×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 29 "Дар бораи сарфаҷӯии энергия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 19.09.2013 № 1018  аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ САРФАҶӯИИ ЭНЕРГИЯ

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия ба мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳою маҳсулоти энергетики ба амал меоянд, танзим мекунад.

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мувофиқ намудани манфиатҳои истеъмолкунандагон, таҳвилкунандагон ва истеҳсолкунандагони захираҳои энергетики, ҳавасмандкунии онҳо барои ба кор андохтани коркардҳои илмӣ, технологияҳои самарабахши энергетики ва механизмҳои иттилоотие, ки самаранокии истифодаи захираҳои энергетикиро баланд мебардоранд, иборат аст.

Сарфаҷӯии энергия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

сарфаҷӯии энергия - истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, таҷдид, интиқoл ва истеъмоли энергия мебошад;

намудҳои алтернативии сузишворӣ - намудҳои cузишворие (гази фишурдаи моеъ, гази биологи, гази генератор, маҳсулоти коркарди биомассаҳо, сузишвории ангишти оболуда ва ғайра) мебошад, ки истифодаашон истеъмоли захираҳои энергетикии қимат ва камчинро камтар ё комилан онҳхоро иваз мекунанд;

истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ - таъмини истифодаи самарабахш ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшудаи захираҳои энергетики дар сатҳи тараққиёти мавҷудаи техника ва технологияҳо бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи муҳити зист;

нишондиҳандаи самарабахшии энергия - андозаи мутлақ ва ё нисбии истеъмол, ё ки талафоти захираҳои энергетики барои ҳамаи намудҳои маҳсулот (кор, хизматрасонӣ), ки дар муқоиса бо cтандартҳои муқаррашудаи давлатӣ муайян гардидааст;

сарфи ғайриистеҳсолии захираҳои энергетикӣ - сарфи захираҳои энергетикие, ки бинобар риоя нашудани талаботи муқарраршудаи cтандартҳои давлатӣ, ё дигар санадҳои меъёрӣ, дастурҳои технологӣ ва нишондодҳои шиносномаҳои техникӣ барои таҷҳизоти амалкунавда ба амал омада аст;

талафоти захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ - фарқи байни миқдори истеъмолшуда ва истифодаи фоиданоки захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ дар ҳар як марҳилаи интиқол, расонидаи, таҷдид, истеъмол, инчунин талафот дар натиҷаи истифодаи номатлуби онҳо;

сӯзишвории шартӣ - воҳиди баҳисобгирии сӯзишвории органикӣ мебошад, ки барои ба ҳам муқоиса кардани намудҳои гуногуни сӯзишворӣ истифода мешавад; ҳангоми сухтани 1 килорамми сӯзишвории шартӣ 7000 килокаллория гармӣ ҳосил мешавад;

меъёрҳои талафот - сатҳи бо тартиботи муайян муқарраршудаи талафоти захираҳои энергетикӣ.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯии энергия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфаҷӯии энергия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.

БОБИ II. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯИИ ЭНЕРГИЯ

Моддаи 4. Объектҳои танзими давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия

Объектҳои танзими давлатии ҳуқуқӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия муносибатҳое мебошанд, ки ҳангоми амалӣ намудани сиёсати сарфаҷӯии энергия дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва доираи ғайриистеҳсолӣ (иҷтимоӣ) пайдо шудаанд, аз ҷумла:

- истихроҷ, коркард, интиқол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳамаи намудҳои захираҳои энергетикӣ;

- истеҳсол ва истифодаи захираҳои энергетикии дуюмдараҷа ва намудҳои алтернативии cӯзишворӣ;

- истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- гузарондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тачрибавӣ-конструкторӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ равона шудаанд;

- анҷом додани назорати давлатӣ дар соҳаи истифодабарии захираҳои энергетикӣ;

- таъмини ченаки дақиқ, боэътимод ва ягона ҷиҳати ба ҳисобгирии захираҳои энергетикии таҳвил ва истеъмолшаванда;

- таъмини иттилоотӣ оиди масалаҳои сарфаҷӯии энергия ва истифодабарии манбаъҳои нави энергия ва намудҳои сӯзишворӣ.

