×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003, № 9 "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)"

Санаи амалкуни: 02.01.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №4, мод.139; с.2016, №3, мод.153, №11, мод.891)

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375, аз 22.04.2019 № 1580)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро (минбаъд - лизинг) муайян намуда, муносибатҳое, ки дар раванди фаъолияти лизингӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур

Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур лизинги молу мулке мебошад, ки ба ашёҳои ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- лизинг - маҷмӯи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд;

- лизинги молиявӣ - намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он ҳуқуқи моликият ба мавзӯи лизинг метавонад тибқи шартнома ба лизинггир гузарад;

- лизинги амалиётӣ - намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он мавзӯи лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдеҳ баргардонида мешавад;

- лизинги баргардонидашаванда - намуди лизинг, ки тибқи он лизинггир молу мулки худро ба лизингдеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд лизингдеҳ ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад;

- фаъолияти лизингӣ - намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он;

- хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ - хизматраеониҳое (корҳое), ки лизингдеҳ ё фурӯшанда то оғози истифодабарӣ ва ё дар ҷараёни истифодаи мавзӯи лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба иҷрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд;

- шартномаи лизинг - аҳди хаттие, ки мутобиқи он лизингдеҳ ӯҳдадор мешавад молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурӯшандае, ки ҳамин лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба лизинггир пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 4. Мавзӯи лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Мавзӯи лизинг метавонад ҳама гуна ашёву анҷоми ғайриистеъмоли, аз ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмааи молу мулки, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқуле бошанд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Мавзӯи лизинг наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табии ва инчунин молу мулке бошад, ки гардиши озоди он маҳдуд ё манъкарда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла, тартиби махсуси гардиши молу мулкро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 5. Субъектҳои лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Субъектҳои лизинг инҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375):

- лизингдеҳ, - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худи дар ҷараёни татбиқи шартномаи лизинг молу мулкеро ба моликият мехарад ва онро ба сифати мавзӯи иҷораи молиявӣ ба лизинггир ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба мавзӯи иҷораи молиявӣ ба лизинггир медиҳад. Ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375);

- лизинггир - шахси ҳуқуқӣ лизингро ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

- фурӯшанда - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартнома молу мулкеро, ки мавзӯи лизинг ҳисоб мешавад, ба лизингдеҳ дар мӯҳлати шартгардида мефурӯшад. Фурӯшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии иҷораи молиявӣ ба сифати лизинггир баромад намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Субъекти лизинг метавонанд резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 5(1). Намудҳои лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Намудҳои лизинг инҳоянд:

- лизинги молиявӣ;

- лизинги амалиётӣ;

- лизинги баргардонидашаванда.

Дар шартномаи лизинг бояд яке аз намудҳои лизинги дар қисми якуми моддаи мазкур муайяншуда, пешбинӣ карда шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст фурӯшандаи молу мулкро лизингдеҳ муайян намояд.

Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдеҳ. резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд лизинги дохилӣ ҳисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектҳо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, лизинги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 6. Сублизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Сублизинг - иамуди зеркирояи мавзӯи лизинг, ки мувофиқи он лизинггир тибқи шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз рӯи шартномаи сублизинг) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдеҳ тибқи шартномаи лизинг гирифтааст ва он мавзӯи лизинг мебошад, бо пардохт ва ба мӯҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи сублизинг барои соҳибӣ ва истифодабарӣ медиҳад.

Ҳангоми ба сублизинг додани молу мулк ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи сублизинг ба лизинггир мегузарад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2019 № 1580).

Мӯҳлати сублизинг набояд аз мӯҳлати лизинг, ки шартномаи лизинг муқаррар намудааст, зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

БОБИ II. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ЛИЗИНГӢ

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Шартномаи лизинг сарфи назар аз мӯҳлаташ дар шакли хаттӣ баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартномаи лизинг субъектҳои иҷораи молиявӣ шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Ба шартномаҳои ҳатмӣ шартномае мансуб мебошад, ки мутобиқи он молу мулк  аз фурӯшанда ба лизингдеҳ, дода мешавад. Ба шартномаҳои иловагӣ шаргномаи ҷалб намудани маблағҳои пулӣ, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва ғайраҳо мансуб мебошанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300).

Шартномаи лизинг бояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375):

- мавзӯи шартнома;

- тартиби таҳвил ва қабули молу мулк (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300);

- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо;

- истифодаи молу мулк, нигоҳубину таъмир ва таҷдиди он (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300);

- мӯҳлати лизинг (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

- пардохтҳои лизинг ва муҷозотҳои ҷаримавӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

- масъулияти тарафҳо;

- тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо;

- шартҳои пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома;

- амали тарафҳо оид ба анҷомрасонии аҳдҳо;

- форс - мажор;

- суроғаҳои ҳуқуқи ва реквизитҳои бонкӣ;

- ва шартҳои дигарро муайян намояд.

Шартномаи лизинг шартҳои расонидани хизматрасонии иловагӣ ва гузаронидани корҳои иловагиро метавонад дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Номгӯи, ҳаҷм ва арзиши хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Бо созишномаи тарафҳо дар шартномаи лизинг мумкин аст шартҳои дигари иҷораи молиявӣ муайян карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Шартномаи лизинг метавонад пешбинӣ намояд, ки интихоби фурӯшанда ва молу мулки харидоришаванда аз ҷониби лизингдеҳ анҷом дода шавад. Дар ин ҳолат лизингдеҳ барои интихоби фурӯшанда ва мавзӯи лизинг масъулиятро ба зимма мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Шартномаи лизинг метавонад ҳуқуқи лизинггирро барои дароз намудани мӯҳлати иҷораи молиявӣ бо нигоҳ доштан ё тағйир додани шартҳои шартномаи лизинг пешбинӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои лизингдеҳ

Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад:

а) пардохтҳои лизинги мӯхлаташон гузаштаро, ки бояд ба ӯ пардохт карда шаванд ва инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

б) аз болои фаъолияти лизинггир дар он қисмате, ки ба мавзӯи лизинг ва иҷрои ӯҳдадориҳои лизинггир мутобиқи шартномаи лизинг мансуб аст, назорат барад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

в) дар ҳолати аз тарафи лизинггир вайрон гардидани ӯҳдадориҳо оиди баргарлонидани мавзӯи лизинг, ворид намудани пардохтҳоро барои мӯҳлати вайронкардашуда ва ҷуброни зарар талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

г) аз лизинггир иттилооти заруриро ба таври хаттӣ барои анҷом додани назорат аз болои вазъияти молиявии лизинггир талаб намояд;

д) ба мавзӯи лизинг тамғае гузорад, ки вай аз моликияти лизингдеҳ будани ин ашё ва он мутобиқи шартномаи лизинг дар соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир қарор доппан гувоҳӣ диҳад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

е) мавзӯи лизингро аз лизинггир дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

Лизингдеҳ ӯҳдадор аст:

а) мавзӯи лизингро, ки бо лизинггир мувофиқа шудааст, аз фурӯшанда барои моликияти худ харидори намояд ва онро бо шартҳои дар шартномаи лизинг муайянгардида барои соҳибӣ ва истифодабари ба лизинггир диҳад(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

