ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №4, мод.139; с.2016, №3, мод.153, №11, мод.891)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро (минбаъд - лизинг) муайян намуда, муносибатҳое, ки дар раванди фаъолияти лизингӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд .
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур
Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур лизинги молу мулке мебошад, ки ба ашёҳои ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода мешаванд .
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- лизинг - маҷмӯи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд;
- лизинги молиявӣ - намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он ҳуқуқи моликият ба мавзӯи лизинг метавонад тибқи шартнома ба лизинггир гузарад;
- лизинги амалиётӣ - намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он мавзӯи лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдеҳ баргардонида мешавад;
- лизинги баргардонидашаванда - намуди лизинг, ки тибқи он лизинггир молу мулки худро ба лизингдеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд лизингдеҳ ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад;
- фаъолияти лизингӣ - намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он;
- хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ - хизматраеониҳое (корҳое), ки лизингдеҳ ё фурӯшанда то оғози истифодабарӣ ва ё дар ҷараёни истифодаи мавзӯи лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба иҷрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд;
- шартномаи лизинг - аҳди хаттие, ки мутобиқи он лизингдеҳ ӯҳдадор мешавад молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурӯшандае, ки ҳамин лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба лизинггир пешниҳод намояд .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Мавзӯи лизинг
Мавзӯи лизинг метавонад ҳама гуна ашёву анҷоми ғайриистеъмоли, аз ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмааи молу мулки, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқуле бошанд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд .
Мавзӯи лизинг наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табии ва инчунин молу мулке бошад, ки гардиши озоди он маҳдуд ё манъкарда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст .
Маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла, тартиби махсуси гардиши молу мулкро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Моддаи 5. Субъектҳои лизинг
Субъектҳои лизинг инҳо мебошанд :
- лизингдеҳ, - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худи дар ҷараёни татбиқи шартномаи лизинг молу мулкеро ба моликият мехарад ва онро ба сифати мавзӯи иҷораи молиявӣ ба лизинггир ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба мавзӯи иҷораи молиявӣ ба лизинггир медиҳад. Ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд ;
- лизинггир - шахси ҳуқуқӣ лизингро ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд ;
- фурӯшанда - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартнома молу мулкеро, ки мавзӯи лизинг ҳисоб мешавад, ба лизингдеҳ дар мӯҳлати шартгардида мефурӯшад. Фурӯшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии иҷораи молиявӣ ба сифати лизинггир баромад намояд .
Субъекти лизинг метавонанд резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд .
Моддаи 5(1). Намудҳои лизинг
Намудҳои лизинг инҳоянд:
- лизинги молиявӣ;
- лизинги амалиётӣ;
- лизинги баргардонидашаванда.
Дар шартномаи лизинг бояд яке аз намудҳои лизинги дар қисми якуми моддаи мазкур муайяншуда, пешбинӣ карда шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст фурӯшандаи молу мулкро лизингдеҳ муайян намояд.
Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдеҳ. резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд лизинги дохилӣ ҳисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектҳо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, лизинги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад .
Моддаи 6. Сублизинг
Сублизинг - иамуди зеркирояи мавзӯи лизинг, ки мувофиқи он лизинггир тибқи шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз рӯи шартномаи сублизинг) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдеҳ тибқи шартномаи лизинг гирифтааст ва он мавзӯи лизинг мебошад, бо пардохт ва ба мӯҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи сублизинг барои соҳибӣ ва истифодабарӣ медиҳад.
Ҳангоми ба сублизинг додани молу мулк ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи сублизинг ба лизинггир мегузарад.
Хориҷ карда шуд .
Мӯҳлати сублизинг набояд аз мӯҳлати лизинг, ки шартномаи лизинг муқаррар намудааст, зиёд бошад .
БОБИ II. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ЛИЗИНГӢ
Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи лизинг
Шартномаи лизинг сарфи назар аз мӯҳлаташ дар шакли хаттӣ баста мешавад аз 14.11.2016 № 1375).
Барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартномаи лизинг субъектҳои иҷораи молиявӣ шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд аз 14.11.2016 № 1375).
Ба шартномаҳои ҳатмӣ шартномае мансуб мебошад, ки мутобиқи он молу мулк аз фурӯшанда ба лизингдеҳ, дода мешавад. Ба шартномаҳои иловагӣ шаргномаи ҷалб намудани маблағҳои пулӣ, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва ғайраҳо мансуб мебошанд .
Шартномаи лизинг бояд :
- мавзӯи шартнома;
- тартиби таҳвил ва қабули молу мулк ;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо;
- истифодаи молу мулк, нигоҳубину таъмир ва таҷдиди он ;
- мӯҳлати лизинг аз 14.11.2016 № 1375);
- пардохтҳои лизинг ва муҷозотҳои ҷаримавӣ аз 14.11.2016 № 1375);
- масъулияти тарафҳо;
- тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо;
- шартҳои пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома;
- амали тарафҳо оид ба анҷомрасонии аҳдҳо;
- форс - мажор;
- суроғаҳои ҳуқуқи ва реквизитҳои бонкӣ;
- ва шартҳои дигарро муайян намояд.
Шартномаи лизинг шартҳои расонидани хизматрасонии иловагӣ ва гузаронидани корҳои иловагиро метавонад дар бар гирад аз 14.11.2016 № 1375).
Номгӯи, ҳаҷм ва арзиши хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад .
Бо созишномаи тарафҳо дар шартномаи лизинг мумкин аст шартҳои дигари иҷораи молиявӣ муайян карда шаванд аз 14.11.2016 № 1375).
Шартномаи лизинг метавонад пешбинӣ намояд, ки интихоби фурӯшанда ва молу мулки харидоришаванда аз ҷониби лизингдеҳ анҷом дода шавад. Дар ин ҳолат лизингдеҳ барои интихоби фурӯшанда ва мавзӯи лизинг масъулиятро ба зимма мегирад аз 14.11.2016 № 1375).
Шартномаи лизинг метавонад ҳуқуқи лизинггирро барои дароз намудани мӯҳлати иҷораи молиявӣ бо нигоҳ доштан ё тағйир додани шартҳои шартномаи лизинг пешбинӣ намояд аз 14.11.2016 № 1375).