Моддаи 5. Субъектҳои муносибат дар соҳаи сарфаҷӯии энергия

Субъектҳои муносибат дар соҳаи сарфаҷӯии энергия шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие (истеҳсолкунандаҳо ва истифодабарандагони захираҳои энергетикӣ) мебошанд, ки фаъолияти зеринро анҷом медиҳанд:

- истихроҷ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, истеҳсол, истифода ва партовтозакунии ҳамаи намудҳои захираҳои энергетикӣ;

- истеҳсол ва таҳвили таҷҳизот, мошинҳо, механизмҳои энергиябахш ва энергияистеъмолкунанда, инчунин асбобҳои ҳисобкунӣ, назоратбарӣ ва танзимкунандаи сарфи захираҳои энергетикӣ;

- гузарондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ, таӣрибавӣ-технологӣ, экспертӣ, корҳои махсуси васлкунӣ, танзимгарӣ, таъмирӣ ва ғайра, ки бо афзоиши самаранокии истифода ва сарфаи захираҳои энерегетикӣ алоқаманд мебошанд;

- татбиқи чорабиниҳое, ки бо инкишоф ва истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергия, истифодаи захираҳои энергетикии дуюмдараҷа вобаста мебошанд;

- таҳия ва ба кор бурдани системаи самараноки идоракунии сарфаҷӯии энергия ва воситаҳои назорат оиди истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ;

- таъмини иттилоотии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар хусуси сарфаҷӯии энергия;

- тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи энергетика.

Моддаи 6. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия ба мақсадҳои зерин нигаронида шудааст:

- созмон додани системаи идоракунии давлатии фаъолияте, ки ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ равона шудааст;

- муҳайё намудани шароитҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои манфиатдоршавии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба сарфаҷӯии энергия;

- ба вуҷуд овардани системаи идоракунии давлатии сарфаҷӯии энергия;

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои давлатии сарфаҷӯии энергия, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, намудҳои алгернативии сӯзишворӣ ва захираҳои энергетикии дуюмдараҷа;

- баланд бардоштани самаранокиии фаъолияти комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар асоси ба кор андохтани технологияи пешқадами сарфаҷӯии энергия, кам кардани сарфи ниcбии захираҳои энергетикӣ дар истеҳсолӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;

- дастгирии давлатии лоиҳаҳо ва барномаҳои сарфаҷӯии энергия;

- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ.

Моддаи 7. Танзим ва идоракунии давлатии сарфаҷӯии энергия

Танзими давлатии сарфаҷӯии энергия бо роҳи таъмини ҳуқуқӣ, андозбандӣ, қарздиҳӣ, маблағгузорӣ, амалӣ намудани сиёсати инвеститсионӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва назорат оиди иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии сарфаҷӯии энергия дар корхонаҳои комплекси энергетикӣ ва истеъмолкунандагони энергия амалӣ мегардад.

Идоракунии давлатии сарфаҷӯии энергияро мақомоти ваколатдори давлатие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, иҷро менамоянд.

Идоракунии давлатии сарфаҷӯии энергия иборат аст аз:

- таҳияи самтҳои ба амал баровардани сиёсати давлатии сарфаҷӯии энергия;

- ҳамоҳангсозии корҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ дар сатҳҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ;

- дастгирии давлатии татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои сарфаҷӯии энергия;

- ташкили назорати давлатӣ оиди самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ, аз ҷумла ҷиҳати риояи талаботи стандартҳои давлатии истеъмоли самараноки онҳо;

- аз рӯи нишондодҳои сарфаи захираҳои энергетикӣ сертификатсия намудани таҷҳизоти энергияистеъмолкунанда, энергиясарфакунанда ва ташхисӣ, мавод, конструксияҳо ва воситаҳои нақлиётӣ;

- ҳатмӣ будани экспертизаи энергетикии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии объектҳои соҳтмон;

- тадқиқи корхона бо мақсади назорат оиди самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ;

- тақсимоти корхонаҳо ва ташкилотҳо аз рӯи ҳаҷми истеъмоли захираҳои энергетикӣ бо мақсади ба кор бурдани тадбирҳои мушаххас барои ҳавасмандкунии онҳо дар сарфаҷӯии энергия;

- аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ амалӣ намудани баҳисобгирӣ ва назорати ҳатмӣ ҷиҳати захираҳои энергетикие, ки худи онҳо истеҳсол ва сарф кардаанд, ба ҳам мувофиқ кардани режими истеҳсол ва истифодаи захираҳои энергетикӣ;

- мушоҳидаи давлатии оморӣ оиди истеъмоли захираҳои энергетикӣ ва самаранокии истифодаи онҳо.