б) баъди харидори намудани мавзӯи лизинг фурӯшандаро ба таври хаттӣ дар бораи он, ки вай барои додан ба лизинг ба шахси муайян (лизинггир) таъин гардидааст, огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Лизингдеҳ метавонад ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи лизинг муқаррар намудааст (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иҷорагир

Лизинггир ҳуқуқ дорад:

а) мавзӯи лизингро мутобиқи шартҳои шартномаи лизинг соҳибӣ кунад ва истифода барад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

б) бевосита ба фурӯшандаи (таҳвилгари) мавзӯи лизинг талаботро нисбати сифат ва пуррагӣ, мӯҳлати таҳвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда (таҳвилгар) ва лизингдеҳ муқаррар намудааст, пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

в) аз гирифтани мавзӯи лизинг даст кашад ё ивази мавзӯи лизингро талаб намояд, шартномаи лизингро бекор кунад, агар мавзӯи лизинг таҳвил нашуда бошад, аз мӯҳлат дер таҳвил шуда бошад ё бо камбудиҳои ислоҳнашавандае таҳвил шуда бошад, ки ба истифодабарии мавзӯи лизинг мутобиқи таъиноти дар шартномаи лизинг пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки интихоби таҳвилгар аз ҷониби лизинггир анҷом дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

г) баъди катъ гардидани шартномаи лизинг ҷуброни арзиши беҳгардонидашудаи мавзӯи ичораи молиявиро, ки барои мавзӯи ичораи молиявӣ бидуни зарар ҷудонашаванда мебошад ва лизинггир, бо розигии лизингдеҳ, аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

д) камкунии маблағи пардохтҳои лизингро талаб намояд, агар бинобар ҳолатҳос ки ӯ барои онҳо ҷавобгар нест, шароитҳои истифодабарӣ, ки дар шартномаи лизинг пешбинӣ шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

е) мавзӯи лизингро, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ гирифтааст, барои сублизинг ба шахси сеюм диҳад ва дар назди ӯ мутобиқи шартномаи лизинг масъул боқӣ монад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375, аз 22.04.2019 № 1580).

Лизинггир ӯҳдадор аст:

а) дар сурати ба шартҳои шартномаи лизинг ҷавобгӯй будани мавзӯи лизинг онро қабул намояд ва мавзӯи лизингро аз рӯи таъиноташ тибқи шартнома иҷораи молиявӣ истифода барад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

б) аз ҳисоби худ хизматрасонии техникӣ, таъмири асосӣ ва ҷории мавзӯи лизингро (аз ҷумла пардохтҳои коммуналии заруриро вобаста ба мавзӯи иҷораи молиявӣ) анҷом диҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

в) ба лизингдеҳ иттилоотӣ барои анҷом додани назорати вазъи молиявии ӯ зарурбударо пешниҳод намояд;

г) барои лизингдеҳ бемонеа дастрас буданро ба мавзӯи лизинг таъмин намояд, инчунин тибқи дархости хаттии лизингдеҳиттилоотро оид ба ҳолати техникии мавзӯи иҷораи молиявӣ ба вай пешниҳод намояд, агар шартнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

д) баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг  ба лизингдеҳ мавзӯи иҷора молиявиро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти кӯҳнашавии мӯътадил ё дар ҳолате, ки дар шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар гардидааст, баргардонад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Лизинггир метавонад ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудаанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи хариду фурӯш ё таҳвил муайян карда мешаванд.

Лизинггир ҳукук дорад талабхоеро, ки аз шартномаи хариду фуруши байни фурушанда ва лизингдеҳ басташуда, аз ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии молу мулк, муҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иҷро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурӯшандаи мавзӯи шартномаи лизинг пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат лизинггир ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои барои харидор пешбинигардидаро бе розигии лизингдеҳ, ба ғайр аз ӯҳдадориҳои пардохти молу мулки харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурӯшро бо фурӯшанда, дорад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Фурӯшанда оиди як зарари расонидашуда набояд ҳамзамон ҳам дар назди лизингдеҳ ва ҳам дар назди лизинггир масъулият дошта бошад.

Дар ҳолате, ки шартномаи лизинг бо иштироки лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда баста шуда бошад, он гоҳ ҳуқуқ ва вазифаҳои фурӯшанда мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 11. Тағйирдиҳи ва бекор кардани шартномаи лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Бо талаби яке аз тарафҳо шартномаи лизинг дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст тағйир дода шавад ё бо тартиби суди пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Дар ҳолатҳои зерин аз рӯи талаби лизингдеҳ шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, мавзӯи иҷораи молиявӣ бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби лизинггир баргардонида шавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375):

а) агар лизинггир ҳолати мавзӯи лизингро ба таври назаррас бад гардонад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

б) агар лизинггир мавзӯи лизингро бо вайрон кардани шартҳои шартном лизинг ё шартҳои таъинотии мавзӯи лизинг, сарфи назар аз огоҳии хаттии лизингдеҳ дар бораи хотима додани ҳамин гуна амалҳо, истифода барад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

в) агар лизинггир баъди ба охир расидани мӯҳлати пардохте, ки шартномаи лизинг мукаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси ҳам пардохти номбурдаро, ворид накунад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

г) агар лизинггир таъмири асосии мавзӯи лизингро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад, дар мӯҳлати муқаррари анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи иҷораи мол ӯҳдадории гузаронидани таъмири асоси ба зиммаи лизинггир гузошта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Дар ҳолатҳои зерин бо талаби м шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, мавзӯи иҷораи мол бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби ӯ баргардонида шавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375):

а) агар лизингдеҳ мавзӯи лизингро надиҳад ё барои истифодаи мавзӯи лизинг мутобиқи шартҳои шартнома монеаҳо ба вуҷуд орад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

б) агар мавзӯи лизинги додашуда камбудиҳое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онҳо дар шартномаи лизинг зикр нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

в) агар лизингдеҳ мӯҳлати таҳвили мавзӯи лизингро вайрон карда бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки таҳвилгарро лизинггир интихоб намуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

г) агар лизингдеҳ таъмири асосии мавзӯи лизингро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи лизинг ӯҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизингдеҳ гузошта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 12. Ҷавобгарии субъектҳои лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Ҷавобгарии лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда мутобиқи шартномаи лизинг, шартномаи хариду фурӯш ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Соҳиби номии (титулии) мавзӯи лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки мавзӯи лизинг баонҳо расонидааст ё зарари ба он вобаста ҷавобгар аст (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Лизинггир ва лизингдеҳ дар муносибат бо фурӯшанда ҳамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд.