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои лизингдеҳ
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад:
а) пардохтҳои лизинги мӯхлаташон гузаштаро, ки бояд ба ӯ пардохт карда шаванд ва инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд ;
б) аз болои фаъолияти лизинггир дар он қисмате, ки ба мавзӯи лизинг ва иҷрои ӯҳдадориҳои лизинггир мутобиқи шартномаи лизинг мансуб аст, назорат барад аз 14.11.2016 № 1375);
в) дар ҳолати аз тарафи лизинггир вайрон гардидани ӯҳдадориҳо оиди баргарлонидани мавзӯи лизинг, ворид намудани пардохтҳоро барои мӯҳлати вайронкардашуда ва ҷуброни зарар талаб намояд аз 14.11.2016 № 1375);
г) аз лизинггир иттилооти заруриро ба таври хаттӣ барои анҷом додани назорат аз болои вазъияти молиявии лизинггир талаб намояд;
д) ба мавзӯи лизинг тамғае гузорад, ки вай аз моликияти лизингдеҳ будани ин ашё ва он мутобиқи шартномаи лизинг дар соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир қарор доппан гувоҳӣ диҳад аз 14.11.2016 № 1375);
е) мавзӯи лизингро аз лизинггир дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд аз 14.11.2016 № 1375);
Лизингдеҳ ӯҳдадор аст:
а) мавзӯи лизингро, ки бо лизинггир мувофиқа шудааст, аз фурӯшанда барои моликияти худ харидори намояд ва онро бо шартҳои дар шартномаи лизинг муайянгардида барои соҳибӣ ва истифодабари ба лизинггир диҳадаз 14.11.2016 № 1375);
б) баъди харидори намудани мавзӯи лизинг фурӯшандаро ба таври хаттӣ дар бораи он, ки вай барои додан ба лизинг ба шахси муайян (лизинггир) таъин гардидааст, огоҳ намояд аз 14.11.2016 № 1375).
Лизингдеҳ метавонад ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи лизинг муқаррар намудааст аз 14.11.2016 № 1375).
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иҷорагир
Лизинггир ҳуқуқ дорад:
а) мавзӯи лизингро мутобиқи шартҳои шартномаи лизинг соҳибӣ кунад ва истифода барад аз 14.11.2016 № 1375);
б) бевосита ба фурӯшандаи (таҳвилгари) мавзӯи лизинг талаботро нисбати сифат ва пуррагӣ, мӯҳлати таҳвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда (таҳвилгар) ва лизингдеҳ муқаррар намудааст, пешниҳод намояд аз 14.11.2016 № 1375);
в) аз гирифтани мавзӯи лизинг даст кашад ё ивази мавзӯи лизингро талаб намояд, шартномаи лизингро бекор кунад, агар мавзӯи лизинг таҳвил нашуда бошад, аз мӯҳлат дер таҳвил шуда бошад ё бо камбудиҳои ислоҳнашавандае таҳвил шуда бошад, ки ба истифодабарии мавзӯи лизинг мутобиқи таъиноти дар шартномаи лизинг пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки интихоби таҳвилгар аз ҷониби лизинггир анҷом дода шуда бошад аз 14.11.2016 № 1375);
г) баъди катъ гардидани шартномаи лизинг ҷуброни арзиши беҳгардонидашудаи мавзӯи ичораи молиявиро, ки барои мавзӯи ичораи молиявӣ бидуни зарар ҷудонашаванда мебошад ва лизинггир, бо розигии лизингдеҳ, аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад аз 14.11.2016 № 1375);
д) камкунии маблағи пардохтҳои лизингро талаб намояд, агар бинобар ҳолатҳос ки ӯ барои онҳо ҷавобгар нест, шароитҳои истифодабарӣ, ки дар шартномаи лизинг пешбинӣ шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд аз 14.11.2016 № 1375);
е) мавзӯи лизингро, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ гирифтааст, барои сублизинг ба шахси сеюм диҳад ва дар назди ӯ мутобиқи шартномаи лизинг масъул боқӣ монад аз 14.11.2016 № 1375,
Лизинггир ӯҳдадор аст:
а) дар сурати ба шартҳои шартномаи лизинг ҷавобгӯй будани мавзӯи лизинг онро қабул намояд ва мавзӯи лизингро аз рӯи таъиноташ тибқи шартнома иҷораи молиявӣ истифода барад аз 14.11.2016 № 1375);
б) аз ҳисоби худ хизматрасонии техникӣ, таъмири асосӣ ва ҷории мавзӯи лизингро (аз ҷумла пардохтҳои коммуналии заруриро вобаста ба мавзӯи иҷораи молиявӣ) анҷом диҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад аз 14.11.2016 № 1375);
в) ба лизингдеҳ иттилоотӣ барои анҷом додани назорати вазъи молиявии ӯ зарурбударо пешниҳод намояд;
г) барои лизингдеҳ бемонеа дастрас буданро ба мавзӯи лизинг таъмин намояд, инчунин тибқи дархости хаттии лизингдеҳиттилоотро оид ба ҳолати техникии мавзӯи иҷораи молиявӣ ба вай пешниҳод намояд, агар шартнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд аз 14.11.2016 № 1375);
д) баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ба лизингдеҳ мавзӯи иҷора молиявиро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти кӯҳнашавии мӯътадил ё дар ҳолате, ки дар шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар гардидааст, баргардонад аз 14.11.2016 № 1375).
Лизинггир метавонад ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудаанд аз 14.11.2016 № 1375).
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи хариду фурӯш ё таҳвил муайян карда мешаванд.
Лизинггир ҳукук дорад талабхоеро, ки аз шартномаи хариду фуруши байни фурушанда ва лизингдеҳ басташуда, аз ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии молу мулк, муҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иҷро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурӯшандаи мавзӯи шартномаи лизинг пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат лизинггир ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои барои харидор пешбинигардидаро бе розигии лизингдеҳ, ба ғайр аз ӯҳдадориҳои пардохти молу мулки харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурӯшро бо фурӯшанда, дорад .
Фурӯшанда оиди як зарари расонидашуда набояд ҳамзамон ҳам дар назди лизингдеҳ ва ҳам дар назди лизинггир масъулият дошта бошад.
Дар ҳолате, ки шартномаи лизинг бо иштироки лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда баста шуда бошад, он гоҳ ҳуқуқ ва вазифаҳои фурӯшанда мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар карда мешаванд .
Моддаи 11. Тағйирдиҳи ва бекор кардани шартномаи лизинг
Бо талаби яке аз тарафҳо шартномаи лизинг дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст тағйир дода шавад ё бо тартиби суди пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад .
Дар ҳолатҳои зерин аз рӯи талаби лизингдеҳ шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, мавзӯи иҷораи молиявӣ бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби лизинггир баргардонида шавад :
а) агар лизинггир ҳолати мавзӯи лизингро ба таври назаррас бад гардонад аз 14.11.2016 № 1375);
б) агар лизинггир мавзӯи лизингро бо вайрон кардани шартҳои шартном лизинг ё шартҳои таъинотии мавзӯи лизинг, сарфи назар аз огоҳии хаттии лизингдеҳ дар бораи хотима додани ҳамин гуна амалҳо, истифода барад ;
в) агар лизинггир баъди ба охир расидани мӯҳлати пардохте, ки шартномаи лизинг мукаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси ҳам пардохти номбурдаро, ворид накунад ;
г) агар лизинггир таъмири асосии мавзӯи лизингро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад, дар мӯҳлати муқаррари анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи иҷораи мол ӯҳдадории гузаронидани таъмири асоси ба зиммаи лизинггир гузошта шуда бошад .
