×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 66 "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 12.01.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонун аз 30.07.2007 № 324, аз 12.01.2010 № 583)

Қонуни мазкур принсипҳои умуми, асосҳои ҳуқуқи ва иқтисодии ташкил ва амали намудани вазорати давлатии молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Он барои таъмини ташкили санҷишу тафтиши воридот ва истифодаи самарабахши маблағҳои буҷети давлати, фондҳои давлати, қарзҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти кафолати он ҷалб карда мешаванд, грандҳо, кӯмаки башардӯстона ва амволи давлати дар шароити инкишофи муносибатҳои бозори ва ташаккули бахши хусуси нигаронида шудааст.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузори дар бораи назорати давлатии молияви

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати давлатии молияви ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ефта аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Моддаи 2. Вазифаҳои назорати давлатии молияви

Вазифаҳои назорати давлатии молияви аз инҳо иборатанд:

- ташкил ва амалигардонии санҷиш ва тафтиши иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли, фондҳои давлати аз рӯи ҳаҷм, сохтор ва таъиноти мақсаднок, инчунин самарабахшии маблағгузории давлати ва истифодаи амволи давлати;

- таҳлил намудани асоснокии қисмҳои даромад ва хароҷоти лоиҳаи буҷети давлати ва фондҳои давлати;

- назорати маблағгузории саривақти ва пурраи барномаҳои давлатии сармоягузори ва иҷтимои, истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буҷети ҷумҳурияви барои рафъи оқибатҳои офатҳои табии ҷудошаванда, ҳамчунин назорати тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад;

- назорати қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми таркибии захираҳои тиллою асъории давлат мебошанд;

- санҷиш ва тафтиши ҳаракати қонуни ва саривақтии маблағҳои буҷети давлати ва фондҳои давлати дар бонкҳои давлати ва дигар муассисаҳои молиявию қарзи;

- назорати истифодаи мақсадноки захираҳои қарзи ва сармоягузориҳои хориҷи, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд;

- таҳлили камбудиҳои ошкоргардида дар нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буҷети давлати ва фондҳои давлати ва таҳияи пешниҳодҳое, ки ба рафъи онҳо нигаронида шудаанд;

- тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомотҳое, ки вазифаҳои назорати молиявии дохилиидоравиро анҷом медиҳанд;

- назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои давлатии хоҷагидори, инчунин таъмини ҳифзи маблағҳои давлати ва амволи давлати аз ҷониби онҳо;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилоот ва хулосаҳо оид ба натиҷаҳои корҳои таҳлилию назорати ва дар бораи иҷрои буҷети давлатии соли сипаришуда, инчунин ҳисоботи ҷамъбастии солона оид ба натиҷаҳои тафтиш ва санҷишҳои анҷом додашуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 3. Принсипҳои амали намудани назорати давлатии молиявӣ

Назорати давлатии молиявӣ дар асоси принсипҳои қонуният, ҳаққоният, мустақилият ва ошкорбаёни ба роҳ монда мешавад.

Назорати давлатии молияви ба стандартҳои корҳои назоратию тафтишотие, ки дар амалияи байналмилали истифода бурда мешаванд, асос меебад.

БОБИ II. МАҚОМИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶУМҲУPИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 4. Мақоми назорати давлатии молиявӣ

Бо мақсади амали намудани назорати давлатии молияви аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти назорати давлатии молияви, (минбаъд "Мақоми назорат"), таъсис дода мешавад, ки он мақоми асосии назорати давлатии молияви дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

Низомнома, сохтор, теъдод ва фонди пардохти музди меҳнати Мақоми назоратро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ҳангоми баррасии мавод оид ба натиҷаи санҷишу тафтишот, дар ҷаласаҳои Мақоми назорат ахборот, ҳисобот ва тавзеҳоти роҳбарон, шахсони мансабдори вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлати шунида мешаванд.

Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти назорати давлатии молиявӣ

Дар ҷараёни татбиқи вазифаҳои дар ин Қонун зикргардида ва мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти санҷишию тафтишоти, таҳлили, иттилооти ва дигар намудҳои фаъолият анҷом дода шуда, системаи ягонаи назорати давлатии молияви ба фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлати, ташаккул ва иҷрои буҷети давлати истифодаи амволи давлати дар ҷумҳури таъмин карда мешавад, ки он чунин намудҳои назоратро пешбини менамояд:

- гузаронидани тафтишҳои комплекси ва санҷишҳои мавзӯи оид ба иҷрои буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли, фондҳои давлати, аз ҷумла барои нигоҳ доштани мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии қарзи дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи кӯмаки хориҷие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо кафолати он гирифта мешавад, маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои давлатии дар хориҷа амалкунанда, инчунин истифода ва ҳифзи амволи давлати;

- ташкили тафтишҳои комплекси ва санҷишҳои мавзӯии фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлати;

- гузаронидани санҷишҳои мавзӯи оид ба масъалаҳои қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми захираҳои тиллою асъори давлат мебошад;

- доир намудани санҷишҳо оиди хизматрасонии маблағҳои буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлати ва тиҷорати;

- гузаронидани санҷишҳо оид ба хизматрасонии қарзи давлатии Ҷyмҳypии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон;

- ба Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти семоҳа оид ба натиҷаҳои фаъолияти назорати ва тадбирҳои нисбати онҳо андешидашуда.

Моддаи 6. Ташкил ва банақшагирии фаъолияти назорати

Фаъолияти назорати дар асоси нақшаҳои дусолаи тафтишотии комплекси ва нақшаҳои солонаи санҷишҳои мавзӯи, ки бинобар зарурати таъмини назорати системавии ҳамаҷонибаи истифодаи воситаҳои давлати ва амволи давлати, бо назардошти ҳамаи самтҳои фаъолияти тафтишоти тартиб дода шудааст, созмон дода мешавад.

Банақшагири дар асоси меъёрҳои техникию иқтисоди, стандартҳои назорати ва тафтишоти, дастурҳои методи анҷом дода мешавад. Нақшаи тафтишот ва санҷишҳои мавзӯи аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Чорабиниҳои назоратии ғайринақшави бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ҳангоми дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида дар асоси фармони роҳбарияти Мақоми назорат гузаронида мешаванд.

Санҷиши мавзуии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ оид ба гирифтан, гузаронидан ё истифодаи маблағҳои давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо кафолати ӯ ҷалбшаванда аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" танҳо оид ба ҳамин маблағҳо ба амал бароварда мешавад. Санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 324).

БОБИ III. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ НАЗОРАТ

Моддаи 7. Доираи татбиқи, ваколатҳои назоратии мақоми назорат

Барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, Мақоми назорат ҳуқуқ дорад, ки тафтишот ва санҷишҳо доир намояд, инчунин самарабахшии истифодаи маблағҳо ва амволи давлатиро дар ҳамаи мақомоти давлати, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатии Ҷyмҳypии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Ваколатҳои назорати ҳамчунин нисбати мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳаллҳо, шахсони воқеи ва ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликият, агар онҳо маблағҳоро аз буҷети давлати гиранд, ба воситаи суратҳисобҳо гузаронанд ё истифода баранд, моликияти давлатиро истифода ё идора намоянд, татбиқ мегардад.

Тафтишот на зиёда аз як бор дар ду сол ва санҷишҳои мавзӯи мутобиқи нақшаи солонаи тасдиқгардида дар маҳалли ҷойгиршавии объекти тафтишшаванда дар асоси фармони роҳбарияти Мақоми назорат дар бораи гузаронидани тафтишот ё санҷиш анҷом дода мешавад.

Санҷишҳои мавзӯии дигар субъектҳои хоҷагидори, сарфи назар аз шакли моликиягашон, дар қисмати гирифтан, ба воситаи суратҳисобҳо гузарондан ё истифодаи маблағҳои буҷети давлати аз ҷониби онҳо, иҷрои фармоиши давлати ва истифодаи амволи давлати, дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки ин санҷишхо бинобар зарурати доир намудани санҷиши мутаққобила аз рӯи далелҳои мушаххас ба миён омаданд.

Монеа ба фаъолияти кормандони Мақоми назорат дар доираи ваколатҳои додашуда, таъсиррасони ба онҳо бо мақсади қабули қарор ба манфиати ин ё он тараф, амали зӯровари, ҳамчунин тӯҳмат ё паҳн намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии онҳо тибқи қонунгузории Ҷyмҳypии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгари кашидан мегарданд.