Моддаи 8. Назорати давлатӣ оиди самаранокии истифодабарии захираҳои энергетикӣ

Назорати давлатии энергетикӣ, аз ҷумла оиди самаранокии истифодабарии захираҳои энергетикӣ аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи давлатӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, амалӣ мегардад.

Низомнома ва сохтори ин мақомотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Моддаи 9. Гузарондани экспертизаи давлатии энергетикӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия

Вазифаҳои аcосии экспертизаи давлатии энергетикӣ аз баҳодиҳӣ ба мувофиқ будани лоиҳаҳо бо талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии стандарткунонӣ дар қисмати нишондодҳои самаранокӣ, инчунин муайян кардани асоснокии чораҳои пешбинишудаи сарфаҷӯии энергия, иборат мебошанд.

Экспертизаи давлатии энергетикӣ аз рӯи намудҳои зерини фаъолият ва карорҳои лоиҳавӣ гузаронида мешавад:

- истихроҷ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, истеҳсол, истифода ва партовтозакунии захираҳои энергетикӣ;

- ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони корхонаҳои нав, вусъатдиҳӣ, азнавсозии техникӣ ва таҷдиди корхонаҳо, биноҳо ва иншоотҳои мавҷуда ба шумули техникаю технологияи истифодашаванда;

- лоиҳаҳои барномаҳои инкишофи соҳаҳои иқтисодиёт;

- лоиҳаҳои стандартҳо, санадҳои меъёрӣ-техникӣ ва тартиботи соҳаи сарфаҷӯии энергетикӣ.

Гузаронидани экспертизаи давлатии энергетикӣ ҳатмӣ буда, тибқи муқаррароти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбад.

Моддаи 10. Гузаронидани тадқиқоти энергетикии корхонаҳо

Тадқиқоти энергетикии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, бо тартиб додани шиносномаҳои энергетикии онҳо ба мақсади баҳодиҳӣ ба истифодаи самаранокӣ захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, кам кардани истеъмоли сӯзишвории шартӣ дар ҳолати якхелагии ҳароҷотҳо гузаронда мешавад.

Тадқиқоти энергетикӣ аз тарафи мақомоти назорати давлатии энергетикӣ гузаронда мешавад. Тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани тадқиқотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо қатъи назар аз шаклҳои моликияташон, ки истиф ода барии солонаи захираҳои энергетикиашон бештар аз 300 тонна сӯзишвории шартиро ташкил медиҳад, ҳатман тадқиқоти энергетикӣ гузаронида мешавад.

Тадқиқоти энергетикии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки истифода барии солонаи захираҳои энергетикиашон камтар аст, бо қарори мақомоти назорати давлатии энергетикӣ сурат мегирад.

Моддаи 11. Баҳисобгирии захираҳои энергетикӣ

Тамоми ҳаҷм ва сифати захираҳои энергетикии истихроҷшаванда, истеҳсолшаванда, коркардшаванда, интиқолшаванда, нигоҳдоришаванда ва истеъмолшаванда таҳти баҳисобгирии ҳатмӣ қарор мегиранд. Тартибот ва шартҳои муҷаҳҳаз кардани истифодабарандагон ва истеҳсолкунандагони захираҳои энергетикӣ бо асбобҳои ҳисобкунии сарфи онҳо, инчунин қоидаҳои истифода аз энергияи барқ ва гармӣ, гази табиӣ ва моеъ ва маҳсулоти коркарди нафтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Баҳисобгирии захираҳои энергетикии истеъмолшаванда мутобиқи муқаррароти стандартноӣ давлатӣ ва меъёрҳои дақиқи ченкунӣ амалӣ мегардад.

Моддаи 12. Мушоҳидаи давлатии оморӣ оиди истеъмоли захираҳои энергетикӣ ва самаранокии истифодаи онҳо

Мушоҳидаи давлатии оморӣ оиди ҳаҷм ва таркиби истеъмоли захираҳои энергетикӣ ва истифодаи самаранокӣ онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия оиди омор бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

БОБИ III. СТАНДАРТИЗАТСИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯИИ ЭНЕРГИЯ

Моддаи 13. Стандартизатсия

Талаботи санадҳои меъёрӣ оид ба стандартизатсияи маҳсулот, корҳо ва хизматрасонии энергияталаб бояд ба дастовардҳои замонавии илму техника дар соҳаи сарфаҷӯии энергия асос ёфта, меъёрҳо ва қоидаҳое, ки истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ ва сарфи самаранокӣ онҳоро танзим мекунанд, ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дарбар гиранд.