Дар ҳолатҳои зерин бо талаби м шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, мавзӯи иҷораи мол бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби ӯ баргардонида шавад :
а) агар лизингдеҳ мавзӯи лизингро надиҳад ё барои истифодаи мавзӯи лизинг мутобиқи шартҳои шартнома монеаҳо ба вуҷуд орад ;
б) агар мавзӯи лизинги додашуда камбудиҳое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онҳо дар шартномаи лизинг зикр нашуда бошанд ;
в) агар лизингдеҳ мӯҳлати таҳвили мавзӯи лизингро вайрон карда бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки таҳвилгарро лизинггир интихоб намуда бошад аз 14.11.2016 № 1375);
г) агар лизингдеҳ таъмири асосии мавзӯи лизингро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи лизинг ӯҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизингдеҳ гузошта шуда бошад .
Моддаи 12. Ҷавобгарии субъектҳои лизинг
Ҷавобгарии лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда мутобиқи шартномаи лизинг, шартномаи хариду фурӯш ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Соҳиби номии (титулии) мавзӯи лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки мавзӯи лизинг баонҳо расонидааст ё зарари ба он вобаста ҷавобгар аст .
Лизинггир ва лизингдеҳ дар муносибат бо фурӯшанда ҳамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд.
Моддаи 13. Ба соҳиби ва истифодаи муваққати додани мавзӯи шартномаи лизинг, хизматрасони ва баргардонидани он
Лизингдеҳ вазифадор аст молу мулкеро, ки мавзӯи лизинг мебошад дар ҳолати мутобиқбуда ба шартҳои шартномаи иҷораи молиявӣ ва таъинотии ҳамин молу мулк ба лизинггир пешниҳод намояд .
Мавзӯи лизинг дар якҷояги бо ҳамаи асбобу анҷом ва хуҷҷатҳо (шиносномаи техникӣ ва гайра) ба лизинг дода мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад .
Лизинггир аз ҳисоби худ хизматрасонии техникии мавзӯи лизингро ба ҷо меорад, нигоҳдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асосӣ ва ҷории мавзӯи лизингро анҷом медиҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад .
Хизматрасонии кафолатноки мавзӯи лизинг мумкин аст аз ҷониби фурӯшанда анҷом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фурӯш байни лизингдеҳ ва фурӯшандаи мавзӯи лизинг пешбини гардида бошад .
Ҳангоми қатъ гардидани шартномаи лизинг лизинггир вазифадор аст мавзӯи лизингро дар ҳолате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи лизинг муқарраргардида, ба лизингдеҳ баргардонад .
Агар лизинггир мавзӯи лизингро барнагардонад ё сари вақт барнагардонад, лизингдеҳ ҳуқуқ дорад барои мӯҳлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтҳоро талаб намояд. Дар ҳолате, ки агар пардохти номбурда зарари ба лизингдеҳ расонидашударо напӯшонад, ӯ метавонад пӯшонидани онҳоро ба воситаи суд талаб намояд аз 14.11.2016 № 1375).
Дар ҳолате, ки агар лизингдеҳ барои сари вақт барнагардонидани мавзӯи лизинг ноустуворона пешбини намуда бошад, мумкин аст зарар аз лизинггир дар ҳаҷми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбини нагардида бошад .
Моддаи 14. Ҳуқуқи моликият ба мавзӯи лизинг
Мавзӯи лизинг, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба лизинггир дода шудааст, моликияти лизингдеҳ мебошад.
Дар шартномаи лизинг мумкин аст пешбини гардад, ки мавзӯи лизинг баъди ба охир расидани мӯҳлати шартномаи лизинг ё то анҷом ёфтани он ба моликияти лизинггир гузарад, ба шарте, ки аз ҷониби лизинггир арзиши пурраи харидории дар шартномаи муқарраргардида ворид карда шавад .
Агар шарти харид намудани мавзӯи лизинг дар шартномаи лизинг пешбинӣ нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бобати ба ҳисоби арзиши харидорӣ пардохт намудани маблағҳои истифодабарии мавзӯи лизинг ба мувофиқа омада, муқаррар кунанд. Бо Қонун мумкин аст ҳолатҳои манъ намудани харидории мавзӯи лизинг пешбинӣ карда шаванд .
Ҳуқуқи соҳиби ва истифодабарии муваққатии мавзӯи лизинг дар ҳаҷми пурра ба лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад .
Ҳуқуқи ихтиёрдории лизингдеҳ ба мавзӯи лизинг аз ҳуқуқи гирифтани мавзӯи лизинг аз соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудааст, иборат мебошад .
Ҳангоми муфлисшавии лизинггир, инчунин ҳабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани рӯёнидани зарар ба молу мулки ӯ, мавзӯи лизинг аз молу мулки лизинггир ҷудо карда мешавад ва бояд ба лизингдеҳ, ки метавонад онро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдори намояд, баргардонида шавад .
Беҳсозиҳои ҷудошавандае, ки лизинггир дар мавзӯи лизинг анҷом додааст, моликияти ӯ мебошанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад .
Дар ҳолате, ки лизинггир бо розигии хаттии лизингдеҳ аз ҳисоби маблағҳои худ беҳсозиҳои аз мавзӯи лизинг ҷудонашавандаро бидуни зарар ба мавзӯи лизинг анҷом дода бошад, лизинггир баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ҳуқуқи баргардонидани арзиши ин беҳсозиҳоро дорад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар дигар ҳолатҳо лизинггир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин беҳсоззихо ҳуқуқ надорад .
Моддаи 15. Гузашт намудани ҳуқуқ тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ ба шахси сеюм ва гаравмонии мавзӯи иҷораи молиявӣ
Лизингдеҳ метавонад пурра ё қисман ҳуқуқҳои худро оиди мавзӯи лизинг ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад .
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои пули мавзӯи лизингро ба сифати гарав истифода барад. аз 14.11.2016 № 1375,
Лизинггир ҳуқуқ дорад, танҳо ҳамон қисми мавзӯи лизингро, ки арзиши пардохтшудаи он аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд мебошад, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд
Лизингдеҳ вазифадор аст лизинггирро дар бораи ҳамаи ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба мавзӯи лизинг огоҳ намояд .
Моддаи 16. Тартиби бақайдгирии молу мулк (мавзӯи шартномаи лизинг) ва ҳуқуқ ба он
Бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулк (мавзӯи шартномаи лизинг) аз рӯи шартномаи лизинг дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад .
Мавзӯи шартномаи лизинг аз рӯи созиши тарафҳо ба номи лизингдеҳ ё лизинггир ба қайд гирифта мешаванд. Зимнан дар хуҷҷатҳои бақайдгири маълумот дар бораи молик ва соҳиби (истифодабарандаи) молу мулк ҳатман зикр карда мешавад. Дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи лизинг ва аз тарафи лизингдеҳ баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг, бо аризаи ӯ мақомоти давлатие, ки барои бақайдгири ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи соҳиби (истифодабарандаи) молу мулкро беэътибор гардонад .
Моддаи 17. Суғуртаи мавзӯи лизинг ва таваккалҳо
Мавзӯи лизинг аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лаҳзаи таҳвили молу мулк ба фурӯшанда то лаҳзаи анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартномаи лизинг мумкин аст суғурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад .
Суғурта намудани таваккалҳои соҳибкори (молиявӣ) бо розигии тарафҳои шарноми лизинг анҷом дода мешавад .
Лизинггир дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷавобгарии худро барои иҷрои ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳает, саломатӣ ё молу мулки шахсони дигар дар ҷараёни истифодабарии молу мулки лизингба вуҷуд меоянд, суғурта намояд .
Лизинггир ҳуқуқ дорад таваккали ҷавобгарии худро барои вайрон кардани шартномаи иҷораи молиявӣ ба фоидаи лизингдеҳ суғурта намояд.
Моддаи 18. Тақсимоти таваккал байни тарафҳои шартномаи лизинг
Ҷавобгари барои ҳифзи мавзӯи лизинг аз ҳама гуна зарари молиявӣ ва ҳамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшавӣ, гумшавӣ, корношоямшавӣ, дуздидан, пеш мӯҳлат вайрон шудан, хатогиҳои ҳангоми васлкунӣ ё истифодабарӣ роҳдодашуда ва дигар хавфҳои молу мулки аз лаҳзаи қабули аслии мавзӯи лизинг ба дӯши лизинггир мебошад, агар шартномаи лизингтартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад .
Таваккали аз ҷониби фурӯшанда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯши мавзӯи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба души ҳамон тарафи шартномаи лизинг мебошад, ки фурӯшандаро интихоб намудааст. агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад .
Таваккали мутобиқат накардани мавзӯи лизинг ба ҳадафҳои истифодабарии ҳамин мавзӯи тибқи шартномаи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дӯши тарафе мебошад, ки мавзӯи лизингро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад аз 14.11.2016 № 1375).
Моддаи 19. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг
Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг бо тартиб ва бо шартҳои барои рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав пешбинишуда амалӣ карда мешавад.
Ҳангоми рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг, лизинггир ҳуқуқ дорад то фурӯши мавзӯи лизинг уҳдадориҳоро оид ба пардохтҳои лизинг ё ҳамон қисме, ки муҳлати иҷрои он гузаронида шудааст, иҷро намуда, рӯёнидан аз ҳисоби он ва фурӯши онро қатъ намояд. Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад .
Моддаи 20. Баҳисобгирии мавзӯи иҷораи молиявӣ ва татбиқи механизми истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзӯи лизинг
Мавзӯи лизинг, ки мутобиқи шартномаи лизинг ба лизинггир дода шудааст, бо созишномаи тарафҳо дар баланси лизингдеҳ ё лизинггир ба ҳисоб гирифта мешавад .
Тарафҳои шартномаи лизинг ҳуқуқ доранд аз рӯи мувофиқаи мутақобила истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзӯи лизингро истифода намоянд аз 14.11.2016 № 1375).
Ҳисоб карда баровардани истеҳлокро (амортизатсияро) ҳамон тарафи шартномаи лизинг анҷом медиҳад, ки мавзӯи лизинг дар балансаш мебошад .
Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг аз лизинггир
Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг аз ҷониби лизингдеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи иҷораи молиявӣ муайян карда мешавад .
Моддаи 22. Пардохтҳои лизинг
Пардохт барои соҳибӣ ва истифодабарии молу мулке, ки мутобиқи шартномаи лизинг дода шудааст, аз ҷониби лизинггир дар шакли пардохтҳои лизинг ба лизингдеҳ пардохта мешаванд. Пардохтҳо метавонанд чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ анҷом дода шаванд .
Таҳти пардохтҳои лизинг маблағи умумии пардохтҳои шартномаи лизинг дар тамоми мӯҳлати амал намудани шартномаи лизинг фаҳмида мешавад, ки ба онҳо баргардонидани хароҷотҳои лизингдеҳ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили мавзӯи лизинг ба лизинггир, ҷуброни хароҷоти вобаста ба расонидани хизматрасониҳои дигари дар шартномаи лизинг пешбинигардида, инчунин даромади лизингдеҳ дохил мешаванд .
Ба маблағи умумии шартномаи лизинг мумкин аст нархи хариди мавзӯи лизинг дохил карда шавад, агар шартномаи лизинг ба лизинггир гузаштани ҳуқуқи моликиятро ба мавзӯи лизинг пешбинӣ карда бошад .
Ҳаҷм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтҳо дар шартнома бо мувофиқаи тарафайн муқкаррар карда мешаванд.
Агар лизинггир ва лизингдеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои лизингро бо маҳсулоте (дар шакли аслие, аз ҷумла иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки бо воситаи мавзӯи лизинг истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи лизинг муайян карда мешавад .
Агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи пардохтҳои лизинг метавонад бо созишномаи тарафҳо ба мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ, тағйир дода шавад .
ӯҳдадориҳои лизинггир оид ба ворид намудани пардохтҳои лизинг аз лаҳзаи аз ҷониби лизинггир истифода гардидани мавзӯи лизинг фаро мерасанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад .
Моддаи 23. Ҳуқуқ ба назорат намудани шартҳои шартнома аз рӯи аҳдҳои иҷораи молиявӣ
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбутро, дар қисмате, ки ба иҷро гардидани ӯҳдадориҳои шартномаи лизинг аз тарафи дизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд .
Тартиби назорати шартҳои шартнома дар шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбут, байни иштироккунандагони он пешакӣ қайд карда мешавад .
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад ба лизинггир дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди иттилооте, ки барои анҷом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, лизинггир вазифадор аст ҳамин гуна дархостҳоро қонеъ гардонад.
Моддаи 24. Хусусиятҳои амалиётҳои байналмилалие, ки субъектҳои лизинг анҷом медиҳанд
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анҷом диҳад, воситаҳои пулиро аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани мавзӯи лизинг ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, (180 рӯз), вале на бештар аз мӯҳлати амали шартномаи лизинг ҷалб намояд .
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Точикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизҳо барои истифодаи маблағҳои пардохташон гузаштаро, ки фурӯшандаи мавзӯи лизинг пешниҳод намудааст, сарфи назар аз мӯҳлати ҳақиқии гирифтани мавзӯи лизинг (амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амалӣ намояд .
Барои анҷом додани лизинги байналмилалӣ :
- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзӯи лизинг бо мақсади истифодаи он тибқи шартномаи лизинг ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, инчунин пардохтани маблағи пурраи шартномаи лизинг дар давраи зиёда аз шаш моҳ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя ҳисобида намешаванд ;
- ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзӯи лизинг ҳамаи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ ба арзиши умумии гумрукии молу мулк ҳисоб карда мешаванд .
Пардохтхои гумруки ба тарики зайл ворид карда мешаванд:
- дар лахзаи ворид (содир) намудани мавзӯи ичораи молияви ба маблаги хамон кисм арзиши гумрукии молу мулк, ки пардохт карда шудааст ва бо хуччатхои бонки тасдик карда шудааст :
- минбаъд пардохтхои гумрукй баробари пардохтхои ичораи молияви ё дар давоми 20 руз а лахзаи анчом ёфтани пардохтхои ичораи молияви ворид карда мешаванд.