Моддаи 13. Ба соҳиби ва истифодаи муваққати додани мавзӯи шартномаи лизинг, хизматрасони ва баргардонидани он

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Лизингдеҳ вазифадор аст молу мулкеро, ки мавзӯи лизинг мебошад дар ҳолати мутобиқбуда ба шартҳои шартномаи иҷораи молиявӣ ва таъинотии ҳамин молу мулк ба лизинггир пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Мавзӯи лизинг дар якҷояги бо ҳамаи асбобу анҷом ва хуҷҷатҳо (шиносномаи техникӣ ва гайра) ба лизинг дода мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Лизинггир аз ҳисоби худ хизматрасонии техникии мавзӯи лизингро ба ҷо меорад, нигоҳдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асосӣ ва ҷории мавзӯи лизингро анҷом медиҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Хизматрасонии кафолатноки мавзӯи лизинг мумкин аст аз ҷониби фурӯшанда анҷом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фурӯш байни лизингдеҳ ва фурӯшандаи мавзӯи лизинг пешбини гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Ҳангоми қатъ гардидани шартномаи лизинг лизинггир вазифадор аст мавзӯи лизингро дар ҳолате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи лизинг муқарраргардида, ба лизингдеҳ баргардонад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Агар лизинггир мавзӯи лизингро барнагардонад ё сари вақт барнагардонад, лизингдеҳ ҳуқуқ дорад барои мӯҳлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтҳоро талаб намояд. Дар ҳолате, ки агар пардохти номбурда зарари ба лизингдеҳ расонидашударо напӯшонад, ӯ метавонад пӯшонидани онҳоро ба воситаи суд талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Дар ҳолате, ки агар лизингдеҳ барои сари вақт барнагардонидани мавзӯи лизинг ноустуворона пешбини намуда бошад, мумкин аст зарар аз лизинггир дар ҳаҷми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбини нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 14. Ҳуқуқи моликият ба мавзӯи лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Мавзӯи лизинг, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба лизинггир дода шудааст, моликияти лизингдеҳ мебошад.

Дар шартномаи лизинг мумкин аст пешбини гардад, ки мавзӯи лизинг баъди ба охир расидани мӯҳлати шартномаи лизинг ё то анҷом ёфтани он ба моликияти лизинггир гузарад, ба шарте, ки аз ҷониби лизинггир арзиши пурраи харидории дар шартномаи муқарраргардида ворид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Агар шарти харид намудани мавзӯи лизинг дар шартномаи лизинг пешбинӣ нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бобати ба ҳисоби арзиши харидорӣ пардохт намудани маблағҳои истифодабарии мавзӯи лизинг ба мувофиқа омада, муқаррар кунанд. Бо Қонун мумкин аст ҳолатҳои манъ намудани харидории мавзӯи лизинг пешбинӣ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Ҳуқуқи соҳиби ва истифодабарии муваққатии мавзӯи лизинг дар ҳаҷми пурра ба лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Ҳуқуқи ихтиёрдории лизингдеҳ ба мавзӯи лизинг аз ҳуқуқи гирифтани мавзӯи лизинг  аз соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Ҳангоми муфлисшавии лизинггир, инчунин ҳабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани рӯёнидани зарар ба молу мулки ӯ, мавзӯи лизинг аз молу мулки лизинггир ҷудо карда мешавад ва бояд ба лизингдеҳ, ки метавонад онро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдори намояд, баргардонида шавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300).

Беҳсозиҳои ҷудошавандае, ки лизинггир дар мавзӯи лизинг анҷом додааст, моликияти ӯ мебошанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Дар ҳолате, ки лизинггир бо розигии хаттии лизингдеҳ аз ҳисоби маблағҳои худ беҳсозиҳои аз мавзӯи лизинг ҷудонашавандаро бидуни зарар ба мавзӯи лизинг анҷом дода бошад, лизинггир баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ҳуқуқи баргардонидани арзиши ин беҳсозиҳоро дорад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар дигар ҳолатҳо лизинггир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин беҳсоззихо ҳуқуқ надорад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 15. Гузашт намудани ҳуқуқ тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ ба шахси сеюм ва гаравмонии мавзӯи иҷораи молиявӣ

Лизингдеҳ метавонад пурра ё қисман ҳуқуқҳои худро оиди мавзӯи лизинг ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои пули мавзӯи лизингро ба сифати гарав истифода барад. (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375, аз 22.04.2019 № 1580).

Лизинггир ҳуқуқ дорад, танҳо ҳамон қисми мавзӯи лизингро, ки арзиши пардохтшудаи он аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд мебошад, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2019 № 1580).

Лизингдеҳ вазифадор аст лизинггирро дар бораи ҳамаи ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба мавзӯи лизинг огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 16. Тартиби бақайдгирии молу мулк (мавзӯи шартномаи лизинг) ва ҳуқуқ ба он

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300)

Бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулк (мавзӯи шартномаи лизинг) аз рӯи шартномаи лизинг дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Мавзӯи шартномаи лизинг аз рӯи созиши тарафҳо ба номи лизингдеҳ ё лизинггир ба қайд гирифта мешаванд. Зимнан дар хуҷҷатҳои бақайдгири маълумот дар бораи молик ва соҳиби (истифодабарандаи) молу мулк ҳатман зикр карда мешавад. Дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи лизинг ва аз тарафи лизингдеҳ баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг, бо аризаи ӯ мақомоти давлатие, ки барои бақайдгири ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи соҳиби (истифодабарандаи) молу мулкро беэътибор гардонад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 17. Суғуртаи мавзӯи лизинг ва таваккалҳо

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Мавзӯи лизинг аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лаҳзаи таҳвили молу мулк ба фурӯшанда то лаҳзаи анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартномаи лизинг мумкин аст суғурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300аз 14.11.2016 № 1375).

Суғурта намудани таваккалҳои соҳибкори (молиявӣ) бо розигии тарафҳои шарноми лизинг анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Лизинггир дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷавобгарии худро барои иҷрои ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳает, саломатӣ ё молу мулки шахсони дигар дар ҷараёни истифодабарии молу мулки лизингба вуҷуд меоянд, суғурта намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300аз 14.11.2016 № 1375).

Лизинггир ҳуқуқ дорад таваккали ҷавобгарии худро барои вайрон кардани шартномаи иҷораи молиявӣ ба фоидаи лизингдеҳ суғурта намояд.

Моддаи 18. Тақсимоти таваккал байни тарафҳои шартномаи лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Ҷавобгари барои ҳифзи мавзӯи лизинг аз ҳама гуна зарари молиявӣ ва ҳамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшавӣ, гумшавӣ, корношоямшавӣ, дуздидан, пеш мӯҳлат вайрон шудан, хатогиҳои ҳангоми васлкунӣ ё истифодабарӣ роҳдодашуда ва дигар хавфҳои молу мулки аз лаҳзаи қабули аслии мавзӯи лизинг ба дӯши лизинггир мебошад, агар шартномаи лизингтартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Таваккали аз ҷониби фурӯшанда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯши мавзӯи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба души ҳамон тарафи шартномаи лизинг мебошад, ки фурӯшандаро интихоб намудааст. агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Таваккали мутобиқат накардани мавзӯи лизинг ба ҳадафҳои истифодабарии ҳамин мавзӯи тибқи шартномаи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дӯши тарафе мебошад, ки мавзӯи лизингро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 19. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг

(Қонуни ҶТ аз 22.04.2019 № 1580)

Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг бо тартиб ва бо шартҳои барои рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг, лизинггир ҳуқуқ дорад то фурӯши мавзӯи лизинг уҳдадориҳоро оид ба пардохтҳои лизинг ё ҳамон қисме, ки муҳлати иҷрои он гузаронида шудааст, иҷро намуда, рӯёнидан аз ҳисоби он ва фурӯши онро қатъ намояд. Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад (Қонуни ҶТ аз 22.04.2019 № 1580).

