкил ва иҷро намоянд.
Назорати истеҳсоли ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот мутобиқи барномаи назорати истеҳсоли, ки аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар асоcи регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлати ва санадҳои техники тайёр карда мешавад, амали мегардад. Мутобиқи ин барнома тартиби назорати истеҳсоли ба cифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, тариқи назорат, санҷиши шароити истеҳсол ва муомилоти он муқаррар мегарданд .
Моддаи 23. Талабот нисбати кормандоне, ки оиди истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот фаъолият мекунанд
Кормандоне, ки ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва дар соҳаи хӯроки умуми машғуланд, ҳангоми иҷрои кор бо маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот муносибати мустақим доранд, бояд ҳатман пешаки ҳангоми ба кор қабул шудан ва ба таври даври ҳангоми кор бо тартиби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, аз муоинаи тибби, инчунин омӯзиши гигиени гузаранд.
Шахсоне, ки ба касалиҳои сирояткунанда гирифторанд, шахcоне, ки ниcбати онҳо оиди гирифтор будан ба ин касалиҳо шӯбҳа мавҷуд аст, шахcоне, ки бо беморони касалиҳои сирояткунанда алоқа доштанд, шахcоне, ки паҳнкунандаи барангезандагони касалиҳои сирояткунанда мебошанд ва вобаста ба хусусиятҳои хӯроктайёркуни ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот хатари паҳнкунии ин касалиҳоро доранд, инчунин кормандоне, ки аз омӯзиши гигиени нагузаштаанд, ба корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо бевосита бо маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот алоқа доранд, роҳ дода намешаванд.
Моддаи 24. Талабот нисбати аз муомилот гирифтани маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок
Маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва назорати давлатии байторӣ бо тартиби муқарраршуда аз муомилот гирифта мешаванд.
Тартиби аз муомилот гирифтани маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар карда мешавад.
Маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарноки аз муомилот гирифташуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон несту нобуд ва ё аз нав коркард карда мешаванд .
Моддаи 25. Талабот нисбати гузаронидани экспертиза ҷиҳати ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти аз муомилот гирифташуда
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарноке, ки аз муомилот гирифта шудаанд, аз тарафи мақомоти назорати давлати бо мақсади муайян кардани имконоти истифода ҳамчун партов ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот бояд дар доираи салоҳияташон аз экспертиза (санитарию эпидемиологи, байторию санитари, молшиноси ва ғайра) гузаронида шаванд.
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотеро, ки молики он макони истеҳсоли онро тасдиқ карда наметавонад ва нишонаҳои равшани бесифатиро дошта, бинобар ин ба ҳаёт ва саломатии инсон хатарноканд, бе гузаронидани экспертиза бояд ҳамчун партов истифода ё нобуд карда шаванд.
То лаҳзаи ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот молики он бояд дар ҳузури намояндаи мақоми назорати давлати хосияти чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуотро бо роҳҳои имконпазир ва эътимоднок тағйир диҳад, то ки имконияти истифодаи он мутобиқи таъинот аз байн бурда шавад.
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок дар мӯҳлате, ки барои гузаронидани экспертизаи онҳо ва ҳамчун партов истифода ё нобуд кардан лозим аст, барои нигоҳдории муваққати фиристода мешаванд, то ки имконияти дастрас кардани ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот имконпазир набошад.
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки муваққатан нигоҳдори мешаванд, бояд аниқ ба ҳисоб гирифта шаванд. Масъулияти нигоҳдории чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуотро молики он ба ӯҳда дорад.
Дар асоcи натиҷаҳои экспертизаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок мақоми дахлдори назорати давлати оиди ҳамчун партов истифода ва ё нест кардани он қарор қабул мекунад.
Молики маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти паcтсифат ё хатарнок воситаю шароитҳои ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онро мутобиқи талаботи санадҳои меъёри ё техники интихоб намуда, бо мақоми назорати давлати, ки оиди ҳамчун партов истифода намудан ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, воситаю шароитҳои ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани он қарор баровардааст, мутобиқ месозад.
Имконияти истифодаи маҳсулоти хӯроквории бесифат ё хатарнок барои хӯрокаи чорво бо мақоми назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида мешавад.
Хароҷоти экспертиза, нигоҳдори, боркашони, ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз ҳисоби молики он пардохта мешавад.
Молики маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти беcифат ва хатарнок бояд ба мақоми назорати давлати, ки оиди ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот қарор баровардааст, ҳуҷҷат ё нусхаи мутобиқи муқаррарот тасдиқшудаи онро, ки воқеияти ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.
Мақомоти назорати давлати, ки оиди ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок қарор қабул кардаанд, бо сабаби хатари пайдо ва паҳншавии бемориҳо ва заҳролуд шудани одамон ва ҳайвонот, инчунин ифлосшавии муҳити зист вазифадоранд ҳангоми ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онҳо назорат намоянд.
БОБИ V. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ МАЗКУР
Моддаи 26. Ҷавобгарии маъмури барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Дар ҳолатҳои зерин барои вайрон намудани Қонуни мазкур ҷавобгарии маъмури таъин карда мешавад:
ҳангоми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол кардан ё ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки аз қайди давлати гузаронида нашудаанд;
ҳангоми пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро ба талаботи санадҳои меъёри тасдиқ менамоянд;
ҳангоми пешниҳоди маълумоти нопурра ва нодуруст оиди маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасони, инчунин иҷро накардани шароитҳои ба партов табдил додан ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок;
ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок, инчунин истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти қалбаки;
ҳангоми иҷро накардани тавсияҳо ва қарорҳои мақомоти назорати давлати.