Тартиби (низоми) ворид намудани пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, батаъхирандозии мӯҳлати пардохтҳои гумрукӣ ё кредити инвеститсионии андозӣ ҳисобида намешавад.
БОБИ III. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 26. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
22 апрели соли 2003 № 9
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди қабул намуданн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" қабул карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобик гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклиф пешниход намояд;
- қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" мутобиқ гардонад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе
29 январи соли 2003 № 766
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе
7 апрели соли 2003 № 366
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №4, мод. 139; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016. №1300)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро (минбаъд - лизинг) муайян намуда, муносибатҳое, ки дар раванди фаъолияти лизингӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд .
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур
Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур лизинги молу мулке мебошад, ки ба ашёҳои ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода мешаванд .
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- лизинг - маҷмӯи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд;
- лизинги молиявӣ - намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он ҳуқуқи моликият ба предмети лизинг метавонад тибқи шартнома ба лизинггир гузарад;
- лизинги амалиётӣ - намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он предмети лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдеҳ баргардонида мешавад;
- лизинги баргардонидашаванда - намуди лизинг, ки тибқи он лизинггир молу мулки худро ба лизингдеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд лизингдеҳ ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад;
- фаъолияти лизингӣ - намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он;
- хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ - хизматраеониҳое (корҳое), ки лизингдеҳ ё фурӯшанда то оғози истифодабарӣ ва ё дар ҷараёни истифодаи предмети лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба иҷрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд;
- шартномаи лизинг - аҳди хаттие, ки мутобиқи он лизингдеҳ ӯҳдадор мешавад молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурӯшандае, ки ҳамин лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба лизинггир пешниҳод намояд .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Предмети лизинг
Предмети лизинг метавонад ҳама гуна ашёву анҷоми ғайриистеъмоли, аз ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмааи молу мулки, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқуле бошанд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд .
Предмети лизинг наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табии ва инчунин молу мулке бошад, ки гардиши озоди он маҳдуд ё манъкарда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст .
Маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла, тартиби махсуси гардиши молу мулкро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Моддаи 5. Субъектҳои лизинг
Субъектҳои лизинг инҳо мебошанд :
- лизингдеҳ, - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худи дар ҷараёни татбиқи шартномаи лизинг молу мулкеро ба моликият мехарад ва онро ба сифати предмети иҷораи молиявӣ ба лизинггир ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ ба лизинггир медиҳад. Ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд ;
- лизинггир - шахси ҳуқуқӣ лизингро ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд ;
- фурӯшанда - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартнома молу мулкеро, ки предмети лизинг ҳисоб мешавад, ба лизингдеҳ дар мӯҳлати шартгардида мефурӯшад. Фурӯшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии иҷораи молиявӣ ба сифати лизинггир баромад намояд .
Субъекти лизинг метавонанд резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд .
Моддаи 5(1). Намудҳои лизинг
Намудҳои лизинг инҳоянд:
- лизинги молиявӣ;
- лизинги амалиётӣ;
- лизинги баргардонидашаванда.
Дар шартномаи лизинг бояд яке аз намудҳои лизинги дар қисми якуми моддаи мазкур муайяншуда, пешбинӣ карда шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст фурӯшандаи молу мулкро лизингдеҳ муайян намояд.
Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдеҳ. резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд лизинги дохилӣ ҳисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектҳо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, лизинги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад .
Моддаи 6. Сублизинг
Сублизинг - иамуди зеркирояи предмети лизинг, ки мувофиқи он лизинггир тибқи шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз рӯи шартномаи сублизинг) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдеҳ тибқи шартномаи лизинг гирифтааст ва он предмети лизинг мебошад, бо пардохт ва ба мӯҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи сублизинг барои соҳибӣ ва истифодабарӣ медиҳад.
Ҳангоми ба сублизинг додани молу мулк ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи сублизинг ба лизинггир мегузарад.
Додани предмети лизинг ба сублизинг бо розигии хаттни лизингдеҳ анҷом дода мешавад.
Мӯҳлати сублизинг набояд аз мӯҳлати лизинг, ки шартномаи лизинг муқаррар намудааст, зиёд бошад .
БОБИ II. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ЛИЗИНГӢ
Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи лизинг
Шартномаи лизинг сарфи назар аз мӯҳлаташ дар шакли хаттӣ баста мешавад аз 14.11.2016 № 1375).
Барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартномаи лизинг субъектҳои иҷораи молиявӣ шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд аз 14.11.2016 № 1375).
Ба шартномаҳои ҳатмӣ шартномае мансуб мебошад, ки мутобиқи он молу мулк аз фурӯшанда ба лизингдеҳ, дода мешавад. Ба шартномаҳои иловагӣ шаргномаи ҷалб намудани маблағҳои пулӣ, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва ғайраҳо мансуб мебошанд .
Шартномаи лизинг бояд :
- предмети шартнома;
- тартиби таҳвил ва қабули молу мулк ;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо;
- истифодаи молу мулк, нигоҳубину таъмир ва таҷдиди он ;
- мӯҳлати лизинг аз 14.11.2016 № 1375);
- пардохтҳои лизинг ва муҷозотҳои ҷаримавӣ аз 14.11.2016 № 1375);
- масъулияти тарафҳо;
- тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо;
- шартҳои пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома;
- амали тарафҳо оид ба анҷомрасонии аҳдҳо;
- форс - мажор;
- суроғаҳои ҳуқуқи ва реквизитҳои бонкӣ;
- ва шартҳои дигарро муайян намояд.
Шартномаи лизинг шартҳои расонидани хизматрасонии иловагӣ ва гузаронидани корҳои иловагиро метавонад дар бар гирад аз 14.11.2016 № 1375).
Номгӯи, ҳаҷм ва арзиши хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад .
Бо созишномаи тарафҳо дар шартномаи лизинг мумкин аст шартҳои дигари иҷораи молиявӣ муайян карда шаванд аз 14.11.2016 № 1375).
Шартномаи лизинг метавонад пешбинӣ намояд, ки интихоби фурӯшанда ва молу мулки харидоришаванда аз ҷониби лизингдеҳ анҷом дода шавад. Дар ин ҳолат лизингдеҳ барои интихоби фурӯшанда ва предмети лизинг масъулиятро ба зимма мегирад аз 14.11.2016 № 1375).
Шартномаи лизинг метавонад ҳуқуқи лизинггирро барои дароз намудани мӯҳлати иҷораи молиявӣ бо нигоҳ доштан ё тағйир додани шартҳои шартномаи лизинг пешбинӣ намояд аз 14.11.2016 № 1375).