Моддаи 20. Баҳисобгирии мавзӯи иҷораи молиявӣ ва татбиқи механизми истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзӯи лизинг

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Мавзӯи лизинг, ки мутобиқи шартномаи лизинг ба лизинггир дода шудааст, бо созишномаи тарафҳо дар баланси лизингдеҳ ё лизинггир ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Тарафҳои шартномаи лизинг ҳуқуқ доранд аз рӯи мувофиқаи мутақобила истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзӯи лизингро истифода намоянд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Ҳисоб карда баровардани истеҳлокро (амортизатсияро) ҳамон тарафи шартномаи лизинг  анҷом медиҳад, ки мавзӯи лизинг дар балансаш мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг аз лизинггир

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг аз ҷониби лизингдеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи иҷораи молиявӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 22. Пардохтҳои лизинг

Пардохт барои соҳибӣ ва истифодабарии молу мулке, ки мутобиқи шартномаи лизинг дода шудааст, аз ҷониби лизинггир дар шакли пардохтҳои лизинг ба лизингдеҳ пардохта мешаванд. Пардохтҳо метавонанд чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ анҷом дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375).

Таҳти пардохтҳои лизинг маблағи умумии пардохтҳои шартномаи лизинг дар тамоми мӯҳлати амал намудани шартномаи лизинг фаҳмида мешавад, ки ба онҳо баргардонидани хароҷотҳои лизингдеҳ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили мавзӯи лизинг ба лизинггир, ҷуброни хароҷоти вобаста ба расонидани хизматрасониҳои дигари дар шартномаи лизинг пешбинигардида, инчунин даромади лизингдеҳ дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Ба маблағи умумии шартномаи лизинг мумкин аст нархи хариди мавзӯи лизинг дохил карда шавад, агар шартномаи лизинг ба лизинггир гузаштани ҳуқуқи моликиятро ба мавзӯи лизинг пешбинӣ карда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Ҳаҷм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтҳо дар шартнома бо мувофиқаи тарафайн муқкаррар карда мешаванд.

Агар лизинггир ва лизингдеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои лизингро бо маҳсулоте (дар шакли аслие, аз ҷумла иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки бо воситаи мавзӯи лизинг истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи лизинг муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи пардохтҳои лизинг метавонад бо созишномаи тарафҳо ба мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ, тағйир дода шавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

ӯҳдадориҳои лизинггир оид ба ворид намудани пардохтҳои лизинг аз лаҳзаи аз ҷониби лизинггир истифода гардидани мавзӯи лизинг фаро мерасанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Моддаи 23. Ҳуқуқ ба назорат намудани шартҳои шартнома аз рӯи аҳдҳои иҷораи молиявӣ

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбутро, дар қисмате, ки ба иҷро гардидани ӯҳдадориҳои шартномаи лизинг аз тарафи дизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Тартиби назорати шартҳои шартнома дар шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбут, байни иштироккунандагони он пешакӣ қайд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад ба лизинггир дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди иттилооте, ки барои анҷом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, лизинггир вазифадор аст ҳамин гуна дархостҳоро қонеъ гардонад.

Моддаи 24. Хусусиятҳои амалиётҳои байналмилалие, ки субъектҳои лизинг анҷом медиҳанд

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375)

Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анҷом диҳад, воситаҳои пулиро аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани мавзӯи лизинг ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, (180 рӯз), вале на бештар аз мӯҳлати амали шартномаи лизинг ҷалб намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Точикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизҳо барои истифодаи маблағҳои пардохташон гузаштаро, ки фурӯшандаи мавзӯи лизинг пешниҳод намудааст, сарфи назар аз мӯҳлати ҳақиқии гирифтани мавзӯи лизинг (амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375).

Барои анҷом додани лизинги байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375):

- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзӯи лизинг бо мақсади истифодаи он тибқи шартномаи лизинг ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, инчунин пардохтани маблағи пурраи шартномаи лизинг дар давраи зиёда аз шаш моҳ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя ҳисобида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1375);

- ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзӯи лизинг ҳамаи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ ба арзиши умумии гумрукии молу мулк ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300).

Пардохтхои гумруки ба тарики зайл ворид карда мешаванд:

- дар лахзаи ворид (содир) намудани мавзӯи ичораи молияви ба маблаги хамон кисм арзиши гумрукии молу мулк, ки пардохт карда шудааст ва бо хуччатхои бонки тасдик карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300):

- минбаъд пардохтхои гумрукй баробари пардохтхои ичораи молияви ё дар давоми 20 руз а лахзаи анчом ёфтани пардохтхои ичораи молияви ворид карда мешаванд.

Тартиби (низоми) ворид намудани пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, батаъхирандозии мӯҳлати пардохтҳои гумрукӣ ё кредити инвеститсионии андозӣ ҳисобида намешавад.

БОБИ III. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 26. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

 22 апрели соли 2003 № 9

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди қабул намуданн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" қабул карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобик гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклиф пешниход намояд;

- қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" мутобиқ гардонад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе

 29 январи соли 2003 № 766

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе

 7 апрели соли 2003 № 366

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)

Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг) - ро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ муайян менамояд ва муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар ҷараёни амали фаъолияти иҷораи молиявӣ ба вуҷуд меоянд, танзим мекунад.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур

Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур иҷораи молиявии амволе мебошад, ки ба ашёҳои ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода мешаванд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

иҷораи молиявӣ (лизинг) - маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки вобаста ба иҷрои шартномаи иҷораи молиявӣ, аз ҷумла хариди предмети иҷораи молиявӣ, ба вуҷуд меоянд;

шартномаи иҷораи молиявӣ - шартномае мебошад, ки дар асоси он иҷорадех ӯҳдадор мешавад, ки амволи нишондодаи иҷорагирро аз фурӯшандае, ки ҳамин иҷорагир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии пулакӣ бо мақсадҳои соҳибкорӣ ба иҷорагир пеишниҳод намояд;

фаъолияти иҷораи молиявӣ - намуди фаъолияти инвеститсионӣ оид ба харидани амвол ва ба иҷораи молиявӣ додани он;

хизматрасонии (корҳои) иловагӣ - ҳама гуна хизматҳое (корҳое), ки иҷорадеҳ ё фурӯшанда ҳам то оғози истифода ва ҳам дар ҷараёни истифодабарии предмети иҷораи молиявӣ ба иҷорагир расонидааст ва бевосита бо татбиқи шартномаи иҷораи молиявӣ вобаста мебошанд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Предмети иҷораи молиявӣ

Предмет - мавзӯи иҷораи молиявӣ метавонад ҳама гуна ашёву анҷоми ғайриистеъмоли, аз ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмӯи амволи, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқуле бошанд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд.

Предмети иҷораи молиявӣ наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табии ва инчунин амволе бошад, ки гардиши озоди он маҳдуд карда шудааст ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст.