Татбиқи чораҳои ҷавобгарии маъмури шахси гунаҳкорро аз ӯҳдадории бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҷуброн намудани зарари ба ҳаёт, саломати ва моликияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи расонидашуда озод намекунад.
Шикоят нисбати фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти назорати давлати, ки чораҳои ҷавобгарии маъмуриро истифода кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси мешавад.
Моддаи 27. Ҷавобгарии ҷинояти барои вайрон кардани Қонуии мазкур
Вайрон кардани Қонуни мазкур, ки сабаби зарар расонидан ба саломати ё марги инсон мегардад, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад.
Моддаи 28. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлати
Шахсони мансабдори мақомоти назорати давлати барои бемаcъулияти ҳангоми иҷрои вазифа, инчунин барои рӯйпӯш кардани ҳодисаҳои барои ҳает ва саломатии инсон хатарнок, мутобиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааcт, ҷавобгар мебошанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
10 майи соли 2002 № 54
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРӢ
(Қонун аз 3.03.2006 № 176, аз 30.07.07с. № 305)
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқи, иҷтимои ва иқтисодиро дар марҳалаҳои маҳсулоттайёркуни, истеҳсолот, боркашони, нигоҳдори, муомилоти маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва қисмҳои онҳо, инчунин маводи борбанди ва ёрирасон дар байни истеҳсолкунанда, фурӯшанда ва истеъмолкунанда бо мақсади таъмини ҳатмии амалигардонии ҳуқуқҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи, барои харидани маҳсулоти хуроквори, мавод ва маснуоти аз ҷиҳати экологи тоза, босифат ва барои ҳаёт ва саломати бехатар, инчунин маҳсулоти хӯроки парҳези, маҳсулоти хӯроки кӯдакон ва иловаҳои фаъоли биологи муайян менамояд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
Маҳсулоти хӯроквори - маҳсулоте, ки дар шакли тайёр ё коркардашуда (консервшуда) аз тарафи инсон дар хӯроквори истифода мешавад, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки кӯдакон, маҳсулоти хӯроки парҳези, оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойкардашуда, машруботи спирти, пиво, нӯшокии ғайриспирти, сақич, ҳамчунин ашёи хоми хӯроквори, иловаҳои хӯроквори ва иловаҳои фаъоли биологи;
маҳсулоти хӯроки кӯдакон - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои кӯдакони то синни 14-сола пешбини шудааст ва ҷавобгӯи талаботи физиологии организми кӯдакон аст;
маҳсулоти хӯроки парҳези - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои хӯроки муолиҷави ва тадбирҳои пешгири аз бемориҳо муқаррар шудааст;
маҳсулоти хӯроквории хом - ашёи хоми аз растани, ҳайвонот, инчунин бо усули микробиологи, минералию сунъи тайёршаванда ва об, ки барои тайёр кардани маҳсулоти хӯроквори истифода бурда мешаванд;
иловаҳои хӯроквори - моддаҳои табии ё сунъи ва пайвастагиҳои онҳо, ки бо мақсади тағйир додани хусусиятҳои маҳсулоти хӯроквори ва нигоҳ доштани сифати онҳо махсус ворид карда мешаванд;
иловаҳои фаъоли биологи - моддаҳои аз ҷиҳати биологи фаъоли табии, ки барои ҳамроҳи хӯрок истеъмол кардан ё омехта намудан ба таркиби маҳсулоти хӯроквори пешбини шудаанд;
мавод ва маснуоте, ки ба маҳсулоти хӯроквори вобастаги доранд баъдан мавод ва маснуот) - мавод ва маснуоте, ки барои тайёр кардан, борбанди, нигоҳдори, боркашони, хариду фурӯш ва истифодаи маҳсулоти хӯроквори истифода мешаванд, аз ҷумла таҷҳизоти технологи, асбобу дастгоҳ, борҷома, зарф, асбобу анҷоми ошхона;
сифати маҳсулоти хӯроквори - маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулоти хӯроквори, ки қобилияти талаботи инсонро ба хӯрока дар сурати мувофиқати ҳатмии онҳо ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техники таъмин кардан доранд;
бехатарии маҳсулоти хӯроквори - ҳолати доштани боварии асоснок ба маҳсулоти хӯроквори, ки истифодаи он дар шароити муқаррари барои саломати зарарнок нест ва ба cаломатии наслҳои ҳозираву оянда хатар надорад;
арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквори - маҷмӯи сифатҳои маҳсулоти хӯрокворие, ки ба воситаи онҳо талаботи физиологии инсон ба моддаҳои зарури ва энергия қонеъ гардонида мешавад;
шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот - ҳуҷҷате, ки дар он истеҳсолкунанда мутобиқати сифат ва бехатарии ҳар як миқдори маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро бо санадҳои меъёри ва техники тасдиқ мекунад;
сертификатсия - фаъолиятест, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд;
сертификати мутобиқат - ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои системаи сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи санадҳои меъёри тасдиқ менамояд;
сертификати миқдори нитрат ва пестисидҳо - ҳуҷҷате, ки дар он миқдори нитрат ва боқимондаи пестисидҳои дар таркиби меваю сабзавот, картошка, ангур ва зироатҳои полизи мавҷуда инъикос меёбад;
санадҳои техники - ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи онҳо тайёркуни, нигоҳдори, боркашони ва фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, (талаботи техники, дастурҳои технологи, дастурамалҳои тайёркуни ва ғайра) амали мегарданд;
муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот - хариду фурӯш (аз ҷумла содирот ва воридот) ва воситаҳои дигари мубодилаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот (баъдан -муомилот), нигоҳдори ва кашонидани он;
маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти қалбаки - маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки дидаю дониста ба маҳсулоти истеҳсолкунандаи воқеи монанд сохтакори карда шудааст;
мутобиқ кардани (идентификатсия) маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот - фаъолияти муқаррар кардани мутобиқати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти муайян ба талаботи санадҳои меъёри, техники ва маълумот оиди маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагашта ва тамғакоғазҳо;
истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотистифодаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти пастсифат ва зарарнок барои аз нав коркардабарои ва ба даст овардани маҳсулоте, ки барои таом истифода бурда намешаванд;
мӯҳлати корои - марҳилае, ки аз рӯзи истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори то рӯзе, ки барои истеъмол коршоям аст, ҳисоб карда мешавад;
мониторинг - мушоҳидаи мунтазами сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори бо мақсади ошкор кардани мувофиқати он ба натиҷаи дилхоҳ;
пестиcидҳо - заҳрҳои кимиевии зидди ҳашароти зараррасон;
нишондиҳандаҳои органолептики - нишондиҳандаҳои маҳсулоти хӯроквори, ки ба воситаи узвҳои ҳиcсиёт (маза, бӯй, намуди зоҳири, ранг) муайян карда, баҳо дода мешаванд.