Моддаи 8. Пешниҳоди иттилоот бо дархости мақоми назорати давлатии молияви

Ҳамаи мақоми ҷумҳурияви ва маҳаллии хокимияти давлати ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлати, инчунин дигар шахсони воқеию ҳуқуқи вазифадоранд вобаста ба дархости Мақоми назорат оид ба тафтишоту санҷишҳои гузаронидаистода иттилооти заруриро пешниҳод намоянд.

Бонкҳои ҳамаи сатҳҳо вазифадоранд дар хусуси ҳаракати маблағҳои пулии давлати, тавассути ҳисобномаҳои мизоҷон, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба Мақоми назорат иттилооти зарури пешниҳод намоянд.

Ҳангоми гузаронидани тафтишоту санҷишҳо Мақоми назорат аз корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва бонкҳо тибки Қонуни мазкур иттилоот ва нусхаи ҳуҷҷатҳоро мегирад. Ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи вазифадоранд тасдиқи ҳуҷҷатии амалиети гузаронидашуда, маълумотномахо ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро оид ба ин амалиётҳо ва ҳисобҳо, пешниҳод кунанд.

Рад намудан ва саркашии шахсони мансабдор ва алоҳидаи мақомоти дар боло зикргардида, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз пешниҳоди саривақтии иттилоот ё ҳуҷҷатҳои зарури бо дархости Мақоми назорат, ҳамчунин дидаю дониста пешниҳод намудани иттилооти бардурӯғ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба чавобгари кашидан мегардад.

Моддаи 9. Тафтишҳои комплекси ва санҷишҳои мавзӯи

Тафтишҳои комплекси ва санҷишҳои мавзӯи мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида дар мавқеи чойгиршавии объекти тафтишшаванда анҷом дода мешавад.

Оид ба натиҷаҳои тафтиш ва санҷишҳои гузаронидашуда санад таҳия мегардад, ки дар он асос, мақсад, мавзӯъ, объекти тафтишшаванда, номгӯи ҳуҷҷатҳо ва объектҳои омӯхташуда, номгӯи ҳуҷҷатҳои дастраснагардида, маълумот оид ба норасоиҳо, зиён ва зарари ошкоршуда, инчунин тавсияҳо оид ба андешидани тадбирҳо баҳри рафъи камбудиҳои ошкоргадида дарҷ карда мешаванд.

Роҳбари объекти тафтишшаванда дар мӯҳлати се руз вазифадор аст, ки бо санади тафтиш ё санҷиш шинос шуда, ба он имзо гузорад. ҳангоми бо камбудиҳои, ошкоршудаи рафти тафтиш ва санҷиш рози набудани шахси мансабдори масъул, санад бо зикри мавҷудияти эродҳо ва ё эътироз имзо карда мешавад. Дар сурати аз ҷониби шахси мансабдор рад намудани шиносои бо санад ё имзогузори ба он, тафтишкунанда бояд бо зикри сана ва ҳолатҳои рад бо иштироки шоҳидон дар санад сабти дахлдор гузорад.

Ҳангоми гузаронидани тафтиш ё санҷиш шахсони тафтишгар ба фаъолияти амалию хоҷагии объекти тафтишшаванда набояд дахолат кунанд, инчунин хулосаҳои худро то анҷоми тафтиш (санҷиш) ва барасмиятдарории он дар шакли санад (хулоса) ошкор намоянд.

Маълумоте, ки ба тафтишгарон ва шахсони ҷалбшуда дар ҷараёни тафтиш ва санҷиш дастрас гардидааст, набояд ба мақсадҳои шахси истифода бурда шавад.

Моддаи 10. Тафтиши иҷрои буҷети давлати ва истифодаи фондҳои давлати

Дар рафти иҷрои буҷети давлати тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомоти андоз, гумрук, хазинадори, молияви, бонки ва дигар мақомотҳои идоракунии давлати ҷиҳати аз ҷониби онҳо пурра ва сари вақт таъмин намудани ҷамъоварии воридоти андози ва ғайриандози ба буҷет, инчунин назорати хароҷоти воқеии маблағҳои буҷети анҷом дода мешавад. Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буҷети давлати таҳлили онҳо гузаронида шуда, ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо, барои рафъи онҳо пешниҳод ирсол карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 583).