Моддаи 5. Субъектҳои иҷораи молиявӣ

Субъектҳои иҷораи молиявӣ инҳо мебошанд:

Иҷорадеҳ, - шахси воқеӣ ё ҳуқкуқие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худи дар ҷараёни татбиқи шартномаи иҷораи молиявӣ амволро ба моликият мехарад ва онро ба сифати предмети иҷораи молиявӣ ба иҷорагир ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ ба иҷорагир медиҳад;

иҷорагир - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ вазифадор аст, предмети иҷораи молиявиро ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд;

фурӯшанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мутобиқи шартнома амволеро, ки предмети иҷораи молиявӣ ҳисоб мешавад, ба иҷорадеҳ дар мӯҳлати шартгардида мефурӯшад. Фурӯшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии иҷораи молиявӣ ба сифати иҷорагир баромад намояд.

Субъекти иҷораи молиявӣ метавонанд резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Моддаи 6. Зериҷораи молиявӣ

Зериҷораи молиявӣ - шакли зеркирояи предмети иҷораи молиявӣ мебошад, ки ҳангоми он иҷорагир тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ амволеро, ки пештар аз иҷорадех тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ гирифтааст ва он предмети иҷораи молиявӣ буда, барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатии пулакӣ ва ба мӯҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи зериҷораи молиявӣ ба шахсони сеюм (ба иҷорагирон тибқи шартномаи зериҷораи молиявӣ) медиҳад.

Ҳангоми ба зериҷораи молиявӣ додани амвол ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи зериҷораи молиявӣ ба иҷорагир мегузарад.

Додани предмети иҷораи молиявӣ ба зериҷораи молиявӣ бо ризоияти хаттии иҷорадеҳ анҷом дода мешавад.

Мӯҳлати зериҷораи молиявӣ набояд аз мӯҳлати иҷораи молиявӣ, ки шаргномаи иҷораи молиявӣ муқаррар намудааст, зиёд бошад.

БОБИ II. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)

Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг)

Шартномаи иҷораи молиявӣ сарфи назар аз мӯҳлаташ дар шакли хаттӣ баста мешавад.

Барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартномаи иҷораи молиявӣ субъектҳои иҷораи молиявӣ шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд.

Ба шартномаҳои ҳатмӣ шартномае мансуб мебошад, ки мутобиқи он амвол аз фурӯшанда ба иҷорадеҳ, дода мешавад. Ба шартномаҳои иловагӣ шаргномаи ҷалб намудани маблағҳои пулӣ, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва ғайраҳо мансуб мебошанд.

Шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) бояд:

- предмети шартнома;

- тартиби таҳвил ва қабули амвол;

- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо;

- истифодаи амвол, нигоҳубину таъмир ва таҷдиди он;

- мӯҳлати иҷораи молиявӣ;

- пардохтҳои иҷораи молиявӣ ва муҷозотҳои ҷаримавӣ;

- масъулияти тарафҳо;

- тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо;

- шартҳои пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома;

- амали тарафҳо оид ба анҷомрасонии аҳдҳо;

- форс - мажор;

- суроғаҳои ҳуқуқи ва реквизитҳои бонкӣ;

- ва шартҳои дигарро муайян намояд.

Шартномаи иҷораи молиявӣ шартҳои расонидани хизматрасонии иловагӣ ва гузаронидани корҳои иловагиро метавонад дар бар гирад.

Номгӯи, ҳаҷм ва арзиши хизматрасонии (корҳои) иловагӣ бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.

Бо созишномаи тарафҳо дар шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст шартҳои дигари иҷораи молиявӣ муайян карда шаванд.

Шартномаи иҷораи молиявӣ метавонад пешбинӣ намояд, ки интихоби фурӯшанда ва амволи харидоришаванда аз ҷониби иҷорадеҳ анҷом дода шавад. Дар ин ҳолат иҷорадеҳ барои интихоби фурӯшанда ва предмети иҷораи молиявӣ масъулиятро ба зимма мегирад.

Шартномаи иҷораи молиявӣ метавонад ҳуқуқи иҷорагирро барои дароз намудани мӯҳлати иҷораи молиявӣ бо нигоҳ доштан ё тағйир додани шартҳои шартномаи иҷораи молиявӣ пешбинӣ намояд.

Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иҷорадеҳ

Иҷорадеҳ ҳуқуқ, дорад:

а) пардохтҳои иҷораи молиявии мӯхлаташон гузаштаро, ки бояд ба ӯ пардохт карда шаванд ва инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд;

б) аз болои фаъолияти иҷорагир дар он қисмате, ки ба предмети иҷораи молиявӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои иҷорагир мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ мансуб аст, назорат барад:

в) дар ҳолати аз тарафи иҷорагир вайрон гардидани ӯҳдадориҳо оиди баргарлонидани предмети иҷораи молиявӣ, ворид намудани пардохтҳоро барои мӯҳлати вайронкардашуда ва ҷуброни зарар талаб намояд;

г) аз иҷорагир иттилооти заруриро ба таври хаттӣ барои анҷом додани назорат аз болои вазъияти молиявии иҷорагир талаб намояд;

д) ба предмети иҷораи молиявӣ тамғае гузорад, ки вай аз моликияти иҷорадеҳ будани ин ашё ва он мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ дар соҳибӣ ва истифодабарии иҷорагир қарор доппан гувоҳӣ диҳад;

е) предмети иҷораи молиявиро аз иҷорагир дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд;

Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст:

а) предмети иҷораи молиявиро, ки бо иҷорагир мувофиқа шудааст, аз фурӯшанда барои моликияти худ харидори намояд ва онро бо шартҳои дар шартномаи иҷораи молиявӣ муайянгардида барои соҳибӣ ва истифодабари ба иҷорагир диҳад;

б) баъди харидори намудани предмети иҷораи молиявӣ фурӯшандаро ба таври хаттӣ дар бораи он, ки вай барои додан ба иҷораи молиявӣ ба шахси муайян (иҷорагир) таъин гардидааст, огоҳ намояд.

Иҷорадеҳ метавонад ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар намудааст.

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иҷорагир

Иҷорагир ҳуқуқ дорад:

а) предмети иҷораи молиявиро мутобиқи шартҳои шартномаи иҷораи молиявӣ соҳибӣ кунад ва истифода барад;

б) бевосита ба фурӯшандаи (таҳвилгари) предмети иҷораи молиявӣ талаботро нисбати сифат ва пуррагӣ, мӯҳлати таҳвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда (таҳвилгар) ва иҷорадеҳ муқаррар намудааст, пешниҳод намояд;

в) аз гирифтани предмети иҷораи молиявӣ даст кашад ё ивази предмети иҷораи молиявиро талаб намояд, шартномаи иҷораи молиявиро бекор кунад, агар предмети иҷораи молиявӣ таҳвил нашуда бошад, аз мӯҳлат дер таҳвил шуда бошад ё бо камбудиҳои ислоҳшавандае таҳвил шуда бошад, ки ба истифодабарии предмети иҷораи молиявӣ мутобиқи таъиноти дар шартномаи иҷораи молиявӣ пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки интихоби таҳвилгар аз ҷониби иҷорагир анҷом дода шуда бошад;

г) баъди катъ гардидани шартномаи иҷораи молиявӣ ҷуброни арзиши беҳгардонидашудаи предмети ичораи молиявиро, ки барои предмети ичораи молиявӣ бидуни зарар ҷудонашаванда мебошад ва иҷорагир, бо ризоияти иҷорадеҳ, аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

д) камкунии маблағи пардохтҳои иҷораи молиявиро талаб намояд, агар бинобар ҳолатҳос ки ӯ барои онҳо ҷавобгар нест, шароитҳои истифодабарӣ, ки дар шартномаи иҷораи молиявӣ пешбинӣ шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд;

е) предмети иҷораи молиявиро, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ гирифтааст, бо ризоияти хаттии иҷорадеҳ барои зериҷораи молиявӣ ба шахси сеюм диҳад ва дар назди ӯ мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ масъул боқӣ монад.