Моддаи 3. Танзими муносибатҳои ҳуқуқии таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Муносибатҳои ҳуқуқии танзим дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, асос гирифта, мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи, санадҳои ҳуқуқии байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зътироф кардааcт, ба амал бароварда мешаванд.
Моддаи 4. Қобилияти муомилотии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба талаботи санадҳои меъёри мувофиқанд ва мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур аз қайди давлати гузаштаанд, дар муомилот буда метавонанд.
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте дар муомилот буда наметавонанд, агар:
ба талаботи санадҳои меъёри мутобиқ набошанд;
дорои аломатҳои ошкорое бошанд, ки аз паст будани сифаташон шаҳодат диҳанд ва дар натиҷаи назорати намояндагони мақомоти давлатие, ки сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквориро назорат мекунанд, бесифат дониста шаванд;
дорои шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунанда ва молрасони маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ки манбаи пайдоиши молро тасдиқ менамоянд, нестанд, оиди қайди давлати маълумот надоранд ва мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёри тасдиқ нагардидаанд;
ба маълумоти пешниҳодшуда мутобиқ набошанд ва нисбати онҳо оиди қалбаки буданашон шубҳаи асоснок мавҷуд бошад;
мӯҳлати истифодаи он зикр нашуда бошад (барои маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки зикр кардани мӯҳлати истифодаашон ҳатми аст) ё мӯҳлати истифодааш гузаштааст;
тамғае, ки дар он маълумотҳо мутобиқи Қонун ва стандарти давлати нестанд ё дар бораи онҳо ин гуна маълумотҳо мавҷуд нест.
Моддаи 5. Таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба воситаи чораҳои зерин таъмин карда мешаванд:
истифодаи чораҳои танзими давлати ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот;
аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқии бо фаъолияти тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот машғул гузаронидани чорабиниҳои ташкили, агрокимиёви, байтори, технологи, инженерию техники, санитарию зиддиэпидеми ва фитосанитари, ки ба иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ба маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуот, шароити тайёр кардан, нигоҳдори, боркашони ва фурӯш равона гардидаанд;
гузарондани назорати истеҳсоли оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, шароити тайёр намудан, нигоҳдори, боркашони ва фурӯши онҳо, ҷори намудани системаи идоракунии сифати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот (баъдан - системаи сифат);
андешидани тадбирҳои шаҳрвандию ҳуқуқи, маъмури ва масъулияти ҷинои ба шахсоне, ки дар вайронкунии Қонуни мазкур ва дигар талаботи санадҳои меъёри гунаҳкор дониста мешаванд.
Моддаи 6. Маълумот оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки дар соҳаи тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ва дар соҳаи хӯроки умуми фаъолият менамоянд, вазифадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорат ва тафтиши сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, риояи талаботи санадҳои меъёри ҳангоми тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасони маълумоти эътимоднок пешниҳод намоянд.
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорат дар соҳаи стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва савдо, назорати санитарию эпидемиологи, назорати байтори ва назорати карантини растани ба мақомоти ҳокимияти давлати, шахсони воқеию ҳуқуқи, иттилоотро дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот, дар бораи риояи талаботи санадҳои меъёри ҳангоми истеҳсол ва гардиши маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот, хизматрасони дар соҳаи хӯроки умуми, дар бораи бақайдгирии давлатии маҳcулоти хӯроквори, маводу маснуот, дар бораи тасдиқи онҳо мувофиқи талаботи санадҳои меъёри ва тадбирҳо оид ба пешгирии фурӯши маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва хатарнок, маводу маснуот таъмин менамоянд.
БОБИ II. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН ВА МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРИ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори дохил мешаванд:
татбиқи сиёсати ягонаи давлати;
қабули санадҳои меъёри дар доираи салоҳияти худ;
кор карда баромадан ва амали намудани барномаҳои мақсаднок ва илмию техники оиди таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот;
ба меъёрдарории давлати дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот;
амали сохтани ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон;
амали намудани салоҳиятҳои дигаре, ки дар қонунгузори пешбини шудаанд.
Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон мутобиқи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон бояд дорои ваколатҳо бошанд (Конун аз 30.07.07с. № 305).
Салоҳияти мақомоте, ки назорати давлатиро дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори ба амал мебароранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян карда мешавад.
БОБИ III. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРИ
Моддаи 9. Ба меъёрдарории давлати дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Талабот оиди сифати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, таъмини бехатарии онҳо, борбанди, тамғазани, назорати истеҳсоли ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, тартиби баҳодиҳи ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёри, тариқи санҷиш ва мутобиқсозии онҳо, ҳамчунин нисбат ба ҳуҷҷатҳои техники ва системаҳои сифат дар асоси стандартҳои давлати таъин мегардад.