Инчунин ташаккул ва истифодаи самарабахши маблағҳои фондҳои давлати таҳти назорат қарор дода мешавад.

Моддаи 11. Назорати вазъи қарзи давлатии дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати вазъи қарзи давлатии дохили ва хориҷи ба таври зайл анҷом дода мешавад:

идоракуни ва хизматрасонии қарзҳои давлатии дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

қонуни, мақсаднок самарбахш будани истифодаи қарзҳои хориҷи, грантҳо, кӯмакҳои башардӯстона ва техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад, инчунин қарзҳое, ки субъектҳои хоҷагидори бо кафолати давлат мегиранд;

додани қарзҳои давлати ва кафолати давлати, инчунин ба ихтиёри давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷи беподош додани воситаҳои давлати.

Моддаи 12. Назорати хароҷоти маблағҳо аз ҷониби намояндагиҳо ва муассисаҳое, ки дар хориҷа фаъолият доранд

Назорати хароҷоти маблағҳои давлати дар ташкилотҳо, намояндагиҳо ва муассисаҳои давлатие, ки дар хориҷа амал мекунанд ва аз буҷети давлати маблағгузори мегарданд, вобаста ба ҳаҷм, таркиб, таъиноти мақсаднок ва мувофиқи матлаб будани хароҷоти онҳо, анҷом дода мешавад.

Моддаи 13. Назорати фаъолияти сармоягузори

Фаъолияти мақомоти ҳокимияти идоракуни ва субъектҳои хоҷагидории давлати оиди мувофиқи мақсад истифода гардидани маблағҳое, ки барои сармоягузори ба иқтисодиёт, аз ҷумлаи барои бунёд ва рушди корхонаҳои ғайридавлати пешбини шудаанд, назорат карда мешавад.

Моддаи 14. Тафтиши воридоти маблағҳо ба буҷети давлати аз ихтиёрдори ва идоракунии моликияти давлати ва истифодаи мақсадноки онҳо

Тафтиши воридоти маблағҳои буҷети давлати аз фаъолияти зайл бадастовардашуда ва истифодаи мансадноки онҳо анҷом дода мешавад:

- аз ихтиёрдори ва идоракунии амволи давлати (аз ҷумла хусусигардони, фурухтан ё иҷораи он), даромадҳо аз дивиденди саҳмияҳои давлати;

- аз истифодаи захираҳои табии.

Моддаи 15. Назорат дар соҳаи фаъолияти бонки

Фаъолияти бонкҳои давлати ва тиҷорати дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлати, фондҳои давлати ва қарзи давлатии Ҷyмҳypии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

Моддаи 16. Ҳамкори бо дигар мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва молия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлати ҳангоми гузаронидани санҷишу тафтишот (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 583):

- ба фаъолияти Мақоми назорат мусоидат менамоянд;

- бо Мақоми назорат зарурат ва мутобиқи мақсад будани гузаронидани тафтиш ва санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатиро (ё бо иштироки давлатро) пешаки мувофиқа мекунанд;

- татбиқи вазифаҳои назоратии худро, ки бо зарурати ташкили гузаронидани санҷиш ва тафтиш алокаманданд, бо Мақоми назорат ҳамоҳанг месозанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки оид ба маводи тафтиш ва санҷиши ба онҳо пешниҳодшуда чорабиниҳои тафтишоти анҷом медиҳанд, бояд оид ба тадбирҳои андешидашуда ба Мақоми назорат иттилоот пешниҳод намоянд.

Ҳангоми пешбурди фаъолияти назоратию тафтишоти дар доираи салоҳияташ, Мақоми назорат ҳуқуқ дорад барои иштирок дар чорабиниҳои нақшавии худ мақомоти назоратии зикргардида ва намояндагони онҳо, инчунин дар асоси шартнома хадамоти ғайридавлатии аудитори ва мутахассисони алоҳидаро ҷалб намояд.

Моддаи 17. Пешниҳодот ва нишондодҳои назорати

Дар бораи натиҷаи чорабиниҳои назоратии гузаронидашуда ва баррасии маводи тафтишоту санҷишхо ба мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ва ба роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тафтишшаванда ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида, ҷуброни зиёни ба давлат расонидашуда ва ҷалби шахсони гунаҳгор ба ҷазоҳои интизоми ва модди, нишондодҳои хатти равон карда мешаванд.