Нишондиҳандаҳои самаранокии истихроҷ, коркард; интиқол, нигоҳдорӣ, истесҳсол, истифода ва партовтозакуни ба ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрӣ дохил карда мешаванд.

Нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикии маҳсулоти энергияталаб, аз ҷумла таҷҳизот, техникаи маишии таъиноти оммавӣ, инчунин конструксияҳои сохтмонӣ ва маводи ҳифзи гармӣ ва нишондиҳандаҳои сарфи захираҳои энергетикӣ дар ҷараёни истеҳсолот ва соҳаи манзилию маишӣ (аз ҷумла сарфи энергия барои гармкунӣ, шамолдиҳӣ, обигармрасонӣ ва равшанкунии биноҳо, сарфи сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёт) бояд ба ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрию техникӣ дохил карда шаванд.

Моддаи 14. Меъёрхои талафоти захираҳои энергетикӣ

Меъёрҳои соҳавии талафёбии захираҳои энергетикӣ ба таври ҳатмӣ ба ҳуҷҷатҳои техникии таҷҳизоти энергияталаб, воситаҳои техникии интиқол, тақсимкунӣ, нигоҳдории захираҳои энергетикӣ, дигар намудҳои мошинҳо, таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ, ки дар онҳо захираҳои энергетикӣ истифода мешаванд, дохил карда мешаванд ва дар шиносномаҳои энергетикии таҷҳизот, дастурҳои технологӣ ва истифодабарӣ, инчунин дар шартҳо ва шиносномаҳои техникӣ сабт мегарданд.

То мавриди амал қарор гирифтани системаҳои стандартҳоӣ истеъмоли захираҳои энергетикӣ ба меъёрҳои талафоти захираҳои энергетикие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода мешаванд.

Моддаи 15. Сертификатсия

Маҳсулоти энергияталаб, инчунин захираҳои энергетикӣ дар асоси нишондиҳандаҳои дахлдори самаранокии энергетикӣ ба таври ҳатмӣ сертификатсия мешаванд. Сертификатсияи ҳатмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон амалӣ мегардад.

Мувофиқ будани таҷҳизоти маишии истеҳсолшаванда ба талаботи муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ дар қисми нишондиҳандаҳои истеъмоли энергия бо роҳи тамғазании ҳатмӣ ба таҷҳизоти мазкур эътимоднок карда мешавад.

Моддаи 16. Метрологии

Ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва истеъмоли захираҳои энергетикӣ, инчунин ҳангоми сертификатсияи онҳо ҳатман назорати метрологии самаранокии истеъмоли захираҳои энергетикӣ ва мувофиқати онҳо ба стандартною меъёрҳои техникии муқарраршуда гузаронда мешавад.

БОБИ IV. МЕХАНИЗМҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВИИ САРФАҶӯИИ ЭНЕРГИЯ

Моддаи 17. Чораҳои иқтисодии таъмини сарфаҷӯии энергия

Чораҳои иқтисодии таъмини сарфаҷӯии энергия ба муайян кардани самти фаъолияти идоракунӣ, илмию техникӣ, хоҷагидории корхонаҳо, муасcисаҳо ва ташкилотҳо ба мақсади истифодаи самаранок ва сарфаи захираҳои энергетикӣ равона мешаванд, ки инҳоро дарбар мегиранд:

- муаяйн кардани тартиби маблағгузории лоиҳаҳо ва барномаҳои сарфаҷӯии энергия;

- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ додани субсидияҳо, дотатсияҳо, қарзҳо, имтиёзҳои дигар барои ҳавасмандгардонии онҳо дар истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ;

- чораҳои таъсиррасонӣ барои истифодаи ғайрисамарабахш ва талафоти номатлуби захираҳои энергетикӣ.

Моддаи 18. Маблағгузории барномаҳои соҳаи сарфаҷӯии энергия

Маблағгузорӣ ба барномаҳои давлатӣ, инчунин тадқиқотҳои илмӣ, лоиҳаҳои сарфаҷӯии энергетикӣ ва чораҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, маблағҳои худӣ ва ҷалбшудаи ташкилоту корхонаҳо, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин аз нисоби дигар манбаъҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон сурат мегирад.