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои лизингдеҳ
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад:
а) пардохтҳои лизинги мӯхлаташон гузаштаро, ки бояд ба ӯ пардохт карда шаванд ва инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд ;
б) аз болои фаъолияти лизинггир дар он қисмате, ки ба предмети лизинг ва иҷрои ӯҳдадориҳои лизинггир мутобиқи шартномаи лизинг мансуб аст, назорат барад аз 14.11.2016 № 1375);
в) дар ҳолати аз тарафи лизинггир вайрон гардидани ӯҳдадориҳо оиди баргарлонидани предмети лизинг, ворид намудани пардохтҳоро барои мӯҳлати вайронкардашуда ва ҷуброни зарар талаб намояд аз 14.11.2016 № 1375);
г) аз лизинггир иттилооти заруриро ба таври хаттӣ барои анҷом додани назорат аз болои вазъияти молиявии лизинггир талаб намояд;
д) ба предмети лизинг тамғае гузорад, ки вай аз моликияти лизингдеҳ будани ин ашё ва он мутобиқи шартномаи лизинг дар соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир қарор доппан гувоҳӣ диҳад аз 14.11.2016 № 1375);
е) предмети лизингро аз лизинггир дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд аз 14.11.2016 № 1375);
Лизингдеҳ ӯҳдадор аст:
а) предмети лизингро, ки бо лизинггир мувофиқа шудааст, аз фурӯшанда барои моликияти худ харидори намояд ва онро бо шартҳои дар шартномаи лизинг муайянгардида барои соҳибӣ ва истифодабари ба лизинггир диҳадаз 14.11.2016 № 1375);
б) баъди харидори намудани предмети лизинг фурӯшандаро ба таври хаттӣ дар бораи он, ки вай барои додан ба лизинг ба шахси муайян (лизинггир) таъин гардидааст, огоҳ намояд аз 14.11.2016 № 1375).
Лизингдеҳ метавонад ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи лизинг муқаррар намудааст аз 14.11.2016 № 1375).
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иҷорагир
Лизинггир ҳуқуқ дорад:
а) предмети лизингро мутобиқи шартҳои шартномаи лизинг соҳибӣ кунад ва истифода барад аз 14.11.2016 № 1375);
б) бевосита ба фурӯшандаи (таҳвилгари) предмети лизинг талаботро нисбати сифат ва пуррагӣ, мӯҳлати таҳвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда (таҳвилгар) ва лизингдеҳ муқаррар намудааст, пешниҳод намояд аз 14.11.2016 № 1375);
в) аз гирифтани предмети лизинг даст кашад ё ивази предмети лизингро талаб намояд, шартномаи лизингро бекор кунад, агар предмети лизинг таҳвил нашуда бошад, аз мӯҳлат дер таҳвил шуда бошад ё бо камбудиҳои ислоҳнашавандае таҳвил шуда бошад, ки ба истифодабарии предмети лизинг мутобиқи таъиноти дар шартномаи лизинг пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки интихоби таҳвилгар аз ҷониби лизинггир анҷом дода шуда бошад аз 14.11.2016 № 1375);
г) баъди катъ гардидани шартномаи лизинг ҷуброни арзиши беҳгардонидашудаи предмети ичораи молиявиро, ки барои предмети ичораи молиявӣ бидуни зарар ҷудонашаванда мебошад ва лизинггир, бо розигии лизингдеҳ, аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад аз 14.11.2016 № 1375);
д) камкунии маблағи пардохтҳои лизингро талаб намояд, агар бинобар ҳолатҳос ки ӯ барои онҳо ҷавобгар нест, шароитҳои истифодабарӣ, ки дар шартномаи лизинг пешбинӣ шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд аз 14.11.2016 № 1375);
е) предмети лизингро, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ гирифтааст, бо розигии хаттии лизингдеҳ барои сублизинг ба шахси сеюм диҳад ва дар назди ӯ мутобиқи шартномаи лизинг масъул боқӣ монад аз 14.11.2016 № 1375).
Лизинггир ӯҳдадор аст:
а) дар сурати ба шартҳои шартномаи лизинг ҷавобгӯй будани предмети лизинг онро қабул намояд ва предмети лизингро аз рӯи таъиноташ тибқи шартнома иҷораи молиявӣ истифода барад аз 14.11.2016 № 1375);
б) аз ҳисоби худ хизматрасонии техникӣ, таъмири асосӣ ва ҷории предмети лизингро (аз ҷумла пардохтҳои коммуналии заруриро вобаста ба предмети иҷораи молиявӣ) анҷом диҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад аз 14.11.2016 № 1375);
в) ба лизингдеҳ иттилоотӣ барои анҷом додани назорати вазъи молиявии ӯ зарурбударо пешниҳод намояд;
г) барои лизингдеҳ бемонеа дастрас буданро ба предмети лизинг таъмин намояд, инчунин тибқи дархости хаттии лизингдеҳиттилоотро оид ба ҳолати техникии предмети иҷораи молиявӣ ба вай пешниҳод намояд, агар шартнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд аз 14.11.2016 № 1375);
д) баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ба лизингдеҳ предмети иҷора молиявиро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти кӯҳнашавии мӯътадил ё дар ҳолате, ки дар шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар гардидааст, баргардонад аз 14.11.2016 № 1375).
Лизинггир метавонад ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудаанд аз 14.11.2016 № 1375).
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи хариду фурӯш ё таҳвил муайян карда мешаванд.
Лизинггир ҳукук дорад талабхоеро, ки аз шартномаи хариду фуруши байни фурушанда ва лизингдеҳ басташуда, аз ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии молу мулк, муҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иҷро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурӯшандаи предмети шартномаи лизинг пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат лизинггир ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои барои харидор пешбинигардидаро бе розигии лизингдеҳ, ба ғайр аз ӯҳдадориҳои пардохти молу мулки харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурӯшро бо фурӯшанда, дорад .
Фурӯшанда оиди як зарари расонидашуда набояд ҳамзамон ҳам дар назди лизингдеҳ ва ҳам дар назди лизинггир масъулият дошта бошад.
Дар ҳолате, ки шартномаи лизинг бо иштироки лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда баста шуда бошад, он гоҳ ҳуқуқ ва вазифаҳои фурӯшанда мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар карда мешаванд .
Моддаи 11. Тағйирдиҳи ва бекор кардани шартномаи лизинг
Бо талаби яке аз тарафҳо шартномаи лизинг дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст тағйир дода шавад ё бо тартиби суди пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад .
Дар ҳолатҳои зерин аз рӯи талаби лизингдеҳ шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, предмети иҷораи молиявӣ бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби лизинггир баргардонида шавад :
а) агар лизинггир ҳолати предмети лизингро ба таври назаррас бад гардонад аз 14.11.2016 № 1375);
б) агар лизинггир предмети лизингро бо вайрон кардани шартҳои шартном лизинг ё шартҳои таъинотии предмети лизинг, сарфи назар аз огоҳии хаттии лизингдеҳ дар бораи хотима додани ҳамин гуна амалҳо, истифода барад ;
в) агар лизинггир баъди ба охир расидани мӯҳлати пардохте, ки шартномаи лизинг мукаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси ҳам пардохти номбурдаро, ворид накунад ;
г) агар лизинггир таъмири асосии предмети лизингро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад, дар мӯҳлати муқаррари анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи иҷораи мол ӯҳдадории гузаронидани таъмири асоси ба зиммаи лизинггир гузошта шуда бошад .