Дар сурати ошкор намудани дуздии маблағҳо ё молу мулки давлати, ҳангоми гузаронидани тафтиш ё санҷиш, инчунин дигар нишонаҳои ҷиноят ва сӯиистифода, дар давоми панҷ рузи пас аз баррасии онҳо, маводи тафтиш ё санҷиш ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарор нисбати онҳо ба мақомоти прокуратура ирсол карда мешавад.

Пешниҳодот ва нишондодҳои хаттии назорати бояд дар мӯҳлатҳои дар он зикргардида ва ё агар ин мӯҳлатҳо зикр нашуда бошанд, дар давоми 20 рӯзи гирифтани онҳо барраси гарданд. Ташкилот ва муассисае, ки нишондодҳои хатти гирифтаанд, бояд оиди тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати рафъи камбудиҳои дар онҳо зикргардида, иттилоот диҳанд.

Ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби пешниҳодот ва нишондодҳои назорати, дар ин бора мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори барои андешидани чораҳои дахлдор ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот фиристода мешавад. Бозхонд, ворид намудани тағйирот ва бекор кардани пешниҳодот ва нишондодҳои хатти аз ҷониби роҳбарияти Мақоми назорат анҷом дода мешавад.

БОБИ IV. ҲУҚУҚ ВА МАСЛЪУЛИЯТИ КОРМАНДОНИ МАҚОМИ НАЗОРАТ

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ваколатҳои кормандон

Кормандон ва шахсони мансабдори Мақоми назорат дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда ҳуқуқ доранд:

- дар ташкилотҳои тафтишшаванда ҳуҷҷатҳои пули, муҳосибави ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба мавзӯи тафтиш, мавҷудияти воқеии маблағҳои пули, когазҳои қимматнок, арзишҳои модди ва истифодаи дурусти онҳоро санҷанд;

- тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҷумҳуриявии идоракуни, мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи маҳалли, корхонаю муассисаҳои давлати, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки маблағҳои давлати ё амволи давлатиро истифода мебаранд, маълумоти барои анҷом додани фаъолияташон заруриро дархост намоянд;

- аз шахсони мансабдор, шахсони аз нигоҳи модди масъул ва дигар шахсони ташкилотҳои тафтишшаванда оид ба масъалаҳои дар ҷараёни тафтиш (санҷиш) бамиёномада, тавзеҳот, аз ҷумла тавзеҳоти хатти гиранд;

- аз роҳбарони ташкилотҳои тафтишшаванда гузаронидани баҳисобгирии ҳатмии амволро талаб намоянд;

- ҳангоми ошкор намудани далелҳои дузди, сӯиистифода аз вазифа ва вайрон шудани амвол, ошкор намудани фиреб, сохтакори ва ё дигар намудҳои сӯиистифода хазинаҳо, биноҳои хазинадори, анборҳо, бойгониҳо ва дигар ҷойҳои заруриро мӯҳр гузоранд, ҳуҷҷатҳои заруриро гиранд ва дар ҷои гирифти онҳо санади гирифтан, рӯйхат ва нусхаи ҳуҷҷатҳои гирифташударо гузоранд;

- ҳангоми ошкор намудани хулосаҳои ғайриобъективи, ки аз ҷониби аудитор ё ташкилоти аудитори дода шудааст, оид ба бозхонди литсензияи пешбурди фаъолияти аудитории онҳо таклифҳо пешниҳод намоянд;

- ба мақомоти ҷумҳуриявии идоракуни ва мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо), ба роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тафтишшаванда барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоршуда, чуброни зиёни ба давлат расонидашуда ва ҷаримабандии шахсони мансабдоре, ки ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлати роҳ додаанд, мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ё нишондодҳои хатти ирсол намоянд.

Бо мақсади ҷуброни зиёни ба давлат расонидашуда, ки дар ҷараёни тафтиш ё санҷиши объекти тафтишшаванда ошкор гардидааст, кормандони Мақоми назорати давлатии молияви ҳуқуқ доранд, тавассути шахсони сеюм (мақоми молияви, бонк ё дигар муассисаи молиявию қарзи) огоҳинома (фармоиш) ирсол намоянд то корхона, муассиса ва ташкилотро вазифадор созад, ки пардохти мустақими маблағи дахлдорро дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз пас аз гирифтани огоҳинома ба буҷети дахлдор анҷом диҳад.