Моддаи 19. Ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон дар соҳаи сарфаҷӯии энергия

Ҳавасмандгардонии афзоиши самаранокии истифодабарии захираҳои энергетикӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон бо роҳҳои зайл амалӣ мегардад:

- додани қарзҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат;

- муқаррар кардани нархҳои мавсимӣ ба гази табиӣ ва тарифҳо ба энергияи барқ, ва гармӣ, нархҳою тарифҳоӣ мухталифи шабонарӯзи ба ин намудҳои энергия;

- дар нархҳои захираҳои энергетикӣ ба ҳисоб гирифтани хароҷот барои амалӣ намудани чорабиниҳои ба истифодаи самараноки энергия равонашуда, ҳамчунин хароҷот барои иншоотҳои энергетикие, ки бо истифодаи манбаъҳои захираҳои барқароршавандаи энергетикӣ, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ оиди баланд бардоштани самаранокии истеъмоли энергия сохта мешаванд;

- мошинҳо, таҷҳизот, асбобҳо ва воситаҳои техникии воридшавандае, ки аз ҷиҳати сарфаҷӯии энергия пурсамаранд ва барои амалӣ намудани барномаҳои давлатии сарфаҷӯии энергия истифода мешаванд, бо тартиби муқарраршуда аз боҷҳои гумрукӣ метавонанд озод шаванд;

- ҳавасмандгардонии субъектҳои хоҷагидорӣ қатъи назар аз шакли моликияташон ба сохтмони объектҳои энергетикии манъбаҳои энергияи ғайрианъанавӣ, ки бо тартиби муқарраршуда ба шабақаи системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст мешаванд.

Моддаи 20. Чораҳои таъсиррасонӣ барои истифодаи ғайрисамарабахши захираҳои энергетикӣ

Чораҳои таъсирраcонӣ дар ҳолати истифодаи ғайрисамарабахши захираҳои энергетикиро мақомоти назорати давлатии энергетикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Ҳолатҳои зерин барои иетифодаи чораҳои таъсирасонӣ асос шуда метавонанд:

- сарфи ғайриистеҳсолии захираҳои энергетикӣ ва истеҳсоли таҷҳизоту масолеҳи энергетикии ғайрисамарабахш;

- харҷи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёдатии захираҳои энергетикӣ;

- сари вақт нашинондани асбобҳои ҳисобкунии сарфи захираҳои энергетикӣ;

- истифодаи сӯзишворӣ, энергияи барқ ва гармӣ бе меъёрҳои бо тартиби муайян тасдиқкардашудаи сарфи онҳо дар истеҳcоли ҳар як воҳиди маҳсулот, ҳаҷми кор ва хизматрасонӣ;

- вайронкуниҳои дигари тартиботи муқараршудаи истифодаи захираҳои энергетикӣ.

БОБИ V. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯИИ ЭНЕРГИЯ

Моддаи 21. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия

Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯии энергия мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Точикистон oнҳоро эътироф кардааст ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия аз инҳо иборатанд:

- мубодилаи фоидабахши технологияҳои энергетикии самарабахш бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ;

- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия;

- ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардондани нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикӣ, ки дар стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, инчунин эътирофи тарафайни натиҷаҳои сертификатсия.

БОБИ VI. ОМӯЗИШ, ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲО ВА ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ САРФАҶӯИИ ЭНЕРГИЯ

Моддаи 22. Омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳо

Муассисаҳои маълумоти олӣ, миёнаи касбӣ, илмӣ, тадқиқотӣ, инчунин муассисаҳои такмили ихтисоси кадрҳо дар барномаҳои тайёр кардани кадрҳои соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани барномаи омӯзиши асосҳои сарфаҷӯии энергия ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикиро пешбинӣ мекунанд.

Моддаи 23. Таъминоти иттилоотии фаъолият дар соҳаи сарфаҷӯии энергия

Таъминоти иттилоотии фаъолият дар соҳаи сарфаҷӯии энергия бо роҳҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- муҳокимаи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия;

- нашри иттилоотии оморӣ дар бораи нишондихандаҳои сарфаҷӯии энергия дар соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

- ҳамоҳангсозии корҳо оиди тайёр кардани лоиҳаҳои намоишии самаранокии энергетикӣ;

- ба истеъмолкунандагони захираҳои энергетикӣ додани иттилоот, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ оиди масъалаҳои сарфаҷӯии энергия;

- ташкили намоишҳои таҷҳизот ва технологияҳои самараноки энергетикӣ;

- паҳн кардани итгилоот дар бораи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ, аз ҷумла чопи нашрияи махсуc бахшида ба проблемаҳои сарфаҷӯии энергия;

- тартиби истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ.

БОБИ VII. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИДИ САРФАҶӯИИ ЭНЕРГИЯ

Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонугузорӣ оиди сарфаҷӯии энергия

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 10 майи соли 2002 № 29