Дар ҳолатҳои зерин бо талаби м шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, предмети иҷораи мол бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби ӯ баргардонида шавад :
а) агар лизингдеҳ предмети лизингро надиҳад ё барои истифодаи предмети лизинг мутобиқи шартҳои шартнома монеаҳо ба вуҷуд орад ;
б) агар предмети лизинги додашуда камбудиҳое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онҳо дар шартномаи лизинг зикр нашуда бошанд ;
в) агар лизингдеҳ мӯҳлати таҳвили предмети лизингро вайрон карда бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки таҳвилгарро лизинггир интихоб намуда бошад аз 14.11.2016 № 1375);
г) агар лизингдеҳ таъмири асосии предмети лизингро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи лизинг ӯҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизингдеҳ гузошта шуда бошад .
Моддаи 12. Ҷавобгарии субъектҳои лизинг
Ҷавобгарии лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда мутобиқи шартномаи лизинг, шартномаи хариду фурӯш ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Соҳиби номии (титулии) предмети лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки предмети лизинг баонҳо расонидааст ё зарари ба он вобаста ҷавобгар аст .
Лизинггир ва лизингдеҳ дар муносибат бо фурӯшанда ҳамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд.
Моддаи 13. Ба соҳиби ва истифодаи муваққати додани предмети шартномаи лизинг, хизматрасони ва баргардонидани он
Лизингдеҳ вазифадор аст молу мулкеро, ки предмети лизинг мебошад дар ҳолати мутобиқбуда ба шартҳои шартномаи иҷораи молиявӣ ва таъинотии ҳамин молу мулк ба лизинггир пешниҳод намояд .
Предмети лизинг дар якҷояги бо ҳамаи асбобу анҷом ва хуҷҷатҳо (шиносномаи техникӣ ва гайра) ба лизинг дода мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад .
Лизинггир аз ҳисоби худ хизматрасонии техникии предмети лизингро ба ҷо меорад, нигоҳдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асосӣ ва ҷории предмети лизингро анҷом медиҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад .
Хизматрасонии кафолатноки предмети лизинг мумкин аст аз ҷониби фурӯшанда анҷом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фурӯш байни лизингдеҳ ва фурӯшандаи предмети лизинг пешбини гардида бошад .
Ҳангоми қатъ гардидани шартномаи лизинг лизинггир вазифадор аст предмети лизингро дар ҳолате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи лизинг муқарраргардида, ба лизингдеҳ баргардонад .
Агар лизинггир предмети лизингро барнагардонад ё сари вақт барнагардонад, лизингдеҳ ҳуқуқ дорад барои мӯҳлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтҳоро талаб намояд. Дар ҳолате, ки агар пардохти номбурда зарари ба лизингдеҳ расонидашударо напӯшонад, ӯ метавонад пӯшонидани онҳоро ба воситаи суд талаб намояд аз 14.11.2016 № 1375).
Дар ҳолате, ки агар лизингдеҳ барои сари вақт барнагардонидани предмети лизинг ноустуворона пешбини намуда бошад, мумкин аст зарар аз лизинггир дар ҳаҷми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбини нагардида бошад .
Моддаи 14. Ҳуқуқи моликият ба предмети лизинг
Предмети лизинг, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба лизинггир дода шудааст, моликияти лизингдеҳ мебошад.
Дар шартномаи лизинг мумкин аст пешбини гардад, ки предмети лизинг баъди ба охир расидани мӯҳлати шартномаи лизинг ё то анҷом ёфтани он ба моликияти лизинггир гузарад, ба шарте, ки аз ҷониби лизинггир арзиши пурраи харидории дар шартномаи муқарраргардида ворид карда шавад .
Агар шарти харид намудани предмети лизинг дар шартномаи лизинг пешбинӣ нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бобати ба ҳисоби арзиши харидорӣ пардохт намудани маблағҳои истифодабарии предмети лизинг ба мувофиқа омада, муқаррар кунанд. Бо Қонун мумкин аст ҳолатҳои манъ намудани харидории предмети лизинг пешбинӣ карда шаванд .
Ҳуқуқи соҳиби ва истифодабарии муваққатии предмети лизинг дар ҳаҷми пурра ба лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад .
Ҳуқуқи ихтиёрдории лизингдеҳ ба предмети лизинг аз ҳуқуқи гирифтани предмети лизинг аз соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудааст, иборат мебошад .
Ҳангоми муфлисшавии лизинггир, инчунин ҳабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани рӯёнидани зарар ба молу мулки ӯ, предмети лизинг аз молу мулки лизинггир ҷудо карда мешавад ва бояд ба лизингдеҳ, ки метавонад онро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдори намояд, баргардонида шавад .
Беҳсозиҳои ҷудошавандае, ки лизинггир дар предмети лизинг анҷом додааст, моликияти ӯ мебошанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад .
Дар ҳолате, ки лизинггир бо розигии хаттии лизингдеҳ аз ҳисоби маблағҳои худ беҳсозиҳои аз предмети лизинг ҷудонашавандаро бидуни зарар ба предмети лизинг анҷом дода бошад, лизинггир баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ҳуқуқи баргардонидани арзиши ин беҳсозиҳоро дорад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар дигар ҳолатҳо лизинггир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин беҳсоззихо ҳуқуқ надорад .
Моддаи 15. Гузашт намудани ҳуқуқ тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ ба шахси сеюм ва гаравмонии предмети иҷораи молиявӣ
Лизингдеҳ метавонад пурра ё қисман ҳуқуқҳои худро оиди предмети лизинг ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад .
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои пули предмети лизингро ба сифати гарав истифода барад. Лизингдеҳ ҳуқуқ надорад предмети лизингро ба сифати гарав бе розигии лизинггир истифода намояд аз 14.11.2016 № 1375).
Лизингдеҳ вазифадор аст лизинггирро дар бораи ҳамаи ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба предмети лизинг огоҳ намояд .
Моддаи 16. Тартиби бақайдгирии молу мулк (предмети шартномаи лизинг) ва ҳуқуқ ба он
Бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулк (предмети шартномаи лизинг) аз рӯи шартномаи лизинг дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад .
Предмети шартномаи лизинг аз рӯи созиши тарафҳо ба номи лизингдеҳ ё лизинггир ба қайд гирифта мешаванд. Зимнан дар хуҷҷатҳои бақайдгири маълумот дар бораи молик ва соҳиби (истифодабарандаи) молу мулк ҳатман зикр карда мешавад. Дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи лизинг ва аз тарафи лизингдеҳ баргардонида гирифтани предмети лизинг, бо аризаи ӯ мақомоти давлатие, ки барои бақайдгири ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи соҳиби (истифодабарандаи) молу мулкро беэътибор гардонад .
Моддаи 17. Суғуртаи предмети лизинг ва таваккалҳо
Предмети лизинг аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лаҳзаи таҳвили молу мулк ба фурӯшанда то лаҳзаи анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартномаи лизинг мумкин аст суғурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад .
Суғурта намудани таваккалҳои соҳибкори (молиявӣ) бо розигии тарафҳои шарноми лизинг анҷом дода мешавад .