Талабот оиди арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквори, бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, бехатарии шароити коркард ва дар истеҳсолот ҷори кардан, тайёркуни ва муомилоти онҳо, бехатарии хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва соҳаи хӯроки умуми мутобиқи қоидаҳо ва меъёрҳои санитари муайян карда мешавад.
Талаботи бехатари аз нигоҳи байтори барои баъзе маҳсулоти хӯроквори, ҷамъовари, истеҳсол ва муомилоти он мутобиқи қоидаву меъёрҳои дахлдори байтори муайян мегардад.
Стандартҳои давлати, қоида ва меъёрҳои санитарию байтори аз ҷониби мақомоти давлати оид ба назорат дар соҳаи стандартизатсия, сертификатом ва метрология, назорати санитарию эпидемиологи ва байтори мутобиқи салоҳияти онҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тасдиқ карда мешаванд.
Талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки тибқи стандартҳои давлати, қоидаҳо ва нормаҳои санитарию байтори муқаррар гардидаанд, барои шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки машғули иcтеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва соҳаи хӯроки умуми мебошанд, ҳатмист.
Моддаи 10. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти наве, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон истеҳсол ва тайёр карда шудаанд, маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки аввалин маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ворид карда мешаванд, бояд аз қайди давлати гузаронида шаванд.
Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот иборат аст аз:
экспертизаи ҳуҷҷатҳои аз тарафи истеҳсолкунанда, молрасонандаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот пешниҳод гардида ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёри, шароити истеҳсол ё расондани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, инчунин натиҷаҳои санҷиши дар вақти зарурат гузаронидашуда;
дохил намудани маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва истеҳсолкунандагону молрасонҳои онҳо ба Феҳристи давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба истеҳсол, ворид кардан ва фурӯхтан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикиcтон иҷозат дода шудааст;
ба дархосткунандагон додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ки ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ё ворид кардан ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуотро муқаррар менамояд.
Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва ҷори намудани Феҳристи давлатии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки истеҳсол, ворид кардан ва муомилоти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати давлатии санитарию эпидемиологи якҷоя бо мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати давлатии байтори мутобиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, сурат мегирад.
Бақайдгирии давлатии якчанд намуди маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот таҳти як номгӯй, инчунин бақайдгирии бисёркаратаи ҳамон як навъи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот таҳти як ва ё номгӯйҳои дигар иҷозат дода намешавад.
Моддаи 11. хориҷ карда шуд (Қонун аз 3.03.2006 № 176).
Моддаи 12. Баҳодиҳи ва тасдиқи мутобиқати талаботи санадҳои меъёрии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ва хӯроки умуми, инчунин системаҳои сифат
Навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти барои фурӯш пешбинишуда, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ва хӯроки умуми, инчунин системаҳои сифат бояд баҳогузори шуда, мутобиқи талаботи cанадҳои меъёри тасдиқ карда шаванд.
Мутобиқати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба талаботи санадҳои меъёри аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ва хӯроки умуми, инчунин системаи сифат бояд баҳогузори шуда, ба воситаи сертификатсияи ҳатми мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёри тасдиқ карда шавад.
Ҳангоми интихоби маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ки тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёри ба воситаи сертификатсияи ҳатми сурат мегирад, бояд дараҷаи хатарнокии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба саломатии инсон, шароити истеҳсол ва муомилоти онҳо ба ҳиcоб гирифта шаванд. Феҳристи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасони (кор)-ро, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Ташкил намудан ва тартиби аз сертификатсияи ҳатми гузаронидани навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ва соҳаи хӯроки умуми, инчунин системаҳои сифат аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрология амали гардонида мешаванд.
Нисбати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки сертификатсияи ҳатми ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёри ҳатми нест, шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсол ва муомилоти чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот машғуланд, ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификатсияи ихтиёри гузаранд.
Дар ҳолатҳое, ки агар истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти сертификатсияшуда, истеҳсолкунандае, ки сертификати мутобиқати системам сифат дорад, иҷрокунандаи хизмати сертификатсияшуда, ки дар cоҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори ё дар соҳаи хӯроки умуми фаъолият мекунад, муқаррароти санадҳои меъёриро вайрон кунанд, мақоме, ки сертификати дахлдорро додааст, бояд истеҳсол ё фурӯши маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасониро дар давраи ислоҳи вайронкуниҳои муайянгардида манъ намояд, агар ислоҳи вайронкуниҳо имконнопазир бошанд, бояд фаъолияти сертификатро бекор кунад.
Дар ҳолате, ки агар чунин вайронкуниҳо аз тарафи истеҳсолкунанда ба амал ояд, вай бояд ҳатман истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро боздорад ва ба мақоми назорати давлати, ки дар маҳалли қароргирифтааш ҷойгир аст, хабар диҳад.
Моддаи 13. Назорати давлати дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, хадамоти назорати давлатии байторӣ, хадамоти давлатии фитосанитарӣ,, карантини растаниҳо, ва назорати тухмӣ ва инчунин мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (Конун аз 30.07.07с. № 305).
Мақомоти сохторҳои вазоратҳои мудофиа, корҳои дохили, амният, нақлиёт ва Кумитаи ҳифзи сарҳадот дар асоси cалоҳияташон ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроковори, мавод ва маснуот, инчунин хизматрасони дар соҳаи савдои маҳcулоти хӯроковори, маводу маснуот ва хӯроки умуми назорат менамоянд.