Роҳбарони объектҳои тафтишшаванда вазифадоранд барои фаъолияти тафтишгарон, ки тафтиш ё санҷишро анҷом медиҳанд, шароити мусоид фароҳам оваранд, барои онҳо бино, воситаҳои алоқа ҷудо кунанд ва иҷрои корҳоро вобаста ба коргузори таъмин намоянд.

Моддаи 19. Масъулияти кормандони Мақоми назорат

Кормандони Мақоми назорат барои вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи пешбурди тафтиш ва санҷиш, ошкор ва паҳн намудани натиҷаҳои тафтиш ва санҷиши гузаронидаашон, инчунин сирри давлати, бонки ва ё сирри дигари қонунан ҳифзшаванда, ки дар ҷараёни фаъолияташон барои онҳо муайян гардидааст, инчунин сӯиистифода аз мансаб мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд. Ҷавобгарии зикргардида нисбат ба ҳамин кормандон метавонад хамчунин пас аз катъи хизмати давлати низ татбиқ гардад.

Арзу шикоятҳо нисбати амалиёти ғайриқонунии кормандони Мақоми назорат мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷyмҳypии Тоҷикистон қабул ва барраси мегарданд.

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Вазьи ҳуқуқии кормандони Мақоми назорат

Қабул ва аз кор озод намудани кормандони Мақоми назорат дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнати сурат мегирад.

Кормандони Мақоми назорат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

а) ба охиррасии мӯҳлати шартнома (қарордоди) меҳнати;

б) аризаи шахси дар бораи озод намудан аз кор;

в) расидан ба синну соли ниҳоии дар хизмати давлати будан;

г) иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои хизмати, ва сӯиистифода аз он;

д) ба қувваи қонуни даромадани ҳукми суд нисбати онҳо;

е) баъди эътибор пайдо намудани қарори суд дар бораи ғайри қобили амал донистани онҳо;

ж) гум кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

з) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кормандони Мақоми назорат ҳуқуқ надоранд:

- ба фаъолияти соҳибкори шахсан ё тавассути миёнаравон машғул шаванд, инчунин дар назди шахсони сеюм оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти хизматии онҳо шахси ваколатдор бошанд;

- мустақилона ё тавассути миёнаравон дар идораи субъектҳои хоҷагидори иштирок намоянд.

Кормандони Мақоми назорат наметавонанд ба мақомоти намояндаги интихоб шаванд, ба дигар фаъолияти музднок, ба истиснои фаъолияти илмиву омӯзгори ва эҷоди, машғул шаванд.

Моддаи 21. Маблағгузории фаъолияти Мақоми назорат

Маблағҳо барои таъмини фаъолияти Мақоми назорат дар буҷети ҷумҳурияви бо сатри алоҳида пешбини карда мешаванд.

Моддаи 22. Таъминоти модди ва иҷтимоии кормандони Мақома назорат

Давлат ҷиҳати таъминоти модди ва иҷтимоии кормандони Мақоми назорат чораҳои заруриро меандешад. Маоши вазифавии кормандони Мақоми назорат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Иловапулиҳо ба маоши вазифавии кормандон тибқи тартиб ва андозае, ки барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, муқаррар карда мешаванд.

Нисбат ба кормандони Мақоми назорат тартиби хизматрасонии тибби, санаторию осоишгоҳи, маиши ва нақлиёт, ки барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, татбиқ карда мешавад.

Моддаи 23. Робитаҳои байналмилали

Мақоми назорат бо палатаҳои баҳисобгири ва назорат, мақомоти назорати давлатии молиявии кишварҳои хориҷи ва иттиҳодияҳои байналмилалии онҳо робитаҳо барқарор намуда, барои ҳамкори бо онҳо созишномаҳо мебандад.

Моддаи 24. Иттилоот оид ба фаъолияти Мақоми назорат

Мақоми назорат дар бораи фаъолияти хеш, ки метавонад нашр гардад, ба воситаҳои ахбори умум иттилоот пешниҳод менамояд.

Мақоми назорат бо дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи санҷишҳои мушаххаси доиргашта маълумоти пурра пешниҳод менамояд.

Маводи натиҷаҳои санҷиш, ки ба ҳифзи сирри давлати алоқаманданд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

2 декабри соли 2002 № 66