Иҷорагир ӯҳдадор аст:

а) дар сурати ба шартҳои шартномаи иҷораи молиявӣ ҷавобгӯй будани предмети иҷораи молиявӣ онро қабул намояд ва предмети иҷораи молиявиро аз рӯи таъиноташ тибқи шартнома иҷораи молиявӣ истифода барад;

б) аз ҳисоби худ хизматрасонии техникӣ, таъмири асосӣ ва ҷории предмети иҷораи молиявиро (аз ҷумла пардохтҳои коммуналии заруриро вобаста ба предмети иҷораи молиявӣ) анҷом диҳад, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

в) ба иҷорадеҳ иттилоотӣ барои анҷом додани назорати вазъи молиявии ӯ зарурбударо пешниҳод намояд;

г) барои иҷорадеҳ бемонеа дастрас буданро ба предмети иҷораи молиявӣ таъмин намояд, инчунин тибқи дархости хаттии иҷорадеҳ иттилоотро оид ба ҳолати техникии предмети иҷораи молиявӣ ба вай пешниҳод намояд, агар шартнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд;

д) ҳангоми қатъ гардидани шартномаи иҷораи молиявӣ ба иҷорадеҳ предмети иҷора молиявиро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти кӯҳнашавии мӯътадил ё дар ҳолате, ки дар шартномаи иҷораи молиявӣ қайду шарт гардидааст, баргардонад.

Иҷорагир метавонад ҳуқуқу вазифаҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар намудаанд.

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи хариду фурӯш ё таҳвил муайян карда мешаванд.

Иҷорагир ҳукук дорад талабхоеро, ки аз шартномаи хариду фуруши байни фурушанда ва иҷорадеҳ басташуда, аз ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии амвол, муҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иҷро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурӯшандаи предмети шартномаи иҷораи молиявӣ пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат иҷорагир ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои барои харидор пешбинигардидаро бидуни ризоияти иҷорадеҳ, ба ғайр аз ӯҳдадориҳои пардохти амволи харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурӯшро бо фурӯшанда, дорад.

Фурӯшанда оиди як зарари расонидашуда набояд ҳамзамон ҳам дар назди иҷорадеҳ ва ҳам дар назди иҷорагир масъулият дошта бошад.

Дар ҳолате, ки шартномаи иҷораи молиявӣ бо иштироки иҷорадеҳ, иҷорагир ва фурӯшанда баста шуда бошад, он гоҳ ҳуқуқ ва вазифаҳои фурӯшанда мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 11. Тағйирдиҳи ва бекор кардани шартномаи иҷораи молиявӣ

Бо талаби яке аз тарафҳо шартномаи иҷораи молиявӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст тағйир дода шавад ё бо тартиби суди пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад.

Дар ҳолатҳои зерин аз рӯи талаби иҷорадеҳ шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо розигии тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, предмети иҷораи молиявӣ бошад, ба иҷорадеҳ аз ҳисоби иҷорагир баргардонида шавад:

а) агар иҷорагир ҳолати предмети иҷораи молиявиро ба таври назаррас бад гардонад;

б) агар иҷорагир предмети иҷораи молиявиро бо вайрон кардани шартҳои шартном иҷораи молиявӣ ё шартҳои таъинотии предмети иҷораи молиявӣ, сарфи назар аз огоҳии хаттии иҷорадеҳ дар бораи хотима додани ҳамин гуна амалҳо, истифода барад;

в) агар иҷорагир ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати пардохте, ки шартномаи ичораи молиявӣ мукаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси ҳам пардохти номбурдаро, ворид накунад;

г) агар таъмири асосии предмети иҷораи молиявиро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи иҷораи молиявӣ муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад, дар мӯҳлати муқаррари анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи иҷораи мол ӯҳдадории гузаронидани таъмири асоси ба зиммаи иҷорагир гузошта шуда бошад.

Дар ҳолатҳои зерин бо талаби иҷорагир шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо розигии тарафхо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, предмети иҷораи мол бошад, ба иҷорадеҳ аз ҳисоби ӯ баргардонида шавад:

а) агар иҷорадеҳ предмети иҷораи молиявиро надиҳад ё барои истифодаи предмети иҷораи молиявӣ мутобиқи шартҳои шартнома монеаҳо ба вуҷуд орад;

б) агар предмети иҷораи молиявии додашуда камбудиҳое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онҳо дар шартномаи иҷораи молиявӣ зикр нашуда бошанд;

в) агар иҷорадеҳ мӯҳлати таҳвили предмети иҷораи молиявиро вайрон карда бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки таҳвилгарро иҷорагир интихоб намуда бошад;

г) агар иҷорадеҳ таъмири асосии предмети иҷораи молиявиро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи иҷораи молиявӣ муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи иҷораи молиявӣ ӯҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи иҷорадеҳ гузошта шуда бошад.

Моддаи 12. Масъулияти субъектҳои иҷораи молиявӣ

Масъулияти иҷорадеҳ, иҷорагир ва фурӯшанда мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ, шартномаи хариду фурӯш ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Масъулият дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки предмети иҷораи молиявӣ ба онҳо расонидааст, ё зарари вобаста ба он ба души соҳиби номии (титулии) предмети иҷораи молиявӣ гузошта мешавад.

Иҷорагир ва иҷорадеҳ дар муносибат бо фурӯшанда ҳамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд.

Моддаи 13. Ба соҳиби ва истифодаи муваққати додани предмети шартномаи иҷораи молиявӣ, хизматрасони ва баргардонидани он

Иҷорадеҳ вазифадор аст амволеро, ки предмети иҷораи молиявӣ мебошад дар ҳолати мутобиқбуда ба шартҳои шартномаи иҷораи молиявӣ ва таъинотии ҳамин амвол ба иҷорагир пешниҳод намояд.

Предмети иҷораи молиявӣ дар якҷояги бо ҳамаи асбобу анҷом ва хуҷҷатҳо (паспорти техникӣ ва гайра) ба иҷораи молиявӣ дода мешавад, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

Иҷорагир аз ҳисоби худ хизматрасонии техникии предмети иҷораи молиявиро ба ҷо меорад, нигоҳдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асосӣ ва ҷории предмети иҷораи молиявиро анҷом медиҳад, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

Хизматрасонии кафолатноки предмети иҷораи молиявӣ мумкин аст аз ҷониби фурӯшанда анҷом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фурӯш байни иҷорадеҳ ва фурӯшандаи предмети иҷораи молиявӣ пешбини гардида бошад.