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли молликият, бо роҳи гузаронидани санҷиши иҷрои қонунгузории соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад (Конун аз 30.07.07с. № 305).
Моддаи 14. Мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, саломатии аҳоли
Бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии афзалиятноки сиёсати давлати дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, ҳифзи саломатии аҳоли ва ҳамчунин бо мақсади андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ворид шудани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти пастсифат ва хатарнок ба бозори истеъмоли мақомоти назорати давлати якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикиcтон мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, саломатии аҳолиро ташкил ва иҷро менамоянд.
Мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, саломатии аҳоли мутобиқи тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тасдиқгардида анҷом дода мешавад.
БОБИ IV. ТАЛАБОТИ УМУМИ ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРИ
Моддаи 15. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори
Маҳсулоти хӯроквории барои фурӯш пешбинишуда бояд зарурати физиологии инсонро ба маводи зарури ва энергия қонеъ гардонад, ба талаботи маъмул нисбати маҳсулоти хӯроквори аз назари нишондиҳандаҳои органолептики ва физикию кимиёви ҷавобгӯ бошад ва ба талаботи санадҳои меъёрии муқарраршуда ҷиҳати мавҷудияти миқдори имконпазири маводи кимиёви (аз ҷумла радиоактиви), биологи ва пайвастагиҳои онҳо, микроорганизму мавҷудоти биологии зинда, ки барои саломати хатар доранд, мутобиқат намояд.
Маҳсулоти хӯроквории парҳези бояд дорои хусусиятҳое, бошад, ки имкони истифодаи он барои истеъмоли муолиҷави ва тадбирҳои пешгири аз касалиҳо мутобиқи талаботи муқарраркардаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи тандурусти оиди ташкили хӯроки парҳези мувофиқат намояд ва барои саломатии инсон безарар бошад.
Моддаи 16. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти нав ҳангоми коркард ва дар истеҳсолот ҷори кардани онҳо
Ҳангоми коркарди маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти нав, проссесҳои нави технологии истеҳсол, борбанди, нигоҳдори, боркашони, тамғазани ва фурӯши онҳо, шахсони воқеи ва ҳуқуқи бояд талаботро оиди сифат ва бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот асоснок намоянд. Маълумотро оиди нигоҳдории сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳангоми истеҳсол ва муомилот таъмин намуда, барномаи назорати истеҳсолиро ба сифат ва бехатари таҳия ва мӯҳлати коршоямии ин гуна маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро муайян намоянд.
Мӯҳлати истифодаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот нисбати он маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте муқаррар мешавад, ки сифати онҳо бо гузаштани мӯҳлати муайян баъди истеҳсолашон бад гардида, хусусиятҳое мегиранд, ки барои саломатии инсон хатарнок шуда, қобилияти истеъмолии муайяншудаашонро гум мекунанд.
Нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти нав, мӯҳлати истифодаи онҳо, талабот нисбати борбанди, тамғагузори, маълумот оиди чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, шароити истеҳсол ва муомилоти ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, барномаҳои назорати истеҳсоли ба сифат ва бехатарии онҳо, усулҳои санҷиш, роҳҳои истифодаи партовҳо ё нест кардани маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуоти бесифат ва хатарнок бояд ба санадҳои техники дохил карда шаванд.
Лоиҳаҳои санадҳои техники ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуоти нав бояд аз экспертизаи санитарию эпидемиологи гузаронида шаванд.
Лоиҳаҳои санадҳои техники ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нави хӯроквори, ки аз ашёи хоми маҳсулоти ҳайвонот истеҳсол шудаанд, бояд инчунин аз экспертизаи байторию санитари гузаронида шаванд.
Лоиҳаҳои мазкур аз тарафи истеҳсолкунанда танҳо ҳангоми гирифтани хулосаи мақоми давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро ба талаботи қоидаву меъёрҳои санитари ё байтори, инчунин бехатарии онҳоро ба саломатии инсон шаҳодат медиҳанд, тасдиқ карда мешаванд.
То пешкаш намудани маҳсулоти нави хӯрока барои фурӯш ва иcтеъмол истеҳсолкунанда ӯҳдадор аст ба мақомоти давлати оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия барои ворид намудан ба Феҳристи давлати маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи меъёрию техникиро, ки бо тамоми вазорату идораҳои манфиатдор пешаки мувофиқа гардидаанд, пешниҳод намояд.
Талаботи санадҳои техникии тасдиқшуда барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти навъҳои муайяни маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот фаъолият менамоянд, ҳатми мебошад.
Маҳсулоти нави хӯроквори, мавод ва маснуот танҳо баъди бақайдгирии давлати мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур барои истеҳсол иҷозат дода мешаванд.
Моддаи 17. Талабот нисбати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳангоми истеҳсоли онҳо
Маҳсулоти хӯроковори, мавод ва маснуот бояд мутобиқи санадҳои техники ҳангоми риояи талаботи стандарти, қоида ва меъёрҳои санитарию байтори истеҳсол карда шаванд.
Барои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори бояд маҳсулоти хӯроквории хоме истифода шавад, ки сифат ва бехатарии он ба талаботи санадҳои меъёри мутобиқ бошад.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории хом истифодаи иловаҳои хӯроки чорво, омехтаҳо барои афзоиши ҳайвонот, аз он ҷумла доруҳои гормондор, дорувор, пестисидҳо, маводи агрокимиёви, ки аз экспертизаи санитарию эпидемиологи, экепертизаи байторию санитари ва фитосанитари (ё экспертизаи агрокимиёлаборатори) ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлати гузаронида шудаанд, имконпазир аст.