Лизинггир дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷавобгарии худро барои иҷрои ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳает, саломатӣ ё молу мулки шахсони дигар дар ҷараёни истифодабарии молу мулки лизингба вуҷуд меоянд, суғурта намояд .
Лизинггир ҳуқуқ дорад таваккали ҷавобгарии худро барои вайрон кардани шартномаи иҷораи молиявӣ ба фоидаи лизингдеҳ суғурта намояд.
Моддаи 18. Тақсимоти таваккал байни тарафҳои шартномаи лизинг
Ҷавобгари барои ҳифзи предмети лизинг аз ҳама гуна зарари молиявӣ ва ҳамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшавӣ, гумшавӣ, корношоямшавӣ, дуздидан, пеш мӯҳлат вайрон шудан, хатогиҳои ҳангоми васлкунӣ ё истифодабарӣ роҳдодашуда ва дигар хавфҳои молу мулки аз лаҳзаи қабули аслии предмети лизинг ба дӯши лизинггир мебошад, агар шартномаи лизингтартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад .
Таваккали аз ҷониби фурӯшанда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯши предмети лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба души ҳамон тарафи шартномаи лизинг мебошад, ки фурӯшандаро интихоб намудааст. агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад .
Таваккали мутобиқат накардани предмети лизинг ба ҳадафҳои истифодабарии ҳамин предмет тибқи шартномаи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дӯши тарафе мебошад, ки предмети лизингро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад аз 14.11.2016 № 1375).
Моддаи 19. Ба кор бурдани рӯёнидани зарар ба фоидаи шахсони сеюм ба предмети лизинг
Ба предмети лизинг ба фоидаи шахси сеюм аз рӯи ӯҳдадориҳои лизинггир рӯёнидани зарар ба кор бурда намешавад, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки агар предмети лизинг ба номи лизинггир ба қайд гирифта шуда бошад .
Рӯёниши шахсони сеюм, ки ба молу мулки лизингдеҳ нигаронида шудааст, мумкин аст танҳо ба ҳамин объекти ҳуқуқи моликияти лизингдеҳ нисбати предмети лизинг ба кор бурда шавад.. Дар натиҷаи қонеъ гардонидани рӯёниш ба бадастоварандаи ҳуқуқҳои лизингдеҳ доир ба предмети лизинг ба таври ҳатмӣ на танҳо ҳуқуқ, балки ӯҳдадориҳои лизингдеҳ, ки дар шартномаи лизинг муайян шудаанд, мегузаранд .
Моддаи 20. Баҳисобгирии предмети иҷораи молиявӣ ва татбиқи механизми истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати предмети лизинг
Предмети лизинг, ки мутобиқи шартномаи лизинг ба лизинггир дода шудааст, бо созишномаи тарафҳо дар баланси лизингдеҳ ё лизинггир ба ҳисоб гирифта мешавад .
Тарафҳои шартномаи лизинг ҳуқуқ доранд аз рӯи мувофиқаи мутақобила истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати предмети лизингро истифода намоянд аз 14.11.2016 № 1375).
Ҳисоб карда баровардани истеҳлокро (амортизатсияро) ҳамон тарафи шартномаи лизинг анҷом медиҳад, ки предмети лизинг дар балансаш мебошад .
Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани предмети лизинг аз лизинггир
Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани предмети лизинг аз ҷониби лизингдеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи иҷораи молиявӣ муайян карда мешавад .
Моддаи 22. Пардохтҳои лизинг
Пардохт барои соҳибӣ ва истифодабарии молу мулке, ки мутобиқи шартномаи лизинг дода шудааст, аз ҷониби лизинггир дар шакли пардохтҳои лизинг ба лизингдеҳ пардохта мешаванд. Пардохтҳо метавонанд чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ анҷом дода шаванд .
Таҳти пардохтҳои лизинг маблағи умумии пардохтҳои шартномаи лизинг дар тамоми мӯҳлати амал намудани шартномаи лизинг фаҳмида мешавад, ки ба онҳо баргардонидани хароҷотҳои лизингдеҳ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили предмети лизинг ба лизинггир, ҷуброни хароҷоти вобаста ба расонидани хизматрасониҳои дигари дар шартномаи лизинг пешбинигардида, инчунин даромади лизингдеҳ дохил мешаванд .
Ба маблағи умумии шартномаи лизинг мумкин аст нархи хариди предмети лизинг дохил карда шавад, агар шартномаи лизинг ба лизинггир гузаштани ҳуқуқи моликиятро ба предмети лизинг пешбинӣ карда бошад .
Ҳаҷм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтҳо дар шартнома бо мувофиқаи тарафайн муқкаррар карда мешаванд.
Агар лизинггир ва лизингдеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои лизингро бо маҳсулоте (дар шакли аслие, аз ҷумла иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки бо воситаи предмети лизинг истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи лизинг муайян карда мешавад .
Агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи пардохтҳои лизинг метавонад бо созишномаи тарафҳо ба мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ, тағйир дода шавад .
ӯҳдадориҳои лизинггир оид ба ворид намудани пардохтҳои лизинг аз лаҳзаи аз ҷониби лизинггир истифода гардидани предмети лизинг фаро мерасанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад .
Моддаи 23. Ҳуқуқ ба назорат намудани шартҳои шартнома аз рӯи аҳдҳои иҷораи молиявӣ
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбутро, дар қисмате, ки ба иҷро гардидани ӯҳдадориҳои шартномаи лизинг аз тарафи дизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд .
Тартиби назорати шартҳои шартнома дар шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбут, байни иштироккунандагони он пешакӣ қайд карда мешавад .
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад ба лизинггир дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди иттилооте, ки барои анҷом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, лизинггир вазифадор аст ҳамин гуна дархостҳоро қонеъ гардонад.
Моддаи 24. Хусусиятҳои амалиётҳои байналмилалие, ки субъектҳои лизинг анҷом медиҳанд
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анҷом диҳад, воситаҳои пулиро аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани предмети лизинг ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, (180 рӯз), вале на бештар аз мӯҳлати амали шартномаи лизинг ҷалб намояд .
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Точикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизҳо барои истифодаи маблағҳои пардохташон гузаштаро, ки фурӯшандаи предмети лизинг пешниҳод намудааст, сарфи назар аз мӯҳлати ҳақиқии гирифтани предмети лизинг (амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амалӣ намояд .
Барои анҷом додани лизинги байналмилалӣ :
- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) предмети лизинг бо мақсади истифодаи он тибқи шартномаи лизинг ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, инчунин пардохтани маблағи пурраи шартномаи лизинг дар давраи зиёда аз шаш моҳ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя ҳисобида намешаванд ;
- ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) предмети лизинг ҳамаи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ ба арзиши умумии гумрукии молу мулк ҳисоб карда мешаванд .
Пардохтхои гумруки ба тарики зайл ворид карда мешаванд:
- дар лахзаи ворид (содир) намудани предмети ичораи молияви ба маблаги хамон кисм арзиши гумрукии молу мулк, ки пардохт карда шудааст ва бо хуччатхои бонки тасдик карда шудааст :