Ҳангоми қатъ гардидани шартномаи иҷораи молиявӣ иҷорагир вазифадор аст предмети иҷораи молиявиро дар ҳолате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи иҷораи молиявӣ қайду шартгардида, ба иҷорадеҳ баргардонад.

Агар иҷорагир предмети иҷораи молиявиро барнагардонад ё сари вақт барнагардонад, иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад барои мӯҳлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтҳоро талаб намояд. Дар ҳолате, ки агар пардохти номбурда зарари ба иҷорадеҳ расонидашударо напӯшонад, ӯ метавонад пӯшонидани онҳоро ба воситаи суд талаб намояд.

Дар ҳолате, ки агар иҷорадеҳ барои сари вақт барнагардонидани предмети иҷораи молиявӣ ноустуворона пешбини намуда бошад, мумкин аст зарар аз иҷорагир дар ҳаҷми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбини нагардида бошад.

Моддаи 14. Ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ

Предмети иҷораи молиявӣ, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба иҷорагир дода шудааст, моликияти иҷорадеҳ мебошад.

Дар шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст пешбини гардад, ки предмети иҷораи молиявӣ ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати шартномаи иҷораи молиявӣ ё то анҷом ёфтани он ба моликияти иҷорагир гузарад, ба шарте, ки аз ҷониби иҷорагир арзиши пурраи харидории дар шартномаи қайду шартгардида ворид карда шавад.

Агар шарти харид намудани предмети иҷораи молиявӣ дар шартномаи иҷораи молиявӣ пешбинӣ нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бобати ба ҳисоби арзиши харидорӣ пардохт намудани маблағҳои истифодабарии предмети иҷораи молиявӣ ба мувофиқа омада, муқаррар кунанд. Бо Қонун мумкин аст ҳолатҳои манъ намудани харидории предмети иҷораи молиявӣ пешбинӣ карда шаванд.

Ҳуқуқи соҳиби ва истифодабарии муваққатии предмети иҷораи молиявӣ дар ҳаҷми пурра ба иҷорагир мегузарад, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Ҳуқуқи ихтиёрдории иҷорадеҳ ба предмети иҷораи молиявӣ аз ҳуқуқи гирифтани предмети иҷораи молиявӣ аз соҳибӣ ва истифодабарии иҷорагир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи иҷораи молиявӣ муқаррар намудааст, иборат мебошад.

Ҳангоми муфлисшавии иҷорагир, инчунин ҳабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани рӯёнидани зарар ба амволи ӯ, предмети иҷораи молияви аз амволи иҷорагир ҷудо карда мешавад ва бояд ба иҷорадеҳ, ки метавонад онро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдори намояд, баргардонида шавад.

Беҳсозиҳои ҷудошавандае, ки иҷорагир дар предмети иҷораи молиявӣ анҷом додааст, моликияти ӯ мебошанд, агар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Дар ҳолате, ки иҷорагир бо ризоияти хаттии иҷорадеҳ аз ҳисоби маблағҳои худ беҳсозиҳои аз предмети иҷораи молиявӣ ҷудонашавандаро бидуни зарар ба предмети иҷораи молиявӣ анҷом дода бошад, иҷорагир баъди қатъ гардидани шартномаи иҷораи молиявӣ ҳуқуқи баргардонидани арзиши ин беҳсозиҳоро дорад, агар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар дигар ҳолатҳо иҷорагир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин беҳсоззихо ҳуқуқ надорад.

Моддаи 15. Гузашт намудани ҳуқуқ тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ ба шахси сеюм ва гаравмонии предмети иҷораи молиявӣ

Иҷорадеҳ метавонад пурра ё қисман ҳуқуқҳои худро оиди предмети иҷораи молиявӣ ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад.

Иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои пули предмети иҷораи молиявиро ба сифати гарав истифода барад. Иҷорадеҳ ҳуқуқ надорад предмети иҷораи молиявиро ба сифати гарав бе ризоияти иҷорагир истифода намояд.

Иҷорадеҳ вазифадор аст иҷорагирро дар бораи ҳамаи ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба предмети иҷораи молиявӣ огоҳ намояд.

Моддаи 16. Тартиби бақайдгирии амвол (предмети шартномаи иҷораи молиявӣ) ва ҳуқуқ ба он

Бақайдгирии ҳуқуқ ба амвол (предмети шартномаи иҷораи молиявӣ) аз рӯи шартномаи иҷораи моливӣ дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад.

Предмети шартномаи иҷораи молиявӣ аз рӯи созиши тарафҳо ба номи иҷорадеҳ ё иҷорагир ба қайд гирифта мешаванд. Зимнан дар хуҷҷатҳои бақайдгири маълумот дар бораи молик ва соҳиби (истифодабарандаи) амвол ҳатман зикр карда мешавад. Дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи иҷораи молиявӣ ва аз тарафи иҷорадеҳ баргардонида гирифтани предмети иҷораи молиявӣ, бо аризаи ӯ мақомоти давлатие, ки барои бақайдгири ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи соҳиби (истифодабарандаи) амволро беэътибор гардонад.

Моддаи 17. Суғуртаи предмети иҷораи молиявӣ ва таваккалҳо

Предмети иҷораи молиявӣ аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лаҳзаи таҳвили амвол ба фурӯшанда то лаҳзаи анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст суғурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

Суғурта намудани таваккалҳои соҳибкори (молиявӣ) бо ризоияти тарафҳои шарноми иҷораи молиявӣ анҷом дода мешавад.

Иҷорагир дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷавобгарии худро барои ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳает, саломатӣ ё амволи шахсони дигар дар ҷараёни истифодабарии амволи иҷораи молиявӣ ба вуҷуд меоянд, суғурта намояд.

Иҷорагир ҳуқуқ дорад таваккали ҷавобгарии худро барои вайрон кардани шартномаи иҷораи молиявӣ ба фоидаи иҷорадеҳ суғурта намояд.

Моддаи 18. Тақсимоти таваккал байни тарафҳои шартномаи иҷораи молиявӣ

Ҷавобгари барои ҳифзи предмети иҷораи молиявӣ аз ҳама гуна зарари молиявӣ ва ҳамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшавӣ, гумшавӣ, корношоямшавӣ, дуздидан, пеш мӯҳлат вайрон шудан, хатогиҳои ҳангоми васлкунӣ ё истифодабарӣ роҳдодашуда ва дигар хавфҳои амволи аз лаҳзаи қабули аслии предмети иҷораи молиявӣ ба дӯши иҷорагир мебошад, агар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Таваккали аз ҷониби фурӯшанда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯши предмети иҷораи молиявӣ ва зарарҳои вобаста ба он ба души ҳамон тарафи шартномаи иҷораи молиявӣ мебошад, ки фурӯшандаро интихоб намудааст. агар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Таваккали мутобиқат накардани предмети иҷораи молиявӣ ба ҳадафҳои истифодабарии ҳамин предмет тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ ва зарарҳои вобаста ба он ба дӯши тарафе мебошад, ки предмети иҷораи молиявиро интихоб намудааст, агар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 19. Ба кор бурдани рӯёнидани зарар ба фоидаи шахсони сеюм ба предмети иҷораи молиявӣ

Ба предмети иҷораи молиявӣ ба фоидаи шахси сеюм аз рӯи ӯҳдадориҳои иҷорагир рӯёнидани зарар ба кор бурда намешавад, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки агар предмети иҷораи молиявӣ ба номи иҷорагир ба қайд гирифта шуда бошад.