Барои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори истифодаи ашёи хоми маҳсулоти ҳайвонот танҳо баъди аз экспертизаи байторию санитари гузаронидан ва аз тарафи истеҳсолкунанда гирифтани хулосаи мақоми давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати ашёи хоми аз маҳсулоти ҳайвонот тайёршударо ба талаботи қоидаҳову меъёрҳои байтори тасдиқ менамояд, имконпазир аст.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроки кӯдакон ва маҳсулоти хӯроки парҳези истифодаи маҳсулоти хӯроквории бо иловаҳои хӯроки ҳайвонот, доруҳои гормондор барои афзоиши ҳайвонот, намудҳои ҷудогонаи дорувор, пестисидҳо, маводи агрокимиёви ва дигар маводу пайвастагиҳои барои саломатии инсон зараровар истеҳсолгардида иҷозат дода намешавад.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори, инчунин барои дар хӯрока истифода кардан иловаҳои хӯроквори ва иловаҳои фаъоли биологие истифода мешаванд, ки мутобиқи муқаррароти модцаи 10 Қонуни мазкур аз қайди давлати гузаронида шудаанд.
Маҳсулот ва маснуоте, ки дар рафти истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори истифода мешаванд, бояд ба талаботи санадҳои меъёри оиди сифат ва бехатарии чунин маҳсулот ва маснуот мутобиқат дошта бошанд.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори истифодаи маҳсулот ва маснуоти мувофиқи муқаррароти моддаи 10 Қонуни мазкур аз қайди давлати гузаронидашуда имконпазир аст.
Истеҳсолкунанда вазифадор аст сифат ва бехатарии ҳар як миқдори маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро тафтиш карда, ба харидор якҷоя бо маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот шаҳодатномаи сифат ва бехатариро бидиҳад.
Фурӯшандаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот дар вақти аз истеҳсолкунанда қабул намудани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳуқуқ дорад ба сифат ва бехатарии онҳо назорат намояд.
Шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот барои маҳсулоти хӯроки умуми тарғиб дода намешавад.
Мутобиқати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, ки ба феҳристи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасони (кор) ворид мешаванд, ба талаботи санадҳои меъёри бо сертификати мутобиқат ва аломати мутобиқат тасдиқ карда мешавад.
Истеҳсолкунанда бояд бетаъхир истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнокро дар мӯҳлате, ки барои бартараф кардани сабабҳои бавуҷудоии ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот зарур аст, қатъ намояд. Дар ҳолатҳое, ки бартараф кардани сабабҳо имконнопазир бошад, истеҳсолкунанда бояд тайёр кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнокро қатъ намуда, онро аз муомилот ва аз харидорону истеъмолкунандагони чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот баргардонида гирад ва мутобиқи тартиби муайянгардида онро аз экспертиза гузаронад, ҳамчун партов истифода барад ё нест намояд.
Вазорати тандурусти ӯҳдадор аст дар муддати на камтар аз ҳар 5 сол меъёр ва дастурамалҳоро оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки парҳези, маҳсулоти хӯроки кӯдакон ва иловаҳои хӯрокворию биологи барои таъмини мувофиқати онҳо бо меъёрҳои байналмилали аз нав дида барояд.
Моддаи 18. Талабот оиди таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори ҳангоми баркашида коғазпечкуни, борбанди ва тамғазани
Маҳсулоти хӯроквори бояд тавре баркашида коғазпеч ва борбанди карда шавад, ки сифат ва бехатарии он ҳангоми нигаҳдори, боркашони ва хариду фурӯш таъмин гардад.
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба баркашида коғазпечкуни, борбанди ва тамғагузории маҳсулоти хӯроквори машғуланд, бояд талаботи санадҳои меъёриро риоя намоянд.
Дар тамғакоғазҳо ё тамғаи бор ва ё тавсиякоғазҳои маҳсулоти хӯроквории борпечшуда ғайр аз маълумоте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян мегардад, бо назардошти навъҳои маҳсулоти хӯроквори бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:
оиди арзиши хӯроквори (калорияноки, миқдори сафедаҳо, чарбноки, ангиштобҳо, витаминҳо, макро - ва микроэлементҳо);
оиди қоида ва шароити истеъмол (барои маҳсулоти хӯроки кӯдакон, маҳсулоти хӯроки парҳези ва иловаҳои фаъоли биологи);
оиди тарз ва шароити тайёр кардани хӯрокҳои тайёр ( нисбати маҳсулоти хӯроквории консентрати ва нимтайёр);
оиди шароити нигоҳдори (нисбати маҳсулоти хӯрокворие, ки барои нигоҳдории онҳо шартҳои зарури муайян гардидаанд);
оиди санаи истеҳсол, санаи корои ва санаи борбандии маҳсулоти хӯроквори.
Моддаи 19. Талабот нисбати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳангоми нигоҳдори ва боркашони
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот бояд дар шароите нигоҳдори ва боркашони карда шаванд, ки сифат ва бехатарии онҳо таъмин гардад.
Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки нигоҳдори ва боркашонии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро амали месозанд, бояд талаботи санадҳои меъёриро оиди шароити нигоҳдори ва боркашонии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот риоя намоянд ва иҷрои талаботро бо роҳи сабт намудан дар ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашаванда тасдиқ кунанд.
Нигоҳдории маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот дар биноҳои махсус таҷҳизонидашуда, иншоотҳое, ки ба талаботи қоидаву меъёрҳои сохтмонию санитари ва байтори мутобиқанд, иҷозат дода мешавад.
Барои кашонидани маҳсулоти хӯроквори бояд воситаҳои нақлиётие, ки махсус ба ҳамин мақсадҳо ҷиҳозонида шудаанд, мутобиқи тартиботи муайяншуда шиносномаҳои санитари доранд, бояд истифода бурда шаванд.
Дар ҳолатҳое, ки агар ҳангоми нигоҳдори ва кашонидани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба вайронкуни роҳ дода шуда бошад, ки боиси халалдор шудани сифати маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хосиятҳои хатарнок пайдо кардани онҳо гаштаанд, шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки нигоҳдори ва кашонидани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро ба амал мебароранд, бояд ба соҳибон ва қабулкунандагони маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуот хабар диҳанд.
Ин гуна маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба фурӯш роҳ дода нашуда, барои экспертиза ба мақомоти назорати давлатии дахлдор фириcтода мешаванд ва мувофиқи натиҷаи он ҳамчун партов истифода бурда ё нобуд карда мешаванд.
Моддаи 20. Талабот оиди таъмиии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ҳангоми фурӯши онҳо
Ҳангоми фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот шахсони воқеи ва ҳуқуқи бояд талаботи санадҳои меъёриро риоя намоянд.
Фурӯши маҳсулоти баркашида коғазпечнашуда ва борбандинашуда, ба истиснои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворие, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи савдо бо мувофиқати мақоми ваколатдор оиди назорати санитарию эпидемиологи муқаррар гардидааст, иҷозат дода намешавад.
Фурӯши маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноати дар бозорҳои хӯроквори танҳо баъди гузаронидани экспертизаи санитарию байтори ва аз тарафи фурӯшандагон гирифтани хулосаи мақоми назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хӯроквориро бо қоидаву меъёрҳои байтори тасдиқ мекунад, имконпазир аст.
Дар ҳолатҳое, ки агар ҳангоми фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба вайронкуни роҳ дода шуда бошад, ки боиcи халал ёфтани сифати маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва пайдо кардани хосиятҳои хатарноки онҳо гардад, шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот машғуланд, бояд ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро аз фурӯш гиранд, бозхоста гирифтани онҳоро аз истеъмолкунандагон таъмин намоянд, маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва хатарнок, мавод ва маснуотро ба экспертиза равон карда, ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онҳоро таъмин намоянд.
Моддаи 21. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд
Сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, бояд ба талаботи санадҳои меъёрии ҷумҳури мутобиқат намоянд.
ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагон, молрасонҳо оиди риояи талаботи санадҳои меъёри нисбати маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, талаботи асосии шартномаҳои раcонидани онҳо мебошанд.
Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти аз қайди давлати мувофиқи тартибе, ки моддаи 10 Қонуни мазкур муайян кардааст, нагузаштаанд, инчунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҷумҳурии истеҳсолкунандаи моли надоранд, манъ аст.
Дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои ба расмиятдарории гумруки маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз тарафи мансабдороне, ки назорати давлати оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрология, назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати давлатии байтори ва назорати давлатии карантини растаниро амали мегардонанд, дар доираи салоҳияташон чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро аз назар гузаронида, санҷиши ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашавандаро баҷо меоранд ва оиди имконоти ба расмият даровардани воридшавии чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд.
Дар ҳолате, ки шахсони мансабдори мақомоти назорати давлати дар соҳаи стандартизатсия, сертификатсия ва метрология, назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати давлатии байтори ва назорати давлатии карантини растаниро ба зимма дошга, ба бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот шубҳаи асоснок дошта бошанд, оиди муваққатан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ кардани ба расмиятдарории воридкунии чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва масунот қарор қабул мекунанд. Номгӯи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва мӯҳлати муваққатан боздориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар ҳолате, ки маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда хатарнок дониста мешаванд, шахcони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати давлатии байтори ва назорати давлатии карантини растаниро ба зиммадошта ворид кардани чунин маҳсулоти хӯроквориро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ менамоянд ва дар ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашаванда оиди саломатии инсон хатарнок будан ва қобили фурӯш набудани чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот қайд мекунанд.
Соҳиби маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти хатарнок ӯҳдадор аст, ки дар давоми 10 рӯз онро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барорад.
Дар ҳолате, ки маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти хатарнок мутобиқи мӯҳлати нишондодашудаи сарсатри 7 банди мазкур аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертиза карда шуда, дар асоси натиҷаҳои он бо қарори суд мусодира мешаванд ва ҳамчун партов истифода ё нобуд карда мешаванд.
Моддаи 22. Талабот ҷиҳати ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсоли ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ҷиҳати истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот фаъолият мекунанд, вазифадоранд назоратро ба сифат ва бехатарии он, риояи талаботи cанадҳои техники ва меъёри нисбати шароити истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот ташкил ва иҷро намоянд.
Назорати истеҳсоли ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот мутобиқи барномаи назорати истеҳсоли, ки аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар асоcи стандартҳои давлати ва санадҳои техники тайёр карда мешавад, амали мегардад. Мутобиқи ин барнома тартиби назорати истеҳсоли ба cифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, тариқи назорат, санҷиши шароити истеҳсол ва муомилоти он муқаррар мегарданд.
Моддаи 23. Талабот нисбати кормандоне, ки оиди истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот фаъолият мекунанд
Кормандоне, ки ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, хизматрасони дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва дар соҳаи хӯроки умуми машғуланд, ҳангоми иҷрои кор бо маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот муносибати мустақим доранд, бояд ҳатман пешаки ҳангоми ба кор қабул шудан ва ба таври даври ҳангоми кор бо тартиби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, аз муоинаи тибби, инчунин омӯзиши гигиени гузаранд.