Рӯёнидани зарар ба фоидаи шахсони сеюм, ки ба амволи иҷорадеҳ нисбати предмети иҷораи молиявӣ ба кор бурда шудааст, метавонанд танҳо ба ҳамин объекти ҳуқуқи моликияти иҷорадеҳ нигаронида шавад. Аз рӯи натиҷаи қонеъ гардонидани рӯёнидани зарар ба гирандаи ҳуқукҳои иҷорадеҳ оиди предмети иҷораи молиявӣ ба таври ҳатми на танҳо ҳуқуқ, балки ӯҳдадориҳои иҷорадеҳ, ки дар шартномаи иҷораи молиявӣ муайян шудаанд, мегузаранд.

Моддаи 20. Баҳисобгирии предмети иҷораи молиявӣ ва татбиқи механизми босуръати амортизатсияи предмети иҷораи молиявӣ

Предмети иҷораи молиявӣ, ки мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ ба иҷорагир дода шудааст, бо ризоияти тарафҳо дар баланси иҷорадеҳ ё иҷорагир ба ҳисоб гирифта мешавад.

Тарафҳои шартномаи иҷораи молиявӣ ҳуқуқ доранд аз рӯи мувофиқаи мутақобила истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати предмети иҷораи молиявиро истифода намоянд.

Ҳисоб карда баровардани истеҳлокро (амортизатсияро) ҳамон тарафи шартномаи иҷораи молиявӣ анҷом медиҳад, ки предмети иҷораи молиявӣ дар балансаш мебошад.

Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтаии предмети иҷораи молиявӣ аз иҷорагир

Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани предмети иҷораи молиявӣ аз ҷониби иҷорадеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи иҷораи молиявӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 22. Пардохтҳои иҷораи молиявӣ

Пардохт барои соҳибӣ ва истифодабарии амволе, ки мутобиқи шартномаи иҷораи молиявӣ дода шудааст, аз ҷониби иҷорагир дар шакли пардохтҳои иҷораи молиявӣ ба иҷорадеҳ пардохта мешаванд. Пардохтҳо метавонанд чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли молӣ анҷом дода шаванд.

Таҳти пардохтҳои иҷораи молиявӣ маблағи умумии пардохтҳои шартномаи иҷораи молиявӣ дар тамоми мӯҳлати амал намудани шартномаи иҷораи молиявӣ фаҳмида мешавад, ки ба онҳо баргардонидани хароҷотҳои иҷорадеҳ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили предмети иҷораи молиявӣ ба иҷорагир, ҷуброни хароҷотҳои вобаста ба расонидани хизматрасониҳои дигари дар шартномаи иҷораи молиявӣ пешбинигардида, инчунин даромади иҷорадеҳ дохил мешаванд.

Ба маблағи умумии шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст нархи хариди предмети иҷораи молиявӣ дохил карда шавад, агар шартномаи иҷораи молиявӣ ба иҷорагир гузаштани ҳуқуқи моликиятро ба предмети иҷораи молиявӣ пешбинӣ карда бошад.

Ҳаҷм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтҳо дар шартнома бо мувофиқаи тарафайн муқкаррар карда мешаванд. Агар иҷорагир ва иҷорадеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои иҷораи молиявиро бо маҳсулоте (дар шакли молие), ки бо воситаи предмети иҷораи молиявӣ истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи иҷораи молиявӣ муайян карда мешавад.

Агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи пардохтҳои иҷораи молиявӣ метавонад бо мувофиқаи тарафҳо ба мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ, тағйир дода шавад.

ӯҳдадориҳои иҷорагир оид ба ворид намудани пардохтҳои иҷораи молиявӣ аз лаҳзаи аз ҷониби иҷорагир истифода гардидани предмети иҷораи молиявӣ фаро мерасанд, агар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 23. Ҳуқуқ ба назорат намудани шартҳои шартнома аз рӯи аҳдҳои иҷораи молиявӣ

Иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи иҷораи молиявиро аз тарафи, иҷорагир ва шартномаҳои замимашударо дар қисмате, ки ба иҷро гардидани ӯҳдадориҳои шартномаи иҷораи молиявӣ аз тарафи иҷорагир таъсир мерасонанд, назорат намояд.

Тартиби назорати шартҳои шартнома дар шартномаи иҷораи молиявӣ ва дигар шартномаҳои замимавии байни иштироккунандагони он пешакӣ қайд карда мешавад.

Иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад ба иҷорагир дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди иттилооте, ки барои анҷом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, иҷорагир вазифадор аст ҳамин гуна дархостҳоро қонеъ гардонад.

Моддаи 24. Хусусиятҳои амалиётҳои байналмилалие, ки субъектҳои иҷораи молиявӣ анҷом медиҳанд

Иҷорадеҳ ҳуқуқ, дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анҷом диҳад, воситаҳои пулиро аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани предмети иҷораи молиявӣ ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, (180 рӯз), вале на бештар аз мӯҳлати амали шартномаи иҷораи молиявӣ ҷалб намояд.

Иҷорадиҳандагон ҳуқуқ, доранд бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Точикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизҳо барои истифодаи маблағҳои пардохташон гузаштаро, ки фурӯшандаи предмети иҷораи молиявӣ пешниҳод намудааст, сарфи назар аз мӯҳлати ҳақиқии гирифтани предмети иҷораи молиявӣ (амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амалӣ намоянд.

Барои анҷом додани иҷораи молиявии байналмилалӣ:

ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) предмети иҷораи молиявӣ бо мақсади истифодаи он тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, инчунин пардохтани маблағи пурраи шартномаи иҷораи молиявӣ дар давраи зиёда аз шаш моҳ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя ҳисобида намешаванд;

ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) предмети иҷораи молиявӣ ҳамаи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ ба арзиши умумии гумрукии амвол ҳисоб карда мешаванд.

Пардохтхои гумруки ба тарики зайл ворид карда мешаванд:

дар лахзаи ворид (содир) намудани предмети ичораи молияви ба маблаги хамон кисм арзиши гумрукии амвол, ки пардохт карда шудааст ва бо хуччатхои бонки тасдик карда шудааст:

минбаъд пардохтхои гумрукй баробари пардохтхои ичораи молияви ё дар давоми 20 руз а лахзаи анчом ёфтани пардохтхои ичораи молияви ворид карда мешаванд.

Тартиби (низоми) ворид намудани пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, батаъхирандозии мӯҳлати пардохтҳои гумрукӣ ё кредити инвеститсионии андозӣ ҳисобида намешавад.

БОБИ III. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 26. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

 22 апрели соли 2003 № 9

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди қабул намуданн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" қабул карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобик гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклиф пешниход намояд;

- қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" мутобиқ гардонад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе

 29 январи соли 2003 № 766

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе

 7 апрели соли 2003 № 366