Шахсоне, ки ба касалиҳои сирояткунанда гирифторанд, шахcоне, ки ниcбати онҳо оиди гирифтор будан ба ин касалиҳо шӯбҳа мавҷуд аст, шахcоне, ки бо беморони касалиҳои сирояткунанда алоқа доштанд, шахcоне, ки паҳнкунандаи барангезандагони касалиҳои сирояткунанда мебошанд ва вобаста ба хусусиятҳои хӯроктайёркуни ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот хатари паҳнкунии ин касалиҳоро доранд, инчунин кормандоне, ки аз омӯзиши гигиени нагузаштаанд, ба корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо бевосита бо маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот алоқа доранд, роҳ дода намешаванд.
Моддаи 24. Талабот нисбати аз муомилот гирифтани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок бояд аз муомилот гирифта шаванд. Молики маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок бояд мустақилона ё дар асоси пешниҳоди мақомоти назорати давлати онҳоро аз муомилот гирад.
Дар ҳолатҳое, ки агар молики маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ё хатарнок онро аз муомилот нагирад, чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот мутобиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, бо қарори суд мусодира карда мешаванд.
Моддаи 25. Талабот нисбати гузаронидани экспертиза ҷиҳати ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти аз муомилот гирифташуда
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарноке, ки аз муомилот гирифта шудаанд, аз тарафи мақомоти назорати давлати бо мақсади муайян кардани имконоти истифода ҳамчун партов ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот бояд дар доираи салоҳияташон аз экспертиза (санитарию эпидемиологи, байторию санитари, молшиноси ва ғайра) гузаронида шаванд.
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотеро, ки молики он макони истеҳсоли онро тасдиқ карда наметавонад ва нишонаҳои равшани бесифатиро дошта, бинобар ин ба ҳаёт ва саломатии инсон хатарноканд, бе гузаронидани экспертиза бояд ҳамчун партов истифода ё нобуд карда шаванд.
То лаҳзаи ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот молики он бояд дар ҳузури намояндаи мақоми назорати давлати хосияти чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуотро бо роҳҳои имконпазир ва эътимоднок тағйир диҳад, то ки имконияти истифодаи он мутобиқи таъинот аз байн бурда шавад.
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок дар мӯҳлате, ки барои гузаронидани экспертизаи онҳо ва ҳамчун партов истифода ё нобуд кардан лозим аст, барои нигоҳдории муваққати фиристода мешаванд, то ки имконияти дастрас кардани ин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот имконпазир набошад.
Маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки муваққатан нигоҳдори мешаванд, бояд аниқ ба ҳисоб гирифта шаванд. Масъулияти нигоҳдории чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маcнуотро молики он ба ӯҳда дорад.
Дар асоcи натиҷаҳои экспертизаи маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок мақоми дахлдори назорати давлати оиди ҳамчун партов истифода ва ё нест кардани он қарор қабул мекунад.
Молики маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти паcтсифат ё хатарнок воситаю шароитҳои ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онро мутобиқи талаботи санадҳои меъёри ё техники интихоб намуда, бо мақоми назорати давлати, ки оиди ҳамчун партов истифода намудан ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот, воситаю шароитҳои ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани он қарор баровардааст, мутобиқ месозад.
Имконияти истифодаи маҳсулоти хӯроквории бесифат ё хатарнок барои хӯрокаи чорво бо мақоми назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида мешавад.
Хароҷоти экспертиза, нигоҳдори, боркашони, ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз ҳисоби молики он пардохта мешавад.
Молики маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти беcифат ва хатарнок бояд ба мақоми назорати давлати, ки оиди ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуот қарор баровардааст, ҳуҷҷат ё нусхаи мутобиқи муқаррарот тасдиқшудаи онро, ки воқеияти ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.
Мақомоти назорати давлати, ки оиди ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок қарор қабул кардаанд, бо сабаби хатари пайдо ва паҳншавии бемориҳо ва заҳролуд шудани одамон ва ҳайвонот, инчунин ифлосшавии муҳити зист вазифадоранд ҳангоми ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онҳо назорат намоянд.
БОБИ V. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ МАЗКУР
Моддаи 26. Ҷавобгарии маъмури барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Дар ҳолатҳои зерин барои вайрон намудани Қонуни мазкур ҷавобгарии маъмури таъин карда мешавад:
ҳангоми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол кардан ё ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоте, ки аз қайди давлати гузаронида нашудаанд;
ҳангоми пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуотро ба талаботи санадҳои меъёри тасдиқ менамоянд;
ҳангоми пешниҳоди маълумоти нопурра ва нодуруст оиди маҳсулоти хӯроквори, маводу маснуот ва хизматрасони, инчунин иҷро накардани шароитҳои ба партов табдил додан ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок;
ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок, инчунин истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯроквори, мавод ва маснуоти қалбаки;
ҳангоми иҷро накардани тавсияҳо ва қарорҳои мақомоти назорати давлати.
Татбиқи чораҳои ҷавобгарии маъмури шахси гунаҳкорро аз ӯҳдадории бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҷуброн намудани зарари ба ҳаёт, саломати ва моликияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи расонидашуда озод намекунад.
Шикоят нисбати фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти назорати давлати, ки чораҳои ҷавобгарии маъмуриро истифода кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси мешавад.
Моддаи 27. Ҷавобгарии ҷинояти барои вайрон кардани Қонуии мазкур
Вайрон кардани Қонуни мазкур, ки сабаби зарар расонидан ба саломати ё марги инсон мегардад, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад.
Моддаи 28. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлати
Шахсони мансабдори мақомоти назорати давлати барои бемаcъулияти ҳангоми иҷрои вазифа, инчунин барои рӯйпӯш кардани ҳодисаҳои барои ҳает ва саломатии инсон хатарнок, мутобиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааcт, ҷавобгар мебошанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 10 майи соли 2001 № 54
ш. Душанбе